МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
ҲАҚҚИ ДЎСТИРО РИОЯ КАРДАНИ ЗОҒ
(Рўйнависӣ)
(Имло)
3
Ту ошнои ман, дўсти манӣ, –гуфт зоғ, – лекин ту нахостӣ, ки ҳамроҳ хона созем. Ман ин хонаро фақат барои худ сохтам, мо ду кас намеғунҷем.
Гунҷишк зорию тавалло карда гуфт:
–Умрат дароз шавад зоғҷон, ҳеҷ рўзи бадиро набинӣ. Ба ман раҳм кун, ба хонаат роҳ деҳ! Ба гапи ту надаромадам, пушаймон шудам. Агар ба хонаат роҳ надиҳӣ, аз хунукӣ мемирам.
– Хайр , даро! – гуфт зоғ, –мана ҳозир худат мебинӣ, ки дар ин ҷо ҳар дуи мо хоб карда наметавонем…
БА ХОНАИ ЗОҒ ДАРОМАДАНИ ГУНҶИШК
(Рўйнависӣ)
4
Гунҷишк даромад. Шаб шуд, вақти хоб шуд.
Гуфтагии зоғ барин, дар хонаи вай барои гунҷишк ҷой набуд.
– Хайр, чӣ илоҷ, ба таги поям даромада хоб кун!
–гуфт, – зоғ.
Гунҷишк ба таги пойҳои зоғ даромад. Нохунҳои зоғ хор барин ба тани гунҷишк мехалиданд. Гунҷишк зоғро бедор карда гуфт:
Хорохори хор,
Поҳои ту– хор!
Ба сарам халид,
Хоби ман парид.
–Ин хел, ки бошад, биё ба таги сарам даро–гуфт зоғ.
Гунҷишк ба пешгаҳ гузашта, ба рўю даҳонаш пур аз хокистар шуд.
Гунҷишк ноилоҷ зоғро бедор карда гуфт:
Пуфопуфи пуф,
Туфотуфи туф!
Оташдонат танг,
Сарам шуд гаранг…
Супориш: 1. Гунҷишк аз ночорӣ ба хонаи чӣ рафт, нависед.
2. Шумо ба мазмуни афсона бовар кардед?
Нависед: «ҳа» ё «не».
ДАР ҚАҲР ШУДАНИ ЗОҒ
5
(Имло)
–Эй гунҷишкаки якрав! , – гуфт зоғ, – магар нашунидаӣ, ки «ҷони нодон дар азоб» гуфтаанд, ту аз нодоният ҳам маро ба азоб мондию ҳам худатро. Хоб кун! Мон, ки ман ҳам хоб равам!
Гунҷишк ҳарчанд кард, хобаш набурд. Дамаш гирифта, бетоқат шуда, берун баромад. Зоғ пагоҳӣ хеста дид, ки гунҷишкаки гапнодаро дар таги дар шох шуда мурда мондааст. Вай ба ҳоли дўсти қарину деринааш зор-зор гиряҳо кард, аммо акнун ҳар чӣ қадар гиряву нола кунад, суде надошт.
Супориш: 1. Гўед, ки афсона ба шумо маъқул шуд ё не, бо калимаҳои «ҳа», «не» тасдиқ кунед ва нависед.
2. Нодон кӣ будааст, гунҷишкак ё зоғ, нависед.
БАДАХШОН
(Рўйнависӣ)
Бадахшон,
Сарзамини кўҳсорӣ,
Чӣ хушбоду ҳавову обшорӣ.
Калону хурд фарзандони худро
Саодатбахш, ҷоноҷон диёрӣ.
Уқобонро фазоят ошён аст,
Заминат бахти инсонро макон аст.
Чӣ гўям аз баландии мақомат,
Ки худ як номи ту Боми Ҷаҳон аст.
Пур аз ганҷ аст ҳар як домани ту,
Зи тавсиф аст берун маъдани ту.
Дигар ганҷинаи қиматбаҳотар
Бувад озодии марду зани ту…
Мирзо Турсунзода
Супориш: 1. Шеърро ифоданок хонед.
2. Ибораи «Боми Ҷаҳон» чӣ маъно дорад ва чаро бо ҳарфҳои калон навишта шудааст, муайян кунед ва нависед.
ДУХТАРИ ДОНО ВА ВАЗИР
(Афсона)
(Имло)
1
Буд, набуд, як подшоҳ буд, кору бораш шикор буд. Рўзе ҳамроҳи вазираш ба шикор рафта истода буд.
Аз болои сарашон як зоғе қар-қар карда, гузашта рафт.
–Зоғ чӣ гуфт? –пурсид подшоҳ аз вазираш.
–Намедонам. Зоғ буд, қар-қар карда рафт-дия!
Ҷавоб дод вазир.
– Ту чӣ хел вазирӣ, ки қар-қари зоғро нафаҳмидӣ? Ту, вазири ман, бояд ҳама чизро донӣ! Рав, агар то пагоҳ муайян накунӣ, туро ба дор мекашам…
Супориш: 1. Матнро аз назар гузаронед ва муайян кунед, ки чанд ҷумла навиштед.
2. Ба зери ҳарфҳои калони ҷумлаҳо хат кашед.
ҒАМГИН ШУДАНИ ВАЗИР
(Рўйнависӣ)
2
Вазир ғамгин шуда ба хонааш баргашт.
– Падарҷон, чи шуд, чаро шумо хафа? – пурсид духтараш.
– Духтаракам, подшоҳ пагоҳ маро ба дор мекашад! –Вазир воқеаи шудагиро ба духтараш гуфта дод.
– Падарҷон, ғам нахўред,- гуфт духтар,- ман илоҷашро меёбам.
Духтари вазир бо духтари як камбағал дугона буд. Духтари камбағал доно буд. Ҳама чизро медонист.
Мегуфтанд, ки вай ҳатто забони мурғонро медонад.
Духтари вазир ба пеши дугонааш омада, воқеаи шудагиро гуфта дод…
Супориш 1. Матнро аз назар гузаронед, феълҳоро муайян карда, ба зерашон хат кашед.
2. Муайян кунед, ки аввали ҷумлаҳо бо кадом ҳарф (хурд ё калон) навишта мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё