Зеҳн
МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.

Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа

Маориф
Аз аввал хондан

НАҚША:

1. Одами бахтиёр киро меноманд?

2. Оё одами хуб ба мардум хиёнат мекунад?

3. Магар одами нағз дигаронро озор медиҳад?

ТАККАБУРӢ (ҳавобаландӣ)

2

Таккабурӣ (ҳавобаландӣ) намекунад. Худашро таъриф ва тавсиф намекунад. Ба ҳар кас, агар тавонад фоида мерасонад. Ба ҳоли бева ва бечора месўзад. Ба онҳо раҳм мекунад. Ба қадри имкон ёрӣ мерасонад.

Ҳимматбаланд ва саховатпеша мебошад. Ба хоҳиши нафси худ кор намекунад.

Аз мардум намеранҷад. Ба зердастон шафқат ва меҳрубонӣ намуда, дуруштӣ ва бадмуомилагӣ ҳаргиз намекунад.

Садриддин Айнӣ

НАҚША:

1. Магар одами хуб ҳавобаландӣ мекунад?

2. Чигуна одамро саховатпеша (саховатманд) мегўянд?

3. Бадмуомила гуфта киро гўянд?

ХАР, ХУРЎС ВА ШЕР

Гўянд хару хурўсе дар киштзоре бо ҳам якҷо буданд. Шери гурусна аз назди онҳо мегузашт. Вақте шер хост болои хар ҳамла кунад, хурўс шуруъ (сар) кард ба ба фарёд (ҷеғ) задан.

Шер аз шунидани овози (ҷеғи) хурўс рў ба гурез шуд. Хар вақте дид, ки шер мегурезад, ҷуръат пайдо кард ва ба ақиби (дунболи) ў бо чаҳорнаъл равон шуд.

Вале ҳанўз дур нарафта буд, ки шер баргашт ва ўро дарронда хўрд. Эй афсўс, ки ҷуръати беҷо сабаби ҳалокат мешавад.

Луқмони Ҳаким

НАҚША:

1. Хар ва хурўс дар куҷо буданд?

2. Ба онҳо чӣ дучор шуд?

3. Хурўс чӣ кор кард?

4. Шер аз чӣ гурехт?

5. Хар ба кадом хатогӣ роҳ дод?

ТЕЛЕФОН

Занги телефон омад,

Ба ҷони ман ҷон омад.

Аз хурсандӣ шукуфтам,

Гўшакашро гирифтам,

Овози бобом омад.

Бобом салом мегўянд,

Номи ба ном мегўянд.

Бобом «биё» мегўянд,

«Ҷони бобо» мегўянд.

Равам ба Конибодом,

Пеши бибию бобом.

Раҳмат ба ту, телефон,

Корама кардӣ осон!

Гулназар Келдӣ

НАҚША:

1. Занги чӣ омад?

2. Аз занги телефон чӣ шуд?

3. Аз гўшаки телефон овози кӣ омад?

4. Бобо чӣ мегўяд?

5. Писарак ба куҷо рафтан мехоҳад?

НИҲОЛИ ҲАМЕШАБАҲОР ВА ГУЛИ ГУЛОБ

Гули ҳамешабаҳор наздики гулоб ҷой гирифта буд.

Ҳамешабаҳор аз дидани гулҳои гулоб шод шуда гфт: «Гулоб чӣ гуна зебое ҳастӣ?! Табиат ва инсон ҳар ду аз зебоиҳои ту лаззат мегиранд. Ман ба зебоӣ ва атри (бўйи) ту ҳасрат мехўрам».

Гулоб ҷавоб дод: «Дуруст аст, эй ҳамешабаҳори азиз, ман зебо ҳастам, вале барои муддати (вақти) бисёр кам. Ҳатто агар касе гулҳои маро ҳам начинад, умри ман он қадар давом намекунад. Аммо ту ҳамеша баҳор ҳастӣ ва зебоии ту ҷовидон аст»

НАҚША:

1.Ҳамешабаҳор ва Гулоб чӣ гуфтугў карданд?

2.Ҳамешабаҳор ба гулоб чӣ ҳасрат кард?

З. Гули гулоб ба ҳамешабаҳор чӣ ҷавоб гардонд?

4. Кадоме аз онҳо доимӣ будааст?

МАЙМУНИ ХОНАРЎБ

1

Фарроши боғи ҷонварони шаҳри Душанбе

Садафхола кўшиш мекард, ки қафаси маймунҳо ҳамеша озода бошад. Вале ин ба ў муяссар намешуд.

Зеро маймунҳо (бузинаҳо) худатон медонед, ки бисёр гурусначашму баднафсанд. Ба сўи тамошобинон дасти тамаъ дароз карда, чизи бисёр мегиранд. Аз ин сабаб қафас аз пўсти себу анор, пўчоқи пиставу чормағз ва донаи офтобпараст пур мешавад…

НАҚША:

1. Фарроши боғи ҷонварон чиро мехост?

2. Маймунҳо чӣ будаанд?

3. Қафаси маймунҳо аз чӣ пур мешуд?

ФИКРИ АҶИБИ САДАФХОЛА

2

Як рўз Садафхоларо фикре ба сар омаду ханда дар лабонаш гул кард. Ў ба дасти Катя ном маймун ҷорўб доду рўфтан омўхт. Катя ҷонвари боғайрат буд. Аз бекорӣ даруни қафас зиқ шуда, худ беҳуда дар арғунчак бод мерафт.

Барои ҳамин ба вай ин машғулияти нав хеле писанд омад. Дар байни як соат рўбучинро ёд гирифт.

Ҳоло чанд моҳ аст, ки маймун қафасро ҷорўб зада, завқи бинандаҳоро меорад.

Гоҳо хасрўбаро бо нўги ҷоруб ба белча гирифта, давон – давон ба сатили кунҷи қафас мепартояд.

Муҳимаш, агар маймунчае пўсти мева ё пўчоқи донаеро ба фарш партояд, зарбае аз дасти ҷорўби ў мехўрад.

Маҳбуба Неъматова

1. Садафхола ба маймун чиро ёд дод?

2. Катя дар муддати чанд соат рўбучини қафасро ёд гирифт?

3. Агар маймунчае пўчоқ ё пўсти меваро мепартофт, Катя ўро чӣ кор мекард?

НАҚЛИ ХАТТӢ ЗАБОНИ ГИЁҲҲО

Луқмони Ҳаким забони гиёҳҳоро медонист.

Аҷибаш дар он буд, ки бо он забон бо гиёҳҳо гап мезад.

Вай ҳар сол як бор барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ба кўҳу саҳро мебаромад. Ҳаноме ки

Луқмони Ҳаким аз назди барги гиёҳҳо мегузашт, ҳар як гиёҳ ба вай мегуфт:

- ман дарди беморро таскин медиҳам;

- ман барои ин ё он беморӣ давоям;

- ман доруи хобам;

- ман барои дарди дил давоям;

- ман барои дарди ҷигар доруям;

- аз ман чунин дору тайёр кунед ва барои фалон беморон диҳед.

Баъд аз ин Луқмони табиб доир ба шифоии гиёҳҳои доруворӣ бо номи «Забони гиёҳҳо» китобе навишт, то аз он ҳама истифода баранд.

ЛУҒАТ:

Гиёҳҳои доруворӣ – растаниҳои доруворӣ

Ҳаким – табиб

НАҚША:

1. Луқмони Ҳаким барои дору ба куҷо мерафт?

2. Гиёҳҳо (алафҳо) ба Ҳаким чӣ мегуфтанд?

3. Номи китоби навиштаи Луқмон чӣ будааст?

ТУТИ ЗАМИНӢ

Аҷаб ширинӣ,

Тути заминӣ.

Асал баринӣ,

Тути заминӣ.

Ман ҳам боғбонам,

Монанди бобом.

Обу ғизоят,

Медиҳам мудом.

Тозаю дилҷў,

Хушрўю хушбў.

Ин қадар бисёр,

Рўидаӣ ту!

Аввал ду дона

Чашида бинам,

Сонӣ як сабад

Аз ту бичинам.

Аҷаб ширинӣ,

Тути заминӣ.

Асал баринӣ,

Тути заминӣ.

Алӣ Бобоҷон

пешина
аз 32
навбатӣ