«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Девонбегӣ ҳамёнро ба кисабағалаш андохту қаноатманд суҳбаташро идома дод:
– Киро фиристодӣ?
– Ғазанфари ғундиро.
– Оне, ки барои шоҳ асп оварда буд?
– Худи худаш.
– Моро намефурӯшад?
– Не, сойиб. Ман вайро аз кӯдакӣ мешиносам. Одами худӣ.
Оварду ҳамон соат роҳи Ғундро пеш гирифт. Гуфтам, ки то ман пайғом нафиристам, дигар ба ин тарафи дарё нагузарад.
– Кори оқилонае кардӣ, дӯстам. Акнун бовар дорам, ки корамон барор мегирад.
– Худо бо мазлумон аст, – гуфт Ширинбек. – Худатро эҳтиёт кун.
Агар кори дигаре пеш омад, одам фирист. Ягона пушту паноҳи мо – Ҷаҳонгири гурд дигар нест. Умеди мо фақат ба ту мондааст.
– Дар Баҳшор одам ҳанӯз бисёр аст? – пурсид Қозӣ.
– Кам мондааст. Ҳамин шаб мансубаи паҳлавонро мегузаронанд. Дигар, Худо медонад, шӯришгарон чӣ мекунанд?
– Бовар дорам, ки фарҷоми кор нек мешавад, – пешониашро молида, гуфт девонбегӣ. – Сари роҳ оқсақолонро гап зан, ки мисли худат ба сипоҳи шоҳ озуқа биёранд.
– Ба ҷонам, андувол, – чашмбандии навбатии девонбегиро маъқул дониста, гуфт Ширинбек.
Наздики офтобпар оқсақол аз хонаи Қозӣ баромада, хайрухуш кард. Девонбегӣ ба дӯсташ як намаксанги калонро, ки
Отизул барояш аз Марғов оварда буд, потахсӣ дод. Оқсақол улоғи дуюмро кутал карда, ба аспи худ савор шуду роҳи Демурғонро пеш гирифт.
Девонбегӣ ба хона даромаду ҳамёнро кушод. Моддаи зардранги дохили он баробари се чимдӣ нос буд. Ӯ нақшаи чи тарз ба хӯроки шоҳ заҳр андохтанро бори дигар дақиқан дар хаёлаш пухт. Сипас ҳамёнро ба киса гузошту берун баромад ва ба сипаҳдор амр кард, ки дар бораи шӯришгарони бозгашта махфӣ маълумот ҷамъ оварда, шаб даҳ нафарашонро асир бигирад. Бегоҳ гӯсфанд кушту афсарони сипоҳро, ки шаш нафар буданд, зиёфати хос дод. Бо онҳо на чун мансабдор, балки ба мисли як мизбони одӣ аз ҳар дар суҳбат кард. Муносибаташ он қадар одӣ ва самимӣ буд, ки меҳмонон дар ҳайрат монданд. Ӯ адолат, некӣ, инсондӯстӣ, хирадмандӣ ва маҳорати раҳбарии
Муҳаббатхонро хеле сутуд ва дар охир чунин насиҳат кард:
– Мо бояд барои шоҳ ҷонамонро дареғ надорем. Шахсан ман аз баҳри ҳама чиз гузаштаам. Шоҳ дуруст кард, ки ба муқобили хешу таборам худи маро фиристод. Ман ба ягон нафарашон раҳм намекунам. Аввал хеш, баъд дарвеш гуфтаанд.
Ҳоло навбати дигарон ҳам мерасад.
Зиёфат то як поси шаб давом кард. Қозӣ меҳмонҳоро гуселонду пас аз гардиши кӯтоҳе дар ҳавои серун хоб рафт. Навкарон то субҳ бе овозаву дарвоза даҳ нафар шӯришгарро дар хонаҳояшон дастгир карда, ба урдугоҳ бурданд.
Қозӣ қариби субҳ хоби даҳшатноке диду бо таҳлука бедор шуд. Хоб дид, ки оқсақол Сафар аз ришаш дошта, ӯро бо худ аз шахи Саройи санг ба дарё афкандан мехост. Ҳарчанд зӯр зад, ришашро раҳо карда натавонист. Аз чашми рости Сафар хун метаровиду чашми чапаш бо нафрат ба ӯ менигарист. Қозӣ аз тарс бедор шуд ва хоб будани ҳодисаро дарк намуду шукрона кард. Берун баромад. Дилаш тангӣ мекард. Осмони софи тобистон аранге равшан шуда буд. Танҳо ситораҳои пурнур асроромез чашмак мезаданд. Қозӣ хобашро мулоҳизакунон ба лаби ҷӯй рафта, вузу гирифт. Ба руъё омадани оқсақол Сафар чӣ маънӣ дорад? Сафар бо Муҳаббатхон даст ба гиребон шуда, мехост шоҳро бо худ ба дарё афканад. Девонбегӣ ин афтударафтро аз болохона тамошо карда буд. Росташ, бисёр мехост
Сафар Муҳаббатхонро ба ҷарӣ андозад. Агар хизматгорон як дами дигар даранг мекарданд, Шуғнон аз зулми Муҳаббатхон халос мешуд.
«Шояд таъбираш ин бошад, ки ҷони Муҳаббатхон дар дасти ман аст? Кореро, ки оқсақол Сафар анҷом дода натавонист, ман бояд анҷом бидиҳам?». Бо ҳамин фикру хаёл Қозӣ ба хона даромад ва намози бомдодро хонду дар ҳаққи оқсақол дуо кард.
Наздики чоштгоҳ Муҳаббатхон сипоҳи музаффари Қозиро дар майдони Саройи санг бо хушнудӣ истиқбол гирифт. Девонбегиро канор гирифту ба нишони миннатдорӣ ханҷари дастааш нуқрапӯш ҳадя кард. Девонбегӣ даҳ нафар ҳамдеҳаи асирашро ба шоҳ нишон доду гуфт:
– Ваъдаамро иҷро кардам. Асиронро ба ту месупорам, шоҳам.
Шоҳ онҳоро аз назар гузаронда, бонг зад:
– Эй кӯрнамакони сиёҳтолеъ! Чунон ҷазое ба шумо диҳам, ки ҳафт пуштатон номи Муҳаббатхонро шунавад, заҳракаф шаванд. – Ва рӯй ба девонбегӣ овард: – Ду рӯз сури ғалаба медиҳем, баъд бо ин ноҷинсҳо машғул мешавем.
Шоҳ амр кард, ки тамоми муқаррабони дарборро ба зиёфат даъват намоянд. Сипас бо Қозӣ дар бораи вазъи баамаломада суҳбати алоҳидае карду ба ҳуҷраи хоси худ рафт. Девонбегӣ либос иваз намуда, барои бо чашми худ дидани омодагии зиёфат ба матбах даромад. Ба Малакбоз ва зердастони ӯ барои рангоранг сохтани дасторхон супоришҳо доду ба ҳуҷраи худ баргашт.
Пас аз намози пешин аъёну ашроф ҳамагӣ дар боргоҳи шоҳ сари дасторхон нишастанд. Шоҳ ба ифтихори ғалаба ҳатто кӯзаи шароби тутиро ҳам ба дасторхон роҳ дод.
Дар чунин маъракаҳо девонбегӣ дасторхондорӣ мекард.
Қозӣ меҳмононро пазируфта, амр дод хӯрок биёранд. Дамламаи шавдегӣ аз гӯшти нахчир бо бӯйи хушаш иштиҳо меовард. Девонбегӣ косаи аввалро ба назди шоҳ гузошту даст ба дуо бардошт:
– Дуои давлати подшоҳ, теғаш буро, забонаш гӯё, душманаш зери по, омин, Аллоҳу Акбар!
Ҳама бо нидои «Аллоҳу Акбар» даст ба рӯй кашиданд. Бонак ва Малакбоз ба назди меҳмонон хӯрок гузоштанд. Шоҳ ҳозиронро як-як аз назар гузаронд, сипас кӯзаро ба дасти Малакбоз дод ва гуфт:
– Бигузор гуноҳи мо ба гардани ту бошад. Шароб каш!
Малакбоз аввал ба шоҳ, баъд ба дигарон шароб рехту кӯзаро боз дар пеши Муҳаббатхон гузошт. Шоҳ ҷом бардошт ва гуфт:
– Ман инро барои садоқати ҳар яки шумо менӯшам. Бояд гӯям, ки Қозӣ-девонбегӣ барои мо хизмати фидокорона кард.
Ба хотири давлат аз сари хешу табораш гузашт. Фардо қалъаи Баҳрпанҷаро аз душман озод мекунем ва ман танхоҳи наверо ба девонбегӣ тақдим медорам. Боракаллоҳ!
– Шогун шавад! – нидо доданд аҳли нишаст ва ҷом ба лаб бурданд.
Шоҳ то охир шаробро дам кашид. Дигарон ҳам ба ӯ пайравӣ карданд. Қозӣ ҳаққашро ба даҳон бурду дилаш беҳузур шуда бошад ҳам, нисфашро нӯшид. Шароби пурзӯр пас аз чанд дақиқа корашро кард: ҳама сархуш гаштанд. Табъи Муҳаббатхон чоқ шуд. Вай гӯштобаи бомазаро пуфкунон то охир хӯрду боз даст ба кӯза бурд. Қозӣ ҷоми ӯро пур карда, ба дигарон ҳам шароб кашид.
– Шавдегии болаззат пухтаӣ, Малакбоз! – ба хонсолор рӯ овард шоҳ. – Боз як коса биёр.
– Ба чашм, шоҳам, тасаддуқ, – гуфт Малакбоз ва косаи шоҳро гирифта берун давид.
Қозӣ шоҳу муқаррабони сархушашро аз назар гузаронду зери лаб гуфт: «Ё ҳоло, ё ҳеҷ гоҳ!». Ва косаи холишудаи худро бардошту оҳиста берун баромад. Роҳравро гузашт, ки Малакбоз дучораш омад. – Малак, косаи шоҳро ба ман деҳу косаи маро пур карда биёр. Аҷоиб шӯрбое пухтаӣ, тасанно!
Малакбоз ширин хандиду косаро иваз карду баргашт. Девонбегӣ заҳрро зуд аз кисабағал берун оварда, ба шӯрбо рехту бо дастаи чумчае, ки аз сари дасторхон дар киса ниҳода буд, омехт. Заҳр дар як дам маҳлул гашт. Қозӣ чумчаро ба киса андохту косаро дудаста қапида, ба боргоҳ даромад. Шоҳ сарашро луч карда буду ба девор такя дода, гап мезад. Қозӣ косаро наздаш гузошту бо нимтаъзим худро қафо кашид ва рост истод.
– Бишин, Қозӣ, – муроот кард шоҳ, – диловариеро, ки ту кардӣ, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. – Ва мастона қоҳқоҳ заду афзуд: – Аз он ки моиндарам Гулузорро ба амакат… Номаш чӣ буд?
– Шоҳабдулғаёс, – ҷавоб дод Қозӣ.
– … ҳа, Абдулғаёс додам, пушаймон нестам.
Ба ин шӯхии шоҳ ҳама хандиданд. Шоҳ давом дод:
– Охирин канизи ҷарташро1 ба Бонаки ноҷинс туҳфа кардам. Лекин ин ношукри ношуд намедонад, ки бо зан чи кор мекунанд.
Садои қаҳқаҳ ҳавои хонаро ларзонд.
– Кӯрро к… додаанд, гуфтааст мӯй дорад, – аз ханда нафасгир шуда, давом дод Муҳаббатхон. – Ё ягон бор дилат ба вай ҷӯш зад, Бонак?!
Бонак дузону зад ва гуфт:
– Не, шоҳам.
Гулдурроси ханда боз ба ҳаво печид.
Шоҳ аз ғояти мастиву ханда суп-сурх шуд. Малакбоз ҳам даромад ва косаи девонбегиро ба дасташ дод. Қозӣ онро ба дасторхон гузошт ва аз он ки ҳушу ёди шоҳ ба ширинкорӣ банд гашт, хавф бурд, ки аз хӯрдан даст кашидааст. Аз ин рӯ, ба Малакбоз хитоб кард:
– Малак, ба меҳмонон нигоҳ кун, шояд касе дубора аз ин Шоҳ ба дасторхон мутаваҷҷеҳ шуд.
– Таббохи асил шудаӣ, Малак, – мавзӯи суҳбатро дигар кард шоҳ. – Ба Бонак бештар хӯрон, ки имшаб коре карда тавонад. Рости гап, ман ҳам бояд ҳарчи бештар бихӯрам. Ман ҳам домоди нав…
Ҳозирон хандиданд. Шоҳ косаро бардошту шӯрборо ҳурт кашид. Сипас бо чоқу гӯшт пора карда, бо иштиҳо хӯрдан гирифт.
«Тамом, кори шуданӣ шуд», – бо изтироб аз дил гузаронд Қозӣ ва ба Малакбоз амр дод:
– Шароб бирез!
Малакбоз бо ҳаракати зебо аввал ба шоҳ, сонӣ ба дигарон шароб рехт. Муҳаббатхон ҷомро то охир нӯшид ва мастона нидо кард:
– Фардо Отизули буздилро ҷазо медиҳам. Бо як пирамарду як кӯдак басомад накард. Тфу! Боз сипаҳсолораш таъйин кардам. Нест бод душмани…
Банохост ҷом аз дасташ афтод. Баданаш ларзиду рангаш канд. Қозӣ ба як ҷаҳиш худро ба Муҳаббатхон расонду рӯйи кӯрпачааш хобонд. Меҳмонон саросема бархоста, ба таҳлука афтоданд. Девонбегӣ гуфт:
– Шоҳ маст шуд, илтимос, танҳояш гузоред.
Ба ҷуз Малакбоз, Бонак ва Қозӣ дигарон хонаро тарк карданд.
– Наход шароб ин хел кунад, а? – бо хавотир суол кард Малакбоз.
– Албатта, шароб, – посух дод Қозӣ, – шоҳ ин қадар шароб намехӯрд.
Малакбоз ба рӯйи Муҳаббатхон об пошид. Ин тадбир кор дод: шоҳ чашмонашро нимво карду бо нигоҳи бенуре лаб ҷунбонд:
– Заҳр… Малак…
Малакбоз аз ҷо парида хест ва бо ҳарос пурсид: – Заҳр?!
Шоҳ сар ҷунбонд ва ангушти ишораташро бемадорона ба сӯйи Малакбоз бардошт.
– Ту … кардӣ.
Девонбегӣ аз гиребони Малакбоз гирифт.
– Ту ба шоҳ заҳр додӣ? Иқрор шав!
Малакбоз аз тарс лол шуд. Рангаш парид.
– Ё ту, ё ягон коргарат, – давом дод Қозӣ.
Хонсолор базӯр садо баровард:
– Не, тақсир, ба Худо савганд. Шоҳ аз шароб бехуд шудагист…
– Худо гӯй, ки аз шароб бошад, дар акси ҳол ман рӯдаҳоятро меканам, – дод зад девонбегӣ.
Бонак, ки дастони шоҳро мемолид, гуфт:
– Дору лозим, дору, тақсир.
Қозӣ гапи ӯро тақвият дод:
– Дуруст, дар ҳар сурат, шоҳро подзаҳр додан лозим. Ягон кас дорад?
– Намедонам, – ҷавоб дод Малакбоз, – ин хел доруро фақат шоҳи Бадахшон дорад.
Қозӣ андешид, ки ба Бадахшон одам фиристад ё нафиристад.
«Беҳтараш фиристам, – аз дил гузаронд ӯ, – то ӯ бармегардад, ки аз сад ҷони Муҳаббатхон яктоаш ҳам намемонад. Ғайр аз ин, Юсуфалихон ҳам аз қазия огоҳ мегардад».
– Зудтар, Бонак, бигӯ, киро бифиристем?
– Ман худам меравам, тақсир.
– Ту дар ҷойи Бадахшон ба Ҳиндустон наравӣ, Бонак! Ягон бор рафтаӣ?
– Шаш бор дар рикоби шоҳ рафтаам, тақсир.
– Ин тавр бошад, савор шав, ки ҳар нафас ғанимат аст.
Бонак ҷониби дар давид. Қозиву Малакбоз сари болини шоҳ нишастанд. Муҳаббатхон ишкамашро дошта, нимхез хобида буд. Зуд-зуд нафаси кӯтоҳ мегирифт. Малакбоз сари худро дудаста дошта, мисли ҳайкал шах шуда буд. Қозӣ ба чеҳраи пуркидаи шоҳ нигариста, Худо мегуфт, ки заҳр ҳарчи зудтар корашро кунад.
– Ту ҳамин ҷо бош, ман касеро ба Рӯшон бифиристам.
Мавҷудхонро огоҳ кардан лозим.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё