Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
Дантес бо ҳавас ҳар як сухани ӯро ба гӯши хуш мегирифт; баъзе суханонаш созгори андешаҳои худи ӯ буданд, ки аз донишҳои айёми маллоҳиаш ҳосил шуда буданд; як қисми дигараш ба чизҳое дахл дошт, ки аз онҳо хабар надошт вай ва чун фаҷри қутбие, ки дар арзҳои шабонгоҳӣ ба баҳрнавардон ҷило медиҳад, паҳноҳои нави ба шаъшаъаи пуртахайюл мунаввар гардидаро ошкор мекарданд.Ӯ дарёфт, ки барои каси бамаърифат чӣ саодате будааст ҳамроҳ будан бо марде, ки ба парвоз карда гаштан дар қуллаҳои ахлоқиву фалсафӣ ва иҷтимоӣ одат кардааст.
– Аз он чӣ медонед, ягон чизи даромӯзед маро, – гуфт Дантес, – ақаллан барои он, ки зиқ нашавед бо ман. Метарсам, ки шумо танҳоиро аз ҷамъияти чун мане рафиқи нохондаву ҳақир афзал медонед.Агар шумо ба дархости ман ризо диҳед, ман ба шумо ваъда медиҳам, ки дигар ҳарфи гурехтанро ба забон наёварам.
Аббат табассум кард.
– Ҳайҳот, фарзандам, – гуфт ӯ, – дониши инсон ниҳоят маҳдуд аст ва ҳар гоҳ ман риёзиёт, ҳикмат, таърих ва се–чор забони роиҷеро, ки ба он гап зада метавонам, ба шумо дармеомӯзам, шумо он чиро ёд хоҳед гирифт, ки худи ман медонам; ва ман ин ҳама донишҳоро дар ягон ду сол ба шумо ёд хоҳам дод.
– Ду сол! Шумо гумон доред, ки ман ин ҳама илмҳоро дар ду сол ёд гирифта метавонам.
– Барои ба кор бурдан – не; барои фаро гирифтан – ҳа. Омӯхтан маънои пурра донистанро надорад; донандагон ҳастанду донишмандон ҳастанд, – якеашонро зеҳн ба миён меоварад, дигарашонро – фалсафа.
– Магар фалсафаро ёд гирифтан мумкин нест?
– Фалсафаро ёд намегиранд; фалсафа иҷтимоъи донишҳои касбшуда ва ақли расоест, ки ин донишҳоро ба кор мебарад; фалсафа – ин абри дурахшонест, ки Масеҳо ба рӯяш по ниҳода ба осмон уруҷ карда буд.
– Шумо ба ман аввал чиро омӯзонданиед? – пурсид Дантес. – Дилам мехоҳад зудтар сар кунам, ман ташнаи дониш астам.
– Ҳама чизро! – ҷавоб гардонд аббат.
Худи ҳамон бегоҳ зиндониён барномаи таълимро тартиб доданду рӯзи дигараш ба амалӣ гардондани он щурӯъ карданд. Дантес зеҳни аҷоибе дошту қобилияти ғайри муқаррарии фаҳмидан; тарзи тафаккури риёзии ӯ ба вай имкон дод, ки бо роҳи ҳисоб кардан ҳама чизро азхуд кунад, эҳсосоти шоиронаи маллоҳ бошад, аз ҳад зиёд муқаррарӣ будани бурҳонҳоро, ки аз рақамҳои хушку хатҳои рост иборат буданд, саҳл мегардонд; ғайр аз ин, вай то ин дам забони итолиёвӣ ва қисман юнонии навро медонист, ки ҳангоми сафарҳояш ба Шарқ омӯхта буд. Ба туфайли ин ду забон дере нагузашта сохтори дигар забонҳоро дарк кард ва баъди ним сол ба гуфтугӯ кардани ба испонию ингилисӣ ва олмонӣ сар кард.
Шояд аз он бошад, ки илм ӯро машғул дошта, ҷои озодиро гирифта буд, ё аз он, ки ӯ, тавре мо итминон ҳосил кардем, ба қавлаш устувор истода метавонист, ба ҳар ҳол вай, чунон ки ба аббат ваъда дода буд, дигар ҳарфи гурехтанро ба забон наёвард ва рӯзҳо барояш зуд ва пурмазмун мурур мекарданд. Баъди як сол вай каси дигар шуда буд.
Гап дар бораи аббат Фариа бошад, сарфи назар аз машғулияте, ки ҷамъияти Дантес ба вай пеш оварда буд, пирамард рӯз аз рӯз маъюстар мешуд. Ба назар, ки ким–чӣ хел фикре ҳеҷ дур намешуд аз майнааш; гоҳ вай ба андешаи амиқе ғутавар мешуд, оҳи бадард мекашид, гоҳ тохта мехесту дастонашро рӯи сина лом–алиф карда, соатҳо дар хона қадам мезад.
Боре як дафъа нохост бозистоду хитоб кард:
– Агар посбон намешуд!
– Посбон мешавад ё не, ин ба мо вобаста аст, – гуфт Дантес, ки фикри аббатро хонда буд, мисли ин, ки косаи сари вай аз шиша буд.
– Ман алакай ба шумо гуфтам, ки куштор мамнӯъ аст ба ман.
– Лекин ин куштор, агар ба амал ояд, ба савқи табиӣ ба амал хоҳад омад, барои муҳофизати худи кас.
– Ба ҳар ҳол, ман наметавонам.
– Лекин фикратон ба ҳамин банд барин?
– Пайваста, – зери лаб гуфт аббат.
– Ва шумо илоҷашро ёфтед? – рӯҳбаланд шуда пурсид Дантес.
– Ёфтам, агар дар долон посбоне мегузоштанд, ки кӯру кар буда бошад.
– Ӯ ҳам кӯр хоҳад буд, ҳам кар, – ҷавоб дод Дантес бо қатъияте, ки аббатро тарсонд.
– Не, не, – овоз баланд кард ӯ, – ин аз имкон берун!
Дантес хост ин гуфтугӯро давом диҳад, вале аббат сар ҷунбонду ҷавоб нагардонд.
Аз байн се моҳ гузашт.
– Шумо бақувват астед? – пурсид як дафъа аббат аз Дантес.
Дантес ба ҷои ҷавоб исканаро гирифту ба шакли наъл қат кард ва боз рост кард.
– Оё қавли ҷавонмардӣ медиҳед, ки посбонро танҳо дар ҳоли ниҳоят зарур афтодан мекушед?
– Қавли ҷавонмардӣ медиҳам.
– Он гоҳ мо ниятамонро ба ҷо оварда метавонем, – гуфт аббат. – Лекин барои ба ҷо овардани он чӣ қадар вақт лозим мешавад? – На ккамтар аз як сол.
– Ва мумкин аст ба кор сар кардан?
– Ҳатто ҳозир.
– Ана дидед, мо як солро аз даст додем! – нидо зад Дантес.
– Ба фикри шумо, аз даст додем?
– Бубахшед маро, аз барои худо, – хитоб кард Эдмон, суп–сурх шуда.
– Кифоят! – гуфт аббат. – Инсон ҳамеша инсон асту бас, ки шумо аз беҳтарин онҳоед, ки ман медонистам. Хӯш гӯш кунед, мана нақшаи ман.
Ва аббат нақшаи кашидаашро ба Дантес нишон дод; он нақша тарҳи камераи худаш, камераи Дантес ва гузаргоҳе буд, ки камераҳоро ба ҳам мепайваст. Дар миёнҷои ин гузаргоҳ роҳи паҳлуие буд, мисли он роҳҳое, ки дар конҳо мекушоянд. Ин роҳи паҳлӯӣ дар зери долоне ба охир мерасид, ки дар болояш посбон равуо мекард; ин ҷо аз таг кофтаву яке аз тахтасангҳои фарши долонро лиққонак карда, чоҳчаи васеътаре сохтан тахмин шуда буд: дар лаҳзаи даркорӣ тахтасанг дар зери вазни сарбоз фурӯ меафтад, ва ӯ ба чоҳча меғалтад; дар асари фурӯ афтодан гаранг шуда, вай мадори ба ҳимояти худаш бархостан намекунад, ва дар ҳамин лаҳза Дантес худашро ба сӯи вай меандозаду дармебандад ӯро, даҳонашро бармеоканад, ва ҳар ду зиндонӣ, аз тирезаи долон баромада, аз девори берунӣ ба ёрии нардбони ресмонӣ фуруд меоянду мегурезанд.
Дантес кафкӯбӣ кард ва чашмонаш аз шодӣ барқ заданд; нақша чунон сода буд, ки ҳатман бояд ба мурод мерасонд.
Дар худи ҳамон рӯз нақбканони мо ба кор сар карданд; онҳо аз он ҷиҳат бо ғайрати бештаре кор мекарданд, ки ин заҳмат пас аз истироҳати дуру дарозе пеш омада буд, ва зоҳиран, созгори орзуи ҷории ҳар кадомашон менамуд.
Онҳо монда нашуда нақб мекофтанд, корро фақат дар он соатҳое бас мекарданд, ки маҷбур буданд, ба манзилҳояшон баргарданд ва омадани зиндонбонро интизор бишаванд. Воқиан, онҳо аз дур фарқ кардани шарфаи пои ӯро ёд гирифта буданд ва ягонтои онҳоро ягон дафъа дар ғафлат наёфтаанд. Барои ин ки хоки аз нақби нав берун омада болои хоки кӯҳна хобида зам нашавад, онҳо хокро андак–андак ва дар ниҳояти эҳтиёткорӣ аз равзани камераи Дантес ё Фариа берун мепартофтанд; онро ниҳоят нарм орд мекарданд ва шаббода ба ҳар сӯ мебурдаш.
Ба ин кор, ки бо искана, корд ва чангаки чӯбин ба ҷо оварда мешуд, зиёда аз як сол сарф гардид; дар тӯли ин як сол аббат таълими Дантесро давом дода, ҳамроҳаш гоҳ ба ин забону гоҳ ба он забон шап мезад, ба вай аз таърихи халқҳо ва он мардони бузурге ҳикоят мекард, ки сари чанд гоҳ аз худ осори дурахшоне боқӣ мегузоранд, ки ин осор сухан ном дорад. Илова бар ин аббат, ки ҳамчун аҳли табақаи ашроф, мансуб ба ин табақаи олии ҷомиа буд, дар муомила як дараҷа бузургманишии ғамангезеро маҳфуз дошта буд; Дантес ба туфайли хушзеҳнии модарзодиаш лутфи назокату тарзи рафтору гуфтори ашрофонаро, ки дар вай намерасиду маъмулан танҳо дар муошират ба мардуми табақаи боло ё дар ҷамъияти мардуми соҳибмаърифат ҳосил мешавад, аз худ кард.
Баъди понздаҳ моҳ нақб кофта шуд; дар таги долон чоҳчае муҳайё гардид; аз он ҷо садои қадам задани посбонеро, ки пешу ақиб равуо дошт, шунидан мешуд; ва зиндониёне, ки барои бо муваффаққият гурехта тавонистан маҷбур буданд шаби торику бемоҳтобро нигарон шуда истанд, аз як чиз тарс доштанд: аз он, ки замин тоб намеораду худаш пеш аз фурсат дар зери пои сарбоз фурӯ мерезад. Барои пешгирӣ кардани ин хатар, зиндониён тиргаке гузоштанд, ки онро аз даруни таҳкурсӣ ёфта буданд.
Дантес ҳамин ҳин дасташ ба ин кор банд буд, яке ба гӯшаш расид, ки аббат Фариаи барои суфта кардани мехи дар мустаҳкам кардани нардбони ресмонӣ бакорраванда дар камераи ҷавон монда, бо овози пурҳарос ӯро ҷеғ зада истодааст. Дантес ба назди ӯ шитофту дид, ки аббат дар миёнҷои хона рангаш паридагӣ, таги обу арақ, дастонаш бо ташаннуҷ фишурдагӣ рост истодааст.
– Э худоҷон! – дод зад Дантес. – Чӣ гап? Ба шумо чӣ шуд?
– Зудтар, зудтар! – гуфт аббат. – Гӯш кунед!
Дантес ба чеҳраи тирафом гардидаи аббат, ба чашмони атрофаш кабудча шудаи ӯ, ба лабони сап–сафедаш, ба мӯйҳои парешонаш назар карду аз ҳарос искана аз дасташ афтод.
– Чӣ воқиа шуд? – хитоб кард ӯ.
– Ман нобуд шудам ! – гуфт аббат. – Гӯш кунед. Дар тани ман як дарди мудҳиш, шояд кушандае ҳаст; ин дард хуруҷ карда истодааст, ман ҳис мекунам; ман инро як сол пеш аз зиндонӣ шуданам аз сар гузаронда будам. Ин дард фақат як даво дорад, ман онро мегӯям ба шумо; ба камераи ман тозед, пояи катро бардоред, дарунаш ковок, аз он ҷо шумо як шишача қиёми сурхранг меёбед. Онро гирифта ин ҷо биёред... ё ки, не, не, сабр кунед! Маро ин ҷо диданашон мумкин; ба ман ёрӣ кунед, кашола карда ба ҷои худам баред, ҳоло ки андак қуввате дорам. Кӣ медонад, чӣ воқиае мешавад ва тоса чӣ қадар вақт давом мекунад.
Дантес сарфи назар аз мусибати азиме, ки ба сараш фуруд омада буд, иродаашро аз даст надод; ӯ аббати бечораро аз пасаш кашола карда ба нақб фуромад; бо зӯр задани аз ҳад зиёд ӯ беморро ба камераи худаш расонду дар бистар хобонд.
– Ташаккур, – гуфт аббат, ба тамоми аъзо ларзида, мисле ки ҳамин ҳоло аз даруни оби сард баромада бошад. – Тоса ҳозир сар мешавад, ман аз ҳуш меравам. Мумкин аст, ҳаргиз нолиш накарда беҳаракат хоб равам, вале мумкин аст, дар лабонам кафк пайдо шаваду ман печу тоб хӯрда дод задан гирам. Коре кунед, ки овози ман шунида нашавад; ин аз ҳамааш муҳим аст; вагарна, кӣ медонад, мумкин аст маро ба дигар камера баранд ва абадан моро аз ҳам ҷудо кунанд. Вақте дидед, ки ман шах шудаву бе ҳис гардидам, ман чию ҷасади беҷон чӣ, он гоҳ – фақат он гоҳ, фаҳмидед? – дандонҳоямро бо корд аз ҳам ҷудо кунеду ба даҳонам даҳ қатра нӯшдору чаконед; ва мумкин аст, ман ба ҳуш оям.
– Мумкин аст? – мусибатзада хитоб кард Дантес.
– Ёрӣ диҳед! Ёрӣ диҳед! – дод зад аббат. – Ман... ман меми...
Дард бо чунон шиддату қуввате хуруҷ кард, ки зиндонии сарсахт фурсат наёфт калимаи ба забон гирифтаашро ба охир расонад. Дар ҷабинаш соя пайдо шуд, сояи чун тӯфони баҳр босуръату тирае; чашмонаш боз гардиданд, даҳонаш яктарафа каҷ шуд, рухсораҳояш лолагун шуданд; ӯ метапид, ғурос мезад, дар лабонаш кафк пайдо шуд. Фармоиши ӯро ба ҷо оварда истода, Дантес даҳонашро бо кӯрпа пахш кард. Ин ҳол ду соат давом кард. Оқибат чун санг беҳис, чун рухом сарду сап–сафед, чун гиёҳи поймол гардидае зору низор, охирин бор раг кашиду рӯи бистар дароз афтода, беҳаракат монд.
Эдмон нигарон истод, то ин марги дуруғин саропояшро фаро гирад ва дилаш ҳам ях шавад. Сипас вай кордро гирифту байни дандонҳояш даровард, базӯр баазоб колингҳояшро дур кард, яко–як даҳ қатра аз қиёми сурхранг андохт ва нигоҳ карда истод.
Ним соат гузашт, пирамард наҷунбид. Дантес тарсид, ки фурсатро гузарондааст ва сарашро дошта, бо даҳшат ба вай менигарист. Ниҳоят дар рухсораҳояш андак сурхие пайдо шуд; дар чашмонаш, ки доимо кушодагӣ ва бенур буданд, осори ба ҳуш омадан зоҳир гардид; оҳи сабуке баромад аз даҳонаш; пирамард андак ҷунбише кард.
– Наҷот ёфт! Наҷот ёфт! – нидо кард Дантес.
Бемор ҳанӯз гап зада наметавонсит, вале бо изтироби ошкоро дасташро ҷониби дар дароз кард. Дантес бо диққат гӯш андохту шарфаи пои зиндонбонро шунид. Алакай соат ҳафт шуда буд, вале Дантес фурсате наёфта буд, ки аз соат бохабар шавад.
Эдмон худро ба нақб андохт, аз пасаш сангро пӯшонду худро ба камерааш гирифт.
Баъди чанд лаҳза дар боз гардид ва зиндонбон чун ҳардафъаина зиндониро рӯи бистар нишаста дид.
Нав ӯ фурсати аз дар баромадан ёфт, нав шарфаи пояш фурӯ нишаста буд, ки Дантес, аз беқарорӣ дарунашро хӯрда, наҳорро аз ёд бароварда, бошитоб гашта омаду сангро бардошта, ба камераи аббат гашта даромад.
Аббат ба ҳуш омада, вале ҳоло ҳам ноҷунбон хобида буд, тамоман мадор надошт.
– Ман акнун фикр карда будам, ки дигар шуморо намебинам, – гуфт ӯ ба Эдмон.
– Барои чӣ? – пурсид ӯ. – Магар шумо бим доштед, ки мемиред?
– Не; вале барои гурехтан ҳама чиз тайёр буд ва ман гумон кардам, ки шумо мегурезед.
Аз хашм хун ба рӯи Дантес давид.
– Бе шумо! – овоз баланд кард ӯ. – Наход шумо дарвоқеъ гумон дошта бошед, ки ман ба ин қодир астам?
– Акнун мебинам, ки иштибоҳ кардаам, – гуфт бемор. – Оҳ, чӣ заифам ман, нотавонам, нобудшудаам!
– Рӯҳафтода нашавед, мадоратон меояд, – гуфт Дантес, канори бистари аббат нишаставу аз дасташ дошта. Аббат калла ҷунбонд.
– Дафъаи охир, – гуфт ӯ, – тоса ним соат давом карда буд, баъди он гурусна шудам ва бе мадади касе аз ҷоям бархоста будам, имрӯз бошад, на пои ростамро ҷунбонда метавонам, на дасти ростамро; сарам вазнин, ки далели кафидани раги хунгарди майна аст. Ҳангоми бори дигар хуруҷ кардани ин дард ман ё фалаҷ мешавам ё ҳамонзамонӣ мемирам.
– Не, не, осуда бошед, шумо намемиред; хуруҷи сеюм, агар воқеъ шавад ҳам, моро дар озодӣ дармеёбад. Он гоҳ шуморо муолиҷа мекунем, чун дафъаи ҳозира ва ҳатто беҳтар аз ин: охир ҳама чизҳои даркорӣ дар ихтиёратон мешавад.
– Дӯстам, – ҷавоб гардонд пирамард, – худатонро фанд надиҳед; ин тоса маро якумрӣ маҳкуми зиндон кард: барои гурез роҳ гашта тавонистан даркор...
– Хайр чӣ? Мо як ҳафта сабр мекунем, як моҳ, ду моҳ, агар лозим бошад; то он вақт қуввататон барқарор мешавад; барои гурехтани мо ҳама чиз тайёр; рӯзу соаташро худамон таъйин карда метавонем. Ҳар гоҳ шумо ҳис кардед, ки шино кардан метавонед, мо ҳамонзамонӣ мегурезем.
– Ман дигар шино карда наметавонам, – ҷавоб гардонд Фариа, – ин даст мафлуҷ аст ва на якрӯза, балки якумрӣ. Бардоред инро ва худатон хоҳед дид, ки чӣ гуна вазнин аст.
Дантес дасти беморро бардошт; вай мисли санг гашта ғалтид. Ӯ оҳ кашид.
– Акнун боварӣ ҳосил кардед, Эдмон? – гуфт Фариа. – Ба гапам бовар кунед, чӣ гуфтанамро медонам ман. Аз бори аввал хуруҷ кардани дард ин ҷониб дар фикри ин астам ман. Ман инро нигарон будам, чун ки дарди ман ирсист – падари ман дар дафъаи сеюм гирифтани тоса мурда буд, бобоям низ. Пизишке, ки нусхаи нӯшдоруро дода буд ба ман, ин бошад ягон каси дигар не, балки Кабаниси машҳур буд, ки ин қисматро пешгӯӣ карда буд ба ман.
– Пизишк иштибоҳ мекунад, – нидо зад Дантес, – мафлуҷии шумо бошад, халал намерасонад ба мо: ман шуморо ба китфам мегираму ҳамроҳатон шино мекунам.
– Фарзандам, – гуфт аббат, – шумо маллоҳед, шиноваре соҳибтаҷриба, пас шумо бояд донед, ки кас бо чунин бор дар баҳр шино карда дур рафта наметавонад. Бо ин умеди бебунёд, ки ба он ҳатто дили меҳрубони шумо бовар надорад, фиреб надиҳед худатонро. То фаро расидани соати озодиям, соати маргам ин ҷо мемонам ман. Лекин шумо худатонро наҷот диҳед, бигрезед! Шумо ҷавонед, чолокед ва қувват доред; маро фикр накунед, ман қавли ҷавонмардиатонро бармегардонам ба шумо.
– Майлаш, – гуфт Дантес. – Ин тавр бошащд, ман ҳам мемонам.
Ӯ бархосту шукӯҳмандона дасташро ба болои пирамард дароз кард:
– Савганд ба хуни Масеҳо, ки то лаҳзаи маргатон аз шумо ҷудо намешавам.
Фариа ба ҷавон нигарист, ҷавони ин қадар бошараф, олиҳиммат ва табиӣ, дар чеҳраи рӯҳбаланд аз садоқати беолоиш самимияти меҳрашро хонду софдилона будани савгандашро.
– Хуб шудааст, – гуфт бемор, – ман қурбонии шуморо пазируфтам. Ташаккур.
Ва ӯ дасташро ба Эдмон дароз кард.
– Шояд, садоқати бериёи шумо мукофот ёбад, – гуфт ӯ, – вале азбаски ман наметавонам аз ин ҷо биравам, шумо бошед, рафтан намехоҳед, дар ин сурат роҳи таги долонро маҳкам карданамон лозим. Посбон метавонад ба ҷои ковоки гурсосӣ диққат диҳад ва нозирро даъват кунад; он гоҳ ҳамааш ошкор мешавад ва моро аз ҳам ҷудо мекунанд. Биравед, ба кор машғул шавед, ки мутаассифона, ман дигар ёрӣ карда наметавонам ба шумо. Як шаби дарозро сарф кунед ба ин, агар лозим ояд ва пагоҳ саҳар баъди омада рафтани зиндонбон гашта оед. Як чизи ниҳоят муҳимро гуфтанам лозим ба шумо.
Дантес дасти аббатро, ки бо табассумаш ӯро хотирҷамъ мекард, фишурду итоаткорона ва бо эҳтиром аз пеши дӯсти солхӯрдааш баромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё