«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.
Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
НУРИ ИШҚ
Қатраҳои ашки хунолударо
Нек бишкастам ба санги рӯи раҳ.
Боварам омад, ки дидам чашми санг
Мекафад аз зарби қалби бегунаҳ.
Шӯълаи чашми дигар тан гӯядам:
«Ишқ қандил мешавад ғамхонаро».
Шоха-шоха нур мепошад, нигар,
Дар арӯсиш хонаи Шоҳонаро.
ҶАЗО
Нигоҳи гарми ту сӯзад вуҷудам,
Ба сӯям бо нигоҳи маст мангар.
Набитвонам туро бахшидан асло,
Бисӯзад гарчи ҷонамро саросар.
Ба пешам омадӣ умедворӣ,
Ки бахшоям гуноҳатро дигар бор.
Саропоят гуноҳ асту гуноҳ аст,
Ҳамон монӣ, ҳамон ёри хатокор.
Бишӯ худро ба оби дидаи ман,
Ки гардӣ пок то он рӯзи маҳшар.
Туро бахшам дар он дунё, гумонам,
Биҳишт афтӣ агар, пешам ниҳӣ сар…
СӮХТАМ
Дар вафои бевафое сӯхтам,
Умри худро бо хатое сӯхтам,
Ҳастиамро бо ҳама ранҷу алам
Баҳри як ноошное сӯхтам.
Солҳо ишқи китобӣ кофтам,
Ишқро кардам гадоӣ, сӯхтам.
Дар муноҷотат кунун: Яктои ман,
Менишинам бо дуое, сӯхтам.
Фанддида духтари рустоиям,
Шаҳрро дидам балое, сӯхтам.
Ӯ ҳавас мехӯрд дар оғӯши ман,
Ман ба мисли бенавое сӯхтам.
Шом дорам, чун саҳар молик нашуд
Мисли шамъи бесадое сӯхтам.
Сад дареғо, ҳар раҳе рафтам набуд,
Рост омад, ҳар куҷое сӯхтам.
ОҲИ ФАЛАКРАС
Паймоншикан, ба ёди ту паймонаи ғамам,
Ғофил, вале туӣ зи ҳама дарду доғи ман.
Ман то ҳанӯз чашм ба роҳат нишастаам,
Боре зи рӯи меҳр насозӣ суроғи ман.
Оҳи фалакрасам ба дили моҳ кора кард,
Аммо ба қалби санги ту он кора ҳам накард.
Олам ҳама ба оҳи дилам гӯш медиҳад,
Аммо ба гӯши ту асар оҳу алам накард.
Дар оташи фироқи ту як умр сӯхтам,
Поси гудози синаи ошиқ надоштӣ.
Гуфтӣ: муҳаббат аст фиребу хатову макр,
Захми дигар ба ҷони фигорам гузоштӣ.
Ҳар қатра ашки рехта бар лавҳи дафтарам
Доғ аст, доғи ишқи ману бевафоиҳо.
Чун ман фиребхӯрда ба роҳи ҳаёт нест,
Шоҳона сӯзад аз ғаму дарди ҷудоиҳо…
ҒУБОРИ ХАЗОН
Дигар маёву ишқи маро орзу макун,
Шабҳо ба ёди ман манишин, гуфтугӯ макун.
Дарҳои меҳри хеш ба рӯят бубастаам,
Дигар маро зи кӯи дилат ҷустуҷӯ макун.
Ман баҳри ту дигар натавонам тарона гуфт,
Афсуни худ шудам, натавонам баҳона гуфт.
Ҷонам ба доғи дурии ту оҳ мекашад,
Бо дарди худ хушам, ки бароям замона гуфт.
Фанди туам хато заду аз роҳи рост бурд,
Бемеҳрии туро чӣ кунам, қалб шуд хароб.
Лабҳои бӯсахоҳи худ аз ёд бурдаӣ,
Чашмони сурмасои ман аз туст ғарқи об.
Дигар пайи суроғи мани бенаво магир,
Озодазодаро натавонӣ ба ғам асир.
Дар навбаҳори ишқ ғубори хазон задӣ,
Афсурд ишқи бесарупо, дил нагашт пир.
МУНТАЗИР
Шаб расиду рӯзи сиёҳам рафт,
Аз чӣ ғаминӣ, зани танҳо?
Чашм бар роҳи кӣ биншастӣ?
Дил ниҳода бар ғами дунё.
Ту махон бар гӯши ман қисса,
Духтари шаб, аз чӣ дорӣ рашк?
То диламро ишқи ӯ ҷон аст,
Зиндаам ман, зиндаам аз ашк.
ИШҚИ ДОМАНГИР
Хуни ишқи ман бувад бар гарданат,
Он, ки кардӣ ёри ман аз ман ҷудо.
Дар қиёмат низ домангиратам,
Мешавад он рӯз довар, ки Худо.
Боз гардон, эй Худо, ҷони маро,
Он ҳавасҳо, ишқу армони маро.
Ман барои ӯ ба дунё омадам,
Кун мудаво сӯзи ҳиҷрони маро.
Рӯи роҳи ҳамдигар пайдо шудем,
То ба ишқи ҳамдигар шайдо шудем.
Гӯ: намон Шоҳонаро дар нимароҳ,
Мо барои якдигар эҳдо шудем.
МАЛҲАМ
Рухон пуркидаам аз сӯзи модар,
Ки дар дил дардҳояш бешумор аст.
Танам палмосаду дардам бигирад,
Агарчанде вуҷудашро ғубор аст.
Дилат соф аст, ранги осмонӣ,
Ту он фанде, ки хӯрдам, менабинӣ.
Манам баргаштае аз кӯчаи макр,
Чаро пурсим, маҳзун менишинӣ?
Аё, эй модари ширинтар аз ҷон,
Дуоям деҳу бахшам ҷони беғам.
Силоҳе ҷуз дуои ту надорам,
Силоҳе, ки ба ҷонам гашта малҳам.
Дуоям гӯ, дуо, эй модари ҷон,
Ки то Шоҳонаат хурсанд бошад.
Нигаҳбонам туӣ дар ҳар ду олам,
Агарчи дар раҳам сад банд бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё