ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
АВЛИЁИ СОҲИБКАРОМОТ
Садои занги телефон баланд шуду онро Ҳомиддин бардошт.
- Ассалому алайкум, - гуфт Хидиралӣ худро шиносонида. Ҳамсояи рӯ ба рӯ беҳ аз ду ҳамсояи паҳлӯ гуфтаанд мақол зад вай. Ту ҳамсояи рӯ ба рӯ шуда, як боракак аз ҳоли банда хабар намегирӣ? Ҳамсоя ба сарам соя мегӯянд дар урфият.
- Чӣ хизмат буд, ака? - пурсид Ҳомиддин ва дар дилаш алов афтод, ки ин ҷо дар таги коса нимкосае ҳаст.
- Як маслиҳатча буд,
- гуфт Хидиралӣ. Агар тавонӣ, як сари қадам ба кулбаи мо биё.
- Хуб шудааст, ака, - шунида шуд овози Ҳомиддин аз он тараф.
- Андаке нагузашта Ҳомиддин мушхандакунон аз рӯи ваъда ба хонаи Хидиралӣ сар халонд.
- Умри сабилмонда мисли оби ҷӯй тез мегузаштааст, баъди як пиёла чой ба сари мақсад омад Хидиралӣ. Гӯё дирӯзакак буд, ки буҷулбозию чиликдангал мекардем.
Чанд моҳаке шудааст, ки ба нафақа баромадам.
- Аҷаб хубе, пирию дамгирӣ мегӯянд. Акнун сари пирӣ дар сояи давлати фарзандон истироҳат кардаю ғубори дил бароред, ака.
- Истироҳат куҷо, - гуфт Хидиралӣ. Бачаҳо мегӯянд, ки бикаш хирвича, бизан ревича. Онҳо маро ғулом карданианд. Ман аз хирвичкашӣ ҳам безораму аз ревичзанӣ ҳам.
- Аз дасти ман чӣ кор меояд? - бо ҳайрат пурсид
Ҳомиддин. - Исто, ки кор аз мӯи сар зиёду дастам ба сархорӣ намерасад гуфтӣ. Пурсиданро айбаш нест, ҳоло дар куҷо кор карда истодай? - аз таги дили Ҳомиддин даромад Хидиралӣ.
- Шӯхӣ кардам, ака, магар ҳамин вақтҳо кор ёфтан осон аст?
- Яъне хӯҷаини ҳавои тозаам гӯед? - хандид Хидиралӣ.
- Овлоҳума ҳақ асту рост. Замин сахту осмон баланд.
- Ин тавр бошад, биё, як ҳиллаи шаръӣ мекунем.
- Чӣ хел ҳиллаи шаръӣ будааст, ака?
- Ба кордон - кор осон. Ту дар ҳар куҷо таърифу саловот карда мегӯӣ, ки Хитралӣ, э Хидиралӣ муллои зӯр асту Масеҳонафас. Даму дуояш мурдаро зинда мекунад.
- Охир...
- Охир, - похираш нест, - сухани Ҳомиддинро қалам кард Хидиралӣ. Шукр, чорқулҳоро чалла - пала аз ёд медонам. Дар андак вақт корда болои равған мешаваду сағераҳоят шикамсерӣ рӯи нонро мебинанд.
- Маслиҳат пухту Ҳомиддин миёни одамон садуяк каромату муъҷизаҳои дигари шунидаашро бо обуранг ба сифатҳои пири маънавияш беширеш мечаспондагӣ шуд. Ба ноҳияҳои дурдаст рафта, одамонро бовар мекунонд, ки дар деҳаи онҳо як авлиёи барҳақе пайдо шудааст, ки мондан гиред. Дилбин асту даму дуояш алмос.
- Давои дили бемор - тумор. Мардум бо умеди шифо ёфтан ба хонаи авлиёи навбаромад бо назру ниёзи зиёд турнақатор омадан гирифтанд. Хидиралӣ ба Ҳомиддин дурбине доду, фармуд болои бом баромада, одамонро назорат намояд, ки онҳо чи меоранд ва зуд омада ба вай гӯяд.
Ҳомиддин рӯзе як мардеро дид, ки бузи пешонасафедеро бо нияти хайр кашолакунон ба хонаи мулло оварда истодааст. Аз бом фаромада, тез хабарро ба Хидиралӣ расонду гуфт, ки пешонаи буз сафед аст.
Домулло болои ҷойнамоз тасбеҳ мегардонд, ки марди шифоталаб ба наздаш даромада омад.
- Беҳуда ҳамон бузи пешонасафедро кашола карда овардӣ,
- гуфт домулло. Онро бо сағера, э бачаҳоят мехӯрдӣ, ман розӣ будам. Бе ин ҳам ба ту тумору таштоби коғазпечи хориҷӣ навишта медодам, ки дар як мижжа задан шифо меёфтӣ.
- Ҳамин шуду овозаи авлиёгии мулло ба ҳафт иқлим рафта, бозораш тафсиду чояш ранг гирифт. Боре шогирдаш бо дурбин мушоҳида намуд, ки марди дуоталабе аз кулбораш як миқдор қанду боз ким чиҳои дигарро бароварда дар таги санге пинҳон карда, боқимондаашро гирифта ба хонаи шайхи Канъон овард. Хабар беасар намонд. Хидиралӣ онро ҷома пӯшонида, гапро дар назди бемор туқуз монд.
- Шим - шими боронро дидӣ? - пурсид аз шифоталаб.
Тезтар рафта, қандҳою дигар чизу чораатро аз таги санг гир, ки боз об нашаванд.
- Даҳони мардак воз монду ба авлиёгии вай бовар карда, овозаро то паси кӯҳи Қоф бурд. Хидиралӣ як дафъаи дигар муъҷизае нишон дод, ки даҳони ҳама канд.
Ба муридаш фармуд, ки ҳангоми аз меҳмонхона баромаданаш дар ҷои нишасти ӯ варақи коғазеро монаду баъд ҳангомаро тамошо кунад. Шогирд чунин кард. Авлиё берун баромада, дастҳояшро шусту гашта омада дар ҷои пештарааш нишаст. Лаҳзае пас гоҳ ба шифту гоҳ ба замин нигаристан гирифт.
- Чӣ шуд, ҳазрат? - пурсиданд корафтодагон аз вай.
- Ба андозаи тунукии як варақ коғаз ё замин боло рафтааст ё осмон паст фаромадааст, - ҷавоб дод шайх.
Мардум аз ҷой хеста, гӯё пайғамбар бошад, дастонашро бӯсиданду оби таҳораташро табаррук дониста, минбаъд менӯшидагӣ шуданд.
Фалокат аз таги по мехезад. Муриди шайх хост боре ба болои бом баромада, шифоталабонро назорат намояд.
Тасодуфан пояш лағжиду аз болои зинапоя сарозер ба замин афтода чалпак шуд. Дурбини мушкилкушо шикаста майда – майда гашт.
- Аз дурбин шикастана гарданаки ту, гӯрсӯхтаи беҳунар мешикаст, ҳазор бор хубтар буд! – аррос зад Хидиралӣ ба сари муридаш. Бе дурбин ман бедасту по мондам.
- Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ. Шайх дар мошинаш калоншавандаеро, ки ҳазратро авлиёи соҳибкаромот медонист, савор карда, бо баҳонаи чилёсини сағераи вай ба дурбинкобӣ рафт. Дар нимароҳ мошин якбора куту мут шуда, дар ҷояш қарор гирифт.
- Чӣ воқеа рӯй дод? - пурсид аз ронанда шайх.
- Бензин тамом шуд, ҳазрат, - ҷавоб дод шофёр.
- Ҳеҷ қисса набудааст - ку? - гуфт авлиё ва фармуд, ки ронанда рафта аз ҷӯйбор як сатил об оварда ба мошин резад.
- Ронанда як сатил об оварда ба бак рехту мошин аз нав ба ҷаҳишу пориш даромад.
Калоншаванда ин каромоти шайхро бо воҳима дар як даврае лақид. Кормандони амният, ки дар кушодани гиреҳи муаммоҳои печидаи авлиёи пурасрор кайҳо боз майна об мекарданд, бегумон рафта чорчархаро аз назар гузарониданд.
Мошин ду бак доштааст.
МАЛИКАИ ТУРАНДОД
Агар дар намоиши театрӣ дар девор камоне овехта шуда бошад, аз он дар рафти саҳна бояд ҳатман тир холӣ карда шавад. Фарқ надорад, ки он ба пешонаи кадом як беваю бечора мерасад. Муҳимаш намоиш пурмоҷарою рангин барояду тамошобинонро ба шавқу шӯр орад. Дар бозии шоҳмот низ чунин аст. Рафту касе ба ҳарифаш бозиро бой диҳад, худро тасалло дода мегӯяд, ки камони куҳна ҳам соле як бор тир мепаронад. Мазмун, ман шуморо мудом мағлуб мекардаму ин дафъа тақдиратон баландӣ кард, ки дастболо шудед.
Дар зиндагӣ боз ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳатто намоиш оғоз нашуда, тиршапӣ сар мешавад. Баъзе занакҳо шавҳарҳояшонро чену - чоқ намуда, онҳоро моҳирона ба нишон мегиранд, ки тир бехато ба ҳадаф мерасад. Онҳоро снайперистони моҳири ҷангдида гӯем, хато намекунем.
Суроби мардҳояшонро ҳатто дар тирашаб низ аз пушти дару деворҳо мебинанду бо нишонгирию тирпаронӣ линггардон мекунанд.
Боре аз кор шалпару бемадор баргашта, ба хона дароям, болои сӯхта намакоб аз пешам ғӯзакашӣ баромаду тирборон сар шуд.
- Шӯ - шӯробаи бари рӯ,
- тири забонро ба сӯям паронд занак. Шӯ кардам, ки нони паркӯфта хӯрам, лекин аз кулчаи таҳловии модарам ҳам мондам. Дар хона ба доругӣ на орд ҳасту на равғану картошкаю биринҷу сабзию пиёз. - Дирӯзакак ҳамаашро оварда будамку? - гуфтам худро аз тири забони завҷаам ҳимоя карда. Наход аллакай тамом шуда бошанд? Таги ахтарро як рӯфта бин, занак.
- Хонаи шӯ арра дорад, арраи шашпара дорад, хирингас зад завҷаам. Қоҳи куҳнаро бод дода, ба ман хамбаро нишон надеҳ! - аланга гирифт ҳамсарам. Аз дирӯзакаки гуфтагият як соли қамарӣ гузашт. Шикамро осиёби гардон мегӯянд. Сағераҳоят онҳоро пасту покиза лиштанду ту ҳафтафаҳм бехабарӣ!
Рӯзи тӯй зан хуш накуну рӯзи борон асп. Хайр, - гуфтам ба занак мусолиҳакорона, ки аз тарси вай дар кадуча азон месуфтам. Фардо тамоми супоришҳоятро бекаму кост иҷро мекунаму олам гулистон мешавад.
- Бузак бузак, намур, ки баҳор мерасад, - аз нав шӯрид завҷаам. Аз ин ваъдаҳои чилдурӯғат ҷонам ба нӯги биниям расид.
- Аз редаксия супориш доданд, ки то пагоҳ бояд барои рӯзнома маводе тайёр намоям, - гӯён ҳарчанд аз тирборони камону забони занак маҷруҳ шуда бошам ҳам, бо илоҷе гузашта паси мизи кориям нишастам, вале сатраке нонавишта суруди оборама сар шуд. Яъне мушро ҷонканӣ буду гурбаро бозӣ.
Шамшери забони занак дар ғилоф монад, занг мезанад. Барои ҳамин завҷаам аз нав пошна кард:
- Аз ин мавод - паводу нависнависҳои беҳудаат кошки ягон фоидае бошад! - сури Исрофилро дамонд занак ва тири намедонам ҳазору чандумро бехато ба пешонаам зад. - Ҳаққи қаламро гирам, ҳамаи гуфтагиҳоятро бо тоннааш харида меорам, - гуфтам бо гардани пайтоба.
Маош ҳам дар таги бинӣ.
- То ту ҳаққи қаламу маош мегирӣ, ки думи уштур ба замин мерасад, - гӯён ҳамсарам пештар омада, болои сарам қайза кард. Беҳтараш ягон кораки дигари равғанине ёб, равғанин! Мақолаҳои навиштагият ҷавобномаи сари гӯракат мешаванд магар? Бо маоши қоқу воқи исқотият, ки маро метарсонӣ, гурба ба офтоб намебарояд.
Забони зан - камони зан. Як дафъи дигар ба хона биёем, дар чиллаи тобистон аз қошу қавоқи янгаатон барфу борон мерехт.
- Тамоми ҳамсояҳо дару тирезаҳои хонаҳояшонро оҳанину пластика кардаанд, - гуфт занак санги осиёро ба сарам гардон карда. Хар аз харгала монад, ёлу думаш мерезад. Мо дар байни ҳамсояҳо зоғи ало шуда мондем. Аз ҳамин ҷиғ - ҷиғи дари чӯбини хонаи сабилмондаат гӯшҳоям суруп гирифтанд. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ёб, набошад, бачаҳоро гирифта, шамол воре ба хонаи модарҷонакам меравам.
Ба хонаи модарҷонакаш рафтан занакро насиб накарда будааст. Аз пургӯиву таънаю пиғораҳои беҳудаю бисёр фишори хунаш баланд гашту чаппагардону бистарӣ шуд. Ҳатто ангуштони панҷаҳои дасташ хаму рост намешуданд. Инро шунида, як дӯстам маслиҳат дод ба назди панҷаҳои маибаш саддоллараеро гузошта, гӯям, ки агар онро гирифта тавонад, оши ҳалолаш шавад.
Метарсам, ки агар ангуштони маликаи Турандод ба кор дароянд, мабодо боз куланги яроқи оташфишони забонро зер накунад?
ШАБИ ҚАДР
Дар замони Шӯравӣ порагирию ришваситонӣ дарди бедаво шуда буду мисли уштури сафедро дидӣ, не гуфтагӣ барин дар ин хусус касе ҳурбаи дандонсафедкунӣ надошт.
Ин зуҳуроти нангинро калоншавандаҳои давр аз чашми халқ пинҳон менамуданд. Мазмун, он барои одамони Советӣ нанг ҳисоб меёфт. Намехостанд чунин ҳодисаҳо дар давлатҳои дигари ба сохти сотсиалистӣ муқобил овозаю дарвоза гардида, шарманда шаванд. Ба мақомотҳои қудратӣ низ супориш медоданд, ки пояшонро чени кӯрпа дароз намуда, дар ҳисоботҳояшон чунин воқеаҳоро мулоиму пардапӯшона ишора намоянд.
Забони сурх сари сабзро барбод додааст, - мегӯянд дар урфият. Қанд зану аз хати кашидаи мансабдорони вақт берун баро. Агар гарданшахию якравӣ кунед, лингатон аз осмон меомад. Бо вазифа хайрухуш кардаю мисли солҳои сиюм ё сари панҷтира мешудед ё хататон аз Сибир мерасид.
Бо вуҷуди чунин тарсонидану ҳушёрдиҳиҳо баъзе кормандони софдили сохторҳои муҳофизати шарафи инсон ҷонро ба сар печонида, барои ҳисобот, ки онро роҳбарони бевоситаи болоияшон талаб мекарданд, гоҳҳо амалиётҳои махсус мегузарониданд.
Боре Сахидод ном ҷангалбоне, ки бо ҷурми ночизе писарашро гунаҳгор намуда, роҳбаре аз вай ришва талаб мекард, ночор ба мақомотҳои қудратӣ шикоят бурд. Ба ӯ фармуданд, ки пагоҳӣ ба назди идораи ҳамон роҳбари пораталаб ҳозир шавад. Худашон низ дар вақти муайяншуда ба он ҷо расида омаданд. Ба Сахидод як дарза пул дода, фармуданд онро ба роҳбар бурда диҳаду фусмол баромада, кулоҳашро аз сар гирифтаю афшонад, то онҳо аз гирифтани пора огоҳ гарданд.
Дар рӯ ба рӯи идораи мансабдори порахӯр гӯё чархи мошинашонро иваз мекарда бошанд, шаби қадрро интизор шуданд. Лаҳзае нагузашта, Сахидод аз идора баромаду раҳораҳ кулоҳашро аз сар гирифта, ду - се бор такид.
Кормандони сохтори қудратӣ ба ҳуҷраи кории роҳбар даромада, аз он ҷо пулҳоро ёфта гирифтанду мансабдорро сари бод ҳуч карданд.
Қиссаҳои талхи порагириҳои пешина, ки аз он ҳатто муши ҳушёру зирак хабар намеёфт, ба нақлҳои ширини нависандаи машҳури моҷаронависи инглис Артур Конан Дойл қариб, ки як себу ду тақсиманд. Қаҳрамони асосии асари вай мистер Шерлок Холмс бо ақлу фаросати фитрию модарзодияш даҳҳо ҳодисаҳои қатлу куштор ва тамаъкорию тамаъҷӯиро ошкор сохтааст, ки аз хонданашон кас лаззат бурда, асло сер намешавад. Лекин, бо вуҷуди ин ҳамон вақт агар ин қаҳрамони пайгир зинда мебуд, аз роҳҳои нав ба нави кашфнамудаи пораталабони навбаромад дар тааҷҷуб мемонду ягонтои онҳоро ошкор карда наметавонист, зеро ришвахӯрони вақт аз рӯи эҳтиёт пораро дар рӯзи тӯю маърака ё зодрӯзашон чун туҳфа дар шакли молӣ таги бинӣ мекарданд, ки ин ҷиноят ҳисоб намеёфту касе аз пояш майна гич намекард.
Дар замони имрӯза, ки илму техника ба таври гӯшношунид боло рафтааст, ошкорсозии тамаъкорон боз ҳам мушкилтару дандоншикан гардидааст. Яъне дар ҳама ҷо пардохтҳо ба таври ғайринақдӣ анҷом дода мешаванд.
Харидорону муштариён аз кортҳои пластикии худ истифода бурда, маблағи обу газу барқу дигар хизматрасониҳоро ба воситаи он мепардозанд. Гӯё ба порахӯрию ришваситонӣ дигар ҷое намондааст, вале ҳайҳот!
Хулоса, дар қатори пешрафти илму техникаи муосир, ки онро худи инсон фикр карда баромадааст, одамон боз роҳи тамаъҷӯиро аз мост, ки бар мост гуфтагӣ барин низ ёфтанд. Масалан, агар барои гирифтани иҷозатномаи сохтмони иншооте ба роҳбари болоӣ хизматона додан лозим ояд, ба суратҳисоби шахсии худи онҳо аз ин андалфасанакҳои ихтироънамудаи олимон ғайринақдӣ маблағ мегузаронанд, ки аз он даст дастро намешиносаду касе ошарф намеёбад.
Саргузашти ҷангалбони одӣ осон аст, то сирру асрори тамаъкорон ошкор гардад, зеро кормандони ҳифзи ҳуқуқу коррупсия ҳайронанд, ки бо наҳангҳои носерон чӣ тавр мубориза баранд?
Сад афсӯс, ки дигар мӯйсафеди Сахидод нест, то кулоҳафшонӣ намояд...
МАЗҲАКАИ ҲИСОБОТ
Модарон тифлони гулрӯю гулбӯю дастрӯяки худро дар гавҳораи ноз хобонида, болои сарашон бо овози нарму гарму ширину маҳину мулоим суруди алларо мехонанд.
Инҷиқтарин кӯдак ҳам гӯё вайро сеҳргаре гипноз карда бошад, бо садои дилнавози аллаи синаҳои раҳм аз гиря монда, ором мегираду таскин ёфта, дар як зум мехобад.
Дар масъалаи хоби калонсолон қазия андаке дигархелтар аст. Касе дар сари болини онҳо суруди алларо хонда ба хобравӣ маҷбурашон намекунад. Ҳар кас медонаду дави аспаш. Яке телевизорро монда, барномаеро тамошо менамояду лаҳзаяке, пас мебинед, ки клангаст хобаш бурдааст. Шавқмандони мутолиаи рӯзномаю маҷаллаҳо барояшон роҳи аҷоиби дигари хобравиро кашф кардаанд. Онҳо ба тахтаи пушт зада, асарҳои пурмоҷарою ҳикояву ҳаҷвия ё ягон мақолаи шавқоварро хонданӣ мешаванд. Лағжиши чашмашон болои сатрҳо кори худро мекунад. Дар они воҳид ба олами рангини афсонаҳо сафар менамоянд. Василаи ҳайратовари дигари хобравию хоббинӣ маҷлис аст, ки шояд бисёриҳо ба он бовар накунанд. Гӯянд, ки магар маҷлис ҳам ҷои хобравист? Боз дар ҷое, ки як қатор масъалаҳои муҳим дар онҳо ҳал мешавад, вале дар асл чунин аст. Дар толори бошукӯҳи маҷлисгоҳҳо ба воситаи оинаи нилгун мебинед, ки баъзеҳо чашмонашонро қоқ пӯшида, ба хоби нозу бофароғат фурӯ рафтаанд. На парвои касе доранду на парвои олам, ки дар дунё чи гап аст. Садҳо таҳсину офарин ба маърӯзачӣ, ки метавонад бо баромади худ бе суруди алла як села одамонро бо осонӣ хобонад. Коре кунад, ки дар вақташ ҳатто онро гипнозчиёни машҳури рус Олег Чумакову Кашпировский карда наметавонистанд.
Дар ноомади кор шиша сандон шиканад. Яке аз раисони номдори хоҷагие, ки одати ҳаринаи дар маҷлисҳо хобравию хураккашӣ дошт, боре дар замони Шӯравӣ ба чунин вазъияти ногувор дучор омад. Дар маҷлиси фаъолони ҳизби ноҳия хобаш бурду сар ба малакут рафт.
Ин ҳолатро котиби ҳизби коммунисти вақт, ки дар дами нафасаш зағора мепухт, аз минбар дида, ба ҳампаҳлӯи раис ишора намуд то ӯро аз хоб бедор намояд.
Сарагрономи хоҷагӣ, ки бо раис бар ба бар менишаст, вайро бо оринҷ нихта намуда, бедор кард. Раис хобу хоболуд чашмонашро нимроғ кушода, норозиёна сарагрономро сарзаниш кард, ки чаро ӯро аз хоби ноз бероҳат сохт?
- Котиб мехоҳад донад, ки вазъи корҳо дар хоҷагии мо чӣ тавр аст, - раги шӯхиаш гирифта, ҳазломез гуфт сарагроном.
Раис, ки гизалагии котибро медонисту борҳо аз вай гап шунидаю шатта хӯрда буд, чорпар сӯи баландгӯяк давид.
- Мебахшед, рафиқ котиб, - дастҳо пеши бар узрхоҳӣ намуд ӯ. Шудгорро дар тамоми майдонҳо дар чуқурии чил
- чилупанҷ сантиметр аз рӯи маслиҳату дастурҳои шумо анҷом додем. Ба ин сарагрономи хоҷагӣ ҳам шоҳид аст.
Дар ферма низ пешравиҳо бисёранд. Аз ҳар як модагов ба ҳисоби миёна якқиёматӣ шир гирифтем, ки ин нишондиҳанда дар миқёси ноҳия бад нест. Коҳу кунҷораи барои чорво захиранамудаамон иншооллоҳ то баҳор мерасад. - Рафиқ раис, - сухани вайро бо заҳрханда каллакан карданӣ шуд, котиб ва хост чизе гӯяд, вале роҳбари хоҷагӣ дигар хел рамуз гирифта, ба худсафедкунӣ даромад.
- Албатта, кор бе камбудӣ намешавад, рафиқ котиб, - гуфт вай. Дар баробари пешравиҳо дар мо низ баъзе камбудиҳо ҳастанд, ки онҳоро ислоҳ мекунем. Намемонем, ки шумо дар назди калоншавандаҳои боло сурхусафед шавед.
- Охир, касе рафиқ раис, шуморо ба назди баландгӯяк даъват кардаю ҳисобот напурсидааст, - писханд зад котиб.
Сарагроном аз ҳазли ноҷои кардааш ҳазор бор пушаймон шуда, дар ҷояш мисли барги бед дир - дир меларзид, вале аллакай мазза аз қайла кайҳо гузашта буд.
- Чӣ тавр даъват накардед? - бо ҳайрат пурсид раис.
- Шуморо хоб бурда буду хурок кашида, қариб толорро метаркондед, - ҷавоб дод котиб. Барои ҳамин сарагрономро ишора намудам, ки шуморо аз хоб бедор кунад.
- Ин сарагрономи хунибинии исқотӣ кайҳо боз ҷои моро гирифтанисту пайт мекобад, вале дандонаш кундӣ мекунад! - шӯрид раис. Ҳамин сабилмонда дар гӯшам чаконд, ки гӯё шумо аз ман ҳисобот талаб карда истодаед ва баргашта ба ҷояш рафту сарагрономро зери сумбу сапал гирифт.
Маҷлиси фаъолони ҳизбӣ ба мазҳака табдил ёфт...
КРОССВОРДИ ҲАРФИ Х
Муаллими фанни забону адабиётамон аз рӯзе, ки мо ӯро мешинохтем, доимо бедимоғу сархаму малулу пажмурда мегашт. Аз рӯи ҳурмату эҳтиром мо, хонандагон, ҳурба намекардем сабаби онро аз вай пурсем, зеро нохуб мешуд. Гумон доштем ягон хешу табори наздикаш фавтидааст, ки чунин азои дурудароз гирифта, доғи дилаш шустаю ҳеҷ тоза намешавад. Лекин, набояд ин тавр бошад, зеро меҳри мурда хунук асту он чун борони баҳорӣ тез гузашта, фаромӯш мешавад. Пас, чӣ бошад, аломати ба қавле аз дунё дасту дил шустани муаллим? Дар хусуси даргузашти ягон хешу ақрабои наздику вафодораш ҳам дар рӯзномаҳо ёд надорем сатраки таъзияву тасаллиятеро хонда бошем, то муаммои печида бароямон ошкор гардад. Хонандагон аз камгапию чун шайхҳои Канъон сукуткарданҳояш ҳазломез ӯро дамдузд гӯён лақаб гузошта буданд, ки ин ба хислаташ беширеш мечаспид.
Боре ӯ бо пешонии кафидаю ваҷоҳати гирифтаву димоғи сӯхта ба синф даромада, ба мо вазифаи хонагӣ дод, ки то пагоҳ ба ҳарфи Х калимаҳо ёфта нависем ва рӯзи дигар онро пурсон шуд. Санавбар ном духтаракеро, ки ҳамсинфон ӯро пешпуртак мегуфтанд, даст бардошта, калимаҳои бо ҳарфи Х ёфтаашро аз қабили хонаю харгӯшу хомӯшу халта ва ғайра қаторак намуд, лекин муаллим онҳоро написандид. Чанд нафар бачаҳои дигар низ хору хурҷину харсангу хароб гӯён ғазалхонӣ карданд, аммо муаллим ягонтоашро хуш накард. Хару хуку хирс гуфтани хонандагони боқимонда муаллимро андаке ҷунбонд. - Қариб ёфтеду боз не, - сарашро бардошта гуфт вай.
Ҳеҷ гап не, ҷӯянда ёбанда гӯён бо садои занги мактаб аз синф берун баромад.
Маҷбур шудем аз омӯзгори фанни химия мадад пурсем.
- Эҳ содаҳо, - гуфт вай. Наход ҳаминро ҳам надонед?
Он бешубҳа калимаи химия аст.
Ҷавоби дилпуронаи додаи ӯ низ аз имтиҳон нагузашт.
- Муаллимҷон, - гуфт як бачае, ки худро маҳмаддоно метарошид. Шумо мисли намоиши “Поле чудес” - и Леонид Якубович ақаллан ягон ҳарфи дигари ин калимаро гӯед, ки барои мо осон шавад.
- Майлаш, мардигарӣ карда розӣ шуд муаллим ва гуфт, ки ҳарфи охирини он калима Н аст.
- Шаб майна об намуда, ба хотирам калимаи хушбин расиду саҳарӣ шодона ба мактаб парвоз кардам. Хаёл намудам акнун даҳони муаллимро чунон сурғуч занам, ки дигар инг гуфта натавонад, вале сухани хона ба бозор рост намеомадааст.
- Не, наёфтӣ,
- гӯён муаллим калимаи шаби дароз майна об карда ёфтамро хуш накарду тарбуз аз бағалам афтод.
- Калимаи мегуфтагиятон паранда аст ё чаранда? - ҷуръат намуда пурсидам аз муаллим.
- Онҳо дар пеши ин маҳлуқи булаҷаби мегуфтагиям пашапартуник ҳам намешаванд. Ҳам дар замин мегардаду ҳам дар ҳаво. Хулоса, дар ҳама ҷо ҳозиру нозир асту аз дасташ касе раҳоӣ намеёбад. - Ақаллан гӯед, муаллимҷон, ки он шохдор аст ё бешох? - раги хирагиям гирифту боз пурсидам аз устод.
- Ҳарду, - кӯтоҳакак ҷавоб дод омӯзгори дамдузд ва илова намуд, ки он ҳатто дум низ дораду бисёр бадқаҳру бадхашм аст. Худо накунаду ба чангаш афтӣ, туро мисли ман хомохом мехӯрад, ки пашму пучоқатро касе намеёбад.
Фикр карда бароям, махлуқи бадқаҳру бадхашми гуфтагии муаллим, ки аз гирифтани номи он мӯи бадани кас рост мехезад, аждаҳо ё тимсоҳ бояд бошад, вале ин калимаҳо на бо ҳарфи Х сар мешаванду на бо Н тамом.
Динозавру каркадангу очкамар низ ба ҳарфҳои гуфтаи омӯзгор дуруст намеомад.
Овозаи калимакобию кроссвордпуркунии мо ҳатто ба гӯши директори мактаб низ расида будааст, ки рӯзе ҳамлакунон ба дарси муаллими фанни забону адабиёт бе пушт - пушт зада даромад.
- Рафиқ муаллим, чаро шумо бачаҳои бечораро галагов андохта, бо ҳамин ҳарфҳои сабилмондаи Х - ю Н ин қадар гаранг мекунед? - гуфт вай. Охир, инҳо ҳамаашон талабаанду ҳанӯз зан гирифтаю шавҳар накардаанд, ки мисли ману шумо калимаи хушдомани исқотиро донанд, - гӯён директор бо ангушт ба сиёҳии таги чашмаш ишора намуд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё