Зеҳн
Паррончакҳо Абдулҳамиди Самад

«Паррончакҳо» ҳамсадои дарду армон ва орзуву талошҳои ҷавонони имрӯз низ ҳаст. Зеро ба таъбири устод Фазлиддин Муҳаммадиев «Қиссаест аз такомули ҷавонон. Дар заминааш умуман масъалаҳои тарбияи ҷавонон, проблемаҳои ахлоқи ҷамъият, мавқеи мактаби олӣ дар ин кори муҳим».

Китобдор · 4 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

VI

Моҳи сеюм аст, ки дар хобгоҳ бо Раҳимбеку Раҳматшоҳ ва Сӯҳроб зиндагӣ мекунам. Амакаму завҷааш аввал розӣ нашуданд, ки аз хонаи онҳо равам.

− Ин гапро дуюмбора аз даҳонат набарор, ки халқи олам ба мо механдад, − ранҷишомез фиғон баровард завҷаи амакам. − Чӣ, мо аз хона пешат кардаем, ё дар кӯча мондаӣ, ки хобгоҳ меравӣ? – Ӯ мабодо малӯл шавад, дарҳол буғз гулӯяшро мефишорад, ки нафасаш гирифта, ба риққат меояд. Дар чунин ҳолат овозаш гиряомез мебарояд.

− Хонаи мо ба дилат зада бошад, ин гапи дигар. − Вай илтиҷоомез ба амакам нигарист, дар чашмони ӯ аллакай ашк ҳалка зада буд. − О ман туро аз ягон фарзандам кам намедонам-ку, − гуфт ӯ ва бо гӯшаи рӯмол оби чашмонашро поккунон афзуд: − Хобгоҳ барои бачаҳои бекасу роҳдур лозим. Ту хонаи алоҳида дорӣ, ноху хӯрок доим муҳайё... Натарс, дигар намегузорам, ба ягон кор даст расонӣ... − Вай якбора ба амакам дарафтод: − О чӣ кунда барин меистӣ? Ба додарат гап зан...

Амакам лаби кат беҳаракат нишаста, аз байни шохсорон ба фазои лоҷувардӣ менигарист. Гӯё дар рӯЗИ равшан ҳам аз гунбази нопайдоканори осмон кадом ситораеро меҷуст. Ман дар байни обу оташ мондам.

Хостам чизе бигӯяму худро аз ҳолати ногувор раҳонам, аммо амакам пешонии пурчинашро палмосида, коҳишомез пурсид:

− Кӣ ба ту гуфт, ки хобгоҳ бигир? Одамҳо айб мекунанд. Хонааш дар таги фуки шаҳру додарашро ғунҷонда натавонист, мегӯянд. Саҳар андак барвақттар бихезӣ, ба дарс мерасӣ...

− Хобгоҳ ҳам барои донишҷӯ як мактаб аст, мегуфтед-ку, − ногоҳ суханашро буридам ман.

Амакам ба хаёл рафт. Намедонам ҳоло вай дар чӣ хусус меандешид. Вале алами завҷааш магар хурӯҷ кард, ки боз гила оғозид.

− Ҳм, дилат ба хобгоҳ кашол будаасту мо бедарак. О ман боз орзу доштам, ки аввал туро зан диҳам, дар гӯшаи боғ бароят хона созам...

− Ба он тарафи дунё намеравад-ку, − ғурунгид амакам. − Хоҳад ҳар рӯз, нахоҳад, охири ҳафта меояд.

Ин ҷо хонаи худаш ҳисоб... Мон равад, паррончак шудааст. Ба ҷавонони ҳамсолаш шинухез кардан, ошно шудан фоида дорад, пухта мешавад, одамҳоро мешиносад...

− Паррончак ҳам назорату ғамхорӣ мехоҳад, − ғур-ғур кард ҳамсари амакам ва аз назди мо дур шуд.

Вале ман дар бораи ин зани сабзинаи чилсола ба фикр рафтам. Вай аз тамоми занҳои деҳа, ҳатто аз модарам низ дар муомила фарқ дорад. Меҳрубонӣ, суханҳои ширини сохтаро бад мебинад. Рафтору гуфтораш шахшӯл ва мардона аст. Вақте амакам мақсади ба хонаашон овардани маро ба ӯ фаҳмонд, шодона нидо баровард:

− Ба дастам афтодӣ, мулло Наим. Ҷои мо кӯҳу пушта надорад, ки рӯзатро бо даводаву харсаворӣ бигзаронӣ. Лекин бароят кор меёбам.

− Худаш аз кор гурехта ин ҷо омад, − луқма партофт амакам. − Бачаро дарҳол натарсон.

− Ин гапҳо шӯхӣ не. Оби одами коргурез доим лой аст. − Ӯ ба шавҳараш ҷиддӣ нигарист. − Худат ин чизро аз ман беҳтар медонӣ-ку. Хондан ҳам меҳнати осон нест...

Дар тӯли ду соли ба ғаму шодии ин хонадон шарик буданам завҷаи амакам танҳо як маротиба маро ҷазо дод. Ончунон ҷазое, ки мислашро касе то ҳол надидааст. Лек ҳанӯз ҳам намедонам, ки дар ин хусус ба амакам ҳарф зада бошад ё не. Ба ҳар ҳол, баъди он воқиа хостам ин хонадонро тарк кунам, то чашмам ба чашми зани амакам, − муаллимаи забони англисиамон, наафтад. Вале натавонистам. Он лаҳза ҳатто акнун ҳам ба ёдам биёяд, изо мекашам.

Аз мактаб барвақттар омадам − муаллими таълими меҳнат боз касал шудааст. Дар хона касе набуд.

Аз гуруснагӣ оби даҳонам мерафт. «Хонаи худамон бошад, ба сари модару хоҳаронам дод мезадам, ки тезтар хӯрок биёранд», − гуфтам ҳасратомез ба худ ва ба ошхона даромада, сарпӯши дегро бардоштам.

Дег холӣ. Дилам таҳ рафт, димоғам сӯхт. «Ин ҷо хонаи очат нест, ки ноз бикунӣ…» − сазо додам худро.

Хостам ангуру шафтолу чинда, бо нону чой тановул кунам. Вале васвасае ба дилам роҳ ёфт ва маро асир кард. «Худата беҳуда азоб надеҳ. Ангуру шафтолуро мӯйсафеду кампирҳо аз ночорӣ мехӯранд, бедандонанд… Ту аз дигарҳо чӣ камӣ дорӣ? Рафта аз ошхонаи пеши идораи колхоз манту, самбӯса, сихкабоби мурғобӣ – бӯйгин ҳам бошад, гир, дар пеши чашми кӯри Нурмати гашничфурӯш-писари кабобпаз мазза карда бихӯр, ки бинаду аз ҳасад сӯзад. О лаънатии бесавод-е! Гӯё ман аз дарси забони англисӣ ба вай баҳои ду мемонда бошам. Назди бачаҳо «хизматгори дари хонаи амакат ҳастӣ» гуфт-а? – аз дил гузарондам ва ба кисаҳоям даст задам, лек чанд танга ёфтаму бас. Акнун ба ёдам расид, ки пулҳои аз хона овардаамро ба завҷаи амакам дода будам. Даме рост истода, чӣ кор карданамро надонистам.

«Дар куҷо монда бошад пулҳоро?» − пурсидам аз худ ва шитобон ба хона даромада, кисаҳои шим, пиҷаку палтои амакамро тагурӯ кардам, мурод ҳосил нашуд. Аламам дучанд гашт.

Хостам берун бароям, баногоҳ чашмам ба сандуқи кабудчатоб афтод. «Пулҳо дар сандуқ!» − дар хаёлам овозе аз ғайб ба гӯш омад. Рафта ба зулфини ҷомадон даст задам – маҳкам будааст. Ночор чанде сари по пеши ҷомадон истодам. Баъд мисли каси мағлуб хиҷолатзада аз хона баромадам. Хурӯси кулангии сурхчатоб, ки рӯйи ҳавлӣ бо виқор якта-якта қадам ниҳода дон мечид, аз ногаҳон пайдо шудани ман рамида, қут-қуткунон болои девор парид ва зиракона ба атроф нигариста, дуру дароз фарёд кашид. «Лаънатӣ, ту ҳам ба ман механдӣ? Ҷои бегона ҳамин, одам дар чашми хурӯс рӯбоҳ менамояд», − гуфтам дар дил. Боз ҳушу ёдамро ҷомадон ба худ кашид: гӯё ман оҳан будаму вай оҳанрабо: Чашмам ба ошбури дастааш устухонӣ, ки рӯи мизи ошхона меистод, бархӯрд. Онро бардоштаму ба атроф назар афкандам. Пашша ҳам пар намезад. Ба хона ворид шудам ва ҷомадонро рост монда, нӯги ошбурро ба таги зулфин ниҳода зер кардам. Зулфин садои наҳифе баровард, аммо кушода нашуд. Боз чанд маротибаи дигар қувва озмудам, бефоида. Лекин нӯги ошбур чарми ҷомадонро харошид. Аз ғазабу ноилоҷӣ ларзидам ва қоматамро бардошта ҷомадонро лагаде кӯфта будам, ки аз дар завҷаи амакам даромаду чашмони хастаашро ба ман дӯхт.

Ӯ ҳам лаҳзае ҳайкалвор рост истоду ман низ. Вуҷудамро раъша фаро гирифт ва панҷаҳоям ноаён суст шуданду ошбур аз дастам рӯи фарш афтода ҷарангос зад. Як қад паридам. Аввал лабҳои янгаам пир-пир париданд. Гумон кардам, ки ҳоло гирякунон маро зада мисли саг аз хона пеш мекунад, шармандаву расво месозад. Охир, ҳатто модарам сари чунин гуноҳ маро дастгир мекард, бо химча шикамсерӣ

«зиёфат» медод. Не, вай ногоҳ хандид, дуру дароз, бо овози баланд хандид. Танҳо гоҳ-гоҳ «О мулло

Наим-е, сандуқро чунон лагад задӣ, ки ҷонаш баромад. Чиба ин кора кардӣ?» − мепурсиду бас.

Ҷои гурез набуд. Вай дар ҳолате ки аз ханда ба чашмонаш об медавид, ба паҳлӯдарӣ такя карда меистод. На замин мекафид, ки ба он зуд дароям, на бол доштам, ки бипараму нопадид шавам. Ночор мисли ҷуволи холӣ ба ҷоям нишастаму бо панҷаҳоям чашмонамро пӯшонида, гиря кардам. Дарҳол ханда дар лабони янгаам ях баст. Ӯ сумкаашро рӯи миз ниҳоду наздам омад ва ангуштони нарму бӯролудаш ба сарам нишастанд, бо дасти дигар оби чашмонамро пок кард.

− Ҳеҷ гап не, хафа нашав, − бо мулоимат гуфт ӯ. – Лекин дигаp ин хел рафтор накун, ки додаронат бинанд, айб мекунанд, амакат ҳам... – Дар лаби ӯ боз ханда дамид. Баъд магар чӣ гуфтанашро надонист, ки хомӯш монд ва рафта китобҳои рӯи мизро тагурӯ кард.

− Ман медонам, ту ин корро қасдан накардӣ, − бо овози нарм гуфт ӯ. − Лекин ҳоло ба ман ваъда деҳ, ки тамоми умр, − лабонаш ноаён ларзиданд, − ин кори ношоистаро намекунӣ. – Ӯ омада рӯ ба рӯям сари по нишаст. Чеҳрааш ором буд, чашмони шаҳлои меҳрубонаш барқ мезад. − Ваъда медиҳӣ? − илтиҷоомез пурсид ӯ. − Агар ваъда диҳӣ, туро додар мехонам, ман додар надорам...

Шояд аз сеҳри меҳрубониҳои ӯ саропоям карахт ва ашки чашмонам хушк шуд.

− Шарм надор, ваъда бидеҳ! − бо исрор мегуфт вай. − Агар ваъда бидиҳӣ, гуноҳатро мебахшам...

Ман сарамро байни дастонам дошта, даме ба сукут рафтам. Ҳарчанд зӯр задам, ки лаб кушояму узр пурсам, натавонистам. Охир ман бо гиря шармамро пинҳон карданӣ будам. Ниҳоят аранге овоз баровардам: дигар на-ме-ку-нам!

− Офарин! Ана ту додари ман шудӣ, − маро навозишкунон гуфт ӯ. − Бихезу рафта дасту рӯятро бишӯ... Ҳардуямон хӯрок мепазем...

\\\*

Ба ростӣ аз падару модар бармаҳал ҷудо шудан ҳеҷ гоҳ аз гӯшаи хаёлам намегузашт. Охир, акнун синфи ҳафтумро хатм карда будам. Пеш аз оғози соли нави таҳсил амакам хонаи мо омад. Бешак тамоми сол аҳли оила, махсусан модарам омадани вайро интизор мешавад. Вай ҳар саҳар сари дастархон ҳатто хобҳои дидаашро нақл карда, боз худаш таъбирашро меёфт.

− Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Абдукариму бачаҳош ҳамин рӯз меоянд. Ҳа, кафи дасти ростам чанд маротиба ширин-ширин сих заду чашми шодам ҳам парид, − мегуфт ӯ ва хоҳаронамро мефармуд, ки ҳавлиро об зада рӯбанд. Худаш то шомгоҳ борҳо сари кӯча баромада, роҳ мепоиду ноумед бармегашт, андешаманд ғур-ғур мекард: − Ин бача имрӯз ҳам наомад. Тинҷ бошад-ку нағз...

Баробари расидани амакаму аҳли оилааш дар хонаи мо базм барпо мешуд. Модарам ҷои нишасти онҳоро намеёфт. Вай аз тухми мурғ то меваҷоту сабзавот, тамоми неъмати дунёро барои онҳо захира мекард. Баъд бо як ифтихору хушбахтии беинтиҳо ба ин муносибат ба зану марди ҳамсоя зиёфат ҳам медод. Вале он сол амакам танҳо ба меҳмонӣ омад. Бо вуҷуди ин аз хурсандӣ сари модарам ба осмон расид. Лек падарам дар ташвиш афтод.

− Чаро бачаҳоро наовардӣ? − хавотиромез пурсид ӯ.

− Онҳо имсол хонаи ун бобояшон рафтанд, − ҷавоб дод амакам.

− Ҳеҷ гап не, сиҳат бошанд, барои мо бас. Худата бинем, бачаҳота дидагӣ ҳисоб... − гуфт модарам, ки гирди амакам парвонавор мегашт. − Аммо омада ин ҷо ҳам ду рӯзакак меистоданд, олам гулистон мешуд. Барои шумо боға бонӣ кардам... меваҳо ҳил-ҳил пухтаанд. Ҳай дареғ-а!

Ана ҳамин сафари амакам тақдири маро ба аҳли оила ва зиндагии худаш пайваст. Ба ин ҳам як гапи модарам сабаб шуд.

− Абдукарим, аз ҳозир тайёрӣ бин, − шаби пеш аз бозгаштани амакам гуфт ӯ. − Се сол баъд додарата мефиристонам.

Амакам бо меҳр сӯяш нигариста, табассум кард.

− Ҳе занаки сода, − норозиёна гуфт падарам, − пеш аз тӯй нағмаву нағора чӣ лозим? То се сола, эҳа... як ҷувол умр даркор.

− Шайтон ноумед, банда ба умед, − хушҳолона сухани ӯро бурид модарам. − Се сол ҳам оби равон барин чунон тез мегузарад, ки бехабар мемонем… Вақти хонадор шудани мо Абдукарим чорғовак мерафт, − модарам хандид. − Ана бин, мӯи сараш риши ту барин сафед шудааст…

Падарам нафаси тӯлонӣ кашида ба хаёл рафт. Амакам худро ба ҷомаи беқасаб печонд ва ба болиштҳо такя кард. Ба назарам, гапи модарам ӯро ба сайри олами тифлияш бурд.

− Боз вақташ расад, мо дар ин дунё ҳастем ё не, Абдукарим баҳона наҷӯяд, мегӯм, − хандон-хандон гуфт модарам ба сари мақсад омада.

Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Танҳо аз гӯшаи торики ҳавлӣ садои нӯшхори ҳайвонҳо ба гӯш мерасид. Хоҳаронам магар аз ин сӯҳбат дилтанг шуданд, ки бархеста ба ҳуҷраи хобашон даромаданд.

Падарам аз осмони пурситора чашм наканда, бо дасти рост риши нуқрафомашро ҳилол мекард. Дар чеҳраи ӯ як ҳасрату аламе аз пирӣ хувайдо буд. Модарам хаёломез як лаби дастархонро гоҳ мекушоду гоҳ таҳ мекард. Моҳи шомхӯрда дар нӯги санавбари гӯшаи ҳавлӣ мисли тоҷ истода, гӯё ин манзараро тамошо дошт.

− Хонданаш чӣ хел? − ногоҳ пурсид амакам ва маънидорона ба ман нигарист.

− Муаллимҳо розӣ, − гуфт модарам ва хандид. − Лекин аллакай сад бор зарби химчара хӯрд.

− Наход? − дар қиёфаи амакам хушҳолӣ ҳувайдо шуд. Ӯ сари зону нишаст ва нидо кард. − Аз ман ҳам гузарондааст-ку.

Ин ишораи вай ҷон дошт. Гап ин ҷост, ки айёми хурдияш амаки Абдукарим ба ҳалқаи бачаҳои мактабгурез меафтад. Вай ҳар саҳар китобдонашро бардошта сӯи мактаб мешитобад, лек аз тангкӯчаҳо чапғалат дода, ба майдони болои деҳа мераваду тӯббозӣ мекунад, аз боғҳо себу харбуза медуздад. Аввал ҳамсояҳо аз ин хусус шикоят мекунанд. Аммо бовари модарам намеояду рӯзи дигар аз пасаш мепояд ва ӯро дар майдони футбол дастгир мекунад.

Ман ҳоло аз ҷоям хеста ноаён рафтанӣ шудам. Чунки аз феъли модарам ба ҳарос афтодам. Охир, вай нӯги гапро ки кушод, ҳозир ё замони дигар тамоми кирдорҳои маро фош месозад. Вале амакам монеъ шуд.

− Шин, ошно! Баъзе роҳбарҳо барин дарҳол аз танқид нагурез! − хитоб кард ӯ.

Ноилоҷ ба гӯшаи кат нишастам. Зоҳиран худро хоболуд вонамудам, вале дар асл вуҷудамро оташе сӯзонд. Бо гӯшаи чашм ба модарам назари илтиҷоомез партофтам. Хостам ишора кунам, ки хап шинад.

Аммо вай нигоҳашро аз рӯи амакам наканда, бошавқ суханашро идома дод:

− Ту ҷони одам будӣ, Абдукарим. Ин додарат беҳад пӯстғафс, хоболуд, якрав баромад... Эҳа, аз ту доим дилам пур буд, гапа мефаҳмидӣ. Лекин чӣ хел одам шудани ин бача илми ғайб аст, − гуфт вай озурдахотир ва акнун ба ман нигарист. − Ба умеди падарат шавам, аз санг садо мебарояду аз ӯ не, хап мешинад. Не, беҳтараш, ҳамаи гуноҳата ба амакат мегӯям, девор ба дарун афтад, беҳтар...

Падарам маънидорона сурфид. Модарам аз ин рамузе гирифту оташин гашт.

− Ҳамааш айби худат, мӯйсафед. Охир, оҳана дар гармиаш кӯфтан осонтар. Чанд карат гуноҳ кард, як сари мӯ эътибор ки надодӣ, ҳаво гирифт бача... Вақтҳои охир бо Абдухолиқи акааш сагу пишак барин носоз аст. Ду бор чархи мошинша сӯрох кард, дина шишаи пеши мошина зада шикаст, − модарам нешханде кард. − Ҳамааш барои як кабк. О дар қадим додар ба бародар аспи даванд, ҷуфти гов, молу ҳол мебахшид, хизмат мекард, − ӯ даме хомӯш монд, сипас ба як оҳанги раҳмовар афзуд: − Илоҳо тавба, ягон аждоди мову шумо бо бародараш душманӣ надошт... Абдухолиқ чунон малӯл буд, ки аз дарамон намегузашт. Ба хотири худат чанд рӯз боз омаду рафт дошт. Ана боз ба дасташ об ки нарехт, димоғаш сӯхту барвақт рафт...

Модарам дигар ҳарфе назад. Сари ман то рафт хам мешуд, ба гумонам ба зонуям мерасид. Розӣ будам, ки замин кафаду ба комаш маро фурӯ барад. Лек аз ваҷҳи сӯрох кардани чархҳову шикастани шишаи пеши мошини акаи Абдухолиқ не. Он рӯзҳо ман мехостам ҳар соат аз вай қасос бигирам. Пеш, бо вуҷуди он ки ӯро аз таҳи дил эҳтиром намекардам, дар ҳузури одамон ҳеҷ гоҳ гапашро намегардондам. Баъзан хонааш рафта, ба кору бори ҳамсараш ёрӣ мерасондам: барои гову гӯсфандҳояш алаф медаравидам, боғашро об медодам... Ҳар хеле бошад, вай бародари бузурги ман аст ва аз рӯи таомул ба хонадонаш хизмат расонданро вазифаи худ мешуморам. Акаи Абдухолиқ шофири таксӣ аст, дар деҳа истиқомат ва дар ноҳия кор мекунад. Ӯ фармондиҳиро беҳад дӯст медорад. Аслан носозии мо аз ҳамин cap зад. Охир, рафту вай маро дар маркази ноҳия ё кӯчаҳои деҳа бубинад, дарҳол истода, cap аз тирезаи мошин бароварда, дӯғ мезанад:

− Саги дайду барин дар ин ҷо чӣ мековӣ? Тезтар хона рафта оғилҳоро рӯб, ба гову мол коҳу об деҳ!

Назди ҷӯраҳоям аз каҳру алам сурху сафеду мисли ҳайкал шах мешудам, вале дам намезадам. Ба ақидаи падарам ба вай гап задан бефоида. Абдухолиқ аз ҳукмронияш ҳаловат бурда, аз роғи дандонҳояш туф мекарду мошини зардчатобаш девонавор ғуввос задаву таккон хӯрда, дар як нафас нопадид мешуд.

Аммо дуди алами ман мисли чанги паси мошини ӯ ба ҳаво мехест. Охир, худаш дар хона ба оби хунук даст намерасонд, олуфта мегашт.

Падарам карру фарри ӯро ҳеҷ гоҳ хуш намедошт. «Бача, бодӣ шудаӣ, фуката бисёр баланд нагир, − боре дар сари дастархон ба ӯ гуфт падарам... − Дар кӯчаҳои пуродам мошина тез надавон, мардума хоку чанг надеҳ. Ба мӯйсафедҳо салом диҳӣ, ягон ҷоят кам мешавад? Имрӯз як каса ҳурмат бикунӣ, пагоҳ аз каси дигар ҳурмат мебинӣ...»

− Аҷаб одами содаӣ, додо, − беибо ҷавоб медод Абдухолиқ. – Ман нақшаи кор дорам, аз ман салом не, иҷрои нақшаро талаб мекунанд. Пула мо аз баодобиву саломдиҳӣ не, аз гаштани чархи мошин меғундорем. Ҳм, касе аз чангу хок тарсад, аз хонааш набарояд...

− Дар дунё ғайр аз нақшаи кор қарзи одамгарӣ ҳам ҳаст, − мегуфт падарам ва меафзуд: − Ба туву девор гап гуфтан беҳуда, лекин аз ҳад нагузарон. Ягон рӯз сарат ба санг занад, баъд пушаймон мешавӣ.

О худат-ку як одами сабуки бодӣ, боз кӣ ба ту мошини сабук дод?!

− Қадрдонҳо, ошноҳо, − ғолибона қаҳ-қаҳ зада мегуфт Абдухолиқ. − Моро ҳам ду-се кас мешиносад, писанд мекунад...

Аммо олуфтагиву фармонфармоии Абдухолиқ ба модарам хуш меомад. «Мард бояд сиёсат дошта бошад, − мегуфт ӯ. − Кору бори хона хаққи зан аст».

Дар сари акаи Абдухолиқ санг шикананд ҳам, аз рӯи одат ҳар бегоҳ падару модарамро чи хеле мегӯянд, зиёрат карда, сипас хонаи худаш мерафт. Баъзан хӯроки шомро ҳамроҳи мо мехӯрд.

Боре пеш аз ғуруби офтоб хона омад. Ман ба ӯ эътибор надодам: қаҳрӣ будем, дар гӯшаи кат нишаста китоб мехондам. Ӯ пойҳояшро рӯи замин кӯфта, гарди либосҳояшро афшонд. Ва ба ин восита аз омаданаш моро огоҳонд. Модарам аз хона ба истиқболи ӯ шитофт. «Ҷонам садқаи бача-е! Аз кор омадӣ?

Монда шудӣ? – вай Абдухолиқро кӯдаквор навозиш карда, ғаши маро овард. − Шин, бачам, саршир биёрам ё ҷурғот?» − пурсид ӯ ва сӯи хона давид.

− Гов омад, гӯсола аз ҷояш мехезад! − Аз нописандии ман акаи Абдухолиқ ба ғазаб омада, китобро аз дастам кашида гирифт ва ба гӯшаи ҳавлӣ ҳаво дод. Даме карахт шудам. Ногоҳ ӯ маро аз болои кат озод бардошту ба таг партофт. Дастонаш дар назарам мисли оҳан сахту дурушт намуданд. − Муллобачаҳои мадрасаи Бухорои шариф барин аз болои китоб cap намебардорад-е! Олими дунёгир шавӣ ҳам аз хонданат гузаштам! Рав мошина бишӯй! Агар дар ягон ҷояш ғуборе монад, рӯзат сиёҳ мешавад...

Аввал нигоҳам ба падарам афтод. Ӯ абрӯвонашро гиреҳ андохта, дам ба дарун зада, ришашро мепалмосид. Сипас ба сари Абдухолиқу мошинаш як ҳақорати дастабиринҷӣ ҳавола кардаму гурехтам.

Вай аз пасам сур карданӣ шуд, лекин падарам пеши роҳашро гирифт.

− Ун-ку кӯдак, ба ту чӣ ҷин расид? Марди зану фарзанддор ҳар рӯз бо бача хархаша мебардорӣ, − овози шикваомези падарам аз пас ба гӯшам расид.

− Ҳамин хел тарафаша бигирӣ, пагоҳ гапи худата хам ба як тин намехарад! − дод зад акаи Абдухолиқ.

− Ҳм, ду-се сол баъд мурдата бароварда ба кӯча мепартояд...

− Ту ғами маро нахӯр, − овози падарам ин маротиба нарм баромад. − Лекин одам барин муомила кардана ёд бигир. Фарбеҳира гӯсфанд мебардорад, мегӯянд. Пулмаст шудаӣ ту. Чор сӯми ҳарома ёфта боло-боло напар. Бо дуғу пӯписа ягон кор буд намешавад. Одамҳо бо гапи хуш морро аз хонааш мебароранд. Ба ҷои сиёсат «додарам, бачам» бигӯӣ, навозишаш бикунӣ, бо ду дасти адаб хизматат мекунад. Бача ҳам бошад, ба кадри худаш ғурур дорад. Чиба ту барои кадом як раиси муттаҳаму ҳаромхӯрат кабкаша дар пеши чашмаш куштӣ?

− Сад кабкаш меорам! − ғурунгос зад Абдухолиқ. − Гӯсфанд не-ку, як кабк будаст...

− Мард бошӣ, бе пораву хушомад ҳалол зиндагӣ бикун! − маломатомез пичиррос зад падарам. − Бо нони хушк рӯз мегузаронаму пеши шаҳи шоҳонат cap хам намекунам.

Модарам барои бадфеъливу гарданшахиҳоям маро бедареғ маломат кард. Лек аз ин наранҷидам, чунки боре худаш ба зани ҳамсоя гуфта буд: «Модар ҳазор бор фарзандаша таги хок барад, ба қадаш кафан пора кунад ҳам, боке не, ҳамааш аз рӯи дил аст. Боз дар таҳи дил барои дуои бад кардан худаша дарун-дарун мехӯрад...» Воқеан, модари ман як хислати аҷиб дорад. Агар рӯзона ман ё хоҳаронамро дар сари гуноҳ ҷазое медод, шаб ҳамин ки ба ҷогаҳи хоб даромада чашм мепӯшидем, албатта дасти навозиш бар сарамон мениҳоду аз Худо илтиҷо мекард, ки ба пои мо хоре нахалад...

− Ақлу инсоф медоштӣ, ин кора ҳаргиз намекардӣ, − бо мулоимат овоз баровард падарам. − Ҳар саҳар чашмам ба қафаси холӣ афтад, дилам хун мешавад... Ҳамон кабка баробари бачаҳои ту дӯст медоштам. Вале туи ҷоҳил... Ҳм, баъди ин кирдори бадат аз бача боз ҳурмат талаб мекунӣ. Одамҳо бачаи бегонара зери пар мегиранд, тарбия мекунанд, ки фардо дастгирашон шавад. Туи нодон ҷигари худата аз худат ҷудо мекунӣ…

− О ун падарраҳмати гандамасти раисаш меҳмон буд. Хайр, дилаш гӯшти кабк хостааст, − миёнаравӣ кард модарам. − Меҳмонҳои ҳозира кӯдак барин инҷу ноз мекунанд. Ҳукмаша набардорӣ, меранҷад.

− Ба баданаш заҳри зақум шавад гӯшти кабк! − аз нав оташ гирифт падарам. − Ҳамон кабка пишак, ё саг мехӯрд, дилам ин қадар намесӯхт... Ба хотири як дайюси порахӯр, барои як бадзоди сиёҳмаст ҷондори безабона кушӣ, кӯдака ранҷонӣ-а!

Ин гилагузории падарам алами маро аз нав тоза кард. Он лаҳзаи нохуш боз ёдам омад.

Нисфирӯзӣ аз мактаб баргаштам. Дасту рӯй шуста, дар тараддуди хӯрокхӯрӣ афтодам, ки ба ҳавлӣ акаи Абдухолиқ даромад. Модарам аз рӯи одат бо чеҳраи хандону суханҳои ширин ӯро пешвоз гирифт.

Аммо акаи Абдухолиқ на танҳо ба ман, ҳатто ба модарам ҳам чандон эътибор надод, сархушона сӯи қафас рафт ва онро аз шохи тут гирифта, даричаашро кушоданӣ шуд. Дилам аз пешомади баде гувоҳӣ дод ва ҷонсарак сӯяш давидам.

пешина
аз 17
навбатӣ