ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
– Эй, бобои Раис, наход шумо ба ман бовар накунед? О ман устоди донишгоҳ бошаму Зокирро донишҷӯ накунам, худамро меовезам, – бо хандаи сохта посух дод Мурод ва бо қиёфаи ҷиддӣ афзуд: – Хонданаш нағз, рафтораш ҳам бад нест. Зокир ҷавони лаёқатманд аст, ояндаи дурахшон дорад…
Раиси Усмон оҳи вазнин кашида, озмоишкорона ба Мурод чашм дӯхт. Ӯ сар болои коса бештар хам карда, шабеҳи мурғе, ки ҳарисона дон мечинад, шитобзада тут мехӯрд: ҳамзамон Раисро осудаву дилпур мекунонд, ки аз Зокир беташвиш бошад.
Пас аз ин сӯҳбат ҳам дили Раис ором нагирифт. Вай ба ҳар омадани Мурод аз ин хусус сухан меоғозид. Ҳатто боре бо ӯ майли шаҳр рафтан кард.
– Одами мӯйсафед, раҳи дароз, бардору зани мошин… рафтанатон чӣ лозим? – ташвишомез пурсид Мурод.
– Мактабаша бинам, ба омӯзгорҳояш шинос шавам, – маънидорона гуфт Раис: – Боз нагӯянд, ки чӣ хел падар будаст, ки якбор ба суроғи писар наомад.
– Чӣ, ба ман бовар надоред? – Мурод ранҷишомез абрӯ дарҳам кашид: – Рафтан ҳеҷ гап не, ба гардани ман савор намешавед, мошин мебарад, лекин дарди дил хавфнок…
– Шунидан кай бувад монанди дидан, – андешаманд мақсад ба забон овард Раис: – Аҳволаш…
– Аҳволаш олиҷаноб аст! – даст сари шонаи мӯйсафед ниҳода гуфт Мурод ва ҷилави суханро дигар тараф гардонд: –
Пул фиристоданӣ бошед, худам бурда медиҳам… – Гап сари пул ҳам не… – бо таҳаммул пичиррос зад Раис:
– Дар ягон донишгоҳ таҳсил дорад ё не?
– Одамҳо ба сухани фолбину лулӣ бовар мекунанду, – Мурод ранҷишомез рӯй тофт: – Аз ҳад зиёд дилтангед…
– Ту ҳам мисли як фарзандӣ, – оромона гуфт Раис: – Ҳеҷ вақт бадиву зарари моро намехоҳӣ… Ба ту ман, албатта, бовар дорам. Неку бад, вуболу савоби Зокир ба гарданат. Дигар чӣ бигӯям? Мон, ки дар хобгоҳ бизияд. Ту одами аёлманд, олимшав, ҳазору як кору ташвиш дорӣ. Дар хобгоҳ бо бачаҳо шинос шавад, муомилаву шину хеза ёд гирад, беҳтар. Ту андешаҳои ботила аз сарат дур андоз, ман асло хафа намешавам.
– Албатта … Чӣ хеле дили шумо хоҳад.. – нигоҳ ба пеши пояш дӯхта мегуфт Мурод. Лекин кайҳо об аз кӯза рехта буд.
Вале бо андешаи «обрӯям дар деҳа нарезад, Раис хафа нашавад», – роз ниҳон медошту ба Зокир таъкид мекард, ки сир бой надиҳад.
– Дар шаҳр кор беҳисоб… Бароят ягон ҷойи сердаромад меёбам… Кайф карда мегардӣ. Деҳа рафтан айб аст… Соли оянда боз як зӯр мезанем, – маслиҳат дода буд ба Зокир.
Зокир, бе шубҳа дар ҳолати раҳзгумиву саргарангӣ маътали чунин ишора буд ва аз ин пешниҳоди раҳнамояш мисли кӯри асоёфта шод шуд. Беҳтарин баҳона! Вай, «сари кал таги кулоҳ беҳ», – гуфту дигар деҳа нарафт, балки батадриҷ роҳи деҳро фаромӯш кард. Ҳатто ба падар дар хусуси донишгоҳу устодон «ҳикоят» – ҳои аҷиб бофту аз зудбоварию содадилии вай хандид. Ду-се моҳи аввал ба бекорӣ сипарӣ шуд. Ва коҳилӣ, хӯрдану хобиданаш магар ба дили зану фарзандони
Мурод зад, ки рӯи хушаш надоданд. Бедимоғу ранҷида хонаи онҳоро тарк кард. Бо мадади ҳамкосаву ҷӯраҳои нав дафзани дастаи ромишгарони корхонаи бузурги бофандагӣ шуду ҳаёташ ранги дигар гирифт. Ҳар рӯз базм,ба қавле бо гуларӯсакҳое нав ба нав шиносу ҳамсӯҳбат мешуд; дигар ба маош ҳам эҳтиёҷ надошту ба пулҳои фиристодаи падар низ. Ба гуфте, ризқаш пеш-пеши по аз ҳаво мисли барги хазон мерехт. Агар Мурод гоҳе ба суроғаш меомад, дар тарабхона ӯро зиёфат дода тавсифҳои болохонадор мешуниду болу пар мебаровард. «Мақсад аз саг барин ҷон коҳондану азоб кашида, панҷ сол хондани мо чист? – бо қиёфи хирадмандона мепурсид Мурод ва худаш посух медод: – Зиндагии хуб, серу пур пайдо кардан. Ҷоятро ёфтӣ, додар. Сахт бичасп… Пул ҷамъ карда хона, мошин, ягон бойдухтари нозанини модараш ҳанӯз набӯсидаро, ки гирифтӣ, паханат1 шод мешавад, даҳони тамоми мардуми деҳа воз мемонад…» Вале дар як базм гап байни ӯ ва се-чор ҷавони шӯрапушт гурехт. Масту аласт сари якдигар курсӣ шикастанду зарфу шиша, ба бадани якдигар теғ ҳам зада, ба дорулахлоқ афтоданд. Мурод ин бебарории
Зокирро аз раиси Усмон бо ҳазор макру ҳила пинҳон кард.
Вале овоза мисли бӯи бад ниҳон намонда, зуд паҳн шуд, ба гӯши Раис ҳам расид. Чӣ чора? Об аз сарпанҷа рехта буд…
Зокир баъди ин воқеа, чанде дар маҳбас хобид, сипас роҳи деҳаро тамоман гӯё фаромӯш кард…
– Зокир омад, гуфтӣ?
– Ҳо, ду-се рӯз пас…
– Чӣ кор кард?
– Ҳеҷ… Аз дасташ чӣ меомад? … Рафта теппаи хоки хунуки падараша ба оғӯш кашида, Худо медонад, аз таҳи дил ё аз рӯи дил, гирист мегӯянд. Дигар аз нолаву оби дидаи ӯ чӣ фоида? Раис зинда нашавад…
– Кай баргашт?
– Пас аз оши ҳафт… Тавба, ба ҷавонҳои ин замон риояи расми мотаму поси хотир қадре надорад. Ҳушу ёдашон ба шаҳр… Нақши пойҳош кӯр нашуда хесту дума хода кард…
Хонаи ту даромад?
Мурод дам ба дарун, айнак ба рафи тиреза ниҳода, дар банди хаёле андармон, ба ҷои посух пурсид:
– Ҳавлӣ, чизу чораро чӣ кор кард?
1 Пахан-падар (жаргон)
– Намедонам, – баъди сукуте роздор пичиррос зад модар ва андешаманд афзуд: – Барои ӯ ҳавлӣ чӣ лозим?
– Чаро? Ҳавлиро ба ягон кас мефурӯхт.
Ба лабони модар заҳрханд печид, заҳрханди тамасхуромез.
Ва авзояш дигаргун, ангуштонаш як каме ларзон, дар қаъри чашмонаш дурахше падид омад.
– Ҳо, туву Зокир дар ҳасрати фурӯхтан ҳастен… Мероси падар, нишонаи дасти гузаштаҳо чӣ арзише дорад барои шумо? Ҳай-ҳай, мисли ту маслиҳатгару раҳнамо мебуд, яқин, мурдара монда рӯзи ҷанозаи Раис харидори хона меҷӯст…
Мурод гӯё аз мушти гароне ба худ омад, такон хӯрд. Вай, пеши чашмонаш тира, ғурид.
– Оча, талху пичингат аз ҳад гузашт.
– Беандеша сухан мегӯӣ, писарам, – тунд посух дод модар:
– Ту, марди зану фарзанддор, олими дунёгард, мефаҳмӣ, ки ин гапат чӣ маъно дорад? Ин суханата касе шунавад, ба ҳафт пуштамон механдад. Ту худро доно, мардума гӯли гаранг меҳисобӣ? Охир аз марги Раис ҳафтае нагузашта кӣ мотамхонаи ӯро мехарад?
Модар хомӯш монд. Вай, ларзиши панҷаҳояш айёнтар, набераашро, ки хобида буд, бо кампал пӯшонд. Мурод ҳам аз гуфта пушаймону хиҷолатманд, дер гоҳ лаб накушод. Ӯ метарсид, ки мабодо ҳарфе беҷо аз даҳон барораду модар боз ба сараш санги маломат шиканад.
– Ҳеҷ кас ҳавлии раҳматира фурӯхта наметавонад! – таъкидомез гӯшзад кард модар: – Ҳеҷ кас. Ба ҳавлӣ умед набандед…
Боз дар дили Мурод алов рехту сабаб пурсид. Ин дафъа модар оромона, то андозае бо ифтихор фаҳмонд:
– Раҳмати Раис одами пухтаву дурандеш буд. Васият кардааст, ки ҳавлиша боғчаи бачаҳо кунанд…
– Наход?! – аз ҳайрат даҳони Мурод воз монд.
– Ҳо ӯ тамоми умр роҳбари ин диёр, ба ғаму шодии мардум шарик буд. Агар ба пойи як кӯдак хор мехалид, ҷонаш месӯхт… Шабу рӯз аз ҳоли дардманду мусибатзадагон воқиф, роҳи дармону мадад меҷӯст..Ба ҷанозааш халқи олам аз ҳар гӯшаву канор омад… Хурду калон ба як по рост истода, хизмат карданд… Шунидам, ки ҳукумат, ба боғча номи худи Раиса мемондааст. Аз одами хуб номи нек, гуфтаанд…
Модар бо гӯшаи чашм дид, ки Мурод ҳаяҷонзада дам ба дам бо дастрӯймол арақҳои пешонӣ ва пушти сарашро пок мекунад. Вай орому нарм боз афзуд:
– Ҳамааш нағз гузашту Зокир набуд. Ҳай дареғ! Ун қадар меҳрубонӣ, орзуву умед, ҷонкоҳонии Раис ба хотири чӣ буд?
Писари ягона дар ҷанозаи падар иштирок накунад, аз пояи тобуташ набардорад, як каф хок ба гӯраш напартояд… Сад ҳайф, эй дунёи бевафо, дилам аз ҳама монд…
Модар хаёлмандона ба сукут рафт. Дилаш ҳоло ҳам пури гап буд, гапҳои талх, тунду тез. Мехост он ҳақиқати талхеро, ки кайҳо кашф кардаасту пайваста азияташ медиҳад: сардии меҳру назарфиребии шармовари фарзандро ба рӯяш бигӯяд. Ӯ сар бардошта, ба Мурод нигарист. Вай беҳаракат, ҳайкаклвор менишаст. Нигоҳи модар ба мӯйи мошубиринҷи фарзанд андармон, дилаш таҳ кашид, вале гап аз нӯги забонаш баромад:
– Чилсола шудӣ, ҷони оча. Ягон бор дар оина худата мебинӣ? Ба ҷо-ҷои мӯят сафедӣ афтодааст. Ҳо, дигар дар сафи мӯйсафедҳо мешинӣ. Акнун дурӯғгӯиву назарфиребӣ ба шаъни ту намезебад… Аслан дурӯғгӯиву назарфиребӣ торикии имон аст… Одамҳо ба ту гап назананд, дар пасат ба мо таъна мерасонанд…
– Аз ин гапҳо ҳеҷ чиза намефаҳмам, – бедимоғ миёни сухани модар бурид Мурод.
– Раис ба ту, ба мо чӣ бадӣ карда буд, ки ба чашмаш хок пошидӣ, дурӯғ гуфтӣ? Ӯ инсони пастназар набуд. Аз нокомии
Зокир малол ҳам намешуд. Лекин ваъдаву муҳаббати рӯякӣ, найрангу бузбозиҳои ту, писари ягонаша сарсону оворагард, охири охирон шармандаву бадном кард!
– Аҷаб гапе мегӯӣ, оча! – Мурод бесаранҷом шуд: – О чаро ман?! – Ҳама чиза мефаҳмиву боз худата ба нодонӣ меандозӣ?
Ҳо, дар лофу газоф чунон усто шудаӣ,ки… Хайр, биё, як бор каҷ бишинему сухани роста бигӯем, – ба лабаш табассум гуфт модар ва афзуд: – Ҳамин ту дар шоҳидии ман – модарат на танҳо ба раис, ба дигару дигарҳо дурӯғ нагуфтӣ? О ин кирдорат беимонӣ, ба тақдири бачаҳо бозӣ кардан нест?!
Мурод хомӯшу саркашол, балки мисли кундае беҷону ҳис менишаст.
– Худат медонӣ, бачам, – нарм пичиррос зад кампир: –
Ман ҳам, то зиндаам, дар баду неки ту шарикам. Аз кору номи некат ҷонам меосояд, аз кирдорҳои ношоямат азияту хиҷолат мекашам. Даврон ҳам аз рафторҳои ту сахт норизову дилозурда аст… Одамҳо чашму гӯш доранд; мебинанд, мешунаванд… Некии Раис ба оилаи мо беҳисоб расида буд.
Ёрдами ӯ намешуд, солҳои қаҳтӣ аз сад як ҷонамон намемонд. Лекин ӯ аз ту хафа рафт… «Коре, ки Мурод кард, ягон душманам ба ман раво намедид», – мегуфт рӯирост. Одам дар пои дӯсташ ин хел теша намезанад…
Мурод дигар сиву ду дандон сафед накард. Вай то дергоҳ дар ҷояш ҳамчунон мисли кунда ноҷунбон истода, аз тиреза ба берун чашм медавонду ранги рӯяш ҳар лаҳза дигар мешуд.
Охир гоҳе суханҳои Раис, ваъдаҳои дурӯғину назарфиребонаи худаш дар буни гӯшҳояш садо медоданд. «Ҳамааш хуб аст.
Ба дурӯғу бӯҳтонҳои ҳар кас бовар накунед…» Ӯ айнак ба чашм ниҳод ва дар дил афсӯс хӯрд, ки шишаҳои он тира ва ё сиёҳфом нестанд, то нигоҳи гунаҳкоронаашро аз модар ниҳон созанд. Ва боз ин лаҳза аз пеши рӯяш қомати болои марди ҳалиму нексиришт, хушлафзу озода – раиси Усмон дур намешуд. Ӯ дар боғи бонизому зебо андешаманд қадам зада, ба ӯ ва Зокир аз хосияти ҳар як дарахт, шаҳду ширинии меваи дастниҳолони худ ҳикоят мекард.
– Раиси Усмон ду чиза бениҳоят дӯст медошт, – овози модар аранге ба гӯшаш омад: – Кӯдаку дарахта…
– Сари қабраш ягон ниҳол шинода бошанд? – пас аз хомӯшии зиёд пурсид Мурод. – Намедонам… Сад дареғи одам. Ба ҳама роҳ нишон доду ёрӣ расонд, дар кори худаш музтару бечора монд… Ободиву баракати деҳа, қуввати дили мардум буд. Дигар ҷояш холӣ аст…
Мурод айнак рӯи раф ниҳода, мисли шахсе, ки дар гирудори пайи ҳам зарбаҳои сангин хӯрда бошад, лакоту хастаҷон бархесту худро берун кашид. Вуҷуди ӯ дар қабзаи хиҷолату пушаймонӣ метапид. Ба гумонаш, ки аз паси ҳар дарахт, сари деворҳо ҳамсояе ба ӯ нигариста, бо ангушт сӯяш ишора карда, ришханд мезанаду мегӯяд; «Ҳамон аст». Вай бел ба даст, бо сари хамида боғ даромад ва ду навданиҳоли тутро бо реша канда гирифту ба фарози теппа, сӯи мазор роҳӣ шуд. Мурод мисли касе, ки дар мурофиаи шадид тамоми ҷурму гуноҳҳояшро иқрор шуда бошад, саркашолу андешаманд қадам мезад…
ДАРС
Чандон сард набуд ҳаво, вале барфу борон омехта, агар шамол оромиш ёбад, нарм, ба қавле ноз-нозон меборид. Ва лаҳзаяке чархишу «рақс»-и барф афсонавӣ мешуд. Лек ин дер намепоист. Баногоҳ боди тундхӯ мисле аз зиндон раҳида бошад, бо хашму ошӯб барфу борон чи? – шохҳои бузурги тари дарахтон ба ҳам мепечонд ва рӯймолу лаби домони дӯшизагон, чатри мардон ба ҳар тараф мекашонд ва бедодгарона ҳамаро барканданӣ ё рабуданӣ мешуд. «Ин хел тундиву худсарӣ хислати чиллаи хурд аст, – бо лабханд мегуфтанд пирони рӯзгордида ва меафзуданд: – Тахту курсӣ, давлату савлата осон, ба хубиву хушӣ намесупорад зормонда…»
– Эҳе, ҷону мансаб додан осон нест, – ба сӯҳбат шарик мешуд дигаре: – Аз рӯи мушоҳида табиати табиату хислати соҳибмансаб як аст. Таъриха як маротиба аз ғирбол гузаронед, мебинед: ягон шоҳ, ягон ҳоким, ки лаззати шарбату шираи давлат дар решаи дандонаш нишаста бошад; боз роҳати ҳукмрониро бо қавм, тиррешаву патакрешаҳо серӣ дида бошад, бе чини ҷабин, ҷангу пархош ҷояшро ба каси дигар намесупорад.
– Э ҳазор ҷон коҳонад ҳам, давраш ба поён расид. Ҳм, тамоми сол зимистон мешавад? – бо ришханд мепурсад дигаре ва шарҳ медиҳад: – Як рӯзи баҳор аҷалаш аст, як рӯзаки гарми офтобӣ…
– Ҳамин хелу нафасе имкон ёбад, ҳукмаша меронад бахил…
Аз сармои тӯлонӣ ва ҳавои тираву пуррутубати боронӣ дилтанг, гӯшам аз мазамати бедодгарии зимистон пур, дар кунҷаки толори ошпазхонаи камодам, лек аз буғу бӯйи махлути пухтупаз пур, рӯ ба рӯи варзишгоҳи мактаб интизори кам шудани барфу борон нишастаам. Куҷо шитобам? Аз тар шудани сару либос ва нам кашидани бадан дар ин замони қиматии доруву даво ба ягон дарду беморӣ мубтало нагардидан, шунидани сӯҳбату чой нӯшидан беҳ.
Занг садо дод, занги мактаб. Фавҷ-фавҷи хонандагони гуногунсол, писаракону духтаракони бебоку хушҳол аз дари кушода мисле аз чанги паланг мегурехта бошанд, бо шӯру ғавғо худро ба берун заданд. Танаффус. Ин манзара сӯҳбати аҳли толор дигар кард. Бачаҳо ба ошӯби бод, печиши барфу борон пайваста, як олами рангин ва пуршавқе оростанд.
Барфбозӣ дар майдони варзиш авҷ гирифт. Эҳе, ҳамдигарро бо барфгулӯла задан, болои курпаи барф ғелондан, ба сару рӯи «рақиб» панҷа-панҷа барф пошидан ё ба чоки гиребону гардани мағлуб лунда-лунда барф хастан… Ва зимистон дар як нафас бозичаи дасти бачаҳо шуд. Онҳо гӯё аз ҳангомаи барфу боду борон ҷону нерӯи тоза гирифтанд. Ва аз ин лаҳзаи озодӣ масту бехуд, афтодаву хеста, фарёду ханда ба лаб, ба ҳар тараф ҷавлон зада, бо бозиву шӯхиҳои бебокона хуни худ гарм ва дил шод карданд.
Вале боз занг садо дод, занги даромадан. Ва ин занг бар сари бозии гарму ҷӯшони бачаҳо гӯё оби сард рехт. Қисме якбора, бархе бо дили кашол аз даводав, ҷаҳишу паропар бозистоданд. Духтаракон дарҳол бо панҷа зулфу мӯйҳои парешон ҳамвор карданд ва домони пираҳан такиданд. Писарон кулоҳ ва гиребону остини боронӣ ба тартиб оварданд ва хандону хушҳол ҷониби мактабхона шитобиданд.
Дунёи зебои бачагӣ… Як саҳнаи беолоиш ва пур аз шавқу сурур якбора холӣ шуд. Ва боз ҳангомаи бод монду барфу борони бо ҳам рақсону печон. На, на. Чанд тан писару духтар аз майдон дил наканда, бо баҳонае ба ҳар гӯша ҳусн бахшиданд, сипас онҳо низ бемайл сӯи даромадгоҳ рафтанд. Ва дар охири майдон, назди ошпазхона духтараке қадрас, резапайкар, гандумгун, борикандом, чашму абрӯяш сиёҳ танҳои танҳо монд. Вай зоҳиран ба роҳгуме шабоҳат дошт лолу гаранг ва гиҷу саргум байни майдон музтар истода, гӯё ба кадом сӯ қадам ниҳоданро меандешид. Як-ду маротиба ба соаташ нигарист. Аз тантанаи резиши барфу борон ба сару гарданаш зоҳиран бепарво буд. Ӯ нигоҳе пурроз ба майдон афканд ва чун дид, ки аз чашми ғайр эмин аст, мисли оҳубарраи аз ҳайли хеш ҷудошуда рамида-рамида ба пиёдароҳи шафати ошхона гузашт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё