ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Аҷаб бачае, дузд барин бе гапу хабар меояд-е : – ғур-ғур кард соҳибхона: – Ин сумсабил1 аз кадом гӯру лаҳад овард ин ятимро? Чашмаш беҷо…
Талаб мисли он ки аз паи бӯзи момаи Маҳрам кӯҳ ба кӯҳ ва пушта ба пушта давида бошад, хаставу беҳол ба ҳавлӣ расид ва як коса оби хунукро дам кашид, дилаш тук-тук мезад, оташ гирифта буд дилаш, ду бари рӯяш чун алов месӯхт. Ба хаёлаш, ки долу дарахтон, замину осмон ба ҳоли ӯ механдиданд. «Аҷаб коре шуд… Чаро рафтам? Дузд гуфт. Айби худам» – пичиррос мезад писарак ва ҳаросон ҷониби дарвоза менигарист. Не, зани ҳамсоя наомад, хайрият, ки наомад. Ва писарак он рӯз то шаб мисли одами гунаҳкор аз ҳавлӣ қадаме берун намонда, чун чӯби тар дарун-дарун сӯхт. Амакаш ҳам бегоҳ нохуш баргашт. Аз ин ҳам дар дили писарак алов рехт.
Вале амакаш сиёҳу сафед нагуфт, танҳо саҳар сумкаи налогчиниашро аз мехи сутун гирифта, ба китф овехту ҳини аз дарвоза баромадан ба овози вазнину лагандор гуфт:
– Талабшоҳ, ин ҷо деҳа не, додар… одамҳо ношинос...
Ба хонаи ҳар кас надаро. Агар зиқ шавӣ, пеши бачаҳо бирав.
Писарак гунаҳкорона сар хам кард. Сипас … кай амакаш рафту кай худаш сар бардошт, намедонист.
Баъд ошиқ шуд писарак. Як ӯ не, бисёриҳо гирифтори дарди ишқ гаштанд. Вай ҳам қатори онҳо.. Аслан ошиқ буданашро ҳам намефаҳмид. Лекин духтар дар кӯча пайдо шудан замон дилакаш гум мезад, ширин-ширин гум мезад ва мисли амакаш, монади ҷавонҳои ҳаждаҳ-бистсола бо ҳавас, бо меҳр харидорона сӯи ӯ менигарист. Духтари баландболо, баҳусну назокат, абрӯҳояш ӯсмакашида, лабони ақиқгунаш пистаи хандон… ба ҳеҷ кас эътибор намедод, - на ба оҳи пурсӯзи бачамардҳо, на ба нигоҳи пурҳасрати амакаш, на ба гаппарониҳои бамавриду бемавриди ҷавонҳои айёши роҳгузар, на ба писарак. Чашмони сабзтоби фаттонашро хумор андохта, майда-майда, хиромон по монда, қомати мавзуни бо пероҳан гулпӯшашро ҷунбон-ҷунбон, бо ғурур мегузашт духтар. Худро чунон меангошт, ки дар атроф, умуман дар рӯи замин ғайри ӯ касе вуҷуд надорад, ё вуҷуд дошта бошад ҳам, ба чашмаш наменамояд. Ва кӯча аз садои хушоҳанги пошнаи нозуки кафши ӯ пур мешуд, аз қомати гулбезу гулрезаш рангу ҷон мегирифт.
– Омад! Ана омад, офати ҷон! – аввалин бачамарде ӯро медид, гӯшрас мекард ба дигарон. Ва чашмҳо ба ҳар маънӣ, ба ҳар ранг сӯи ӯ дӯхта мешуданд: ҳайратзада, бамеҳр, харидорона, илтиҷоомез, ба ҳасрат, бешарму дуздвор..
– Чашмош зебо-а? – баъди гузаштани духтар мепурсид яке.
– О гаранг! Фақат чашмаша дидӣ! О абрӯву мижгон, рӯву мӯяш чӣ? Чӣ хел хушрӯ роҳ меравад, замин ҳам аз қадами ин хел нозанин сад бор миннатдор мешавад.
– Падарсӯхтае, аз барои савоб ҳам як нигоҳ накард!
– Ҳайфи ҷавониҳом, сад ҳайф! Мегӯм, худама дар пеши поҳош, дар хоки қадамош қурбон кунам, лекин аз риши сафедам шарм медорам…
– Ба ман хайрухуш кунед, ки мемурам. Ё ягон санги хунук биёред, ки рӯи ҷигарам монам. Сӯхт ҷигарам, обу адо шуд дилам…
Духтар гӯё кару гунг буд ва на сухани онҳоро мешунид, на ҷавобе медод: хиромону боғурур мерафт ва аз баракати ҳусни расояш ба лаби яке табассум меовард, ба дили дигаре нишот, аз ҷунбишу ларзиши пайкари навниҳоли ӯ дар ҷисму ҷони чанд тан сӯзишу оташ меафтоду дардаки ширине эҳё мегашт, чашмҳо то дами аз назар пинҳон шудан мӯи хурморанги ӯро, ки дар панҷаи бод баробари домони гулбезаш бозӣ мекард, мегуселониданду нур мегирифтанд, балки сиёҳ мезаданд чашмон ва рафта-рафта аз бори ҳузну роздоре ба боли андеша менишастанд.
– Мард ҳамон марде, ки ин нозанина ба гап дарорад, – боре гуфт амакаш.
– Эҳа, нигоҳашро дареғ медораду…
– Мард ҳамон марде, ки ин паризода ба гап дарорад, – боз такрор кард амакаш.
Талаб, ҳушаш аз паси духтар кашол, аз гуфтугӯи одамон гарангу пакар, нафаси тӯлонӣ кашид. Вале касе ба ӯ эътибор надод ва касе надид, ки чи хел ба лабҳояш як мавҷаки ханда давиду чашмаконаш дурахшиданд, сипас ҳам мавҷи табассум, ҳам дурахши чашмаконаш якбора ғайб заданд. Писарак, қиёфааш ҷиддӣ, ба хаёл рафт, ба хаёлҳои ширину рангин.
Талаб акнун ҳар саҳар ва бегоҳ, агар дар кӯча шиносҳо ва дилбохтагону харидорони духтар набошанд, ӯро пешвоз мегирифт, сипас аз паяш меафтод. Писарак худашро чунин вонамуд месохт, ки аз паси кору ташвиши худ шитоб дорад.
Дилаш сахт метапид ҳангоми ба нозанин ҳампаҳлу шудан, тук-тук овоз медод дилаш мисли садои якнавохти пошнаҳои кафши духтар: баданаш меларзид мисли баргҳои нуқрагини гӯшвораҳои ӯ. Лекин нозанин як сари мӯй ба ӯ эътибор намедод. Вай ҳамаро сӯзонда-сӯзонда, шефтаю шайдои худ карда, дар дилҳо васваса ангехта бовиқор мерафт. Алам мекашидТалаб, хашмгин мешуд ва дар дил мегуфт, ки «тамом, моҳи осмон шавад ҳам, дигар сӯяш нигоҳ намекунам». Аммо овози пурҳасрати амакаш дар гӯшаш садо медод: «Мард ҳамон марде, ки ин нозанина ба гап дарорад». Ва Талаб боз нақша мекашид, нақшаи ба гап даровардани ин нозанинро. Охир ӯ ҳам мард аст, аз ягон мард ҳам кам нест. Ӯ баъзан дар шафати нозанин мурчавор қадам ниҳода, беибо, дар хаёли худаш, ғаюрона ба рӯи духтар менигарад ва баногоҳ ба ёд меорад, ки пойҳояш луч, шимаш куҳнаю дарбеҳдор, боз ҷо-ҷояш сурох аст. Дар ин маврид чароғаш ба об меафтад, роҳгардияш суст шуда, хиҷолатзада ба қафо мегардад. Охир нозанин бо одамҳои хушсару либос, ҳатто ба кулаҳдорон ҳам гап намезанаду…
Писарак баъдтар роҳи дигарро пеш гирифт: хост бо ҳунар нозанинро ба худ моил, балки қоил кунад. Ҳангоми пайдо шудани духтар дар сабзазори канори роҳ пойҳояшро ба ҳаво бардошта, ду даста даҳ-понздаҳ метр рафт, лекин ӯ эътибор надод, шитобон гузашт. Бераҳм! Рӯзи дигар Талаб аз ин ҳам бештар ҷон коҳонд: маймунвор ҷасту хез кард, даҳ карат муаллақ зад. Роҳгузарҳо боз истода тамошояш карданд ва писарак аз тарзи нигоҳи онҳо пай бурд, ки баъзеҳо ӯро ақлкоста пиндоштанд. Девона! Аммо нозанин нигоҳашро аз ӯ дареғ дошта, бо виқор гузашта рафт. Ранҷид Талаб, ҳай ранҷид.
Хост бо тамоми овоз дод бизанад., «эй духтар, ту чашм дорӣ ё не? Ин ҷонкоҳонии ман аз бахши як нигоҳи ту аст». Вале ғижова гулӯяшро фишурд, чунон фишурд, ки дар ин ҳолат овоз баровардан куҷо? –бо азобе ду-се карат сулфид, то нафасгирияш осон шавад. Сипас ба тамошогарҳо рӯ овард, зӯрбазӯракӣ хандид, амммо чашмонаш намнок, нигоҳи ғазаббораш то хамгашти роҳ духтарро таъқиб кард. Ва ҳангоме нозанин нопадид шуд, ӯ нафаси тӯлонӣ кашида, тоқияшро аз рӯи сабза бардошт ва ноумеду хастаҳол сӯи хона рафт.
Талаб он шаб хобида натавонист, ҳам аз хашм, ҳам аз алам.
Писарак паҳлу мегашту нақша мекашид, ки бо чӣ роҳе аз нозанин ниқор гираду ҳисоб баробар шавад. Бояд ӯ духтарро дар пеши чашми мардум чунон боб кунад, ки ҳама ба ҳолаш ханданд. Агар ҳамин хел шавад, дили ӯ об мехӯрад, нозанин бошад, мефаҳмад, ки ҳавобаландӣ хуб нест… Амакаш ҳам бехобӣ мекашид. Чашмони Талаб роғ мерафтанду дилаш бедор, овози шахшулу канда-кандаи амакаш, ки ба пушт хобида, гуё ситора мешумурд, гоҳ аз наздик, гоҳе аз дуриҳои дур ба гӯш меомад.
Аз омаданат агар хабар медоштам,
Дар рӯи раҳат гули суман мекаштам.
Гул мекоштам, гули гулон мекаштам,
Хоки қадамат ба дида мебардоштам.
Ҳайфи қадамот, гул ба замин омадаӣ.
Писарак рӯзи дигар нозаниро на пешвоз гирифту на гуселонд, балки болои боме, ки аз шафати он духтар бовиқор мегузашт, гурбавор дар «камин» хобид. Вай имрӯз духтарро метарсонад, бояд тарсонад, чунон тарсонад, ки минбаъд аз сояи худаш ибо карда, чорчашма ба атроф, ба ҳар як одам нигарад. Ҷазои одами худписанд ҳамин… Писарак тук-туки пошнаи кафшҳои нозанинро шуниду дилаш ба тапидан оғоз кард. Ва нозанин ба хона наздик шудан баробар аз гӯшаи бом нимхез шуда, як садои пуртаҳлука бароварда, хокистартӯдаро чӯт карда парид. Ва аранге дар ёд дорад, ки кафи пойҳояш ба хокистартӯда расидан замон чизе таркид, хокистар ба ҳаво пош хӯрад, сӯзишеро ҳис кард, сӯзиши мудҳишу бераҳмона ва чашмонаш аз анбӯҳи чанг пардадор шуданд. Баъд як маҳале дида кушода, худро дар рӯи кат хобида ёфт. Кафи по ва соқҳояш месӯхтанду месӯхтанд. Дилаш ором буд, дигар тук-тук намезад. Ва ду кас дар тан хильати сафед, дар сар кулоҳи сафед пеши даҳон бо дока баста, дар дасти яке дукорд, дар дасти дигараш дорувор атрофаш ҷунбуҷул доштанд. – Бачаи аҷиб, намедонистааст, ки хокистар ҳам дар тагаш оташ дорад, – гуфт доруворбардор ва пурсид: – Чаро ба хокистартӯда парида бошад?
– Кӣ медонад? – бо овози нарму ором гуфт дуюмӣ ва илова кард: – Пӯсти ҷойҳои обилакардаро бурида, баъд дору мемолем.. Бачаи бечора, худро беҳуда сӯзонд…
Нолише баровард писарак ва дандон ба дандон ниҳода, чашмонаш нимроғ, лаҳзаяке сӯзиши дардро фаромӯш кард, балки сӯзиши дард аз вай гурехт, лекин дилаш якбора тук-тук зад мисли тук-туки пошнаи кафшҳои духтар. Охир он ки ин суханро ба забон овард ва ӯ овозашро шунид, нозанин буд.
Писарак чашмони фаттон ва бозиии мижгонҳои ӯро аз наздик дид, нармии дастонашро дар бадани худ эҳсос карду ба дилаш шодияке сар зад ва ӯ ноаён, вале ба умед ҷониби дар нигарист. Ку амакаш, ки бо чашмони сараш паризодро дар сари болини ӯ бубинад, бо гӯщҳояш овози ӯро шунавад.
– Ана, чашм кушод! – хитоб кард занаки дорубардор ва пурсид: – Чӣ хелӣ, қаҳрамон? Аз ҷонат сер шудаӣ, ки аз болои бом парида, худатро ин хел сӯзондӣ? Ё афтодӣ?
– Худам дидам, дар пеши чашмам парид, – пои докапечи писаракро беозор рӯи бистар ниҳода гуфт нозанин ва акнун ба чашмони ӯ нигарист: – Паридӣ-а?
Талаб на сар ҷунбонду на овоз баровард: нигоҳи лолу ҳайронашро аз рӯи нозанин намеканд. Ва дар тааҷуб буд, ки чаро нозанин нагурехтааст, ё ӯро тарсонда натавониста бошад? Ҷои сӯзиши тоқатфарсои захмҳояшро сардӣ гирифт, сардии ҳаловатбахши марҳам.
– Кӣ маҷбурат кард, ки бипарӣ? Ё кори дигар наёфтӣ, бесар, – коҳишомез гуфт занаки дорубардор ва ба ӯ як пиёла чой нушонд: – Тасфатро паст мекунад. Якбора аз болои кӯҳ напаридӣ ки азоб накашӣ.. Парида бошӣ, ҷазоят ҳамин.
Дили Талаб тук-тук зад мисли тук-туки пошнаи кафшҳои нозанин. Худаш нолиши бадарде ҳам бароварда, вале боз лаб кушода натавонист: чӣ ҳам мегуфт? Ҷонаш сӯхтан дошту дар нӯги забонаш ҷавоб мегашт: «ҳамин нозанин маҷбур кард..»
– Ҳеҷ гап не, табобаташ мекунем, – гуфт бепарво нозанин ва чашмони фаттон, абруву мижгонҳояш маънидорона, дар хаёли писарак истеҳзоомез бозӣ карданд: – Мехостӣ, ки мисли уқоб бипарӣ, ба дуриҳои дур. Ҳамин хел не? Лекин нашуд, на-ме-ша-вад. Барвақт аст охир! Сиҳат ки шудӣ, аввал ҷои афтиданатро бисанҷу баъд бипар. Хуб? – Нозанин бари рӯи писаракро бамеҳр сила кард.
– Аҷаб маслиҳате додӣ, – заҳрханда ба лаб, гуфт занаки дорубардор: – Одам ҷои афтиданашро медонист, ҳафт қабат кӯрпача мепартофт. Бача кай парво дорад? Ягон хаёл ба сараш мезанаду мепарад..
Талаб оҳ кашиду нолише талх аз сина баровард ва рӯ ҷониби дигар гардонд: на бинаду на сӯзад. Не, аз сӯхтан ҷои гурез набуд: месӯхт, ҷисму ҷонаш месӯхт, аз рафтори худ месӯхт.
Амакаш шомгоҳ парешону хашмгин омад.
– Чаро паридӣ? Кӣ маҷбурат кард? – мисли занаки дорубардор пурсид маломатомез: – Дар сарат хар лагад зада буд, кӣ худатро ба ин аҳволи бад гирифтор кардӣ! – Ӯ кампалро бардошта, захмҳои писаракро аз назар гузаронд ва таасуфомез сар ҷунбонда, бо овози нарм илова кард: – Эҳ, Талаб, Талабшоҳ, аз ту ин хел умед надоштам. Гапҳоят одами калон барин пухта, лекин ин рафторат бачагона…
Талаб дам назад. Вай нигоҳашро аз амакаш гурезонда ба шифт дӯхт ва чунон беҳаракат монд, ки нафасгирияш ба гӯши худаш намерасид.
Пас аз лаҳзае амакаш дар пеши чашми ӯ бо нозани рӯ ба рӯ ва ҳамгап шуд. Эҳа, дар ваҷоҳати ӯ на осори парешонӣ монду на хашмгинӣ. Писарак дид, ки чи хел якбора ба лабони амакаш табассум давид, чеҳрааш кушода гашт, балки шукуфт ва хушомадгӯёна таъзим карда, гуфт:
– Бачаи сода, чаро ин хел кардааст, намедонам. Не, ақлаш солим, расо… вай аз ман ҳам пӯхта… – «Ба муродат расидӣ, боз чӣ мехоҳӣ?!» – дар дил хитоб кард Талаб ва аз алам рӯй ҷониби дигар тофт. Чашмонаш ҳавзи об шуданд. – Аҳду паймона фаромӯш кардӣ, амак?
Ақалан намегӯӣ, ки мардӣ тани ту, Талаб…»
Се-чор рӯз гузашта буд, ки ногаҳон бобои Кабир омад.
Эҳа, ҳуши писарак канд, чи кор карданашро намедонист.
Охир, на ёрои хестан дошту на ҷунбидан, пӯсти хушкидаи ҷойҳои сӯхта озораш медод. Лекин дилаш аз шодӣ ба ҷои ҷисмаш қа-қад парид.
– Наҷунб, Талабшоҳ! Агар биҷунбӣ, хафа мешавам! – хитоб кард мӯйсафед ва хурҷинро аз сари китфаш фуроварда, рӯи курсӣ, дар шафати ӯ нишаст: – Аҷаб кори нохуб кардӣ.
Роҳи дигар набуд, ошно? Ҳамара дар бузакбозӣ андохтӣ-е!
Кампирҳо намонданд, ки нафасамро рост кунам, бадарға карданд аз деҳа… Э ин хел сӯхтан барои бачамард ҳеҷ гап нест.
Ду рӯз баъд ба асли қадим сиҳат мешавӣ. О,аз ин ҳоли бада рафта хари мара мекофтӣ, хуб набуд? Бузи Маҳрам баъди омадани ту бо кампир ҷангӣ шуд, аз қаҳр хонаша тарк кард….
Бо лабони парсинбастаи писарак табассум нишаст, чашмаконаш дурахшиданд.
– Маҳраму Моҳрӯ, Даша, ҳамаи ҳамсояҳо саломат гуфтанд. – бобои Кабир болои курсӣ дурусттар нишаста, чашми хӯрҷинро кушод. – Лекин саломи хушку холӣ не. Ана ин тухмҳо савғотии Даша. Медонӣ-ку, вай бе тухм зиста наметавонад. Ана ин кулчаҳову мурғи бирён азони Маҳрам. Э Талабшоҳ, Маҳрам беҳад дӯстат медоштааст. Наханд, гапам рост аст. Ҷони кампиру мурғаш якест, балки мурғҳо аз ҷонаш ширинтаранд. Ина бин: мурғи аз ҳама калону фарбеҳаша барои ту бирён кардааст.. Ана ин себу нокҳора кампири Моҳрӯ фиристод. Ошно, – муйсафед палатаро ки холӣ буд, зиракона аз назар гузаронд, сипас ханда ба лаб пичиррос зад: – Худам тарбузат овардам. Медонӣ, барои чӣ? Тарбуз барои ошиқи сӯхтаву пухтагӣ роҳати ҷон аст… – Э не, кӣ гуфт? Дуруғ! – нолишомез овоз баровард писарак ва хост, ки паҳлуи дигар гардад, ё хезаду гурезад, вале пои гурез надошт.
– Наҷунб, Талабшоҳ! Мо ҳамаша фаҳмидем. Мардума хомхаёл гумон накун, ҳар қадамата ба ҳисоб мегиранд, – ғолибона гуфт муйсафед ва даҳонашро ба гӯши писарак наздик оварда, бо овози араенге шунаво пурсид: –Ҷойҳои асосӣ сиҳатанд?
Писарак хандид,ҷонаш сӯхту хандид.
– Ба ман ҳам маъқул шуд… лекин худата беҳуда сӯзондаӣ.
– Э не!
– Аз ин ҳол ба деҳа мерафтиву хари ман, бузи Маҳрама ёфта меовардӣ, сад бор беҳтар буд, ошиқӣ намегурехт, ошно..
– Э не!
– Лекин ба хотири ту омада района дидам. Акнун ба ман рухсат, ошно, меравам. Ҳама интизоранд. Тез сиҳат шав, деҳа мебарамат. Эҳа, духтарҳои худмон қадрас шаванд, баъд мебинӣ ки аз чӯҷаи парӣ ҳам зебоянд. Ҳамон ҷо ҳам касе, ки барояш бипариву бисӯзӣ, ёфт мешавад.
– Э не!
– Хайр,ба Маҳрам, Дашаву Моҳрӯ, ба ҳамсояҳо чӣ бигӯям?
– Салом…. дигар ҳеҷ…..салом.
– Ошиқ….
– Э не….не!
Муйсафеди Кабир, чеҳрааш хандон, хӯрҷинашро сари китф партофта, дудила аз палата баромад. Ба лаби писарак табассум, ба ҷисмаш як нерӯи тоза давид, вале дилаш тук-тук зад мисли садои якнавохти пошнаи кафши нозанин…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё