ПАНҶОҲ ВАРАҚ ХАНДА

Дар нашри маҷмӯа дӯсти азизу меҳрубонам – сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода ҳиссагузор аст, ки барои ин аз вай як умр миннатдорам. Сано бодо ба Носирҷони Маъмур, Ки бар мо мерасад з – ӯ лутфи бисёр.
Ахбор · 7 ноябри 2024 · 15 саҳифа
СЕБА ЛАРЗОНЕД...
Ҳар дину мазҳабу оин ба худ хусусиятҳои хос дорад. Чунончӣ, муллои христянҳо, ки онро поп мегӯянд, дар рӯзи мавлуди ҳазрати Исои Масеҳ ба назди мардум баромада, онҳоро ба ин муносибат табрик гуфтаю барояшон аз китоби ба қавле муқаддасу осмонии “Инҷил” оятҳо қироат менамояд. Байни одамон даромада, аз косаи муъҷизаноки чун каҷкули гадоён дар гарданаш овезон ба рӯи ҳозирин аз ҷорӯбчаи сеҳрнок об мепошад, ки гӯё ин амал онҳоро то соли дигар аз балою офатҳо нигоҳ медоштааст. Баъзеҳо ҳатто то соли оянда сару рӯяшонро намешустанд, ки шарофати он аз баданашон наравад. Дар динҳои дигар низ чорабинию анъанаҳо як навъ хотирмон мегузаранд.
Дар дини мубини ислом яке аз фаризаҳо рамазон аст, ки онро дар ин моҳ одамон пос доштаю риоя мекунанд. Аз саҳари солеҳон то говгум луқмае ба даҳон намебаранд. Дар ин моҳи муборак аз рӯи расму русуми мусулмонӣ одамон баъди ифтору намози шом ба масҷид рафта, намози хуфтан ва таробеҳро якҷоя мехонанд. Дасти касе дар зар бошад ҳам, кӯшиш менамояд аз он дер намонад, зеро савобаш бештар аст.
Мӯйсафеди Чақалро, ки умраш ба ҷое расида буду солҳои охир наметавонист ба масҷид рафта намоз хонад, мардум боре диданд задаю кӯфта тарафи ибодатгоҳ рафта истодааст.
- Бобои Чақал, - пурсиданд ҳамдеҳагон аз вай, - охир, шумо бо сабаби беморӣ бистуҳафт рӯзи моҳи рамазонро дар хонаатон танҳо хондед-ку? Чӣ шуд, ки ин бегоҳӣ ҳатто беасо ба масҷид меравед?
- Се рӯзи охири моҳи мубораки рамазон махсус аст, - ҷавоб медиҳад пирамард. Дар ин шабҳо мардум алвидоъ мехонанд. Намехоҳам аз он қафо монда, аз савоб маҳрум шавам.
- Бисёр кори олиҷаноб мекунед, - мегӯянд шиносҳояш ва дасти ӯро гирифта, ба масҷид мебаранд.
Пирамард то ба нафақа баромадан хеле зиндадилу хушчақчақ буду тӯю маъракаҳои мардумро метафсонд.
Дар онҳо сурудҳои халқиро чунон замзама мекард, ки мегуфтед ҳофизи касбӣ бошад. Хулоса, гули сари сабади маърака буду ҳангоми ба хона баргаштан тӯйдор локии гирдбанди пурмағзу чағз ва гӯштҳои лаҳми дар чапотӣ печонидашударо ба дасташ меқапонд. Ба кисааш хизматона гӯён боз се - чор тангаяк ҳам меандохт.
Садои алфироқ, алфироқ гуфтани намозгузорон, ки аз рафтани моҳи шарифи рамазон афсӯс мехӯрданд, бо ҳасрат баланд гардид. Ҳампаҳлӯи бобои Чақал дид, ки мӯйсафедро ғанаб бурдааст. Вайро бо оринҷаш тунгӣ зад, ки бедор шавад. Пирамард чашмонашро кушода, хаёл кард, ки мисли давраҳои ҷавонӣ ким дар кадом як тӯю маъарака аст, бинобар овоз сар дод:
Себа ларзонед, баргаш нареза,
Пухтагиш реза, хомаш нареза.
Алвидоъро аз нав хонданд.
БАҲОИ ШЕЪР
Дар аҳди Шӯравӣ шоирону нависандагон тез - тез ба шаҳру ноҳияҳо рафта, бо мардум вохӯриҳо мегузарониданд. Дар васфи пешқадамони истеҳсолот шеърҳо навишта, онҳоро ба қофу қайсар мебароварданд.
Боре шодравон устод Саидалӣ Вализода ба ноҳияи сарҳадии Панҷ меояд. Баъди обу зиёфат вохӯрии вайро дар клуби хоҷагӣ ташкил менамоянд. Адиб дар ситоиши заҳматкашон шеърҳои пурмазмун хонда, хотири онҳоро шод мегардонад. Чун аз раиси колхоз Сафархӯҷаи Тоҳир мефаҳмад, ки хоҷагиашон “Роҳи Ленин” ном дорад, аз шеъри як вақтҳо навиштаи худ - “Ленин бародар раҳнамо” ёдовар мешавад. Нақл менамояд, ки дар ҳамон давраҳои пурталотуфи душманкобӣ як-ду нафар шоирони хасакӣ аз болои ӯ мактуб навишта, вайро сиёҳ мекунанд. Гӯё ӯ ҳизбу сохтори ҳамонвақтаро чашми дидан надораду барои бадном кардани онҳо шеърхои ҳаҷвӣ менавишта бошад.
Кӯр чи мехоҳад, ду дидаи бино. Сохторҳои қудратиро, ки ҳамон давра салларо бисёр гӯед, калларо меоварданд Худо медиҳад. Мактуби иғвогаронаи ҳасудонро дастак намуда, дар паи шоир қапқон мегузоранд. Саидалии ҷавон инро фаҳмида, эҳтиёт - ними ҳаёт гуфтагӣ барин ба пинҳонкорӣ мегузарад. Яъне муддате дар хонаҳои ёру дӯстони дилобхӯраш зиндагӣ мекунад. Баъд, барои он ки ба ин бечораҳо душманро пинҳон намудед гуфта гап нарасад, ба ноҳияҳои дурдаст фирорӣ мешавад. Ба ноҳияҳое, ки ӯро дар он ҷо касе намешинохт, зеро агар вайро дастгир мекарданд, сари панҷтира мешуд ё хаташ аз Сибир меомад. Шоир, ки истеъдоди фитрӣ дошт, бо зеҳни тези худ илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ ёфт. Шеъри “Ленин бародар раҳнамо” - ро навишта, онро дар рӯзномаи бонуфӯзи “Тоҷикистони Сурх” ба нашр расониду ҷонашро аз таъқиб раҳонид.
Аз ин нақл, ки ба хоҷагии “Роҳи Ленин” ҳаммаъно буду номи доҳии пролетариатҳои тамоми ҷаҳон Ленинро дошт, ҳозирин кафкӯбиҳои бисёр намуданд.
Шоир дар фароварди суханаш баъди қарсакҳои болохонадор аз аҳли толор пурсид, ки дар байни шумо низ одаме ёфт мешавад табъи равони шоирӣ дошта бошад?
- Ман шеъре дорам, агар иҷозат бошад, онро хонам, гуфт муаллими фанни таърих Меликов ном марде, ки мардумони одӣ ӯро Афлотун хаёл мекарданд.
- Марҳамат, ба минбар баромада, шеъратонро хонед,
- гуфт ба вай адиб.
- Меликов, ки аз шеъру шоирӣ фарсахҳо дур буд, ба минбар баромада, як шеъри фачу лачи палағдаи бевазну қофияеро хонд, ки мӯйсари кас рост мехест. Хаёл мекардед, ки онро аз даҳони саг кашида гирифта бошанд.
Дар асл нимкосаи таги коса дигар буд. Мақсади вай шеърхонӣ не, балки он буд, ки адиби номӣ ӯро таърифу тафсиф карда, ба осмони ҳафтум барорад, то мардумро баъди ин зерчангол гирад ва пурсид, ки ҳамин шеъри ман чӣ хел аст?
- Изои муъмин ҳаром, мешавад, - кӯтоҳакак гуфт шоир. Андаке нагузашта шоиртарош боз аз устод пурсид, ки шеъраш чӣ хел аст? - Агар бисёртар омӯхта, шабзиндадорӣ кардаю аз болои худ меҳнат кунед, барор меёбед, - ҷавоб медиҳад
Саидалӣ Вализода.
- Не, устод, росташро гӯед, ки ҳамин шеъри ман мешавад ё не? - хирагӣ мекунад Меликов.
- Чӣ гӯям, ки ногуфтанам беҳтар аст, забон дар даҳон посбони сар аст.
Устод аз бефаросатии вай ба танг омада, росташро донистан хоҳед, шеърат дар г...ҳ кор намеояд, - гуфт мӯйлабашро тоб дода. Аз лутфи шоир мардум бо пӯстҳои дил мекахданд.
Меликов, ки аз ноҳияи дигар буд, ҷилу пӯстакашро ғундошта, шабошаб шармандавор аз деҳа мечирдад...
ЛАҲҶАИ ТОҶИКӢ
Дар ҷанги дуюми ҷаҳон қатори дигар халқиятҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намояндагони ҷумҳурии мо низ иштирок намуда, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон доданд. Қиссаи диловариҳои пулемиётчии ҷасур Сафар Амиршоеви Хатлонӣ то ҳанӯз вирди забонҳосту онро чун намунаи ибрати ватандӯстӣ ёдовар шуда, дар мактабҳо нақл мекунанд. Тӯйчӣ Эрҷигитов бошад, мисли Александр Матросов синаро сипар карда, дами истеҳкоми фашистонро бастаю ба аскарони пиёдагард роҳ мекушояд.
Ҳамин буд, ки зиёда аз панҷоҳ нафар аз ҷумҳурӣ сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, номашон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфи заррин навишта шудааст.
Гул бехор намешавад. Баъзе буздилон ба ҷои дар ҷабҳаҳо мардонавор ҷангидан дасту пои худро сабукак ярадор намуда, дар беморхонаҳои ҳарбӣ лангар мепартофтанд. Баъди шифо ёфтан онҳоро ба корҳои нисбатан осони ба қавле ақибгоҳи фронтӣ истифода мебурданд. Лекин ҷонашон бо ин халос намеёфт. Дар мавридҳои зарурӣ мувофиқи қоидаҳои даври ҷангӣ онҳоро ба баталиони ҷаримавӣ, яъне хати пеши фронт мефиристоданд.
Маслиҳат шуд, ки хоинҳоро пасфардо ба ҷӯши ҷанг баранд, то гуноҳҳояшонро шӯянд. Инро фаҳмида, тоҷикписарон хостанд пеш аз ба фронт рафтан як ошаки палов пухта хӯранду бо ҳам видоъ намоянд, зеро кам касон аз ин набардҳо зиндаю саломат бармегаштанд. Ошро дам партофта, нишаста буданд, ки аз дур чашмашон ба як баталион аскарони немис афтод.
- Дар радиоҳо мегӯяд, ки аскарони советӣ дар остонаи лонаи душманон - дар шаҳри Берлин ҷангҳои шадид, бурда истодаанду ғалаба наздик аст, - гуфт яке аз бачаҳо. Маълум мешавад, ки ҳамааш дурӯғ будааст.
- Рост, - гуфт дигаре сухани вайро об дода. Агар дар Берлин ҷанг рафта истода бошад, ин немисҳои сабилмонда дар ин ҷойҳо чӣ номаъқулӣ мекунанд?
- Биёед, ин тавр мекунем, - маслиҳат дод яке аз аскарони баталиони ҷаримавӣ,
- либосҳои аз немисҳо ғаниматгирифта дар анбор хобанд. Зарур бошад, раво бошад, гуфтаанд дар урфият. Онҳоро пӯшида, ба назди фашистон меравем. Онҳоро бегумон несту набуд карда, гуноҳи худро мешӯем. Шояд баъди ин моро ба хати пеши фронт чун ҷинояткору ватанфурӯш нафиристанд.
Маслиҳат пухту аскарон либосҳои немисиро пӯшида, ба пешвози фашистон рафтанд. Чун рӯ ба рӯ омаданд, дастҳояшонро боло бардоштаю тиргак намуда, ассалому алайкум, Гитлер, - гӯён аз рӯи таомули фашистон овоз доданд. Гумон мекарданд, ки душманон номи Гитлерро шунида, ба худӣ будани онҳо бовар менамоянд.
Он тарафаш осон. Автоматҳо ба кор медароянду ба гуфти ҳунарманди шодравон Аловиддини ҳаҷвнигор кори хирс тамом мешавад, вале ғайри чашмдошт фашистон низ дастҳояшонро боло бардошта, бо лаҳҷаи соф тоҷикӣ воалайкум ассалом, бачаҳои Гитлер гуфтанд.
Маълум гардид гурӯҳ, ки аз ҳисоби аскарбачагони тоҷик ташкил ёфта будааст, бо супориши махсус либоси немисӣ пӯшида, ба шикори боқимондаи фашистони пинҳоншуда баромадааст.
- Хайрият, ки ба шарофати забону лаҳҷаи ширини тоҷикӣ ҳамдигарро шинохтем, вагарна байнамон задухӯрди хунин мешуд, - гуфт командири гурӯҳ.
Бачаҳо нафаси сабук кашида, ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду ба қароргоҳ баргаштанд. Оши палави дамандохтаро бо иштиҳо нӯши ҷон карданду бо гурӯҳ якҷоя ба ҷанг рафтаю диловариҳо нишон дода, гуноҳҳояшонро шустанд.
РОНАНДАИ ҚОФИЛАСОЛОР
Дар зиндагӣ баъзан ҳолатҳое рӯй медиҳад, ки шунидани нақли онҳо касро аз ханда рӯдакан месозад.
Онҳоро ягон кас зӯракӣ фикр карда набофтааст, ки тавре дар шеър мегӯянд, қолабию шуурӣ ҳисоб ёбанду дар таълифи ин лаҳзаҳо муаллиф майнаашро гиҷ кардаю луғаткобӣ намуда бошад. Корвони фикр дар мавридҳои табиӣ шоиру нависандагонро бегумон аз дунболи худ кашола менамояд, ки аз нотавониҳояшон баъдан шарм медоранд.
Дар фасли зимистон рӯзҳо бисёр кӯтоҳанду шаб зуд чодари сиёҳашро рӯи замин паҳн месозад. Болои сӯхта намакоб аз заминҳои навшудгор бӯғи ғафсе, ки онро туман ё одиякак мардум ҷуд мегӯяд, хеста, ҳама ҷоро зер мекунад. Дар ин лаҳзаҳо хусусан ронандаҳо сахт азоб мекашанд. Хати сафеди дар роҳ кашидашуда барои онҳо маҳаки асосӣ ҳисоб меёбад, зеро аз як - ду қадам дуртар ҷоеро дидан мумкин нест. Агар хатро зер намоянд, ба гуфте сар - сари девор меравед, ки нозири роҳ инро бинад, дар пӯстинашон коҳ ҷой мекунад.
Чунин ҳолат боре ронандагонро бисёр ба ташвиш овард. Онҳо аз пойгаҳу пешгузаракҳояшон монданд. Аз қафои як мошини ҷипи калони бадвоҳима турнақатар рафтан гирифтанд.
- Тағоҷон, суръатро андаке тезонед, - гуфт мусофире ба ронандаи мошине, ки дар он менишаст. Дар табобатхона бемори бистарие дораму ба вай дору бурданам зарур аст.
- Нӯшдору баред ҳам, ман мошинро тез ронда наметавонам, - ҷавоб дод шофёр. Мабодо аз пеш ягон мошини дигар барояд, аниқ қушқорҷанг мешавад. Эҳтиёт - ними ҳаёт. Беҳтараш аз қафои ҳамин мошин чун ришта аз пушти сӯзан рафтан мегирем, то ҷон ба саломат барем.
Дар хамгашти роҳ ҷипи воҳима ба тарафи чап тоб хӯрду ронандагони эҳтиёткор низ аз қафояш равон шуданд. Ронандаи мошини пештоз гоҳ ба тарфи рост тоб мехӯрду гоҳ ба тарафи чап мегашт. Оқибат ба кӯчаю пасткӯчаҳои номаълуме даромада рафт. Ронандагони аз қафо меомадагӣ гумон доштанд, ки мошини пешгард шояд роҳро миёнабур карданист, вале хестӣ, ки хобӣ. Он дар назди як дарвозаи боҳашамате рафта истод. Садои биғ - биғи сигнали мошинҳои аз қафо меомадагӣ баланд гашту, гӯшҳоро харошид. Ронандаи мошини дунболи вай фаромада, ба назди шофёри ҷип рафт.
- О, бародар, чӣ истодед? - пурсид аз ӯ. Мусофирон моро нихта доранд, ки ҳарчи зудтар онҳоро ба манзил расонем. Шумо бошед, парвои оламу одам надоред.
- Дигар ронандагон низ аз мошинҳояшон фаромада, ба сари соҳиби мошини ҷип рехтанд. Мусофири бадмасте аз гиребони ронанда чорчангола гирифт.
- Моро аҳмақ мекунӣ? - гуфт вай бо дӯғу даранг.
Тезтар мошинро газ деҳ, набошад рӯзатро мебинӣ!
- Ман ба хонаам расидам, ҷавоб дод ронандаи мошини бадвоҳимаи ҷип ва сигнал дод, ки фарзандонаш баромада дарвозаро кушоянд, то вориди ҳавлиаш гардад.
Пас гаштан ҳеҷ имконият надошт, чунки дар он тирашаб аз кӯчаю паскӯчаҳои ношиносу номаълум баромадан барои ронандагон азоби алим буд.
Ронандаи қофиласолор, ки як марди соҳибкори бадавлате будааст, роҳгумзадаҳоро дар саҳрои Кабиру водии Айман танҳо нагузошт. Онҳоро ба хонааш таклиф карда, то рӯз обу зиёфат доду пагоҳӣ гуселонд.
Магар чунин лаҳзаи табиию воқеиро бо шууру луғаткобӣ навиштан мумкин аст?
РАФИҚ СКУТОВ
Падари банда Сафархӯҷаи Тоҳир депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буду боре ӯро ба ҷаласа даъват намуданд. Бо як тир ду нахчир гуфтагӣ барин вай ба Душанбе омада, аз ҳолу аҳволи ман, ки ҳамон вақтҳо донишҷӯи институти омӯзгорӣ будам, хабар гирифт.
Ҳангоми хайрхуш гуфт, ки бегоҳӣ ба меҳмонхонаи Душанбе биёям, то ҳамроҳ хӯроки шом хӯрем. Дар вақти муайяншуда ба меҳмонхона расида рафтам. Падарам, ки бо телефон бо касе гап мезад, бо ишораи сар ба ман фармуд, ки ба курсӣ нишинам ва худ гуфтугӯро давом дод. Аз рафти суҳбат маълум гардид, ки вай бо сарагрономи хоҷагии “Роҳи Ленин” – и ноҳияи Панҷ, ки дар он ҷо раис буд, гап зада, аз ӯ вазъи шудгори тирамоҳию дигар масъалаҳоро мепурсид. Ҳис намудам, ки падари бечораам дар ҳамин ҷо низ ором нест, чунки вай дар ноҳия нимишабҳо ба хона меомаду вайро кам медидем.
- Ҳозир бояд ба ин ҷо котиби аввали ҳизби ноҳияи Дарвоз Бердиев биёяд, - гуфт падарам баъди гӯшаки телефонро ба ҷояш гузоштан ва илова кард, ки секаса ба таомхӯрӣ меравем.
Номашро гиру гӯшашро каш мегӯянд. Дар ин гуфтугӯ будем, ки дар кушода шуду ба ҳуҷра марди миёнақаде, ки чашмони калон - калони бозингар дошт, даромада омад. Падарам моро бо ҳам шиносонду якҷоя хеста ба тарабхона барои хӯрокхӯрӣ рафтем. Дар он ҷо хизматчии пеши дар, ки марди сиёҳчурдаи қоқи дарозе буд, моро пешвоз гирифт. - Хуш омадед, рафиқ Тоҳиров, - гуфт бо забони русӣ ва бо падарам чун шиносҳои дерина вохӯрӣ намуда, палтоҳои онҳоро гирифта бурда ба либосовезак кашол карду ба мо иштиҳои таом хост.
- Ҳоло ба ҳуҷраи хоб баргардем, ман ба шумо қиссаи ин марди руси пеши дарро нақл мекунам, - бо табассум гуфт падарам ҳангоми таомхӯрӣ.
- Марди аллакай ба мо шиноси пеши дари тарабхона баъди баромадан палтоҳои падару меҳмонро чолокона аз либосовезак оварда пӯшонд. Раис ба ивази ин меҳрубониҳояш ба дасти вай як даҳсумаи шараққасии сурхи рахаш нашикастагиро ширеш кард.
- Дар ҳуҷраи меҳмонхона ман ба шиноси падарам чой кашида дода, бесаброна нақли вайро интизор будем.
Падарам аз нигоҳи мо рамуз гирифта, ба ҳикояаш оғоз намуд.
- Ин мардакро Скутов мегӯянд, - бо лабханда нақлашро давом дод падарам. Солҳои баъдиҷангӣ вай дар ноҳияи мо котиби дуюми ҳизб буд. Ҳарчанд котибони аввал бо ном роҳбарӣ мекарданд, аз болои онҳо ин зотҳо чорчашм назорат намуда, аз воқеаҳои обнарасида ба мақомотҳои баландпоя хабар мерасониданд. Ба ҷои котиби аввал ҳамин Скутовро номзад ба депутатии Шӯрои Олӣ тавсия доданд, зеро пушт дорӣ, мушт дорӣ гуфтаанд. Вай Ризо ном шахсеро, ки каму беш забони русиро медонисту ба қавле ҷаҳонгашта ҳисоб меёфт, барои муаррифии худ одами эътиборнок гирифт.
- Рафиқ Скутов, - мегуфт дар вохӯриҳо вай, - як уруси Худозадаи бехонаву дари рӯсиёҳи аз таги дор гурехтагие аст, ки даъвои депутатшавӣ дорад.
Мардум аз чунин муаррифҳои Ризо бо пӯстҳои дил хандида, қарсак мезаданд. Скутов ҳатто аз ҷой хеста, даст рӯи сина гузоштаю бо забони шикастаи тоҷикӣ ба мардум рахмат, рахмат мегуфт. Дар баҳои чунин хизматҳояш Скутов ба Ризо як шиму костюми қимматбаҳои коверкот, ки он вақтҳо дар даҳони савдогар буд, тақдим кард. Раис пиёлаи чои сардшударо фурт кашида, ҳис намуд, ки мо ба даҳонаш чашм дӯхтаем, нақлашро давом дод.
- Дунё бедушман намешудааст. Одамони ҳасуду нотавонбин дар он аз мӯи сар зиёданд. Ким кадом касе ба
Скутов фаҳмонидааст, ки шахси боваринокаш Ризо ба вай хизмати хирсона мекунад. Дар ҳама ҷо вайро туфу лаънат хонда, шарманда месозад. Хандаю қарсакҳои мардум аз рӯи дӯстдорӣ не, балки аз носазогӯиҳои Ризо аст, ки кафи пову таги каши мардумро хоридаю ғалғалич мекунад.
Ризои шӯхтабиат инро фаҳмида, асоро ба равшанӣ мезанад. Яъне, то дар ноҳия будани Скутов ба мулкҳои ғарибӣ фирорӣ мешавад, - хандид раису ба нақлаш мулнуқта гузошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё