Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ало...

Салоҳиддин овозро шинохт.

– Салом, писарам.

– Ассалом. Шумо нағз-мӣ?

– Ба ман телефон кун. Маблағи телефон камтар...

– Хай, – гуфт ҷавон ва телефонро хомӯш карду баъди андак занг зад.

– Ҳа, дада. Чӣ гап? Нағз ҳастед?

– Туро аз саҳар безобита кардам...

– Не. Дар мо пешин. Чӣ гап? Тинҷӣ?

– Бо як илтимос телефон карда будам. – Худам ҳам ҳайрон шудам, – норозиёна гуфт ҷавон. – Чӣ хел ман ба ёди дадем омадам гуфта.

– Чӣ гап?

– Хоҳарат бемор аст.

– Чӣ хел хоҳар? Ман хоҳар надорам...

– Аҳволаш вазнин. Ҳозир дар беморхона. Барои ҳамин...

– Дар ман пул нест. Пулам дар дасти холем.

– Писар доштанатон акнун ба ёдатон расид? Баъди вафоти модарам зани ба ман баробарро овардед. Шарматон ҳам наомад. Боз ҳамроҳи духтараш.

– Ду сол боз дар мусофириям. Ягон телефон кардед?

– Рақаматро ба наздикӣ гирифтам.

– Пул даркор шуду гирифтам гӯед.

– Қарз мепурсам. Албатта бармегардонам.

– Пулам дар холем. Дар ман пул нест.

– Ба холаат...

– Ба холем гӯям, «ақлатро хӯрдаӣ. Ба падари занбозат пул нест» мегӯянд. Духтаратон, – таънаомез гуфт ҷавон, – бемор бошад, Худо давоша диҳад. Лекин давоша додагеш мушкил. Шумо ду занро гӯрондед. Дар сеюмаш занатонро нею духтарашро ҷавонмарг.., – давоми суханашро фурӯ бурд.

Мард ором гӯш мекард. Ангор ба чунин таънаю маломатҳо одат карда буд. Аслан писараш ҳам ба маъное ҳақ буд.

– Ман дар кор будам. Пула аз холем гиред, – гуфт ҷавон ва телефонро хомӯш кард...

Беҳзоди Мурод беморонро аз санҷиши тиббӣ гузаронда, ба хонаи корӣ баргашт. Пеши Шукрона нарафт. Ният дошт вақти бозгашт дарояд. Камтар нишаста, дар бораи Хушнуда фикр кард ва ба саволҳои худ ҷавоб ҷӯё шуд.

Нафаси жарфе кашида, аз ҷой хесту либосҳояшро иваз кард ва ба палатаи Шукрона роҳ пеш гирифт. Палатаро холӣ дида, парешон шуд. Бошитоб қафо баргашта, парастори масъул Дилраборо пурсид. Хонааш рафт, гуфтанд. Саросема ба қабулхона даромада, ҳамаи маълумоти Шукронаро гирифт ва ба утоқи худ баргашт.

Беҳзоди Мурод коғазҳоро як-як аз назар мегузаронд ва варақеро гирифта, бодиққат чашм давонд.

– Ҳавасова Шукрона Нозимзода, – зери лаб хонд ва чашм аз коғаз канда, бо тааҷҷуб:

– Шукрона духтари Нозимака? Ман хато накардаам, – гуфт ва давоми маълумотномаро хонд:

– Соли таваллуд 2014... Манзили зист...

Беҳзоди Мурод коғазро то охир хонду маълумотнома дар даст ба берун баромад ва фурсате нагузашта баргашт. Рост пеши говсандуқи гӯшаи хонаи корӣ рафта, аз даруни он ручкаеро гирифту дар бағалкиса андохт ва ба берун шитофт...

Салоҳиддин аз ду-се нафар ронанда илтимос кард, ки телефонашро харанд.

– Ин телефон аз «муд» мондагӣ. Кӣ онро мехарад? Ҷойи ин телефонҳо партовгоҳ, – писханд зад яке аз онҳо.

Ноилоҷ бозор рафт. Новобаста аз карантин бозори деҳқонӣ аз одам лаб мезад. Ҳама халта-халта маҳсулот мехариданд. Гӯё, гушнагӣ омадааст. «Шикампарастон.

Ҳеч касро бо дигаре кор нест. Шиками худам сер шавад мегӯянд» аз дил гузаронд Салоҳиддин ва ба мағозаҳо як-як сар халонд. Мешитофт. Мехост ҳарчи зудтар харидор ёфта, телефонро фурӯшад ва Самарқанд равад. Аз ҳоли духтараш хавотир мекард. Гарчанд Шукрона духтари Салоҳиддин набуд, ӯро фарзанд­ вор дӯст медошт. Меҳрубонӣ мекард, ғамхорӣ менамуд. Шукрона Салоҳиддинро амак мегуфт ва падарвор эҳтиром мекард.

Онҳо беш аз як сол якҷоя зиндагӣ мекарданд. Мард он рӯзҳоеро, ки баъди ба хона роҳ додани Хушнуда ба сараш омад, то ҳол фаромӯш накарда буд. Аввал дар маҳалла байту ғазал шуд, ки Салоҳиддин зану духтар доштааст. Баъд гуфтанд, зани дуюми худро азоб дода, ба худкушӣ маҷбур кардааст. Боз ба гап дигар хел ҷома пӯшонида, хонаву ҷойро ба номи зани сеюмаш гузарондааст, гуфтанд. Ин мишмишро хоҳарони зани якуми Салоҳиддин фаҳмида, чанд маротиба Хушнударо зери мушт гирифтанд. Таънаю маломат намуданд, ки «дар Салоҳиддин меросхӯр ҳаст. Писар дорад. Ин хонаву дар мулки писари ягонаи ӯст».

Салоҳиддин ҳам аз гапу гаштаки мардум қимоб шуда буд. Лекин барои аз хона берун кардани Хушнуда ва Шукрона ҷуръат намекард. Ба духтарча дилаш месӯхт. Ғайр аз ин, онҳо ба ҳаёти ӯ аз нав фурӯғу шодӣ оварда буданд.

Ниҳоят, Хушнударо ба никоҳи худ гирифту гапи мардум камтар шуд...

Салоҳиддин бозорро давр зада, аранг харидор ёфт ва телефонро бо нисфи нарх фурӯхт...

Беҳзоди Мурод аз рӯйи маълумотнома манзили истиқоматии Хушнударо ёфт. Чунин амал накунад ҳам, номардӣ мешуд. Чунки Хушнудаву Шукрона барои ӯ на инсонҳои бегона, балки шахсони бениҳоят азиз буданд.

Дари хона нимабоз меистод. Занги дарро ҷуста наёфт.

Бо даст кӯфтани буд, аммо дарро ба рӯяш қуфл кардани

Хушнударо фикр карда, аз ин нияташ баргашт. Дарро оҳиста кушоду дарун даромад. Аз хона бӯйи заҳ ба димоғ мезад. Айвон гилем надошт. Танҳо дар пеши дар латта29 пораи сафеде ва дар болои он ду пойпӯши занона меистод.

Гулкоғазҳои девор кӯҳнаву рангпарида ва қисми поёни девор аз заҳ канда шуда буд. Дар болои дари хона соати вайрон овезон меистод. Дили Беҳзоди Мурод гирифт. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ӯ дар чунин шароит зиндагӣ кардани ин хонаводаро тасаввур намекард. Охир Нозим ва Хушнудае, ки барои ӯ азизу гиромиянд, умуман олами дигар доштанд. Одами дигар буданд. Чӣ ҳодиса рух дод?

Кӣ онҳоро ба ин аҳвол гирифтор кард?

– Ин ҳама сазоям аст. Мазаи атолаи бемазаи худро мечашам, – аз дарун овози Хушнуда ба гӯш расид. Вай гирякунон аз бебарории рӯзгор ва ноомади кор шикоят мекард.

Аз Худо ба дарди духтараш шифо мепурсид.

Беҳзоди Мурод он чизеро, ки гулӯгир мекард, фурӯ бурда, ашки чашмонашро бо дастрӯмол тоза кард ва оҳиста овоз баровард:

– Апа... Апаи Хушнуда.

Хушнуда саросема пеши дар омад ва дар айвон шифокорро дид:

– Шумо? Ба пули шифохона омадед? – гиряолуд пурсид.

– Шавҳарам ояд, пулро месупорем. Ҳозир пул надорем,

– рӯяшро бо даст пинҳон карда, кӯдаквор гиря кард. Гӯё кӯдак буду аз ӯ шоколоди дасташро рабуда буданд...

Рӯз пешин мешуд, Салоҳиддин ба истгоҳ баргашт. Дар мошини сабукраве нишаст. Ӯ аввалин мусофир буд. Ронанда боз се одами дигар гирад, баъд ба роҳ медаромад.

– Шукрона, исто? – аз кӯча овози зане баланд шуд. Салоҳиддин, ки саргарми хаёл буд, ба тарафи овоз нигоҳ кард. Зане аз дунболи духтарчааш медавид. Пеши чашми мард Шукрона намоён шуд ва дили мардро ба дард овард.

Охир се моҳ боз надида буд. Дар ин байн хоҳари зани якумаш омада, онҳоро аз ҳавлӣ берун карду дару дарвозаҳоро қуфл зад. Модару духтар ноилоҷ аз хонаҳои бисёрошёна ба иҷора хона гирифтанд. Қариб ду моҳ боз дар иҷора зиндагӣ мекарданд. Салоҳиддин оҳ кашид ва беихтиёр аз чашмаш ашк баромад.

Мард гиря кард... Мегӯянд, гиря ба мард намезебад.

Аммо ин зиндагист. Гоҳо чунон масрур месозад, ки аз чашм ашки шодӣ мебарояд, аммо бештар бо ғам мегирёнад. Ҳарчанд мағрур аст, иродаи мустаҳкам дорад, дили сангин насиб кардааст, боз гиря мекунад.

Салоҳиддин азоби Шукронаро пеши рӯ оварда, гиря кард.

Дар азобҳои ӯ худро гунаҳкор ҳисобида гиря кард.

Аз пайваста ба наздиконаш ғам додани худ гиря кард.

Аз дард, алам, кӯтоҳдастӣ, ночорӣ ва номуродӣ гиря кард...

Дар кунҷи хона як гилеми хурд ва дар як гӯшаи он чанд кӯрпачаро рахт зада буданд. Қисми боқимондаи хона урён. Шукронаи беҳолу бемадор ба шифокор ҳайрон-ҳайрон менигарист. Чашмонаш фурӯ рафта, лабонаш парсин баста буданд. Нигоҳҳояш дард доштанд ва жарфжарф нафас мекашид.

Беҳзоди Мурод дар паҳлуи ӯ нишаста буд.

– Манзили хонаро аз куҷо ёфтед? – пурсид Хушнуда.

– Аз маълумотнома, – гуфт Беҳзоди Мурод ва пас аз сукути кӯтоҳ илова кард:

– Чаро аз шифохона гурехтед?

– ... – Аз Шукрона тест гирифтан даркор.

– Мо барои тест пул надорем...

– Тест бепул аст. Кӣ аз шумо пул пурсид?

– Очаҷон, об, – гуфт Шукрона.

Хушнуда рафта дар даст об баргашт.

– Об ҷӯшидагӣ аст? – пурсид Беҳзоди Мурод.

– Не. Оби хунук.

– Оби хунук мумкин не...

– Барқ нест, – обро ба Шукрона нӯшонд. – Се рӯз пеш кормандони Бюрои иҷрои ҳатмӣ омада, қарз доред гуфтанду барқро ҳам, газро ҳам хомӯш карда рафтанд.

Беҳзоди Мурод хиҷил гашт ва бо оҳанги илтимос гуфт:

– Либосҳои Шукронаро пӯшонед. Шифохона меравем...

Нисфирӯзӣ мошин пур шуд. Мусофири охирин аз ронанда бисёр хоҳиш кард, ки роҳкироро арзонтар кунад.

Ронанда не гуфта, ҳазор ваҷҳу баҳонаро пеш овард. Мусофир ноилоҷ розӣ шуд ва мошин ба роҳ баромад.

«Нархи роҳкиро чаро боло рафта бошад? Роҳ ҳамон роҳ, нархи сӯзишворӣ ҳамон нарх. Чун ҳамешагӣ чор одам мегиранд. Агар ҳозир чаро қимат гӯем, баҳона тайёр: карантин. Аҷаб баднафсанд ин одамон. Аз мурда кафан умед мекунанд» дар худ фикр кард Салоҳиддин ва дида ба берун дӯхт...

Беҳзоди Мурод ҳамроҳи Хушнуда ва Шукрона ба шифохона баргашт ва ба назди сардухтур даромада вазъиятро фаҳмонд. Бо супориши таъҷилии сардухтур шифокорон аз пайи муолиҷаи Шукрона шуданд.

пешина
аз 10
навбатӣ