Зеҳн
Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.

зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гулсум

Хоҳар барои пазириши даъват ва ташрифоварӣ аз шумо сипосгӯзорам. Имрӯз дар хона танҳо мебошам, зеро ҳамаи аҳли хонавода ба кадом чашне рафтанду шояд дертар то бегоҳ омада расанд. Дӯхтарчаам бошад баъд аз шир нӯшидан дар истироҳат мебошад. Ӯ ҳеҷгоҳе ҳангоми гиря карданаш аз оғӯшам дур намеравад. Хоҳар ман шуморо чандин маротиба дидаам....Ба мисли ман, шумо низ барои харидани ашёи зарӯрии хона гоҳу ногоҳ мебароед ва бо ҳам дар ин ё он дукон вомехӯрдем. Ман шуморо барои як амри муҳиме заҳмат додаму ва ҳамин қадр маълумот барои шиносоиамон кофӣ мебошад. Лутфан инҷо бишинед то бароятон мақсади даъваткарданро бигӯем.

Шумо шояд парешонхотир ҳам бошед, ки барои чӣ ман шуморо даъват карда бошам. Ва ин кор аз ҳаққу ҳуқуқи худи шумо низ мебошад то сабабашро бояд донист. Борҳо дар зеҳнам меомад, ки ин занро дар ин ё он мағоза мудом мебинаму мулоқот мекунам. Лиҳозо тасмим гирифтам, то шуморо ба хона даъват намоям.

Хело маъзаратхоҳам, ки шумо корҳои муҳими худро гузошта даъвати маро пазируфтед. Мехоҳам бароятон ҳаёти занеро нақл кунам, ки пасманзари аҷибе дорад. Мақсади асосии даъват низ ибрози ҳақиқати нокашфудаи зиндагие мебошад, ки хело омӯзандаву ибратбахш ҳаст. Хоҳар намедонам чаро ман эҳсос мекунам, ки дар паҳлӯи шумо дили як дарманде дар тапиш қарор дорад.....Ва оё ба назари шумо хаёли ман дуруст бошад?

Дар ин маврид чизе гуфтан номумкин...Аммо ман медонам, ки шумо чӣ гуфтан мехоҳед. Зеро ҳарфҳоятон дар чеҳраи шумо ҳувайдо мебошанду чизе ба гуфтану шунидан зарӯрат надорад. Ҳоло ба шумо қиссаи зиндагии занеро мешунавонам, ки номаш Гулсум буд.

Гулсум дар маҳаллаи Ҷилутиёни шаҳри Лоҳур зиндагӣ мекард...Ман қиссаи ӯро аз замоне оғоз мекунам, ки он вақт Гулсум ҳанӯз зан нашуда буд.

Хоҳар дар забони урду “бҳен” гуфта мешавад. Аммо дар ҳикояи мазкур чун ибораи меҳрубононаи муроҷиатии зани ҳамсину сол бо зани ба ҳам алоқаманд омадааст.

Ӯ як духтаре буд ва мисли дигар духтарҳо дар коллеҷ дарс мехонд. Мутаассифона замоне ки ӯ дар соли дуввуми хониш таҳсил мекард, чашмони падараш хира шуданд.

Табибон чашмони ӯро табобат карданд, вале биноии ӯро дигарбора барқарор карда натавонистанд. Дар ин айём духтараш Гулсум бошад дар як корхонае кору фаъолият мекард. Роҳбари дилсӯзу меҳрубони корхона хабардор шуд, ки чашмони падари Гулсум нобино гаштаанд. Ҳамин тариқ, дили роҳбари корхона ба Гулсум маблағи хело зиёде пардохта карда ӯро аз кор озод намуд. Бо ин пул Гулсум метавонист як хонаводаи хурдро бо обу нон таъмин намояду зиндагиашро идома диҳад. Аммо падараш мехост, ки пулро фақат барои тӯйи арӯсии духтараш Гулсум сарф хоҳад кард. Модари ӯ низ дар фикри ояндаи Гулсум буду мехост тӯйи арӯсиаш дертар баргӯзор шавад. Вале падар бошад ба пешниҳоди модар розӣ намешуд.

Он давраҳо ҳамроҳи падари Гулсум як ҷавоне кор мекард, ки Юсуф ном дошт. Падари Гулсум дар хоб медид, ки ӯро домоди худ кардааст. Ҳамин тавр, хоби вай амалӣ гашт ва Гулсуму Юсуф бо ҳам тӯйи арӯсӣ барпо карданд. Рӯзҳо ва солҳо бо хубӣ гӯзаштанду падару модари Гулсум яке баъди дигаре дунёро падрӯд гуфтанд. Бо мурури замон саломатии Юсуф низ нохуб шуда рӯз то рӯз ранҷуртар гашт. Гулсум хонаро фурӯхту бо ҳамаи маблағи он ба хонаи шавҳар баргашт. Аз ҳамин маблағ барои илоҷу беҳбудии саломатии шавҳараш харҷ мекард. Юсуф бошад гоҳе хуб мешуду ба кор мерафт ва гоҳе нотавону бемор шуда, истироҳат мекард.

Ҳамин тариқ, баъд аз ҳафт моҳ сипарӣ шудан, шавҳари Гулсум вафот кард. Дертар Худованд барояш дӯхтарчае ҳадя намуд, ки модараш Гулсум ӯро ягона дастёру ҳомии худ медонист. Мушкилоти бепулии рӯзгор рӯз то рӯз зиёд шудан мегирифт. Дар ин зимн, хусури Гулсум низ вафот кард. Хӯшдомани бечора зиндагиро ба сахтӣ мегӯзаронд. Ӯ дар мактабе кор мекард, аммо аз сабаби маоши кам ҳамаи хароҷоти зиндагиро пура карда наметавонист.

Ҳамин тавр, се сол сипарӣ шуд. Гулсум низ ноилоҷ дар мактабе се сол кор кард. Иттифоқан холаи Гулсум бо хонаводааш аз шаҳри Пинди ба шаҳри Лоҳур нақли макон карда, хонаи пештараи Гулсумро аз соҳибаш харидорӣ намуд. Ҳамин тариқ, Гулсум дубора ба назди холааш ба хонаи пешини худ омад. Аз омадани ӯ вазъияти равонии Гулсум каме тағйир ёфт. Зеро духтари калонии холааш бо духтарчаи Гулсум хело меҳру вафои зиёд дошту ӯро бениҳоят дӯст медошт. Ҳамин тавр, нигоҳбиниву парвариши духтарча ба дӯши духтари холааш буд.

Рӯзе Гулсум дар ошпазхона масруфи пӯхтупази ҳондӣ20 буд, ки духтари холааш Роҳат ба модараш нақл мекард, ки шавҳари яке аз лекторони коллеҷи ӯ дар Англия кори хуберо пайдо карда ба онҷо рафтааст. Занаш ҳам барои ба онҷо рафтан омодагӣ дорад. Вале онҳо мехоҳанд ҳамроҳашон занеро бибаранд то дар рубу чини хона ва шӯстушӯ барояшон кӯмак расонад. Гулсум баъди шунидани хабар ба фикр фурӯ рафта бо худ мегуфт,-“чаро ман ҳамроҳи лектор ба онҷо наравам. Зеро аз мактаб маоши хело кам дарёфт мекунам. Аммо ӯ бароям пули бештар медиҳаду метавонам кӯдакамро низ бо ҳамин восита хубтар парвариш намоям”. Бо чунин хаёл Гулсум то рӯз хоб рафта натавонист.

Субҳи дигар Роҳат китобҳояшро гирифта мехост ба сӯи коллеҷ равон шавад, ки нохост Гулсум аз ӯ пурсид:

-Хоҳарам Роҳат!

-Бале, Гулсум апа.

Гулсум фикрашро ба ӯ пурра баён кард. Роҳат дар ибтидо каме ҳайрон

монд, аммо дертар пешниҳоди ӯ барояш писанд омад. Ҳамин тариқ, Роҳат ба ӯ гуфт, ки аз модараш бояд машварат пурсид. Бо ризояти модараш ӯ метавонад розигии лектор Ҷовидаро ба даст оварад.

20 Як зарф чуқуру даҳони васеъ дорад ва азбаски дар саросари нимҷазираи Ҳинд бо истифода аз handi хӯрокҳои гуногун пухта мешаванд, номҳои онҳо низ гуногунанд, ки рамзи истифодаи онро ифода мекунанд - ба монанди Chicken Handi, Handi Paneer ё Handi Komdi.

Ҳамин тавр, Роҳат баъди бозгашт аз мактаб бо модар машварат карду розигиашро дарёфту иброз кард:-“Модар Гулсум муддати зиёд дар Лондон нахоҳад монд”.

Дар ин маврид Ҷовида низ аз рафтани Гулсум эътироз нахоҳад кард. Барои Гулсум бошад аз фарзанди худ ҷудо шудан хело кори душвор буд, вале чорае дигаре надошт. Сафараш низ барои беҳбудӣ ва тарбияву таълими фарзандаш мебошад.

Ҷовида ризомандии Гулсумро дарётф кард ва банду басти шиносмонаи ӯро зӯдтар барояш омода кард. Ҳамин тариқ, Ҷовида бо ҳамкорони худ хайрухӯш карду Гулсумро огоҳ намуд, ки пасфардо ба сафар хоҳем баромад.

Баъд аз шунидани ин хабар Кусумро эҳсосе фаро мегирифт, ки гуё ин ҳарфҳоро дар хоб шунида бошад. Вале ӯ фавран ба хона бозгашт ва дарро басту кӯдаки худро ба оғӯш гирифт. Ин лаҳза бе ихтиёр баданашро реш фаро мегираду аз чашмонаш ашк мерезад.... Ин ашки чашмон набуд, балки он селоби ашкест, ки аз рехтан боз намеистад. Кӯдак аз ин ҳолати модар ҳайрону парешон буд. Модараш мехост аз рафтан ба шаҳри Лондон бо сабаби ҷудоӣ аз ҷигарданбаш худашро боз дорад. Вале баъди ҷорӣ шудани селоби ашк тасмим гирифт, ки бояд равад. Ҷудоӣ аз фарзанд бениҳоят сахт мебошад, аммо дар ин кор бояд қурбониҳо кард.

Ҳамин тариқ, Гулсум ночор ба Лондон сафар карда, бо ҳамроҳи зану шавҳар дар онҷо истиқомат намуда, ба пухту паз ва рӯбучини хонаи онҳо машғул мешавад. Гоҳу ногоҳ ҷигарбандашро ба ёд оварда, ҷигархун мешуд. Ҳамин тавр, Ҷовида ба Гулсум ҳар моҳ музди корашро пардохт мекард. Куслум аз ин маблағ каме барои худ нигоҳ медошту боқимондаашро ба модари Роҳат мефиристод.

Бо чунин кору зиндагӣ шабу рӯзи Гулсум хуб мегузаштанд. Аммо рӯзе барояш як воқеа рух дод, ки Гулсум бовар надошт ки чунин бояд мешуд...Вале чунин шуд.

Рӯзе фарзанди яке аз дугонаҳои Ҷовида ба назди онҳо меояд. Ҷовида барои эҳтирому хотирдорӣ аз ин ҷавон талаб мекунад, ки бештар ба дидорбинии онҳо ояд.

Ин як воқеаи оддӣ барои Гулсум менамуд, аммо аз нигоҳҳои такрории он ҷавон ӯ эҳсос мекард, ҳодисаи нохӯше рӯй хоҳад дод. Баъд аз рафтани он ҷавон Ҷовида ба Гулсум ибзор карда гуфт:

“Ин фарзанди дугонаи қадимаи ман мебошад. Ӯ дар риштаи муҳосибот таълим мегирад...Бачаи хело хубаст...Аз солҳои ҷавонӣ ман ӯро мешиносаму мебинам”. Аммо Гулсум намедонист, ки чӣ тавр ба Ҷовида бигӯяд, ки “бачаи таърифии Шумо чиқадар хатарнок ба назар мерасад”.

Рӯзе Гулсум дар хона танҳо буд. Ҷовида ва шавҳараш ба ҷашне рафта буданд. Занги дар садо дод... Гулсум дарро боз карду дид, ки Обид дар берун истодааст. Сипас ба ӯ гуфт, ки Ҷовида ва шавҳараш дар хона нестанд. Бо шунидани ин бояд ӯ мерафт, аммо ӯ бошад меистоду ба Гулсум иброз мекард, ки “шояд ба зӯдӣ омада расанд”.

Гулсум ҷавоб дод, ки дар ин бора ӯ чизе гуфта наметавонад. Бо вуҷуди ҳамаи ин ҷавон намехост, ки аз он ҷо биравад...Ҳамин тавр, Гулсум дубора барояш фаҳмонд, ки онҳо дар хона набуда, маълум нест кай хоҳанд бозгашт.

“Хуб ин тавр бошад ман бояд равам....Аммо аз ҷойи хело дур пиёда омадаму хело хастаам. Илова аз ин кори муҳимме ба холаҷон низ дорам”, - изҳор кард Обид ба Гулсум.

Гулсум ноилоҷ ба ӯ иҷозат дод, то ба хона дарояд. Сипас ба ӯ изҳори сипос карду гуфт:

-Каме интизор мешаваму пас меравам.

Гулсум барои чой овардан хост ба ошпазхона равад. Ин лаҳза Обид ба тарафи ӯ садо кард:

-Лутфан заҳмат накашед... Бишинед ва маро дар хиҷолат нагузоред.

Гулсум ноилоҷ монду нишаст. Обид дар бораи худаш ба нақл кардан оғоз карду гуфт:

–Ҳар рӯз дарсҳоям соати 2 тамом мешаванд...Каме истироҳат карда ба идорае ба кор меравам. Ҳамин тариқ, шомгоҳӣ ба як ҷое рафта дам мегирам...Ин аст зиндагии серталотуби ман (серкорӣ). Гулсум ба суханони ӯ гӯш дода, сар ҷунбонида гуфтаҳояшро тасдиқ мекард.

Ӯ суханашро идома дода гуфт:

-Ман самимона кор мекунам. Зеро вазифаам хело хуб аст...Дар ду соли кориам пули зиёде ба хона ирсол кардаму каме аз онро барои худ пасандоз кардам.

Гулсум ҳарфҳои ӯро бо диққат гуш медоду хомӯшона менишаст.

Обид ба суханаш идома доду гуфт:

-Орзуву умедҳо пура мешаванду одамизод тараққӣ кардан мегирад. Оё дуруст намегӯям? Гулсум бошад сари худро ҷунбонида сӯханони Обидро тасдиқ мекард.

Обид ҳаракату ҳолати ӯро дида хандида ба суханаш идома медоду мегуфт: -Мебахшед, мехоҳам бароятон як амри муҳимеро бигуям.

Гулсум ӯро гуш медоду бо сари худ ишора мекард.

Обид ба вай нигаристу яку якбора сахт хандида гуфт:

-Мехоҳам ба шумо бигуям, ки дар дасти фарзанди яке аз дӯстонам як бозичаи зебоеро дидам, ки як лухтакчае ба дӯхтарчае калид медиҳад ва ӯ онро гирифта сари худро меҷунбонд. Ҳаракату ишораҳояш монанд ба сарҷунбонии шумо....

Сипас Обид сӯханашро тамом мекунаду боз механдад. Аммо барои Гулсум чунин тарзу гуфтугӯи Обид писанд намеомад.

Ҳамин тариқ, Обид суханонашро идома дода гуфт:

-Мебахшед, ман ягон сухани бад гуфтанӣ нестам, аммо ба назарам ба шумо ин амали ман нописанд омад.

Гулсум мехост аз курсияш бархезад, ки дар вақт Обид аз вай пурсид: -Ба шумо чӣ шуд?

-Аз омадани Ҷовида хабаре нест...Агар хоҳед интизор шавед....Ман бояд корҳоямро анҷом диҳам. Обид баъди суханони Гулсум аз ҷояш бархосту гуфт:

-Ташаккур ба шумо, ки суханони маро нодуруст нафаҳмед. Ва дар ҳақиқат маълум нест, ки онҳо кай ба хона меоянд. Хайр Худо ҳофиз ман рафтам.

Ҳамон рӯз бегоҳи соатҳои 9-и шаб Ҷовида ва шавҳараш ба хона омаданд. Гулсум бошад ба таври кӯтоҳ ба Ҷовида гуфт:

“Апа... вай ... Обид омада буд... Шуморо пурсиду рафт”.

Барои Гулсум ин воқеа аҳамияти хоссе надошту ба таври маъмулӣ шабу рӯзашро сипарӣ мекард. Ҳамин тариқ, Гулсум тақрибан Обидро аз ёд бароварда буд. Вале як рӯзе Гулсум баъд аз харидорӣ ба хона боз мегашт, ки нохост касе ӯро дар роҳ диду хандида ба вай гуфт:

-Саломалайкум Гулсум соҳиба! Ман Обид ҳастам.Нашинохтед маро?.

Бо шунидани овоз Гулсум бо садои каме хаста ба ӯ посух дода гуфт:

- Бале шинохтам, бифармоед.

Обид гуфт:

-Ташрифу шинохт муҳим нест. Саломатии шумо хуб бошад. Гулсум бошад, “бале” гуфта, қадамашро тез-тез монда мерафт.

Ҳамин тавр, Обид чанд бори дигар аз паси ӯ поидан мегирифту мехост ҳамроҳаш гуфтугӯ кунад. Ба дили ӯ роҳ ёфта, гоҳ-гоҳе ӯро дар мошин савор мекарду ба хона мерасонд. Аммо Гулсум бошад ба ин рафтору корҳои Обид таваҷҷӯҳи хос намекард. Дар бораи рафтору кирдораш бо Ҷовида ҳам чизе намегуфт. Вале як чиз хаёлашро мебурд, ки “чаро ин ҷавон пайваста ба зиндагии Гулсум дахолат мекунаду бидуни андешае ба ӯ наздик шудан мехоҳад... Гоҳе аз паси ӯ ба бозор меравад. Ӯро танҳо ёфта ба наздаш меояд. Доимо дар интизори дидани ӯ мебошад”.

Бо мурури вақт, рӯзе Обид аз Гулсум мепурсад:

-Шумо ба дигар шахс эҳтиёҷ надоред.... Оё мо ва шумо наметавонем бо ҳам бошем?

-Чӣ хел бо ҳам бошем?-пурсид бо тааҷҷуб Гулсум аз Обид.

-Чи тавре ки ду нафар бо ҳам муҳаббат мекунанд... Ҳарф бизан Гулсум...Дилатро ба лабҳоят бирасон- изҳор кард Обид ба ӯ.

-Дар дилам ягон ҳарфе нест то бароят бигуям-посух дод Гулсум.

-На ту дурӯғ мегӯӣ, гуфт Обид ба Гулсум.

Гулсум каме хомӯш монду сипас ба ӯ гуфт:

-“Обид ту мехоҳӣ, ки ман аз таҳти дил бо ту сӯҳбат кунам.Ту медонӣ ки ман ба инҷо барои мувақаттӣ омадаам.Дар Ватани худ дӯхтарчаи меҳрубону ягона дорам, ки бароям дар ин дунё ҳамроҳу ёварам мебошад. Ба хотири ӯ ба инҷо омадаам.Дар дилам чунин орзу дорам, ки ҳар яке мову шумо бо роҳи худ зиндагиашро идома диҳад”.

Аммо Гулсум дар дилаш эҳсос мекард, ки Обид мақсадашаро иваз кардан намехоҳад. Ҳамин тариқ, Обид дар мақсади худ истода ба Гулсум таъкид карду гуфт, ки “ман бо ту зиндагӣ хоҳам кард, вагарна худкушӣ хоҳам кард”.

Бо шунидани он Гулсумро ларзаи сахт фаро гирифт....Ҳамин тариқ, ноилоҷ маҷбур шуд бо вай издивоҷ кунад. Сипас бо ҳам ба таври пинҳонӣ аз Ҷовида издивоҷ карда, тӯй барпо намуданд. Обид бошад дар шаҳр хонаеро барои зиндагӣ ба иҷора гирифт.

Дар аввалҳои зиндагиашон Обид ба Гулсум изҳори муҳаббат мекард...Ва шабу рӯзашро бо вай сарф мекард... Лекин ин ҳама фақат барои чанд моҳе буду халос... Рафтору кирдори Обид тағйир меёфту то дери шаб ба хона дигар намеомад... Баъд аз омадан ба зани худ бо дилсардӣ (бе меҳру муҳаббат) рафтор карда сару садо ва дӯғ мезад.

Ҳоло бошад ҳақиқат барои Гулсум баръало маълум шуд. Вале дар ин ҳолат ӯ чӣ кор карданашро намедонист...Зеро дар батнаш фарзанди духтар дошт.

Ҳамин тавр, кӯдаки Гулсум дар бемористон таваллуд шуд.... Аммо Обид бошад барои дидани ӯ намеомад. Ягона ғамхору гамгӯсори Гулсум муаллима Ҷовида буду халос... Аз шарму ҳаё аз чашмонаш об мерехт. Ҷовида бошад Гулсумро барои ин кораш хело сӯханони сахт мегуфту мехост то ҳар чӣ зӯдтар ӯ инҷоро тарк кунад. Аммо зориву таваллои Гулсумро медиду дилаш ба ӯ месӯхту раҳмаш меомад.

Ҳамин тариқ, Ҷовида ягона сарпаноҳи ӯ буд. Вале бештари вақтҳо барои чунин кораш бо вай дилсардона рафтор мекард. Бо замми ҳамаи ин саргардониҳову лаҳзаҳои душвор дар зиндагии Гулсум боз ду ҳодисаи аламоваре рух дод.

Шавҳараш Обид аз Англия рафт, вале маълум набуд, ки ба куҷо рафта бошад. Дуввум инки падару модари Обид ҳамон шабу рӯзҳо ба Англия омада буданд. Он шабу рӯз ҳолати навзоди Гулсум хуб набуду то дери шаб мегирист ва субҳ бар вақт ӯро Ҷовида бедор мекарду ба ӯ мегуфт:

-Бубин Гулсум! Хусуру хушдоманат ба инҷо омадаанд... Ту вазифадорӣ ки ба наздашон рафта ҳамроҳашон зиндагӣ намоӣ.

Вале Гулсум бошад пешниҳоди Ҷовидаро рад мекарду мегуфт:

“Ман мехоҳам ба хона боз гардам.... Шумо бароям хело меҳрубонӣ кардед... Як меҳрубонии дигар карда маро ба хона фиристед... Тамоми умрам аз Шумо сипосгӯзор хоҳам буд”. “Яку якбора рафтани ту дар ин вақт муносиб нест, зеро аз Обид то ҳол хабаре нест. Шояд рӯзе ба хона ояд. Лиҳозо ту бояд ҳамроҳи хусуру хушдоманат дар хона интизорӣ омадани ӯ бошӣ... Ӯ шавҳари ту ҳаст... Хонаи падару модари Обид, хонаи ту ҳам мебошад”- мегуфт Ҷовида ба Гулсум.

“Апа маро ба хонаам фирист... Ман бо чунин рафторам чӣ тавр бо онҳо дар инҷо зиндагӣ мекунам”?- изҳор мекард Гулсум.

Ҳамин тариқ, Ҷовида ба Гулсум гуфт, ки худаш бо онҳо сӯҳбат хоҳад кард. Гулсум бошад дар ҷавоби Ҷовида чизе гутфа натавонист ва бо ҳамин як ҳафта сипарӣ шуд. Рӯзе Ҷовида ба назди Гулсум омада садо кард:

“Гулсум бихезу сомонҳоятро ҷамъоварӣ бикун”.

Бо шунидани он Гулсум бо як тарсу ҳарос ашёи худро ҷамъ кард ва Ҷовида ӯро ба хонае, ки Обид пеш аз ақди никоҳ гирифта буд, оварда монд.

Сипас ноилоҷ Гулсум бо як биму ваҳм ба назди хушдоманаш ҳозир шуд.

Хушдоман ӯро дида бо як лаҳни сангин чунин изҳор кард:

-Эй духтар чаро чунин кори баде кардӣ! Оё шарму ҳаё надорӣ.... Магар оби чашмонат пажмурда шудааст?

Дар чунин лаҳзаҳои душвору ғамангез аз утоқи дигар хусураш ворид шуду ӯро сарзаниш кард. Бо ҳамин дарду ранҷу дашномҳо барои Гулсум ҳамроҳи онҳо зиндагӣ кардан хело сангин буд, вале дигар чорае надошт. Ӯ бесаброна Обидро интизор мешуд, аммо аз ӯ хабаре набуд... Ба касе куҷо рафтанашро хабар надодааст... Ва ҳеҷ хату хабаре аз вай дарёфт намешуд.

пешина
аз 17
навбатӣ