МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
СИНФИ АВВАЛ
(Рўйнависӣ)
Мо «Алифбо»-ро тамом кардем. Худоро шукр, хат навишта метавонем. Хеле одоб ҳам ёд гирифтем.
Садриддин Айнӣ
Супориш: хат кашед (5-то)
1. Зери калимаҳои якҳиҷодори ҷумлаҳои боло
2. Калимаи «Алифбо»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
САРФАҶЎИИ АФАНДӢ
Латифа
1
(Рўйнависӣ)
Мулло Насриддин кампул шуд. Фикр кард, ки сарфаҷўӣ кунад.
Қарор кард. Ҳар рўз аз ҷави хараш қадре кам кардан гирад.
Супориш: 1. Калимаи «кампул»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
2. Калимаи «сарфаҷўӣ»-ро маънидод кунед
(сарфаю сариштакорӣ)
САРФАҶЎИИ АФАНДӢ
(Рўйнависӣ)
2
Афандӣ вақте ҳар рўз ба хараш мушти ҷаве кам медод. Оҳиста-оҳиста улоғи Афандӣ лоғар (хароб) шудан гирифт.
Супориш:1. Садонокҳои калимаи «Афандӣ»-ро муайян кунед. муайян созед.
2. Миқдори ҳамсадоҳои калимаи «гирифт»-ро
САРФАҶЎИИ АФАНДӢ
Имлои санҷиш
3
Ниҳоят хари ў мурда монд. Афандӣ ин ҳоли харро дида, гуфт:
-Хуб ба азоб кашидан одат карда будӣ. Афсўс, ки аҷал муҳлатат надод.
Алӣ Шоҳмирӣ
Супориш: 1. Нақшаи ҷумлаи якумро кашед.
2. Калимаи «азоб»-ро ба ҳиҷоҳо кунед.
ДАРАХТИ СЕБ ВА АНОР (нор)
(Рўйнависӣ)
Як дарахти себ ва анор буд. Онҳо дар ҳамсоягӣ бо ҳам сабз шуда буданд…
Супориш:1. Калимаи «дарахт»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
2. Ҳаммаънои калимаи «анор»-ро ёбед (нор) .
БАЧАИ ТАРБИЯДИДА
(Рўйнависӣ)
Бачаи тарбиядида нохуни дасту пояш ҳамеша гирифтагӣ мебошад.
Либосашро чиркин намекунад. Эҳтиёт карда мепўшад. Ба чангу хок олуда намекунад.
Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Миқдори ҳарфҳои калимаи
«эҳтиёт»-ро муайян кунед.
2. Хамсадоҳои калимаи «тарбиядида»-ро муайян намоед.
ЧЎПОН
(Имло)
Дар хонаҳои чашмат,
Маҳтоб лона дорад.
Чун меравӣ ба шаббош,
Бодат тарона хонад…
Равшан Ҳамроев
Супориш: 1. Шуморед, ки шеър аз чанд ҷумла иборат аст.
2. Калимаи «тарона»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо кунед.
МАҚОЛ ВА ПАНДҲО
(Рўйнависӣ)
Ҳақ ба ҳақдор мерасад.
*
Ваъда додӣ, вафо кун,
Қавл додӣ, иҷро кун.
*
Ростиро завол нест.
*
Моли муъмин-хуни муъмин.
*
Супориш: 1. Мақолу пандҳоро хонед.
2. Оид ба обу ҳавои имрўза яктогӣ ҷумла тартиб диҳед.
СУБҲХЕЗӢ
(Рўйнависӣ)
Маънои субҳхезиро медонед? Маънои субҳхезӣ аз хоб барвақт хестан аст. Касе, ки аз хоб барвақт мехезад, кораш барор мегирад.
Супориш: 1. Нақшаи ҷумлаи якумро кашед: 1
2. Мобайни ҷумларо пурра кунед: Ман субҳхезиро дўст медорам.
ПАДАР ВА МОДАР
(Имло)
Падари ман коргари фабрика мебошад. Ў ба кор ҳар субҳ барвақт меравад. Модарам хонашин аст. Вай ману хоҳар ва додарамро тарбия мекунад.
Супориш: 1. Номи худ ва падару модаратонро нависед. Намуна: Номи ман Миҷгона аст.
2. Миқдори калимаҳои ҷумлаи охири имлои навиштаро муайян кунед, ба маънои калимаи «тарбия» диққат диҳед.
СИНФИ 2
ЧОРЯКИ 1
РЕЙТИНГИ 1
МАРҲИЛАИ 1
НИМСОЛАИ 1
ГУРБАЧА
(Рўйнависӣ)
Мяв-мяв, гурбача,
Ҳар сў мадав, гурбача.
Аз тиреза гурехта,
Кўча марав, гурбача.
Ман мўниси ту ҳастам,
Меҳр ба ту бубастам.
Биё, ки бозӣ кунем.
Даст бидеҳ ба дастам.
Супориш: 1. Зери калимаҳое, ки ҳарфи ў доранд, хат кашед.
2. Нависед: «Меҳр ба ту бибастам».
ПАДАРУ МОДАР
(Имло)
1
Падару модарро иззат кардан, онҳоро бисёр бузургу калон донистан, аз гуфтаҳои онҳо набаромадан, суханашонро рад накардан, ҳамеша дар ҳама кор ризои онҳоро ҷустан ба ҳар кас лозим аст.
Падару модар дар тарбияи мо бисёр машаққатҳо кашиданд. Ва ба хуни ҷигар парвариш намуда калон карданд… Садриддин Айнӣ
Супориш: 1. Зери калимаҳои ҳарфҳои ё, я-дор хат кашед.
2. Нависед, ки «ризои онҳоро» боз чӣ мегўем
(розигӣ, иҷозат).
ПАДАРУ МОДАР
2
(Рўйнависӣ)
Ба синни ҳафтсолагӣ ба мактаб фиристоданд.
Ҳоло мо дар мактаб мехонем. Ҳеҷ ғам надорем. Хўроку пўшоки моро онҳо тайёр мекунанд. Акнун моёнро лозим аст, ки қадри падару модарро донем. Онҳоро бисёр иззат кунем. Бе иҷозати онҳо ҳеҷ корро накунем…
Супориш: 1. Нависед, ки «мактаб»-ро боз чӣ меномем (дабистон).
2. Ба зери калимаҳои й, ё, ў-дор хат кашед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё