НЎЪМОН РОЗИҚ

Шеър, ҳикоя, чистон ва афсона барои кӯдакон
Китобдор · 4 ноябри 2024 · 32 саҳифа · 1 писанд
ХОТИРАҲО
ЁДИ УСТОД
Баҳор соли 1971 буд. Ман он вақт муҳаррири газетаи «Коммуна»- райони Орҷоникидзеобод (ҳоло «Шаҳриёр»-и шаҳри Ваҳдат – Ҳ.Розиқ) будам.
Боре котиби комитети партияви район маро даъват намуда гуфт:
- Имсол шоири мАҳбубамон Мирзо Турсунзода шастсола мешаванд. Ҷашн гирифтани зодрўзи он касс аз райони мо оғоз меёбад, ба он ҳаматарафа тайёрӣ дидан даркор.
Дар клубу китобхонаҳо фотомонтажу газетаҳои деворӣ бароварданд. Дар мактабҳо бачагон шеърҳои устодро аз ёд мекарданд, сурцдҳояшро дар маъракаҳо мехонданд.
Рўзи ба устод вохўрдан фаро расид. Мардум бо гулдастаҳо ба саҳни театри район ба истиқболи устод баромад. Ниҳоят устод Мирзо Турсунзода ҳамроҳи Боқӣ Раҳимзода ва шогирдонашон аз мошин фуромаданд. Онҳоро аҳолӣ бо нону намак ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Дар майдончаи театр базми калоне барпо шуд. Адибонро ҳам ба рақсу бозӣ даъват менамуданд. Устод Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ҳам бошавқ дар ҳалқаи ҷавонон мерақсиданд. Дигарон чаппак мезаданд, хурсандӣ мекарданд.
Зали калони театр аз одам пур шуд. Дар саҳна устодон ва шогирдонашон дар паси миз менишастанд.
Котиби якуми комитети партиявии район захватов Василий Ермолаевич ба минбар баромада, қарори комитети иҷрояи Совети депутатҳои халқии районро дар бораи ба гражданини фахрии район қабул кардани Мирзо Турсунзода хонда дод.
Сонӣ аз ҷайбаш калиди заринро бароварда ба Мирзо Турсунзода дода, муроҷиаткунон гуфт:
- Мирзоҷони азиз, мо шуморо ба гражданини фахрӣ қабул карда, калиди шаҳрро месупорем.
Калиди шаҳр минбаъд дар дасти шумост. Аз кадом тарафе, ки ба шаҳри худатон даромада омадан гиред. Нури дида, тоҷи сар!
Котиб инчунин ба устод Мирзо Турсунзода ҷомаи хушгули зарбофт ва тўппӣ пўшонд. Сонӣ устод сухан гирифта, изҳори миннатдорӣ кардан два гуфтанд:
- Шумо шаҳру деҳи худро дўст медоред.
Маданияти онро баланд мебардоред. Мардуми шумо меҳнатқаринанд. Файзи меҳнати шумост, ки район дар республика ном баровардааст. Ман фахр мекунам, ки акнун гражданини райони шумо ҳастам. Барои шумо шеърҳои беҳтарини худамро мебахшам.
Сонӣ шоирон Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ ва Ғаффор Мирзо шеърҳои худро хонда доданд. Ман ҳам ба устод бо номи «Бобоҷони мо» шеъри бачагонае навишта будам. Ба саҳна баромада онро хондам, ба устод тақдим кардам.
Навбат ба мусиқичиёну ҳаваскорон дода шуд.
Духтарону писарон шеърҳои устодро бомаҳорат хонда, ба ў гулдастаҳо тақдим мекарданд. Муаллим Мирзо Турсунзода беандоза шоду мамнун буданд.
Ҳамон рўз шоирону нависандагонро, ки бо ҳамроҳии устод Мирзо Турсунзода омада буданд, сари як пиёла чой таклиф намуданд. Қаблан ҷиҳати қабули меҳмонон тайёрӣ дида шуда буд. Ҳамаи меҳмононро ба хонаи яке аз бригадирони номдории колхози «Съезди 22-юми Партия» Пиров Мирзо, ки дар деҳаи Чилламазор воқеъ буд, бурданд.
Меҳмонон дар сари дастархони пурнозу неъмат аз ҳар хусус сўҳбат мекарданд.
Баъди нишасту хўрдани зиёфтат ба аҳли хонадон ҷиҳати меҳмондории самимонаашон миннатдории зиёд изҳор намуданд. Баъди ба кўча баромадан як гурўҳ бачагон, ки дар даст суратгир доштанд, баромадани устод Мирзо Турсунзодаву ҳамроҳонашонро интизорӣ доштанду расм гирифтанро хоҳиш намуданд. Устод бо мамнуният хоҳишашонро иҷро намуданду якҷоя бо ҷамъи меҳмонону бачаҳо расм гирифтем.
Ман баъдҳо бо устод Мирзо Турсунзода борҳо вохўрда, ҳамсўҳбат шудам. Дар маҷлису маъракаҳо сухан кардани ўро шунидам. Шахси бузургу хоксор, маҷлисоро ва дилдодаи табиат буданд, аз тамошои манзараҳои Ватан сер намешуданд. Ба ҳар як мўъҷизаи табиат бо меҳр менигаристанд.
Боре устод ба хонаи ман меҳмон шуда омаданд.
Дар рўи ҳавлии ман анорҳо ғарқи гул буданд. Устод ба дарахтони гулпўш назар карда, гуфтанд:
- Муллонўъмон, китобатро хондам. Вале дар бораи ин анорҳо дар он ягон шеър нест. (баъди чанд рўз дар васфи анор шеъре эҷод кардам)
Баъд устодро гирифта, ба деҳаи Чўянгарон бурдам. Он кас ба кўҳҳои гирду атроф назар дўхта, хеле тамошо карданд ва гуфтанд.
- Ин мавзеъ айнан ба Қаротоғи ман монанд будааст. Аз се тараф кўҳ, дарёчаи шўхи кўҳӣ ҷорист.
Муаллим, ки касали диабети қанд доштанд, ширинӣ бисёр намехўрданд. Ангурро нағз медиданд. Азбаски он серқанд аст, аз он бисёр хўрда наметавонистанд. Агар ангури сиёҳ мешуд, як-ду шингил мехўрданд. Бинобар ин, барояш ангури навъи хушхўре ёфта овардам.
- Номи ангу чӣ, Муллонўъмон? – пурсиданд устод.
- Чеховӣ, - ҷавоб додам ман.
- Чеховӣ? – ҳайрон шуданд устод.
- Ҳа, чеховӣ, -гуфтам ва шарҳ додам: - боре ба Ялта ба сайёҳат рафта будам. Хона-музеи Чеховро зиёрат кардам. Аз токи рўи ҳавлиаш ду қаламча бурида овардам. Онҳоро сабзонидам. Баъди чанд сол ангури хуб дод. Бо ҳамин як навъ ангур дар Тоҷикистон зиёд шуд. Ҳоло дар Симиганҷу Яккатол аз ин навъ ангур бисёр шудааст.
- Боракалло, Муллонўъмон, ин корат нағз! – гуфтанд устод ва аз ангури номбурда як сара хўрданд.
Моҳи сентябри соли 1977 фаҳмидам, ки муаллим беморанд. Якчанд хўша ангури чеховӣ ва каме моҳибирён гирифта, ба беморбинӣ рафтам.
Муаллим дар бистари беморӣ мехобиданд. Маро дида хурсанд шуданд, аз ҳар ҷиҳат пурсупос карданд. Дар назди каташон зану духтарашон нишаста буданд. Бо устод хайрухуш карда берун баромадам. Ин дидорбинии охирини ман бо устод буд.
БА ЁДАШ САНГИ САРИ РОҲ ХУРРАМ
Устод Мирзо Турсунзода табиатро беандоза дўст медоштанд. Ба мўъҷизаҳои он бо чашми хирад менигаристанд. Аз тамошои сабзаву себарга ва гулу гиёҳҳои худрўй болидарўҳ мешуданд. Ҳачунин аз дидани шаршараҳои кўҳӣ, аз шунидани овози мурғони даштӣ вва аз насими беғубори саҳро ҳаловат мебурданд. Ҳатто аз дидани дарахти бузург ва ё санги қалони қади роҳ ба шунидани таърихаш таваҷҷўҳ доштанд. Ба ҳар кадоме аз он бо меҳр менигаристанд.
Ёд дорам баҳорон буд. Боре устод Мирзо Турсунзода майли тамошои соҳили Кофарниҳон карданд. Бо дилу ҷон ўро даъват намудам, то биёяду шароити истироҳату фароғаташро ташкил намоем.
Роҳ ба сўи дараи Ромит пеш гиифтем. Дар деҳаи Чўянгарон, назди санги қади роҳ, ки монанди кити бузургҷусса ба шикам мехобид, қарор гирифтем.
Устод Мирзо Турсунзода санги азимро дида, атрофи он давр заданд. Миёни санг фурўхамида буда, баҳорон дар он ба қадри як сатил об ғун мешуд.
Устод Мирзо Турсунзода пас аз тамошои санги азим ба мо рў оварда гуфтанд:
- Ҳунари дасти табиат мўъҷизаи бисёре дорад.
Пас аз тамошои санг лаби дарё фаромадем. Дар гўшае ҷойи нишаст омода карда будем. Қаблан
Садриддин Юсупови даштибедиро, ки марди шўху хушчақчақе буданду ҳунари моҳидориву пазандагиро хуб медонистанд, даъват карда будам.
Садриддин бо шаст аз дарё моҳӣ медошту ман онҳоро дар танўри сангӣ дар рўи химчаҳои тарак мепухтам.
Устодро ҳамон рўз дар лаби дарё бо кабоби ширмоҳӣ меҳмондорӣ кардем. Он кас дар лаби дарё хуб дам гирифта, аз тамошои теппаву куҳҳои
Чўянгарон ва аз ҳавои салқину соҳили дарёи Кофарниҳон ҳаловат бурданд. Хурсандии ману Садриддинро интиҳо набуд. Хурсанд аз он будем, ки ба устод барои фароғаташ имконият фароҳам овардем, ки боиси илҳому эҷодаш мешавад. Барои мухлисонаш шеъру сурудҳои тоза меофаранд.
Мо аз лаби дарё то қади роҳ- назди мошинамон пиёда роҳ тай намудем. Вақте ки ба назди ҳамон санги калон омадем, дидем, ки чўпоне рамаашро ба чаро гузоштаву дар мавзеи фурўхамидагии санг барои аспаш ҷав рехтаасту асп онро бо иштиҳо хўрда истодааст. Мавзеи фурўхамидаи санг чун охури тайёр ба аспи чўпон хизмат мекард.
Устод Мирзо Турсунзода аз дидани ин манзара завқ карда хандиданду гуфтанд:
- Одамони мо аз мўъҷизаи табиат чӣ тавр устокорона истифода мебаранд.
Аз он айём даҳ-дувоздаҳ сол гузашт. Дар шафати санги азим боғи калони таҷрибавии Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ-Ҳ.Розиқ) воқеъ гардидааст, ки боғи мазкур бо меҳнати донишҷўён доимо сабзу хуррам аст.
Рўзе фаҳмидам, ки дўстам Каримҷон Сатторов директори ҳамин боғи таҷрибавӣ таъйин шудааст.
Ба наздаш рафтам. Бо ў дар боғ каме нишастему сипас ба назди ҳамон санги азим омадем. Ба ў дар хусуси хотираи сафари устод Мирзо Турсунзода ба ин мавзеъ ва таассуроташ аз санги бузургҷусса нақл кардам. Ба Каримҷон ҷойи охурмонанди сангро нишон додаму имконияти сабзонидани гулбуттаеро пешниҳод доштам.
Дўстам Каримҷон ба эҳтироми устод Мирзо Турсунзода дар ҷойи фурўхамидаву охурмонанди санг гули савсан коштаву сабзонида, атрофи онро обод намудааст.
Хонандагони мактабҳои деҳаҳои гирду атроф ва донишҷўёни донишкада аз таърихи сафари устод Мирзо Турсунзода ба ин мавзеъ ва дидан кардани ў аз ин санги бузургҷусса шунида, ба тамошои санг меомаданду дар ободонии ин гўша ҳисса мегузоштанд.
Ба ёди устод Мирзо Турсунзода санги қади роҳ сабзу хуррам шуда, мавзеи поёнии роҳи Лиҷҷаку Чўянгарон дилкашу зебо гардидааст.
ДАР БАЙНИ ГУЛҲО
Мо шаш нафар будем. Се рўз аз манзараҳои шаҳри зебо ва дилфиреби Вильнюс дидан кардем.
Рўзи аввал дидани қабри Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоевро ихтиёр кардем. Вай аз шаҳр берун дар деҳаи Жижмарай будааст. Ба бозори гулфурўшон рафтем. Ҳар кадомамон якдастагӣ гулҳои рангоранг харидем.
- Ин кам аст, - гуфт роҳбарамон, доктори фанҳои филологӣ Соҳиб Шўҳратович Табаров, -аз гулҳои садбарги сурх боз як гулдастае бандед. Сафар гули садбаргро дўст медошт.
Аз гулҳои садбарги сурх гулчанбаре бастем.
Гулдастаҳо дар даст ба машинаҳое, ки дўстони литовии мо оварда буданд, нишастем ва роҳи деҳаи Жижмарайро пеш гирифтем.
Машинаҳо пасу пеш дар роҳи мумфарши васеи нав сохташуда ба пеш ҳаракат м екарданд. Роҳ мисли тасмаи сиёҳ гўё ба чархҳои машина печида, худро ба пас ҳаво медод. Мо аз ҷангалзорҳои анбўҳ ва манзараҳои дилрабои ду тарафи роҳ чашм намекандем. Мо пас аз ним соат ба Жижмарай расидем.
Моро раиси Совети маҳалла Якубовскас Адамас, директории мактаби миёнаи Жижмарай Бриалуская Иозас, пионерони отряди ба номи Сафар Амиршоев пешвоз гиифтанд. Мо самимона вохўрӣ кардем.
Пионерон аз боғи мактаб гул чида баромаданд.
Мо ҳамроҳи онҳо ба сари қабри шаҳидон рафтем.
Қабри бародарӣ қатор сохта шудаанд. Дар байни қабрҳо ҳайкалест, ки дар даст яроқ дорад ва Ватанро озод намудааст. Ҳайкал рамзи қаҳрамонӣ дорад. аз тарафи рости девори ҳайкал чунин навишта шудааст:
«Сафар Амиршоев (1912-16 7-1944)» ба пояи ҳайкал ва пояи мақбараҳои шаҳидони ҷовид гулдастаҳо гузоштем. Хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, фарзанди халқи тоҷик Сафар Амиршоевро ёд кардем. Дар назди ҳайкал ба хотири ҷоннисории ин марди некном сар фуруд овардем.
Раиси совети маҳаллаи Жижмарай Якубовскас Адамас дар бораи қаҳрамониҳои Сафар Амиршоев ва чор «шоҳпаланг» -ро чӣ хел зада ба хокяксон карданаш нақл кард.
Аз нақли Адамас ва лавҳаи боли қабрҳо маълум шуд, ки ҳамроҳи Сафар Амиршоев аз Осиёи Миёна
Раҳмонқлов И., Ниёзов М, Раҳматуллоев Н., Бобиев К., Юлдошев Б., Урозбеков Т., Латифов Б ва бисёр дигарон дар ҳамин ҷо қаҳрамонона ҳалок шудаанд ва ҳамроҳи Сафар Амиршоев дар як мазор мехобанд.
Гирду атрофи мазор гулкорӣ карда шудааст.
Гулҳои тару тоза ва озодагии мазор меҳру муҳаббати халқи Литваро нисбат ба дигар халқҳои бародар нишон медиҳад.
Оромгоҳи ҷанговарони шаҳидро зани хоксору модари мушфиқ Уршуле Лейкастайте нигоҳубин мекунад. Ў тахминан 50-55 сол дорад. Вай намемонад, ки ба болои абри шаҳидон ҳатто яз дарахтони боли қабри онҳо барги зарде афтад.
Сонӣ, фаҳмидем, ки гирду атрофии қабрҳоро ана ҳамин зан райҳону гулкорӣ мекардааст. Вай ҳар як шаҳиди дар ин ҷо хуфтаро чун писари худ медонад.
Мо ба ин модари мушфиқ таҳсину офаринҳои гуфтем.
Пас аз зиёрати шаҳидони ҷовид пионерон моро ба мактаб таклиф карданд. мо ба мактаб рафта, бо пионерон сўҳбат кардем.
Чӣ тавре ки гуфтем, дар ин мактаб як отряди пионерӣ ба худ номи Сафар Амиршоевро гиифтааст. Пионерони отряд ҳамеша аъло мехонанд ва аз ин номи бошараф фахр мекунанд.
Сонӣ, пионерон моро ба як кабинети махсус бурданд. Ба кабинет ҳам номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев дода шудааст.
Пионерон дар ин кабинет осорхона ташкил кардаанд. Дар осорхона расми калони қаҳрамон, мактубҳо, мақолаҳои газетаҳо, дар бораи ў, грамотаҳо, ва дигар ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда, бо тартиб гузоштаанд. Дар рафҳо инчунин папкаҳои бисёре ҳаст, ки дар онҳо расмҳои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ аз Тоҷикистон, ҳиқояҳо аз ҳаёти гул- гулшукуфони колхозчиёни колхози ба номи Сафар Амиршоеви райони Кўлоб, акси манзара ва тунелҳои шаҳри Норак ва ғайраҳо гирда оварда шудаанд.
Дар ин ҷо тасмаи миёнбанд, обнўшак, пилоткаи аскарӣ ва тоқии тоҷикии аз Кўлоб фиристонда шудаи қаҳрамон низ гузошта шудааст. дар музей ба дафтари фахрӣ таассуроти худро навиштем ва ба пионерони ин ҷо, ки дар бораи тоҷикписари кўлобӣ ёдгориҳои зиёд ҷамъ кардаанд, миннатдорӣ изҳор намудем.
Раиси Совети дружинаи мактаб Регина Бальните, раиси Совети отряди ба номи Сафар Амиршоев Регина Рендикевичута, пионерон Владимир Яковлев, Рамуне Гените, Ковас Владас ва Каулакита Егидия дар бораи Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр ҳикояҳои ҷолиб медонанд.
Владимир Яковлев ба мо дар бораи ҳаёти ҷангии Сафар Амиршоев нақли аҷоибе кард.
Толибаи синфи даҳум Каулаките Егидия дар бораи қаҳамон шеъри бисёре аз ёд кардааст.
Пионер Петраускайте Р. дар васфи Сафар Амиршоев ҳикояи лирикӣ навиштааст. Вақте ки ў ҳикояи худро хонда дод, ҳамаи ҳозирин ба ваҷд омада, кафкўбии бисёр намуданд. Ин духтараки литвагӣ ҳикояро чунон равону оҳангдор мехонд, ки овози ҷозибанокаш касро ба ҳаяҷон меовард.
Духтарак албомероо, ки дар он ҳикояи ў бо хати зебои забони русӣ навишта шуда буд, ба мо дод, ки онро ба редаксияи журнали «Машъал» супорем.
Зиёрати мо анҷом ёфт. Мо ба Вильнюс баргаштем. Хотироти ин зиёрат аз ёди мо фаромўш нахоҳад шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё