Зеҳн
«Саройи санг» Ато Мирхоҷа

«Саройи санг» нахустин асари бадеии калонҳаҷмест дар адабиёти тоҷик, ки сарнавишти пурфоҷеаи тоҷикони Кӯҳистони Бадахшони асри XIX-ро инъикос кардааст. Муаллиф муборизаи ҷоннисоронаи халқиятҳои ориёинажоди ин сарзаминро дар роҳи нигоҳ доштани марзу буми аҷдодӣ ва истиқлолияту ҳувияти хеш ҷолибу хонданӣ ба қалам додааст.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 44 саҳифа

Ҳикоя

Шоири маъруфи мо Ато Мирхоҷа солҳои охир ба насри бадеӣ низ рӯй оварда, пас аз таълифи чанд ҳикоя ва як қиссаи марғуб инак нахустин рамани худро ба номи «Саройи санг» манзури хонанда мегардонад. Ин асари доманадор таърихӣ буда, дар саҳифаҳои гарми он зиндагии пурмашаққати тоҷикони Шуғнонзамин дар масири санаҳои 1860-1880-уми асри XIX ва муборизаи шадиди мардуми банангу номуси кӯҳистон алайҳи зулму истибдоди ҳокимони худсари давр возеҳ ба қалам омадаанд. То ҷое ки огаҳам, чунин воқиаҳои тақдирсозро дар адабиёти тоҷик касе аз нависандагон ба таҳқиқ нагирифтааст. Ҳарчанд парчаҳое аз ҳаёти сокинони Бадахшони қарни нуздаҳ дар ёддошт, филмнома ва достонҳои устод Мирсаид Миршакар, дар баъзе шеърҳои Нодир Шанбезода, Тилло Пӯлодӣ, дар рамани Раҳим Ҷалил «Шӯроб» ва ҳикояи Фазлиддин Муҳаммадиев «Сози Мунаввар» ба муҳаббат тасвир шудаанд. Агар фарохтар дидан мехоҳем, ин мавзӯи мушкилро танҳо адибон ва муҳаққиқони рус ба мисли Павел Лукнитский ва Окмир Агаханянтс ба доираи тадқиқ кашида, дар иктишофи бадеии ҳувият, суннату оин ва баъзе аз махсусиятҳои иҷтимоии мардуми Помир, ҳамзамон ҷаҳонбинӣ ва ҷанбаҳои назарраси олами ботинии ин халқиятҳо заҳмати шоиста ба харҷ доданд.

Бояд гуфт, ки тоҷикони Бадахшон низ монанди аҳолии ҳар гӯшаву канори ватани азизамон то раҳо ёфтан аз фишори мудоми салтанати бегонагон ва ба даст овардани истиқлоли воқеӣ таҳти парчами Тоҷикистони кунунӣ давраҳои басо сангини таърихро дар ҷараёни мубориза барои нигоҳ доштани марзу буми хеш, ҳатто дар талош ва меҳнату муқовимати зиёд ба ормони зинда мондан пушти сар гузоштаанд. Чархи беамони қисмат мардуми содадили ин кишвари пурганҷро на як бору ду бор ба фоҷиаҳои хунин рӯбарӯ кардааст. Вале садоқати беандоза ба зодгоҳи аҷдодӣ, забони равонпарвар ва назофати тамаддуни ориёӣ сабаб мегардид, ки иродаву матонати азалии эшон боз ҳам шикастнопазир монанд.

Ба масал онҳо аз хокистари хонумони сӯхта такроран зинда мешуданд ва ба сари гуна-гуна ғосибон чун сангу тармаи кӯҳистон фуру рехта, то метавонистанд, хоки поки ниёгонро эмин дошта, дар мушкилтарин айём низ тарзу тариқ ва расму оини рӯзгори дерини худро аз нав барқарор месохтанд.

Таърих шаҳодат медиҳад, ки дар ҳолатҳои ниҳоят сахти зиндагӣ гӯё бидуни интизор қаҳрамононе падид омада, фарёдраси халқи бечора мешуданд. Зеро ниҳонхонаи ҷони ҳар қавм, вақте аз тӯфони фалокатбори замонаҳо мегузарад, маскани фарзандонест, ки дар миёни гирудори ҳаёту мамот арзи ҳастӣ намуда, дар майдони аз чанги ҳалокат берун овардани ҳамрешаҳои хеш бе ягон таассуф ҳатто сар ба дорҳои баланд медиҳанд. Мо исми шарифи родмардонеро, ки дар Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд, Панҷакат, Фалғар, Истаравшан, Рашт, Исфара, Хатлон, Ҳисор ва ғайра хиттаҳои тоҷикнишин ҷонбозӣ кардаанд, хуб медонем. Деваштич, Спитамон, Темурмалик, Восеъ, Муқаннаъ, Абумуслим, Мирзо Ризо, Бибизайнаб, Чинор Имомов, Абдулқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум ва даҳҳо шахсияти дигар, ки зиндагии ибратомӯзи бисёре аз онҳо зеби осори илмиву бадеӣ низ будаанд. Аммо то алҳол ба ҷуз ҳаёти Азизхони ҳоким ва Шириншоҳ Шоҳтемур аз корномаи чандин диловари Кӯҳистони Бадахшон бидуни шунидаҳо маълумоте надорем.

Ато Мирхоҷа дар рамани худ саҳифа ба саҳифа кӯшидааст ҳамин ҷиҳатро ба таҳқиқ гирад. Вай солҳои дароз таърихи Бадахшонро аз ҳар паҳлу омӯхта, чун натиҷа дар ин асар симои хотирнишини муборизони роҳи ҳақиқат дар Шуғнону Рӯшон – Саид Фаррухшоҳ, Ҷаҳонгир, Мирзоазиз, Мулло Хишол, Манзаршоҳ, Доробшоҳ ва Хайримуҳаммадро равшан ба қалам медиҳад. Дар замони онҳо сулолаи ҳокимони қатаған, ки дар Қундуз ҳукумат доштанд, Шуғнонро ба тасарруф меоранд. Бар асари ҷангҳои бебарори озодихоҳӣ ва ноустувории рӯҳониёни маҳаллӣ дар баробари таҷовузи равияҳои гуногуни дини ислом на фақат Шуғнону Рӯшон, балки Вахон ҳам аз истиқлоли хеш маҳрум мегардад. Қабилаҳои муғулу турктабор асрҳо боз дар Варорӯд давра ба давра тахту тоҷ ёфта, мехостанд халқиятҳои саргаҳи дарёи Панҷро низ оқибат ба доираи итоат кашанд. Онҳо дар ниҳояти талошҳои хунин Бадахшонро, ки ҳанӯз Помир дар ҳайаташ набуд, билкул ҳам набошад, фатҳ намуда, зери назорати қатъӣ мегиранд.

Лекин шоҳони қатағанӣ мардуми ин диёрро дар тӯли ҳокимияти худ мудом бад медиданд. Дар ҷараёни мутолиаи раман бараъло мушоҳида мекунем, ки чи тавр Абдураҳимхон ва писарони ӯ Муҳаббатхону Юсуфалихон дар роҳи расидан ба қудрат на танҳо ба табааву зердастон, ҳамчунин ба якдигар низ заррае шафқат надоранд. Дар айни ҳол пайваста мекӯшанд мардуми таҳҷоӣ аз суннатҳои аҷдодӣ даст кашида, ҳар чи зудтар урфу одати онҳоро ба гардан гиранд. Аз ин рӯ дар ҳаққи халқи маҳаллӣ ҳама гуна зулму тааддиро бебаркаш раво медонанд. Ба ночизтарин баҳона мардумро мубталои исканҷа карда, ҳатто хона ба хона гашта, аз сӯхтору куштор низ рӯй наметобанд. Хонанда беихтиёр гумон мебарад дар он марзу бум касе нест, ки шабу рӯз таҳти назари навкарони бераҳми салтанат набошад.

Халқ, албатта, ба ин ҷабру ҷафоҳо муросо карда наметавонист.

Нангу номус, дайни дифоъ аз расму оин, маскану волидайн ва зану фарзанд хоҳ-нохоҳ шермардони кӯҳистонро ба муборизаи зидди шоҳону ҳокимони истилогар таҳрик медоданд. Муаллифи раман бар асоси ҳуҷҷатҳои таърих аз тахайюли бадеӣ муассир истифода бурда, моро ба ҳодисаҳои риққатангези Шуғнони он аҳди сангин ва талошу шуҷоати халқ аз барои озодӣ барҳақ рӯбарӯ месозад. Ҳангоми мутолиа маълум мегардад, ки кори нависанда ба ҳамин як китоб анҷом намегирад. Ҳақиқати он замона ва маводи дастраси ӯ паҳнои ҳунари фарохтар мехоҳанд. Ба хусус дар сурате ки шоир истеъдоди хуби нигорандагӣ ҳам дорад. Бо вуҷуди ин мебояд таъкид намуд: минбаъд дӯсти дар ҷодаи эҷод устувори мо Ато Мирхоҷа ба фасоҳати сухансозӣ дар саноати насри бадеӣ ва меҳрубонӣ ба услуб бештар эътибор медиҳад. Дар ин амри хайр, ки заҳматаш ҳаргиз интиҳо надорад, ба адиби соҳибназар аз самими қалб пирӯзӣ мехоҳем.

Саттор Турсун,

Нависандаи халқии Тоҷикистон

аз 44
навбатӣ