МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ИМЛОҲОИ САНҶИШ ВА РЎЙНАВИСӢ ДАР СИНФҲОИ 1-4
Омўзгор пешакӣ баъзе калимаҳоеро, ки шогирдон ҳоло бо онҳо шинос нестанд, дар тахтаи синф менависад. Сипас, аз китоб матни интихобкардаашро аввал равону бурро ва ифоданок мехонад. Ба шогирдон таъкид мекунад, ки ҳангоми рўйнависӣ ва имло ба калимаҳои дар тахта навишташуда зеҳн монда, ба тарзи навишти онҳо хуб диққат диҳанд ва кўшиш намоянд, то онҳоро беғалат нависанд. Минбаъд ин калимаҳоро калимаҳои душвор мегўем.
Ба гурўҳи калимаҳои душвор дохил мешаванд:
1. Калимаҳое, ки хонандагон дар дарсҳои қаблӣ бо онҳо шинос нашудаанд ва имлояшонро алҳол нагузаштаанд.
2. Калимаҳое, ки эзоҳталабанд.
Ҳамзамон набояд фаромўш кард:
- ҳангоми қироат талаффузи калима, ибора ва таркибҳоро кашол додан мумкин нест, то ки бачаҳо дар навишти имло ба ғалатнависӣ роҳ надиҳанд.
- дар вақти имло таркибҳо, ҳиссаҳои ҷумла
(синтакма) ҳатман ба эътибор гирифта мешаванд.
- муаллим дар синф ҷойеро интихоб мекунад, ки ҳамаро хуб ва баробар дида тавонад ва ҷараёни фаъолияти шогирдонро дуруст назорат намояд.
- ҷумлаҳоро набояд калима ба калима имло кунем, ки ин боиси рўй додани ғалатҳои зиёде дар имлои хонандагон мегардад.
Баъд аз навиштани имло муаллим матнро такроран мехонад, то шогирдон имкон пайдо кунанд, ки ҳатоҳояшонро ислоҳ намоянд. Масалан, агар дар матн ибораи сифатии «дашти васеъ» омада бошад, бояд ҳар калимаашро на ҷудо- ҷудо, балки якҷоя хонем, дар акси ҳол мумкин аст, ки баъзе бачаҳо дар калимаи «дашти» ба ҷойи бандаки изофии «и» «ӣ»-и заданок нависанд.
Ва ниҳоят, баъди ба охир расидани навиштани имло муаллим матни онро бояд ҳатман бори дигар хонад. Баъд аз гузаронидани машқи дамгирӣ ба иҷрои дигар супоришҳои иловагӣ шурўъ менамоем.
Мақсад аз гузарондани санҷиши имло дониши имлоии бачаҳоро санҷидан аст. Илова ба ин, гоҳ-гоҳ дониши грамматикӣ, лексикӣ-луғавӣ ва инкишофи нутқи бачаҳоро ҳам бояд санҷида муайян намоем, ки ин корҳоро тавассути гузаронидани машқу супориш- ҳои иловагӣ анҷом додан ба мақсад мувофиқ аст.
Ба ақидаи академик М. Лутфуллоев ин гуна машқҳоро «супориш» меномем, ки он аз доираи талаботи матни имло берун намебарояд. Ин иборат аст аз таҳлили грамматикӣ, ишора кардани овоз ва ҳарфҳо, ҳиҷо, таркиби калима, ҳиссаҳои нутқ, таҳлили аъзои ҷумла ва ғайра.
Масалан, зери калимаҳои дорои ҳарфи «й» ва ҳарфҳои шадда ва исмҳои ҷумлаи сеюм хат кашед, калимаҳои якуму дуюм ва чорумро ба ҳиҷоҳо ҷудо намоед, аз ҷумлаи якум калимаи «кўҳсор»-ро ба ҳиҷоҳо ҷудо карда, аъзои ҷумлаи охиринро ишора кунед ва амсоли инҳо.
Супоришҳои лексикӣ-луғавӣ такмил додани захираи луғати бачаҳоро дар назар дошта, кор бо калимаҳои сермаъно, муқобилмаъно, ҳаммаъно ва ғайраро дар бар мегиранд. Чунончӣ, дар ҷумлаи
«Офтоб баромад» калимаи «Офтоб»-ро боз чӣ хел гуфтан мумкин аст? (Хуршед). Дар ҷумлаи шашум калимаи «ҷанг» дода шудааст, калимаи аз ҷиҳати маъно муқобили онро ёфта нависед (сулҳ).
Намунаи дигари супоришҳо ба тартиб додани ҷумлаҳо, нутқи алоқанок бахшида мешаванд. Мисол: бо истифодаи калимаҳои «Модар», «Ватан», «Сулҳ»,
«Кабўтар», «Замин» ва ғайра ҷумла тартиб диҳед.
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки агар қисми зиёди супоришҳои грамматикӣ доир ба калимаю ҷумлаҳои матни имло иҷро карда шаванд, супоришҳои лексикиву инкишофи нутқ дар зери матни имло алоҳида навишта мешаванд.
Барои иҷрои супоришҳо баҳои алоҳида гузошта намешавад, балки як баҳо мегузорем.
Имло бояд вақташ санҷида ва ҳаматарафа таҳлил карда шавад.
Яъне бачаҳо бояд хатоҳо ва сабабҳои рўй додани онҳоро фаҳманд. Бо вуҷуди ин, мо ин амалро таҳлили кори хаттӣ намегўем, балки санҷиши дониш, маҳорат ва малака ё салоҳияти хонандагон меномем. Дар ин гуна дарсҳо дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон дар асоси кор бо калимаҳое, ки хонандагон дар имлои онҳо ба ғалатҳо роҳ додаанд, мустаҳкам карда мешаванд.
Бояд таъкид кард, ки баъд аз гузарондани ҳар як кори хаттии санҷишӣ онҳоро муаллим ҳатман дар вақташ санҷида, дар дарси оянда бо иштироки шогирдон таҳлил мекунад. Бояд таъкид кард, ки дафтарҳои кори хаттии хонандагон баъд аз анҷом додани таҳлил ба онҳо тақсим карда мешаванд. Ин ба хотири он аст, ки бачаҳо хатоҳои худро дида, кўшиш кунанд, то минбаъд ғалат нанависанд.
НАҚШАИ ТАЪЛИМ
Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, ки бо Қарори мушовараи ғайринавбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.2015,№ 1911тасдиқ шудааст.
Тавзеҳот ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020 дар асоси «Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф, бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии хонандагон таҳия гардида, низоми ягонаи соатҳои таълимиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.
Сохтор ва мазмуни таҳсилоти умумӣ алоқамандии се зинаи таҳсилот-таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1-4), таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 5-9) ва таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 10-11)-ро таъмин менамояд.
Таҳсил дар зинаи якум ва дуюм ҳатмӣ буда, муҳлати таҳсил 9 сол мебошад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли таҳсилию ҳуқуқӣ, машғулиятҳо 1 сентябр оғоз гардида, 7 июн ба анҷом мерасанд. Як соли таҳсил 34 ҳафтаи таълимиро (барои синфҳои 1-ум 33ҳафта) дар бар гирифта, ба ду нимсола тақсим мешавад:
-нимсолаи аввал-1сентябр то 31 декабр;
-нимсолаи дуюм –аз 1феврал то 7 июн.
Дар як сол дар чаҳор марҳила ду маротиба (ҳар нимсола) рейтинги (марҳилаи) сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.
-дар нимсолаи аввал _ марҳилаи якум охири моҳи октябр ва марҳилаи дуюм-охири моҳи декабр;
-дар нимсолаи дуюм-марҳилаи якум охири моҳи март ва марҳилаи дуюм дар анҷоми соли таҳсил…
Таътили зимистона 31 рўзро ташкил дода, аз 1 январ то 31 январ давом меёбад.
Ба хонандагони синфи 1 аз 25 октябр то 31 октябр –як ҳафта таътили иловагӣ дода мешавад.
Таътили тобистона аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.
Вақту муҳлати таътил дар ҳолатҳои зарурӣ бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷи- кистон тағйир дода мешавад.
Баъди анҷоми соли таҳсил дар синфҳои 4-8 ва 10 аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва дар синфҳои 9, 11 (12) аттестатсияи хатм ба роҳ монда мешавад…
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва майлу рағбати хонандагон дар асоси шартнома таълими иловагии пулакӣ , берун аз нақшаи таълимӣ тавассути барномаҳои алоҳидаи таълимӣ омўзиши фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд ва ё омўзиши амиқи мавзўъҳо аз рўйи фанҳои алоҳидаи дар нақшаи таълимӣ овардашуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ, ташкил карда мешаванд.
Соатҳои иловагӣ дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои хонандагони зинаи аввали синфҳои ибтидоии 1-4 муқаррар карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ВОЖАИ ДИКТАНТ (ИМЛО)
Охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта академик М. Лутфуллоев пешниҳод карда буд, ки ба ҷойи калимаи «ДИКТАНТ» калимаи «ИМЛО» ба кор бурда шавад. Ба ин пешниҳод баъзеҳо тарафдор ва баъзеҳо муқобиланд. Зеро ки «диктант» аз решаи дикта (амр, фармон) гирифта шудааст. Калимаҳои диктатура, диктатор низ аз ҳамин реша пайдо шудаанд. Калимаи «имло» беш аз ҳазор сол аст, ки дар забони мо вуҷуд дорад ва он бемалол маънои «диктант»-ро ифода мекунад ва нарм аст.
Ду мисол меорем: Якум, ҷумлаи аввали «Рисолаи саргузашт»-и донишманд ва олими ҳамадони миллатамон Абўалӣ ибни Синоро мехонем:
«Яке аз шогирдони Шайхурраис … саргузашташро аз ў суол кард. Шайх ба вай он чизеро имло намуд, ки аз забони ў навишта шудааст».
Дуюм. Баъди ҳазор сол устод Айнӣ номаи падарро оварда менависад: «Агар таҳрири (баёноти) мактуб аз худат бошад, яъне ҷаноби муаллим имло накарда аз пеши худат навишта бошӣ»… Барои одамони аҳли фаҳм ҳамин ду мисол кифоя аст.
1. Интихоби матн. Матни имлоро муаллим аз «Маҷмўаи имло» ё дар зарурат аз дигар манбаъ интихоб менамояд. Дар вақти интихоб ба ҷиҳатҳои таълимию тарбиявии матн диққат дода, кўшиш мекунад, ки он ба дараҷаи дониш ва хусусиятҳои синну соли хонандагон мувофиқат намояд. Миқдори калимаҳои имло, нақли хаттӣ ва иншо дар ҳар синф чунин аст:
Миқдори навиштани калимаҳо дар таркиби ҷумла ва матн дар ду соати дарсҳои забони модарӣ
Синфҳо Чоряки 1 Чоряки 2 Чоряки 3 Чоряки 4
\\\__________________________________________
Синфи 1 аз чоряки 3 то охири сол имлоҳои рўбардоркунӣ дар ҳаҷми муайян (15-20 калима ё зиёдтар) гузаронда мешаванд.
\\\_________________________________________
Синфи 2. 20-25 25-30 30-35 35-40
\\\__________________________________________
Синфи 3. 40-45 45-50 55-60 60-65
\\\__________________________________________
Синфи 4. 65-70 70-75 75-80 80-90
\\\__________________________________________
Имло дар шакли паҳншудаи машқҳои имлоӣ- грамматикӣ буда, баҳри ифодаи графикии талаффузи калима ва ҷумлаҳо мебошад.
Дар синфҳои ибтидоӣ хелҳои зиёди имло истифода мешаванд, ки онҳоро ба ду гурўҳ ҷудо менамоем:
1. Имлои таълимӣ
2. Имлои санҷишӣ
Имлоҳои таълимӣ ҳамчун машқ дар як лаҳзаи дарси забони модарӣ гузаронида шуда, хусусияти омўзишӣ доранд ва онҳоро муаллим дар давоми 7-8 дақиқа мегузаронад ва баҳо намегузорад.
Ба имлои таълимӣ намудҳои зерин дохил мешаванд:
1. Имлои таъкидӣ (имлоҳои биноӣ, имлоҳои шунавоӣ, имлои биноӣ-шунавоӣ).
2. Имлои шарҳдиҳӣ (пурра ва интихобӣ).
3. Имлои эзоҳӣ.
4. Имлои луғат.
5. Имлои интихобӣ.
6. Имлои эҷодӣ.
7. Имлои озод.
8. Имлои хомўш (бесадо).
Имлои санҷишӣ: -муаллим диққати хонандагон- ро ба мақсади дарс ҷалб карда, матнро аз аввал то ба охир раво, ифоданок ва бурро мехонад. Баъд калимаҳоеро, ки муаллим имлояшонро ба бачаҳо ҳанўз наомўзондааст, дар лавҳаи синф менависад.
Ҳамин, ки имло навишта шуд, бори дигар матнро мехонад ва таъкид менамояд, ки ба иҷрои супориши дар охири матн додашуда мегузарем.
Имлои санҷишӣ асосан баъд аз анҷом ёфтани мавзўъҳои калон гузаронида (гирифта) мешавад.
Таъкид: ҳар қадар имлои таълимӣ, рўбардор ва санҷиширо зиёдтар истифода барем, саводнокии донишомўзони синни хурди мактабӣ беҳтар хоҳад гашт.
Баҳо ба имлои санҷишӣ
Баҳои «5»- ба имлое гузошта мешавад, ки:
- дар имло хатои имлоӣ ва ислоҳ дида нашавад;
-ҳусни хат ба қоидаҳои хатнависӣ ҷавоб дода тавонад; нанависад.
-ҳошия риоя шуда бошад, яъне аз болои он
Баҳои «4»- ба имлое гузошта мешавад, ки:
-дар кор на зиёда аз 2-3 хатои имлоӣ, китобатӣ бошад;
-имло зебо ва озода навишта шуда бошад;
-дар ҳусни хат ва ҳошиягузорӣ нуқсон бошад.
Баҳои «3»- ба имлое гузошта мешавад, ки:
-хатогиҳои он нисбат ба хатогиҳои баҳои «4» зиёдтар бошанд;
-ҷиҳати зебогии кор миёна буда, дар он дукалимагӣ, нагузаштани ҳошия мушоҳида шавад;
Баҳои «2»- ба имлое гузошта мешавад, ки:
-миқдори хатоҳои он нисбат ба хатоҳои баҳои
«3» зиёдтар бошад.
-ҳусни хат, ҳошия умуман бад бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё