«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Ҳинду газвору мӯзаву рӯсариву шол интихоб намуд, онҳоро бухча баст, ба пеши Занҷир гузошт ва гуфт:
– Ҳамааш ҳаштаду панҷ рупия шуд.
Занҷир бухчаро ба қоши зин баст, савор шуд ва гуфт:
– Дӯхтанаш чанд рупия мешавад?
– Даҳ рупия, сайиб.
– Мебиёрам, ҳоло бо худ надорам, – гуфт Занҷир ва аспашро хурсандона маҳмез зад.
Вақте ба Саройи санг расид, Муҳаббатхон саргарми нархгузории асирон буду мансабдорон ин манзараро тамошо мекарданд. Занҷир борашро ба қалъа даровард, онро ба хоҷасарой доду таъйин кард, ки андозаи қади арӯсро бигиранд. Худ ба ҳуҷрааш рафт ва пул гирифт. Пас аз ним соат хоҷасаро бо як канизу бухча баргашт ва гуфт:
– Валъамат аз интихоби газвору рӯймол хушнуд аст, вале мӯзаҳо тангӣ мекунанд. Ин зан қаду қомати валъаматро дорад, ба қадаш андоза бигиранд.
Занҷир бухчаро ба қоши зин баст ва канизакро дар паси худ шинонду ба сӯйи бозор асп давонд. Марди ҳинду пулашро гирифта, аз хурсандӣ гӯё болу пар бароварда бошад, пеш-пеши асп дав-давон Занҷиру канизакро ба хонааш, ки дар пушти бозор буд, раҳнамоӣ кард. То саворон пиёда шуданд, ки бозоргон занашро аз хона бадар овард.
– Бахтаман бландӣ кард, ханум. Адами бузурги дарбар ба ма кар гирифт. Қабул кун.
Зан, ки чеҳрааш бештар ба тоҷикон шабоҳат дошт, чусту чолок бухчаро бардошту канизакро ба хона даъват кард.
– Бепарво биё, духтарам, дар хона касе нест.
Занҷир аз пасаш хитоб кард:
– Ду соат пас меоям, зуд бош!
Зан гуфт:
– Бепарво бош, сойиб, аз мо ҳаракат, аз ту баракат.
– Дар вақташ буд кардӣ, пулатро медиҳам, набошад, не, – таъкид кард Занҷир, то чевар дар кор дермонӣ накунад.
– Чанд рупия медиҳӣ? – аз роҳ бозистод зан.
– Даҳ рупия пурсидам, – овоз баровард шавҳараш.
– Даҳ рупия? Барои чунин шитоб? – эътироз кард зан, – не, намешавад!
Занҷир шӯрида бошад ҳам, худро ба даст гирифт:
– Понздаҳ рупия медиҳам, розистӣ?
– Бист, – гуфт бо қатъият занак, – ба Худо, чунин корро ба ин тангии фурсат ҳеҷ кас ба гардан намегирад.
Занҷир аз маҳмаддонии занак ба танг омаду ба сӯйи шавҳараш теғ кашида, нигоҳе кард ва ҳарчи нармтар гуфт:
– Хуб, медиҳам. Акнун пайи кор шав, ки вақт наравад.
Занак қаноатманд сар ҷунбонд ва ҷониби шавҳараш табассуме карду ба хона даромад.
– Ин хел зани ҳушёру тайёрро аз куҷо ёфтаӣ? – бо заҳрханди сабуке маддаи дилашро кафонд Занҷир.
Ҳинду гунаҳкорона пӯзханде зад: – Аз Читрал, сайиб. Хафа нашавед, ӯ ба қадри заҳматаш мерасад. Ма ҳафт бача дарем, анҳара хӯрандану пӯшандан лазим.
Занҷир номафҳум сар ҷунбонду савор шуд ва ба Саройи санг ронд. Раҳгузарон, онҳое, ки ӯро мешинохтанд, ё аз роҳ канор рафта, то гузаштанаш бо дили ҳаросон ноҷунбон меистоданд, ё агар фурсат наёбанд, ба ҷонибе рӯй гардонда, танаффурашонро ба ӯ нишон медоданд. Занҷир ба чунин манзара одат карда буд. Ҳатто дар як кунҷи синааш дар ин дақиқаҳо эҳсоси ифтихор ҳам мавҷ мезад: бигзор, ба ҷаллодӣ ҳам бошад, байни мардум шуҳратеву таъсире дорад. Вай ба хоҳиши худаш касеро сар набуридааст, ҳатто торсакие назадааст. Танҳо амру фармони қозиву шоҳро иҷро карда, ҳатто агар худашон нагӯянд, напурсидааст, ки шахси маҳкум чи гуноҳе карда бошад. Хуни мақтулон ҳам, уболи шиканҷашудаҳо ҳам ба гардани шоҳ асту қозӣ. Занҷир танҳо амалеро анҷом медиҳад, ки ин тарсуёни буздил аз иҷрои он бо дасти худашон метарсанд.
Фақат Муҳаббатхон чанд рӯз пеш ниқоб аз рӯяш гирифт ва чеҳраи аслии худро ба тамоми мардуми Шуғнон нишон дод: cӣ нафарро давоми як соат бо дастони худаш беҷон кард! Ҳатто дар дили Занҷир, ки понздаҳ соли умраш ба ҷаллодӣ гузашт, аз кушта шудани ин миқдор одам воҳима афтод!
Ба Саройи санг расида буд, ки садои дафзанӣ ҳам баланд шуд. Ин чунин маънӣ дошт, ки Муҳаббатхону арӯсашро аз ҳарамсарой бароварда, ба боғи пушти қалъа мебаранд. Маърака дар ин боғ зери сояи дарахтони анбӯҳ баргузор мешавад.
Занҷир аспашро ба ахтахона бурда, то баромадани шоҳу арӯс аз дарвоза дар он ҷо истод. Рӯбарӯ омадан бо домоду арӯс, бахусус ҳангоми аз хона баромардани онҳо, фоли бад аст. Ин дам рӯйи ҷаллодро бинанд чӣ? Занҷир аз тасаввури чунин ҳол ришханде зада, бо кароҳат ба замин туф кард. Домоду арӯс дар ҳалқаи созандагону аъёну акобир зери суруди “Шоҳи мо дар сафаре” ҷониби боғ рафтанд. Занҷир ба даҳлези ҳарам даромад ва хоҷасаройро ҷеғ зад. Вай бо либоси сурхи идона дарҳол ҳозир шуд.
– Ҳавз озод бошад? – пурсид Занҷир.
– Бале, сойиб, обтанӣ мехоҳӣ?
– Валъамати ман гармоба рафта буд?
– Бале, сойиб, ним соат пеш баромад.
– Хуб, – ғурунгоси димоғие кард Занҷир ва гуфт: – Ҳоло ман медароям, ту ду хизматгорро муваккал карда, ба ман либоси тоза биёр.
Хоҷасарой ӯро ба гармоба гусел кард ва худ пайи иҷрои амр рафт. Занҷир либосашро кашиду ба таронасароии созандагони базм, ки дар гармоба равшантар садо медод, гӯш андохта, худро ба оғӯши оби гуворо андохт.
Вақте шуълаҳои офтоби сари кӯҳ аз равзани гармоба париданд, хоҷасарой хабар овард, ки канизак ва зани хайёт омаданд. Занҷир амр дод, чеварро ба назди арӯс барад ва то либоси дӯхтаашро ба ӯ пӯшонда, ризоияти валъаматро нагирад, раҳояш накунад.
Хоҷасаро “ба чашм” гӯён нимтаъзиме карду баромад.
Занҷир ҳам аз ҳавз берун омад ва хизматгорон банавбат боз ду бори дигар бадани ӯро хорумол карданд. Аз байни тамоми мардоне, ки вазифадор буданд, касе чунин тану тӯши таҳамтанона надошт; онҳо бозувони тавоно, пушту гардани чун кундаи дарахт мустаҳкам ва пойҳои ба мисли танаи шамшод қавиву варзидаашро бо ҳавсала тамошо карда, ҳайрон мешуданд, ки қаду басти мард ҳам чунин зебову назаррабо мешудааст.
– Кошкӣ ин гуна сурату суммотро ман ҳам медоштам, – беихтиёр гуфт яке аз онҳо.
Ин гап ба Занҷир писанд омад. Ӯ пайкарашро як ларзонду ба ронҳояш тап-тап зад ва гуфт:
– Шамшерзанӣ машқ кунӣ, ман барин мешавӣ.
– Ба мо кӣ иҷозат медиҳад, сойиб? Рӯзи дароз дар гӯлах алов мекунему об мекашонем.
Занҷир нимғурма «ҳа» гуфту бархост ва либоси тозаашро пӯшидан гирифт. Он аз яктаҳу шалвори қирмизиранг, чакмани нафисбофти кобулии норинҷӣ ва пехҳои кӯтоҳи човадӣ иборат буд.
«Пеш аз он ки шоҳу арӯс аз боғ баргарданд, ман бояд валъамати худро барорам», – тасмим гирифт домоди зӯракӣ ва ҷониби даҳлез роҳ кашид.
Хоҷасарой арӯсро ҳамроҳи канизаку зани ҳинду ба даҳлез баровард. Занҷир бист рупияи чеварро ба дасташ дод.
– Канизак бо мо меравад, – гуфт Занҷир ба хоҷасарой, – пагоҳ бо ман меояд.
Хоҷасарой ба аломати ризо сар ҷунбонду онҳоро то беруни дарвоза гусел кард. Занҷир арӯсашро ҳамроҳи канизак ба аспи худ савор карду худ ба аспи аз саис гирифта нишаст. Аз боғ овози созандаҳо меомад, ки “Шоҳи мо равораве”-ро месуруданд. Ин аз он дарак медод, ки базм ба охир расид ва Муҳаббатхону занаш ба дарбор бармегарданд.
Занҷир ҳам бо арӯси нодилхоҳаш бе ягон нишони хурсандӣ ҷониби Демурғон шитофт. Шом лаҳза ба лаҳза ториктар мегашту дили шоҳу арӯс сиёҳтар. Ҳар ду ҳам чунин издивоҷи таҳқиромезро хуш надоштанд. Вақте ба ҳавлии баланди
Занҷир даромаданд, гиряи ҷонсӯз тамоми вуҷуди Сафарморо ба ларзиш овард. Ӯ шолро сахт газид, то ҳунгос назанад. Ашкҳояш шашқатор мерехтанд. Синҳори Занҷир, ки дар пеши дарвоза онҳоро бо ширрӯған пешвоз гирифт, ҳайрон пурсид:
– Тат Занҷир, холаам барои чӣ мегиряд?
Занҷир ба фаромадани арӯс аз асп ёрӣ карду гуфт:
– Аз хурсандие, ки ману холаат дорем.
Омадагон ҳар се барои нашикастани таомул якқултӣ ширрӯған нӯшиданду Занҷиру синҳораш арӯсу канизакро ба меҳмонхона бурданд. Писаронаш низ даромаданд ва дар пойгаҳ истоданд.
– Мулло ку? – пурсид Занҷир.
– Наомад, – бо сари хам ҷавоб дод писари хурдӣ.
– Чӣ хел наомад? – мутаҳаййир ва нобоварона овоз баровард Занҷир.
– Охон нахост, – шарҳ дод бо овози шикаста Дилбовар, – гуфт, ки...
– Чӣ гуфт? – мушт гиреҳ кард Занҷир ва чун дарк кард, ки писараш дар назди меҳмонон ҳама гапро гуфтан намехоҳад, худро нигоҳ дошт: – Чӣ бути амонат барин рост истодаед?
Дасторхон андозед, хӯрок биёред.
Ва худ аз қафои писараш берун баромад.
– Вай падарлаънати норасид чӣ кори зарур дошт, ки наомад? – Аз ҷӯши ғазаб лабони Занҷир ларзиданд.
– Татик, – гуфт бо овози илтиҷоомез Дилбовар, – маро ҷанг накун, ман рости гапро мегӯям.
– Бигӯ охир, – аз шиддати кунҷковӣ чашмони падар дар назари писар бегона тофтанд.
– Вақте ба охон хоҳишатро расондам, гуфт, ки, аввалан, никоҳ кардан дар ҳар ҷо масъулияти халифаи ҳамон маҳал аст, баъдан, ба падарат расон, ки ман дар маъракаи золимон иштирок намекунам.
– Ҳамин хел гуфт? – нобоварона пурсид Занҷир.
– Ҳа, айнан ҳамин гапро гуфт, – тасдиқ кард писарак ва гиря гулугираш кард.
– Боз чӣ гуфт?
– Дигар ҳеҷ чиз. А, як шоирӣ дар бораи подшоҳ хонд.
– Шоирӣ?
– Охон шеър менависад, гоҳе барои мо мехонад.
– Дар бораи подшоҳ чӣ гуфтааст?
– Муҳаббатхони бемуҳаббат, хунхор, золим… айнан дар ёдам нест.
– О, мурдоре, – Дар дили Занҷир оташи қасос аланга зад: – Наомад, ҳеҷ гап не, аз вай беҳтарашро мебиёрам.
Он шаб Занҷиру Сафарморо ақди никоҳ насиб нашуд.
Занҷир ва аҳли хонаводаи ӯ, ба ҷуз зану набераҳояш, барои иззати зани пештараи шоҳи Шуғнон Абдураҳимхон ва бо амри тақдир арӯс шудани ӯ ба хонаи онҳо, то як поси шаб нишастанд ва саргузашти талху шӯрангези ин занро аз забонаш шунида, моту мабҳут монданд.
Дар сурати Сафармо осоре аз ҷамоли арӯсӣ набуд. Бо чашмони аз гиря варамида, рӯйи тира, пешонии оҷангзада ва абрувони гиреҳбастааш зани мотамзадаро ба хотир меовард.
Аҳли хонаводаи Занҷир гумон карда буданд, ки арӯс, он ҳам беваи подшоҳ, чун офтоб шаъшаапошон ба хонаи онҳо медарояд ва гули сари сабади хонадон мешаваду модари онҳо аз чашми ҳама меафтад. Вале Сафармо ба чунин ҳол на танҳо бо абинаш сари рақобат надошт, балки бо як дидан дар дили ҳозирон эҳсоси ногувори яъсу шақоватро барҷо гузошт. Занҷир аксар занони шоҳро намешинохт, чун онҳо ҳангоми сафарҳо ё сайру гашти берун аз қалъа чодарпӯш буданд; ба ҳарами шоҳ танҳо хоҷасаройи он – марди миёнсоле бо номи аҷоиби Беғамшо иҷозаи даробаро дошт. Занҷир танҳо бо иҷозаи Беғамшо гоҳе дар гармобаи пушти ҳарам обтанӣ мекарду халос. Аммо Сафарморо мешинохт, зеро рӯзе, ки шавҳарашро дар деҳаи Барсем бӯғӣ карда кушт, аз занонаш Сафармо ҳамроҳи ӯ буд. Аввал бо амри Муҳаббатхону Юсуфалихон ду писари навраси ин занро ба деҳаи Чарсем бурда, бо тир ҳалок кард. Бегоҳи он рӯз ба Барсем омаду падарашонро кушт. Сафармо он шабро дар хонаи дарун рӯз карда бошад ҳам, вақте субҳ хабари мурдани шоҳ ва бачаҳояшро шунид, дилаш раг зад, ки ин кори Занҷири ҷаллод аст. Вале аз бими ҳалок шудан, аз байн чандин сол гузашта бошад ҳам, ин гумонашро дар назди касе ба забон наовардааст.
Баракс, сабаби марги шавҳарашро боварибахштар карда мегуфт, ки дар рӯзҳои охири зиндагиаш иштиҳои дуруст надошт ва гоҳе аз ҳуш мерафт.
Аз ин сабаб Сафармо аз Занҷир чун аз марги муфоҷо метарсид. Вақте хоҷасарой хабар овард, ки Муҳаббатхон ӯро ба Занҷири демурғонӣ ҳадя кардааст, вуҷудаш тагурӯ шуду нафасаш гиреҳ хӯрд. Вале илоҷе надошт. Росташ, кадом кунҷи дилаш заррае рӯшан ҳам шуд, зеро понздаҳ сол боз аз чор девори ҳарамсарой берун по нагузошта буд. Вақте гирди дасторхон нишастанд, Занҷир ба лаҳни узромез гуфт:
– Муллоро кори заруре афтодааст, никоҳро ба пагоҳ мемонем.
– Ман як зани бетолеъам, – бо овози хаста гуфт Сафармо, – ҳатто мулло ҳам дар рӯзи никоҳам андармон мешавад.
– Ин хел нагӯ, хола, – барои он ки табъи нохуши арӯс нохуштар нашавад, хушгӯйӣ кард писари калонии Занҷир, – бетолеъ мебудӣ, магар зани шоҳи Шуғнон мешудӣ?
Зан ба рӯйи Пореншо бо андӯҳ назар карда гуфт:
– Писарам, аз толеи шумам зани Абдураҳимхон шудам, вагарна бо шавҳарам дар Рӯшон зиндагии хубе доштам.
– Чӣ хел, оё пеш аз шоҳ ҳам шавҳар доштӣ? – бо ҳайрат пурсид Занҷир. Ӯ ин гапро бори аввал мешунид ва бо гӯшҳояш бовар намекард.
– Доштам, – бо ҳасрат гуфт зан, – бале, марди ҳунарманду зиндадиле буд. Намедонам, ҳоло зинда бошад ё не, аз ман хеле калон буд. Овозхонӣ мекард. Садои форам дошт, чандон ки булбул сари китфаш менишаст. Ба тамоми базму маъракаҳои хурсандӣ дар Рӯшон ӯро даъват мекарданд. Ҳатто ба Шуғнону Дарвоз ҳам металабиданд. Марди хубсурати ширинзабон буд. Ана ҳамон ҷавонмард рӯзе ба хонаи мо омад. Он вақт ман дувоздаҳ-сездаҳсола будам. Ӯ маро диду ба падарам гуфт, ки “Ҳамин духтарро Худо барои ман офаридааст, ин зани ман мешавад ”. Падарам аввал розӣ нашуд, чунки синну солаш аз ман хеле калон буд. Вале ҳофиз дар муддати як сол ҳафтае ду-се маротиба ба саломаш омада, охируламр дилашро ёфт. Падарам ҳам хеши дураш буд, ҳам барои ҳунараш ӯро дӯст медошт. Як сол зиндагӣ карда будем, ки шоҳ Абдураҳимхон шавҳарамро барои гарм кардани маъракаи наврӯзӣ ба Баҳрпанҷа хост. Вай маро ҳам ба тамошои Иди бузург бурд. Ба эҳтироми шӯям маро дар майдони базм дар сафи занони дарбор шинонданд. Кош намешинонданду кош чашми подшоҳ ба ман намеафтод.
Гиря Сафарморо гулугир карду аз дидаҳояш чанд қатра ашк таровида, ба пироҳанаш рехт.
– Шавҳарат чӣ ном дошт? – пурсид Занҷир, ки аз нақли зан дилаш боз сиёҳтар шуда буд.
– Шодаврон, – оҳи пурсӯзе кашид зан.
Занҷир ҳарчанд фикр кард, ин гуна шахс ба ёдаш нарасид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё