Зеҳн
ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино

Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Қисми 1.

1.1. Аз таърихи рушди тибби оилавӣ (тибби умумӣ)

Тибби оилавӣ дорои таърихи хеле қадима аст ва таърихи пайдоиши он ба таърихи тибби умумӣ пайвастагӣ дорад, аммо ин соҳа анъанаҳои қадимии худро низ дорост.

Тавре ки маълум аст, тиб дар ибтидо аз тибби умумӣ «оғоз ёфта ва бо тамоми маънояш» халқӣ буд, яъне таҷрибаи умумӣ буд, ки онро қисми зиёди аъзои ҷомеа медонистанд ва истифода мекарданд. Минбаъд, дар давраҳои баъдӣ раванди мутаммарказшавии донишҳо оид ба бемориҳо, чорабиниҳои пешгирӣ ва табобати онҳо оғоз мешавад. Гурўҳи одамоне пайдо мешаванд, ки дорои донишу таҷриба ва малакаҳои табибианд.

Ҳар як фарҳанги миллӣ хусусияти махсуси барқароршавии хоси тибби амалиро дошт, аммо ҷиҳати умумӣ ин буд, ки тадриҷан тафовути байни мутахассисон ва табибиони оилавӣ (умумӣ) ба амал меомад.

Донишмандони бузург, мисли Гиппократ, Абӯалӣ ибни Сино, Параселс ва дигарон мутахассисони соҳаҳои алоҳидаи тиб набуданд.

Эҷодиёт ва таълимоти Абӯалӣ ибни Сино тамоми паҳлўҳо ва соҳаҳои тибро (бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кўдакон, ҷарроҳӣ, гинекология ва ғ.), инчунин ҳама равандҳои табобат ва пешгирии бемориҳо (ташхиси барвақт, муоинаҳои тўлонӣ, барқарорсозӣ ва ғ.) -ро дар бар мегирад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар гузашта табибоне, ки ба оилаҳои алоҳида ёрии тиббӣ мерасониданд, ба номи «табибони оилавӣ» ёд мешуданд, танҳо барои одамоне дастрас буданд, ки дар қуллаи баланди дороии иқтисодӣ ё ҳукуматдорӣ қарор доштанд. Табибони шахсӣ (оилавӣ)-и шоҳҳо, бонкдорон, савдогарҳо ба ҳаёти махфии беморони худ ошно буданд ва аксар вақт метавонистанд, ки ба ҳодисаҳои таърихи ҷаҳонӣ таъсир расонанд. Филипп, табиби шахсии Искандари Мақдунӣ пеш аз саршавии яке аз муҳорибаҳои муҳим ўро аёдат кард, бемориашро ташхис намуд ва барои табобат доруҳои мушаххас таъйин кард. Дарбориён зидди он буданд ва намехостанд, ки шоҳ ин доруҳоро истеъмол кунад, онҳо чунин меҳисобиданд, ки доруҳо заҳролуданд. Искандар шубҳа кард, аммо ба хулосае омад, ки таъйиноти табибро иҷро кунад, ба зудӣ шифо ёфт ва дар муҳориба пирўз шуд.

Инкишофи минбаъдаи тибби умумӣ дар заминаи таҷрибаи аз гузаштагон ҳосилшуда ва густариш ёфтани он, ки дар кишварҳои мухталиф хусусиятҳои хоси худро доштанд, аммо дар маҷмў ягона буданд, сурат гирифтааст: танҳо таҷрибаи инфиродии клиникӣ имконият медиҳад, ки табиби босавод ташаккул ёбад («Назарияи табиб – таҷрибаи вай аст» Параселс).

Аввалин бозсозии ташкили нигоҳдории тандурустӣ, ки инро ба системаи умумии идоракунии давлатӣ дохил намуд, дар Франсия сурат гирифт. Соли 1822 дар назди Вазорати корҳои дохила Шўрои олии санитарӣ ифтитоҳ шуд. Вазифаи он ба таъмин намудани чорабиниҳои санитариву зидди эпидемиологӣ иртибот дошт. Баъди ин протсессҳо инкишофи муассисаҳои хайрияҳо ва фондҳои «хазинаҳои озоди мададрасон» ва аз дунболи он ташкил намудани суғуртаи иҷтимоӣ рўйи кор омаданд, ки ёрии аввалияи то беморхонагиро маблағгузорӣ мекунанд. Ин раванд аз қисмҳои зерин таркиб ёфтааст: суръат ва хусусияти рушди иқтисодии кишвар, хусусиятҳои ташкилоти иҷтимоӣ, махсусиятҳои таҳсилоти тиббӣ ва анъанаҳои он, инчунин омилҳои зиёди дигаре, ки хусусиятҳои махсуси рушди ёрии аввалияи тиббиро (ЁАТ) муайян мекунанд.

Сифати умумии такмили тиб тахассуснокии (спетсализатсияи) дар асрҳои Х1Х пайдошудаву алакай дар асри ХХ босуръат пешраванда мебошад. Тафриқагузории аввалия (бемориҳои дарунӣ, педиатрия, акушерӣ ва гинекологӣ, неврология, психиатрия, ҷарроҳӣ) минбаъд аз сабаби пешравии технологияи ташхис ва табобат хеле амиқтар шуда, боиси пайдо шудани ихтисосҳои нав шуданд, ки ин захираҳои фаровони моддӣ ва зиёд шудани мўҳлати тайёр кардани кадрҳоро талаб мекунад.

Технологияи тиббӣ имкон медиҳад, ки дар ташхису табобати бемориҳое, ки қаблан табобатнашаванда ҳисобида мешуданд, муваффақиятҳо ба даст оварда шавад. Аммо ин дигаргуниҳо натиҷаҳои манфӣ низ доранд.

Амиқтар шудани омўзиши механизмҳои мавзеии равандҳои патологӣ, «молекуляризатсия»-и тиб танҳо иллюзияи фаҳмиши механизмҳои мушаххаси инкишофи бемориҳоро, ки аз қонуниятҳои умумии фаъолияти одамон вобаста аст, ба вуҷуд меорад. Аз даст додани бутунӣ – одами - биниши беморӣ ва саломатӣ негативи муҳимтарини амиқшавии ихтисосҳо ба ҳисоб меравад, ки бояд ба рушду инкишофи ихтисосҳои тиббӣ, ки нуқсонҳои онро ислоҳ хоҳанд кард, бартараф шаванд.

Дар таҷрибаи ҳамарўзаи тиб ҳолати хеле ногувор ба амал омадааст. Дар як қутби он асоси ихтисосҳои маҳдуд ташаккул ёфтааст, ки бо техникаи муосир мусаллаҳ шуда қобилият эҷод кардани корҳои аҷибро доранд. Дар қутби дигар табибони оилавӣ меистанд, ки то дирўз табибони мардумӣ буданд ва гўё бо усули кўҳна кор мекунанду дар ихтиёри худ номгўйи минималии воситаҳои техникиро доранд. Эътибори ин ихтисос коҳиш ёфтааст. Зеро тамоюл ба сўйи тахассусҳои маҳдуд роҳ кушодан барои ҳар як хоҳишманд ба назар мерасад, то ин ки самти фаъолияти онҳо ба бемориҳои гумонбаршуда мувофиқат намояд.

Дар соли 1962 Кумитаи экспертҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) оид ба таҳсилоти касбиву техникӣ чораҳои баҳри бартараф сохтани камбуди табибони оилавӣ дар тамоми дунё заруриро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар гузориш зарурати таълим додани мутахассисони зикршуда ба ҳайси табибони аввалине, ки бо бемор сару кор мегиранд, таъкид карда шуд ва пешниҳод намуданд, ки ҳар як донишҷўи мактаби тиббӣ бояд курси тибби оилавиро шунавад, барои ин бошад, таъсис додани кафедраи тибби оилавӣ ва таҳия намудани барномаи таълимӣ зарур аст.

Дар соли 1974 дар Британияи Кабир дар амбулаторияҳои тибби оилавӣ (surdery) алакай 21531 нафар табибони ихтисосашон умумӣ, 12793 ҳамшираҳои тиббӣ, 4367 акушерка ва 8240 нафар коргарони иҷтимоӣ кор мекарданд онҳо байни якдигар монанди шарикон баробарҳуқуқ робитаи мутақобила доштанд, ҳар яки онҳо барномаи кори худро дошт.

Тибқи маълумотҳои Роберт Вэллейс, соли 2008 дар ИМА то миёнаи асри ХХ тақрибан тамоми табибон ба тибби умумӣ машғул буданд. Ин маънои онро дошт, ки онҳо тамоми бемориҳоро табобат мекарданд, маҳдудият вуҷуд надошт, хусусиятҳои табиии беморӣ ё ҷинси бемор ба инобат гирифта мешавад.

Аммо рушду нумўи вусъатноки донишҳои башарият табибонро ҳарчӣ бештар маҷбур месозанд, ки дар ягон соҳаи мушаххаси тиб ихтисос бигиранд: беморони гирифтори патологияҳои мушаххасро қабул кунанд ва танҳо намудҳои муайяни протседураҳои клиникиро, масъалан, амалиётҳои камплексиро анҷом диҳанд. Бисёр табибон танҳо ба кўдакон ё танҳо ба занон машғул буданд. Онҳо вобаста аз соҳаи касбии интихобкардаашон ташкилотҳои худро таъсис додаанд. Дар ибтидо чунин иттиҳодияҳо танҳо барои дастгирии иҷтимоӣ ва касбии табибон хизмат мекарданд, тадриҷан онҳо ба коллегияҳо табдил дода шудаанд, ки ба духтурон аз рўи ин ё он ихтисоси тиббӣ кор карданро иҷозат медоданд. Дар ибтидои асри ХХ тақрибан 24 чунин коллегия мавҷуд буд ва миқдори боз ҳам бештари табибони амрикоӣ аз амалияи тибби умумӣ даст кашида, барои ба даст овардани сертификати мутахассисӣ ҷаҳду талош мекарданд. Ин тамоюлро ичтимоӣ ва иқтисодӣ қувват мебахшиданд: кори мутахассис дар назари ҷомеъа эътибори махсус дорад, вай барои хизматҳояш метавонад нисбат ба табиби оилавӣ маблағи бештар талаб кунад. Дар соли 1950 сеяки хатмкунандагони Донишгоҳи тиббии Амрико тибби оилавиро интихоб мекарданд, ҳоло ин14 нишондод майл ба камшавӣ дорад. Дар ниҳояти кор масъалаи мазкур солҳои 60-ум боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи Амрико шуд: мардум дар ташвиш буданд, ки дигар табиби оилавиро пайдо кардан кори хеле сахт мешавад ва дар ин самт хатари ҷиддии саломатии милатро эҳсос мекарданд.

Солҳои 60-ум дар ИМА фаъолнокии ҳайратовари ҷамоатчигӣ ва муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт, аз ҷумла тиб ба даст оварда шуд. Оид ба зарурати бозсозии сохторҳои тиббиву таҳсилотӣ садоҳо баланд мешуданд, на ин ки эътибори касби табиби оилавӣ баланд бардошта шавад. Дар соли 1966 Кумита оид ба масъалаҳои таҳсилот дар соҳаи тибби оилавӣ, ки бо номи раиси худ Вилард низ маъруф аст, дар баробари ду кумитаи бонуфузи дигар, гузориш нашр намуда дар он тавсия кард, ки таносуби миқдори табибони ихтисосашон маҳдуд ва табибони оилавӣ дар ИМА тағйир дода шавад, сифати тайёр кардани бахши тибби оилавӣ баланд бардошта шавад. Илова бар ин Кумитаи Вилард даъват кард, ки ба макотиби олии тиббӣ ихтисоси нав бо номи «Амалияи оилавӣ» ҷорӣ карда шавад ва ҳатто консепсияи онро таҳия намуда, барномаи таълимии муносибро низ ба нақша гирифт. Дар соли 1947 дар Амрико Академияи тибби оилавӣ таъсис дода шуд, вай мутахассисони ин касбро дар доираҳои расмии тиббӣ намояндагӣ мекард. Дар ибтидои солҳои 60-ум раванди ташаккули Кумитаи амрикоии тибби оилавӣ (амалияи умумӣ) оғоз ёфта, соли 1969 анҷом ёфт. Ҳамин тавр, ин ихтисоси тиббӣ дар ИМА охирин шуда, расман эътироф гашт.

Дар баробари ин аз солҳои хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон то солҳои 60- ум дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ баҳсҳо идома доштанд, ки тибби оилавии муосир чӣ гуна бошад, вай бояд аз дигар ихтисосҳои тиббӣ чӣ тафовут дошта бошад, аз мактабҳои қадимаи табибони оилавӣ бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад. Табибони амрикоӣ- Линн Кармайкл ва Гэйл Стивсис, инчунин намояндаи анъанаҳои аврупоӣ Айан Мак-Винни консепсияи ихтисосҳои тиббиро таҳия намуданд, ки дар он муносибати15 инфиродӣ ба ташхису табобати бемориҳо пешбинӣ шудааст. Мувоифиқи ин консепсия табиби оилавӣ бояд на танҳо новобаста аз синну сол, ҷинси бемор ё хусусияти бемор ёрии тиббӣ расонад, балки ҳангоми зарурат табибон - мутахассисони дигарро низ ҷалб кунад. Вазифаи вай - ёрӣ расондан ба бемор ва тамоми оилаи вай дар тўли ҳаёташон, табобат намудани бемориҳо ва андешидани чораҳои ҷиҳати нигоҳдории саломатии онҳо мебошад. Чунин муносибат нақши табибро дар раванди табобат кулан тағйр медиҳад, идеологияи кўҳнаро мешиканад. Ғояҳои Кармайкл Стивенс ва Мак Винниро ҷомеъаи ҷаҳонии табибон дарҳол напазируфтан, аммо ба гузашти вақт онҳо асоси барномаи таълимии марказҳои махсуси таълимиро ташкил намуданд, ки он дар ниҳояти кор ба тайёр кардани табибони оилавӣ таъсири худро расонид.

Дар давоми 30 сол ин фан бешубҳа рушду нумў ва ташакул ёфт.

Дар охири солҳои 90-ум аз ҷиҳати миқдори табибон-мутахассисони тибби оилавӣ баъди табибон-мутахассисони бемориҳои друнӣ ҷои дуюмро ишғол мекард. Эътибори табибони амалияи умумӣ дар олами тиб, дар бештар мамлакатҳо зиёд аст, ақидаву назари онҳоро ҳама сатҳҳои ҳукуматдорӣ низ ба назар мегиранд. Ҳаминро гуфтан кофист, ки тибби оилавӣ дар тайёр кардани кадрҳо назар ба ҳамаи соҳаҳои дигари тиб маблағгузории нисбатан устувортар ва камхарҷро талаб мекунад. Ин соҳа ҳамчун самти илмӣ низ мустаҳкам шуда истодааст: корҳои зиёди таҳқиқотӣ гузаронида шуда истодаанд, ки ин дар доираҳои академикӣ эътиборӣ тибби оилавиро баланд мебардорад. Кадрҳои омўзгорӣ зиёд шуда истодаанд, онҳо ба шогирдон имконият фароҳам меоранд, то ба тамоми нозукиҳои касби интихобкардаашон ошно шаванд ва пойдевори мартабаи ояндаи худро устувор созанд. Тибби оилавӣ дар давоми 30 сол ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи системаи нигоҳдории тандурустии ИМА ташаккул ёфт.

Мабдаи тибби оилавӣ дар Россияи тоинқилобӣ зуҳур карда буд.

Табибони ба истилоҳ земствӣ -умумидавлатӣ (земские врачи) дар Россия ҳамон табибони амалияи умумӣ буданд. Дар он солҳои ниҳоят дур16 табиби тибби умумӣ тамоми корҳоро анҷом медод: занҳоро мезоёнд, ҷарроҳӣ мекард, ҳангоми шикастагиҳо ёрӣ мерасонид, дарду ранҷи беморони мирандаро сабук мекард, илтиҳобу тарбод, пневманияву дигар бемориҳоро табобат мекард. Дар он замонҳо дигар ҳеҷ каси дигар ёрӣ расонида ҳам наметавонист. Мутахассисони соҳҳои алоҳида ангуштшумор буданд ва онро танҳо дар беморхонаҳои шаҳрӣ пайдо кардан мумкин буду бас. Бо рушду нумўи тиб, бо ҷамъ шудани доншҳои зиёд, барои ихтисосҳои маҳдуд талабот пайдо шуд ва мисли дигар давру замонҳо ва кишварҳо дар ин ҷо низ муваққатан табибони оилавӣ ба гушаи фаромўшӣ афтиданд.

Дар Россия ва ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ (ИДМ) таъсис ёфтани ИЦШС нақши муҳим бозид. Системаи нигоҳдории тандурустии Шуравӣ давлатӣ буд. Вай ба ёрии дуввумдараҷаи тиббӣ ба аҳолӣ - тавассути беморхонаву клиникаҳо диққати асосӣ медод. Дар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббиву санитарӣ терапевтҳои маҳалла, педиатрҳои маҳалла кор мекарданд ва асосан онҳо нақши «диспетчер»-ро мебозиданд ва бо гузашти вақт маълум шуд, ки муносибати амиқи табобатӣ-терапевтӣ ба бемор аз байн рафтааст. Дар ташхис кардани беморӣ тарзи гузаронидани ҳаёт, ирсият ва генетикаро ба эътибор намегирифтагӣ шуданд. Беморро дурру дароз ягон табиб муоина намекард. Одам ба терапевт муроҷиат мекард, агар вайро дил нороҳат мекард, вайро ба назди кардиолог, агар меъда ба назди гастроэнтеролог ва боз ягон узви дигар бошад, ба қабули ягон мутахассис (невропатолог, пулманолог, ҷарроҳ эндокринолог ва ғ.) мефиристоданд. Вазифаи табиби маҳалла танҳо аз навиштани варақаи беморӣ ва аксаран пур кардани қоғазу ҳуҷҷатҳои нозарур иборат буду бас.

Дар Россия тибби оилавӣ, тибби умумӣ ҳамчун ихтисос дар солҳои 90-уми асри гузашта эътироф шуд. Дар 10 соли охир муносибати аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиб ба табибони оилавӣ беҳтар гашт. Табибони оилавӣ тибби хусусии худӣ, кафедраҳои худро дар донишгоҳҳо ва ғ. таъсис доданд. Ба он бояд мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳамон давлатҳои мутараққии Аврупо ба системаи давлатии ёрии аввалияи тиббӣ таъмин ҳастанд, ки дар онҳо табиби оилавӣ нақши асосӣ дорад. Дар он кишварҳое, ки миқдори патсиентҳо ба як табиби оилавӣ хеле зиёд гўё ба назар мерасанд (Шветсия, Швейтсария, Нидерланд) миқдори зиёди табибони оилавӣ, ки клиникаи хусусӣ доранд ва ҳангоми ба ҳисобгирӣ ба қайд гирифта намешаванд, кор мекунанд. Сабаби дар кишварҳое, ки нисбат ба давлатҳои пешрафтаи Аврупо дар самти таёр кардани табибони умумӣ хеле ақиб, мондаанд, натиҷаи дар ин давлатҳо дурру дароз ҳукумронӣ кардани низоми тоталитарӣ (Испания ва Португалия) мебошад. Дар ду даҳсолаи охир оид ба тайёр кардани табибони оилавӣ дар ин давлатҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Маводҳои ба Конгренсияҳои аврупоии табибони умумӣ (оилавӣ) пешкаш шуда, на танҳо бартарии омилҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба сифати предикаторҳои саломатии инсон, балки аҳамияти босаводона ташкил намудани ёрии аввалияи тиббро аз рўйи принсипҳои тибби оилавӣ нишон дода, вариантҳои гуногуни фаъолият кардани онҳоро дар кишварҳои мухталифи Аврупо намоиш доданд.

Соли 1978 дар Алма-Ато декларатсияи ТУТ ба имзо расид.

Декларатсияи Алма-Ато ЁАТС - ро ҳамчун «… чорабиниҳои асосии тиббиву санитарӣ, ки барои одамон ва оилаҳои алоҳидаи ҷамъият дастрасанд ва бо иштироки ҳаматарафаи онҳо дар асоси усулҳо ва технологияи амалан истифодашаванда, аз ҷиҳати илмӣ асоснок ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ қобили қабул ва дар доираи имкониятҳои ҷамъият ва умуман кишвар амалӣ мешаванд. ЁАТС қисми ҷудонашавандаи ҳам системаи миллии нигоҳдории тандурустӣ буд, вазифаи асосии онро иҷро мекунанд ва звенои марказии он ба ҳисоб меравад ба монанди тамоми равандҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомиа».

Декларатсия инчунин звенои асосии ЁАТС-ро ҷудо кард: табиби умумӣ ё табиби оилавӣ, дар ин марврид беасос будани кўшишҳои бо ёрии аввалияи махсуси тиббӣ таъмин намуданро, ки дар амал монандии18 худро бо лабиринти тиббӣ намоиш додаст, таъкид карда мешавад.

Олами мутараққӣ амалан проблема ЁАТС-ро то соли 1978 алакай ҳаллу фасл карда буд ва табибони оилавӣ кайҳо боз дар системаи миллии нигоҳдории тандурустии кишварҳои мутараққӣ нақши асосиро доро мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, пас аз пароканда шудани ИҶШС давлати соҳибистиқлол эълон шуд ва дар рўзҳои аввали соҳибихтиёрии худ ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард, ки оқибатҳои хеле бади коҳиши иқтисодиётро ба бор овард ва онро ба яке аз кишварҳои камбағали олам табдил дод ва масъалаи камбизоатии аҳолӣ боз ҳам амиқтар шуд.

Системаи нигоҳдории тандурустии кишвар дар чунин шароити–дар шароити нави иҷтимиву иқтисодӣ асосан аз тахассусҳои маҳдуд ташкил ёфта буд, ки масрафи зиёд ва нолозиму нобаробарро тақозо мекард, самаранокияш нокифоя буд ва табиист, ки наметавонист ба тасаботи рўзафзуни аҳолӣ ҷавобгў бошад, ҳамаи ин вазифаи хеле муҳим, ваазифаи ҷустҷў намудани роҳҳои камхарҷу самаранок ва наздик ба моделҳои амалияи пешқадами байналмилалӣ ба миён омад, ки тавассути ба нақша гирифтан ва бозсози кардан имконпазир аст.

Аз тарафи Взорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сектор аввалин қадамҳои бозсозӣ дар соли 1993 гузошта шуданд, ки дар ин давра шароитҳои зарурии сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надоштанд. Аммо ин қадамҳо маҷбурӣ буданд ва дар навбати аввал ба сарфа намудани захираҳои ночизи дар ихтиёри нигоҳдории тандурустӣ қарордошта нигаронида шуда буданд. Ин кор ба восита гузаронидани реструктизатсияи захираи барзиёди катҳо ва баъзе сохторҳои аз ҳад зиёд варамидаи идоракунӣ амалӣ карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин қарори Взорати тандурустӣ дар дар бораи рушди ЁАТС аз рўи модели тибби оилавӣ дар марҳилаи банақшагирии сектор, яъне соли 1998 (фармони № 236 23 –юми июни соли 1998 «Дар бораи марҳила ба марҳила гузоштан ба ташкил намудани ЁАТС (ёрии аввалияи тиббию санитарӣ аз рўи принсипи табиби оилавӣ19 дар давраи солҳои 1998-2000») баромад. Ин қарори Взорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- зарурати ба номенклатураи (номгўйи ихтисосҳо ва вазифаҳои табибӣ мувофиқи тахассусҳо ва вазифаҳо «табиби умумӣ (табибби оилавӣ»-ро эътироф кард);

- барои оғоз намудани таёркунии мақсадноки табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар сатҳи баъдидипломӣ ва таёрии ибтидоии тайёр кардани кадрҳои тиббӣ иҷозат дод;

- таҳия ва тадбиқ намудани барномаҳо ва нақшаҳои таълимии намунавии таёр кардани табибони амалии тиббӣ, табели намунавии таҷҳизотонидани ҳуҷраи кори табиби оилавӣ ва феҳристи воситаҳои тиббии барои ташкилнамудани ҷомадони табиби оилавӣ заруриро ба роҳ монд;

Барои мутахассисони зикршуда оиннома ва тавсифи квалификатсионӣ, нақшаи тайёр крдани табибони оилавӣ таҳия карда шуд;

- ноҳияҳои (таҷрибавӣ) пилотӣ оид ба татбиқ намудани тибби оилавӣ ва ғ. муқаррар карда шуд.

Ин қарори Взорати тандурустӣ ба фармонҳои минбаъдаи он аз 29- уми июни соли 2000, № 205 ва аз дуюми апрели соли 2001 (№119) ва ғ. дар оянда рушду инкишоф кард.

Бозсозии нақшавӣ аз нимаи дуюми солҳои 90-уми асри гузашта, бо фарорасии фазои сулҳу суббот дар кишвар, босуботии вазъи сиёсӣ ва пайдо шудани аввалин аломатҳои болоравии иқтисодиёт имконпазир гаш. Дар ин давра дар кишвар қонун дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ, аввалин Стратегияи дарозмуддати ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005 (соли 2002 стратегияи нави давраи то соли 2010 қабул карда шуд), барномаи миёнамўҳлати соҳавӣ оид ба бозсозии сектори нигоҳдории тандурустӣ (дар давраи то соли 2001) қабул карда шуданд, ки ЁАТС-ро, ки дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ бунёд шудааст, соҳаи имтиёзноки бозсозии банақшагирифташуда эълон кардаанд. Дар соли 1999 ТУТ дар Вазорати Тандурустӣ таъсис додани лоиҳаи бозсозии ЁАТС-ро дастгирӣ кард, ки дар чорчўбаи татбиқи он Мастерплан оид ба бозсозии сектор таҳия карда шуд, вай асоси Консепсияи дарозмуддати бозсозии нигоҳдории тандурустиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (марти 2002) тасдиқ кардааст, ташкил дод. Консепсияи мазкур стратегия ва рушди бозсозии нигоҳдории тандурустиро дар заминаи тағйиротҳои пешбинишаванда асосёфтаро инъикос намуда, ба системаи нигоҳдории тандурустӣ мувофиқи амалияи пешрафтаи байналмилалӣ назар мекунад, рушди ЁАТС-ро, ки дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ бунёд шудааст, ҳамчун соҳаи имтиёзноки стратегияи бозсозӣ эълон медорад.

Бозсозии ЁАТС аз рўи модели тибби оилавӣ инчунин дар Санади Стратегияи коҳиш додани камбизоатӣ, ки бо қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳури Тоҷикистон (соли 2002) тасдиқ шудааст, эълон шуда буд.

Ҳамин тавр, дар сатҳи олии сиёсии кишвар бозсозии ЁАТС аз рўи модели тибби оилавӣ стратегияи асосии имтиёзноки бозсозии сектори нигаҳдории тандурустӣ эътироф шуда буд, ки соли 2000 –ум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон амалӣ гашт.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино ба мақсади таёр кардани табибони оилавӣ, алакай дар соли 1996 ду факултет (муолиҷавӣ ва педиатрӣ)-ро ба як факултет, факултети умумитиббӣ табдил дод. Дар соли 1999 аввалин кафедраи тибби оилавии

№ 1 кушода шуд ва соли 2004 бошад, кафедраи тибби оилавии № 2 барои минбаъд таълим додани табибони оилавӣ таъсис ёфт. Ташкил шудани факултаи тиббӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино зинаи аввали таёр кардани мутахассисони ин соҳа ба ҳисоб меравад.

1.2. Ёрии аввалияи тибиву санитарӣ (ЁАТС) - дараҷаи авали тамос бо системаи нигоҳдории тандурустӣ. Рушди ЁАТС дар кишварҳои гуногун хусусиятҳои хоси худро дорад. Ба ин нигоҳ накарда, тақрибан дар ҳама кишварҳои мутараққӣ ба дараҷаи аввали системаи нигоҳдории тандурустӣ ва ба табибони умумӣ – табибони оилавӣ диққати махсус дода мешавад.

Декларатсияи соли 1978 дар шаҳри Алма-ато қабулкардаи ТУТ эътироф кард, ки ЁАТС бояд дараҷаи авали тамоси патсиентро бо системаи нигоҳдории тандурустӣ дар маҳалаи зист ва ҷойи кор таъмин кунад. Принсипи асосии раонидани ЁАТС ин принсипи дастрасии максималӣ барои ҳар як одам ва аҳли оилаи вай мебошад.

Имрўзҳо кори ЁАТС-ро ҳар чӣ бештар бо тибби оилавӣ иртибот медиҳанд. Дар ин маврид ёдрас намудан ба маврид аст, ки тиббӣ оилавӣ, ин яке аз шаклҳои ташкили ёрнии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ аст. Шакли дигари расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ёрии дарозмудати тиббӣ ин, тавре, ки маълум аст, ёрии поликлиникавӣ ба ҳисоб меравад.

Стратегияи «Саломати барои ҳама» ҳадафҳои асосии иҷтимоии ҳукуматҳо ва ТУТ-ро дар даҳсолаҳои дар пешистода ҳамчун дастоварди то соли 2000-ум барои тамоми шаҳрвандони дунё муайян мекунанд, вай имконият фароҳам меовард, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии пурмаҳсул дошта бошанд.

ЁАТС ва аз ҷумла тибби оилавӣ бояд ҳадди ақал унсурҳои зеринро дар бар гирад:

- маърифати санитарӣ нисбат ба проблемаҳои имтиёзноки нигоҳдории тандурустӣ ва усулҳои профилактика ва назорат;

- пешрафти таъминот бо маҳсулоти ғизоӣ ва ғизои муносиб;

- таъмин намудани оби беҳатар ва шароитҳои базавии санитарӣ;

- ҳифзи саломатии модару кўдак, аз ҷумла танзими оила;

- барномаҳои эмкунӣ бар зидди бемориҳои асосии сироятӣ;

- пешгири ва назорати бемориҳои мавзеии эндемикӣ;

- табобати дурусти бемориҳо ва садамаҳои паҳншуда;

- таъмин намудани аҳолӣ бо дорувориҳои ҳаётан зарур. Принсипҳои зикршуда принсипҳои асосии тибби оилавӣ буда, дар баробари пешгирии бемориҳо, таблиғоти тарзи ҳаёти солим ба барномаи таълимии мутахассисони тибби оилавӣ дохил карда шудаанд. ЁАТС аз ҳама ёрии омавӣ ва намуди дастраси ёрии тиббӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин тавасути ЁАТС дар ҳаёт татбиқ намудани стратегияи «Саломатӣ барои ҳама» мақсадноктар ба назар мерасад.

Ба ҳар сурат, дар ин маврид саволҳо ба миён меоянд, ки ҷавобҳои мушаххасро талаб мекунанд. Аз ҷумла, оё тибби оилавӣ самараноктар аст, оё ба бунёд намудани муассисаҳои ЁАТС такя кардан сарфакорӣ аст, ҳамаи умедҳои моро амалӣ карда метавонад,? оё бо принсипҳои худ ҳамчун соҳаи дастрасу камхарҷ мувофиқат карда метавонад, ва ғ.

Барои ба ин саволҳо посух пайдо намудан ба таҷрибаи ҷаҳонӣ муроҷиат мекунем. С. Энгстер бо ҳаммуалифин соли 2001, дар тафсири систематики худ, дар заминаи принсипҳои тиббӣ исботшуда 54 пажуҳишро меовард ва аз рўйи онҳо самту паҳлўҳои гуногуни ёрии аввалия ва тахассусиро муқоиса мекунад.

Муқоисаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои дар Иолоти мухталифи ИМА гузаронидашуда нишон дод, ки дастрасии бештари табибони оилавӣ барои аҳолӣ дар муқоиса аз дигар мутахассисони соҳаи тиб ба нишондиҳандаҳои фавтият таъсири бештар дорад (Shi L., 1992, 1998).

Нисбат ба миқдори умумии табибон зиёд кардани миқдори табибони ёрии аввалия ба паст будани нишондодҳои фавтияти умумӣ ва сини ширхорагӣ, нишондиҳандаҳои вазни кам доштани навзодон хеле вобаста аст.

Нишондиҳандаи давомнокии миёнаумр низ аз миқдори табибони оилавӣ вобаста аст, (Shi L., 1994).

Таъминнокӣ бо табибони ёрии аввалия бо паст шудани нишондодҳои фавтияти ширхораҳо, зиёд шудани дарозумрии одамон (Vogel R.L., 1998) иртиботи мутақобила дорад. Исбот шудааст, ки беҳтар сохтани сифати расонидани ЁАТС боиси дароз шудани давомнокии умр мешавад, фавтияти умумӣ ва постнаталиро, фавтидан аз инсултро кам23 мекунад. Дар таҳқиқотҳое, ки расонидани ЁАТС-ро дар 10 кишвар (Амрико, Канада, Австралия ва 7 кишвари Аврупо) муқоиса намуданд робитаи байни дараҷаи расонидани ЁАТС ва сатҳи умумии вазъи саломатӣ, ки аз рўйи 12 нишондиҳандаи асосӣ ва таносуби қаноатбахшӣ хароҷот (хароҷот бо як нафар аҳолӣ барои расонидани ёрии тиббӣ дар кишвар) муайян карда шуд, (Stazfield B., 1991).

Дар таҳқиқотҳои патсиентҳои гурўҳи хатарнок оид ба гипертензияи идорашаванда маълум гашт, ки нокифоя будани табибони инфироди (персоналии) умумӣ - табибони оилавӣ хатари калон дорад назар ба набудани суғуртаи тиббӣ ё мушкилоти ба алкогол алоқаманд буда. (Shea S., Mirsa D., 1992).

Зиёд намудани дастрасии табибони ёрии аввалия, ба кам шудани хароҷоти ёрии тиббӣ мусоидат менамояд. Ҳангоми омўхтани хароҷоти барои расонидани ёрии статсионарӣ ва амбулаторӣ сарфшуда муқаррар карда шуд, ки аз мутахассисони дигар, зиёд будани табибони ЁАТС-ро боиси кам шудани хароҷот ҳангоми расонидани ҳарду намуди ёрии тиббӣ мебинанд. Дар навбати худ, ҳарчи бештар дастрас будани чунин табибон хароҷоти барои расонидани ёрии амбулаторӣ сарфшударо кам мекунад, (FRANKS P. et/ el., 1998). Дар ҷараёни пурсишҳои миллӣ, ки дар Амрико гузаронида шудаанд, маълум шуд, ки як қисми аҳолӣ, ки табобатро аз табиби оилавӣ сар мекунанд, на аз мутахассисони дигари тиб, ҳамасола барои нигоҳ доштани саломатии худ 33% -камтар маблағ сарф мекунанд. Патсиентҳое, ки аввал ба табиби оилавӣ муроҷиат кардаанд, 35% камтар бистарӣ шудаанд ва 50% камтар ёрии таъҷилиро даъват кардаанд, назар ба онҳе, ки аввалан барои хизмати бо табибони ихтисосҳои маҳдуд муроҷиат намудаанд. (Kekman H.R., Tomas C., 1998).

пешина
аз 37
навбатӣ