Зеҳн
Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.

зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

САГ

Саги Муроди Чўпонакро пояш шикаст.

Чӣ хел шикаст, дар куҷо шикаст, иллати воқеа чӣ буд... барои Муроди Чупонак пўшида буд. Вақте Шерафкан бо пои шикаста ҷаста-ҷаста назди ў омад, ҳуш аз сараш парид. Шояд шоҳид бузе, гўсфанде, билохир саги дигар бо номи Сиёмак буда бошанд, лек вай намедонист.

Нашавад, ки инҳоро бозпурсӣ бикунӣ, ҳама бо забони хориҷӣ ҳарф мезананд, ки ман намефаҳмам.

Ин саг боҳушу зирак буд, рўиҳамрафта шерпанҷа ҳам буд. Гургҳо чун ак- аки ўро мешуниданд, ба рама наздик намеомаданд, чароки овозашро шунида буданду зарби панҷаҳояшро чашида.

Муроди Чўпонак сагро садо карду ду пора гўшт наздаш гузошту гуфт:

– Шерафкани бофаҳми ман, инро нигар, – ба рама ишора кард ў,-во гузошта бо ту рафта наметавонам. Худат аз ман беҳтар медонӣ, худо нокарда, агар балое пеш ояд, ё фалокате аз зери по хезад, ин рама пароканда шавад, онро на ман гирд оварда метавонаму на ту, нисфаш тўъмаи гургон мешаваду нисфи дигараш гирифтори бало! Аз ту бисёр хоҳиш дорам, худро ба деҳ расон, назди кампири Осуда. Агар ин ҷо бимонӣ, поят варам мекунад, зиндагӣ бароят дўзах мешавад.

Саг ба ў менигарист, ангор ба як девори похса менигарист, аммо чӣ қудрате дорад зиндагӣ, ки сари по ва лангон-лангон пайроҳаро нишеб шуд...

Як ҳафта пас Шерафкан бо шогирди

Муроди Чўпонак ба чарогоҳ омад,

Муроди Чўпонак сари ўро сила кард, чизе гуфтан мехосту наметавонист. гиря гулўгираш карда буд... Аз ҳама охир Сиёмак омад. Танашро ба тани Шерафкан ҷафс кард ва гунаҳкорона бо сараш ба сари Шерафкан зарбаи навозиш зад...

КАДХУДО

Тамбоку дуд медиҳам. Дуд аз даҳонам чун аз лўлаи паравоз танўра мезанад.

Занам каҷ-каҷ ба ман менигарад, шояд ҳарфи тезтаке нўги забонаш сум мезанад, чароғпоя мешавад, аз баҳорбанди даҳонаш берун ҷастан мехоҳад, магарам ба сахтӣ онро лаҷомгир мекунад, ки сухане намегўяд. Аз дуди тамбоку алерҷӣ дорад, лек чун балконро ба ихтиёри ман дода, ночор аст бардошт бикунад. «Хасдуд мекунӣ, кўрдуд мекунӣ, бифармо, балкон!» Ин ҷо барои ў «балкон» аст, барои ман шаҳнишин.

Аз дуҳули азиме ки як дўсти ромишгарам тўҳфа карда буд, барои худ хонтахта сохтаам. Рўи он финҷони қаҳва ва як бўта (таҳсигорӣ) дар сурати саги хуфта – ҳадяи як дўсти дигарам – доимо мунтазири мананд. Ҳаминки аз хондан ё навиштан дилгир шудам, балкон мебароям, тўли ним ё як соат ду-се сигор мекашам ва ду-се финҷон қаҳва менўшам, баъд бозмегардам ба саргармие ки аз он безор шудаам – хондан ё навиштан.

Як чиз аз рўз ҳам бароям рўшантар аст – ман дар ин хона чун кирми абрешим андаруни пила бас маъво ва малҷои худро ёфтаам. Худам шоҳу табъам вазир!

Мешинӣ рўи пўстак ё кўрпачаи тунукастари бобоӣ – мо наврўзгор, диван-пиван надорем, агар рафту онро дар хонаи ёру ошно бубинем, ба он чун ба нишонаи атиқа менигарем, – телек тамошо мекунӣ.

Мехоҳӣ, китоб варақ мезанӣ – худоро шукр, аз ин матоъ ман бениёзам (панҷ ҳазор нусха!), модарам мегўяд, ки танҳо одами аҳмақ ин қадар колои касмахар меғундорад, агар ба ҷои инҳо ашёи камёб мехаридӣ, чун рафиқони оқилат ҷипсавор будӣ, на орзусавор, худат ба ин катак – хонаи маро дар назар дорад – дароӣ, китобҳоят берун мемонанд, агар китобҳоро дарорӣ, худат берун мемонӣ!

Мефорад, паси мошини чоп мешиниву «чиқ-чиқ» мекунӣ – ин истилоҳи духтари мо – Зарнигор, ҳар вақте шиносҳо дар берун аз вай пурсанд, ки «додот куҷост?», дастонашро насвон дода, гўё пианино менавохта бошад, мегўяд: «чиқ-чиқ!»

Агар сари ҳол набошӣ – кадхудо, ки шудӣ, ин ҳол гоҳу ногоҳ ба ту мепечад – меравӣ балкон, чашми занакро хато карда, мезанӣ як пиёла таги бинӣ ва пасон меоиву ба маснади худ чун сўфӣ дар хонақо ба «муроқибаву мутолиаи дарунӣ» машғул мешавӣ ё ба мусиқие ки танҳо худат мешунавӣ, танро насвон медиҳӣ.

Аммо ин занак, ки ба қавли худаш «тору пуди маро чун пилитаи гози ошхона тагурў омўхтааст», дастҳоро ба миён камон сохта, пеш меояд. «Аҳа, барои попўш, рўпўш, шабпўш... пул надорӣ, барои заҳри зақум меёбӣ!» Ман ҳам пасхам заданӣ нестам, ба вотохт мегузарам, зеро беҳтарин роҳи дифоъ ҳуҷум аст. «Аҳа! Боз дардҳои кўҳнаат рў задан доранд? Хонаро бо миноёбҳои сарату панҷшохҳои танат тагурў кардӣ, чизе наёфтӣ! Ман, ки по аз остона берун нагузоштаам, Зарнигорро низ садо накардаам, магар аҷинаҳоят бароям арақ овардаанд?!»

Аммо вай қонеъ намешавад, пешорўи даҳони ман хам мешаваду мегўяд: «ку, як «ҳаҳ» бигў!» Ман ҳам тору пуди ўро чун мошини чопам тагурў омўхтаам, кокотиву ғўлинг хоидаам, бепарво «ҳаҳ... ҳаҳ» мегўям. «Аҷиб, – мегўяд занам, – арақ нест, бў нест, аммо шаклу сурати ниммаст ҳаст!»

Ин дар рўзҳои аввали омадани ман буд аз Маскав ба зодгоҳ, ки ҳеч хона наменишастам, мерафтам ба қавле «ба сайри оламу одам» ва меомадам ба қавли занам «дар сурати набинаму насўзам!».

«Як пиёла чойи» дўстоне ки маро се сол аст надида буданд, ҳамин тур пайомад дошт. Оқибат «аз сайри одаму олам» низ дилгазон шудаму аз «як пиёла чойи» дўстон низ, ки шудам хонашин бо як шишаи нозанин.

Занак ин тур кард, он тур кард, ин шартро гузошт, шарти дигар ҷонишин намуд, суде ку, ки худам рафтам ба пешбозаш бо паймони худ: агар забонхат диҳӣ, ки ба ман занборагӣ иҷоза, рўи арақро дигар Бобокўчак, мурдашўи Сармаддеҳ бинад! Гумон доштам, ки ба фалах кашидани худ тан медиҳаду ба ин қарордод не, лек бубинед, ки ин «тору пуди» ман омўхта, нишасту навишту паймонномаро ба дастам тапонд.

Бадкарда пушаймон, нокарда дар армон, гуфтаму боз рў ба «оламу одам» овардам.

Панҷекат ба ин хабар, ки Баҳманёр арақро ба Бобокўчак вогузошта, ҳатто ба оби ҷави балтикӣ нигоҳ намекунад, ҳамчун ба «булўр» гуфтану шишаи чехӣ намудан баҳо медод.

Аммо баъзе ёру ошноҳо бовар карданд, ба хона занг зада, занамро табрик гуфтанд, ки худоро шукр, осуда шудӣ, ту натанҳо хидмат ба худат, балки ба миллат низ кардӣ! Худо медонад, «миллат» ун айём чӣ шоҳкориҳое аз ман чашми нигарон дошт.

Занак ҳам ҳаво гирифта, қаноатманд аз худу аз шавҳар мегашт, ки дид равуои марди зарангаш ба «бўстонсароҳо» афзудан дорад. Мераваду меояду мегўяд: ман дар «Хонаи эҷодкорон» будам. Дар Панҷекат хонаи эҷодкорон ку? Магар ту гумон дорӣ, ҳанўз ҳам дар Маскавӣ?

«Бўстонсарое ки барои ҳокими остони Суғд сохта буданд, баъд аз бурдани ў аз байн ба «Хонаи эҷодкорон» табдил доданд». Бовар мекунад, сода набошӣ. Не, бовар надорад, ки мепурсад: хуб, будӣ, чӣ навиштӣ? «Ман роман навиштан дорам.

Романро намешавад, ки дар ду-се ҳафта бинависӣ, фалонӣ панҷ сол, дигарӣ даҳ сол, ҳатто яке тўли умр навишту ба поён нарасонд». «Хайр, ҳамон пешнависатро нишон бидеҳ!» «О, магар ту намедонӣ, ман ба мурдан розӣ мешаваму ба чизи нотамомро намудан, не!»

Бечора тоқат мекунад, тоқат мекунад ва билохир баъди як моҳи «сўфигии» ман вориди утоқи кори ман мегардад ва пурсадо шишаи арақро рўи миз мегузорад ва мехитобад: гўш бикун, мардакҷон, бо арақ пеши чашмам буданат беҳтар аст аз пеши киллаҳо!

Инро дар забони илм чӣ мегуфта бошанд, намедонам.

\* \* \*

Ҳарчанд дар ин шаҳр ман зода шудааму бузург ва ҳар як сокини аз сисола болоро мешиносам, аҷиб ин ки агар гўшии телефонро бардорам, намедонам ба кӣ занг занам, по аз дар берун гузорам, намедонам куҷо равам.

Аз ин рў пас аз се соли тозаиқоматам дар ин шаҳр ман барҳақ ба кадхудоӣ маҳкум шудаам. Ман ҳатто дар Маскав, пиндор як шаҳри бегона, ин ҳолро надоштам.

Он ҷо рўзе чанд раҳ даст дар гўшӣ буду ҳафтае як раҳ нишаст дар меҳмонӣ. Ин ҷо ман пас аз марги падар, гоҳ-гоҳе ба деҳ меравам, то модарро хабар бигирам.

Ба шаҳр ҳамон вақт мебароям, ки занам коғазеро бо номгўи он чи бояд аз бозор харам, ба дастам метапонад.

Дар бозор ногузир бо ду-се шинос рўбарў мешавам ва ҳамеша пас аз пурсупос ҳамон як суолро мешунавам:

– Устод, камнамо?

Ҳамвора посухи ман ба ин суол чунин аст:

– Устод – кадхудо!

Баъзан гўлу гарангҳое ёфт мешаванд, ки нобовар таҳпурсӣ мекунанд:

– Магар вазифаи нав гирифтед?

Ё аз ин қабил: нафаре сари роҳамро мегирад, тунд ба ман менигарад ва мегўяд:

– Қиссаатонро аз рўзнома хондам.

«Тавсан дар қавсайн» ном гузоштаед.

Марҳамат намоеду бигўед, ин ба тоҷикӣ чӣ мешавад!

– Ба тоҷикӣ чӣ мешавад, намедонам, – ором посух медиҳам ман, – вале ба русӣ «Мустанг на аркане» мешавад.

Мард сари ин ибораи русӣ лаҳзае чанд андеша мекунад, баъд боз тундтар ба ман менигарад ва мегўяд:

– Магар содатар гуфта намешавад?

– Чаро не, – хушҳолона мегўям ман, –

«Аспи мастӣ ғозӣ дар оғили танги қозӣ»

– О, ҳамин тур ном гузоред, намешуд?

Сари хонандаро бо тавсану қавсайнатон гаранг кардан шарт буд?!

Мард норизо боз чиҳое ғур-ғуркунон дур мешавад.

Ана баъди ин ман тасмим мегирам, ки дигар хариди бозорро низ ба гардани занак таҳмил мебояд кард, то чунин кавданҳо пешорўям пайдо нашаванд, хобамро кобус насозанд.

Аммо вай қабул надорад. «Дар хона мағор мебандӣ, ҳафтае як раҳ – ду раҳ одами зиндаву олами рўшанро бояд бубинӣ – аз нигоҳи вай қаҳрамонони китобҳои ман мехонда ҳама мурда менамуданд ва оламашон тира – вагарна ману Зарнигор низ аз туи ёбоӣ тарсон мешавем! Ҳамоно воқеаи метрои Маскав бо номи Шукинский, ки назди он мо манзиле ба иҷора доштем, ба ёдам меояд.

Гузаргоҳҳои метрои Маскав бозорчаҳои хурдро ба хотир меоранд.

Ин ҷо баъзан чизакое ба фурўш мегузоранд, ки аз диданашон даҳонво мемонӣ. Он рўз мо аз меҳмонӣ меомадем, занам аҷала дошт то ба оғози кадом як сериал ба хона бирасем. Аммо чун дар даромадгоҳи метро занеро сагча дар бағал дид, ҳам сериалро фаромўш карду ҳам маро. Сагчаи булаҷаби якваҷаба.

Хеле зебо, мўяш сафед, ҷо-ҷо холҳои сиёҳ дорад. Чанд мусофири дигар низ занро гирд гирифта буданд, ҳамчунон бо завқ сагчаро менигаристанд. Дидам, ки занам ҳеч хоҳиши аз он ҷо дур шудан надорад, аз остинаш кашидам ва ба соат ишора кардам. Бефоида. Вай чашмони ҳайратзояшро аз сагча намеканд. Билохир бо зарда гуфтам: «сериал тамом шуд!»

Вай ба остини ман чанг зад: «Баҳманҷон, биё ҳамин сагчаро бихарем! Бубин, чӣ андоза аҷибаку ғарибак аст...» Ман як ба ў нигаристаму як ба сагча ва бепарво гуфтам: «як сагчаи аҷибаку ғарибак дар хона дорам, агар дуто шуданд, оламро тагурў хоҳанд кард!» Баъди ин занам чанд рўз бо ман ногап буду қаҳрӣ...

Аз ин рў бо ў баланду паст омадан намехоҳам, аз қафаса китоберо берун меораму ба утоқи кориам мегузарам, зеро инак се сол аст, ки одамҳои зиндаву олами рўшани ман он ҷост.

Масъалае ки кадхудо гоҳу ногоҳ бо он бархўрд мекунад, ин будан ё набудани пул будааст. Дар атрофи ин меҳвари ҳастӣ арбадаву мазҳакаҳои хонагӣ рух медиҳанд. Ҳамон рўзҳои бепулӣ буд, ки ман андарзе сохта будам ва рафиқонро хуш омада буд – дарде аз дарди бепулӣ дардноктар нест.

Як субҳ ман ба таҳрири ҳикояе машғул будам, ки занак болои сарам ҳозир шуд ва бо сурур гуфт: «Медонӣ, ҷони талху ширинам, ман чӣ хоб дидам:!» «Хобро ту бинӣ, ман чӣ донам!» – сар аз рўи коғаз набардошта гуфтам ман. Занак коғазҳоро аз пеши чашми ман дур кашид ва гуфт:

«Хоб дидам, ки ту ба ман як бағал садбарги нимвои сурх ва як гарданбанди бриллиант тўҳфа кардаӣ!» «Хоби зан чаппа, азизи дилам, ҷиддӣ магир...» – лоқайд гуфтам ман ва коғазҳоро пеш кашидам. Вай бо ғазаб ва пурсадо дарро пўшиду рафт.

Чанд рўз гузашт, ман он хобро фаромўш кардаму гузоришашро низ, ки як бомдоди дигар боз занам болои сарам ҳозир шуд. Ин дафъа хеле музтариб буд, маро чун ҳамеша машғули кор диду оҳи бароҳат кашид ва гуфт: «Хайрият, хоб будааст!» «Ба хайр аст?» – ҳайрон мондам ман. «Туро дар хоб бо чунон як зани зебое дидам, ки ҳаваси кас меомад...»

«Афсўс!» – сидқан хитобидам ман. Занак намуди ҷангӣ гирифт. «Чӣ, афсўс мехўрӣ, ки хоби зан чаппа?!» «На! – саросема шудам ман, – афсўс мехўрам, ки худат дар паҳлўям набудаӣ!»

Занак қонеъ ва бо лабханди малеҳ сари маро сила мекунад, оҳиста ва бесадо дарро мепўшаду меравад.

Инро дар забони илм чӣ мегуфта бошанд, намедонам.

\* \* \*

Як афзалияти кадхудоӣ пеши ман аз рўз ҳам рўшантар аст. Аз ҳар гўшаи дунё, дар кадом соату вақт ки телефон карданд, туро хонаандар меёбанд.

Рафиқон аз Машҳаду Прага телефон карда, овози маро шунида, хурсанд мешуданд: «Э, хайрият, устод, шумо дар хона будаед!» Бечораҳо намедонанд, ки «устодашон» хона набуда куҷо ҳам мебуд.

Аз Алмаато ва Маскав моҳе як-ду раҳ телефон мешавад. Ёд дорам, ки боре Қодири Рустам аз Алмаато телефон кард ва баъди ҳолҷўӣ аз тақдири чопи китобам ҷўё шуд. Сухан аз «Сармаддеҳ» мерафт, ки инак панҷ сол аст омодаи чоп буд, вале ягон говҷигаре пайдо намешуд, то харҷи табъи онро ба гардан бигирад.

Ман хушҳолона ҷавоб додам: «як савобҷўе пайдо шуд ва ваъда дод, ки китобро дар кўтоҳтарин муддат чоп мекунад!» «Кӣ!» – хурсандона пурсид Қодири Рустам. Ман номи як «мирбачаи навпайдоро» ба гўшӣ гуфтам. Дар он гўшӣ хомўшии дерёзе миёна зад. Ман нороҳат шудам: «шунидед?» «Ҳа...»

Қодири Рустам чунон «ҳа» гуфт, ки ба ёдам омад, ки нафаре аз гўшӣ овози мусоҳибро нашунида, дод мезадааст:

«кӣ?.. кӣ?.. кӣ?...» Билохир шунидаст, ки мегўяд: «Рўдакӣ!» Оҳи сабук кашида гуфтааст: «Ана, чаро овозат мислеки аз гўр меояд...»

Ин дафъа овози ҳамсўҳбати ман бурротар ба гўш расид: «бигўед, ки ба ин чӣ тур муваффақ шудед?» «Гуфтам, ки агар ин корро кунад, номаш дар таърих мемонад!» Он гўшӣ боз сукут ихтиёр кард. Ман боз овоз баланд карданӣ будам, ки шунида шуд: «Агар рафту бо ангезаи шумо ун хасиси мурда ин корро кунад, номи вай не, номи шумо дар таърих мемонад!»

Чӣ мегўед, ки Қодири Рустам ҳақ баромад: на китоб чоп шуд, на номи он «мирбача» дар таърих бимонд... на номи ман.

Нохуштарин чизе ки кадхудо қабл аз ҳама ба он гир меафтад, ин гум задани эҳсоси вақту фазост. Намедонад, соат чанду кадомин рўзи ҳафта аст, шумори моҳро ночор мешавад, аз рафиқон телефон карда бипурсад, чароки занаш ҳам гоҳе ҳисоби рўзро намедонад.

Ана, ман ҳам як бомдод аз хоб хеста, шустушў карда, атр пошида, либосҳоро пўшида, худро дар оинаи обшанг муоина мекардам, ки пушти сарам занам пайдо шуд, аз сурати дар оина будаи ман пурсид: «магар ба дидори ягон нозанини каснадиду гўшношунид» – ин ибораро вай айнан аз навиштаҳои ман иқтибос мекунад – меравӣ, ки ду соати дароз аст, худро мураттаб месозӣ?» «Ба редаксия меравам, ку бубинам, чӣ гапҳои тоза ва ҳам рўзномаҳои давлативу кўчабоғиро як варақ бизанам – кӣ мурдаву кӣ зинда...»

Дар ин шаҳр ман ду ҷои рафт дорам: яке беморхона, ки сардухтураш дўстам аст ва дигар редаксия, ки шиносҳои қадимаам он ҷо кор мекунанд.

«Издрасти!» – ба забони Зарнигор тақлидкунон мегўяд занак.

Ба фикрам ҳоло дар Тоҷикистон шояд долони мо (подезд) ягона бошад, ки ғайр аз ман дигар ҳама ҳамсояҳо русанд.

Генадий Павлович, ҳамсояи рўбарўи ман, собиқ геолог, ҳоло бознишаста, рўзҳои аввали ба ин хона кўчида омаданам, ҳар гоҳ маро медид, мехитобид: «привет, раис!» Ман бо лабханд ба дурудаш ҷавоб медиҳам, лек чизе намегўям. Ин баъд, вақте ваҳмид, ман аз «эшелони раисҳо» нестам, узр пеш овард: «извините пожайлуста, я думал вы раис, оказивается вы тоже муаллим!»

Зарнигори мост, ки агар рўзе даҳ раҳ Генадий Павловичро бубинад, ҳар раҳ «издрасти» мегўяд ва мўйсафедро хушҳол месозад.

Аз ин рў чун занам «издрасти» гуфт, ман нигарон мондам, пайомадаш чӣ бошад?

«Имрўз то он ҷое ки ман медонам, ғайр аз пожару милиса дигар ягон корхона кор намекунад!» «Чӣ, магар имрўз ягон ид аст?» «Не, ҷони ширину талхам, имрўз якшанбе, якшанберо давлати демокративу дунявиву ҳуқуқбунёди мо рўзи истироҳат эълом доштааст!»

Ёдам омад, ки дар Маскав вақте занам дар обшанг обтанӣ мекард, ман ба воситаи телефон бо Соҷидаи Мирзо ҳазлҳои намакину варақин доштам, – мо чун ду дўст беибову беҳаё ҳамдигарро вожгунаву ростгуна месохтем. Баногоҳ занам бо тани нимшуста дар бистароҳанг печида болои сарам ҳозир шуд: «Бо кӣ меҷакӣ, ин қадар аз даҳонат шаҳду шакар мечакад?» «Бо Хурмои Ширин!» – осема посух додам ман, бехабар аз он ки ун бечора чанде пеш аз олам даргузашта будааст, занам инро медонистааст...

Ҳоло низ сир раваду сар наравад!

– бепарво мегўям: «Якшанбе бошад, боз хубтар! Биёр дастмолу пастмола, меравам ҳаммом!» Азбаски ҳаммоми деҳкада паҳлўи хонаамон аст, занакро коре намемонад раваду амри маро ба ҷо орад...

Танҳо дар даромадгоҳи долони манзили мо бо чи амри тасодуф ду харак барҷову беосеб мондааст, дигар ҳар куҷо харакноме будааст, дуздидаанд ё шикастаанд. Аз ин рў шомгоҳон ҳамаи занҳои давру пеш рўи харакҳои мо ҷамъ мешаванд ва ба истилоҳи ман «миш- мишпресс»-ро ба роҳ мемонанд.

Ҳар бегоҳ, ки занам қасди берун рафтан мекунад, бефарқ мепурсам: «миш- мишпресс» меравӣ, чун аз дар андарун омад ҳамун тур: «аз миш-мишпресс омадӣ?»

Гоҳе вай ин «ҳардаманоии» маро – то ба ҳол намедонам, ки ин калима чӣ маъно дорад – мебахшад, гоҳи дигар – баста ба он ки дар «миш-мишпресс» чиро муҳокима карданду маҳкум, натанҳо намебахшад, балки алағда ва бо зарда мегўяд: «Дар миш-мишпресс мегўянд, ки «мо мардакҳоямонро шаб танҳо ба хотири ким-чӣ таҳаммул мекунем, ту мардакатро бисту чаҳор соат чӣ гуна тоқат дорӣ, ҳайронем!»

Инро ба забони илм чӣ мегуфта бошанд, намедонам.

\* \* \*

Занакро ҳам гоҳе аз «миш-мишу киш- киш» ҳавсала мегираду рўзи дароз хона менишинад. Агар ҷомашўӣ ва пухтупаз набошад, ҳамаи сериалҳои Америкаи

Лотинро тамошо мекунад, бефарқ. Дар ин рўзҳо мо ҷойҳои худро иваз мекунем.

Вай ба зол меояд ва телек тамошо мекунад, ман ба хонаи хоб мегузарам, то корамро дунбола бигирам ё китоб бихонам.

Баъзан занакро аз ину аз он дил мегирад ва меояд пеши ман, то ба қавли худаш «осоиш ёбаду раҳоиш». Аз раставу бозор, мағозаву супермаркетҳои Маскав ёд меорад бо оҳу воҳ, аз дўстону шиносҳо қиссаҳо мекунад ҳатман бо оҳу воҳ. Нохост мегузарад ба бахши «ёд дорӣ», ки ҳамеша мунҷар ба ягон «гуноҳи» ман аст. «Ёд дорӣ, бо қатора мерафтем, дар метрои «Майдони Ленин» духтаре савор шуд бо пўстини пўсти рўбоҳ, калапўш ва мўзааш низ аз пўсти рўбоҳ, ҳама ўро менигаристанд бо ҳавас, танҳо ту будӣ, ки сар рўи рўзнома хам карда будиву намебардоштӣ! Ман тоқат наёвардаму гуфтам: «Баҳманҷон, бубин, чӣ қадар зебост!» Ту як ба ун духтар нигаристӣ, боз рўи рўзнома сар хам кардӣ.

Ман гумон бурдам, дуруст мутаваҷҷеҳ нашудӣ. Боз аз остинат кашидам. «Чӣ, магар надидӣ, мўъҷиза!» Ту боз сар бардоштӣ, он занро сартопо барандоз кардӣ ва гуфтӣ: «фальшивка, аз даҳ рўбоҳ як рўбоҳ сохтаанд!» Дуртар аз мо хандаи сақфгир баланд шуд – чанд афғон моро гўш мекардаанд.

Ман ба пешбози ў меравам: «Ту ба ман он рўз лақаби «яхчол» дода будӣ!»

Ё аз ин қабил: «Ёд дорӣ, як рўзи боронӣ дар майдони Арбат сайругашт доштем, баногоҳ рўбарўи мо духтаре омад, сартопо сурх пўшида: калапўш сурх, палто сурх, шарфи гардан сурх, мўза сурх, болои ин чатр сурх, айнаки чашмаш низ сурх. Ту беихтиёр хитобидӣ:

«Девушка, вы прекрасны как утренняя заря!» Духтар бо лабханди малеҳе ҷавоб дод: «Спасибо, никогда не слишала более прекрасного комплимента!» Ҳаминки духтар дур шуд, ман ба ту дарафтодам:

«аҳа, пеши дигарон булбул, пеши ман кўри бум!»

Вай ба пешбози ман меояд: «Он рўз ман ба ту лақаби «булбул»-ро часпондам». ... Ҳафтае ду-се раҳ то мағозаи деҳкада меравам, то барои худ сигор бихарам.

Метавонам Зарнигорро бифиристам, аммо ба қавли занам дар хона «мағор бастан» намехоҳам, меравам худам, бо ду пои раҳнамунам. Ҳафт соле ки ман ин ҷо ҳастам, танҳо «Пайн» мекашам, рўзе як пачка. Мардуми давру пеш ҳайрон мешаванд: «кор намекунад, пул намегирад, аммо моҳе си-чил сомонӣ сигарет мекашад!» Баъзан тоқат намеоранду мепурсанд: «аз куҷо ин ҳама болодимоғӣ!»

Як вақтҳо аз марҳум Андрей Миронов, ки ҳамеша сигарети «Марлборо» мекашид, ки маоши актёр, бигузор шўҳратёр ҳам бошад, ба таҳмили харҷи он қодир набуд, ҳамин суолро медоданд ва ў ҳамеша мегуфт: «Занҳои ҳавохоҳам ғамамро мехўранд!» Ман ҳам ба рафиқони кунҷков мегуфтам:

«Аҷинаҳоям ғамамро мехўранд!»

Онҳо нобовар мегуфтанд: «Пас чаро ғами моро намехўранд?» Ман ҳамун тур бепарво мегуфтам: «Инро аз аҷинаҳои худ бипурсед!»

Сигаретро меорам, барои худ қаҳва дуруст мекунам, паси «хонтахта» мешинаму ҷуръа-ҷуръа қаҳва менўшам ва ҳалқа-ҳалқа дуд берун меорам. Боз занам болои сарам ҳозир мешавад. Вай аз дуди сигор алерҷӣ дорад.

– Чӣ ин қадар чун паровоз дуд медиҳӣ, ангор ғами оламро дошта бошӣ!

Ман оҳе мекашаму замзама мекунам:

Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,

Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона!

Дар ин гетӣ саросар ар бигардӣ,

Хирадманде наёбӣ шодмона!

Занак пастхам заданӣ нест. Дастҳоро ба миён камон месозад ва мегўяд:

– Ман хирадмандам гуфтаниӣ-о ?!

– На, азизи дилам, – ором посух медиҳам, – магар хирадманд зан мегирад?

Вай лаҳзае чанд гиҷ болои сарам меистад, баъд дастонашро ба гарданам ҳалқа карда ҳой-ҳой мегиряд.

Инро ба забони илм чӣ мегуфта бошанд, намедонам.

пешина
аз 17