Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҷавонӣ набояд ноумед шуд. Мақсадҳои бузургро дар пеш гузор ва аз пайи иҷобати онҳо ҳаракат кун. Азми ҷазм дошта бош. Худро ҳеч гоҳ дар нима ё қуллаи кӯҳ надон. Фикр кун, ки ту дар поёни кӯҳ қарор дорӣ ва пайваста ба боло ҳаракат намо. Вақте ки ман қулларо фатҳ кардам гуфтӣ, ҳамон рӯз ту мағлуб шудӣ. Фаромӯш накун, дӯстам: калиди ҳар даре, ки дар шоҳроҳи умр аз пешорӯят мебарояд, дар дасти худат аст. Фарқ надорад, ки он дари бахт, орзу, омад, дӯстӣ, муҳаббат, сарват аст ё дари комёбиҳои дигар. Он калидҳоро одам танҳо бо як роҳ, бо донишандӯзӣ, илм омӯхтан ба даст меорад.

Дар куҷо хондан, дар чӣ гуна синфхона таҳсил гирифтан, писари кӣ будан, дар тан чӣ хел либос доштан, чӣ хӯрдан, китоби куҳна ё нав доштан муҳим нест. Ин ҳама дувумдараҷа мебошанд. Муҳим он аст, ки ту чӣ хел мехонӣ ва ба хондан чӣ гуна муносибат дорӣ. Дӯстам, – китфони писаракро ба худ наздиктар кашид ҷавони ҳузарб, – ман ба ту бовар мекунам. Бовар мекунам, ки дар оянда қуллаҳои баландро фатҳ мекунӣ. Бовар мекунам, ҳамаи онҳое, ки туро бо ангушти ишорат нишон дода масхара кардаанд, айнан бо ҳамон ангушт намо дода эътироф мекунанд. Бо41 вар мекунам, ки ту инсони нағз мешавӣ ва модарат бо ту фахр мекунанд.

Дӯстам, вақте ки дигарон ба ту бовар мекунанд, пас ту бояд ба он боварӣ сазовор бошӣ, ҳатто як нафар бовар кунад ҳам. Ин хислати ҷавонмардон аст. Ман ба ту бовар мекунам ва медонам ту барои ба ин боварӣ сазовор будан ҳаракат мекунӣ.

Поезд дар истгоҳ қарор гирифт.

– Мо дар ҳамин ҷо мефароем, – писарак аз берун чашм наканда гуфт ва сумкаашро ба китф овехта пеши модараш рафт.

– Эй дӯст, – аз қафояш ҷеғ зад ҷавонмард. – Ҳамин қадар суҳбат карда, номатро напурсидам. Номат чӣ?

– Беҳзоди Мурод, – бурро ҷавоб дод писарак.

– Номи шумо чӣ? – хушҳол пурсид.

– Номи ман Нозим.

– Номи ман Хушнуда, – хандида гуфт наварӯс.

Соли 2021 ЧОЙПУЛӢ

Он рӯз ба сабаби шамоли Сибир ҳавои Самарқанд хеле сард буд, ба қавле туф кун-ях кун. Шамоли сард ба сару рӯй сӯзан мезад.

Мошини тамағаи “Lacetti ” аз тарафи деҳаи Мотурид ба чорроҳаи Даҳбед наздик шуд. Роҳ тирбанд буд. Мошинҳо чун сангпушт ба сустӣ ҳаракат мекарданд. Сабукравҳое, ки ба тирбандӣ даромадаанд, ба душворӣ қафо бармегаштанд.

– Дар ин ҷо чӣ гап бошад? - ба пеш гардан ёзонд ронанда ва сар аз оина бароварда аз роҳгузаре пурсид:

– Ука чӣ гап? Чӣ шудааст?

– Намедонам. Як нафар мурдааст-мӣ, бемор шудааст-мӣ, чӣ? - ҷавоб дод роҳгузар. – Дар пеш мошини ёрии таъҷилӣ истодааст.

– Ба чорроҳа гузашта намешавад, - ба мусофирони мошин рӯй овард ронанда. – Ман аз ҳамин ҷо бармегардам.

Ҷавони қадбаланди хушлибос – Фотеҳ Неъматович, ки дар паҳлӯи ронанда менишаст, роҳкироро дода, шикоятомез пурсид:

– Ин қадар роҳро чӣ хел пиёда меравем?

– Роҳ маҳкам. Набошад мебурдам.

Фотеҳ зери лаб ғурунгида, ба тарафи чорроҳаи Даҳбед шитофт. Шамоли сард ба сару рӯй бераҳмона ҳамла мекард. Дар як лаҳза гӯшу бинии ҷавонмард чун помидор супсурх шуд. Аз байни мошину издиҳом гузашта, ба истгоҳ наздик шуд. Кормандони милитсия гирдогирди истгоҳро, ки мусофиркашҳои ноҳияи Пайариқ дар ҳамин ҷо меистоданд, иҳота карда буданд.

Мардуми навомада мепурсиданд, ки чӣ воқеа рӯй додааст. Яке “мошин задааст” гӯяд, дигаре “аз хунукӣ ях кардааст” мегуфт, боз яке “кӯфтаанд” гуфта тахмин мекард.

Баъзеҳо бо телефон сурату филмбардорӣ мекарданд.

Фотеҳ ба одамон наздик шуда, дар истгоҳ чанд тан шифокорро дид, ки нафареро дар мошини ёрии таъҷилӣ бор мекарданд. Дар канортар борхалтаи сафед мехобид. Дар як гӯша рӯймоли сабзи якранг ба назар мерасид. Вақте ки чашми Фотеҳ ба рӯймоли сабз афтид, дар баданаш мурғак дамид. Дубора ба борхалта нигоҳ кард. Дар худ ларзид ва зуд қафо баргашт. Рухсораш ранг бохтаву нигоҳҳояш парешон буд. “Наход ҳамон ҷавонзан?” аз дил гузаронд ӯ...

Ҷавонзани рангпаридае, ки либоси обшуста дар бар дошт, ба бинои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ даромада, ба чор тараф кунҷковона нигоҳ кард. Зоҳиран, ба куҷо рафтанро намедонист. Дар даст борхалтаи сафед дошт.

Дареро кушода диду ба ҳамон тараф шитофт.

– Салом, – гуфт ба духтараке, ки хонаро ба тартиб меовард.

– Ассалому алайкум, – сар аз кор бардошт духтар.

– Барои дубликати гувоҳномаи таваллуд ба куҷо... – Қабати дуюм, хонаи ҳаштум, – сухани ҷавонзанро бурид духтар.

– Чӣ?

– Ба ошёнаи дувум баромада, – бо даст ишора кард, – ба хонаи ҳаштум дароед.

– Раҳмат, – гуфт ҷавонзан ва ба ошёнаи дуюм баромад.

Дар пушти дари утоқи ҳаштум се нафар меистоданд.

Ҷавонзан навбат гирифта дар як канор истод. Либоси дарози фарсуда, пиҷамаи сиёҳи мардона, сарбандии сабзи якранг, калӯшҳои чангзеркардаи зан диққати ҳамаро ба худ мекашид. Вақт мегузашту навбатпоён бештар мешуданд. Яке мушкилашро зуд ҳал карда мебаромад, дигаре бештар мемонд. То навбати ҷавонзан ба ҷойи се нафар ҳафт нафар даромад. Ҳаштум нафар ҳоло дар пеши сарвар буд. Яке рост омада, ба навбатпоён нигоҳ накарда, рост дарояд, дигаре «як чизро мепурсаму зуд мебароям, вақти зиёдро намегирам» гуфта, баъди ним соат мебаромад. Баъзеҳоро котиба ном гирифта даъват мекард.

– Ту чӣ хел одам? – рӯй ба ҷавонзан оварда, шартакагӯйӣ кард зани рафидарӯйи газгӯшт. – Навбатат омаду ба ҷойи ту дигарон медароянд, як даҳон гап намезанӣ?!

– Чӣ гӯям? – дар рухсори заъфарони ҷавонзан хун давид.

– Чӣ гӯйӣ? – баланд дод зад зани рафидарӯй. – Навбатам гуфта даро. Яке тағояшро, дигаре аммаю амакашро, боз яке ҳамсояашро ба миён дароварда, бенавбат дароянд, мо то бегоҳ мешинем-мӣ? Навбатат расид, даро-дия.

– Хай, – ҷавонзан пушти дар рафта, оҳиста кӯфту ба дарун сар халонд.

– Намебинед, дар пешам одам ҳаст?! – аз ҷойи нишаст дод зад ҷавони қадбаланд ва бо қаҳр ба котиба рӯй овард.

– Бубахшед, Фотеҳ Неъматович, - гуфт котиба ва зуд аз ҷой хеста, ҷавонзанро ба берун тела дода гуфт:

– Ҳозир ин одам равад, шумо медароед.

– Навбати ман...

– Навбати шумо баъди ҳамин одам, – гуфта бо зарда дарро пӯшид.

Ҷавонзан малулу озурда дар паҳлуи дар истод.

Пай мебурд, ки тири нигоҳи ҳама ба ӯ равона шудааст ва ботинан вайро сарзаниш мекунанд. Ба девор такя карда сархам меистод, ки чашмаш ба калӯшҳояш афтод. Аз гарду хок сафед шуда, дар чанд ҷояш лой часпида буд. Бо гӯшаи чашм ба пойафзоли атрофиён нигоҳ кард. Ҳама лок задагӣ ва медурахшиданд. Соате гузашт, аммо касе намебаромад.

Навбатпоён нороҳат шуданд. Дар толори ошёнаи дувум торафт одам пур мешуд. Ҷавонзан чун гурбае, ки ба муш камин мегирад, аз паҳлуи дар як қадам дур намерафт. Метарсид, ки ба ҷойи ӯ дигаре дарояд.

Ҷавони қоматбаланд ҳамроҳи марди чорпаҳлуе, ки бенавбат даромада буд, баромад. Якҷоя поён рафтанд ва ҷавон қариб баъд аз ним соат баргашт. Дар толор чунон роҳ мерафт, ки гӯё идораи тамоми корҳои ҷаҳонро дар ихтиёр дорад. Бовиқор қадам мемонд ва аз пеши одамон бепарвою беэътибор гузашта вориди дафтари корӣ шуд. Гӯё дар ниҳод «сазои шумо ҳамин аст, даркор бошад соатҳо интизор мешавед» мегуфт.

Чанд дақиқа гузашта котиба баромад:

– Навбати кӣ? – пурсид.

– Ман, – қариб даст боло кунад ҷавонзан ва зуд аз пайи котиба даромад.

Фотеҳ Неъматович ӯро бедимоғ пешвоз гирифт. Аз он самимияте, ки ҳангоми гусели марди чорпаҳлу дар сураташ аён буд, асаре ба назар намерасид. Дар курсӣ мағрур менишаст, чун дар тахти шоҳӣ. – Чӣ хизмат? – пурсид бо оҳанги сахт.

– Барои нусхаи такрории гувоҳномаи таваллуд омадам,

– гуфт ҷавонзан.

– Дубликаташ? – ҷавонмард аз табақча шоколадеро гирифта ба даҳон андохт.

– Ҳа, дубликат.

– Аз куҷо шумо? – сар то пойи ҷавонзанро бо нигоҳ палмосид.

– Аз Пайариқ.

– Аз куҷои Пайариқ? – аз ҷавонзан чашм намеканд. Азбаски худи сардор ҳам пайариқӣ буд, мароқ зоҳир кард.

– Челак.

– Ин хел бошад, шумо ба загсхонаи Пайариқ равед.

– Рафтам. Онҳо ба шаҳр фиристонданд.

– Чаро? – бо тааҷҷуб пурсид, гӯё бори аввал ба чунин ҳол рӯ ба рӯ меояд.

– Аз шаҳр мегиред гуфтанд. Чунки модарам...

Фотеҳ Неъматович фаҳмид, ки модараш зодаи шаҳр аст, сухани ҷавонзанро бурида, ба котиба фармуд:

– Ариза нависанд.

Котиба чаққон коғазу ручкаро болои миз гузошт. Ҷавонзан борхалтаашро дар паҳлуи дар гузошта, коғазу худнависро пештар кашид.

– Чӣ нависам? – ҳиҷолатмандона пурсид.

– Ариза! – тунд гап мезад котиба.

Фотеҳ дар телефон саргарми суҳбат буд. Ҷавонзан чӣ навиштанро намедонист. Як ба коғаз ва як ба котиба нигоҳ мекард.

– Дар шумо намуна нест? Агар...

– Уф-ф, – норозиёна бастаеро кушод котиба ва аз даруни он аризаеро гирифта дар пеши ҷавонзан гузошт.

– Чӣ шуд? Ариза навиштанд? – гӯшаки телефонро гузошта пурсид ҷавонмард.

– То ҳол се бор хато карданд, – мужда дод котиба. – Чорумашро менависанд. – Э-ҳе, ба ин аҳвол корхона касод мешавад-ку? Коғаз бепул не, – киноя зад ҷавон. – Тезтар нависед. Дар берун одамон бисёр. Ҳа нагуфта пешин мешавад.

Ҷавонзан «пешин мешавад» гуфтани ҷавонро шунида, гуруснагии худро ҳис кард. Охир пагоҳӣ ношто накарда ба роҳ баромада буд. Аз гушнагӣ буд ё ҳаяҷон дасташ меларзид. Ниҳоят аризаро навишта, ба Фотеҳ Неъматович дод. Ҷавон ба ариза як чашм давонд.

– Мешавад. Ҳуҷҷатҳоятонро диҳед, – гуфт.

Ҷавонзан аз борхалтаи сафед папкаи ҳуҷҷатҳоро гирифта дароз кард.

– Ман ин папкаро чӣ мекунам? – дод зад ҷавонмард. – Шиносномаатонро...

– Шиносномаи худамро? – ба худаш ишора намуд.

– Гувоҳномаи шумо гум шуд? – абрӯ чин кард ҷавонмард.

– Не, гувоҳномаи модарам.

– Э, тавба. Чаро ҳаминро барвақттар намегӯед?

– Ман нав гуфтам, ки модарам дар шаҳр...

– Гувоҳномаи модаратон даркор бошад, худашон оянд,

– дарғазаб аризаро пеши ҷавонзан партофт. – Қариб як соат вақтамро гирифтед Равед худашон биёянд.

– Худашон омада наметавонанд, – овози ҷавонзан ларзид.

– Чӣ?

– Беморанд. Аз ҷой ҷунбида наметавонанд.

– Не, намешавад, равед, – гуфт ва рӯй ба котиба овард:

– Дигарашро ҷеғ занед.

– Илтимос, акаҷон ёрдам кунед, – гиря гулӯгираш кард.

– Се моҳ боз барои ҳамин ҳуҷҷатҳо сарсону саргардонам.

Як ҳуҷҷатро тайёр кунам, дар дигараш камбудӣ мебарояд. Кайҳо ба пенсия баромаданашон даркор буд. Ҳамин ҳуҷҷатҳоро гуфта, ба қафо меафтад. Илтимос, акаҷон, ёрдам кунед.

– Намешавад. Ба як кас нағзӣ мекунам гуфта, ба бало гирифтор шуданро намехоҳам. Равед! Вақтамро нагиред. – Хоҳиш мекунам, акаҷон. Саломатии худам ҳам нағз не. Аз роҳи дур омада рафтанам душвор.

пешина
аз 10
навбатӣ