«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.
Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа
Чиллаи тобистон авҷ дошту рӯди Панҷ аз ғояти пуробӣ ба монанди уштури маст кафк мепурхид. Аз дамаш ҳавр бархоста, ду тарафи соҳилро дар чодари сафед печонда, шиддати гармои тоқатфарсоро, андаке ҳам бошад, мекоҳонд.
Ба ғайр аз гелос, ки сурхпаҳлу мешуд, меваҳои дигар ҳанӯз ғӯра буданд. Тут, ки бо намудҳои гуногунаш дар ин мавзеъ фаровон мерӯяд, акнун шира мебаст. Аз киштзорон лашаку боқило, патаку нахуд, гандуму ҷав анбӯҳ-анбӯҳ сар боло намуда, шуълаҳои ҳаётбахши хуршеди тобонро нӯши ҷон мекарданд. Дар чунин шабҳои гарм одатан мардуми Поршинев ё дар болои бом ё миёни киштзори худ, каппае аз навдаҳои бед дуруст карда, хоб мерафтанд.
Аммо Сайид Фаррухшо аз гармои дилгиркунанда дар лаби рӯди мусаффои Баҳрчиддара паноҳ мебурд. Барои ӯ дар соҳили рости рӯд дар сояи анбӯҳи дарахтони беду ван дакони1 бедевори соябондоре сохта буданд. Пир2 се моҳи тобистонро аксаран дар ҳамин дакони дӯстдоштааш мегузаронд. Ба Саройи
Баҳор, ки хонааш дар он ҷост, вақте мебаромад, ки дар хона кори ниҳоят муҳим афтода бошад. Боқӣ авқоти худро дар ин макони хушҳаво сарфи қабули муридону корафтодагон, меҳмонону мансабдорон ва мутолиаву маҳфилороӣ мекард. Сай1. Дакон – айвоне бо пойдевори сангин.
2. Пир – раҳбари рӯҳонии исмоилиён, ки аз ҷониби Имоми Вақт ба ин манзалат тасдиқ мегардид. ид Фаррухшо танҳо писараш Сайид Козимро иҷоза медод, ки дар паҳлуяш хоб равад. Писари калонаш Сайид Юсуфалишо бештари вақт дар хонаи бобои модариаш Саидҷаъфар буд.
Он шаб ҳам бо писараш то дер гоҳ аз девони Ҳофиз ғазал хонданд. Дурусттараш Сайид Козим мехонду падараш, сар ба болин ниҳода, маззакунон гӯш медод ва ҳар гоҳе байте дилашро такон медод, сарашро мебардошту «Ту ҷад қабул»1
- гӯён нидо мебаровард ва ҳатто ашк мерехт. Сайид Козими хурдсол, ки ҳанӯз ба маънии чизи хондааш чандон сарфаҳм намерафт, дар ин гуна ҳолатҳо аз хондан бозмеистод. Ба рӯйи падараш бо тааҷҷуб менигарист ва агар ӯ ашк мерехт, дилтанг шуда, базӯр оби чашмашро нигоҳ медошт.
Ашк рехтани падарашро Сайид Козим натанҳо дар сари мутолиаи китобҳо мушоҳида мекард. Баъзан нимаҳои шаб гиряи пасташ ӯро аз хоб бедор месохт. Дар ин лаҳзаҳо Сайид Козим аз ҷо баланд шавад ва ҳатто гап занад ҳам, падар ӯро намедиду намешунид. Ангор ӯ вуҷуд надошт. Падар дузону, баъзан якзону нишаста, дудаста сарашро қапида, зери лаб чизе мегуфту мегирист, мегиристу мегуфт. Сайид Козим фикр мекард, ки падараш шабҳо аз ақл бегона мешавад ва ягон шаб ҳатман ҳодисае бо вай рух медиҳад. Бинобар ин, рӯзе бо модараш ин розро дар миён гузошт.
Модар дид, ки ҳолати падар писарро сахт нороҳат намудааст, гуфт:
– Писарам, ҳоло чизе, ки мешунавӣ, ба ҳеҷ кас нагӯ. Қасам бихӯр.
– Қасам ба номи Худо.
– Падарат ҳар шаб бо Мавлои Замон сухан мегӯяд ва барои ҳар сухани дурафшони Мавло ба риққат омада, ашк мерезад. Ту натарс, калонтар шавӣ, падарат худаш туро аз ин сир воқиф месозад.
Сайид Козим моту мабҳут монд. Пас аз ин гапи модар падари маҳбуби ӯ якбора дар назараш ба шахси муқаддас ва ҳатто афсонавӣ табдил ёфт. «Аҷиб, падарам бо худи Мавло гап мезадаасту ман ӯро намебинам, – мегуфт худ ба худ Сайид Козим. – Барои ҳамин ҳам аз ҳар куҷои олам мардум ба зиёрати падарам меомадаанд».
Сайид Фаррухшо пас аз адои намози бомдод рубоб ба даст гирифта, дер гоҳ ҷӯр намуд ва ба сурудани муноҷот оғоз кард.
Овозаш баланд набошад ҳам, дилнавоз буд.
Дил саропардаи муҳаббати ӯст,
Дида оинадори талъати ӯст…
Ғазали Ҳофиз ҳамеша сароғози муноҷоти Сайид Фаррухшо буд. Онро то охир месароид, сипас ё аз Саноӣ шеъре месуруд ё аз Ғиёсӣ. Сайид Козим зери лаб дар баробари падар байтҳои муноҷотро такрор карда, гоҳе сари овозашро ҳам мегирифт.
Дар ин лаҳзаҳо падар чашмони ба сақф дӯхтаашро ҷониби ӯ поин мекард, нигоҳи меҳрубононае меафканду мамнун сар меҷунбонд. Сайид Козим аз ин ишора болупар мегирифт ва овозашро ба дараҷаи падар расонда, ҷӯр менамуд.
Падар муноҷотро бо рубоии зер анҷом бахшид:
Кунҳи хирадам дархури исботи ту нест
В-оромиши ҷон ба ҷуз муноҷоти ту нест.
Ман зоти туро ба воҷибӣ кай донам?
Донандаи зоти ту ба ҷуз зоти ту нест.
Фаросатшо, хизматгори пир, як корсон ношхушпаи сӯзон, ду кулчаи ширмол, дар косае бату дар табақе гелосу тути тар оварда, дасторхон андохт ва арз кард:
– Пирам, аз назди шоҳ оқсақол Муборак омадааст.
Сайид Фаррухшо гуфт:
– Даъваташ кун.
Оқсақол Муборак ба дакон баромад ва дар назди Сайид зону зада, дасташро бӯсид. Авлоди ӯ дар ду тарафи соҳили
Панҷ ҳамагӣ муридони Сайид Фаррухшо буда, бо пири батадбир ва шуҳратёрашон ифтихор доштанд.
Пир муридашро ба тановули атола муроот намуд. Муборак, ки гушна буд, пайи ҳам се-чор лах бардошту маззакунон гуфт:
– Барои ман таомат табаррукист, пирам. Хеле бамазза пухтаанд.
– Ин маззаи дастони Махтуммост. Ҳунари чандин занро дар ошпазӣ санҷидам, оқибат ҳамин Махтумморо, ки се сол пеш аз Бунӣ ба ҳамдеҳаамон шавҳар карда буд, кашф кардам.
Он ҳам тасодуфан. Аз маъракаи саршӯёнаш ба хонаи мо ҳавеҷхушпа оварданд. Бовар кун, дар умрам чунин хӯроки болаззат нахӯрда будам. Вақте фаҳмидам, ки пазандааш ҳамин духтари навхонадор аст, пас аз баромадани чили сураш ӯро ошпаз ва шавҳарашро хизматгор гирифтам. Худо баракаташон диҳад, ҳарду қобилу покизакоранд. Ҳоло соҳиби се фарзанданд: ду духтару як писар. Фарзандонашонро ҳам худам ном гузоштам.
Сайид Фаррухшо дар бораи хизматгоронаш гап мезаду
Муборак бо ҳайрат фикр мекард, ки чаро Сайид ба ҷойи он ки сабаби ташрифашро дар ин субҳи солеҳон пурсад, ин қадар батафсил дар бораи кадом як ошпази назарногире ҳарф мезанад. Оқсақол аз хӯрдан фориғ шуд ва ба маънии «акнун сабаби омаданамро бипурс» дида ба Фаррухшо дӯхт.
Сайид сари писарашро силакунон гуфт:
– Медонам, барои чӣ омадаӣ. Лекин аз дасти ман чунин кор намеояд.
– Кадом кор, пирам? – бо изтироб пурсид Муборак ва дар дилаш Худо мегуфт, ки сухани пир дар бораи никоҳ набошад.
– Он валъамат ҳар кӣ ҳам бошад, зани падараш буд. Чӣ хел ман – пири садҳо мусулмон, модарандарро ба писарандар никоҳ кунам? Дар мазҳаби мо модархонду писархонд манзалати модару писар доранд.
Оқсақол аввал аз он ки пираш напурсида, сабаби омаданашро фаҳмид ва сонӣ аз он ки хоҳиши шоҳи мамлакатро, онеро, ки аз тозиёнааш хун мечакид, чунин саҳлу осон рад намуд, лолу ҳайрон монд.
– Ҳазратам, ман ба шоҳ чӣ гӯям? – гулу равшан кард оқсақол.
– Чизе, ки шунидӣ. – Фаррухшо сухани бештаре гуфтанӣ шуд, аммо ба ҷойи он сарашро норозиёна такон доду тоқиашро гирифта, дубора ба сар гузошт. – Ба ягон муллои худаш фармояд… Фардои қиёмат дар назди Худо ҷавоб медиҳем, на дар пеши Муҳаббатхон.
Муборак дигар исрор накард. Донист, ки пираш ба ҳеҷ ваҷҳ чунин кори нораворо ба гардан намегирад. Иҷозаи рафтан пурсид. Фаррухшо барои гусели ӯ бархост ва ҳангоме ки оқсақол дасти ӯро бӯсида, аз дакон поин шуд, гуфт:
– Мансабу вазифа барои осон кардани зиндагии халқ аст, на барои зулму тааддӣ. Муҳаббатхон аввал бандаи Парвардигор аст, баъд шоҳ, ту ҳам аввал бандаи Худовандӣ, сипас оқсақол. Ба ҳампираҳоят ин насиҳати маро бирасон.
Муборак сар ҷунбонд ва нимтаъзиме карду бадар рафт. Фаррухшо ба ҷояш нишаст ва «Ҳафтяк»-и писарашро ба даст гирифт.
– То куҷо аз бар кардӣ, Козим?
Сайид Козим гуфт:
– «Таборак»-ро ним кардам.
– Охонат кай меояд?
– Соате пас мерасад.
Сайид Фаррухшо барои саводнок кардани писараш муътабартарин шахси мулки Шуғнон – шоири номдор, хусури худ
Сайид Ҷаъфарро баргузида буд. Сайид Ҷаъфар, ки дар деҳаи на он қадар дури Хоса зиндагӣ мекард, ҳафтае се бор ба хонаи
Фаррухшо омада, ба Сайид Козим сабақ меомӯхт. Сайид Фаррухшо аз писараш хост, ки сабақҳои гирифтаашро пеши ӯ такрор кунад. Сайид Козим сураҳои ёдгирифтаашро як-як хонд. Садои ҷарангосии бачагонааш гӯшнавоз буд.
Падар дар дил ба муаллимаш аҳсант хонд. Писарак чун устодаш калимаҳоро бехато талаффуз мекард. Тарзи қироаташ сайқал наёфта бошад ҳам, аз латофат холӣ набуд.
Ин асно хизматгор расиду ишора кард, ки меҳмоне омадааст. Фаррухшо даст ба сари писар бурд, ӯ қироатро қатъ намуд.
– Кист?
– Ҳазратам, Ғазанфари ғундӣ салом омадааст.
– Биёяд.
Ба дакон марди тахминан панҷоҳсолаи миёнақади чобуке баромад. Саллаи сафеди хурд, камзӯли пахтагини сиёҳ ва пехҳои бадошти тоза дӯхташуда аз давлатманд буданаш гувоҳӣ медоданд. Вай чор-панҷ қадам дуртар аз Сайид Фаррухшо дузону нишаст, пешонӣ бар фарш ниҳод ва сипас сар боло карду гуфт:
– Тасаддуқи ҷадди бузургвори пирам, ки саги даргоҳи худро ба лутфи бегаронаашон бор доданд.
Сайид ба ёд овард, ки тирамоҳи гузашта ин мард, ки ҳарфи
«к»-ро «г» мегуфт, бо хоҳиши аҷибе ба хонааш омада буд. Лабханде заду аз ҷо бархост ва меҳмонро меҳрубонӣ кард.
– Хуш омадӣ, Ғазанфар, моҳи камнамо шудиву рафтӣ.
Меҳмон рӯҳ гирифта, дасти пирро бӯсид ва домони ҷомаашро ба чашм молид. Сайид дастонашро аз домани худ ҷудо карду ӯро болои пӯстак дар паҳлуи писараш шинонд.
– Пирам, аз муридони ғундиатон салом овардам, – гуфт Ғазанфар ва аз даруни халтаи намадинаш чароғдони сангине бароварда, пеши Фаррухшо гузошт. Сайид онро бардошта, пушту паҳлу гардонд, ду-се дақиқа тамошо карду ба ҷояш гузошт ва пурсид:
– Мардуми Ғунд чӣ ҳол дорад?
Ғазанфар, ки айни замон таърифи чароғдонро интизор буд, аз ин савол нороҳат шуда бошад ҳам, сир бой надод.
– Тинҷанд, осудаанд, пирам, гасро ба гас ғараз нест. Аз Сардем Шотавур, аз Чарсем Шосабоӣ саломатон гуфтанд… –Ғазанфар гапе аз ин зиёдтарро айб дониста, лаб фуру баст.
Фаррухшо чароғдонро дубора ба даст гирифту вазнашро рӯи каф санҷид. Ғазанфар бо чашмони аҷиби худ, ки беш аз ними пешониашро косахонаашон ташкил медод, ҳар як ҳаракати пирашро беқаророна наззора карда, мунтазири баҳои ӯ нафас ба дарун зада буд.
– Чанд вақт дар Ёрканд истодӣ?
Ин саволи ногаҳонии пир муридро дар ҳайрат гузошт.
– Даҳ рӯз пеш баргаштам, пирам, бо горвони қирғизҳо…
– Аз Тошқӯрғон харидӣ ё аз Ёрканд?
– Аз худи Ёрганд, пирам, тасаддуқ, қурбони фаҳми шумо, аз сафарам бохабар будаед…
Пир табассуми малеҳе карду гуфт:
– Ин гуна чароғдонро фақат исмоилиёни Ёрканд месозанд.
Нархаш аз понздаҳ то ҳаштод рупия аст, вобаста бо он ки аз кадом санг ва бо чи ҳунар сохта мешавад. Инро аз лоҷварди нилифом сохтаанд. Шаст-шасту панҷ рупия қимат дорад.
Огоҳии Сайид Фаррухшо Ғазанфарро билкул ба ҳайрат гузошт. Ӯ ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки чӣ тавр пираш аз
Поршинев берун набаромада, дақиқан медонад, ки чароғдони овардааш моли куҷост ва қиматаш чанд аст. Шояд пираш инро ҳам донад, ки Ғазанфар ба ин чароғдон пуле сарф накардааст. Онро як бозоргони ёркандӣ ба ӯ дод, то ба дӯсташ – халифа Султонсайиди ғундӣ аз номи ӯ армуғон барад. Аз хавфи фош гаштани хиёнаташ дар амонати як муъмини Худо ва он ҳам дар назди пир, Ғазанфар ба ташвиш афтод, ҳатто пушташ арақ кард.
Сайид Фаррухшо сари писарашро силакунон чанд дақиқа ғарқи андешае хомӯш монд. Ғазанфар тамоман беқарор шуд, ба дараҷае, ки хост тунд бархезаду роҳи гурезро пеш бигирад.
Ниҳоят пир яхи хомӯширо шикаст:
– Ташаккури зиёд барои салому савғотӣ. Арзе дошта бошӣ, бигӯ.
Ҷони то ба гулу расидаи меҳмон ҷониби тан бозгашт. Ғазанфар камтар аз сидқу бештар аз шарм пешонӣ бар замин суду дақиқае истод, то оромӣ ба ӯ даст диҳад. Сипас сар бардошту мақсади аслии омаданашро ба забон овард:
– Пирам, ёдатон бошад, соли гузашта хоҳиш гарда будам ба авлоди ман шаҷараи сайидӣ нависед. Шумо рад гардед. Бо ҳамин хоҳиш боз омадам, ки аз пирам дастгирӣ ёбам.
Фаррухшо ин гуна хоҳиши аҷибро дар умраш бори аввал соли гузашта аз забони ин марди айёрнамо шунида буд. Вале фикр ҳам намекард, ки бори дувум ҳам дар наздаш ба забон меорад. Табъаш хира гашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё