Зеҳн
АТО МИРХОҶА

Афсона, ҳикоя ва қисса барои кӯдакон

Зеҳн · 7 ноябри 2024 · 3 саҳифа

Кӯдакон

МӮКӢ

Бобои Озоду Озода мӯкии баланди сурхтоб дорад. Тагчармашон ғафс, пӯпакҳояшон зебо. Ҳар гоҳ мепӯшад, чашмони ҳама барқ мезананд.

Рӯзе Озод баОзода гуфт:

– Бисёр мехоҳам, ки мӯкиҳои бобоямонро бипӯшам.

Ин фикр ба Мунира хуш омад.

– Ман ҳам. Онҳо чунон зебоянд, ки«пӯшаму накашам» мегӯӣ.

Бародару хоҳар мӯкиҳоро аз ҷевон гирифтанд. Аввал Озод пӯшид. То миён дар онҳо ғарқ шуд. Баъд Озода пӯшид.

Мӯкиҳо аз миёнаш ҳам гузашта, хам заданд.

– Агар бо инҳо ба кӯча бароем, ҳама ба ҳоламон механданд,– гуфт Озода.

– Масхара мекунанд,– гапи хоҳарашро тасдиқ кард Озод,– лекин пӯшидан мехоҳам.

– Ман ҳам бисёр мехоҳам, лекин чӣ илоҷ?

Озод каме андешиду гуфт:

– Илоҷашро ёфтам.

– Чӣ будааст он? – бетоқатона пурсид Озода.

– Аз бобоямон илтимос мекунем, ки ба мо мӯкӣ дӯзад.

– Дуруст! – аз хурсандӣ каф ба ҳам задОзода.– Осонакак: Бобо медӯзад, мо мепӯшем.

Ин асно Бобо даромад. Озода саросема шуда, пеши пояш афтод. Озод қиқирросзанон хандид. Бобо Озодаро ба по хезонду ба Озод рӯ овард:

– Аз хандидан дида, мӯкиҳоро аз пои хоҳарат кашӣ, беҳтар.

Озод мӯкиҳоро кашид.Бобо пурсид:

– Ҷони бобо, ту барои чӣ мӯкиҳои маро пӯшидӣ? Охир, инҳо аз қадат баландтаранд.

Озода аз шарм сар хам кард. Ба ҷои вай Озод ҷавоб дод:

– Бобоҷон, ману Озода бисёр мехоҳем, ки мисли мӯкиҳои шумо мӯкичаҳои базеб дошта бошем.

– Бобоҷон, илтимос, ба мо мӯкича дӯзед,– ба гап ҳамроҳ шуд Озода.

Бобо сари набераҳояшро сила карда гуфт:

– Орзуи бисёр нағз, лекин иҷрояш хеле душвор.

– Чӣ душворӣ дорад, бобоҷон,– ба умед гуфт Озод,– шартӣ медӯзеду халос.

– Илтимос, бобоҷон, барои худатон дӯхтед-ку,– мӯкии Боборо ба ҳавас бардошта, гуфт Озода.

Бобо гуфт:

– Ба гуфтан осон, ба кардан душвор.

Озоду Озода ба ду остини бобо часпиданд.

– Ҷон бобоҷон, илтимос!

– Ин хел бошад, аввал ба ман пӯсти буз биёред.

Озоду Озода хурсанд давида, аз айвон пӯсти бузро кашола карда оварданд.

– Ана, бобоҷон, пӯсти буз.

Акнун мӯкичадӯзед,

Барои бача дӯзед.

Бобо афсӯсхӯрон сар ҷунбонду гуфт: – Ба ин шакл намешавад. Пӯстро аввал тарошидан даркор.

Озоду Озода дукорд гирифта, пӯстро тарошида, ба назди Бобо оварданд.

– Бобоҷон, тарошидем.

Акнун мӯкича дӯзед,

Барои бача дӯзед.

Бобо афсӯсхӯрон сар ҷунбонду гуфт:

– Ба ин шакл ҳам намешавад. Пӯстро ош додан даркор.

Бачаҳо даррав ба ошхона давида ош оварданд.

– Бобоҷон ош овардем. Лекин онро ба пӯст чӣ хел диҳем? Бобо қоҳ-қоҳ хандиду гуфт:

– Ош додани пӯст чизи дигар аст.

– Чӣ будааст он?– баробар пурсиданд наберагон.

– Пӯстро намак карда, ду ҳафта мехобонем. Ҳар рӯз як маротиба онро молиш дода, мулоим кардан даркор.

Набошад, сахт шуда, мешиканад.

– Ваааййй!– оҳи сард кашид Озод.

– Ӯййййй! – дилтанг шуд Озода

– Чӣ, аз баҳри мӯкӣ гузаштед, бачаҳо?

– Не, бобоҷон, мӯкӣ доштан мехоҳем.

– Ин хел бошад, пӯстро ош медиҳем.

Бачаҳо бо нишондоди Бобо пӯстро намак карда, даруни ҷувол дар кунҷи анбор хобонданд. Вай бӯйи тези ногувор пайдо кард. Озода баробари наздик шудан ба он, биниашро маҳкам қапида мегурехт.

Бобо ба ҳоли Озода хандида, кори ӯро ба зиммаи худ гирифт. Бобову набера ҳар рӯз пӯстро як-якунимсоатӣ фушурдаву молида, дар ду ҳафта хамир барин мулоим карданд.

Бӯяш ҳам хеле кам шуд. Набераҳо хурсанд ба Бобо рӯ оварданд:

– Бобоҷон, пӯст мулоим шуд.

Акнун мӯкича дӯзед,

Барои бача дӯзед.

Аммо Бобо ин бор ҳам шитоб накард: – Пӯст мулоим шуд, акнун онро ранг кардан лозим.

– Рангро аз мағозахарем?– пурсиданд онҳо.

– Дар мағоза ин хел ранг нест,– хандида гуфт Бобо.

Озода.

– Пас дар куҷост?– бетоқатона пурсид

– Дар пушта.

– Дар пушта?– бо ҳайрат баробар пурсиданд бачаҳо.

– Оре, дар ҳамин пуштаи болои хонаамон буттае бо номи ардин мерӯяд. Решаи яктои онро канда биёред, ман аз он ранг тайёр мекунам.

– Ардин?– такрор кард Озода.

– Мо онро чӣ хел мешиносем?– пурсид Озод.

– Чӯпон амакатон ҳар рӯз дар он ҷо мол мечаронад. Вайро пурсед, нишон медиҳад.

Бачаҳо ҷониби пушта ҷастухез заданд.

Чӯпонамакро ёфта, илтимос карданд, ки ардинро ба онҳо нишон диҳад.

Чӯпонамаки меҳрубон онҳоро ба ардинзор бурду таъкид кард:

– Фақат як донаашро канед.

– Барои чӣ фақат як донаашро?– норозиёна савол дод Озод.

– Чунки як донааш даҳ мӯкиро ранг мекунад. Ғайр аз ин, агар ҳар кас чи қадаре ки хоҳад, биканад, ардин нест мегардаду ҷойи он холӣ мемонад.

Гапи Чӯпонамак ба бачаҳо писанд омад. Онҳо як бех ардин канда, ба назди Бобо тохтанд.

аз 3
навбатӣ