Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гуё чизи даҳшатноке аз пеш ба таҳдиди Раҳим баромада бошад, дар ҷояш якбора истоду даст ба пешонӣ зад ва худ ба худ нидо кард:

– Э … ин ҳамон кас, амаки нонвой, Набӣ буд? Ҳа, бобои Набӣ! Офарине! Хуб шинохтӣ, нағз нашуд. Як гуноҳам бас набуд, ки боз дурӯғ ҳам гуфтам. Охир, ӯ ба ман хизмати падарона карда буд. Пеши роҳама намегирифт, шояд… Ҳозир рафта ӯро меёбам, ба хона мебарам. Ана боботона ёфтам, мегӯям ба бачаҳо. Дигар нагӯед, ки бобо надорем… Саъба ҳам хурсанд мешавад.

– Асссалому алейкум.

Пирамард, ки андешамандона нок пора мекард, баробари шунидани овоз сар бардошт, шодона аз ҷояш бархест:

– Ҳа, омадӣ? Хуб кардӣ! Биё, додар, биё. Ана ин ҷо, дар бари худам шин.

Раҳим аз ҳаяҷон мисли кӯдак худро дошта натавонисту даст ба китфи пирамард ниҳод ва хиҷолатмандона пичиррос зад:

– Як бори дигар маро бубахшед, бобо. Дурӯғ гуфтам. Ман ҳамон….

ҚАРЗ

– Нусрат куҷост? – пурсид муйсафед.

– Беморбинӣ рафт. Як ҳамкораш бетоб шудааст, – ҷавоб дод Меҳрӣ.

Бобои Файз лаҳзае пешониашро кафмолкунон нафаси тулонӣ кашид. «Ҳм, ҳамкораша хабаргирӣ рафтааст», – хаёлан гуфт ба худ ва дар чашмонаш дурахши аҷибе падид омад.

Мӯйсафед рафта лаби кат амонат нишаст ва ба хӯшаҳои овезони ангури лаълӣ, ки ғӯраҳояш ягон-ягон сурх шуда буданд, дида дӯхт. Гӯё донаҳои ранггирифтаро мешумурд. Вале ваҷоҳаташ рафта – рафта дигар шуд. Вай ришашро ҳилол кашида, ба хаёл рафт, боз рӯзҳои гузашта, инчунин ояндаи Нусратро пеши назар овард. «Ҷавони чорпаҳлу, ёру ошнодор шудааст, – аз дил гузаронд муйсафед ва илова кард.:– Лекин қарз адо нашуд..»

Дар воқеъ, мӯйсафед ба Нусрат чӣ коре кардааст, ки худро маломат мекунад? Охир пеш агар вай дар бораи ӯ фикр мекард, ё ба қаду басташ менигарист, дилаш боғ-боғ кушода мешуд. Ҳоло ҳам, ба гуфти худаш, сутуни дилу ободии хонааш ҳамин Нусрат аст. Вале мӯйсафед дар таҳи дил дарде дорад, ки онро худаш медонаду бас. Ӯ аз вақти ба нафақа баромаданаш дар ин бора бисёр фикр мекунад, роҳи халосӣ меҷӯяд. Баъзан аз андешаи зиёд дилтанг шуда, худ ва ҳамсари марҳумашро дар дил маломат мекунад, – ҳарчанд, ки сарзаниш кардани инсони аз олам рафта хислати писандида нест. Ҳоло фикру хаёлҳои мубҳам ӯро домангир шуда, дилашро фишурданд.

Чандон гарм ҳам набуд, вале аз сару рӯи мӯйсафед донаҳои арақ мешориданд. Ӯ бедимоғ ба шафақи лоларанг нигарист. То ғуруби офтоб каме вақт монда буд. Ба назари пирамард ин лаҳза хуршед дар лаби бомашон овезон шудааст. «Худам ҳам офтоби сари кӯҳ барин мондаам. Имрӯз ҳастам, пагоҳ не.

Офтоб ҳозир шинад, саҳар мебарояд. Лекин одам чӣ? Чашм ки пӯшид, тамом. Оламгир бошад ҳам, аз қадаш зиёд ҷояш намерасад. Баъд чӣ? Баъд… гуфтору кирдори одам боқӣ мемонад. Ё бо некӣ, ё бо бадӣ. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки фалонӣ чӣ мехӯрд, чӣ мепӯшид, бо кӣ ҳамкоса буд. Ҳм, дар зиндагӣ ҳар қадами инсон ба ҳисоб. Некиву бадии ҳар кас пас аз сари ӯ аёнтар мешудааст… Ана, аз вақти мурдани Холбобо ду рӯз нагузашта, дар чойхона гапаш баромад. Гуфтанд, ки раҳматӣ чизи ҳарома меёфт, чизи ҳалола намехӯрд. Хайр, офтоба ба доман пӯшонида намешаваду даҳони мардума баста. Рост мегӯянд.

Чашми раҳматӣ доим ба моли бегона ало буд. Хайр, вай ба роҳи худаш, гӯраш ҷудо. Лекин худам чӣ кор кунам? Вай имрӯз не, пагоҳ дарак меёбад. Баъд чӣ? Не, ин хел намешавад, як бори дигар ба суроғ баромадан шарт аст », – худ ба худ гуфт бобои Файз ва занаш Мавҷиро, ки ду сол пеш аз дунё гузашта буд, ба ёд овард. Кампир баъди сари Нумратро ҷуфт кардан оҳи сабук кашида мегуфт:

– Дигар дар дилам ормон намонд. Лекин умр бевафоӣ накунаду наберама бинам…

– Бобо, ҳо бобо! Бин, харгӯш гурга боб кард. Ану погоди! – хандакунон нидо баровард Саъдии хурдсол. Муйсафед бо гӯшаи чашм ба телевизор нигарист ва ба лабонаш табассум ҳам давид, вале бо марҳума дар дилаш ҳанӯз гилагузорӣ дошт: «Гуфта будам, ин кори хуб нест. Розӣ нашудӣ. Таскини дилу хурсандии худата аз ҳама афзалтар ҳисобидӣ. Хайр, ана ту осуда шудӣ… Лекин ман чӣ кор кунам? Охир, вай занак ба имону инсофам бовар карда, кӯдака ба ман дода буд… Шояд ҳанӯз зинда бошаду аз ғами фироқи фарзандаш хуни ҷигар хӯрад. Ман ҳам ба сарам санг набастаам,сутуни дунё намешавам. Ду-се соли дигар умр мебинам ё не. Агар Нусрат баъди сари мо асли гапа фаҳмад, ҳама некиҳоямон ду пул», – мӯйсафед оби чашмонашро ноаён пок кард, хастаҳол рӯи курпача дароз кашид…

Файзу Мавҷӣ даҳ сол бо ҳам зистанд. Умрашон хуш мегузашт, аз каму беши олам шиква надоштанд. Вале аз меваи бебаҳои умр – фарзанд бенасиб буданд. Аввал бефарзандӣ дар чашми онҳо гӯё наметофт. Ҳатто вақти «Кай соҳиби бачу кач мешавед?» пурсидани баъзе кӯтоҳандешон гӯш ба карӣ мезаданду бепарво мегаштанд. Лекин баъдтар ин норасоӣ боиси ташвиш ва ғаму ғуссаашон гардид. Махсусан, Мавҷӣ мисли чӯби тар дарун-дарун месӯхт. Вай агар дар дасти ягон зан кӯдакеро медид, дилаш гум мезаду метапид ва бо баҳонае ба тифл қандина ё ягон чизи дигар мебахшид, «гапзанон» мекард, ҳавасашро мешикаст.

Рӯзе Файз аз кор баромада ба автобус нишаст. Ва ҳамоно гиряи ҷонкоҳи кӯдаке ба гӯшаш расид. Аслан, аз гиряи тифлон дили вай танг, хотираш озурда мегашт. Вале он дам навҳаи кӯдакро бо ҳавас гӯш кард. «Кошки дар хонаи мо ҳам ҳамин хел овоз садо диҳад», – гуфт хаёлан ӯ.

Тифл дар дасти духтараке буд. Вай ба гиряи талхи кӯдак эътибор намедод. Ва худро чунон вонамуд мекард, ки навҳаи ӯро намешунавад. Ин рафтори духтарак ба Файз нафорид.

«Бача ки ҳаст, парвои кӯдак надорад», – таассуф хӯрд дар дил ва аз байни одамон гузашта назди духтарак рафт.

– Амак, сағирахона дар кадом кӯча аст? – ногоҳ пурсид духтарак.

Файз ба ҷои он ки ҷавоб гӯяд, кунҷковона пурсид:

– Сағирахона гуфтӣ? Чӣ даркор сағирхона?

– Ҳамин кӯдака супорам, мегӯм…

– Барои чӣ ба сағирахона месӯпорӣ? Ятим аст?

– Падараш чанд моҳ пеш мурд. Модараш дар касалхона…

Духтарак хомӯш монд.

Кӯдак гӯё аз гуфтугузори онҳо воқиф шуд, ки лаҳзае овоз набароварда, бо нигоҳи беғашаш гоҳе Файз, гоҳе духтаракро аз назар гузаронд. Баъд, аз чӣ бошад, чеҳрааш хаёле кушода шуд, дар лабонаш шакарханде падид омад.

– О маймуне! Ҳозир аз гиря гӯши мардума кар кардӣ. Боз механдӣ-а! – бо ситеза гуфт духтарак.

– Кӯдака ҷанг накун, духтари нағз, дилаш нозук…

Аз номеҳрубонии духтарак алами кӯдак зиёд шуд, рӯяш тира гашт ва лабонаш пир-пир париданду якбора бо алам гирист.

Файз безобита шуд, вуҷудашро сӯзише фаро гирифт.

– Кори хуб накардӣ, духтар! Ба ту, чӣ гӯям? Бачадор шавӣ, баъд мефаҳмӣ, – гуфт ӯ ва хост кӯдакро аз дасти духтарак гирад. Лекин духтарак абруҳояшро ба ҳам кашида «Ҳеҷ балош намезанад, амак. Чанд моҳ боз ҳолаш ҳамин. Шабу рӯз мегиряд. Э ин маймун моро ба ҷон расондаст» гуфт. Дастони Файз дар ҳаво муаллақ монданду аз дидани ин манзара дилаш обу адо гашт.

Файз акнун сабаби ин қадар пӯсту устухон шудани тифлро донист. Донист, ки бе модар ҳоли кӯдак табоҳ будааст. Агар ин тифл ҳоло дар оғӯши гарми модар мебуд, ханда аз лабаш канда намешуд. Дӯстдориву навозиш ба кӯдак мисли шири модар зарур будааст. Баъзан одами калонсол ҳам ба меҳрубониву сухани гарм чунон муҳтоҷ мешавад, ки… «Дунёи аҷиба бин. Мо ба нохуни кӯдак зору..» – вай банди хаёл баробари духтарак аз автобус фаромад ва аз ӯ пурсид:

– Кӯдака ба ман намедиҳӣ?

– Ба шумо? Чӣ кор мекунед шумо кӯдака?

– Нигоҳубин, тарбия… калон мекунем, – гуфт канда-канда Файз.

– Ман сад бор розӣ. Кошки аз ин маймун халос шавам. Лекин, амак, аввал модараша медидед…

– Бо ҷону дил… ҳозир меравем.

Файз бо духтарак сӯҳбаткунон қадам мениҳоду чашм аз рӯи коҳидаи тифл намеканд.

– Ту шалпар шудӣ.. Биё, кӯдака боз ман бардорам.

– Э не… Яке бигириву бигурезӣ, ман чӣ кор мекунам, амак? – қиёфааш ҷиддӣ шуда, шубҳаашро ба забон овард духтарак.

Файз дар ҷояш истод. Аз гапи духтарак ҳам қаҳраш омаду ҳам ханда. Хандааш талху пуралам буд.

– Кӯдак себ не…

– Барои себ набуданаш ин гапа гуфтам, – бепарво ҷавоб дод духтарак ва парпечро рӯи дастони Файз гузошт. То даргоҳи табобатхона тифлро дар оғӯши Файз хоб бурд.

Онҳо ба беморхона даромаданд. Духтарак парпечро ба палата даровард. Файз паси дар истоду ба палата нигарист.Зани лоғарандом,ки дарду ранҷи зиёд гуё ҳусну малоҳаташро дуздида буд, ба пешвози духтарак аз болин базӯр сар бардошт. Чашмони мешии зан дар косахона шишта буданд. Чеҳраи ӯ заҳир, лабонаш камхуну парсингбаста. Занак мӯйҳои ба пешонӣ, болои чашм, бари рӯ парешон хамидаашро бо панҷаҳояш ба тартиб оварда, худро аранге рӯи кат рост кард. Ва ба духтарак нигаристу дар лабонаш нимтабассуме дамид, хастаҳолона гуфт:

– Биё, Мастура, биё! Хоки пот шаваме… Ту, падари

Нусрат шудиву соҳиби ман… Чӣ, бисёр гирист, азобат дод?

Хайр, агар аз чанголи ин дард бираҳам, як умр хизматата ба ҷо меорам… Куртаи чакан, нақшҳои чодари арӯсита худам медӯзам…

Зани бемор кӯдакро аз дасти Мастура бо эҳтиёт гирифт ва «Оҳ, кӯдаки берӯзӣ. На аз падар осудӣ, на аз модар. Боз хобат бурдааст? Чӣ кор кунам? Қисмати талх ҳамин будааст» – гуфту аз ҷабини фарзандаш оҳиста бӯсид, ӯро чун гул бӯид.

Кӯдак магар навозиши модарро ҳис кард ё бӯи шир ба димоғаш расид, ки хамёзакашон бедор шуд. Ҷони модар аз дард месӯхту ба тифлаш бо лаби пурхандаву чеҳраи кушод менигарист, бо алфози кӯдакона ҳолпурсияш мекард, бо шакарханди сохтаи худ ӯро хандонданӣ мешуд. Модар пистон ба даҳони фарзанд ниҳод. Вале кӯдак баъди панҷ-шаш бор комак задан ғум-ғумкунон даҳон аз пистон барканду гиря бардошт.

– Гуфтам-а, сиёҳрӯзиӣ. Шири сина ҳам аз тани сиҳату ҳӯрок аст. Ин дард на парвои ман дораду на раҳми туро мехӯрад, – гуфт бо ҳасрат модар ва чашмонаш ҳавзи об шуданд.

Файз дигар тоқат накард ва беҷуръатона ба палата даромад, салом гуфт. Моҳбону бо лаби остин оби дидагонашро поккунон саломи марди ношиносро алек гирифт, саволомез ба рӯяш нигарист. Пас аз ҳолпурсӣ суханҳои Файз берабт баромаданд.

– Мебахшед, хоҳар, ман ҳамроҳи ҳамин духтарак шуморо диданӣ омадам. Баъд, малол наояд, дилатон вайрон нашавад, як чиза мепурсам…

Файз инро гуфту дам ба дарун зад, гӯё гунг шуд. «Дили бемор нозук. Гапи ман болои сӯхта намакоб шавад-чӣ? Бо ка дом забон кӯдаката ба мо супор, гӯям. Зани ношинос. Ягон гапи носазо гӯяд? Ҳарчӣ бодо бод, ҷои гурез нест, нуги гап баромад», – гуфт ба худ ва он чӣ дар дил дошт, ба забон овард:

– Хоҳар, ман аз ҳамин Душанбе, номам Файз. Мегӯянд, ки одам ба як дидан шинос, ба ду дидан хешу табор мешавад.

Ман аҳволи шумора аз Мастура фаҳмидам. Касал дар бадани инсон меҳмон аст. Ҳар дард шифо ҳам дорад.Ҳамааш мегурезад.. Лекин кӯдака ба ман диҳед, чӣ?

– Чӣ гуфтед?! Кӯдака ба шумо? Чӣ хел? – чашмони зан аз косахона баромаданд. Ӯ ҳаросон тифлро дар оғӯшаш пахш кард, ҳайратмандона ба Файз нигарист.

Ваҳму изтиробе пайкари Файзро фаро гирифт, ранги рӯяш парид. Шарм кард, узрхоҳона гуфт:

– Истед, хоҳар, ман гапама тамом кунам. Медонед, дар хонаи мо ҳама чиз ҳаст, бовар кунед, ҳама чиз! Танҳо кӯдак надорем. Шунидам, ки шумо кӯдака, – забони Файз нагашт, ки сағирахона гӯяд, – ба тарбияхона доданиед….

– Ба тарбияхона? Кӣ гуфт?!

Дар палата лаҳзае хомӯшии вазнин ҳукмрон шуд. Мастура мисли гунаҳгор сархам меистод.

– Агар розӣ шавед, бовар кунед, – Файз миёни хомӯширо шикаст, – кӯдака ба ман диҳед. Хоҳар, инсона лафзаш ҳалол.

Мо кӯдакатона дар сояи гул мепарварем…

Моҳбону гуё афсун шуда буд. Гоҳ ба кӯдак, гоҳ ба Файз менигарист.

Модар дергоҳ сукут кард. Сукути ӯ мисли сукути кӯҳҳо батамкину асрорангез буд. Ва кӣ медонад, ки он лаҳза аз дилаш чиҳо мегузашт. Вай мижа назада, ба як нукта менигаристу қатраҳои ашк рухсораҳои заҳирашро тар мекарданд. Ҳампалатаҳо, ки то ин дам бетараф буданд, барои дилбардории ӯ ба гап даромаданд. «Не, нагӯ. Фарзанди инсон барои ҳама ширин аст. Инҳо дар орзӯи кӯдак будаанд. Писарата нағз нигоҳубин мекунанд. Одам ба умед гуфтаанд. Дарду ғам кӯҳ барин меояду мисли мӯ мегузарад. Сиҳату саломат шуда баромадӣ, боз офтоби сари кӯдакат мешавӣ». Моҳбону ба чашмсони Файз ба умед, илтиҷомандона нигарист. Шояд ӯро имтиҳон кардан хост. Воқеан, мақсад, дилу нияти одам дар чашмаш мисли оина аён мегардад. Чашм оинаи дили инсон аст. Баъд Моҳбону оҳи вазнине кашиду парпечи кӯдакро дуруст кард. «Акаи Файз, Шумо донеду дилу инсофатон. Ман дигар ҳеҷ чиз гуфта наметавонам», – пичиррос зад ӯ.

Файз шоду масрур буд, ба андозае, ки ба хона расиданашро ҳам пай набурд. Он лаҳзае, ки тифл дар даст ба хона ворид шуда буд, ҳеҷ аз ёдаш нарафтааст.

– Чӣ овардӣ?-пурсид ҳамсараш.

– Ганҷи бебаҳо, чизи аз ҳама қимат…

– Ганҷ? Аз куҷо ёфтӣ, ганҷа?

– Аз роҳ, – хандакунон ҷавоб дод Файз: – Худо, ки дод, намепурсад писари кистӣ, – ва хост кӯдакро рӯи дастони ҳамсараш гузорад. Аммо вай бедор шуду ҷунбуҷулкунон гиря оғогзид, бо дастчаҳои лоғараш латтаи рӯяшро яктарафа кард.

_ Оҳ, рӯм сафеде! Ин кӯдака аз куҷо овардӣ? – бо овози ларзон пурсид Мавҷӣ ва парпечро озодона аз дасти Файз гирифту паи ҳам савол дод:

– Ин бачаи кӣ? Падару модараш дар куҷо? Кӣ ӯро ба ту дод?

– Модараш…

– Модараш?! – нобоварона пичиррос зад Мавҷӣ ва нигоҳаш пуршубҳа гашт. Ҳарчанд вай худро хушнуд нишон медод, дастонаш ноаён меларзиданд, суханҳои меҳрубононааш берабт, сохта мебаромаданд. Дар сари вай саволҳои бешумор пайдо шуданд, дилашро гумонҳои бад мефишурд. «Зан гирифта будааст, кӯдакдор шуда будааст… Ин кӯдака барои ба ман нишон додан оварда бошад?» – мегуфт хаёлан.

– Ҳа, модараш..

– Чӣ хел модар будааст ӯ? Кадом модар фарзандаша ба каси бегона медиҳад? Ё…

– Бемор аст… Дар касалхона… Шинос ҳам не.. Хайр, пурсидана мону шиками кӯдака сер бикун…

– Ҳа, аз ноилоҷӣ кудакаша дод, бигӯй? Бечорае! – Ҳо то сиҳату саломат шудани модараш нағз нигоҳубин кардан даркор..

– Кори хуб кардӣ, мардак, Нигоҳубини кӯдак тани худам, бо гули ширу хӯрок мепарварамаш, – гуфт Мавҷӣ.

Ӯ бо забони тифлона кӯдакро холу аҳвол мепурсид, ӯро ба синааш пахш мекард, аз рухсораҳояш мебӯсид. Кӯдак шикваомез гиря мебардошт. Вале овози ӯ ба гӯши Мавҷӣ фораму ҳаловатбахш мерасид. «Гиристан гир, шербача! Баландтар овоз барор. Мон ҳама аз хонаи мо гиряи кӯдака шунаванд.

Кошки аз шарофати қадами ту мо ҳам соҳиби фарзанд шавем», – хаёлан аз дил мегузаронд Мавҷӣ. Ӯ парпечҳои кӯдакро кушоду дуди оҳаш баромад. Бадани тифл кайҳо боз рӯи собуну оби гармро надида буд. Вай «шербачаро» шустушӯ кард, дар парпечҳои оҳарӣ печонд… Он шаб кӯдак мисли гул аз даст ба даст мегузашту хона дар чашми зану шавҳар зеб, ҳусну таровати дигар дошт. Мавҷӣ бо ҳавас кӯдакро дар оғӯшаш хобонда, алла мегуфт, ғамашро аз дил мешуст.

Кӯдак рӯз то рӯз дустрӯю фарбеҳак, ширинзабону чароғи хонадон мегардид. Файзу Мавҷӣ ҳар ҳафта бо тифл, ба айёдати Моҳбону мерафтанд. Зани бемор ба фарзандаш шӯхию бозикунон танҳо бо нигоҳаш ба Файзу Мавҷӣ миннатдорӣ мекарду халос..

– Мардак, биё аз ин шаҳр мекӯчем, – боре гиреҳи дил кушод Мавҷӣ.

– Ба кучо? Барои чӣ? – Файз ҳайратмандона ба ҳамсараш нигарист. Чеҳраи Мавҷӣ маҳзун буду чашмонаш пуроб.

– Дигар тоқати шунидани таънаи ҳамсояра надорам, – ашкрезон гуфт Мавҷӣ: – Ду чӯби хушк аз кӯча бача ёфтаанд, дигар худашона намешиносанд, мегӯянд.

– Кӣ? – бо ғазаб фарёд зад Файз.

– Ҳаитгул, зани Умар. То ин вақт безурёт мегуфт, акнун ин кӯдак санги даҳонаш шудааст.

– Мон лақидан гирад, дилата хун накун. Саг меҷакаду моҳ ба роҳаш меравад… Баддаҳонию аблаҳӣ, бефаросатии вай ба ҳама маълум, – оромона, вале бо дард гуфт Файз.

– Не, мардак, ҳамин дарду доғи худамон кам аст, ки боз ҳар рӯз гапҳои пурнешу талхи ӯро шунавем. Аз ҷонам ҳам безор шудам, – гуфт Мавҷӣ ва хаёле ба андеша рафт. Баъд пичиррос зад: – Имрӯз ё пагоҳ вай занак сиҳат шуда, аз касалхона мебарояду кӯдакаша мегирад…

– Хайр, баъд чӣ? Мо кӯдакаша аз худ карданӣ ҳам нестем.

Ба худаш насиб кунад кӯдак. Аз рӯи инсоф то баромаданаш нигоҳубин мекунем, – гуфт Файз ҳайратзада ва бо овози базӯр шунаво афзуд: – Аҳд ҳамин буд.

– Ҳамин хелу… баъд хандасори мардум мешавем, – ба ҳасрат гуфт Мавҷӣ: – Ман ба ин кӯдак одат кардам, дигар бе вай зиндагӣ карда наметавонам. Агар ӯро модараш гирад, ноилоҷ ин хона, ин шаҳрро тарк мекунам. Охир, то кай ду сари танҳо зиндагӣ мекунем?

Ранги рӯи Файз канд. Охир, занаш суханҳоеро ба забон меовард, ки борҳо дар дили вай пайдо шуда буданд. Чӣ ҷавоб доданашро надонист, дергоҳ бо сари хам хомӯш истод, ниҳоят сар бардошта, бо таҳаммул гуфт:

– Занак, ин рафтор аз рӯи инсоф нест. Вай бемор аст.

Кӯдакаша аз ӯ ҷудо карда барем, ғамаш даҳчанд мешавад, дардаш авҷ мегирад…

– Мепурсем, дилашро пуру хотирашро ҷамъ карда хайру хуш мекунем.

– Кӯдака гирад-чӣ?

– Не, намегирад! Гирифта ба кӣ месупорад?

– Ба хонаи бачаҳо… Давлат садҳо ятими бекаса ба тарбия гирифтааст.

– Вай ин чиза намедонад…

– Охир, ин гуноҳ аст, дуздӣ аст! Дар рӯзи мусибат лахти ҷигари зани беморро медуздем, мефаҳмӣ?! – бо ғазаб гуфт Файз.

Мавҷӣ аз нуқтае чашм наканда хомӯш менишаст, вале пеши назараш лаҳзаи кӯдакро ба модараш супоридан пайдо шуду дилаш ба тапидан даромад, ваҷоҳаташ дигар шуд. Нусрати ширинзабону дустрӯяк, чашмонаш ду ситораи рахшони дилкаш, дасту почакзанон аз оғӯши ӯ раҳо ёфта, сӯи модараш меравад. Ва бо ҳамин манзил, хонаи дили ӯ боз сарду беранг мешавад. – Роҳи дигар нест. Гап якта. Ба назди падару модарам мекӯчем, не дӯст мебинаду на душман, осуда зиндагӣ мекунем…

Файз байни обу оташ монд. Ҷудо шудан аз Мавҷӣ ба ақли ӯ ҳаргиз намеғунҷид, дар ин бора фикр кардан барояш бемаънӣ буд. «Умрата бо ин зан зоеъ накун, ягонтаи дигараша гир» – талқин мекарданд баъзеҳо. Аммо ҷавобе намедод. «Не, зани дигар ба ман насиб накунад», – мегуфт худ ба худ. Ба ҳоли Мавҷӣ дилаш месӯхт. Зеро худаш ҳам борҳо таънаҳои нештардори зани ҳамсояро шунида, аз алам дар танҳоӣ гиря низ карда буд. «Аз ҳамсояи бад ҳазар. Ин занак не, мор аст, доим аз забонаш заҳр мечакад. Ба бефарзандии мо чӣ кор дорӣ? Нонатро нахӯрем, ҷоятро танг накунем».

Дар дили Файз кайҳо боз хоҳиши аз ин ҳамсояи заҳрзабону нохалаф дур шудан пайдо шуда буд. Акнун ин таклифро боз

Мавҷӣ ба миён гузошт. Вай пас аз андешаҳои зиёд аз маслиҳати зан сар печида натавонист…

Солҳои зиёде гузаштанд. Нусрат мард шудааст, соҳиби зану фарзанд. Лекин ғайр аз бобои Файз касе писари бегона будани ӯро намедонад. Вале дар дили муйсафед ин бори хиҷолат то рафт вазнинтар мегардад, шабу рӯз, дар хобу бедорӣ азобаш медиҳад.

– Агар Моҳбону зинда бошад, дар орзуи дидори фарзанд дилаш мудом хун мегирияд. Гунаҳгор кӣ? Ман… Ёфтану аз азобу шиканҷаи зиндаҷудоӣ халос кардани ӯ қарзи ман аст!

Шояд, балки яқин дар хотири ӯ ман ҳамчун кӯдакдузд боқӣ мондаам.. Агар дар зиндагӣ аз ин бори гуноҳ, аз ин бадномӣ нараҳӣ, вой бар ҳолат, Файз! Дар гӯр ҳам ором хобида наметавонӣ…

Муйсафед ҳафтаи дуюмро дар ҷӯстуҷӯи модари Нусрат гузаронд. Вале аз Моҳбону дараке наёфт, табъаш хира, парешонтар гашт. Баъд бо маслиҳати шиносҳо ба архив, сабти ному насаб ва ҷойи зисти сокинони шаҳр рафт, арзи мақсад кард.

– Моҳбону? Боз ҳамон ҳамсояи мо набошад?-гуфт милисаи шофбуруте ва илова кард: – Вай сербачу кач аст. Лекин кадом сол як писарашро гум кардааст. Модари бечора доим менолад, бо ҳасрат оби дида мерезад…

Муйсафед аз ҳаяҷон даст ба китфи ӯ гузошт ва нидо кард:

– Наход?! Шояд худи ӯ бошад. Хонаи шумо дар куҷост?

Агар бахтам баландӣ кунаду ӯро ёбам, як умр аз шумо миннатдор мешудам. Тӯй медодам!...

– Он қадар дур не. Як дам сабр кунед, бобо, ман корро тамом кунам, бо ҳам меравем…

– Садқаи забони ширинат, додар. Кошки ба шарофтаи худат ба мақсад расам. Ӯро наёбам, як дастам беруни хок мемонад.

– Дилу ният росту соф бошад, албатта ӯро меёбем!

пешина
аз 30
навбатӣ