Зеҳн
ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.

Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бобои Саидаҳмад, пеш аз сафар рӯи суфа боз барои мо дастархони зиёфат кушод. Табъи бачаҳо хуш. Ба иморатҳои сохтаамон нигариста, қаноатманд мегуфтем:

– Олиҷаноб шуд. Аз мо ҳам дар ин деҳа нишонае мемонад. Як бор ба ёд биёранд, ки фалониҳо синф сохта буданд, бас аст. Охир, мо агар ҳамин синфҳоро намесохтем, мактаби

Шоҳтут боз ибтидоӣ мемондааст. Акнун мактаб ҳаштсола мешавад…

– Кори нек ҳеҷ гоҳ аз ёд намеравад. – дам ба дам мегуфт бобои Саидаҳмад: – Бачаҳои мо баъди хатми синфи чорум дар интернати маркази ноҳия мехонданд. Интернат ҳам нағз.

Давлат ба бачаҳо сару либос, китобу дафтар, хӯроку ҷои хоб медиҳад. Таълимаш ҳам нағз. Лекин фарзанд аз чашм дур бошад, падару модар, албата, ташвиш мекашад. Мо хубии шумора ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Синфҳои нав сохтед, хонаи мани маъюба таъмир кардед, бароои кампири Марҳабо каҳ даравидед. Э ёрии шумо, – боз раги ҳазлкашии муйсафед магар ҷунбид, ки илова кард: – Ёрии шумо, бачаҳо, ба сагу пишаки Шоҳтут расид. Ҳама аз шумо миннатдор. Ҳазор раҳмат, бачаҳо!

– Шумо ҳам дар ёди мо мемонед, бобо. Агар гузаратон ба Душанбе афтад, албатта, меҳмони мо шавед, – аз номи ҳамаамон гуфт Маҳмуд ва нишонии хобгоҳро ба бобои Саидаҳмад дод.

– Э бо ин пои шал Душанбе рафтан мушкил, – гуфт ба ҳасрат муйсафед ва коғазро ба ҷебакаш гузошту ба Ҳасан, ки мисли рӯзи ба ин ҷо омаданамон бедимоғ менишаст, чашмакӣ зада, афзуд: – Хайр, мабодо сарам гирд гардаду шаҳр равам, аввал ба хонаи Ҳасанбой медароям. Медонед, ин бача аз афташ додмоди Шоҳтутиҳо мешавад…

– Кӣ гуфт? Бобо, аз худатон гап набофед, – гуфт Ҳасан, вале ноаён табассум карда, нигоҳашро аз мо гурезонд, зеро ба рӯяш сурхӣ дамид.

Ҳасан ба гапу хандаи бачаҳо эътибор надода, гиторашро гирифту андешамандона ба навохтан сар кард…

ШАҲСУТУН

Духтарҳоро дӯст медорам, зеро онҳо ба ман даф мезананд.

Писарҳоро нағз намебинам, чунки онҳо маро мехарошанд.

Катибаи шаҳсутун

Маслдиҳати сохтани хонаи нав ду сол боз давом дошт: кайҳо таҳдевории сангӣ ҳам бардоштаанд, ду сол боз мӯйсафеди Алибахш ба радаи арарҳои атрофи боғаш андешаманд менигаристу аз байни онҳо барои иморати нав шаҳпулу шаҳсутун ҷудо мекард. Баъзе дарахтонро ба хотири он ки пиру корношоям нашаванд, кайҳо бурида, пӯст канда, дар дастгоҳи хоҷагӣ тахта задааст. Фикри обро дар хушкӣ бояд кард, мегӯянд. Тайёрӣ хуб аст, чизи худат бошад, пеши касе гардан каҷ намекунӣ. Лекин бояд ҳатман хонаи нав созанд. Охир набераҳо калон шудаанд. Як нафараш соҳиби зану фарзанд аст. Имрӯз ё пагоҳ Шодмонбек аз хизмати аскарӣ бармегардад, Баҳоршоҳ низ омӯзишгоҳро хатм мекунад. Барои ҳар кадомашон хонаи алоҳида лозим. Чӣ чора? Шароит ҳаминро талаб мекунад. Пеш дар як хона ҳама меғунҷид, – аз хурд то калон. Дар як хона боз барои меҳмон ҳам ҷой ёфт мешуд.

Ҳозир он тарзи зиндагӣ ба одамон писанд не, эрод мегиранд, балки масхара ҳам мекунанд. «Эҳа, давраҳои ибтидоӣ барин мезистед» – мегӯянд олуфтаҳо бо ришханд. Ва пай ҳам намебаранд, ки аз ин сухан андоми мӯйсафед чӣ хел тағйир меёбаду нигоҳаш бомаром аз боғу рӯи харсангҳо лағжида, ҷониби қуллаҳои осмонхарош мегурезад. Не, ӯ бо нигоҳаш ғазабро ҳам аз худаш меронад, ки сухани дуруште аз даҳонаш набарояду хотири меҳмон наранҷад. Дар чунин ҳолатҳо лабаш хаёле ба ханда моил шуда, дар пешонии мисрангаш мисли кӯҳҳои пурпечу хами диёраш чинҳо пайдо мешаванд. Аҷиб, хеле аҷиб. Ба назари ӯ дар як хона ғунҷидани ҳама шарофати хуб дорад ва ин ба он монанд аст, ки дили соҳибхона мисли кошонааш васеъ асту дар он ҳама ҷо меёбанд. «Ҳиммати инсон хонаву дастархони ӯст», – мегуфтанд бобоёнаш. Аммо ҳозир бисёр чизҳо кӯҳна шудаанд. Худи мӯйсафедро ҳам абераҳояш «одами кӯхна » мегӯянд, фикрҳояшро ҳам кӯҳна меҳисобанд. Вақтҳои охир одамон бештар аз рӯи қонуну китоб гап мезананд, хулоса мебароранду мӯйсафед музтар мемонад. Сипас бо овози мулоим гӯшрас мекунанд, ки «зиндагӣ қонунҳои худро дорад».

– Мо чашм кушода ҳамин қонунҳои китобиро дидем, – мегӯянд онҳо ғолибона, – ҳамонҳоро меписандем…

– Олам гулистон мешуд ин хел мекардед, – луқма мепартояд мӯйсафед ва гӯшаш пур аз навои дарёи Ғунду хониши мурғон мисли қуллаҳои атрофи деҳа ба сукут меравад, сукути вазнин. Ва дар дил муҳокима меронад, «шояд гапи онҳо ҷон дорад». Ҳар кас бояд озод, ба таври дилхоҳ бизияд, мегӯянд онҳо ва таъкид ҳам мекунанд: «одам як бор ба дунё меояд, як бор!». Лекин ба ақидаи ӯ вазифаи одам танҳо ба сари худ зистан нест. Эҳа, ин хел мебуд, инсон аз дигар махлуқҳои олам ҳаргиз фарқ намекард. Не, бе ин гапҳо ҳам ҳуҷраи нав сохтан лозим. Пеш мӯйсафед ин хел набуд. Ҳамин ки дар деҳа гапгапи иморатсозӣ мебаромад, ӯ ҷони тоза мегирифт. Дасту остин бармезаду пойтешаро гирифта ба ҳашар мешитофт.

Охир дунё ба додугирифт обод аст, дасти касеро бигирӣ, дастгират мешавад, дар акси ҳол сари танҳо мемонӣ. Ӯ аз бардоштани девор то чортарош кардану побаҷо мондани сутунҳо, гузоштани пулу болорҳо баробари дигарон обу арақ мерехт.

– Дар дунё хонасозӣ барин кори савоб нест, – мегуфт мӯйсафед: – Хона сарпаноҳи инсон, дари умеду орзуи фарзандон аст. Росташ, ки хона ҳам мисли падару модар чизи азизу муқаддас аст. Бовар намекунед-а? Хайр, ин дараҳои танг, ин кӯҳҳои саросар сангу баландро бе ҳамин кулбаҳо, бе ҷунбуҷули худамон тасаввур карда метавонед? Не! Ҳамин кулбаҳову худи мо обод нигоҳ медорем ин ҷойҳоро. Вагарна, эҳе, агар байни ин дараҳо хирса танҳо бубандӣ, намеистад. Дар шафати хонаҳои бобоӣ боз як ҳуҷра сохтан лозим.

Мӯйсафед кайҳо ин нақшаро кашидааст.

Бачаҳо барои деворбардорӣ ду сол пеш санг оварданд. Дар Бадахшон санг арзонӣ. Худо ба водиҳо замини беҳисоб бахшидаасту ба Бадахшон кӯҳ ва обу санг. Барои девори иморат аз санг дида масолеҳи хубтаре нест. Вале барои сохтани хонаи урфии бадахшонӣ сутунҳо чизи асосӣ, балки ҷонанд.

Чӯбу тахта ва сутунворӣ ҳам мерасад. Арарҳои боғи бобои Алибахш барои ду се иморат сутуну чӯб медиҳанд. Лекин танҳо фотиҳаи худи мӯйсафед лозим, ки сохтмонро сар кунанд. Охир ӯ сари хонадон, пири деҳа асту ҳама аз хати кашидааш берун намебароянд. Ду-се рӯза ба кӯҳ рафтанӣ бошанд, аз ӯ маслиҳат мепурсанд, чунки роҳу тоби кӯҳбароиро панҷ ангушташ барин медонад. Пеш аз он ки гову молҳоро ба девлох баранд, аз мӯйсафед дуо мегаранд, чунки рамӯзи ҳаворо медонад ва аксар вақт пешгӯӣҳояш рост ҳам мебароянд. Умуман дар кӯҳистони шахшулу саркаши Бадахшон бе Алибахш барин пирон зистан мушкил. Роҳнамо, хазинаи панданд.Ба ҳама кор сару бар мешавад мӯйсафед. Вале ҳамин ки гапи сохтани бинои нав ба миён омад, вай бо тааммул мегӯяд:

– Бачаҳо, саросема нашавед. Ҳар кор маврид, вақту соат дорад. Дар зери барфу борон намондаед-ку..

Ин суханаш ба набераҳо бас, балки қонун аст, яъне бобо ҳанӯз розӣ нест ба хонасозӣ. Онҳо се-чор моҳ дар ин бора назди мӯйсафед дигар лаб намекушоянд.

Кай буд? Ду сол пеш Мирбеки писари Додалишоҳ ба деҳа омад ва дар ҳузури ҳама гуфт, ки дар шаҳрҳо беҳудаву сарсарӣ гаштан ба дилаш задааст. Акнун мехоҳад одамвор кору зиндагӣ кунад. Ҳама шод гаштанд, ки ақли вай, дер ҳам бошад, ба сараш задааст ва мехоҳад, ки ба сафи одамон дарояд. Худи Мирбек ҳам бачаи бад набуд. Дар пеши чашми худашон ба воя расид, мактабро хатм кард. Беодобӣ куҷо?

Назди одами аз худаш калон бо овози баланд гап намезад.

Аммо баъди як соли шаҳргардӣ рафтораш дигар шудааст, зеро ба доми шӯрапуштҳо афтодааст. Доми шӯрапуштҳову гир доби бало якест. Афтод, баромадан мушкил. Мебарандат ҳамроҳи худ ба коми мурдоб. Дастат ба кисабурӣ одат мекунад, ба муштзаниву мардумозорӣ одат мекунад. Болу пар мебарорӣ аз авбошӣ, то даме ки ба сарат санг бармехӯрад. Мирбек ҳам ба доми авбошон афтоду паи ҳам «аз корнамоиҳояш» хабарҳо омад. Ҳар кас ба ҳар оҳанг ҳарф мезад, яке бо ифтихор, дигаре бо таассуф: нисфи шаҳр дар ихтиёри Мирбек аст.

Писари шоҳ барин мегардад. Кораш? Кораш маълум нест, лекин хурду калони як гузар ба рӯяш каҷ нигоҳ карда наметавонанд. Мо ҳам аз давлаташ як ҳафта маишат кардем, мегуфт яке. Афсус худашро ҳайф кардааст. Бадрафтору баднияту бадкирдор ҳаргиз ба мақсад намерасад, мегуфт дигаре.Муйсафеди Додалишоҳ аз ин овозаҳо маъюсу малӯл гашт, ду маротиба аз паи ҷустуҷуи фарзанд сарсону саргардон шуда ба шаҳр рафт, лекин ӯро оварда натавонист. Аз чашми падар гурехт Мирбек. Вай, мӯйсафед, баъди ин ниҳоят дилшикаставу маҳзун гашта, рӯзи дароз дар соҳили дарёи Ғунд болои харсанге нишаста сетор менавохт, ғаму ҳасрати дилашро бо оҳангҳои ҳазину вазнин мебаровард.

Чанд ба дил парварам меҳри бутони сангдил,

Ёди падар намекунанд ин писарони нохалаф,

– оби дида ба чашм бо сӯзу алам мехонд муйсафед.

Зани Додалишоҳ мудом ҷӯроб мебофт ё чорчилик тоб дода бо алам «Лалаик»-у «Даргилик» мехонд:

Хона даром ҷоят холӣ,

Орди гандум шуд анборӣ,

Гулғунча аз беду бутта,

Ношукрӣ накун аз падару модар…

Овози бодарду маҳини модар дили сангро мешикофт. Ва ниҳоят Додалишоҳ дар як чиллаи зимистон аз олам гузашту

Мирбеки писараш рӯи ӯро надид, зеро дар маҳбас мехобид.

Акнун Мирбек омад ва қавли мардӣ дод, ки ба сафи одамон дохил мешавад. Ҳама шод гаштанд.Чӣ хел нағз! Инсоне аз роҳи каҷ ба роҳи рост медарояд. Чароғи хонае, ки кайҳо дар деҳа хомӯш буд, боз фурузон мегардад. Боз сетори Додалишоҳ дар хонаи урфии ӯ маҳин-маҳин садо медиҳад. Ва боз рӯҳи Додалишоҳ дар сурати шоҳпараки сафедбол айёми баҳор аз равзан ба кулба медарояду шодона болу пар мезанад.

Ҳама хушнуд, ҳама аз ин нияти Мирбек қаноатманд.

Вале Мирбек дар хонаи урфӣ зистан нахост, балки дари хонаи урфӣ ба рӯи вай баста буд. Дар Бадахшон таомул ҳамин, каси оқипадар ҳуқуқи дар кулбаи холимондаи волидон зистан надорад. Ин қонуни нонавиштаро хурду калон риоя мекунанд. Касе Мирбекро сарзаниш накард, касе барои дар кулбаи падар зистан ӯро ҳидоят нанамуд. Ҳама худро ба нодонӣ ангоштанд, балки ихтиёр ба худаш гуфтанд. Бигузор мувофиқи хоҳиши дилаш амал кунад. Ба Мирбек ҳам осон набуд ба чашми мардум нигаристан. Эҳе, сад хел забон дорад нигоҳи инсон, сад ранг ба дилат теғу нештар мезанад нигоҳи инсон. Аз алам месӯхт Мирбек, вале зоҳиран касе аламашро пай намебурд. Чи хел алам накашад? Дар кулбае, ки ба дунё омада бошӣ, дар кулбае, ки хуни нофат рехта бошад, дар ҳамин кулба аз навозиши падару суруди аллаи модар баҳраманд шуда бошию акнун дари кушодааш ба рӯят бастааст.

Дурусттараш аз неши забони мардум тарсида, ба кулбаи падар наздик намешуд. Лекин сир бой надода мегуфи:

– Хонаи замонавӣ месозам. Дар хонаҳои дудаолуди бобоӣ зистан он қадар хуш нест. Замона, шароит дигар.

– Қаср ҳам бисозӣ, ихтиёрат, – гуфт мӯйсафед Алибахш ба ӯ, – вале хонаҳои қадимро наҳ назан. Ин хонаҳо асрҳои аср сарпаноҳи бобоёни мо буданд. Ба чор фасли соли кӯҳистон мувофиқанд ин хонаҳо.

– Э ин гапҳо беҳудаанд, – даст афшонд Мирбек ва афзуд: – Ман хона созам, баъд мебинед, мебинеду даҳонатон воз мемонад.

– Барор мехоҳем – гуфт Алибахш: – Лекин аввал бисоз, сонӣ ин гапҳоро бигӯ. Ҳавобаландӣ нағз не. Мирбек ҷои хонаро худаш интихоб кард. Вай дар лаби як пора замине, ки дар пешгоҳи дараи саргаҳи деҳа воқеъ буд ва солҳо боз барраю бузғолаҳо он ҷо мечариданд, тарҳи хона кашид.

– Ин ҷо барои хона сохтан номувофиқ аст, бача, – гуфтанд ба ӯ.

– Чаро?

– Селроҳа аст, бақо надорад, ҳар баҳор ду – се карат зери сел мемонад.

Ранҷид Мирбек, оташин ҳам шуд, вале писхандзанон гуфт:

– Ғами беҳуда нахӯред. Бақо доштану надоштанашро худам медонам.

– Хайр, ихтиёрат. Меҳнатат зоеъ нашавад, гуфтем.

– Барои ғамхориятон ташаккур. Аммо сабаби ташвиши шуморо фаҳмидам: чарогоҳи барраю бузғолаҳоятон танг шуд-а?

– Ҳамин хел фаҳмида бошӣ, ба ту дигар ҳоҷати гап задан нест.

Мирбек дар байни се-чор моҳ бо мадади бачамардони деҳа деворҳои хонаро бардошт. Мӯйсафедон ҳангоми давонидани болор ва шинонидани дару тирезаҳо ба ӯ мадад карданд. Ва айни тангии тирамоҳ Мирбек ба хонаи нав даромад ва дар як рӯзи офтобии охири баҳор ғулғулаи мудҳише дараро фаро гирифт, заминро ларзонд, сипас тундбоде пешпеш, сели азиме бо хоку харсангҳо аз қафо ба деҳа ворид шуд. Дар си-чил соли охир пирони деҳа ин хел сели вайронкори бузургро надида буданд. Ва ин сели ногаҳонӣ кори хонаи Мирбекро кард. Бачамардҳо шаҳпулу сутуну болорҳоро аз панҷаи сели хурӯшон бо азоб кашида мегирифтанд. Мирбек беҳолу бедимоғ рӯи харсанге нишаста аз хонаҳои валангор чашм намеканд.

пешина
аз 30
навбатӣ