ТИББИ ОИЛАВӢ

Бахшида ба 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон Муаллиф: Қодирова Дилрабо Абдуқаюмовна доктори илми тиб, профессор, мудири кафедраи тибби оилавии № 1-и ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино
Валиев Султон · 8 ноябри 2024 · 37 саҳифа
Қай кардан аснои хўрокхўрӣ ва фавран баъди хўрокхўрӣ, одати хусусияти функсионалӣ, дорад. Дардҳои дер, яъне баъди 1,5-3 соати пас аз истеъмол кардани хўрок ё шабона баамаломада, хоси захми рўдаи 12- ангуштаанд. Субҳ, пеш аз наҳорӣ, қай кардан бештар нишонаи заҳролудшавӣ (аз алкогол) ва ё ҳомиладорӣ аст. Дар ҳолати танг шудани сурхрўда мўхтавои қайшуда тақрибан пурра аз ғизои ҳазмнашуда иборат аст. Барои гастрити музмин қайкунӣ бо шиками гурусна хос буда, бо зуҳуроти нороҳатии (дискамфорти) меъда якҷоя ҷараён мегирад. Ҳангоми решмаразҳо қайкунӣ пас аз дардҳои сахти шикам пайдо шуда, дардҳоро сабук месозанд. Бўйи мҳтавои қайшуда пеш аз ҳама гувоҳи медиҳад, ки онҳо дорои шираи турши меъдаанд. Агар ногузаронандагии рўдаҳо вуҷуд дошат бошад, бўйи мҳтавои қай хеле ба даст. Талха қай кардан ва баъди ин сабук нашудани дар два ҳамроҳ бо зардӣ (зардпарвин), ки асосан баъди истеъмоли ғизои равғанӣ (чарбӣ) ба амал меояд, хоси бемориҳои ҷигар, роҳхои талхарон ва ғадуди зери меъда аст. Агар дар мўхтавои қай хун дида шавад ва ранги мўҳтаво сурхи равшан ё торики қаҳваранг, қариб, ки сиёҳ бошад, ин нишонаи дараҷаи хуншории узвҳои ҳозима ва тамоси дурру дароз доштани хун бо мўҳтавои турши меъда мебошад.тавои турши меъда мебошад.
Зардпарвин (ярақон, Jaundice)
Зардпарвин зард шудани ранги пўст, сафедии чашм ва луобпардаҳои онҳоро меноманд, ки дар натиҷаи дар бофтаҳо ҷамъ шудани пигмег\нти зард (билирубин) ба амал меояд. Аз ҷумлаи аломатҳои барвақти зардпарвин ин зардча шудани сафедии чашм аст. Билурубин аз гемоглобин дар протсесси вайрон шудани ҷисмчаҳои сурхи хун (эритроситҳо) дар испурч ва системаи махсус, ки ретикулӣ – эндотелӣ ном дорад, ҳосил мешавад. Баъдан билирубин ба ҷигар меафтад, дар он ҷо бо роҳи табдилёбиҳои мураккаби биохимиявӣ шакли ҳалшавандагӣ мегирад. Ин билирубини дар ҷигар ҳосилшуда, бо талха ҷудо шуда, якҷоя бо он ба рўдаҳо меравад, вале асосан бо наҷосат хориҷ мегардад. Ҳамин тавр, узвҳову системаҳои гуногун дар мубодилаи билирубин (хун, ҷигар, рўдаҳо) иштирок мекунанд. Роҳҳои талхарон аҳамияти калон доранд, гузаронандагии мўътадили онҳо маҷрои хуби зардаро таъмин мекунанд.
Зардпарвин синдроми хеле ҷиддӣ аст ва аз вуҷуд доштани бемории вазнин гувоҳи медиҳад.
Сабабҳои пайдошавии зардпарвин гуногун аст. Муайя кардани намуди зардпарвин барои ташхис ва табобат аҳамияти калон дорад. Дар амали тиббӣ намудҳои зардпарвинро ба 4-гурўҳ ҷудо мекунанд: гемолитикӣ, ҷигарӣ, механикӣ ва ирсӣ.
Тавсифи мухтасари намудҳои гуногуни зардпарвин.
1. Зардпарвини гемолитикӣ (болоиҷигарӣ). Вай дар натиҷаи бошиддат тавлид шудани билурубин ҳангоми таҷзияи босуръати эритроситҳо пайдо мешавад. Ин навъ зардпарвин бемории ҷигар нест, балки аз системаи хун мебошад. Сабабҳои пайдошавиаш гуногун аст, аз ҷумла заҳролудшавиҳои гуногун, ба монанди интоксипатсияҳои касбӣ ва доруворӣ. Аз ин зардпарвини ҳақиқӣ зардпарвини кози, (дуруғ)-ро фарқ бояд кард, ки ин ҳангоми истеъмол кардани як қатор доруҳо (акрихин, кислотаи пикринӣ) пайдо мешавад ва натиҷаи дар бофтаҳо ҷамъ шудани билирубин ба амал намеояд. Зардпарвини гемолитикӣ дорои зардии бо рангпаридагии пардаҳои луобӣ омехташуда мебошад, ки дар натиҷаи камхунӣ(анемия) ба амал меояд.
2. Зардпарвини ҷигарӣ (паренхиматозӣ). Ин зардпарвин дар натиҷаи осеб дидани ҳуҷайраҳои ҷигар, ки қобилияти ҷудосозӣ билирубиниро надоранд, ба вуҷуд меояд. дар натиҷа онҳо дар бофтаҳо ҷам мешаванд, миқдори билирубин ва зарда дар наҷосат кам мешавад. Дар пешоб бошад, вай зиёд мешавад, пешобро тираранг мекунад ва баъзан ба ранги пиваи (обҷави) тира монанд мешавад. Зардпарвини ҷигариро ҳангоми гепатитҳои шадид ва музмин, илатҳои заҳрогиниву доругӣ ва алкаголии ҷигар, сирози ҷигар, баъзе бемориҳои сирояткунанда дидан мумкин аст.
Ҳангоми зардпарвини ҷгарӣ ҷига ва испкрч калон мешаванд, ҳамазамон ба ин сустии умумӣ, апатия (рўҳафтодагӣ), ғазабнокшавӣ, халалдор шудани хоб, беиштиҳоӣ, дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, халалдор шудани функсияи рўдаҳо, афзудани аломатҳои норасоии функсияи ҷигар.
3. Зардпарвини механикӣ (зерҷигарӣ, инсидодӣ ё обтуратсионӣ). Дар натиҷаи банд шудани роҳҳои талахабарор дар рўдаи 12-ангушта. Дар натиҷаи ин зарда тагшин мешавад ва билирубин аз тариқи ҳуҷайраҳои ҷигар ба хун меравад. Оқибаташ мисли зардпарвини ҷигарӣ аст. Хориши пўст ба ин беморӣ хос аст, дар ҳолати пурра банд шудани гузаронандагии роҳҳои талхабарор – наҷосати равшан ба назар мерасад. Садди роҳи хориҷшавии сангҳои талха (бемориҳои санги талхадон), киҷҷа, панкреатити музмин, омоси сараки ғадуди зери меъда ва ғ. шуда метавонанд.
4. Зардпарвини оилавӣ, ирсӣ. Онҳо ҳолатҳоеро ташкил медиҳанд, ки барояшон осебҳои аъзои қисми зиёди оила ва хушсифат будани ҷараёни раванди дарднок хос аст.
Шинохтани намуди зардпарвин танҳо ҳангоми таҳлили ҷиддӣ кардани ҳамаи маълумотҳои клиникӣ ва истифодаи таҳқиқотҳои лабораторӣ имконпазир аст. Барои ҳамин ҳам ҳангоми пайдо шудани зардӣ машварати фаврии табиб зарур аст. Дар ёд доштан зарур аст, ки аз ин тақдири бемор вобаста аст. Масалан, дар як қатор ҳолатҳо ҳангоми зардпарвини механикӣ ҷарроҳии фаврӣ зарур аст. Дар байни беморони гирифтори зардпарвини ҷигарӣ мумкин аст, ки беморони гирифтори гепатити шадид (вирусӣ) низ бошанд, ки онҳо барои атрофиён хатарноканд (хатари сироятноккунӣ). Дар120 чунин ҳолатҳо онҳоро дар тбемьорхонаҳои бемориҳои сироятии бистарӣ кунонидан зарур аст.
Хунрави аз узвҳои ҳозима
Найчаи ҳозима барои хунравӣ имкониятҳои зиёд дорад: сарчашмаи он на танҳо бемориҳои органикӣ, масалан, захм ва ё омос, балки худи пардаи луобӣ ё таъсири сабабҳои мавзеӣ ё умумӣ низ шуда метавонанд. Хатари хунравии роҳи ҳозима аён аст. Хусусиятҳои асосии хунравӣ инҳоянд: аввал ин, ки вай зиёд ба назар мерасад, дуввум ин, ки метавонад калон, шадид ва барои ҳаёт хатарнок бошад, сеюм ин, ки сарчашмаи вайро муайян кардан осон нест, зеро найчаи ҳозима хеле дароз аст. Асосан хунравиҳои берунӣ ва ноаёнро ҷудо мекунанд. Ба хунравиҳои берунӣ хун қай кардан, наҷосати бо хуни ҳазимшуда ва бо хуни ҳазмнашуда дохил мешаванд.
Ҳангоми хун қай кардан, хун дар меъда ҷам мешавад, ё ба ин ҷо аз сурхрўда меояд ва ё дар натиҷаи партоби баракс аз рўдаи дувоздаҳангушта ба ин ҷо меафтад. Дар натиҷаи таъсири кислотаи хлорид шираи меъда хун дар мўҳтавои қайшуда хокистарранг, ба қаҳва монанд мешавад. Агар хунравӣ боҷадал бошад, хун бо мўҳтавои қай аз меъда барвақтар, пеш аз он ки ба мўҳтавои меъда омехта шавад, ҷудо мешавад ва намуди аслии худро нигоҳ медорад.
Наҷосат дар хуни ҳазмшуда аз манбаи дар баланди ҷойгиршудаи хунравӣ (меъда, қисмҳои рўдаҳо) гувоҳӣ медиҳад. Дар ин ҳолат хунро ферментҳо дар рўдаҳо монанди ғизои сафеда ҳазм мекунад, маҳсулоти ҳазмшуда ранги наҷосатро сиёҳ мекунад ва рўдаҳоро ба ангезиш меоранд ва суръати ҳаракати мўҳтавои аз он хориҷшавандаро метезонад. Пас, наҷосат шавламонанд, часпак ва мисли мум сиёҳ мешавад. Ҳангоми қазои ҳоҷат кардан хуни ҳазмнашуда ранги наҷосат сурхи баланд аст, манбаи хунравӣ маъмуллан қисмҳои поёнии рўдаҳо, масалан, дар асари ба восир аст.
Агар талафоти умумии хун аз 350 мл кам бошад, бемор эҳсоси майл доштан ба қазои ҳаоҷат карданро дорад ва наҷосаташ муммонанд аст.
Эҳсосоти субъективӣ ё тамоман нест, ё танҳо аз дилбеҳузуршавии зудгузар, табларза, сустӣ иборат аст. Агар хуни зиёд талаф ёбад, дилбеҳузуршавӣ, арақкунӣ, шавшув дар гўшҳо сустӣ, торик шудани пеши чашмҳо? Ҳолати беҳушӣ ба вуҷуд меоянд. Бемор рангпарида, арақшор аст, набз тез фишори хун паст, яъне аломатҳои камхунии шадид зоҳир мешаванд.
Хунравиҳои шадиди сурхрўда ба таври ногаҳонӣ дар шакли қайи хундор зоҳир мешаванд, хуни дар қай мавҷуд буда сурхранг аст. Хунравии сурхрўдаро ҳангоми бемориҳои зиёди сурхрўда (захм, дивертикула, омосҳои таҷзиашаванда, садама, ҷисми бегона ва ғ.) дидан мумкнин аст.
Хунравии шадиди меъда ба қайи хунолуд ва наҷосати қатронмонанд зоҳир мешавад. аломатҳои клиникӣ якхела нестанд, зеро он аз суръат ва давомнокии хунрезӣ вобаста аст. Аломатҳои клиникӣ аз сарчархии андаке, сустии ногаҳонӣ то беҳуш шудан зоҳир мешавад. хунравӣ мумкин аст, ки дар асари хароб шудани девораи рагҳо, илтиҳоби шадид ва ва пайдошавии эрозия ба вуҷуд биёяд. Сабабҳои хунравии меъда гуногун аст.монанди гастрити эрозиявӣ, чурраи сўрохии сурхрўдагии диафрагма, решмараз, саратон, полипҳо ва ғ.
Сабабҳои хунарвии рўдаҳо решмарази рўдаи 12-ангушта, полип, саратони рўда, халаи номахсусӣ решдор, исҳоли хунин, бавосир, роғ рафтани маъқад (рекутум) ва ғ. ба ҳисоб мераванд.
Хуни барзиёдатӣ ба берун аз тариқи маъқад мебарояд, агар манбаи он қисмҳои болоии рўдаҳо бошад, ранги он наҷосати қатронмонанд ва агар қисмҳои поёнии рўдаҳо бошад, сурхи равшан аст. Сабабҳои хеле кам дучоршавандаи қайи хунолуд ва ва наҷосати қатронмонандро низ ёдовар шудан лозим аст. Масалан, хуни қурткардашуда баъди хунравии бинӣ ҳангоми хоб. Зардпарвини ҷигар ва механикӣ аксар вақт ҳамроҳ бо хунравии зиёд дар асари халалдор шудани функсияи ҷигар ҷараён мегирад.
Ниҳоят, сабаби хунравии роҳи ҳозима мумкин аст, ки ҳолатҳои гуногуни дарднок бошанд, ки ҳангоми онҳо бемориҳои узвҳои ҳозима дида намешаванд. Масалан, ба ин авитаминоз, бемориҳои хун (гемофилия, полистемия, бемории Верлгоф), бемории рагҳо (зиёд будани гузаронандагии девораҳои онҳо барои баромадани хун). Аз ҷумла дорувориҳо салисилатҳо ва аспирин бештар боиси хунравӣ мешавад.
Пайдо шудани қайи хунолуд ё дар наҷосат вуҷуд доштани хун (сурхи равшан ё сиёҳранг) симптоми ҷиддӣ аст, барои ҳамин ҳам, дар ҳолати пайдо шудани онҳо ёрии фаврии табибон зарур аст.
Астсит (истисқои шикам, дарди обхўрак)
Астсит (Aseites)-ҷамъ шудани моеъ дар ковокии шикам аст, он дар шакли вазнинӣ дар шикам, дамиш ва калоншавии он зоҳир мешавад. механизми пайдошавии астсит вобаста аз хусусияти бемории асосӣ фарқ мекунад. Чунин сабабҳои пайдо шудани астсит мумкин аст: илтиҳоби шикампарда, рукуди варид, душвор шудани маҷрои лимфа, бемории саратонии шикампарда, ба ковокии шикам дохил шудани талха ё хун.
Механизмҳои пайдошавии астсит мураккаб буда, то охир омўхта нашудааст, якчанд ҷузъи ни протсессро ҷудо кардаанд. Ҳангоми сирози ҷигар фишор дар роҳои калони варидӣ (вариди баввоб, варидҳои испурч) баланд мешавад, ки ин боиси аз тариқи девораҳои капиллярҳо ба ковокии шикам чакидани қисм моеи хун мегардад. Барои рух додани ин раванд дар хун кам шудани эритроситҳо мусоидат мекунанд. Халалдор шудани функсияи гурдаҳо ва фаолнокии гормоналии қабати қишрии фавқулгурдаҳо яке аз омилҳое мебошад, ки боиси дар ковокии шикам ҷам шудани моеъ мегарданд. Илтиҳоби шикампарда, гузаронандагии капиллярҳоро зиёд карда, боиси пайдошавии астсит мешавад.
Сабабҳои пайдошавии астсит ҳангоми илтиҳоби шикампарда (перитонит) инҳоянд: перфоратсияи захми меъда ва рўдаҳо, анпендитсити шадид, холесистити шадид, халаи решӣ, сил.
Сабабҳои рукуди варидӣ ва ба вуҷуд омадани астсит гепатити музмин, сирози ҷигар, норасоии дил ба ҳисоб мераванд.
Астсит ба вазъи саломатӣ таъсири нохуб мерасонад. Вуҷуд доштани вай кори дилро душвор ва функсияи гурдаро бад мекунад. Ғайр аз ин, организми одам бо сафедаву намакҳои маъданӣ муттаҳид мешавад. ҳангоми пайдашавии атсит машварати табиб зарур аст.
Дисфагия (Dysphagia – душворшавии қурткунӣ, балъида)
Дисфагия ин халалдор шудани амали қурткунӣ ҳангоми гузоштани эизо аст. Дисфагияи баланд ва паст (сурхрўдагӣ) мавҷуд аст. Дисфагияи баланд душвор будани қурткунӣ ҳангоми мўҳтавои ғизо аз ковокии даҳон ба сўрохии сурхрўда гузоштан ба шумор меравад. Вай аснои баъзе бемориҳои ковокии даҳон, забон ва балъум дида мешавад. Зери мафҳуми дисфагияи паст (сурхрўдагӣ) халалдор шудани гузаронандагии гўрдаҳо дар сеяки мобайнӣ ва поёнии он фаҳмида мешавад. бемор хуб «қурт мекунад» вале луқмаи ғизо бо суръати маъмулӣ ба меъда намеравад, дар сурхрўда банд мемонад, дар паси туш фишор ва дардро ба вуҷуд меорад, баъзан пас аз якчанд вақт вай боз ба ковокии даҳон бармегардад. Ғизои моеъ ва шавламонанд осонтар қурт карда мешуд назар ба ғизои сахт ва хушк. Барои ҳамин ҳам аснои дисфагия дар бисёр мавридҳо равиши симптомҳо чунин мешавад: дар аввал танҳо қурт кардани хўроки сахт пайдо мешавад, ки аз болояш об нўшиданро талаб мекунад, минбаъд бемор маҷбур мешавад, ки ғизои шавламонанд ва моеъ истеъмол намояд. Беморон дар қитъаи шохаи ханҷаршакл банд мондани хўрокро ҳис мекунанд ва ба эҳсосоти фишори дарднок монанд аст. Ин эҳсосот ба зудӣ, баъди ба меъда дохил шудани ғизо нест мешавад. баъзан беморон вазъи бадани худро дигар карда, ба худашон ёри мерасонанд.
Дисфагия метавонад, ки дар натиҷаи осебҳои функсионалӣ ё органики сурхрўда, ҳамчунин онро аз берун фишор додан аснои бемориҳои узвҳои дигари қафаси сина ба вуҷуд биёяд.
Ҳангоми осебҳои функсионалии сурхрўда дисфагиа доимӣ нест ва гузаронида мебошад, ба таври хуруҷмонанд мегузард, маъмулан ҳангоми саросема хўрок хўрдан ё ҳаяҷон ва ғ. пайдо мешавад. Дар чунин ҳолатҳо давомнокии дисфагия кўтоҳмуддат аст ва аз сифати ғизо вобаста нес. Дар фосилаи байни спазмаҳои сурхрўда – қурткунӣ мўътадил аст. Ба сабабҳои органикӣи дисфагия омосҳо, захмҳо, тангшавии дандонавӣ (издор), дивертикулҳо, носури сурхрўда ва эзофагитҳо
(бемориҳои илтиҳобии сурхрўдаҳо) дохил мешаванд. Дисфагия инчунин ҳангоми фишорёбӣ ё сурхрўдаро беҷо кардани ғадуди сипаршакл, омосҳо, ё думмалҳои миёндевор, аневризмаи абҳар, перикардит ва плевритҳои экссудативи низ пайдо шуда метавонад. Дар ёд доштан зарур аст, ки ҷисми бегонаи сурхрўдаро ҳамчун яке аз сабабҳои амали қурткунӣ ҳисобидан мумкин аст.
Дисфагиае, ки муддати тўлонӣ вуҷуд дошта бошад, боиси атомияи сурхрўда ва лоғаршавӣ мегардад.
Дисфагия – симптоми номахсусест, ки ба ҳамаи бемориҳо таалуқ дошта метавонад. Барои ҳамин ҳам ҳангоми халалдор шудани амали қурткунӣ муоинаҳои ҷиддии клиникӣ, аз ҷумла арзёбии статуси психики патсиент барои истисно кардани халалёбиҳои психогении функсияи сурхрўда зарур аст. Ҳангоми дисфагия таҳқиқотҳои рентгенологӣ ва эндоскопӣ ҳатмист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё