Александр Дюма. Граф Монте Кристо

«Граф Монте-Кристо» аз офаридаҳои басо маъруфи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александ Дюма – падар (1802–1870) мебошад, ки нахустин мартаба дастраси хонандагони тоҷик мегардад. Ҷилди якуми роман се қисми аввали онро фаро мегирад.
Валиев Султон · 9 ноябри 2024 · 99 саҳифа
ҚИСМИ ЯКУМ
I. МАРСЕЛ. РАСИДАН
Бисту ҳафтуми феврали соли 1815 дидбони Нотр Дам де–ла–Гард аз фаро расидани киштии «Фиръавн», ки аз Смирна, Триест ва Неапол меомад, хабар дод.
Ба одати ҳамешагӣ, роҳнамои бандар дар они воҳид аз халиҷ бадар шуда, аз қалъаи Иф гузашту байни димоғаи Моржион ва ҷазираи Рион ба киштӣ пайваст.
Дар як дам, аз рӯи одат, саҳни дижи ҳазрати Иоанн аз мардуми кунҷков пур шуд, зеро дар Марсел расидани киштӣ ҳамеша воқиаи назаррасест, хусусан, ки агар ин киштӣ, ба мисли «Фиръавн» дар корхонаҳои киштисозии Фокеяи бостонӣ бино ёфтаву муҷаҳҳаз гардида ва зери бор оварда шудаву ба соҳибкори маҳаллӣ тааллуқ дошта бошад.
Дар ин миён киштӣ пеш меомад, вай аз гулӯгоҳ, ки як замоне дар асари тазалзули вулқонӣ миёни ҷазираҳои Каласарену Жарос ба амал омада буд, бемалол убур карда, Помегро ақиб гузошту дар зери ларзиши секин–секини бодбонҳо пеш меомад, вале ҳаракаташ чунон ба оҳистагӣ ва ношод буд, ки мардуми кунҷков, ғайри ихтиёр аз пеш омадани мусибате бӯ бурда, ба худ суол медоданд, ки чӣ ҳодиса рӯй дода бошад ба онҳо. Аммо касони корогоҳ ба сароҳат диданд, ки агар ҳодисае рух дода бошад, на ба худи киштӣ рух додааст, зеро вай, чунон ки ба сафинаи саҳлулинон хос аст, ба як маром пеш меомад: лангар омодаи андохтан буд, бодбонҳояш фурӯ гузоштагӣ, дар паҳлуи роҳнамои киштӣ, ки дар тараддуди аз гузаргоҳи камбар убур дода ба халиҷи Марсел даровардани «Фиръавн» буд, ҷавонмарде рост меистод, ҷавонмарди чолоку зирак, ки чашму гӯшаш ба ҳар як ҳаракати киштиву фармоишоти ба навбат такрорёбандаи роҳнамо буд. Изтироби маҷҳуле, ки дар дили издиҳом роҳ ёфта буд, бо қувваи лобаён яке аз назоратгаронро фаро гирифт; аз ин ҷост, ки ӯ вориди бандар гардидани киштиро интизор нашуд; ӯ ҷониби заврақ ҳаво хӯрду амр кард, ки ба истиқболи «Фиръавн» бел зананд; дар рӯбарӯи халиҷи Резерв ӯ ба киштӣ расид.
Маллоҳи ҷавон ин мардро дида, аз канори роҳнамои киштӣ дур шуду кулоҳ аз сар бардошта дар лаби киштӣ қарор гирифт.
Ин як навҷавони ҳаждаҳ–бистсолае буд, қадбаланд, мавзунқомат, чашмонаш сиёҳи зебо ва мӯи сараш қиргун; қиёфааш бархурдор аз осудагиву қатъият, он тавре, ки ба мардуми аз бачагӣ ба хатар хӯ гирифтаву омодаи муборизаву муқовимат хос аст.
– Оҳ! Ин шумоед, Дантес! – садо зад марди даруни заврақ. – Чӣ ҳодиса шуд? Чаро аҳли киштӣ ин қадар маъюс?
– Мусибати сахте пеш омад, ҷаноби Моррел, – ҷавоб дод навҷавон, – мусибати сахт хусусан барои ман: дар қарибии Чивита–Веккиа мо аз нохудои номварамон Леклер маҳрум гардидем.
– Бор чӣ? – алъон пурсид соҳибкор.
– Бенуқсон омада расид, ҷаноби Моррел, ва, гумон мекунам, ки аз ин ваҷҳ шумо қаноатманд хоҳед шуд... Лекин берӯзӣ нохудо Леклер...
– Ба вай чӣ ҳодиса шуд? – пурсид соҳибкор бо қиёфаки ошкоро осуда. Ба нохудои номвари мо чӣ воқеа рӯй дод?
– Ӯ вафот кард.
– Аз лаби киштӣ фурӯ афтод магар?
– Не, аз табларзаи шадид мурд, хеле азоб кашида, – гуфт Дантес.
Баъд, ҷониби киштӣ баргашта садо зад ӯ:
– Ҳой! Ҳар кас дар ҷояш қарор гирад! Лангар меандозем!
Ҳайати киштӣ итоат кард. Ҳамонзамонӣ ҳашт ё даҳ маллоҳ, ки ҳайат аз ҳаминҳо иборат буд, ба ҳар сӯ тохта, аз паи иҷрои фармон шуданд.
Маллоҳи ҷавон як назар ба онҳо нигаристу, ба иҷрои фармоиш муқайяд шудани ҳайатро дида, боз рӯ ҷониби мусоҳибаш гардонд.
– Хӯш ин мусибат ба чӣ тариқ рух дод? – пурсид соҳибкор, риштаи гусастаи сӯҳбатро дарпайваста.
– Ба тариқи ниҳоят ғайри чашмдошт. Баъд аз сӯҳбати тӯлоние бо дижбони бандар нохудо Леклер дар ҳолати ҳаяҷони шадиде Неаполро тарк кард; баъди як шабонарӯз табларза бар вай афтод; баъди се рӯз дигар вай беҷон буд... Ба таври лозим дафнаш кардем мо ва ин дам дар карбос печондагӣ, аз тарафи пою аз тарафи сараш санг бастагӣ, дар қариби ҷазираи Дел Ҷил–о орамидааст. Ба зани бевааш салибу шамшери ӯро овардем. Ақаллан, – илова кард навҷавон бо табассуми ғамолуд, – ақаллан кирои даҳ сол бо ингилисҳо ҷангиданаш, чун ҳама касон, дар бистар ҷон медод!
– Аз дасти кас чӣ меояд, Эдмон! – гуфт соҳибкор, ки зоҳиран, дилаш то рафт бештар таскин меёфт. – Ҳамаи мо аз дасти марг халосӣ надорем ва лозим аст, ки пирон ҷойро ба ҷавонон вогузоранд, – вагарна ҳама чиз аз ҳаракат бозмеистад. Ва модоме шумо мегӯед, ки бор...
– Комилан беҷо нашудааст, ҷаноби Моррел, ман зоминам. Гумон мекунам, шумо арзон медиҳед, агар бо фоидаи бисту панҷ ҳазор франк қонеъ шавед.
Ва аз бурҷи мудаввар гузаштани «Фиръавн»-ро дида, ӯ нидо зад:
– Бодбонҳоро баркашед! Пешбодбонро ғундоред! Пасбодбонро гузоред! Лангар ба андохтан омода бошад!
Фармоиш қариб бо он суръате ба иҷро расид, ки дар киштии ҳарбӣ анҷом мепазирад.
Ҳамвора бо фармоиши охирин тамоми бодбонҳо фурӯ афтоданд ва киштӣ фақат ба ҳавои вазнаш ҳаракат карда, ҳамчунин пеш лағзиданаш хаёле пайхас мешуд.
– Акнун, ҷаноби Моррел, агар рағбат дошта бошед, ба боло марҳамат. – Ана ҷаноби Данглар, муҳосиби шумо ҳам аз ҳуҷра баромада истодааст. Ҳар маълумоте, ки дилатон хоҳад, хабар медиҳад ба шумо. Ба ман лозим аст, ки лангар андохта, расми азодориро ба ҷо оварам.
Ба дуюмбора даъват кардан ҳоҷат наяфтид. Соҳибкор чанг ба ресмони фурӯафкандаи Дантес заду бо чустие, ки зебандаи ҳар як маллоҳе буд, ба ҳалқаҳои дар пайкараи барҷастаи киштӣ насб шуда по монда боло баромадан гирифт, вале Дантес ба ҷои аввалааш баргашта, навбати сӯҳбатро ба оне даргузошт, ки Данглараш номида буд. Дангларе, ки аз ҳуҷра берун шуда, воқиан ба истиқболи Моррел пеш меомад.
Ин як шахси тақрибан бисту панҷсолаи ниҳоят хунукрӯи нисбат ба сардорон чоплусу нисбат ба зердастон номуросое буд. Бад–ин ваҷҳ, маллоҳон аз унвони муҳосибиаш ҳам зиёдтар шум медиданд варо, ҳайати киштӣ ба он дараҷае, ки Дантесро дӯст медошт, ба ҳамон андоза бад медид ӯро.
– Инак, ҷаноби Моррел, – гуфт Данглар, – шумо аз мусибати мо аллакай хабар ёфтед?
– Бале! Бале! Бечора нохудо Леклер! Он кас як марди номвару поквиҷдоне буд!
– Ва муҳиммаш – баҳрнаварди олиҷанобе, ки умр миёни осмону об ба сар бурдааст, чунин бояд шахсе, ки манфиати «Моррел ва Писар» барин ширкати азиме ба ихтиёраш вогузор шудааст, – ҷавоб гардонд Данглар.
– Ба назари ман, – гуфт соҳибкор, чашмаш сӯи Дантес, ки барои қарор додани киштӣ ҷойгоҳ интихоб мекард, – ки барои усто будан ба кори худ ҳаргиз чунин баҳрнаварди солхӯрда будани кас шарт нест, он тавре, ки шумо гумон доред. Ана дӯсти мо Эдмон чунон аз ӯҳдаи кор баромада истодааст, ки ба вай, гумон мекунам, маслиҳати касе лозим намеояд.
– Оре, – ҷавоб дод Данглар, бо қирраи чашм ба Дантес нигариста, ки дар замираш шарораи адоват пайдо шуда буд, – оре, ҷавонию худнамоӣ. Ҳанӯз ҷон аз тани нохудо набаромада, бе он ки бо касе маслиҳат кунад, фармонфармоиро ба зиммаи худ гирифт ва ба ҷои он ки якрост ба Марсел ояд, моро водор кард, ки якуним рӯзро дар қарибии ҷазираи Элба аз даст диҳем.
– Фармонфармоиро ба зиммаи худ гирифта, – гуфт соҳибкор, – ӯ ҳамчун ёвари нохудо вазифаашро ба ҷо овардааст, вале дар ҷазираи Элба якуним рӯзро аз даст додан дуруст намебуд, агар киштӣ тармимеро тақозо намедошт.
– Киштӣ сиҳату безарар буд, ҷаноби Моррел, ин якуним рӯз бошад, ба ҳавои булҳавасӣ абас рафт; ба соҳил фуромаданаш лозим будааст, вассалом.
– Дантес! – овоз дод соҳибкор, ба ҷавон рӯ оварда. – Канӣ ин ҷо биёед.
– Бубахшед, тақсир, – ҷавоб гардонд Дантес, – дақиқае пас ба хидмататон мерасам.
Баъд, ба ҳайати киштӣ рӯ оварда, фармон дод: – Лангар андозед!
Ҳамонзамонӣ лангарро раҳо карданд ва занҷир шақарросзанон поён рафт. Дантес, сарфи назар аз ҳозир будани роҳнамои киштӣ дар ҷойгоҳи худ истодан гирифт, то даме, ки он таҳарруки охирин ҳам ба ҷо оварда шуд. Сипас ӯ садо зад:
– Байрақи киштиро ба ним андоза поён фуроред, парчамро гиреҳ андозед, дастаи сутунҳоро чиликвор монед!
– Ана дидед, – гуфт Данглар, – вай алакай худро нохудо метарошад, бовар кунед ба қавлам.
– Дарвоқеъ нохудост вай, – ҷавоб гардонд соҳибкор.
– Оре, фақат на шумо тасдиқ кардаед ҳоло, ҷаноби Моррел, на шарики шумо.
– Чаро нохудо нагузорем мо ӯро? – гуфт соҳибкор. – Ба ростӣ ҷавон аст ӯ, аммо, ба гумонам, ба кор содиқу хеле таҷрибаандӯхта.
Чеҳраи Данглар тира шуд.
– Бубахшед, ҷаноби Моррел, – гуфт Дантес, даррасида, лангар андохта шуд, инак ба хидмат омодаам. Шумо, ба хаёлам, ҷеғ зада будед маро?
Данглар қадаме пас рафт.
– Ман мехостам аз шумо бипурсам, ки чаро ба ҷазираи Элба даромада будед?
– Худам намедонам. Ман вопасин фармоиши нохудо Леклерро ба ҷо овардам. Ҷон дода истода, ба ман фармуд, пакетеро ба маршал Бертран расонам.
– Пас шумо ӯро дидед, Эдмон? – Киро?
– Маршалро.
– Бале.
Моррел ба атроф нигаристу Дантесро як сӯ бурд. – Хӯш император чӣ тавр? – пурсид ӯ бо эҳтирос. – Тандуруст, чунон ки ман дарёфтам.
– Пас шумо худи императорро ҳам дидед?
– Ӯ ба назди маршал даромад, даме ки ман дар пеши вай будам. – Ва шумо бо ӯ ҳамгап шудед?
– Яъне ки ӯ бо ман ҳамгап шуд, – ҷавоб дод Дантес бо табассум. – Хӯш вай ба шумо чӣ гуфт?
– Аз киштӣ пурсон шуд, аз он ки кай аз Марсел баромада будем, аз самти ҳаракатамон, аз бор. Гумон мекунам, ки агар киштӣ холӣ мебуду ба ман тааллуқ медошт, вай тайёр буд, бихарад онро; аммо ман ба вай гуфтам, ки фақат ба ҷои нохудоям ман ва киштӣ ба хонадони бозаргонии «Морел ва Писар» тааллуқ дорад. «Ҳа, медонам, – гуфт ӯ, – Моррелҳо – авлод ба авлод соҳибкоранд ва як Моррел дар полки мо хизмат мекард, даме ки ман дар Валанс таваққуф доштам».
– Дуруст! – бо тараб нидо зад соҳибкор. – Ин Поликар Моррел, амаки ман, ки дар хизмат то ба рутбаи капитанӣ расида буд. Дантес, шумо ба амаки ман гӯед, ки император варо ёдовар шуд, чӣ хел ба гиря даромадани ин пурманаҳи пирро хоҳед дид. Хӯш, хӯш, – давом дод соҳибкор, дӯстона ба китфи маллоҳи ҷавон тап–тап зада, – шумо кори хуб кардед, Дантес, ки фармоиши нохудо Леклерро ба ҷо овардед ва дар Элба таваққуф кардед; ҳарчанд, агар фаҳманд, ки, шумо пакетеро ба маршал расондаед ва бо император сӯҳбат кардаед, ин мумкин аст зиён оварад ба шумо.
– Чияш зиён оварда метавонад ба ман? – ҷавоб гардонд Дантес.
– Ман ҳатто намедонам, ки дар пакет чӣ буд, вале император ба ман суолҳое дод, ки ба ҳар як каси дучор омада доданаш мумкин буд. Аммо иҷозат диҳед: ҳо ана аҳли карантину амалдорони гумрук омада истодаанд.
– Биравед, биравед, азизам.
Ҷавонмард дур шуд ва ҳамон лаҳза Данглар пеш омад.
– Хӯш читу? – пурсид ӯ. – Ӯ, аз афташ, барои чӣ ба Порто–Феррайо даромаданашро ба шумо фаҳмонд?
– Ҳамаашро фаҳмонд, Данглари азиз.
– Ҳа! Боз беҳтар, – ҷавоб гардонд ӯ. – Диданаш аламовар, вақте рафиқи кас вазифаи худашро ба ҷо намеоварад.
– Дантес вазифаи худашро ба ҷо овардааст, ҷои эрод нест, – гашта гуфт соҳибкор. – Худи нохудо Леклер фармуда будааст дар ҷазираи Элба тафаққуф кунад.
– Воқиан аз хусуси нохудо Леклер; ӯ номаи варо ба шумо дод ё не?
– Кӣ?
– Дантес.
– Ба ман? Не. Магар дар дасти ӯ номае буд?
– Ба назари ман чунин расида буд, ки ба ғайр аз пакет, нохудо ба ӯ номае ҳам дод.
– Кадом пакетро мегӯед шумо, Данглар?
– Ҳамонеро, ки Дантес ба Порто–Феррайо бурда буд.
– Шумо аз куҷо медонед, ки Дантес ба Порто–Ферайо пакете бурдааст?
Данглар аз хиҷолат сурх шуд.
– Ман аз пеши ҳуҷраи нохудо мегузаштам ва ба Дантес пакету номае додани ӯро дида будам.
– Ӯ ба ман чизе нагуфт, вале агар номае дошта бошад, оварда медодагист.
Данглар ба андеша рафт.
– Ин тавр бошад, ҷаноби Моррел, илтимос мекунам, аз ин хусус ба Дантес гап назанед. Ман, муқаррар, иштибоҳ кардаам.
Дар ин ҳин маллоҳи ҷавон гашта омад. Данглар боз худашро канор гирифт.
– Хӯш читу, Дантеси азиз, шумо фориғ шудед? – пурсид соҳибкор.
– Оре, ҷаноби Моррел.
– Ин қадар зуд саранҷом кардед.
– Бале, ман ба ходимони гумрук рӯйхати барҳоямонро супурдам,
вале аз бандар ҳамроҳи роҳнамои киштӣ кас фиристодаанд, ки ман коғазҳоямонро ба ӯ додам.
– Пас дар ин ҷо дигар коре надоред? Дантес зуд ба атроф чашм давонд.
– Не, ҳама корҳо басомон, – гуфт ӯ.
– Пас рафтем дар хонаи мо наҳор мехӯрем.
Маъзарат мехоҳам, ҷаноби Моррел, лекин қабл аз ҳама ман бояд падарамро бинам. Ташаккур барои ин эҳтиром...
– Дуруст, Дантес, дуруст. Ман медонам, ки шумо писари арзандаед. – Лекин падари ман, – пурсид Дантес кебида, – сиҳат–саломат бошад, оё намедонед шумо?
– Ба хаёлам, сиҳат–саломат, Эдмони азиз, агарчи ман ӯро надидаам. – Ҳа, вай аз кулбаи худаш берун намеояд.
– Худи ҳамин далели он аст, ки вай дар набудани шумо ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нашудааст. Дантес табассум кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё