Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Давраи климактерӣ дар мардон ва ё климакси мардона назар ба климакси занон, тахминан 10 сол дертар (дар синни 50 — 60 солагӣ) сар мешавад ва аз рўи имроз бо сустшавии фаъолияти ғадудҳои таносулӣ, қувваи шаҳвонӣ, таназзулёбии давраи камолот ва саршавии синни пирӣ зоҳир мешавад.

Ташхиси аниқи ин алоим барои дуруст табобат намудани амрози дар ин синну сол пайдошаванда (АҲ, ВАТХ, алоимҳои асабӣ-рўҳӣ, хурўҷҳои симпатию адреналӣ ва ғайра) аҳамият дорад.

Аз синни 50-60-солагӣ сар шуда, дар синни 60-70-солагӣ ба амрози фишорбаландии хун, ишемияи дил, инъисоби рагҳо табдил меёбад. Бояд табиби оилавӣ, чун дар занон, бар зидди ин амрозҳои давраи пирии мардон табобати пешгирӣ ва эҳёи сиҳатӣ ва ба дигар хел чорабиниҳо шурўъ намояд.

Аз ин рў, ташхиси ибтидоии алоими климакси мардона ва гузаронидани маҷмўи чорабиниҳои табобатии он аҳамияти хеле калон доранд ва бояд дар амал гузаронида шаванд.

4.3. Бемориҳои узвҳои ҳозима.

Илтиҳоби музмини меъда (ИММ) яке аз касалиҳои паҳншудаи узвҳои ҳозима мебошад. Тақрибан 50 фоизи аҳолии лаёқати меҳнатдоштаи мамлакатҳои тараққиёфта ба касалии ИММ гирифторанд. Азбаски ин амроз метавонад ба касалиҳои саратонӣ оварда расонад, масъалаи ИММ яке аз муҳимтарин соҳаи ҳозимашиносӣ ба ҳисоб меравад. Хусусан ташхиси меъда бо усулҳои нави ҳозиразамон (эндоскопия – яъне муоинаи меъда бо эндоскоп ва ташхиси порчаи бофтаи меъда дар зери микроскоп) имконият дод, ки намудҳои гуногуни ИММ аниқ карда шаванд.

ИММ – илтиҳоби ҷараёни тўлонаи пардаи луобиии меъда буда, ба вайроншавии вазоифи физиология азнавбарқароршавии бофтаи пўшиш

(эпителий) ва пажмурдашавии вай, норасогии қобилияти ҳаракатӣ ва тарашшухи хориҷӣ ва дохилии меъда оварда расонида метавонад.

Дар таснифоти байналмиллалии бемориҳо (ТББ) -10 ИММ-ро аз рўи сабабҳои пайдошавиашон ба гурўҳҳои ибтидоӣ ва сониявӣ, аз рўи миқдори таҷзияи луоб ба хелҳои луобашон нигоҳ дошташуда, баландшуда ва норасо ё паст ҷудо менамоянд. Аз рўи нишонаҳои сохтшиносӣ ИММ-ро ба намудҳои сатҳӣ, иллатнокшавии он ҷудо мекунанд. Аз рӯи ҷараёни беморӣ ба давраи шиддатнокӣ ва беҳбудӣ тақсим мекунанд. Аз рўи ҷойгиршавӣ ва таснифоти байналмиллалии маразҳо, (ТББ) – 10- ИММ-ро ба ИММ- и антралӣ (даромади меъда) ва фундалӣ (қаъри меъда) (Шифри К 29.5) ҷудо мекунанд. Аз рӯи тансифоти P.Strick ва S.Mackay ҳамаи хелҳои ИММ-ро ба се намуд ҷудо намудаанд: намуди "А" (қаъри меъда), намуди "В" (ковокии меъда) ва омехта.

Намуди "А" касалиест, ки ба муқобили ҳуҷайраҳои девораи меъда, ки онҳо асосан дар қаъри меъда ҷойгир шудаанд, зиддиҷисмҳои хеш пайдо мешаванд. Барои ин касалӣ барвақт пажмурдашавии пардаҳои луобии меъда ва бечунунчаро шиддатёбии онҳо хос мебошад. Ҳолати илтиҳобёбӣ дар ҳангоми ин касалӣ мавқеи асосиро ишғол намекунад. Одатан туршии меъда хеле паст буда, баръакс дар хун миқдори ферменти ҳастрин зиёд мешавад, ки сабаби пайдошавии касалии камхунии вобаста бо норасогии витамини В12 шуда метавонад. Ин касалӣ бештар дар синну соли миёна ва пиронсолӣ пайдо мешавад ва мумкин аст дар байни хешу табори наздиктарин вохўрад. Ин касалӣ хеле кам ба захми меъда ё саратон оварда мерасонад.

Чӣ ? Намуди ИММ-и "В" ё ковокӣ. Барои ин касалӣ илтиҳоби нуқсонҳои пажмурдашавии пардаи луобӣ, хуншорӣ, пайдоиши захми меъда бештар хос мебошанд, зиддиҷисмҳои хеш ба муқобили ҳуҷайраҳои ҷидории меъда пайдо намешаванд ва қариб 100% дар беморони гирифтани захми меъда дида мешаванд. Сабаби ин касалиро дар он медонанд, ки дар зери луоби ковокии меъда микробҳои Helicobacter pylori (HP) пайдо ва ҷойгир мешаванд.

Дар таҷрибаи кории табибон намуди сеюми ИММ ҳам дида мешавад, ки барои вай нишонаҳои иллатнокии ҳам ковокии меъда, ҳам қаъри меъда ва ҳам танаи меъда хос аст, онро ИММ-и омехта меноманд.

Намуди ИММ-и омехта аломатҳои ҳар ду намуди дар боло овардашудан илтиҳоби музмини меъдаро дорад.

Бештар на танҳо илтиҳоби меъда, балки рӯдаи 12-ангушта ҳам дида мешавад

(гастродуоденит). ИММ дар ҳолатҳои истеъмоли баъзе доруҳо (ҳормонҳо: преднизолон, дексометазон, аспирин, индометасин ва ғ.) бемориҳои талхадон, грануломатоз, камхунӣ аз сабаби нарасидани В12 ва ғ. низ дида мешавад.

Нишонаҳои клиникии ИММ дар давраи шиддатнокии касалӣ бо аломатҳои маҳаллӣ ва умумӣ зоҳир мешаванд.

Аломатҳои маҳаллӣ асосан инҳоянд: эҳсоси вазнинӣ, фишорёбӣ ва сўзиш дар ноҳияи сари дил (эпиҳастрӣ), ки баъд ё баробари хўрокхўрӣ оруғдиҳӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, нофорамии даҳон, хусусан дар саҳариҳо, гоҳе зардаҷўшӣ пайдо мешавад. Ин хирадард дар вақти роҳгардӣ ва рост истодан қавитар мешавад, бештар бо истеъмоли хўрокиҳои тез, бирён, бадҳазм, дудхўрда вобаста мебошад ва баръакс истеъмоли шир, шавла, шўрбоҳои луобӣ манфиат доранд.

Инчунин, дар ин беморон нишонаҳои норасогии вазоифи рўдаҳо низ дида мешаванд. Масалан, садоҳои қур-қур, резиш дар шикам, дамиши шикам, ноустувории наҷосат – исҳол (хусусан баъд аз қабули шир ё хўроки равғанӣ). Барои беморони гирифтори ИММ-и косокӣ бештар қабзият, баландшавӣ ё мўътадилии туршии меъда хос мебошад. Баъзан синдроми демпинг бо гурўҳи аломатҳои якбора сустшавӣ, хоболудӣ, арақкунӣ, рангпарида, хусусан баъд аз истеъмоли хўрок пайдо мешаванд.

Аломатҳои умумии ИММ аз инҳо иборатанд: алоими илал чӣ? ба заъфи асабавӣ, ки барои он тез оташиншавӣ, хунукхўрӣ, арақкунии дасту пой, норасогии узвҳои дилу рагҳо (сихзании дил, номавзунии набз, пастшавии фишори хун ва ҳоказо) хос мебошанд. Вале бемор худро он қадар вазнин ҳис намекунад.

Дар вақти ташхиси беморони ИММ нишонаҳои касалӣ тез ба назар намоён намешаванд, хусусан нишонаҳои камхунӣ ва норасогии витаминҳо, масалан хуншорӣ ва ҳоказо. Бисёр вақт забон ғубор баста, дар он изи дандонҳо мемонад. Шикам одатан мулоим, гоҳе камтар дам мекунад. Дар вақти чуқур палмосидан дар беморони ИММ дардмандии маҳдуд дар доираи даромадгоҳи меъда мушоҳида мешавад.

Ташхис. Дар замони ҳозира дар шароити дармонгоҳҳо қариб 100 фоизи беморон ташхиси мукаммал гузашта метавонанд, ҳатто дар дармонгоҳи шифохонаҳои марказии ноҳияҳо ҳам ҳуҷраи эндоскопӣ ташкил карда шудааст. Фақат бояд ба сифати ин ташхисҳо дуруст эътибор ва баҳо дод.

Дар мавридҳои мушкил беморонро ба шўъбаҳои гастроэнтерологии беморхонаҳои клиникӣ ва ё ба Маркази Ташхиси Беморӣ фиристодан мумкин аст.

Нақшаи ташхис. Ба бемор ташхиси умумии хун, ташхиси сафедаҳои хун, наҷосат ба хуни пинҳонӣ, ташхиси умумии пешоб, ду тест ба Helicobacter pylori

(HP), рентгени меъда, эзофагогастродуоденоскопия бо биопсия ва ташхиси морфологӣ - гистологӣ ва ситологии он, ташхиси ҷигар, талхалдон ва роҳҳои он, ва инчунин ғадуди зери меъда бо ултрасадо ва агар лозим ояд мушовирати мутахассисон гастроэнтрологҳоро таъин намудан зарур аст. Дар вақти ба касалии ИММ дучор шудан нишонаҳои гуногуни норасогии қобилияти усораҷудокунӣ ва ҳаракатии меъда мушоҳида карда мешавад. Усули асосии ташхиси функсияи ИММ тадқиқоти туршии меъда бо санди борик ва РН-метрияи дохили меъдагӣ, хусусан бо сандҳои Линар ва ё РН-радиокапсула мебошад. Агар баъди бо ҳистамин фаъолкунии туршии меъда РН-и он баъди бо ҳистамин фаъолкунии туршии меъда РН-и он аз 6.0 паст нафарояд, инро ИММ меҳисобанд.

Дар назар дошта шавад, ки вазоифи туршиҷудокунии меъда ба вазн, синну сол, ҷинс вобаста аст. Масалан, муайян карда шудааст, ки ҳуҷайраҳои ҷидории узвҳои ғадуди меъдаи занон назар ба мардон тахминан 20 фоиз камтаранд.

Гуфтан лозим аст, ки на ҳама вақт ҳолати туршии меъда бо ҳолати сохтории пардаи луобии меъда хос мебошад. Масалан, гоҳе мешавад, ки туршии меъда баланду ҳолати хистологии бофтаи пўшиши меъда пажмурда мебошад. Ин ҳолатҳо бо он вобаста аст, ки аломатҳои пажмурда дар маҳалҳои алоҳида ҷойгиранд.

Яке аз нишонаҳои муҳими ИММ вайроншавии вазоифи ҳаракатмандии меъда мебошад. Масалан, дар мавриди паст будани туршии меъда, бо тадқиқоти рентгенологӣ васеъшавии баромадгоҳи меъдаро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин ба гузариши босуръати барий сабаб мешавад. Бо усули рентгенологӣ, будан ё набудани захми меъда, салила ва саратони меъдаро, инчунин баъзе намудҳои илтиҳоби маҳаллии меъда, масалан, сахтшавии бофтаҳои меъдаро аниқ кардан мумкин аст.

Усули асосии аниқ кардани ИММ ташхиси гастроскопӣ

(эзофагогастродуоденоскопия) мебошад. Дар ин маврид, хусусан тадқиқоти морфологии ҷойҳои алоҳидаи меъда, узвҳои ғадудии он, ҳолати пажмурдагӣ ё бархестани пардаи луобии меъда илтиҳоби бофтаҳои қабатии меъда аҳамият дорад. Бояд дар вақти гастроскопия порчаҳои алоҳидаи бофтаҳои меъда барои тадқиқот дар зери микроскоп бурида гирифта шавад (аз ҳар як каҷии калон ва хурди меъда, аз девори пеш ва пушти меъда 4-6 тогӣ биоптат). Бо тадқиқоти эндоскопӣ илтиҳоби музмини сатҳӣ, интерстисиалӣ, пажмурдавӣ, салиладор, бархестаи гигантии Менетрия, доначадор, инчунин нишонаҳои сурхшавӣ, варамкунӣ, хуншорӣ ва хосияти тез захмдоршавии пардаҳои луобии меъдаро муайян кардан мумкин аст. Дар давоми ҷараёни

ИММ тадқиқоти морфологӣ (гистологӣ ва ситологӣ) беҳбудишавӣ ё бадшавии ҳолати пардаҳои луобии меъдаро нишон медиҳад.

Табобат. Дар вақти табобат, албатта давраи касалӣ, намудҳои клиникӣ ва сохтории ИММ, хосиятҳои туршиҷудокунӣ ва ҳаракатнокии меъда ба назар гирифта шавад. Дар мавриди хеле шиддат ёфтани беморӣ бемор бояд дар шифохона бистарӣ шавад. Инчунин дар мавридҳои хавфи оризаҳои ИММ (ба касалии саратон гузаштан, пайдошавии илтиҳоби пардаи берунии меъда, хуншорӣ), дар мавридҳои мушкилӣ аниқ кардани ташхис (ИММ-и салиладор, сахтшавии ковокӣ, касалии Менетрия) бемор ба касалхона фиристода шавад.

Дар ҳама ҳолатҳои дигар табобати бемор дар шароити дармонгоҳ гузаронида мешавад. Табобати ИММ 3 мақсад дорад: 1) қатъ кардани тағйиротҳои илтиҳобӣ ва кўтоҳ намудани давомнокии муддати шиддатёбӣ;

  1. дароз намудани давраи беҳбудӣ; 3) пешгирии шиддатёбии тағйиротҳои пардаи луобӣ.

Яке аз асоситарин усулҳои табобат истифодабарии ғизои парҳезӣ мебошад.

Дар давраи шиддатёбии ИММ ҳолати парҳезии мизи махсуси 1-"а" таъин карда мешавад, ки вай аз ҷиҳати физиологӣ, дурустӣ, ҳароратӣ ва кимиёвӣ меъдаро эҳтиёт мекунад. Бо мурури кам шудани нишонаҳои шиддатёфтаи касалӣ, баъд аз ҳар 2-3 рўз бемор ба мизи 1-"б", 1 ва оҳиста ба мизи 15 гузаронида мешавад ва дар оянда ғизои парҳезиро аз рўи намуди гуногуни

ИММ муайян мекунанд. Умуман, хўрокхўрӣ дар як шабонарўз бояд 4-5 маротиба бошад ва аз байни ғизоҳо хўрокиҳои шўр, дурушт, дудхўрдашуда, шўрбоҳои серсарҷўш, сиркохўрдашуда, тезиҳо, гўшт ва моҳиҳои бирёншуда манъ карда шавад. Инчунин шир, шарбати ангур ва қаймоқи туршро ҳам беморони гирифтори ИММ бад ҳазм мекунанд. Бояд маслиҳат диҳанд, ки истеъмоли намак, чойи баланд, қаҳва, шаробҳо, ҳатто пиво манъ карда шавад. Ба ҷои шир, кефир, творог (чакка, сузма ё фалла), ҷурғот, панирҳои нотунд таъин кардан мумкин аст.

Инчунин доруҳои гиёҳӣ, бобуна, себарга, ҳазорбарга, пудина, валериана, чойкаҳак таъсири шифогӣ доранд, ки қабзият ва илтиҳоби меъдаро суст мекунанд. Қиёми гиёҳӣ бояд ним пиёлагӣ ҳар рўз 2-3 маротиба, дар муддати

3-4 ҳафта истеъмол карда шавад.

Табобат бо доруҳо. Дар вақти табобати ИММ ва табобати гастродуодените, ки сабабгори онҳо бактерияҳои HP мебошад, (бештар ИММ-и гурӯҳӣ “В”), мақсади асосии табобат – рондани (эрадикасияи) ин бактерияҳои касалиовар аст. Дар солҳои охир тадқиқотҳо нишон доданд, ки рондани ин бактерияҳо аз меъда ва рӯдаи 12- ангушта, яке аз сабабҳои шифоёбии беморон аст. Аз ин лиҳоз, барои шифоёбии бемор, бо ҳам истеъмол намудани якчанд хел дору, ки таъсири гуногун доранд, лозим мебошад:

  1. маън кунандагони (блокаторҳои) Н2-рецепторҳои гистаминӣ –

(омепразол), ки туршии меъдаро паст мекунанд ва нишондодҳои муҳофизатии пардаи луобии меъдаро зиёд мекунанд, ки дар натиҷа захми меъда дар муддати 3 ҳафта шифо ёфтанаш имконпазир аст. Блокатори H2- рецепторҳои гистаминии насл ва ё шохаи III – квамател, доруи бештар истифодабаранда мебошад.

  1. доруҳое, ки дохили меъда ва рӯдаи 12- ангуштаро чун парда мепӯшонанд ва аз таъсири баланди турушии меъда ва ғ. муҳофизат меёбад: сукральфат ё вентер, де-нол (требимол), пилорид (ранитидин висмут ситрат) мебошанд.

  2. Ситопротекторҳо: Е2-абупростил, энпростил, мезопростил. Онҳо турушии меъдаро паст мекунанд ва пардаи луобиии меъдаро муҳофизат менамоянд.

  3. доруҳои антибактериявӣ - тетрасиклин гидрохлорид, кларитромисин

(класид) ё амоксисиллин ва метронидазол (трихопол), ки ба гурӯҳи васеъи микробҳои касалиовар таъсир менамояд.

Аз ҳамин сабаб ба бемор нақшаи таъиноти якчанд доруҳои зеринро пешкаш намудан лозим аст: Нақшаи истеъмоли доруҳо дар як ҳафта:

Пилорид (ранитидин висмут ситрат) 400 мг 2 бор дар як рӯз

+ кларитромисин (класид) 250 мг 2 бор дар як рӯз ва ё тетрасиклин 500 мг 3 раза в день, или амоксисиллин 1000 мг 2 бор дар як рӯз

+ метронидазол (трихопол) 500 мг 2 бор дар як рӯз

\\\______________________________________________________________

Омепразол (зеросид, омизак ) 20 мг 2 бор дар як рӯз

+ кларитромисин (класид) 250 мг 2 раза в день или тетрасиклин 500 мг 2 раза в день, или амоксисиллин 1000 мг 2 бор дар як рӯз

+ метронидазол (трихопол) 500 мг 2 бор дар як рӯз

\\\______________________________________________________________

Фамотидин (гастросидин, квамател, улфамид, фамосид) 20 мг 2 раза в день или ранитидин 150 мг 2 бор дар як рӯз

+ де-нол 240 мг бор дар як рӯз ва ё вентрисол 240 мг2 бор дар як рӯз + ҳаббаҳои тетрасиклин гидрохлорид 500 мг 2 бор дар як рӯз бо хӯрок ва ё амоксисиллин 1000 мг 2 бор дар як рӯз

Нақшаи истеъмоли доруҳо дар муддати 10 рӯз:

Ранитидин (зантак) 150 мг тарҷума кунед 2 раза в день или фамотидин

20 мг 2 бор дар як рӯз ва ё омепразол (зеросид) 20 мг 2 бор дар як рӯз

Намаки калии ситрати висмут\* 108 мг дар ҳабб, 5 як бор бо хӯрок

+ тетрасиклин гидрохлорид\* 250 мг дар ҳабба?, 5 бор дар як рӯз бо хӯрок

+ метронидазол\* 200 мг дар ҳабба?, 5 бор дар як рӯз бо хӯрок (*) – ба таркиби доруи "Гастростат" дохил мешавад.

Дар ҳолатҳои дигари ИММ, сабабгори беморӣ камхунии мегалобластӣ ва камшавии витамини В12 (камтар аз 150 нг/л) мебошад, бо оксикобаламина 1 мл 0,1% (1 000 мкг), дар муддати 6 рӯз ва бо ҳамин миқдор дору дар муддати як моҳ як маротиба дар як ҳафта, ва баъд то охири умр 1 бор дар ду моҳ ба таври сӯзандору таъин карда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки туршии меъда баланд аст, вале бактерияи HP ёфт нашуд, табобати аломатҳои беморӣ бо доруҳои зерин бурдан мумкин аст:

Гастросепин 25-50 мг 2 бор дар як рӯз

+ маалокс\* 2 ҳабб ва ё 15 мл (халтача) 3 бор дар як рӯз, пас аз 1 соати истеъмоли хӯрок.

Дар аломатҳои камҳаракатии меъда:

Домперидон (мотилиум) ва ё сизаприд (координакс) 10 мг 3-4 бор дар рӯзи аввал, пеш аз хӯрок

+ маалокс\* 2 ҳабба ва ё 15 мл (халтача) 3 бор дар як рӯз, пас аз 1 соати истеъмоли хӯрок.

\* эзоҳ: маалоксро бо гастал, дайджин, ремагел, фосфалюгел, протаб, гелусил-лак ва ғ. доруҳои турушии меъдаро пасткунанда (антасидҳо) иваз кардан мумкин аст.

Ҳангоми ИММ-и паст будани туршии меъда (намуди “А”) истеъмоли воситаҳои табобатии ивазкунанда – абомин, асидин-пепсин, бетацид, аципепсал, пепсидил, пепсамин ва ғайра лозим аст. Доруҳои ҳаббагӣ

(асидин-пепсин ва ғайра) ва бо об омехташударо танҳо пас аз паст шудани шиддати илтиҳоб таъин мекунанд.

Боз барои табобат воситаҳои барои мубодилаи бофтаҳо таъсирбахш, тезонидани ҷараёни таҷдиди пардаҳои луобии меъда истифода бурда мешаванд: солкосерил ба қабати мушак(15-20 бор), анаболикҳо (ретаболил 1 бор дар як ҳафта, витамини В12. Инчунин доруҳои ним-ферментӣ: фестал, дигистал, панзинорм, мезим-форте, панкреатин 1 ҳаббагӣ дар вақти хўрокхўрӣ пешниҳод карда мешаванд.

пешина
аз 37
навбатӣ