Мирзо Адиб Дастҳои асири шуъои офтоб (Маҷмуаи ҳикояҳо)

Асри ХХ дар таърихи адабиёти урду асри бемисли инкишоф ёфтану ба майдони адабиёт омадани садҳо адибони болаёқат, аз ҷумла насрнависони маъруф мебошад. Дар асрҳои пешин дар адабиёти урду агар аслан инкишофи назм бартарӣ дошта бошад, пас дар асри ХХ инкишофи бемайлони наср мушоҳида мешавад. Чунин жанрҳои мансур ба мисли ҳикоя ва роман, метавон гуфт, ки маҳз дар ҳамин давра пайдо шудаанду ба авҷи аълои инкишофи худ расидаанд.
зеҳни сунъӣ · 2 ноябри 2024 · 17 саҳифа
Деҳаи “Болиё вала”
Устоди мукаррам “Ассаломуалайкум”!
Шумо ин суханро шунида ҳатман дар ҳайрат хоҳед монд, ки ман баъд аз ҳашт ё даҳ рӯз лозиман саргӯзаштамро тавассути мактуб ирсол хоҳам кард. Аммо бисту ду рӯз мешавад, ки ба Шумо ягон мактубе нанавиштаам. Қисса кӯтоҳ баъд аз ирсоли мактуби гӯзашта, ҳолатҳое дар рӯзгорам рух дод, ки ба зеҳну қалбам хело сахт таъсир расонданд. Кӯшиш мекунам то мухтасар бароятон ироа намоям. Дар мактуби пешинаи худ дар бораи меҳрубониҳои Хон соҳиби калонӣ ёдоварӣ намудам. Фикр мекардам, ки меҳрубониҳо ин қадар тӯлонӣ нахоҳанд шуд, то машғулиятҳоямро санҷида, ба хулосаи ниҳоӣ расонам. Ҳамин тариқ, вазифаву машғӯлиятҳоямро санҷида дидам, ки тамоми вақтҳоям дар шикоргоҳу сарфи дастархон сипарӣ шудаистодааст.
Шукр ки, рӯзи дигар каму пеш корҳое анҷом ёфт. Ҳамин тавр, барои беморон вақт ҷудо карда, арзу шикоятҳояшонро шунида, барояшон доруву тавсияҳо медодам. Рӯзҳо мегузаштанду Хони калонӣ барои оромиву осоиши ман ашёи наву тозаро омода мекард. Ман бошам бо чунин осудагиҳо аз мақсаду мароми аслии худ кам-кам дур мешудаму ба беморон камтар таваҷҷӯҳ мекардам. Дар ин зимн, саволе дар зеҳнам пайваста чарх мезад, ки “ман доктор нестам”. Ман барои Хон соҳиби калонӣ фақат як шахси дучори азобу ғаму андӯҳшуда мебошам. Ин ҳақиқатест, ки бароям хело дарднок мебошад.
Дар шабҳои танҳоӣ аз худ савол мекардам, ки ман дар инҷо чӣ кор кардам ва чӣ хоҳам кард. Дар зеҳнам чизе ба мисли шуълае аланга мезад. Китобҳоямро боз карда, ҷавоби саволро пайгирӣ мекардам. Борҳо кӯшиш кардам, аммо ҳанӯз шуъла аланга задан мегирифт.
Ҳамин тавр, тасмим гирифтам, ки ба ҳадафу мақсади аслии худ бояд кор кард. Лиҳозо аз маҳалли бунгалои Хон баромада, ба хонаи як манзилаи пешина рафтам.
Аз ин тасмими ман Хон хабардор шуда фавран маро талаб карду гуфт: -Ҷаноби доктор Шумо чӣ мушкилот доред?
Дар ҷавоб гуфтам: “Ҳеҷ норасоиву таклифе надорам Хон соҳиб! Ман аз Шумо хело ташаккурӣ мекунам”.
-Пас чаро аз инҷо рафтед?-пурсид Хон аз ман.
-Ман ба ин ҷо барои муолиҷаи беморон омадаам Хон соҳиб. На барои осоишу ором кардан. Лиҳозо маро танҳо гузоред то корамро анҷом диҳам. Аз меҳурбониҳои Шумо беандоза ташаккурӣ мекунам.
Аз ин сухану гуфтаҳои ман чеҳраи Хон соҳиб сурх гашт ва бо қаҳр гуфт:
-Шумо ношукрӣ карда, эҳсонфаромӯшӣ намудед!
Дар ин зимн, ҳамроҳони Хон ба як овоз бароварда гуфтанд:
“Бале, дуруст” , ҷаноби Хон.
Бо садои баланд Хон аз ман пурсид, “Набошад Шумо чӣ мехоҳед”? -Ҷаноби Хон хоҳишамро бароятон арз кардам ку!
-Яъне эҳсонфаромӯшӣ мехоҳед,- иброз кард ӯ.
Хон ин суханро мегуфт, ки яке аз мусоҳибонаш садо баланд мекард:
“Ин тавҳин барои Шумост”.
“Бале тавҳин аст”, ҳама сухани ӯро тасдиқ мекарданд.
Бо ҳамин мусоҳибаи ману Хон соҳиб тамом шуду ба хона бозгаштам. Сипас Хони хурдӣ ба наздам омаду бо нармиву оромӣ гуфт:
“Пеш аз ҳама Шуморо хӯш омадед гуфта, ҳаргиз намехоҳам ба Шумо осебе расаду ба ранҷу мубтало дучор гардед. Меҳрубонии Хони калонӣ фаровон буда, ғаму ғӯссааш аз он фаровонтар мебошад. Дониста бошед, ки Шумо ношукриву эҳсонфаромӯшӣ карда, ӯро сахт ранҷонида тавҳин кардед”?
Сӯханони ӯро хомӯш истода гӯш дода иброз кардам, “Яъне....”, “Бале”...
Ҳамин тариқ, Хони хурдӣ маро ҳӯшдор доду рафт. Он шаб дар хоб будам, ки садои тақ-тақ ба гӯшам расид. Аз тиреза ба берунро нигариста, дидам, ки чанд одам дар шонаҳояшон милтиқ дар атрофи девори хона истода буданд. Онҳо маро дида пойҳояшонро сахтар ба замин мезаданд.
Ин аввалин воқеаи он шаб мебошад. Шаби дигар ҳам ин боз рух дод.
“Ман ба Шумо гуфта будам, ки Хон соҳиби калонӣ Ғазанфар Алишоҳро маҷбур карда буд то талаботашро иҷро карда, саги талабкардашро бидиҳад.Дар натиҷа Шоҳ ночор онро пазирӯфта, талаби ӯро иҷро кард”, иброз мекард Хон ба ман.
Дертар бароям Раҳмат хабар дод, ки одамони Хони калонӣ ду шаб ин амалиётро анҷом доданд ва шаби саввум маълум нест, ки чӣ коре хоҳанд. Соати дуи шаб буд. Онҳо гирдогирди хонаи маро давр заданду рафтанд. Баъд аз омаданашон як лаҳзаи худро сарф накарда тасмим гирифтам, ки талаботҳои онҳоро риоят намуда, ҳамин тавр ҳамроҳи онҳо зиндагонӣ бояд кард.
Сипас дар ду халта якчанд шишаҳои давоҳо ва дигар чизҳоро ҷобаҷо кардам. Дар ин халтаҳо маводу матоъҳои дар ҷевонбуда, мавҷуд буданд. Ин вақт дар чаҳор тараф хомӯшӣ ҳукмфармо буд. Магар ҳарфҳои зеррини Шумо гӯшҳоямро танинандоз мекарданд, ки ба мо иброз мекардед:
“Мақсади Шумо хидмат ба халқи Худост. Ғаму дарди инсониятро раҳо кардан мебошад”.
Ин суханон пайваста маро хурсанду танинандоз мекарданду ба дилам таъсир мерасониданд. Ман ҳанӯз зинда ҳастам. Мақсаду мароми аслиам низ ҷовидонанд. Ҳамин мақсаду маромамро ба пеш хоҳам бурд, “Яъне хидмат расонидан ба деҳае..., шаҳре....ва маҳаллаи камнавоёну камбағалону дур аз аҳолии шаҳр”.
Баъд аз хатми мактуби худ, ҳар ду халтаи худро гирифта, бо дӯстдучархаи қадимаи худ ба роҳ баромадам. Ба сӯи роҳҳои ноошнову номаълум. Илтимоси дуо аз Шумо дорам.
Шогирди ниёзмандӣ Шумо Анис Ризо Рози як модар Гули ман, духтарам!
Худованд туро солим нигоҳ дорад. Дар оғоз таманно, хоҳишу дуоҳои нек аз тарафи модар ба ҷигаргӯшаи худ қабул бошад. Худованд туро бо ҳазорон хушиҳо тандурусту солим ҳифз намояд. Ҳамин хушиҳо бо зиндагии ту ҳамроҳ боқӣ монад.
Ман аз хабари рафтанат ба Амрико ва дарёфти таҳсили илму дониш ва бозгашт ба Ватан огоҳ шудаам. Аммо бо сабаби маҳрумӣ аз он хурсандии комилро дарёфт накардам. Ин сабаб зарурат ба шарҳу баён надорад, зеро худат онро мефаҳмӣ!
Ин мактубро дароз кашида аз беморхонаи зиндониён китобат дорам. Ҳафт рӯз пеш аз дарди шадиди сутунмӯҳра ранҷ мекашидам, ки маро ба ин ҷо оварданд. Духтурон маро аз ҳар навъ ҷунбиш манъ кардаанд. Даҳ сол мешавад, ки хонаро, ки хонаи ту ҳам ҳаст, тарк кардам. Аз он вақт то ба ҳол “худат бош” гуфта, зиндагӣ дорам. Дар ин ҷо ҳам “худат бош” гуфта, умр ба сар бурда истодаам.
Гули ман! Дар ин даҳ сол борҳо талош карда хостам бароят аз танҳоӣ, дарду ранҷи беморхона ва вазъи зиндон қисса намоям. Имрӯз ҳам бо ту сӯҳбат дораму дар оғоз аз ғаму дарди дилам мегӯям ва ҳамзамон ҳамаро дар саҳифаи варақ дар шакли нома менависам. Пештар ҳам бароят нома менавиштам, аммо ин нома бо равиши ҳикоявӣ (сабки анъанавӣ) таҳия мегардад.
Духтаракам! Ин нома он розҳоеро ба ту мерасонад, ки аз ҳарими дили ман берун набуда, балки то ба ҳол аз худам ва ҳатто аз ту ҳам онҳоро махфӣ нигоҳ медоштам. Ин рози як модарест, ки ба духтари худ ошкоро баён мекунад.
Гули ман! Дар ин даҳ соли сипаришуда, дар ҳамин хона интизори ту будам. Ҳоло ту бо гузашти айём бузург шудиву ҳушманд гаштӣ. Ҳамин тавр, ту аз ҳақиқати шириниву талхиҳои ҳаёт огаҳӣ пайдо кардӣ. Ба хориҷа рафта,
хело чизҳоеро мушоҳида намудиву дарк карда, ба камол расидӣ. Вале ту тасаввур намекунӣ, ки барои ифшои ин роз чандин мароҳилро бо душвориву сахтиҳо сипарӣ кардам. Интизориҳоям тамом шуду Худованд бароям тавфиқ дод, то тавассути нома дардҳоямро ба ту расонам. Боварӣ дорам, ки ангуштони дастонам то лаҳзае ки калимаҳо дар қолаби алфоз қарор мегиранд, ба ҳаракати худ идома хоҳанд дод.
Силсилаи навиштанамро аз давраҳое оғоз мекунам, ки ман донишмӯзи соли охири магистерӣ будам. Дар муҳити донишгоҳ талабаву толибаҳо бо ҳам сӯҳбату мулоқотҳо мекарданд, аммо ман бештар камгӯӣ ва хилватписандиро ихтиёр карда, ба хондани китобҳо машғул мешудам. Дар донишгоҳ маҳфилу маҷлисҳои адабӣ баргӯзор мешуд. Рӯзе дар яке аз маҳфилҳо шиносоии ман бо як ҷавоне ки дар либоспӯшӣ бепарво, аммо аз чеҳра хело донишманду оқил ба назар мерасид, сурат гирифт.Тарзи гуфтор ва лаҳҷаи ӯ маро хело мутаасир мекард. Вале бо вуҷуди як дидор ва ду ё се мулоқоти дигар худро аз доираи гирифториҳо раҳо карда, наметавонистам. Миёни ман ва ӯ монеае ба дида мешуду бо ҳам бегона ба назар мерасидем. Ҳамин тавр, вақт мегузашту бепарвоёна чизеро эҳсос намекардам. Баъди гузашти қариб чаҳор моҳ аз воқеа, ҳамин ҷавон бе ягон санҷишу озмоишҳои иловагӣ мо бо ҳам шарики ҳаёт шудем. Ин навҷавон Гулзорхон ном дошт ва бо ҳамин падари ту шуд.
Духтарам!
Ҳар модар ба фарзанди худ ҳарфҳоеро, ки ман ба ту мегӯям, намегӯяд.
Бо изҳори ин ҳарфҳо мехоҳам то ту аз воқеаҳо ва ҳар паҳлӯи зиндагии ман огаҳӣ дошта, бехабар намонӣ. Падарат Гулзорхон ба зиндагии оилавӣ қадам гузошту ҳаёти маро ба як гулзоре табдил дод. Бароям ҳар навъ роҳат, оромиву осоиши хаёлро фароҳам оварда, ҳар хоҳишамро, муҳайё мекард. Ҳамин тариқ, баъди оиладоршавӣ зиндагии ман хело хушу хубу форам мегузашт, вале нохост дар ботинам халидани хоре эҳсос гардид. Пиразане аз хонаводаи мо рӯзе бароям хабаре расонида, гӯфт: “Гулзор кори хуб накард, вай муддатҳои зиёдаст, ки бо Симон барои оиладоршавӣ фотиҳа шудааст. Аммо чаро боз бо ту мехостаст оила барқарор намояд”. Ин хабари пиразан маро дар изтироб андохт ва лаҳза ба лаҳза ғаму дарди маро зиёд мекард.
Одатан Гулзор аз ҷойи кораш баромада рост ба хона меомад. Аммо як рӯзе соат 11-и шаб буду аз ӯ хабаре набуд. Ман бе ӯ хӯрок тановул намекардам ва ҳамон рӯз ҳам ягон луқмае гирифан нахостам. Ҳамин тариқ, ман борҳо ба хона медаромадаму гоҳе ба саҳни хона мебаромадам. Ҳамин вақт садои занги дар омаду хидматгори хона Ама Суғро дарро боз кард. Вале ман медонистам, ки ин Гулзорхон мебошад. Зеро одатан ӯ меомаду дарро барояш боз мекардам. Ҳамин тавр, ӯ маро нодида ба дохили хона даромаду дубора ба боғчаи хона баромада садо кард: “Осима чаро ту дар ҳавои сард инҷо ҳастӣ! Ман бениҳоят шарм мекунам, ки дер шуд. Бо кори идора машғул будаму бо сабаби корношоям будани телефони корӣ тамос гирифта, натавонистам”.
Ман ҳарфҳои ӯро бо хомӯшӣ гӯш карда, ӯзрашро набахшида будам, ки боз гуфт: “Осима каме ба ман гӯш бидеҳ. Ман бе ту ва бе иҷозати ту куҷо рафта метавонам”?
Ман дар ин ҳарфҳояш ҳам хомӯш меистодам, ки боз сӯхан кард, “Осима ба ту чӣ гап шуда бошад”.
Ғаму ғӯссаам аз ҳарфҳои ӯ бештар шуда, ман маҷбур шудам то барояш чунин бигӯям:
-Фотиҳабахшии ту дар даврони ҷавониат бо як нафаре сурат гирифта буд?
-Бале сурат гирифта буд, -ба як дам чунин ҷавоб дод ӯ.
-Ӯ кӣ буд?- пурсидам ман.
-Бо як зане, ки номаш Симон буд. Ӯ яке аз хешовандон дури ман буд, гӯфт ӯ.
-Тӯ аз ин воқеа то ба ҳол ба ман чизе нагӯфтӣ ҳанӯз? -пурсидам ман.
-Ӯ чанд лаҳза хомӯш истода гӯфт:
“Осима зарӯрат надонистам гуфтани онро. Зеро агар туро пайдо намекардам, бо вай оиладор мешудам”. Вай дар дилаш чизе гузаронида гуфт: “Осима инсон гоҳе аз воқеа ё ҳодисае мутаасир шуда, фирки пешинаи худро хато дониста, онро иваз мекунад. Ман ҳам ҳамон рӯзеки қарор додам бо ту оиладор шавам, бо Симон мулоқот карда, аз ӯ маъзарат хостам”.
“Ту як зани фарохдил мебошӣ”, идома дод ӯ.
“Хуб, ин фикру эҳсоси дили шумост ва Худованд шуморо хушиҳо насиб фармояд”,-гуфтам ман.
Вай аз курсиаш бархосту ба хонаи хоб рафт.
Духтарам, Гул!
Вақтоки падарат чунин тарз рафтор мекард, ман аз ӯ изҳори воқеиятро пай мебурдаму гуфтаҳояшро бовар мекардам. Дар зеҳнам меомад, ки чунин гуфтумону кашмакашиҳо дар зиндагӣ бояд рух диҳад. Аммо духтараки азизам, вақто ки ту дар оғӯшам будӣ, эҳсоси хушиҳоям ба монанди гул бештар мегашт. Лиҳозо фикр мекардам, ки ҳар навъе баҳсу ҷидол бо падарат боиси нобудии хушиҳоям нагардад. Ту нури чашмони ман будиву падарат туро хело дӯст медошт. Дар вақти ном монданат, чанд пешниҳод барояш кардам, аммо падарат ҳамаашро рад мекард.
Ноилоҷ ба ӯ гуфтам, ки охир ягон ном гузоштан барои фарзандамон лозим ҳаст. Вай мегуфт, ки номи ӯ худ ба худ кайҳо интихоб шудааст. Аммо чизеро нафаҳмида, аз ӯ пурсидам, “Кадом ном”?
Ӯ ҷавоб медод, “номи ман” чист! Аз ин ҷавоби падарат хело сарсону парешон шуда, барояш мегуфтам, “аз ман чаро номатонро мепурсед”?
Вай бошад бо ҷиддӣ аз ман мепурсид, ки “Бигӯ номи ман чист”? Дар ҷавоби падарат иброз мекардам, “Оё ҳаминро ҳам аз ман мепурсед! Номи шумо Гулзорхон ҳаст”.
Ӯ мегуфт, “агар номи ман Гулзорхон бошад, номи духтарамон Гулигулзор мебошад”.
“Чи хел”, -бо қаҳқаҳа пурсид аз ман падарат. “Гулигулзор”?-бо тааҷҷуб пурсидам ман.
Бале,“номи духтарамон Гулигулзор мебошад ва бояд ҳамин тавр бошад. Зеро ҳамаи дурахшу равнақи гулзор аз ҳамин Гул ҳаст. Пас чаро Гулзор набошад”?-изҳор кард ӯ.
Ҳамин тариқ, падарат чунин гуфта, туро аз оғӯшам гирифту аз пешониву рухсораат бӯса кард. Падарат туро хело дӯст медошт ва ту ҳам то омадани ӯ дар паси дарвоза нишаста, бетобона то омоданаш интизорӣ мекашидӣ.
Акнун мехоҳам ду воқеаро бароят нақл кунам.
Падарат Гулзорхон гоҳ-гоҳ ба хона дер меомаду сабабашро аз ӯ мепурсидам. Як рӯзе дер омада чунин гуфт:
“Осима, ман шармандаам, ки натавонистам ба таври бояду шояд аз ту иҷозат бигирам. Ин хел шуд, ки шавҳари Симон бениҳоят бемор мешаваду бояд зуд ба бемористон бурда шавад. Ҳолаташ бениҳоят вазнин буд. Ман шояд ба ту нагуфта бошам, ки Симон аз як хонаводаи оддӣ оила барқарор карда буд. Аз бемориаш огаҳӣ пайдо карда, фавран ба хонаи ӯ рафтам. Ӯро ба таксӣ савор карда, то беморхона расонида, кӯмакаш кардам. Ман ба рафтор ва фарохдилии Осима боварӣ дошта, ҳар бегоҳӣ аз Афзал шавҳари Симон хабар мегирифтам”.
Баъд аз шунидани узровариҳояш аз вай пурсидам, “Чаро маро хабар накардӣ”?
Дар ҷавоб падарат гуфт,“Осима, ту саволи баҷо додӣ, аммо ба шахсияти ту боварӣ дошта, фикр мекардам, ки рӯзе ҳамроҳ ба беморхона хоҳем рафт. Ҳамин хаёлро доштам. Дигар ҳеҷ кадом муомилоте паси он нест. Осима бо боварии комил ба мегуяму ниятам нек буду нек аст”.
Дар ин маврид чизе нагуфтам ва падарат низ мутмаин гашт. Ҳамин тариқ, рӯзҳо мегузаштанду ту асоси ҳамаи хушиву хурсандиҳоямон будӣ. Ҳамаи инро мушоҳида карда, ба Худованд ҳазорон шукрона мекардам, ки давраҳои зиндагии ту хело шоиста мегузаштанд. Барои дарфёти илму дониш ба мактаб мерафтиву ба хона боз мегаштӣ.Баъд аз хӯрок ба хондани китоб машғӯл мешудӣ. Як модар аз фарзандаш чи орзуву умедҳо бояд дошта бошад?
Рӯзе аз рӯзҳо падарат шабона рангпарида ба хона омад. Дар ин вақт ту ба хондани китоби афсона машғӯл будиву нахостам падаратро дар чунин ҳолат бубинӣ. Аз дасти падарат гирифта, ба утоқ даромада, пурсидам, “то ин бевақтӣ дар куҷо будӣ. Духтарат Гул туро хело ёд карду пазмон шуд”.
Падарат пайваста мегӯфт, “дар он ҷо будам”.
“Дар беморхона”?-пурсидам ман аз падарат.
“Не, Афзалро ба хонааш оварданд”,- ҷавоб дод ӯ
“Ин тавр бошад, ту дар назди Симон будӣ”,-пурсидам ман.
Ин лаҳза медидам, ки дар чеҳраи падарат ғӯсса пайдо шуда рангаш сӯрх мегашт.
“Бале, барои ба онҷо рафтан чӣ мушикил аст”? -пурсид падарат аз ман. -Ҳеҷ мушкиле нест, аммо имрӯз бо чӣ ҳолат ба хона омадӣ?
-Ба чӣ ҳолат ба хона омадаам!
Ин кораш маро ғамгин сохту аз вай пурсидам,“Гулзорхон ба нашакашии ту боварӣ надоштам ва чаро одат дар ту пайдо шуда бошад”?
“Чаро аз ман чунин савол мекунӣ”,-хитоб кард ӯ.
Ноилоҷ ба изтироб омадаму забонам ба сухан даромад. Вале вай бошад бо нигоҳҳои оташбораш ба ман менигарист. Аммо ашки чашмонамро дида як дам ҳолаташ дигаргун шуду гуфт:
“Осима, аз кори шуда, хело пушаймонам”.
Дар ҷавоб гуфтам,“Гулзорхон, ба пушаймониву афсусхӯриҳоят дигар боварӣ надорам”.
“Ин тавр бошад, бигӯ ман чи кор кунам”, -пурсид Гулзорхон.
Ба сӯханаш гӯш дода, як дам аз ӯ пурсидам,“Якум маротиба аст, ки наша мекашӣ? То дери шаб дар куҷо будӣ? Кӣ туро ба ин кори бад ташвиқу тарғиб кард? Кӣ ҳаст ӯ?
Ӯ ба ҳамаи саволҳоям гӯш карду як ҷавоб дод, “дигар дар оянда ҳеҷ маротиба такрор нахоҳад шуд”.
То соати дуи шаб бо ҳам нишаста, баҳс муноқиша карда, аз гузаштаҳо ёд кардем. Падарат ба ман ваъда кард, ки ӯ дигар то охири умраш наша нахоҳад
кашид. Ман ӯро бахшидаму ба хона даромада, истироҳат кардем. Дарду аламу ғӯссаҳоям ва аз падарат ҳам зоҳиран то андозае тоза гаштанд.
Ин вақт ту дар хоби ноз будиву дар чеҳраат шодӣ намудор мешуду механдидӣ. Ман хурсандиатро дида аз Худо зориву тавалло кардам, ки туро ҳамеша шодон нигаҳ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё