«Сояи нигоҳ»

«Сояи нигоҳ» маҷмӯаи сеюми шоираи хушқалам Шоҳонаи Сулаймон аст. То ин дам навиштаҳояш бо унвони «Хаёли ситорачин» (шеърҳо, нашриёти «Ҳумо») ва «Сад тарона» («Адиб») ба нашр расидаанд. Шоҳона розу сӯзи дӯшизагони кӯҳманзарро рӯйи варақ овардааст, ки самимият ва гармӣ доранд. Умед аст, ки нигоштаҳояш хонандаи закиро хуш меоянд.
Китобдор · 7 ноябри 2024 · 10 саҳифа
БӮСА
Ту гӯӣ нолаи садсола дорам,
Ки хомӯш мекашад аз синаам сар.
На Маҷнунро шиносам, на арабро,
Куҷо Лайлӣ шавад бо ман баробар.
Куҷо маҳбуб, як ошиқнавозе,
Бари ҳам саф кашида фитнасозон.
Ҳама дар домани макранду ҳила,
Намебинам дигар аз чорасозон.
Ба доми ишқи дев афтодаам зор,
Ҳамехоҳам, ки бошам хурраму шод.
Тилисми аср – бо як бӯсаи гарм,
Раҳам аз банди ҷоду, гардам озод.
ХОБ
Дар тавлиди Марям
Ҳадя дар хоб тоқиям доданд
Арғувонӣ, базебу гулдузӣ,
Нақш баста дар он ситораву моҳ
Бо ҳазор рангҳои наврӯзӣ.
Пӯпакаш абрешими хатлӣ,
То сари шонаам дарозӣ дошт,
Дар бари гесӯвон, ки гул мекошт,
Бо гули рухсор бозӣ дошт.
Фол мезад бибии пирам
Ки; «Шаҳона, давлати сарат доданд,
Тоқӣ бо пупаки ҳафтранги дароз
Фоли нек аст, духтарат доданд.»
ПОРАҲО
Биё, имшаб биё, бо бӯса доғам кун,
Биё, ҷони ману равшан чироғам кун.
Биё, қуфли дари ин боғро бишкан,
Биё, чун дузд о, тороҷи боғам кун.
Маро аз ғам раҳо кун, эй дили ман,
Ту дардамро даво кун, эй дили ман.
Ба гирдоби муҳаббат ғарқ кардӣ,
Биё, худ як бало кун, эй дили ман!
Ба ту аҳде, ки, эй девона, бастам,
Ман аз мастии он паймона бастам.
Хати тақдир озори дилам нест,
Ман озори туро афсона бастам!
Ба ғам пайваста шуд нози нигоҳам,
Ба кайҳон мерасад парвози оҳам.
Нишонамро агар меҷӯӣ, эй дӯст,
Биё, ин ҷо, ки дар оғози роҳам?!
Аҷаб сарсону саргардонам, эй дил,
Ба ғам печидаву ҳайронам, эй дил.
Фиребу фанди мардонро нагӯем,
Ки аз дасти ту ман гирёнам, эй дил.
Камони қоматам сар дар замин шуд,
Дурӯғоят маро чин дар ҷабин шуд.
Маро гӯянд мардум хатти тақдир,
Ба рухсорат хати пайкону тир шуд.
Ба паймони ту ман афсона бастам,
Зи ашки дидаам дурдона бастам.
Хати тақдири ман бишкастӣ охир,
Нигоҳам бар хати паймона бастам…
Ба ғам олуда шуд нози нигоҳам,
Ба гардун мерасад фарёди оҳам.
Нишонам баъди ман дар зиндагӣ чист?
Ду гавҳар, ду нигини бегуноҳам.
Аҷаб сарсону саргардонӣ, эй дил,
Ба ғам печидаву нолонӣ, эй дил.
Фиреб – андар фиреби ёр дидӣ,
Зи нодонии худ гирёнӣ, эй дил.
Маро дар ишқ раҳбар нест, эй дил,
Занам ҳарфи ту, минбар нест, эй дил.
Худовандо, маро додӣ чӣ ишқе,
Ғами дил ҳасту дилбар нест, эй дил.
Биё, ки туро хоҳам, эй ягонаи ман,
Биё, ки туӣ бахти ҷовидонаи ман.
Биёву қуфли дари ҷудоиро бишкан,
Биё, биё, ту дигар бо баҳонаи ман.
Маро бори Худо кун, эй дил, эй дил,
Чиҳил дардам даво кун, эй дил, эй дил.
Дар ин дунё агар ошиқнавозӣ,
Ғарибонро раҳо кун, эй дил, эй дил.
Ту дунёи манӣ, ҷони манӣ ту,
Ту савдои манӣ, они манӣ ту.
Бароят қиссаи ногуфта дорам,
Чи пайдоӣ, ки пинҳони манӣ ту?
Ин роҳи дароз зору фигорам карда,
Ноомаданат, бубин, чи корам карда?
Ман оҳуи ромаму ба он тири нигаҳ
Дар кулбаи худ бубин шикорам карда.
Ӯ рафту ду чашми ман ба роҳаш монда,
Дар рӯи дилам лахчааловаш монда.
Бо як нигаҳаш дар дили ман рехт шарар,
Ӯ рафт, ба ҷон барқи нигоҳаш монда.
Саҳар бо дидаи гирён бихезам,
Ба роҳи рафтаат борон бирезам.
Умед аз ноумедиҳо биҷӯям,
Чӣ сон аз қисмати вайрон гурезам.
Ба рӯи дасти ман лаъли фурӯзон,
Куҷоӣ, ёраки аз ман гурезон.
Биё, бо меҳрубониҳо ба сӯям,
Биё, ашки маро дигар марезон.
Маро дар ишқ раҳбар нест, эй дил,
Маро он ёр сарвар нест, эй дил.
Худовандо, маро додӣ чӣ ишқе,
Ки ҷуз ғам ҳеҷ дар бар нест, эй дил.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё