ШАҲСУТУН

Гулчини ҳикояҳо. Дар ин китоб Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Абдулҳамид Самад гулчини ҳикояҳояшро аз маҷмӯаи нахустин то охирин бо таҳрири тоза гирд овардааст.
Зеҳн · 4 ноябри 2024 · 30 саҳифа
АКАИ ОШИҚ
Эҳдо ба ятимони даврони ҷанги Олмон
– Акаи ошиқ!
– Э хош… дарди сар…чӣ мегӯӣ?
– Як раҳи дигар қисса мекардӣ.
– Чира?
– Ошиқ шуданата.
– Э хоше… Мемонӣ зиндагӣ кунам ё не? Дарди сар шудӣку.
– Меҳмонҳо мехоҳанд аз забони худат шунаванд.
– Аз шунидани ту сарам ба осмон расид, ки боз ба меҳмонҳо гӯям?
– Мо ҷавон, шояд ошиқ шавем…
– Э хош.. дарди сар шавем, бигӯ, – марди зардинаи тануманд гӯё дар сари сӯзан нишаста бошад, бесаранҷом гашта, даме ин тарафу он тараф ҷунбид, нигоҳашро аз одамони ношинос гурезонд, ба рӯяш, ки ҷо-ҷо доғҳо дошт, сурхӣ давид ва бо овози аранге шунаво ғурид: – Бача, шӯхӣ ҳам ҷо дорад.
Бишинед меҳмонҳои азиз…
– Хайр, ҳамон лаҳзаи аз болои бом…
– Э хош… Имрӯз туро шамоли аҷина задааст ё ягон пашшаи ганда газидааст?
– Не, шамоли ишқ, акаи ошиқ.
– Э хош-е! – хитоб кард мард ва сабук аз ҷояш бархесту нафаси тӯлонӣ кашид: – Аз куҷо пайдо шуд ин хунукдаҳан?
Меҳмонҳои ҷун, узр, ман рафтам. Бишин, бахил, ҷоят васеъ шуд.
– Нарав, акаи ошиқ!
– Э хош..
– Толиби ошиқ ана ҳамин кас.
– Э хош, дарди сар…
– Аз ишқ дигар лаб намекушоем, акаи ошиқ, – қоҳ-қоҳ хандида аз паси мард фарёд заданд ҷавонҳо: – Худамон ҳамаша нақл мекунем.
– Намеранҷӣ, акаи ошиқ?
– Э хош! – мард нимрӯя гашта ба ҷавони шинос теғи нигоҳ афканду мушти таҳдид нишон дод, сипас қадам тезонида, дар байни себзорон, ки шоҳҳояшон аз пурборӣ сар ба замин месоиданд, нопадид шуд.
Лаҳзаяке ханда дар лабони ҳама нақш баст, балки аз паи акаи ошиқ ба себзор рафт ханда ва бо бӯи хуши себу алафҳо омезиш ёфт ё дар боли гулпаракҳои рангин нишаста, аз як ҳиссиёти нофорам, аз як садои дилхарош худро раҳонид: дар хониши мурғон ва чир-чиракҳо навозишгар шуд.
Атрофро хомӯшии роздор, андешазо фаро гирифт. Танҳо суруди якнавохти Сафедоб мисли нағмаи резаборони айёми баҳорон аз дуриҳои дур ширин ба гӯш меомад.
– Аҷоиб мард-е! Ранҷид?
– Не, вай одати ранҷидан надорад.
– Тез рафт-ку.
– Кори зарур доштааст, ба ҳамин баҳона худро аз гап раҳонд.
– Дар ҳақиқат қимоб аст?
– Паҳ, нагӯ..
– Аз ишқ-а?
– Бале… Агар ману ту ҳам аз ошиқӣ мисли вай сӯхта алам медидем…
– Аҷиб, хеле аҷиб..
\* \* \*
Толиб кай медонист, ки ишқу ошиқӣ чист. Вай, ба ташвиш, ғаму шодии деҳотиён шарику мубтало, ба сари худ мезист ва ҳар ранге дилаш мехост, мегашт. Рӯзҳои тӯй чойҷӯшонӣ ё ба дасти одамон об рехтан вазифаи ӯ буд. Баъзан соҳибони маърака ҳиммат карда, ба миёни писарак рӯймоле мебастанд ё ба сараш тоқӣ мемонданд. Ҳай шод мешуд, болу пар мебароварду чордаста хизмат мекард. Ба қадрдонӣ даҳчанд ҷавоб мегардонд писарак. Ва ҳангоме одамон «Талабшоҳ, камарбанд ё тоқиро ҳалол кардӣ» – мегуфтанд, чеҳрааш мешукуфт.
Рӯзҳои азо муйсафедонро ба ҷаноза хондан ҳам ба зимаи ӯ буд. Бори гарон буд ин кор, азоб буд, азоби сангин. Аз як дар ба дари дигар базӯр мерафт; гӯё бо қомати хамида асо ба даст мерафт. Пакар мешуд, даҳонаш мехушкид ва забонаш ба ҳарф задан намепечид. Хабари марги инсонро гуфтан ногувору мушкил! Вале рӯй тофта ҳам наметавонист. «Талабшоҳ, аз ту одами дилпуртару пухта нест», – мегуфтанд ба ӯ. Ва дарҳол дар қиёфаи писарак сояи ҷиддият меафтид, ба китфонаш ғаму андӯҳ бор меандохтанд: рӯзҳои азо писарак ботамкин, камгап мешуд. Ва ҳатман дар сафи мардон аз паси тобут то мазор мерафт, ба гӯр чанд бел хок ҳам мепартофту қарзи инсонӣ адо мекард. Умуман ягон рӯзи умри писарак бе саргардонӣ намегузашт, ба гуфти муйсафедон, мисли мӯрча заҳмат мекашид, кори касеро ба сомон мерасонду савоб мегирифт. Ва гиру мону гуфтугӯяш ба синну соли ӯ намечаспид: ҳамчун муйчсафедон солдору пухта менамуд. Аз ин рӯ марду зани деҳа дар ғайбаш мегуфтанд, ки ин ятимак намурад, одами доно мешавад.
Талаб танҳо як бартарӣ дошт, ки дар хаёлаш аз ин дигар бачаҳо ҳасад мебурданд. Ӯ ба ҳар хонае ки дилаш мехост, бебокона медаромад. Ва дилу чеҳраи марду зани деҳот мисли дарҳо доимо ба рӯи ӯ кушода буданд. Ҳама ӯро тақрибан ҳамин зайл пешвоз мегирифтанд:
– Биё, Талабшоҳ, биё! Дар куҷорҳо мегардӣ? Аҷаб камнамоӣ. Мо ҳам ба ёдат мерасидаем?
– Кор аз мӯи сар ҳам бисёр, вақти сархорӣ намеёбам, – ягона дороии худ-китобдонашро лаби суфа ё рӯи кат ниҳода калонвор мегӯяд писарак ва ба соҳибони хона дастӣ вохӯрда, меафзояд: –
Ҳар саҳар мактаб меравам, хондан лозим. Аз дарс мебароям, ки кампири Маҳрам ё бобои Кабир пеши роҳа медоранд.
– Наход? Чӣ мегӯянд?
– Гапашон ба шумо маълум, «Талабшоҳ, ту дар куҷо мегардӣ? – нолишкунон худи одами касал барин мепурсид кам пири Маҳрам: – Маро фаромӯш кардӣ-чӣ? Дигар намепурсӣ, ки чӣ ҳол дорам. Хайрият, дидамат-е!»
«Тинҷи аст, мома?»
– Хока, тинҷӣ мебуд, роҳи тура мепоидам, – мегӯяд кампир ва бари роҳ сари по мешинад: – Ду шаб аст, ки буз намеояд. Дилам хавотир, хобам намебарад.
«Барои як буз?»
«Эъ, одами маст барин гап мезанад-е! О ман аз моли дунё галлаву рама не, як буз дорам-ку. Чӣ хел ғамаша нахӯрам?»
Ман гап назада раҳакӣ мешавам. Момаи Маҳрам ҳадаҳа аз ҷояш мехезаду баробарам қадам мезанад.
«Бӯзғолаи сабилмонда кӯдак барин очаша ёд кардааст.
Рӯзу шаб чунон бо алам маос мезанад, ки дилу ҷигарам пора мешавад», – мегӯяд кампир.
«О ман молбон не, аз Асо пурс, мома» – мегӯям бе парво ва номаълум ба кампир менигарам.
Ӯ аз қаҳр чӣ гуфтанашро намедонад, баъд ба атроф хавотиромез менигараду тезтар омада, дар бехи гӯшам пичиррос мезанад:
«Момат мешам-е! Бача ба момаш ин хел гап намегӯяд. Бачаи хуб асло гапи момаша ба замин намемонад. Бача…»
«Дигар кампирҳо ҳам мегӯянд, ки момат мешам», – гапашро мебурам.
«Гапашон дурӯғ. Бовар накун, Талабшоҳ. Ту рӯи дастҳои худам ба дунё омадаӣ. Нофата худам бурида будам».
«Дина кампири Моҳрӯ ҳам гапи худата гуфт»
«Нахо? Ҳа вай ҳам момат мешавад. Чил шаб мижа таҳ накарда барои ту чароғ сӯхтем. Чил шаб!.. Вай мушти пар ҳам дастёр надорад. Хизматаша ба ҷо биёр. Аз хизмат кам намешавӣ, Талабшоҳ. Хизмати мора кардӣ, ту ҳам хизматгор меёбӣ».
«Лекин Дашаи духтур гуфт, ки холат мешавам»-гапро ба дигар тараф мебарам.
«Наход? Вай чӣ мушкиле доштааст?»
«Намедонам. Як рӯз хонааш бурд, чалпак, чою қанд дод».
«Наход? Ягон кор фармуд?».
«Не».
«Наход? Даша одами ғариб аст, танҳост, Талабшоҳ».
«Медонам».
«Шавҳараш трактор меронд, ту хурд будӣ, ӯро дар ёд надорӣ. Аз ҷанг барнагашт шавҳараш, дилаш хун аст. Ягон фарзанд ҳам надорад. Хок дар сари танҳоӣ. Ёрдам пурсад, не нагӯ, Талаб».
«Хуб, хайр, худат чӣ кор мефармоӣ?».
«Бузковӣ бирав. Меравӣ?»
«Меравам, меравам».
«Ай ҷонум садқаи набераи гапгирум-е! А ҷонум садқаи набераи бузковам-е! Ту ҷону ҷигари моӣ, Талаб…»
Кампирак шод мешавад, лабаш ба ханда моил мегардад, чинҳои рӯяш мисли мавҷҳои нотавон хаёле ба ҳаракт медароянд. Ва ӯ панҷаи аз харобӣ шахшулу сардакашро бо меҳр ба китфи Талаб мениҳаду минатдорона навозиш мекунад.
«Ҳамин хел бузи ганда чӣ лозим, мома? Бузғолаи худаша партофта, ҳар сол ба кӯҳ мегурезад. Гумаш бикун».
Кампирак гӯё аз ҳарос лаҳзае дар ҷояш меистад. Дасташ аз сари китфи Талаб канда мешавад, дар ҳаво мемонад.
«Э ҷони ширин, ба ту чӣ бигӯям? Занҳо кӯдакҳошона патофта мегурезанду.. Бузи бачабезори момат барин.. Ин ку ҳайвони беақлу безабон.. Не, гапат рост, зоташ ҳамин хел паст, бузи бачабезор аст… Хайр, ин маротиба ёфта биёраш.
Меравӣ?»
«Меравам, меравам».
«Ай садқаи набераи хушфеълам! Умедам ба ту буд. Ту набошӣ, ҳоли мо чӣ мешавад? Ҳозир серӣ нону ҷӯрғот бихӯру баъд бузковӣ бирав».
«Хуб».
«Ай садқаи хоки пот-е!»
Ба хонаи кампири Маҳрам расам-нарасам, муйсафеди Кабир асозанон аз пеш мебарояд. Вай овозамро шунида дар ҷояш меистаду борашро ба асо меандозад, баъд даст ба пешонӣ соябон карда, сӯям менигараду овоз мебарорад.
«Талабшоҳ, ту дар куҷо мегардӣ? Аҷаб бемеҳр шудаӣ. Як бор намепурсӣ, ки бобо, чӣ ҳол дорӣ? Мурдаӣ ё зинда? Ё фаромӯшам кардӣ?»
«Дина аз боғат сурамон кардӣ-ку. Бо асо зада қариб пома мешикастӣ».
«Нахо? Ту ҳам бо ҳамон дуздбачаҳо будӣ? Ҳай-ҳай! Ин корат нағз не, Талабшоҳ. О ту мардаки калонӣ, дар маърракаҳо дар паҳлуи ман мешиниву боз дуздӣ меравӣ? Дари боғку ба рӯи ту доимо кушода аст».
Аз ин гапаш изо кашидам, замин накафид, ки дароям. Сири худама фош кардам, дасту пои худама баста ба дасти бобои Кабир додам. Сар набардошта гунгвори меистодам, ки момаи Маҳрам тарафамро гирифт.
«Бачаҳо фиребаш доданд, бобош. Худаш нарафтааст боғат».
Оташ гирифт бобои Кабир, сиёсат кард момаи Маҳрама.
«Одами беақла бачаҳо фиреб медиҳанд. Ту, ин гапа дуюмбора нагӯ. О ин Талабшоҳ марди боақл аст».
«Бисёр дуғ назан, муйсафед. Асп бо чор пояш баъзан пешпо мехӯраду ин кудак аст», – ғур-ғур мекунад кампири Маҳрам.
«Ягон кор доштӣ, бобо?»
«Эҳ бе кор ба ҷустуҷуи ту мебаромадам? Хар имшаб боз арғамчина канда гурехтааст.. Ба ин чашмои оҷиз, ба ин поҳои дардманд аз куҷо биёвамаш?»
«Осё ба навбат, – мегӯяд момаи Маҳрам, – аввал бузи мара биёвад».
«Э ту ғами буза нахӯр, – бепарво мегӯяд бобои Кабир: –
Буз аз нутфаи шайтон аст, ҳеҷ балош намерасад. Тангии тирамоҳ шавад, як бузғолаи дигара аз пасаш гирифта меорад».
«Пирхари хароби тура гурги аз гуруснагӣ дар дами марг ҳам намехурад, – паст намеояд момаи Маҳрам:-Аз даву пар ки монд, гӯшҳояш кашол мисли гаҳвораҷунбон ҷунбидаҷунбида, роҳи хоната ёфта меояд»
«Аз даву пар намонда ёвамаш, мегӯям. Ҳамон пирхар маро бардошта аз як ҷо ба ҷое мебарад. Бе хар кунда барин ҷунби да наметавонам, – шиква мекунад бобои Кабир, баъд аз бағалаш панҷ-шаш себи суп-сурх мебарораду ба ман медиҳад:-Бигиру хӯрда-хӯрда, харковӣ бирав».
«Нагир! Талабшоҳ, порахӯр нашав! Одами порахӯр имонаша мефурӯшад. Дузахӣ аст порахӯр! Агар себҳоша бигирӣ, то зиндаам, бо ту гап намезанам», – таҳдид мекунад момаи Маҳрам.
Ҳайрон мешавам. Як ба себҳо менигарму як ба момаи Маҳрам. Дилам ба себҳо кашол, даҳонам об мекушояд, лекин хотири момаи Маҳрам аз ҳама зӯр, тарафи себҳо даст дароз карда наметавонам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё