Зеҳн
Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.

Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

XIX. ТОСАИ СЕЮМ

Акнун, ин ганҷ ки дар муддати тӯлонӣ мавриди андешаҳои аббат Фариа буд, метавонист онеро саодатманд гардонад, ки вай фарзанди воқеӣ барин ба ӯ дил баста буд, ба қалбаш дучанд азизтар шуд; ҳамарӯза ҳадиси ин сарвати бепоён дар забонаш буд, ба Дантес мегуфт, ки дар ҷаҳони имрӯза кас соҳиби сездаҳ–чордаҳ миллион гардида ба дӯстонаш чӣ қадар некие карда метавонад; дар ин сурат чеҳраи Дантес тира мегардид; ӯ қасами мудҳишеро ба ёд меовард, ки ба шахси худаш дода буд ва ба дил мегуфт, ки дар ҷаҳони имрӯза кас соҳиби сездаҳ– чордаҳ миллион гардида ба душманонаш бадие карда метавонад.

Аббат ҷазираи Монте-Кристоро намедонист, вале Дантес медонист онро; вай аз назди ин ҷазираи ягон биступанҷ мил аз Пианоза, дар миёни Корсикаю Элба афтода зуд–зуд гузашта меистод ва як дафъа ҳатто дар он ҷо таваққуф карда буд. Ҷазираи Монте-Кристо ҳамеша бедолу дарахт ва беодам буд, ин дам низ чунин аст; ин шахи махрутӣ зоҳиран дар асари садамаи вулқоние аз қаъри баҳр берун омадааст. Дантес бо аббат нақшаи ҷазираро кашид, Фариа бошад, ба Дантес маслиҳат медод, ки ба чӣ тариқ ганҷро мебояд ҷуст.

Аммо Дантес ҳаргиз ин қадар саргарм набуд, ки пирамард аббат буд, лекин, асосиаш, ба итминони вай шарик набуд. Албатта, акнун вай медонист, ки Фариа ҳаргиз девона нест ва зиракие, ки ба туфайли он аббат кашфиёте кардааст, кашфиёте, ки ӯро чун девона шӯҳрат дод, таҳсини Дантесро фузун карду бас; вале дар айни замон вай ба мавҷудияти ин ганҷ бовараш намеомад, бигзор як замоне буда бошад, лекин ин дам мавҷуд буданаш дар гумон аст; агар вай ин ганҷро хаёли хом ҳисоб накунад ҳам, ба ҳар ҳол онро аз байн рафта меҳисобид.

Дар ин миён мисли ин ки қисмат зиндониёнро аз охирин умедашон маҳрум гардонданӣ ва ба онҳо хотиррасон карданӣ бошад, ки ишон ба ҳабси абадӣ маҳкум шудаанд, ин ду қисматшарики гумҷӯро бадбахтии наве пеш омад: долони беруниро, ки кайҳо хавфи фурӯ афтодан дошт, кушода аз нав сохтанд; таҳкурсиро таъмир карданд ва сӯрохи қисман пуркардаи Дантесро бо сангҳои калон–калон маҳкам карданд. Агар вай ин чораҷӯиро, ки тавре медонед, аббат ба вай маслиҳат дода буд, пеш намегирифт, мусибати аз ин ҳам бештаре рӯй медод ба онҳо: ба гурехтан тадорук диданашон ошкор мешуд ва онҳоро ҳатман аз якдигар ҷудо мекарданд. Ҳамин тавр, дари нави нисбат ба ҳамаи дарҳои пешина мустаҳкамтару бераҳмонатаре ба рӯяшон баста мешуд.

– Ана дидед, – бо овози пасти андӯҳбор гуфт Дантес ба аббат, – худо хостааст, ки дар садоқати ман нисбат ба шумо хидмате надошта бошам ман. Ман ба шумо ваъда дода будам, ки доимӣ ҳамроҳатон бошам ва ин дам ноилоҷ бояд ба қавлам устувор монам. Ганҷ на ба ман мерасад, на ба шумо ва мо ҳаргиз аз ин ҷо берун нахоҳем рафт. Воқиан, ганҷи ҳақиқӣ, дӯсти азизам, на он аст, ки дар зери шахи тираи МонтеКристо маро нигарон буд; ин ганҷ – ҳузури шумост, муоширати рӯзе панҷ–шашсоатаи мост ба рағми зиндонбонҳоямон, он шӯълаҳои донишест, ки аз баракаташ ақли маро равшанӣ бахшидед шумо, алфози ғайрест, ки дар мазрааи зеҳни ман кишт кардед ва реша давонда сарсабз хоҳад шуд; илмҳоест, ки ба туфайли идроки шумою маслаки сареҳатон ба ман дастрас гардид ва дар замирам ҷо кардед шумо ин ҳамаро. Ҳамин аст ганҷи ман, дӯсти азизам, ҳамин аст он сарвату бахте, ки базли ман кардед. Ба ман бовар кунеду тасалло ёбед, аз ин ба ман манфиати бештар аст, назар ба хумҳои тиллову сандуқҳои алмос, ҳатто агар он тиллову алмосҳо ба мисоли ҳамон абрҳо фиребо набошанд, абрҳое, ки саҳарии бармаҳал дар сатҳи баҳр гашту гузор доранду ба назар замини сахт метобанд, вале ҳамин, ки одам наздик шудан гирифт, бухор мешаванду ғоиб мегарданд. Ҳар чи бештар дар канори шумо будан, овози муассири шуморо шунидан, ба ақли худ софӣ бахшидан, рӯҳро обутоб додан, худро ба корнамоиҳои азиму муҳим омода сохтан, – агар ягон вақт раҳо шудан аз ин ҷо ба ман насиб гардаду навмедиро, ки то шиносо шуданам ба шумо бар ман муставлӣ гардида буд, абадан тарк бигӯям, – ҳамин аст сарвати ман; ин сарвати хаёлӣ нест; ин сарвати воқеиро аз баракати шиносоиам бо шумо дарёфт кардам ва кулли ҳукмфармоёни олам агар ишон, Сезарҳои Борҷиа бошанд ҳам, аз ман гирифта наметавонанд инро.

Ҳамин тавр вақт барои ду зиндонии сарсахт ба муроди дил набошад ҳам, ақаллан зуд мегузашт. Фариа, ки дар тӯли ин қадар солҳо аз боби ганҷаш дам намезад, ин дам беист аз он ҳарф мезад. Чунон ки вай пешбинӣ карда буд, дасту пои росташ мафлуҷ монданд ва ӯ умеди худаш аз ганҷ баҳра гирифтанро қариб аз даст дод; вале ӯ ҳамчунин умед дошт, ки рафиқи ҷавонаш аз зиндон раҳо хоҳад шуд ё гурехтан ба вай муяссар мегардад ва аз барои вай хурсанд буд. Аз бими он, ки мабодо руқъа ба ягон сабабе ғоиб нагардад ё гум нашавад, ӯ Дантесро водор кард, ки онро аз ёд кунад ва Дантес аз ҳарфи нахуст то охир ба ёд гирифт онро. Он гоҳ вай ҳиссаи дуюми руқъаро нобуд кард, азбаски итминон дошт, ки ҳатто агар ҳиссаи якумашро ёбанд ҳам, ба маънояш сарфаҳм намераванд. Баъзан Фариа соатҳои дароз ба Дантес андарзе мегуфт, ки минбаъд дар ҳоли озод гардидан ҳам ба ӯ судманд буда метавонист; аз рӯзи нахуст, аз соати нахуст, аз лаҳзаи нахусти озодиаш дар дили Дантес бояд як андеша бошад – илоҷе карда худро ба МонтеКристо расонад, бе он ки шубҳае ба миён оварад, ба ягон баҳонае он ҷо танҳо монад, кӯшиш кунад, ки ғорҳои тилисмиро пайдо кунад ва ҷои ишорат шударо биковад. Ҷои ишорат шуда, чунон ки мо дар ёд дорем, дуртарин гӯшаи чоҳи дуюм буд. Дар ин миён вақт на ин ки ноаён, балки ба ҳар ҳол як навъ мегузашт. Фариа, чунон ки пеш аз ин мо гуфта будем, ки мафлуҷӣ аз пой фиканда будаш, боз ақли равшани собиқашро дарёфта буд ва ба тадриҷ рафиқи ҷавонашро ғайр аз таълим додани илмҳои муҷаррад, ки ҳадисаш гузашт, боз ба он ҳунари пурсабронаву олии каси зиндонӣ дармеомӯхт, ки иборат буд аз сохтани ягон чиз аз ҳеҷ. Онҳо ҳамеша саргарми коре буданд, Фариа – аз пирӣ метарсиду Дантес – то гузаштаашро ба ёд наоварад, гузаштае, ки қариб хомӯш гардида буду фақат чун гулхани дури дар оғӯши шаб бенишонмондае аз қаъри хотираш милт–милт дошт. Ва умри онҳо ба умри касе шабоҳат дошт, ки ба пешомади шум тан додаанду зиндагиашон дар зери назораи қисмат ором ва ба як маром ҷараён дорад.

Аммо дар зери ин оромии зоҳирӣ дар дили ҷавон, кӣ медонад шояд дар дили пирамард низ, эҳсосоте ғалаён дошт, ки базӯр фурӯ нишонда мешуд; шояд фиғони ба зӯрӣ пахшгардида аз сандуқи дили ҳар ду берун ҷаста бошад, даме ки Фариа танҳо монду Эдмон ба манзили худаш баргашт.

Як дафъа шабона Эдмон нохост бедор шуд; ба хаёлаш ки касе ҷеғ мезад ӯро, зӯр зада бо нигоҳ пайкари зулмати шабро шикофтанӣ мешуд. Вай номи худашро мешунид ё, аниқтараш, овози шикваомезеро, ки зӯр мезад номи ӯро ба забон оварад.

Вай сари бистар нимхез шуду аз тарс баданашро сардӣ пахш карда, гӯш фаро дошт. Шубҳае набуд: садои нолиш аз зиндони аббат ба гӯш мерасид.

– Бор худоё! – гуфт зери лаб Дантес. – Наход ки?..

Ӯ катро тела дод, сангро гирифт, худро ба нақб афканду то охири он гаваккашон бирафт: тахтасанг бардоштагӣ буд. Дар равшании хираи пилсӯзи дастие, ки пеш аз ин мо гуфта будем, Эдмон пирамардро дид: ранги рӯяш чун ранги мурда кандагӣ буд, ва аз кат дошта базӯр рост меистод. Тарҳи рӯяшро он нишонаҳои машъуме вайрон карда буданд, ки Эдмон пеш аз ин дида буд ва ин қадар тарсонда буданд варо, даме бори аввал дида буд.

– Худатон мефаҳмед, дӯстам, – мухтасар ба забон овард Фариа. – Ҳоҷати ба шумо фаҳмондани ман нест.

Эдмон нолише карду аз мусибат ақлашро бохта додзанон худро ба сӯи дар андохт:

– Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед!

Қувваи Фариа ба ҳамин қадараш расид, ки аз дасти ӯ дорад. – Хомӯш истед! – гуфт ӯ. – Набошад нобуд мешавед. Фақат ғами шуморо мехӯрем, дӯстам, ғами онро, ки коре карда маҳбусии шуморо қобили таҳаммул гардонем ё гурехтани шуморо имконпазир. Ба шумо солҳо мебоист, то ҳар он чи ман ин ҷо ба субут расондаам, аз сари нав бикунед ва агар зиндонбонони мо аз муоширати ҳардуямон хабар ёбанд, ҳамонзамонӣ ҳамааш барбод хоҳад рафт. Хусусан ки ғам нахӯред, дӯстам; камерае, ки ман таркаш мекунам, дурудароз холӣ нахоҳад монд; дигар зиндонии сарсахт ба ҷои ман хоҳад омад. Ба назди ин каси дигар чун фариштаи наҷотбахш ҳозир мешавед шумо. Ӯ, шояд, ҷавон бошаду бақувват ва чун шумо пуртоқат, ва ба гурехтани шумо мадад карда тавонад, ҳол он ки ман фақат халал мерасонам. Шумо дигар пойбанди каси ниммурдае намешавед, ки аз ҳаракат кардан бозмедорад шуморо. Бо ҳусни назар, худованд, оқибат ёди шумо кард; вай ба шумо зиёдтар ато мекунад назар ба он ки мегирад ва кайҳо вақти мурдани ман расидааст.

Дар ҷавоби гапи ӯ Эдмон дастонашро рӯи ҳам гузошту нидо зад: – Дӯстам, хомӯш истед, илтимос мекунам ба шумо!

Баъд аз зарбаи ногаҳон ба худ омаду иродаи мустаҳками аз суханони пирмард аз даст додаашро бори дигар соҳиб шуда, хитоб кард:

– Як дафъа шуморо наҷот дода будам, ин дафъа низ наҷот медиҳам! Ӯ пояи катро аз замин бардошту аз он ҷо шишачаро баровард, ки ҳанӯз сеяки қиёми сурх дар он боқӣ монда буд.

– Нигоҳ кунед, – гуфт ӯ, – мана вай – нӯшдоруи наҷотбахш! Зудтар, зудтар бигӯед ба ман, чӣ кор кардан даркор. Фармоиш диҳед ба ман! Гап занед, дӯстам, гӯшам ба шумо.

– Умед нест, – ҷавоб гардонд Фариа сарашро ин тараф – он тараф тоб дода, – лекин фарқ надорад: ба худо лозим, то инсоне, ки вай халқ кардааст ва дар дилаш нисбат ба зиндагӣ ин қадар меҳр ҷо кардааст, барои мавҷудияти худ ҳар чӣ аз дасташ меояд, бикунад, мавҷудияти баъзан ин қадар ногувор, вале ҳамеша ин қадар пурқиматаш.

– Бале, бале, – хитоб кард Дантес, – ман шуморо наҷот медиҳам!

– Бигзор чунин бошад! Баданам алакай хунук шудан дорад; ҳис мекунам, ки хун ба сарам зада истодааст; ин ларзаест, ки аз он дандонҳоям шараққос зада истодаанду устухонҳоям сӯзиш доранд, саропоямро фаро мегирад: баъди панҷ дақиқа тоса сар мешавад, пас аз як рубъи соат ман ҷасади беҷон мегардам.

– Худовандо! – хитоб кард Дантес ҷонаш дар азоб монда.

– Дафъаи аввала барин рафтор кунед, лекин он қадар интизор нашавед. Тамоми қудрату мадори зиндагидорам сарф шуд ва барои марг, – давом дод ӯ, ба дасту пои фалаҷгардидааш ишорат карда, – нисфи кор боқӣ мондааст. Аз ин моеъ ба ҷои даҳ қатра дувоздаҳ қатра ба даҳонам резед ва агар бинед, ки ман ба худ наомадам, боқӣ ҳамаашро резед. Акнун ба ман мадад кунед, дароз кашам, дигар тоқати рост истодан надорам.

Эдмон пирамардро ба дасташ бардошту рӯи кат хобонд.

– Дӯстам, – гуфт Фариа, – шумо ягона шодмонии умри барбодрафтаи ман, шодмоние, ки фалак ба ман ато кардааст, агар чи дер бошад ҳам, ба ҳар ҳол ато кард, – ман аз вай миннатдорам барои ин атои бебаҳо ва абадан аз шумо ҷудо шуда истода, бароятон ҳама он бахту комёбиҳоеро орзу мекунам, ки шумо сазоворед. Писарам, фотиҳаи сафед медиҳам ба ту!

Дантес ба зону афтоду сарашро ба бистари пирамард пахш кард.

– Лекин пеш аз ҳама бо диққат гӯш диҳед, ки дар ин дақиқаҳои вопасин чӣ мегӯям ман ба шумо: ганҷи кардинал Спада вуҷуд дорад. Ба меҳрубонии худованд барои ман дигар на масофат ҳасту на монеот. Ман аз ҳамин ҷо дар қаъри ғори дуюм дида истодаам он ганҷро; нигоҳи ман ба таги замин роҳ ёфта, он сарвати ҳангуфтро дидан дорад. Агар гурехтан ба шумо муяссар шавад, дар ёд дошта бошед, аббати бечора, ки ҳама девонааш мешуморанд, ҳаргиз ақлбохтае набудааст. Ба МонтеКристо бишитобед, ба сарвати мо соҳиб шавед, аз он баҳра бардоред, шумо ранҷи бисёре кашидед.

Ихтилоҷ нутқи пирамардро қатъ кард. Дантес сарашро бардошту дид, ки чашмони ӯ хун гирифта истодаанд. Мисле, ки мавҷи хун аз сандуқи дил фаввора зада ҷониби сар мерафт.

– Алвидоъ! Алвидоъ! – пичирос зад пирамард, аз дасти Дантес дошта. – Алвидоъ!

– Не! Не! – нидо зад ӯ. – Худоё худовандо, маро танҳо нагузор, наҷот деҳ ӯро!.. Ёрӣ диҳед!.. Ёрӣ диҳед!..

– Хомӯш, хомӯш! – базӯр ғурунгос мезад ӯ дар ҳолати назъ. – Хомӯш бошед, набошад моро аз ҳам ҷудо мекунанд, агар маро наҷот диҳед!

– Гапатон ҳақ. Осуда бошед, ман наҷот медиҳам шуморо! Агарчи сахт ҷонатон дар азоб аст, лекин, ба хаёлам, на ба он дараҷае, ки дафъаи аввал пеш омада буд.

– Шумо иштибоҳ мекунед; Ман аз он камтар азоб кашида истодаам, ки мадорам кам шудааст. Дар синни шумо умеди зиндагӣ ҳаст, бовар доштану умед бастан – имтиёзи ҷавонист. Аммо пирӣ ба сароҳат мебинад маргро. Ана вай!.. Омадан дорад!.. Тамом шуд!.. Пеши чашм торик шуда истодааст!.. Идрок хира мешавад!.. Даст диҳед Дантес! Алвидоъ!.. Алвидоъ!..

Ва, ҳар чӣ қуввае дошт, як ҷо карду бори охир сар бардошт.

– Монте-Кристо! – ба забон овард ӯ. – Дар ёд дошта бошед, – Монте-Кристо!

Ва рӯи кат фурӯ афтод.

Тоса мудҳиш буд: аъзои ба ихтилоҷ афтода, пилкҳои варамида, кафки хун, пайкари беҳис – ана чӣ боқӣ монда буд дар ин бистари азобу шиканҷа аз вуҷуди соҳибхираде, ки дақиқае пеш аз ин рӯи бистар хобида буд.

Дантес пилсӯзро бардошту болои сари ӯ рӯи санги аз девор баромада истодае гузошт; равшании хира ба чеҳраи тарҳаш вайроншудаю тани беҷони карахт аҷаб партаве меандохт.

Дантес чашм аз ӯ наканда ҷонибаш менигарист, бебокона он лаҳзаеро нигарон буд, ки фурсати ба кор бурдани нӯшдору фаро расад.

Ниҳоят вай кордро гирифту дандонҳоро, ки аз дафъат аввал осонтар боз шуданд, аз ҳам ҷудо кард, дувоздаҳ қатра ҳисоб карда чаконду нигарон истод; дар шишача, аз он чи фурӯ рехт, ду маротиба зиёдтар боқӣ монд.

Ӯ даҳ дақиқа интизор шуд, як рубъи соат; ним соат – Фариа намеҷунбид. Дантес саропо ларзон, рост шудани мӯи сару арақ пахш кардани ҷабинашро ҳис карда, бо тапиши дил дақиқа мешумурд.

Он гоҳ вай ба қароре омад, ки фурсати ба кор бурдани василаи охирин фаро расидааст: ӯ шишачаро ба лабони кабудгаштаи аббат наздик бурду бақияи моеъро ба даҳони бозаш фурӯ рехт.

Нӯшдору таъсири барқворе кард: аъзои бадани пирамардро ларзаи шадид фаро гирифт, чашмонаш ҳаросон боз гардиданд, оҳи шабеҳ ба фиғон аз гулӯяш хориҷ шуд, сипас майда–майда тани ларзонаш боз ба ҳолати беҳаракатӣ баргашт.

Фақат чашмонаш кушода монданду бас.

Аз байн ним соат гузашт, як соат, якуним соат. Дар тӯли ин якуним соати пуразоб Эдмон, ки болои сари дӯсташ хам шудаву даст ба дили вай гузошта меистод, чӣ гуна сард шуда истодани тани аббату суст шудани дилаш, ба тадриҷ хафифу норавшан гардидани тапиши онро ҳис мекард.

Оқибат, ҳамааш поён ёфт; дили ӯ охирин дафъа тапиду ранги рӯяш кабуд шуд; чашмонаш кушода монданду нураш рафт.

Соати шаши саҳар буд, субҳ дамид ва равшании камнури офтоб ба хона роҳ ёфта, бо шӯълаи хираи пилсӯз дар набард шуд. Шунаҳи рӯшноӣ дар чеҳраи майит мелағзид ва лаҳзае ба назар чунин мерасид, ки чеҳраи каси зинда аст ин. Дар айни ҳол ин муборизаи нуру зулмат давом дошт. Дантес ҳоло имкони шак овардан дошт, аммо даме ки нур дастболо шуд, ӯ дарёфт, ки дар канораш ҷасади беҷоне хобидааст.

Ин дам даҳшати рафънопазире фаро гирифт ӯро; ӯ ҷуръат накард ин дасти аз бистар поён хамидаро бифишурад, ҷуръат накард ба ин чашмони бенури аз ҳаракат монда, ки баръабас саъй дошт бипӯшонад, назар андозад. Ӯ пилсӯзро кушта дурусттар пинҳон карду тахтасангро дар болои сараш зичтар ҷафс карда, бадар рафт.

Ғайр аз ин даранг кардан мумкин набуд; анқариб бояд зиндонбон мерасид.

Ин дафъа вай хабар гирифтанро аз Дантес сар кард; аз назди ӯ вай нияти ба камераи аббат рафтан кард, ки ба ӯ ношто ва либоси таг бурда истода буд.

Воқиан, ҳеҷ чиз далолат ба он намекард, то вай аз воқиа хабар ёбад. Ӯ аз дар баромад.

Он гоҳ дар замири Дантес хоҳиши пурзӯре пайдо шуд, ки фаҳмад дар камераи дӯсти бечорааш чӣ воқиа рӯй медиҳад; вай боз ба нақб даромаду бонги зиндонбонро шунид, ки ба ёрӣ мехонд.

Дере нагузашта дигар зиндонбонон омаданд; баъд садои қадамҳои вазнину муназзаме ба гӯш расид, ки ин тавр сарбозон роҳ мегарданд, ҳатто дар сафар набошанд ҳам. Аз паси сарбозон қутвол даромад.

Эдмон садои ғарач–ғарачи катро шунид, ки ҷасадро дар болояш паҳлу мегардонданд. Вай шунид, ки қутвол фармуд ба рӯи майит об зананд ва ба ҳуш наомадани зиндониро дида, аз паси духтур кас фиристод.

Қутвол аз дар баромад ва Эдмонро алфози таассуфи якҷоя бо ришханду қоҳ–қоҳ ба гӯш расид.

– Хӯш, мана, – мегуфт яке, – девона аз паси ганҷаш рафт; роҳаш сафед бод!

– Бо ин ҳама миллионҳо пуле намеёбад, ки кафан харад, – мегуфт дигаре.

– Дар қалъаи Иф нархи кафан қимат нест, – гашта гуфт сеюмӣ. Мумкин аст, барои ин андак хароҷотеро дареғ надоранд, – ба ҳар ҳол шахсияти рӯҳонист.

– Ин тавр бошад, халтаеро ба ин лоиқ мебинанд.

Эдмон ягон ҳарферо фурӯ нагузошта ҳамаашро шунид, вале аз ин ҳама андак чизе фаҳмид. Дере нагузашта овозҳо хомӯш гардиданд ва ба назараш чунин расид, ки ҳама аз хона баромаданд.

Лекин вай ба даромадан ҷуръат накард, – он ҷо мумкин буд зиндонбонро ба нигаҳбонии ҷасади беҷон гузошта бошанд.

Бинобар ин вай дар нақб истодан гирифту аз ҷояш наҷунбида ва нафас набароварда ҳамчунин гӯш фаро медошт.

Баъди як соат боз садои шавқун баромад.

Ба камера қутвол дар иҳотаи пизишку чанд афсар гашта омад. Дақиқае ҳама хомӯш монданд. Маълум буд, ки пизишк назди бистар рафтаасту ҷасадро муоина дорад.

Баъд пурсуҷу сар шуд.

Пизишк зиндониро муоина карда эълом дод, ки ӯ мурдааст.

Дар суолу ҷавобҳо оҳанги беэътиноӣ садо медод, ки ин чиз Дантесро ба сутӯҳ овард. Ба назари вай, ки нисбат ба аббати бечора ҳама бояд ақаллан андаке эҳтиромкорона рафтор кунанд, чунон ки худаш ба ӯ дилбастагии самимие дошт.

– Ман, – гуфт қутвол дар ҷавоби арздоди пизишк, – аз мурдани пирамард хеле ғамгин шудам, ин як маҳбуси ҳалиму беозоре буд, ки бо девонагии худаш димоғи ҳамаро чоқ мекард, вале аз ҳама асосиаш, назорат кардани ин осон буд.

– Инро ҳоҷати назорат кардан ҳам набуд, – лаб монд зиндонбон. – Дар ин ҷо панҷоҳ сол маҳбус мемонд ҳам, ман ба шумо замонат медиҳам, ки ҳаргиз ба гурехтан саъй намекард.

– Лекин, – гуфт қутвол ба пизишк, – ба фикри ман, ки сарфи назар аз итминони шумо, – на барои он, ки ман ба маълумоти шумо шак дорам, балки барои он, ки масъулиятро аз худам дур кунам, – бояд боварӣ ҳосил кард, ки оё маҳбус дар воқеъ мурдааст ё не.

Хомӯшии том ба миён омад; Дантес гӯш андохта, ба хулосае омад, ки пизишк бори дигар муоина карда истодааст ва ҷасадро даст–даст дорад.

– Шумо метавонед хотирҷамъ бошед, – гуфт, оқибат, духтур, – ин мурдааст, ман зоминам ба ин.

– Лекин шумо медонед, – гашта гуфт қутвол, – ки дар чунин ҳолатҳо мо танҳо бо муоина қаноат намекунем; бинобар ин қатъи назар аз нишонаҳои зоҳирӣ, илтифот карда расмиятеро ба ҷо оваред, ки фармудаи қонун тақозо мекунад.

– Хайр, ихтиёр доред, оҳанро сурх кунетон, – гуфт пизишк, – лекин, рости гап, ин эҳтиёткории барзиёд аст.

Бо шунидани ҳарфи оҳани тафта Дантес як қад парид.

Шарфаи қадамҳои шитобкорона ба гӯш расид, ғарачоси дар, боз шарфаи по ва баъди чанд дақиқа зиндонбон гуфт:

– Мана манқалу оҳан.

Боз хомӯшӣ ба миён омад; баъд часар–часари пайкари сӯхта истода баромад ва бӯи вазнину дилбеҷокунанда ҳатто аз миёни деворе гузашт, ки дар пасаш Дантес панаҳ шуда буд. Дантес бӯи гӯшти сӯхтаи одамиро шамида, арақи сард пахш кардаш ва ба назараш чунин тофт, ки ҳамин ҳоло аз ҳуш меравад.

– Акнун шумо дидед, ки ин мурдааст, – гуфт пизишк. – Сӯзондани кафи по – гӯётарин далел аст. Девонаи бечора аз ин дард муолиҷа ёфт ва аз зиндон озод шуд.

– Фариа меномандаш? – пурсид яке аз афсарон, ки қутволро ҳамроҳӣ мекард.

– Бале, ва бовар кунонданӣ мешуд, ки ин хонадони бисёр қадимист. Воқиан, ин як шахси ниҳоят донишманд ва дар ҳама соҳае, ки ғайри тааллуқ ба ганҷаш буд, маълумоти кофӣ дошт. Лекин дар боби ганҷаш, бояд эътироф кард, тоқатфарсо буд.

– Ин дардест, ки мономанияаш1 меномем мо, – гуфт пизишк.

– Ба шумо оё ягон вақт шиква кардан аз ин рост омада буд? – пурсид қутвол аз зиндонбоне, ки ба аббат таом меовард.

– Ҳаргиз, ҷаноби қутвол, – ҷавоб гардонд зиндонбон, – мутлақо ҳаргиз; баръакси ин, дар ибтидо ҳар гуна воқиаҳоро ҳикоят карда, димоғи маро чоқ медошт; лекин даме ки занам бемор шуд, ин ҳатто дору фармуда муолиҷа карда буд ӯро.

– Ҳамту–я! – гуфт пизишк. – Ман надонистам, ки корам ба ҳамкасби худ афтида будааст. Умед дорам, ҷаноби қутвол, – илова кард ӯ хандакунон, – ки шумо андак эҳтироми инро ба ҷо меовардагистед.

– Бале, бале, хотирҷамъ бошед, ин он тавр ки мебояд, дар навтарин халтае дӯхта хоҳад шуд, ки дар бисоти мо ёфт мешавад. Шумо қаноат ҳосил кардед?

– Оё мефармоед, ки инро дар ҳузури худатон ба ҷо оварем, ҷаноби қутвол? – пурсид зиндонбон.

– Бадеҳист. Лекин фақат чаққонтар, ман рӯзи дароз дар ин камера рост намеистам–ку.

Боз пешу қафо равуо сар шуд; дере нагузашта Дантес хишир– хишири катонро шунид, кат ғачарос зад, садои қадамҳои вазнини касе ба гӯш расид, ки бореро мебардошт, баъд садои шарақоси кат шунида шуд.

– То бегоҳ, – гуфт қутвол.

– Намози ҷаноза мешавад? – пурсид яке аз афсарон.

– Ин аз имкон берун, – ҷавоб гардонд қутвол. – Рӯҳонии маҳбас дина аз ман якҳафтаина ҷавоб гирифта ба Гйер рафт. Ман барои маҳбусони худам замонат додам. Агар аббати бечора ин қадар шитоб намекард, намози ҷанозаашро ба таври бояду шояд ба ҷо меоврадем.

– Боке нест, – гуфт пизишк бо озодфикрии мардуми ба аҳли пешаи ӯ хос, – ин шахсияти рӯҳонист; ҳазрати парвардигор рутбаашро ба инобат мегирад ва дӯзахро аз дарёфт кардани тӯъмае чун марди рӯҳонӣ маҳрум мегардонад.

Аз паси ин ҳазли зишт қоҳ–қоҳи ханда баромад. Дар ин миён ҷасадро дар халта ҷо мекарданд.

– То бегоҳ! – такрор кард қутвол, даме ки ҳама кор анҷом ёфт. – Соати чанд? – пурсид зиндонбон.

– Соатҳои даҳ, ёздаҳ.

– Назди ҷасад посбон гузорем?

– Чӣ лозим? Чун каси зинда дарро ба рӯяш бандед, вассалом.

Баъд шарфаи поҳо дур шудан гирифт, овозҳо пасттар мешуданд, садои маҳкам пӯшонда шудани дар ва ғиҷироси ғалақа ба гӯш расид; хомӯшии ҳузновар, хомӯшии на танҳоӣ, балки хомӯшии марг ҳама чиз, ҳатто дили ях барин хунуки Эдмонро ҳам фаро гирифт.

Он гоҳ вай тахтасангро оҳиста бо сараш бардошт ва ба камера нигоҳи санҷишкоронае андохт.

Хона холӣ буд. Дантес аз нақб берун омад.

пешина
аз 99
навбатӣ