«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Духтар ҳамчунин кард. То бастани пойи Доробшо мадҳушон ба ҷунбиш даромаданд. Сардори даста фармон дод, ки онҳоро ба аспҳояшон савор кунанд.
– Чанд молу гов дорӣ? – пурсид ӯ аз Беҷодамо.
– Як гов бо гӯсолааш, даҳ бузу гӯсфанд.
– Молу говашро ба қалъа мебарем, – ва андак таваққуф карду гуфт, – худашро ҳам.
Навкарон ба оғил давиданд. Якеашон пурсид:
– Хонаро чаппа кунем?
– Не, раҳ дур, чӯбашро бурдан душвор, бигзор истад, – ва ба Беҷода рӯ овард: – Чизҳои заруриатро бигир, туву холабачаатро ба дарбор мебарем.
Доробшо аз шунидани ин гап ба ҷунбиш даромада, наърае зад. Сардор ба ӯ хитоб кард:
– Дандон гиз накун, муштзӯр. Худо гӯ, ки саратро аз тан ҷудо накардам.
Беҷодамо бухчае дар даст аз хона баромад, дарро лук1 заду ашкрезон гову молашро ҳай карда, пеш-пеши саворон ба роҳ даромад. Доробшо бо дастони баставу каманди ба миёнаш маҳкам лангон-лангон аз паси аспи сардор ҳаракат кард.
Барои Доробшо ва духтари дӯстдоштааш Беҷодамо талхтарин рӯзҳои зиндагӣ сар шуданд. Беҷодаморо бо гову молаш рост ба «дарбор»-и Муҳаббатхон бурданд, ки дар ҳавлии ободи оқсақоли ҳоло қалъабандони Вомар воқеъ буд. Доробшоро дар сарои пушти ҳавлӣ ҳабс карданд, духтарро рост ба хонаи Муҳаббатхон дароварданд. Муҳаббатхон марде буд қоматбаланд, кулӯтариш, серҳаракат, чашмонаш моил ба тангӣ, биниаш сергӯшти андаке пучуқ, ишкамаш дамида. Абрувони сермӯйи ғафсаш аз он шаҳодат медоданд, ки аз мардуми маҳаллӣ нест. Дар танаш камзӯли хокистарие дошт, ки гиребону остинҳояш зардӯзӣ буданд. Ба ҷуз шоҳ боз се марди дигар дар қӯшхона нишаста буданд. Муҳаббатхон духтари чашмонаш аз гиря сурхидаву рӯяш варамро бо нигоҳҳои бадхашмонаи тунд дақиқае муоина кард ва пурсид:
– Дар қалъа кӣ дорад?
– Бародараш навкар аст, шоҳам, – ҷавоб дод сардори даста.
– Чандсола аст?
– Ҳаждаҳ, шоҳам.
– Кӣ дорад?
– Ятим аст, як холабача дорад, ки ба бандихона фиристодам.
– Ба бандихонаи занон баред, – амр дод шоҳ.
Сардор аз остини духтар гирифта, аз ҳавлӣ бароварду пас аз гузаштани се хона ба ҳавлии калоне овард, ки мардум онро
«боҷхона» мегуфтанд. Ба тақ-тақи дар зане баромад. Сардор
Беҷодаморо беозор ба ҷонибаш тела доду гуфт:
– То амри шоҳ нигоҳ дор, валъамат.
Зан духтарро зуд ба хона даровард ва ба сардор гуфт:
– Тасаддуқ, албатта, до Додихудо.
Боҷхона аз дигар иморатҳои деҳа бо он фарқ мекард, ки ҳавлии калоне бо ду дарвоза дошт. Он майдони бузургеро ишғол мекард ва танҳо одамони боэътимоди ҳокими Рӯшон ба он иҷозаи вуруд доштанд. Беҷодамо танҳо ҳаминро медонист, ки хироҷи аз мардум ҷамъовардаро ба ин ҷо оварда месупурданд.
Зан номи Беҷодамо ва аслу насабашро пурсиду дигар ҳарфе назад. Қуфли оҳании дареро кушода, ӯро даруни хоначаи торике тела доду дарро қуфл кард. Беҷодамо дар ин ҳуҷраи нимторик ҳамроҳи нуҳ зан, ки аз бист сол зиёд надоштанд, андаке бештар аз ҳафт моҳ нишаст. Ба бандиҳо дар як шабонарӯз як хӯроки атоламонанди бемазза медоданду ба андозаи гӯши одам нони арзании дандоншикан. Дар маҳбас Беҷодамо фаҳмид, ки шумори занону духтарони бандӣ дар боҷхона аз саду панҷоҳ нафар зиёд буда, ҳамаашонро рӯзи сиёҳ интизор аст. ДАР ОҒИли бАНДАЙшо
Додихудо Доробшоро хеле бозпурсӣ кард. Чун мутмаин гашт, ки ҷавон дар ҳақиқат ҳам аз умури дарбору дарбориёни
Юсуфалихон дур аст ва муқобилаташ танҳо ба хотири дифоъ аз номуси духтари холааш будааст, амр дод, ки ӯро дар оғили
Бандайшо бандӣ кунанд. Пеш аз фиристоданаш ба маҳбас ба китфаш тап-тап заду гуфт:
– Боракаллоҳ, бачаи диловар ва паҳлавон будаӣ. Ҳамин хел бош.
Доробшо аз ин меҳрубонии ногаҳонӣ каме рӯҳбаланд гашт ва то расидан ба маҳбас раҳораҳ ба худ андешид, ки чаро ду нафар навкари ин мардро майиб карда бошад ҳам, ба ҷойи ҳақорат ба ӯ офарин хонд.
Бандайшо яке аз кордорони1 дарбор будааст, ки худ дар қалъабандон мондаву зану фарзандонашро бо амри Муҳаббатхон ҳабс карда, оғилашро барои шахсони шубҳанок ба зиндон табдил додаанд. Дар чаҳор хоначаи ин оғили танги бадбӯй бисту се нафар бандӣ дар болои пахол хуфтухез мекарданд.
Дар бому дараш якнафарӣ навкари камону шамшердор посбон меистоданд. Навкарон Доробшоро дарун тела дода, дарро бастанд. Ӯ то одат кардани чашмонаш ба торикӣ дар кунҷе истод. Бандиҳо баъзе болои охур, иддае болои фарш нишаста, қисме суҳбат мекарданд, нафароне хобидаву чанде танҳоиро авло дониста, ғарқи фикру хаёлоти худ буданд. Вай дилу бедилон хоначаҳоро як-як аз назар гузаронд ва ба пурсишҳо посухе надода, билохира дар паҳлуи марди солхӯрдае нишаст. Мард калонсол тобад ҳам, на дар сар тори сафеде дошт, на дар риш.
– Заданд? – пурсид мард ба рони Доробшо ишора карда.
– Бале, – кӯтоҳ ҷавоб дод Доробшо ва акнун дарёфт, ки пояш месӯзад.
Мард почаи шалворро боло кард ва ҷойи захмхӯрдаро бодиққат аз назар гузаронд. Беҷодамо захмро баста бошад ҳам, хунаш ҳанӯз мезаҳид.
– Ҷӯра, ин хел намешавад, ҷароҳатат омос мегирад ва дур нест, ки бепой бимонӣ.
– Чӣ кунам?
– Тоқат кун.
Мард аз намадаке, ки дар болояш менишаст, порае канд, чахмох бароварду дар хаспораҳо оташ афрӯхт ва пораи намадро сӯзонда, ба ҷароҳат пахш кард. Доробшо лабҳояшро ба дандон газида, сӯзиши дардро фуру бурд. Мард бо дастор ҷароҳатро хеле моҳирона басту сипас ба таги равзан рафта, фарёд зад:
– Сафедак, ҳо Сафедак!
Посбон сари равзан омада, пурсид:
– Чӣ гап дорӣ, до Шодаврон?
– Бигӯ ба ман тутпису шилми камол биёранд.
– Чӣ мекунӣ?
– Бисёр лозим аст, фаҳмидӣ?
– Дар ивазаш чӣ медиҳӣ?
– Лали гову саргини хар, аблаҳ.
Сафедак баланд хандид ва гуфт:
– Медонам, аз ту ҳамин қадар чиз мебарояд, мӯсафед. Шаб ягон суруди ошиқона бихон, ман – розӣ.
– Бошад, мехонам, лекин ту фаромӯш накун, ошиқи бетавфиқ.
Шодаврон назди Доробшо омад ва гуфт:
– Бачам, агар андомат беқувватӣ кунад, захмат дер шифо меёбад. Барои ҳамин бояд тутпис бихӯрӣ.
– Сипос, падар, барои ғамхориат, лекин аз шилми камол дилам беҳузур мешавад.
– Бачам, шилмро намехӯрӣ, онро ба захмат мемолам, ки варамашро бигардонад. Акнун, коре карда, хоб рав. Доробшо ҳарчанд кӯшид, мижа таҳ карда натавонист. Ҳарчанд ба чизҳои дигар андешиданӣ мешуд, хаёлаш аз ҳама ҷониб ба сӯйи Беҷодамои зебову раъно мебурд. Меандешид, ки вайро ба куҷо бурда бошанд. Худо накарда, доманашро ҳаром созанд, барои Доробшо зиндагӣ дигар маъное дошта наметавонад. Агар сардори навкарон намебуд, Доробшо сарбозонро ё мекушт, ё зада маслуқ мекарду дилдорашро гирифта мегурехт. Вале, афсӯс, Додихудо аз ӯ бақувваттар баромад. Афсӯс…
Сад дареғ, ки Беҷодамои азизашро ҳифз карда натавонист. Аз ғояти хорӣ муштонашро гиреҳ басту чунон дандонҳояшро ба ҳам совид, ки ғиҷиррос заданд. Ва фарёди гиреҳхӯрдааш ба нимовоз аз қафаси сина берун ҷаҳид:
– Ман ин шуғниҳоро мекушам!!
Шодаврон нидои ҷавонро шуниду ба сӯяш хам шуда, бо меҳрубонӣ пурсид:
– Киро куштаниӣ, писарам?
Даробшо барои аз даст рафтани инони ихтиёраш хиҷолат кашид ва нимшунаво гуфт:
– Ҳеҷ касро. Дигар фурсат аз даст рафт.
– Дар бораи куштани посбонҳо фикр ҳам накун, бачам. Инҳо ҷавонони бад нестанд. Гапи моро мегиранд, ёрӣ медиҳанд. Баракс, дилашонро ба даст ор. Ғайр аз ин, агар ягон нафарашонро озор диҳӣ, калонтарҳо рӯзатро аз ин бадтар мекунанд.
Ин гапи Шодаврон, ба ҷойи таскин бахшидан, аламҳои дили Доробшоро тоза кард. Ӯ эътироз намуд:
– Падар, охир ин шуғнониҳо чӣ ҳақ доранд, ки омада, дар мулки мо бедодӣ кунанд? Мардумамонро бехонаву дар, боғу роғамонро талаву тороҷ намуданд, ба модару хоҳаронамон ҳар гуна шайтанатро раво мебинанд. Намемонанд, ки дар ватанамон гаштугузор кунем!
Суханҳои нафратомези Доробшоро шунида, бандиён якяк ба назди ӯ ва Шодаврон омадан гирифтанд. Ҷавон мегуфту онҳо хомӯш ба гапаш гӯш дода, ҳар як ҳарфи таболудашро тасдиқ намуда, сар меҷунбонданд. Доробшо гапи дили онҳоро мегуфт.
– То ба кай дар оғилҳои торик нишаста, мунтазир мешавем, ки ин тоифа ба мо боз чӣ ҷабре раво мебинанд? Магар мо ҳайвонем? Агар ҳамаи мо яку якбора ба шуғниҳо ҳуҷум кунем, бовар кунед, ягон нафарашон аз Рӯшон ҷон ба саломат намебарад.
Дороб гуфту гуфту гуфт, он чи дар дил дошт, бо овози баланд ба забон овард, сӯзи дарунашро паст кард ва охир хомӯш шуд. Бандиён гапҳои ҷавони ношиносро дар тарозуи ақлашон баркашида, ҳар яке даҳани дигареро мепоид, ки ӯ ба ин андешаҳои аҷибу ғариб чи баҳо медода бошад.
Хомӯширо Шодаврон, ки аз ҳама солмандтар буд, шикаст.
– Писарам, номат чист, аз кадом деҳӣ?
– Аслан аз деҳаи Баҳррӯшонам. Номам Доробшо, падарам
Гардоншо дар ҷанг шаҳид гашту хоҳарамро дарвозиҳо ба канизӣ бурданд. Ман ятими саргашта шудам.
– Сабаби бандӣ шуданат чист?
– Шуғниҳо ба хонаи духтари холаам ҳуҷум оварданд, ман ӯро ҳимоя кардам, – кӯтоҳ ҷавоб дод Доробшо ва аз тафсири қисса худдорӣ намуд.
– Падаратро мешинохтам, худораҳматӣ човандози моҳир буд. Шаҳид шуданашро ҳам медонам. Лекин ба шаҳид гаштани падарат дарвозиҳову ба бандӣ шудани худат шуғнониҳо айбдор нестанд. Ман дар тамоми ин мулкҳо будам ва медонам, ки халқи фақир дар ин ҷангу бедодҳо даст надорад. Ҷангандоз шоҳону амалдоронанд. – Ва қадре овозашро паст карда, суханашро давом дод. – Ҳоло шумо ҳамаатон хаёл мекунед, ки Шуғнон бо Рӯшон ҷанг дорад. Не, ин фикр тамоман ғалат аст. Шоҳи Шуғнон
Муҳаббатхон мехоҳад ҳокимияти Рӯшонро аз дасти бародараш
Юсуфалихон кашида гирад, вассалом. Ҷанг байни ин ду бародар меравад, на байни халқ. Ин гап барои ҳозирон чунон ногаҳонӣ ва аҷиб буд, ки гӯё шуълаи барқе боми оғилро шикофта, дили ҳар як бандиро равшан карда бошад.
– До, лекин гапи нодуруст задӣ, – мулоим эътироз кард як бандии чиҳил-чиҳилу дусола, ки доим дар даст тасбеҳ дошт ва зери лаб ҳама вақт зикр мекард. – На шуғниҳо гунаҳкоранд, на Муҳаббатхону Юсуфалихон. Ҳама чиз дар дасти Худованд аст ва бо ризоияти ӯст. Тақдирамон ҳамин будааст, ношукрӣ накунед.
Ин тарзи муҳокимаронӣ ба нишастагон магар бештар писанд омад, ки «ҳа, бале», «гапи мулло дуруст» гӯён, сухани ӯро тасдиқ намуданд. Шодаврон дид, ки шунавандагон мулло Мусаввиршоро тарафгирӣ карданд, каме ранҷид ва ба ҳимояи худ бархост.
– Гапи Мусаввиршо, албатта, дуруст аст, аммо Худои таоло ба бандагонаш танҳо некӣ ва меҳрубонӣ раво мебинад. Бадиву ҷаҳлу зулм кори шайтон аст, лиҳозо, бандагон набояд мутеи кирдори шайтони раҷим гарданд. Пири мо Носири Хусрав мефармояд, ки:
Зи нодону зи ноҷинсу зи нокас
Ба шаб бигрезу мангар ҳеҷ бар пас.
Шумо медонед, ки аз дасти ман ба ғайр аз суруд хондану хуш кардани вақти мардум кори дигаре намебарояд. Дар шаст соли зиндагиам ба касе бадӣ накардаам. Шуғнон, Вахон, Зебок, Ишкошим, Бадахшон ва Дарвозро деҳа ба деҳа гаштаам. Бо ҳамин ғижакам сури тамоми тоифаи мардумро обод кардаам. Дар ягон мулк аз халқ бадие надидам. Лекин шоҳҳо ба ман чӣ карданд?
Дар сури шоҳ Абдураҳимхон се рӯз хизмат кардам, медонед, подошам чӣ шуд? Занамро аз ман ҷудо карда, ба никоҳи худ даровард. Он вақт бисту як сол доштам. Бо занам ҳамагӣ ду моҳ хонадорӣ карда будам. Чашми шоҳи ноинсоф дар боғ ба он соҳибҷамол афтид, имонашро шикаст ва маро бехонумон кард. Ҳоло ҳам ҷурмам ин аст, ки дар базмҳои Юсуфалихон суруд мехондам. Магар барои хондани суруд одамро ба зиндон меандозанд?
Ба ин суханони Шодаврон касе чизе нагуфт. Гапаш ҳақ буд, вале зиндон ҷойе набуд, ки дар ҳақи шоҳу ҳокимон бадгӯйӣ кунанд. Девор муш дошту муш – гӯш.
Шодаврон аз даруни ҷилди пӯстин ғижакашро баровард, гӯшакҳояшро тоб дода, торҳояшро ҷӯр кард ва ин суруд хонд:
Эй кавги хушхиром, ба дунё хуш омадӣ,
Бо нозу ишвае ту ба ин ҷо хуш омадӣ…
Овози ӯ бағоят ширадору гуворо буд. Доробшо ончунон мафтуни замзамаи латифи мӯсафед гашт, ки дарди поро ҳам аз ёд баровард. Бо тараннуми ҳар мисраъ дар дилаш ба ёди Беҷодамои зебо оташаке мавҷ мезад, ҳасрат, умед, меҳрубонӣ, дилсардӣ, садоқат лаҳза-лаҳза дар кунҷу канори замираш ҷой иваз мекарданд. Ҳофиз панҷҳарфаро1 ба охир овард ва ба ғазал гузашт:
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро!
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро…
Ду-се нафар ба ӯ ҳамовоз шуданд. Касе тағораи чӯбӣ гирифт ва ба ҳавои суруд доира навохт, ду нафар ба рақс бархостанд, дигарон чапак зада, базмро гармтар сохтанд. Ҳама ғаму андӯҳи маҳбаси зулмониро фаромӯш карданд. Вақте Шодаврон сурудро бо оҳанги якбайта2 ба охир расонд, бандиён ба таҳсини ӯ овоз баланд карданд:
– Шаҳ бош!
– Боракаллоҳ!
– Забон булбул!
– Гӯё бош!
Ҳангоме ки ҳама сокит шуданд, посбон дарро кушод ва фарёд кард:
– Шодаврон, чизе, ки фармудӣ, оварданд.
Мӯйсафед аз дасти посбон тугунчае гирифта, изҳори миннатдорӣ кард ва нишасту онро кушод. Дар он ба ғайр аз шилми камолу тутпис дар халтае гандумшӯрак низ ниҳода буданд. Вай хӯрданиро ба ҳамроҳонаш баробар тақсим намуда, тутпису шилмро ба Доробшо доду гуфт:
– Тутпис моли туст, бо касе тақсим накун. Шилмро аз пагоҳ сар карда, ҳар рӯз худам ба ҷароҳатат мемолам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё