Зеҳн
Шаби ялдо

Фаридуни Фарҳодзод, Аз байни ҷавонони насрнавис Фаридун бо сабку услуби худ фарқ мекунад. Ҳикояҳои вай мухлисони худро доранд. Ин маҷмӯаи нахустини Фаридун аст, ки бо банду басти ба худ хос манзури китобдӯстон мешавад.

Валиев Султон · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дунё, ки ором шуд, модарон нотарсида бо кӯдакони худ ба хиёбонҳо мебароянд. Ту ҳам дар байни онҳо ба худ дӯсту рафиқ пайдо мекунӣ, шери оча. Дӯстонат зиёд мешаванд.

– Ман ҳамроҳи онҳо рақсида хурсандӣ мекунам-а?

– Ҳа.

– Дар ид ба шумо гулдаста туҳфа мекунам, ба падарам китоб медиҳам.

– Чаро ба падарат китоб?

– Охир, падарам китобхониро дӯст медоранд, аз ин рӯ, китоб ҳадя мекунам. Ба шумо аз чунин гулҳои хушрӯ, – ба гулдастаи дасти духтараке, ки дар телевизор нишон медод, ишора кард писарак, – як гулдастаи калон ва як либоси заррини қиматро мебиёрам.

– Барои ин қадар туҳфа пули бисёр лозим аст. Пулро аз куҷо мегирӣ? – дар лабони зан хандаи малеҳе гул кард.

– Ман кор мекунам, пули зиёд меёбам. Баъд, ба шумову падарам туҳфаҳои ҳархела мехарам.

– Эҳ, шери оча-е, – писаракро ба канор кашид зан ва маҳкам оғӯш кард. – Илоҳо, Худованд ба муродат расонад.

Ҳамаи ҷангу хунхӯриҳо тез анҷом ёбад. Осудагиву озодие, ки орзуи мост, зуд расад ва ту ҳаргиз армонбадил намонӣ, шери оча, – гуфт зан ва аз ҷо бархост.

Аз телевизор як гурӯҳ бачагонро нишон медод, ки дар ҳамвориҳои васеи сабзадамида медавиданду бодбарак мепарронданд.

– Модарҷон ин бачаҳо чӣ кор мекунанд? – дубора савол дод писарак.

Зан дар даст косаи биринҷ омада нишаст. Биринҷро рӯйи матое рехта, ба тоза кардан машғул шуда гуфт:

– Бодбарак мепарронанд. – Бодбарак чист?

– Чизест, ки бачагон аз коғазу чўбҳои борик ва ширеш месозанд.

– Барои чӣ месозанд?

– Онро сохта аз як гӯшааш ресмон мебанданд ва дар вақти вазидани бод ба ҳаво сар медиҳанд. Он бо шамол дар само парвоз мекунад. Бодбараки касе, ки аз ҳама боло парвоз кунад, ғолиб мегардад.

– Шумо ба ман ҳам бодбарак созед, очаҷон. Ман ҳам мехоҳам бодбаракбозӣ кунам.

– Дар куҷо бозӣ мекунӣ? Онро дар хона бозӣ намекунанд, барои он ҷойи кушоду васеъ лозим. Бачаҳоро бин, дар дашти калон бодбарак мепарронанд, – ба телевизор ишора кард зан.

– Ман ҳам дар ҳамвории назди хона бозӣ мекунам.

– Ҳеч гоҳ! – чун нафаре, ки аз чизе тарсидааст, дод зад зан. – Дар ин бора асло фикр ҳам накун. Магар суханони падаратро фаромӯш кардӣ, ки агар аз таҳхона берун бароед, гӯшҳоятонро мебурам, гуфта буданд?!

– Чаро набароям?

– Падарат набаро гуфтанд, пас баромадан даркор не!

– Ман одами ганда не-ку.

– Кӣ туро ганда гуфт?

– Худатон гуфта будед, ки одамони гандаро дар як хона гузошта ҷое рафтан намемонанд. Ман бачаи боодоб-ку,

– димоғсӯхта гуфт писарак, – чаро ба ман берун рафтан мумкин не?

– Чунки ҳамон одамони ганда – гапнодарову якрав, бераҳму бадкирдор аз хонаҳояшон гурехтаанд. Ҳозир онҳо дар кӯчаҳо мегарданд. Агар бачаҳои боақлу боодобро бинанд, гирифта мераванд.

– Куҷо мебаранд?

– Ба ҷойҳои бад.

– Чӣ хел ҷойҳои бад? Ба ҳабсхона...

– Ба ҷое, ки аз ҳабсхона ҳам бадтар аст, – сар боло кард зан ва дида ба телевизор дӯхту фирефтаи хаёл шуд.

– Ман онҳоро «диш-диш» мезанам ва аз дасташон гурехта ба хона меоям.

– Ту наметарсӣ?

– Не-е, наметарсам, – бо забони ширини бачагонаи худ ҳарф мезад писарак.

– Ҳамин шерписари модар саломат бошад-е, – гуфт зан ва биринҷу маторо гирифта назди оташдон рафт.

Писарак бошад, аз назди телевизор намеҷунбид. Дар он овозхоне ба сурудхонӣ даромад. Писаракро оҳанги шӯху садои гӯшнавоз ба ваҷд овард магар, аз ҷой хеста рақс кард.

Модар аз дастафшонию китфҷунбониҳои нури дидаи худ хушнуд гардида, ба кафкӯбӣ даромад. Писарак модарашро низ ба рақскунӣ кашола кард, аммо зан ҳамоно нишаста қарс задан гирифт. Писарак дар атрофи ӯ парвонавор давр мегашт, хушнудии ҳар ду ҳадду канор надошт, механдиданд, меболиданд… Баъд аз анҷоми савту суруд барномаи дигаре оғоз шуд, ки дар он дӯшизаи хушлибосу хушсурате дар хусуси тарзи сохтани бодбарак ба сухан гуфтан пардохт. Бача аз телевизор чашм намеканд ва ҳар як ҳаракати дасти духтарро, ки бодбарак месохт, аз назар дур намемонд. Пас аз хотимаи барнома писарак дарҳол ба хонаи поинӣ даромада, дар даст чанд чӯби дароз ба боло баромад.

Аз рӯйи миз, ки дар он як даста рӯзномаю маҷалла мехобид, як газетаи калонро гирифт. Сипас, аз модар хоҳиш кард, ки риштаю рес­ мон диҳад.

– Риштаю ресмонро чӣ мекунӣ?

– Бодбарак месозам.

Зан як ғалтак ва ресмони дарозеро оварда дар пеши писарак, ки дар миёнаи хона машғули кор буд, гузошт. Пас аз фурсате кушодашавии дари боло шунида шуд. Марде, ки ришу мӯйҳояш расида буданд ва дар сар дастору дар бар либосҳои суриёӣ дошт, аз зина поён омад. Ин сарвари хонадон Ҳозиқ буд. Дастор, гарданбанд, милтиқ ва ҳалқаи тирҳоро ба мех овехта, дар паҳлуи писар нишаст. Писа65 рак саргарми кор ба ӯ эътиборе надод.

– Чӣ кор мекунӣ? – пурсид мард, ки овози ғафси нофорам дошт.

– Бодбарак месозам.

– Метавонӣ?

– Ҳа, – сар аз кор набардошта бо боварии комил гуфт бача.

Мард якпаҳлу нишаста ҷаҳоннаморо ба шабакаи дигар, ки доир ба навигариҳои ҷаҳон хабар медод, гардонд. Писарак пас аз заҳмати тӯлонӣ бодбаракро сохт.

– Ана, тайёр шуд, – рӯ ба падару модар овард. – Чӣ хел шудааст?

– Бениҳоят хуб аст, шери оча, – таъриф кард зан.

Мард нигоҳи ҷиддие афканду ҳарфе нагуфт. Писарак бодбаракро оҳиста дар болои миз гузошт ва ба пеши модар омад...

Субҳ писарак аз садои табарзании падар, ки дар ошхона ҳезум пора мекард, бедор шуд ва дарҳол ҷониби миз нигоҳ кард, ки бодбарак дар ҷояш ҳаст ё не.

– Хез, шери оча, дасту рӯятро шӯй, чой мехӯрем, – меҳрубонона гуфт зан.

Мард аз хонаи дарун бо димоғи сӯхта баромад. Аслан ӯ доимо чунин малулу парешон буд. Ҳамеша бо лунҷу димоғи овезон мегашт. Ба касе рӯйи хуш намедод. Чой мехӯрданд, ки аз берун садои тир баланд шуд. Магар дар наздикиҳои хона тирпарронӣ мешуд, ки овози он баръало ба гӯш расид.

– Ҳазор лаънат, – мард бо мушт ба як гӯшаи миз чунон кӯфт, ки писарак як қад парид, – то кай ин ҳол давом мекунад?! То кай ин мардуми ғофилу кофар ба мо муқобилат мекунанд?! – дод зад мард. – Мо бояд тезтар ҳаракат кунем, зудтар мақсади хуро амалӣ созем. Танҳо ҳамон вақт ба озодии асл расиданамон мумкин аст, фақат дар ҳамон маврид.

– Ҳамин корҳо чӣ лозим бошад? – норозиёна гуфт зан.

– Ту чиро ҳам мефаҳмӣ? – писханд зад мард. – Мо дар сари шоҳроҳи бузург қарор дорем. Иншоаллоҳ, Офаридгори ягонаву беҳамто моро ба мақсадамон мерасонад. Мурдани ин мардуми ғафлатзада ва кофар муқаррар аст, аммо кай мурданашон аён нест! Парвардигоро, – даст ба дуо кушод мард, – барои иҷобати орзуи ягонаи мо худат ёрӣ расон, чашмони бандагони ғофилро боз кун, ба дилашон нуру зиё ато фармо ва дар роҳи ҳақ ба онҳо роҳнамо бош, – даст ба рӯй кашид ва аз ҷой хеста, абзори кӯчаравиро пӯшида, туфангро ба даст гирифт. Вақте ки баромада рафт, нигоҳи қадбону дар нуқтае ях карда буду ҳарфе намезад...

Ақрабаки соат аз пешин шудани рӯз хабар медод. Писарак бодбаракро дар канор гирифта ба он ресмон мебаст.

Зан хамир мекард.

– Шери оча, аз ошхона ба боло ҳезум барор.

Писарак бодбаракро гузошта ба хонаи дарун даромад ва дар оғӯш чанд чӯб аз зина боло шуд. Ҳезумро дар қафои дар гузошта бозмегашт, чашмаш ба равшание бархӯрд, ки аз як гӯшаи тиреза вориди айвон мешуд. Қадам шумурда ба наз­ ди тиреза омад ва як гӯшаи матои кӯфташударо бардошту ба берун нигоҳ кард. Хуршед медурахшид. Аз замин сабзаҳои нав сар боло мекарданд. Яқинан шамол мевазид, ки шохҳои чанд дарахти ҳамворӣ ба ҳар ҷониб меҷунбиданд.

«Дар ин шамол бодбарак чӣ хел парвоз мекарда бошад?», аз дил гузаронд писарак. Поён фаромада боз ҳезум баровард ва бори дигар ба берун нигоҳе афканд.

Ҳамоно шамол шохи дарахтону рӯйи саб­ заҳоро сила мекард. Ба назари писарак, ки чанд вақт боз табиати берунро надида буд, ҳамвории хароби назди хона чун як замини биҳиштӣ менамуд. «Як маротиба бодбаракамро парронам, чӣ мешавад? Оре, як бор парронам шуд буд, зуд баргашта ба хона медароям. Дарҳол дароям модарам ҳам пай намебаранд», дар худ андешид писарак ва поён омада, ҳамроҳи чанд ҳезум бодбаракро гирифту ба боло баромад. Модар саргарми корҳои худ аз ҳаракатҳои ӯ бехабар монд. Ҳезумро гузош­ та назди даре рафт, ки ба қафо кушода мешуд ва ба ҳамвории фарох мепайваст. Зулфини онро кушод.

Аммо дудила шуд, «падарам фаҳманд, гӯшамро мебуранд», аз хаёл гузаронд ва зулфинро аз нав маҳкам карда пас гашт. Дар сари зина истод, вале ҳаваси бодбаракпарронӣ аз таъкиди падар ғолиб омад. Дубора назди дар омаду онро оҳиста во намуд. Насиме рухсори писаракро навозиш кард. Ӯ оҳиста ба самти берун по ниҳод, дилаш сахт метапид. Ба атроф чашм давонд, чизе ба назар намерасид. Дуртар аз хона чанд бинои пасту баланд маълум буду халос. Писарак барои паррондани бодбарак ҳаракат кард. Пас аз ду-се кӯшиши баабасрафта бодбарак камтар боло шуд ва зуд поён омад. Бача ноумед нашуда, барои ба парвоз овардани бодбарак сайъ кард ва ниҳоят, бодбараки ӯ ба ҳаво бархост. Писарак рӯ-рӯйи замини сабзгунаи нарми баҳорӣ чун баррачаи ширхор давид ва аз парвози бодбарак дар худ нағунҷида, беихтиёр садо баланд кард:

– Ӯҳӯ-ҳӯ-ҳӯ-ҳӯ, бодбараки ман парвоз кард, бодбаракам парвоз кард. Ӯҳӯ-ҳӯ-ҳӯ, бодбараки ман пар… – садои тир баланд шуду овози писарак дар гулуяш монд ва сабук ба рӯйи замин афтод, ресмони бодбарак аз дасташ раҳо шуд.

Зан, ки машғули нонросткунӣ буд, садои тирро шунида дасту по хӯрд ва зуд ба боло шитофт. Ӯ ҳамин ки дари қафои хонаро боз дид, мадор аз дасту пояш рафт.

Худро ба берун зад ва писаракро афтода дида ба сӯяш дартоз шуд.

Вазиши шамол сахттар шуда буд, бераҳмона ба сару рӯйи зан ҳамла мекарду намегузошт, ки пеш равад, ангор мехост ӯро аз роҳ бозгардонад.

Ҳайрати кас меояд, ки чӣ тавр дар як фосилаи кӯтоҳ насими баҳорӣ ба шамоли зиштхӯй тадбил ёфта буд. Зан на парвои хор дошту на сангу на шамоли тунд. Худро ба назди писар расонида ҷигарпораи хешро оғуштаи хун дарёфт.

Модар нишаста, чун модашер наърае кашиду навҳакунон сари писарро рӯйи зону гузошт. Писарак бо чашмони нимароғ, бо овози гӯшшунав гуфт:

– Оча… очаҷон… бод… бод… бодбараки ман… парвоз… кард…

Зан дубора наъра кашид. Ашкрезон аз дастону чеҳраи дилбанди худ бӯсидан гирифт. Писаракро оғӯш карду дар бағал бардошт ва ду қадам гузошта буд, ки бори дигар садои пайи­ ҳами тир баланд шуд…

Зоғони сиёҳ ба ҳар ҷониб парвоз мекарданд, «қар-қарқар»-гӯён ошӯберо барпо менамуданд. Гӯё ба ҳам мегуфтанд, ки аҷаб махлуқест ин одамизод, ҳеч аз рехтани хуни якдигар хаста намешавад…

Бодбараки аз дасти кӯдак раҳогардида болотар аз замини хунолуд дар осмони дудолуди шаҳри Ҳалаби Суриё парвоз мекард…

Тирамоҳ. Офтоб сар ба уфуқ мениҳод. Домани осмон лолагун буд. Табиат баргҳои дарахтонро чун қолинбофи моҳир рӯйи замин густурда буд, ки зери нурҳои заррини офтоб гилеми тиллорангро мемонд.

Мардум, ки дар гармо зери сояи дарахтон паноҳ бурда, фароғат доштанд, ҳоло баргҳоро зери по мекарданд. Хазонбаргҳо ҳар лаҳза «хиш-хиш» садо мебароварданд ва баробари вазидани шамолаке аз ҷӯйбору канори роҳравҳо ҷой мегирифтанд.

Баъди пешин дар зери шикам сӯзи дардеро ҳис кардам.

Азбаски то пешин гарди хонаҳоро тоза ва ҷомашӯйӣ карда будам, дардро оқибати меҳнати зиёд донистам. Сӯзиш гоҳ-гоҳ пайдо мешуд. Вақте ки такроран сар мезад, аз пештара шадидтар мегардид. Пеши хушдоманам рафтам.

Кайфар - ҷазо, сазо, подош; мукофоти некӣ ва бадӣ.

– Намекунам не, мекунӣ! – амр кард Инъом.

– Барои чӣ? Ман мехоҳам зиндагӣ кунам, – овози Ситора меларзид.

– Ин барои ояндаи мо муҳим аст.

– Ояндаи ман гӯед, – гиря кард. – Намехоҳам духтарчаамон дар дасти модарандар азоб кашида, калон шавад.

– Ман зан намегирам.

– Шумо чунин мегӯед, аммо…

– Касе ба ҳаёти ман дахолат карда наметавонад.

– Хай гӯед, ки чаро худкушӣ кунам? Барои чӣ? – оби чашмонаш сарозер поён меомаданд. – Дидаву дониста худро бо марг ҳукм кардан. Ин барои чӣ лозим?

– Барои ояндаи дурахшон. Баҳри шуҳрат ёфтани ман лозим.

– Наход кас завҷаашро кушта шуҳрат ёбад?

– Ман эҷодкор ҳастам. Бояд «пиар» кунам.

– Чӣ хел «пиар?» – дарғазаб рӯ ба шавҳараш овард.

– Одамон барои худмуаррифӣ чӣ корҳо намекунанд.

Мо ҳам туро ҳангоми таваллуди кӯдак вафот кард мегӯем ва ман чун шавҳари вафодору содиқ то охири умр муҷаррад мемонам. Маҳз бо ҳамин роҳ дар байни аҳли эҷод ном мебарорам. Шуҳратёр мегардам.

Номи ту ҳам дар таърих мемонад.

– Марги чунин ном, ки бо худкушӣ монад…

– Бас! Барои ояндаи ман, эҷодиёти ман муҳим…

– Илтимос, – Ситора назди шавҳараш омада, дузону нишаст ва аз дастони ӯ дошт. – Илтимос, мекунам.

Маро маҷбур накунед. – Ин роҳи ягона аст ва имкони интихобу илоҷи бозгашт нест. Ту бояд инро хӯрӣ! – шишачаро аз миз гирифта ба дасти Ситора дод.

Жолаи наргис аз гунаҳояш ба фарши хона мерехт.

– Ба духтарамон Ёдгора ном мегузорам. Ёдгор аз ту ва аз муҳаббати мо.

– Чӣ хел муҳаббат? – дод зад Ситора.

– Аз мо хавотир накун. Ман барои духтарамон ҳамаи шароитро муҳайё мекунам.

Зан аз ҷояш бархост. Назди тирезаи ягонаи утоқ рафт. Мехост шишачаро берун партояд.

– Агар нахӯрӣ, ман духтарамонро кушта, туро талоқ медиҳам, – аз мақсади Ситора воқиф гардида, бепарвоёна гуфт Инъом. – Медонӣ, ки ин кор аз дастам меояд.

Зан жарф нафас кашид ва бо остин ашки чашмонашро тоза кард.

Мард назди тиреза омад ва аз китфи завҷааш дошт.

– Доруро хӯрда, шишачаро берун парто. Барои ояндаи ман, худат ва духтарамон Ёдгора, – оромона дар зери гӯши Ситора гуфт ва рафт.

Мард бошитоб аз зинаҳо поён фаромада, ба дарвоза наздик рафта буд, ки садои зане баланд шуд. Ба қафо нигоҳ кард. Ситора худро ба замин партофт...

– Не-е-е, – аз ҷой ҷаста хест Инъом. Хоби даҳшатнок дида буд. Дасту пояш меларзид. Тамоми баданаш дар обу арақ ғӯтида буд. Телефон беист занг мезад.

Аранг аз ҷой хеста, назди телефон рафт ва бо дастони ларзон гӯшакро гирифту аз рӯи одат ором гӯш кард.

– Писарам як соат боз телефон мекунам, – овози модарашро шунид. –Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Нағз-мӣ ту?

– Чӣ гап, модарҷон? – бо тарс пурсид.

– Муборак шавад, падар шудӣ. Келин духтарча таваллуд кард. Аҳволи ҳамсарат ҳам, духтарчаат ҳам нағз. – ...

– Ало, писарам, ало…

– Фаҳмидам модарҷон, фаҳмидам, – дар ҷой нишаст

Инъом. Намедонист, ки хоб аст ё бедор...

пешина
аз 10