МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ЧОРЯКИ 2
РЕЙТИНГИ 2
МАРҲИЛАИ 2
НИМСОЛАИ 1
ШАРМУ ҲАЁ
(Рўйнависӣ)
Ҳар кас ҳаё надорад,
Тарс аз Худо надорад.
*
Дидаи бешарм писандида нест,
Дар назари ақл он дида нест.
Суҳбат
Суҳбати нодон-оташи сўзон
*
Суҳбати мард асар кунад,
Суҳбати номард зарар кунад.
*
Суҳбати ҳар мард мардат мекунад,
Суҳбати номард сардат кунад.
*
Эй дил, биё, суҳбати ёрон ғанимат аст,
Боридани борон ба деҳқон ғанимат аст.
*
Аз суҳбати дўстон машав гурезон.
*
Аз суҳбати ҷоҳилон бипарҳез,
Чун ҳезуми хушк аз оташи тез.
Супориш: 1. Ибораҳои «суҳбати нодон-оташи сўзон»-ро маънидод кунед.
2. Бо калимаи «суҳбат» ҷумла тартиб диҳед.
БАҲОРИ ДЕРИНТИЗОР ОМАД
(Рўйнависӣ)
1
Баҳор, эй арўси сол,эй фасли зебои диёр!
Биё-биё ба манзили мо, инсонҳои бесабру қарор, биё ба хонаи қалби пиру ҷавон, ки аз интизориҳо дар раҳи ту бо чашми чор, бо қалби пур аз меҳру муҳаббат ва пур аз орзую умедҳо нишастаанд.
Тифлакон беқароранд, сармасти шодию бозиҳо, сармасти давиданҳо, ҷаҳидан дар кўҳу ёлаҳо доранд.
Гул чидану гул гардонданро мехоҳанд. Ба пирон, ба мўйсафедон муждаи (хабари) накҳати (бўйи) туро расонидан мехоҳанд. Дилҳо даруни синаҳо ба шўр меоянд.
Аз шавқу завқи зиндагонӣ қалбҳо асрори худро танҳо ба шумо ифшо кардан мехоҳанд.
Супориш: 1. Ибораи «фасли зебо) ба кадоме аз ин ҳиссаҳои нутқ тааллуқ дорад?: феъл, исм, сифат.
2.Сифат ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад? (чӣ хел?, чӣ гуна?) бо мисолҳо фаҳмонед.
ЛУҒАТ:
Қалб-дил
Мужда- хабар
ИНТИЗОРӢ
2
(Рўйнависӣ)
Пас интизориҳои бепоёни инсонҳоро мадди назар бигиру бархезу биё. Ба сарзамини аҷдодӣ, ба сарзамини бобогӣ ва ба сарзамини офтобрўяи тоҷикон.
Биё, эй баҳор, ки қадамҳоятро бўса занем, дар васфу ситоиши ту ғазалҳо хонем. Сурудҳо эҷод , хон ороста ва манзилҳо ободу бунёд кунем.
Марҳабо, эй баҳори нозанин, эй фасли орзую ормон, қадамҳоят хайра мақдам бод ба кашвари ободи мо, тоҷикон!
Гулнисо
Супориш: 1. Сифатҳои ҷумлаи дуюмро ба воситаи саволҳо муайян кунед ва ба зерашон хат кашед.
2. Бо истифода аз калимаи «баҳор» як ҷумла тартиб диҳед ва нависед.
АФСОНАИ НАВРЎЗӢ
Имло
1
Буд, набуд, як мард буд. Вай як зани аблаҳ
(нодон) дошт. Ин мард дар арафаи иди Навррўз бо сад азоб андак пул ёфта, каме биринҷу сабзию гўшту мавиз ва нахўдбирёну чормағз харида, ба хонааш омад. Вай ба зани нодонаш гуфт, ки то омадани Наврўз чизу чораҳоро дар ягон ҷой аз чашми бачаҳо пинҳон карда мон.
Занак ду рўз чизу чораҳоро пинҳон намуду сабр кард. Аммо Наврўз наёмад. Косаи сабри зан лабрез шуд. Наврўзро дашном додан гирифт.
Гуфт, ки чаро чизу чораатро ба хонаи мо фиристодӣ. Вай, албатта, гумон кард, ки Наврўзаш ягон шиноси шавҳараш аст. ..
Супориш: 1. Аз матн сифатҳоро муайян карда ба онҳо саволҳои мувофиқ гузоред. Намуна: Зани аблаҳ чӣ гуна зан?...
2. Шуморед, ки дар матни навиштаатон калимаи
«Наврўз» чанд маротиба такрор шудааст, бо рақам нависед.
ОМАДАНИ НАВРЎЗ
2
(Рўйнависӣ)
Баъд занак ба рўи бом баромаду бо буди овозаш дод зад:
- Эй Наврўз!- гуфт вай- Худо туро занад! Биёву зудтар чизу чораатро бигир! Бе ҳамин ҳам хонаи мо танг аст. Барои чизу чораи ту ҷой надорем.
Чанд вақт инҳо ин ҷо мехобанд? Худо накунаду гўшту биринҷатро хўрда монем, он гоҳ омада маро дар миёни мардум шарманда накун!
Аз он наздикӣ як марди айёр мегузашт. Вай дўғу таҳдиди занакро шунида, ба назди дарвоза омаду гуфт.
- Наврўзаш манам! Омадам, ки чизу чораамро гирифта бубарам!
Занак ҳама чизу чораи шавҳараш овардаро бароварда дод ва оҳи сабук кашид. ..
Супориш: 1. Оё занак, ки чизҳои овардаи шавҳарашро ба марди бегона бароварда дод, рафтори дуруст кард ё не? Бо калимаҳои тасдиқии «ҳа» ё «не» ишора кунед.
4. Шумо ҳам бачаҳои азиз, ба сухани шахси бегона ҳаргиз бовар накунед!
ОМАДАНИ ШАВҲАРИ ЗАН
3
Бегоҳӣ аз куҷое шавҳараш омад. Пурсид, ки чизу чораҳои овардааш куҷоянд?
- Наврўз омаду бурд, - ҷавоб дод занак.
Мардак ҳамоно фаҳмид, ки занаш хато кардааст.
Рўзи дигар занакро аз хонааш бароварда пеш кард.
Занак аз кори кардааш пушаймон шуда рафт. Рафт ва ниҳоят хаста шуда, дар рўйи як харсанг гиря карда нишаст. Дар ҳамон ҷо хобаш бурд. Як вақт аз хобаш бедор шуд. Чашм кушода нигоҳ кард, ки гурбае мияв- мияв мекунад. Занак фикр кард, ки ин гурбаро шавҳараш барои овардани вай фиристодааст. Розӣ нашуд, ранҷидахотир гуфт:
- Дафъ шав аз назарам! Туро хўҷаинат фиристод?
Ягон одам набуд, ки туро фиристод? …
Супориш: 1. Калимаи «ранҷидахотир» ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ дорад, нависед.
2. Феълҳои матни навиштаатонро бо хатча ишора кунед. Намуна: Феъл, исм …
ОМАДАНИ САГ
4
(Рўйнависӣ)
- Безорам аз вай! Ба Худо қасам, ки аз ҷоям намеҷунбам, як қадам намезанам!
Баъди ягон соате як саг пайдо шуд. Саг наздиктар омаду хира-хира ба зан нигоҳ кард. Занак гумон кард, ки ин сагро низ шавҳараш барои овардани вай фиристодааст.
- Гум шав аз назарам! – гуфт вай бо қаҳру ситеза.
–Гурбаро фиристод? Нарафтам. Акнун туро фиристод?
Бирав ба хўҷаинат бигў, ки агар барои бурдани ман худаш наояд, ягон вақт ба хонадонаш қадам намегузорам!
Нисфи рўз буд. Аз роҳ як хари гурусна гузашт.
Хар наздиктар омаду бо тамоми овоз ҳанг зад. Ин дафъа низ занак ба рафтан розӣ нашуд…
Супориш: 1. Суханоне, ки ба зан тааллуқ доранд, аз матн муайян карда бо хатча ишора намоед. Намуна: безорам аз вай, ба Худо қасам…
2. Оё ба ҳама гуфтаҳои афсона бовар доред ё ба қисме аз он, нависед, ё ҳа ё не.
ОМАДАНИ УШТУР
5
- Оббо,
-гуфт вай,
- гўри торик ҳмаатонро фурў кашад! Акнун ту амадӣ, ки маро бубарӣ? Ман аллакай қасам хўрдагӣ, то худи хўҷаинат наояд, аз ҷоям намеҷунбам! Тарафи бегоҳ як уштур аз он ҷо гузашт.Ин уштур аз корвони подшоҳ ақиб монда, раҳгум зада буд. Дар болои вай халтаҳои симу зар буданд. Уштур наздиктар омада, лабони кашолашро ҷунбондан гирифт.
-Хок кашад хўҷаинатро! –хитоб кард занак, –
Барои чӣ худаш наомад? Гурбаро фиристод, нарафтам, сагро фиристод, харро фиристод, нарафтам. Акнун туро фиристод, ки равам? Хайр, ба ту ки зўрам намерасад, меравам. Чӣ чора!...
Супориш: 1. Он дуои бадеро, ки зан ба онҳо раво дидааст, аз матн муайян карда ба зераш хат кашед.
2. Он суханонеро, ки зан ба ҳайвонҳо мегўяд, магар онҳо мефаҳманд? Бо калимаҳои «ҳа» ё «не» ишора карда нависед.
БОЗГАШТИ ЗАН БА ХОНА
6
(Имло)
Занак инро гуфту ба уштур савор шуд ва роҳи хонаашро пеш гирифт.
Вай нисфи шаб ба хонааш расид. Садои кушода шудани дари ҳавлиро шунида, шавҳараш баромад.
Занак гуфт:
-Гурбаро фиристодӣ, наомадам, сагро фиристодӣ, наомадам харро фиристодӣ, наомадам. Аз уштури фиристодаат тарсида омадам.
Мардак дид, ки як уштури калон бори калони симу зарро ба зўр бардошта истодааст. Хурсанд шуда, занашро ба хона роҳ дод. Баъд симу зарро гирифту уштурро аз дарвоза берун кард.
Ҳамин тавр, дар арафаи Наврўз ба як хонадон хурсандӣ омад! Бигузор дар арафаи ҳар ид ба ҳар хонадон чунин хурсандӣ насиб кунад.
Абдурауф Муродӣ
Супориш: 1. Гўед, ки оё гуфтаи зан ба шавҳараш, ки гўё вай аз уштур тарсида омадааст, рост аст ё дурўғ бо истифодаи калимаҳои «рост» ва «дурўғ» якеашро нависед.
2. Бо истифодаи калимаи «Наврўз» ҷумла тартиб диҳед.
ҲИКОЯТ
(Рўйнависӣ)
Луқмони Ҳаким марди назарногир буд. Касе ўро ба хизматгорӣ гирифт. Баъд аз чанде хизмат карданаш соҳибхона (хўҷаин) пай мебарад, ки Луқмон шахси илмдор ва соҳибҳикмат аст.
Рўзе Хоҷааш ба тарзи санҷиш ба вай гуфт:
- Гўсфанде бикуш ва беҳтарин аъзои ўро ба назди ман ор.
Луқмони Ҳаким гўсфандро бикушт ва дилу забонаш пеши Хоҷа овард. Рўзи дигар гуфт:
- Гўсфанде бикуш ва бадтарин аъзояш биёвар.
Луқмон гўсфанде бикушт ва ҳам дилу забонаш овард.
Хоҷа гуфт:
- Ин чӣ гуна аст?
Гуфт:
Ҳеҷ чиз беҳ аз дилу забон нест, агар пок бошад.
Ва ҳеҷ чиз бадтар аз он нест, агар нопок бошад.
Аз «Латоиф -ул-тавоиф»-и Мавлоно Фахриддин
Алии Сафӣ
Супориш: 1. Оё шумо номи Луқмони Ҳакимро боре ҳам шунидаед?
2. Аз се ҷумлаи аввали матн феълҳоро муайян кунед ва ба зерашон хат кашед.
ОБИ ТОЗА
(Имло)
Тоҷикистони моро диёри сероб меноманд. Зеро
Худованд ба он кўҳҳои баланд бо пиряхҳояшон ва дарёҳои азим, аз қабили Панҷу Сурхоб, Вахшу
Кофарниҳон, Варзобу Зарафшон, Сир ва садҳо дигар дарёю дарёчаҳо ато кардааст.
Мардум дуруст мегўянд, ки «Об ҳаст, ободӣ ҳаст». Аз ин рў, мо бояд ба қадри ҳар қатраи он бирасем ва обро тоза нигоҳ дошта, ба беҳуда сарфшавиаш роҳ надиҳем.
Об ҳаст, ҳаёт ҳаст. Ҳама мавҷудоти олам, аз одам сар карда то ҳайвоноту парандаҳо, ҳашароту наботот, дарахтону растаниҳо ва ғайра бе об вуҷуд дошта наметавонанд...
Б. Борон
Супориш: 1. Номи дарёҳои Тоҷикистонро дар хотираатон нигоҳ доред.
2. Бо калимаи «об» ҷумла тартиб диҳед ва онро нависед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё