Сармаддеҳ (Китоби дувум)

“Сармаддеҳ” ҳамчун китоби дуввуми нависандаи маъруф Баҳманёр фарогири ҳикояҳои тоза буда, дар Душанбе тавассути нашриёти “Истеъдод” соли 2014 ба дасти хонандагон расидааст. Ин китоби соли 2016 ба хазинаи Китобхонаи вилоятӣ ворид шуда, барои хонандагони ба он дастрасӣ пайдо накарда китоби тоза ҳисоб меёбад.
зеҳни сунъӣ · 31 октябри 2024 · 17 саҳифа
МАРВО
Тундар ғиревиду Марво ба худ печид.
Вай ҳамеша аз тундару чароғак метарсид.
Момояш ҳам аз ин бало тарс дошт, модараш ҳам. Ангор тарси модарзодӣ буд.
Абри осие аз теғаи Шанобурз хамида буд. Деҳ интизори борон буд.
Кўрпаву пўстаки офтобдодаро андарун мекашиданд.
Абри осӣ ваҳмангез буд. Сел наорад ҳам, растохезаки боронӣ роҳ андохтанаш ба яқин буд.
Марво нахуст абри осиро дида буд, пасон бонги тундарро шунида буд. Абри осиро дидан баробар чистони аз момо шунидаашро ба ёд оварда буд – аз дур фаромад мирпаланг, чашмош чуқуру мурдаранг.
Он вақт ҷавоби чистонро наёфта буд.
Агар ҳоло шунида буд, зудандоз гуфта буд.
Марво дудил нимароҳи хона ва ошхона истода буд. Боз гулдуроси дигаре деҳро таконид.
Марво осема худро ба хона зад.
Ҳамоно пардаҳои долбури шомиро рўи тиреза кашид. Аз чароғи барқӣ ҳаросид, ду шамъро фурўзон кард.
Субҳ модар ва падар бо мошини пўшида шаҳр рафта буданд ба аёдати хоҳарбузургаш Шикебо. Вай сари маврид буд, имрўз - пагоҳ бояд мезоид.
Модар хобе дида буд, чӣ хоб, ба касе намегуфт, аз ин рў зудбош шавҳарро бо худ бурда буд, ки духтурҳои шиноси зиёде дар шаҳр дошт. Шавҳари Шикебо
Сиёвуш ном дошт, ки геолог буд. Ду сол қабл дастаи онҳо дар кўҳи Оҳан чодар заданд ва Сиёвуш гоҳу ногоҳ ба деҳ мефуромад, ки барои геологҳо чизе бихарад. Ҳар вақт падар ба коре банд мешуд ё ба шаҳр – идораи селпо мерафт, Шикеборо ҷонишини худ мекард. Ана, Сиёвуш дар мағоза Шикеборо диду ошиқ шуд, Шикебо ҳам ба вай моил шуд. Сиёвуш, ки шаҳрӣ буд, Шикеборо никоҳ карду ба шаҳр бурд ва монд бечораи Марво танҳои танҳо. Аз дур чунин менамуд, ки ин ду хоҳар ба ҳам ҳеҷ рост намегиранд. «Марво, сиёҳпича, боз маро фиреб додаӣ, човаҳоро об пур накардаӣ!» «Марво, хонаро чаро ҷорўб назадаӣ! Ман кадом корро кунам, мағозабонӣ кунам ё хонарўбӣ!», «Марво, кирм дорад ишкамат, ки дар ҷогаҳ чил ғел мезанӣ!»... Ҳоло низ Марво ғолмағоли хоҳарбузургашро аз дару девор мешунавад... Ҳай, чунон ба хоҳарбузургаш унс гирифта будааст, ки вайро бурданду ў ғамбемор шуд. Онҳо гўё ду ниҳолаке буданд дар як ҷо руста, ана якеро канданду бурданд ва макони дигар нишонданд, барои ин ниҳолаки танҳо монда дигар вазиши бод, резиши борон, чаҳ-чаҳи парандагон... он кайфиятеро надошт, ки қаблан дошт.
Падару модар пазмонии ўро, танҳоии ўро пай баранд ҳам, бо ягон пайғому инъом ҷои хоҳарбузургро пур карда наметавонистанд.
Яке дар мағоза аз субҳ то шом, дигар ба кори хона, ки ба қавли худаш, «ҳеҷ тамомшавӣ надорад» банд буд. Ин буд, ки духтар ба худ фурў рафт ва ба қавли кампири Марям «дамдузд шуду монд»...
Ин дам тундар бори савум ғулғула андохт, ки аз зарби он тирезаҳо ларзиданд ва садои ваҳмангез доданд.
Рўшание аз роғи пардаи долбури шомӣ ба хона роҳ ёфт ва ҳамоно ғайб зад. Марво зуд он роғро пайдо кард ва пардаро ба ҳам зад. Баъд ҷомаи падарро, ки дар тоқчаи болишҳо модараш гузошта буд, гирифту пўшид, ҷома аз тани наҳифи ў хеле фарох буд, лек худро чунон сохт, ки гўё ин ҷома таъвизест ва ўро аз ҳар бало нигаҳдор мешавад.
Соат сеи рўз буд. Ҳамхоба ва шарики танҳоиаш – кампири Марям бояд мебуд, аммо кампири Марям паймони бегоҳ дода буд, то бегоҳ вақти зиёде буд, ки имрўзи ваҳмнок ёзида хеле тўл кашида буд, то онро кўтаҳ мекунӣ, ки дар ин аросот заҳракаф мешавӣ. Худро ба чизе бояд саргарм мекард. Ба чӣ, намедонист.
Тарсон-тарсон назди тиреза омад, гўшаи пардаро бардошт ва ба домани Шанобурз нигарист ва он саворро дид – марде рўи зини хар пеш-пеши абри шағабнок пайраҳаи Чашмаи Нўшинро поён мешуд.
Соҳиби хар парвои абри осӣ надошт магарам, ки хар якмаром сум мезад ва беаҷала поён меомад, чунин менамуд, ки он мардро рўи зин хоб бурдаасту вазъи пуртаҳлукаи давру пешро намебинад.
Оромии шум ва ҳам салобатдори хар ва савор Марворо ҳаросонид, гўшаи пардаро раҳо кард, чор гўшаи пардаро чашмбарандоз кард, роғе надид, хотирҷамъ ба миёнҷои хона омад. Ба коре худро то омадани кампири Марям саргарм мебояд кард, аммо чӣ коре? Назди қафасаи китобҳо омад ва муҷаллади ҷилдфарбеҳи «Природа и животний мир Средней Азии»-ро берун кашид. Вай расмҳои рангаи паранда ва чарандаҳои ин китобро гоҳу ногоҳ тамошо мекард ва аз ин хушаш меомад. Чашм пўшиду ангор фол медида бошад, китобро ба тахмин кушод, баъд чашм боз карду нигарист, расми тортанаки бадвоҳимаеро дид.
«Ғунда!» Бадшакл ҷонваре буд. Марво аз ғунда, каждум ва мор метарсид, ҳарчанд ҳеч кадоми онҳоро бо чашми сар надида буд. Аҷиб, дигар дугонаҳояш аз муш заҳракаф буданд, лек вай мушбачаҳоро меқапид ва бепарво чун гурба бо онҳо бозӣ мекард. Вале ин палидҳоро як раҳ надида, аз онҳо тарсон буд. Шояд ин ҳам ирсӣ бошад. Вай ғайриихтиёр ба хондани зерматни расм оғозид.
Ғунда «Ҳашарае аст шабеҳи анкабут ва зардранг, бо дасту пои кўтоҳ, як қисми он ба бузургии гунҷишк, заҳри шадид дорад, агар инсонро бигазад, фавран ҳалок мекунад...»
– Хайрият ин касофат дар кўҳу пушта зиндагӣ мекунаду дар деҳ пайдо намешавад! – хурсанд хитобид Марво, ҳарчанд сабаби хушҳолиаш ошкор набуд.
Марво китобро пўшид, ба қафаса гузошт ва баргашт назди тиреза, пардаро, гўё ғаранги гаҳвораро – оё тифлак хоб аст ё бедор – оҳиста бардошт ва ба домани Шанобурз нигарист, боз ҳамон марди харсуворро дид, дигар дар хару дар мард виқори қаблӣ набуд: хар дар ҷои худ истода буд, мард низ халачўб бардошта буд, ки гардани маркабро бимолад, лек магарам аз фикраш гашта буд, ки халачўбро поён намеовард.
Марво аз ин манзара чашм канда наметавонист...
Абри осӣ поён хамбида буд. Борон низ оғоз ба боридан дошт. Тундару чароғак акнун дар дуриҳо – шояд паси теғаи Шанобурз – меғуриду медурахшид. Вақте ки абрпораҳои думгир гирди хару саворро печиданд, хар ва савор лаҳзае чанд ангор андарво дар фазо буданд. Марво осема пардаро пўшид ва аз назди тиреза дур шуд.
Боз надонист ба чӣ кор машғул шавад.
Меояд назди қафаса, китоби ҷилдфарбеҳро берун мекашад ва варақ мезанад ва расми ун ҷонвари бадшаклро пайдо мекунад ва ба хондани зерматни он меоғозад:
Каждум
«... Ҳашараест зардранг, шикам ва думи ў аз ҳалқаҳои мутаъадид ташкил гардида, ҳалқаи охири дум ба як неше мунтаҳӣ шуда, ки шабеҳ ба сўзани инъексӣ аст ва ба василаи он заҳри худро ба бадани сайд ё душман дохил мекунад. Дар ҷойҳои торик, хушк ва касиф зиндагӣ мекунад.
Каждумҳои навоҳии гармсерро заҳр кушанда аст...»
– Пас аз они мо кушанда нест, – боз хушҳол шуд Марво, ҳарчанд худ намедонист барои чӣ.
Волидайн қабл аз сафар ўро дилбардорӣ доданд. «Дилгир машав, бегоҳ ба наздат Марямбибӣ меояд. Чанд рўзе ки сафари мо тўл накашад – мо ҳам мекўшем зудтар баргардем – вай ҳамхобаи ту хоҳад буд!»
Кампири Марям сари танҳо дошт – на пайванд, на фарзанд, на дилбанд. Ҳар буна, ки ба ҳамхоба ниёзманд мешуд, ўро суроғ мекард. Ҳамхобаи беминнат буд ва ҳам кўдакон ўро дўст медоштанд, чароки то хоб бурданашон афсонаву чистон мегуфт.
Марво ҳам, Шикебо ҳам кампиракро дўст медоштанд ва ўро «бибӣ» мегуфтанд, зеро бибии падариву модариашонро надида буданд ва кампири Марям ҷои онҳоро гирифта буд.
Кампири Марям хеши дури падарашон буд. Аз ин рў бе суроғу бе паём низ гоҳу ногоҳ меомад чун як узви оила. Аммо рафту падар хона бошад, ҳеҷ гоҳ ба шаб намемонд. «Худоро шукр, сарпаноҳ дорам ва дами гарме ҳам дар хона ёфт мешавад!» мегуфту мерафт. Агар падар сафарӣ бошад, бе ҳеч ҳарф қабул мекард ва ҳамроҳи Марвову Шикебо дар як хона мехобид. «Чанд рўз аст, ки даҳонам пўпанак бастааст, агар даҳонро бо вожаҳо ғарғара карда наистӣ, комат талх мешавад. Ана, ман ҳам имшаб ду-се афсона ба шумо мегўяму комамро тоза мекунам!»
Боз тундар гулдурос зад ва озарахше рўшанӣ кард баробари он. Ин бор Марворо чунин намуд, ки на танҳо шишаҳои тиреза, балки бому бомгўша низ ларзид. Марво ҷомаи падарро ба танаш тангтар печид.
Вақте кўдак буд, ҳангоми раъду барқ ўро ором мекарданд, ки «натарс, ин Момо Гулдурос пўстаку намадҳои зимистон чангзадаашро аз хона берун овардан ва такондан дорад!» Вай ба ин ҳарфҳо бовар мекард. Пеши худ низ тобонда буд, ки пиразани бадсуробе дар як гўшаи осмон аз абрҳои сиёҳ барои худ хона сохта, пўстаку намадҳои ҷулро рўи фарши хонааш, ки низ абрист, густурдааст. Гоҳу ногоҳ вақте аз бекасиву танҳоӣ зиқ мешавад, ба абрпорае савор мешаваду ба сайру гашт мебарояд ва замини сабзи гулпўш, одамҳои шоду хуррамро мебинаду ба ҳоли худаш хориаш меояд ва зор-зор мегиряд ва ин борон, ки гоҳу ногоҳ меборад, ашкҳои сўзони ўст, ки то ба замин расидан сард мешаванд... Кампираки миҷингу танбалест, ки ҳеч ба хонарўбӣ хуш надорад, фақат баҳору тирамоҳ ночор мемонад, чароки чанг ба димоғаш мезанад, атса ба ҷонаш, бо хашму ҷаҳл пўстаку намадпораҳояшро берун меораду метаконад, метаконад ва ин тундару озарахшро ба роҳ меандозад...
Кампири Марям боре дар бораи марди обӣ ҳикоят карда буд. Марво то ин вақт дар бораи парии обӣ шунида буд, марди обиро бори нахуст мешунид.
Бухоризодаи аввал Бухоризодаи сониро, ки кўдаки шашсола будаанд, хатнасур мекардаанд. Баногоҳ аз куҷое марди ношиносе пайдо шуда, дар радаи меҳмонҳо чорзону зада нишастааст. Кулоҳи сарашу ҷомаи танаш чун кулоҳу ҷомаи дигарон будааст, вале хеле хуштарҳу хушдўхт. Ду соат бо аҳли давра нишастаасту ҳамагӣ ду ҷумла гуфтааст. Бори аввал чун дидааст, ки мардум чормағзу пиставу бодомро бо дандон шикаста мехўранд, бо ҳайрат гуфтааст: «инҳоро бубинед, гавҳарро бо санг мешикананд!», бори дуввум намакро дар коса овардаанд барои аҳли давра, ки пас аз палав ревоҷ мехўрдаанд, хитобидааст: «дар кишвари мо намак мисқол-мисқол, тилло ҷувол-ҷувол!» Баъди ин ҳарфҳо бархоста равон шудааст.
Азбаски бегонаву ношинос будааст ва ҳам ин ҳама ҳарфҳои ғариб гуфтааст, Бухоризодаи аввал ду ҷавонакро фармудаанд, ки он мардро пай бигиранд, ки куҷо меравад. Ҷавонакҳо он мардро то лабобаи Кафкрўд дунбол гирифтаанд ва пасон ўро аз назар гум кардаанд ва мулло аз ин натиҷа гирифтаанд, ки одами обӣ будааст.
Марво сари ин ақида устувор буд, ки одами обӣ бародари қаҳрии Момо Гулдурос аст. Яке дар ҳаво раъду барқ ба роҳ мемонаду дигаре дар рўд селу обхезӣ барпо месозад...
Марво хам шуд ва китоби чанде қабл аз тарс рўи гилеми фарши хона ғалтондаашро бардошт ва варақ зад. Он чи мекофт, ёфт.
Мор «... Ҷонваре аст аз табақаи хазандагон, баданаш нарм ва устувонаӣ, дорои сутуни мўҳраҳои дароз, рўи замин мехазад ва ҳангоми истироҳат даври худ чанбар мезанад. Морҳои заҳрдор дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд ва бархе аз онҳо бисёр хатарнок мебошанд, монанди кубро, гурза, мори зангӣ... морҳои безаҳр дар об ба сар мебаранд ва баъзе аз онҳо бисёр бузург ва қавиҳайкал мешаванд, монанди анокондо...» Китобро бо шаст пўшид ва бурду дар қафаса гузошт. Ба соати девор нигарист – понздаҳу шаш дақиқа. «Худоё, то омадани Марямбибӣ боз як қиёмати дигар вақт аст!»
Боз надонист, худро ба чӣ андармон созад, то вақт дар назараш дерёз нанмояд.
«Аҳа, ёфтам, ба бибиам мошкичирӣ хоҳам пухт!»
«Мошкичирӣ» хўроки хушкардаи кампири Марям буд. Ҳам худро машғул медорад ва ҳам пиразанро хурсанд месозад. Ҳарчанд ҳама тартиби маводи пухтро монанди модар мураттаб мекарду мепухт, лек дар назараш оши ў чун оши модар болаззат набуд, ки алағда мешуд.
Модар ўро дил мебардошт, ки ҳеҷ гап не, ту ҳанўз кафгир гардонданро хуб балад нашудаӣ, ин ҳунарро низ бояд ёд гирӣ, он гоҳ оши ту пухта аз оши ман низ болаззаттар мешавад. Кафгир гардонидан ба таъми хўрок чӣ дахле дошт, инро Марво намедонист. «Кафгир гардонидан? – ҳайрон шуда буд кампири Марям, – бори аввал мешунавам. Ман умуман бе кафгир хўрок мепазам!»
– Зирбакро омода месозаму бибиро интизор мешавам, ҳамин ки суробашро аз дур дидам, мошро меандозам. Ҳоло ҳам мошу ҳам биринҷро шуста, тар карда мемонам.
Марво ҳеч пай намебурд, ки инак чандест пеши худ баланд-баланд ҳарф мезанад.
Марво ошхона нарафт, тарсид. Ҳамон ҷо дар бухорӣ оташ гиронд, дегпояро рўи оташ, дегро рўи чанбари он гузошт...
Дар деҳ ҳаёҳуй баланд шуд ва Марво ҳаросон назди тиреза омад, пардаро бардошт ва нахуст ба домани Шанобурз, ба пайроҳаи Чашмаи Нўшин нигарист. Хар ва савор дар ҳамун вазъи пешина буданд – хар як поро бардошта буду ба замин нагузошта, мард бо халачўби поён наоварда... «Худоё, онҳоро барқ задааст!» – Бо даҳшат нидо дардод Марво ва худро қафо кашид.
Бемадор рўи фарши хона нишаст, ранги рўяш канда буд ва баргларзаи танаш кам- кам ба вараҷа мегашт...
Дафъаи аввал ҳам чизе монанд ба ин аз дилаш гузашта буд. Лек худро бовар кунонда буд, ки он фиреби назар асту бас. Чизе рух дода буд, ки ҳоло ақли бечора Марво то ба умқи он намерасид.
Кист ў, чаро маҳз ў дар ин соат, дар ин мавзеъ ҳозир буд, ки барқ бисўзонадаш?
Чаро барқ дарахтони хушки давру пешро насўзонд, чаро маҳз омоҷи кинаш ин хараки бевора ва ин мардаки бечора қарор гирифтанд?
Марво кам-кам ба худ омад. Аз ҷой бархост, назди бухорӣ омад, пиёла бардошт ва бо нўги корд каме андар он сиёҳии дег тарошид, пасон пиёларо аз об пур карду нўшид. Ва бо қадамҳои устувор қариби тиреза омад ва пардаҳоро аз ҳам дур зад, палаҳои тирезаро кушод – ба хона боди форами пасиборонӣ даромад, ки басе ҳаловатбахш аст, лек Марво онро ҳис накард. Ҳаво рўшан гашта буд ва борон ҳам монда буд. Хар ва савор дар домани Шанобурз кадом як қаҳрамонеро ба ёд меоварданд, ки расми ҳайкали ўро вай дар маҷаллае дида буд. Он ҳайқалро дар хиёбони кадом як шаҳре гузошта буданд, ки бо диданаш хоҳ-нохоҳ лабханд дар лабонат мешукуфт. Ин ҳайкали даҳшатноки рўбарўи чашмаш дар домани Шанобурз буд ва онро барқ гузошта буд, чунон гузошта буд, ки аз диданаш хун дар рагҳои тан ях мебаст.
Касе магарам намедонист он мард кист, зеро аз хонае нолаву шеван шунида намешуд. Ҳарчанд ин дам дастае савору пиёда пули Кафкрўдро убур мекард, ба яқин барои овардани ун барқзада мераванд. Дар боми ҳамсоя чанд тан баҳс доштанд. Марво гўшу ҳуш шуд, то бишнавад, ки онҳо чиҳо мегўянд, лек бод ҳарфҳои онҳоро ҷониби дигар мебурд. Барояд, пеши онҳо равад? «Не, айб аст!» Хоҳ-нохоҳ соате пас ҳама чиз ошкор хоҳад шуд, вақте ин гурўҳи аз пул гузашта он бадбахтро поён меоранд...
Ин дам сурфаи сохтае паси сар шунид, баргашт ва кампири Марямро дид. «Худоё, ба чӣ роҳ омад, чӣ тур номаълум даромад, ки ман на дидам, на пай бурдам?» – Пеши худ гуфтам, ки духтаракам аз барқ метарсад, биё, ба по шав, зуд назди ў бирав! Аммо ин воқеа – кампирак ба домани Шанобурз ишора кард – рух доду андармон шудам.
– Бибӣ, надонистед, кӣ бошад?
– Касе намедонад. Ҳама мегўянд, ки аз деҳи ҳамсоя марде ки инак ду рўз аст тўрпии гумшудаашро меҷўяд... Аммо бобои Сангини шабзиндадор – бечораро инак панҷ сол аст пинаке хоб дар чашмонаш пайдо намешавад – мегўяд, ки пеш аз намози бомдод Фармони Мурод харсавор аз пеши бомгўшае ки вай он ҷо шабзиндадорӣ мекунад, убур кардааст. Агар чунин барвақт рафтааст, пас дарахтбурӣ рафтааст, чоштгоҳ, ки аз пайраҳаи Чашмаи Нўшин поён меомад, пас ҳаваси чўҷаҳои якбара ҳам кардааст!
– Чўҷаҳои якбара?
– Кабкҳо соле се раҳ тухм мегузоранду чўҷа мебароранд: баҳорон, тобистон ва аввали поиз, аз ин рў онҳоро якбара, дубара ва себара мегўянд. Барои кабкҷанг якбарааш арзиши гарон дорад...
– Барои чӣ, бибиҷон?
– Ҳама чизро баҳорияш қиматаш афзун аст: асали баҳорӣ, мости баҳорӣ, гўшти баҳорӣ... Кабкҳои баҳорӣ низ бештар мехонанду зўртар меҷанганд.
– Пас ин харакӣ мегўед амаки Фармон аст?!
– Боз кӣ ҳам буданаш мумкин? Вай медонад, ки кабкҳо чоштгоҳ чўҷаҳояшонро чашма обхўрӣ мефуроранд. Меравад, пушти ғўт ё буттае камин мегирад, баъд чўҷаҳоро ки ҳанўз парвозӣ нестанд, даст мегирад ва калон мекунаду бурда мефурўшад ё ба умеди ягон чизи камёфт ба мудири селпо тўҳфа мекунад. Ин касабаи раҳматӣ Дамдор буд, аз ҷар париду мурд, ана инаша барқ зад! Аз модар ҷудо кардани дилбанд гуноҳи азимест...
Марво ҳис кард, ки валвалаи дилаш бо омадани кампири Марям нишастааст ва акнун раъду барқ болои сараш ҳам ғураду дурахшад, боке надорад. Кампири
Марямро магарам ин чанд рўз даҳонаш мағор баста буд, ки ҳамоно гап мезад:
– Бало ба пои ҳамоне мепечад, ки бо рафтор, гуфтор, кирдори бад он балоро фаросўи худ мехонад. Дар акси ҳол чун ҳазрати Иброҳим дар оташ андозанд ҳам, намесўзӣ...
– Бибӣ, агар рафту вай дар ҳақиқат Фармони Мурод бошад, чӣ мешавад?
– Ҳеч чӣ намешавад! Агар кампири Майса ин ҷо мебуд, мегуфт: «хас каму ҷаҳон пок мешавад!»
Марво карахту гаранг монд. Зане ки дар назари ў ҳатто қудрати пашшаро озурдан надошт, чунин ҳарфҳои сабук ба бадбахтии сангин мегўяд ва азоби виҷдон ҳам намекашад. Кампири Марям вазъи ўро пай бурд, ки сарашро сила кард ва гуфт:
– Сари ҷаҳл гуфтам, ба дил магир.
Марг марг аст, охӣ, бачаҳояш месўзанд, занаш месўзад, касе буд, набуд, дили кас об мешавад дар чунин рўз... – кампири Марям бори дигар сари духтаракро сила карду суханро ба дигар маҷро кашид.
– Мехоҳӣ як воқеаи аҷиб аз раъду барқ бароят ҳикоят кунам?
Марво шодмон сари тасдиқ ҷунбонд.
Пиразан беҳ шудани кайфияти ҳоли ўро дида, бо шавқ ба қиссаи худ пардохт.
– Ман хеле хурд будам, тахминан ҳамсоли ту ун айём. Ҳама занҳову кўдакони ин гузар дар чарогоҳи Гулбасарон каппа зада будем. Тобистон буд, ҳаво рўшану гарм буд, лек баногоҳ раъду барқ шуд, ҳаво тира шуд ва мо ба гумони борони оянда, ба каппаҳо паноҳ бурдем. Чанде гузашт, ёд надорам, лек баногоҳ фиғони зане моро берун кашид, аз каппаҳо берун омадему дар ҷои худ мехкўб шудем. Гов, буз ва мешу тагалҳое ки бомдод соҳибонашон ба пуштаҳо ронда буданд, аз кўҳпора поён меомаданд, ҳама шохҳояшон шўълаафшону дурахшон буданд, гўё даргирон буданд, хеле намуди бадвоҳима доштанд, ки баъзе занҳо тоб наёварда, ҷониби деҳ бо кўдаконашон фирор карданд... Мо низ заҳракаф будем, лек тарсону ларзон пайомадашро нигарон будем... Хушбахтона, ҳамин ки чорпоён ба овулҷо наздик шуданд, оташу шўълаи шохҳояшон ғайб заданд...
– Чӣ будааст вай, бибӣ?
– Барқ, бачаам! Барқ гоҳе як махлуқи ҷондор барин менамояд, ки бо одамакҳо ҳазлу бозӣ кардан ва қудрат намуданро хуш дорад.
Онҳо хомўш ба айвон баромаданд, ки субҳ Марво баъд аз гусели падару модар саҳни онро об задаву рўфта ва намаду кўрпача густурда буд. Хост раваду дастархону чой орад, ки кампири Марям нагузошт.
– Беҳтараш биё, рўи бом биравем ва пайомади ин корро бубинем, ҳоло нонрезае аз гулўям намегузарад.
Ҳар ду рўи боми коҳдон баромаданд ва бо ҳайрат диданд, ки савор ва хар дар ҷои собиқашон нестанд, қофилаи аз рўд гузашта ҳам ба чашм наменамуд, шояд ин дам дар хамгашти фарози Чашмаи Нўшин буд. Ҳароина пас аз ду-се дақиқаи дигар қофила аз хамгашт берун омад.
Нафаре пеш-пеш хареро, ки рўяш бори вазнине дошт – бешубҳа ин бор ҳамон барқзада буд, ядак гирифта поён меомад.
Харро чӣ карда бошанд? – Харро ё гўр кардаанд ё зери ҷар!
– ангор фикри ўро хонда буд кампири Марям.
– Бечора хар! – ғайриихтиёр нидо кард Марво ва кампири Марям хандид.
– Ҳоло намедонӣ, кадомаш бечоратар аст. Биё, меравем поён то масчит, хоҳ- нохоҳ мурдаро он ҷо меоранд, ки мулло Бухоризода амри маъруф кунанд, пасон дар фикри гўру чўб мешаванд. Шояд ўро пагоҳ гўронанд, охир ягон ҷондоре дар хонааш нест, занаш ҳам дар шаҳр назди писараш рафтааст, кӣ ба ҷои онҳо ҳоло «во, барам!» мегўяд, худо медонад.
Ҳароина мулло Бухоризода Холдорро ба шаҳр пайи овардани зану фарзанди Фармони Мурод фиристода буд – мошини пўшида рафта буд ва Холдор харсавор то деҳи поёноб бояд мерафт, ки он ҷо шоҳроҳ буду мошинҳои раҳгузари зиёде дошт, мулло мурдаро бо чашми сар надида ба яқин мегуфт, ки Фармони Мурод асту бас, аз куҷо медонист, касе намедонист. Гузашта аз ин ду ҷоркашро ба деҳоти поёну боло фиристода буд, ки пагоҳ мардумро соати дувоздаҳ ба намози ҷаноза хабар диҳанд.
Ғайр аз беморону кўдакону пирони замингир дигар ҳама пеши масчит ҷамъ омада буданд. Занҳо алоҳида рўи сабзазори паҳлўи масчит, мардҳо рўи шолрағзае ки аз масчит берун оварда дар айвони он густарда буданд, менишастанду танҳо мулло Бухоризода бо ду мўйсафеди дигар рўи хараке ки аз мағозаи деҳ оварда буданд – мағозаро амаки Марво муваққат фурўшанда буд. Аксари ҳозирин барвақт омада буданд, ҳоло бетоқатӣ мекарданд, ки ин қофилаи ба Шанобурз рафта ҳай диранг мекунад.
– Ба пояшон санг бастаанд магар, – бетоқатӣ мекунад Шераки Хол, – фарози кўбандаро ба ин зудӣ баромаданду нишеби теландаро ба ин сустӣ поён меоянд?
– Шояд барқ Фармонро сўхта лахча карда бошад, – мегуфт Оростаи Сиёҳ, – аз ин рў ба эҳтиёт меоянд, то ҷисми ў хокистар нагардад ва бод чош-чош насозад.
Аз ин ҳарфҳои Ороста мў дар тани чанд нафар сих мегардад ва ҳама мўҳри хомўшӣ бар лаб мезананд.
Шераки Хол имдодталабона ба атроф менигарад, ангор барқ на Фармонро, бал ўро зада бошад. «Худоё, одами зиндаро сўхта лахча кардан ба кӣ ва барои чӣ даркор аст? Пургуноҳем, медонем, охир офаридаи туем, чӣ медонем?!»
Шераки Хол ҳис кард, ки мадори пойҳояш хушк шудан доранд, ба атроф нигарист, ягона хараки қариби масчитро банд дид, шолрағзаро низ ҳамчунин, бемадор рўи сабзаҳо дар радаи занҳо нишаст ва бо фаши саллааш номаълум ашки чашмонашро пок кард.
Мулло Бухоризода ду-се ҷавонакро имои ангушт карданд, ба онҳо чизе супориш доданд, ки ҷавонакҳо филфавр ҷониби хонаи Фармони Мурод дартоз шуданд.
Марво суоломез кампири Марямро нигарист, кампирак гуфт:
– Ҳота ва хонаҳояшро мерўбанд, ягон буз ё гўсфандашро мекушанд, барои онҳое ки имшабу чанд шаби дигар он ҷо хоҳанд буд.
Марво ҳайратзада пурсид:
– Магар дар хонаи одаме ки ба чунин сахтӣ мурдааст, чизе аз гулўи одам мегузарад?
Марямбибӣ табассум кард ва сари ўро сила карду гуфт:
– Содаяки ман, бечора Фармон чун мурд – мурд, шикам, ки аз ин хабар надорад? Бохабар ҳам намешавад.
Соате пас қофила ба масчит расид, чанд тан тоқат наёварда ба пешбози онҳо рафтанд ва ҷомаи рўи барқзадаро бардоштанд ва бо шигифтӣ диданд, ки барқ Фармонро зада лахча накардааст, ҳатто сиёҳие дар сару танаш набуд.
Муаллими физика Хидев, ки он ҷо буд, инро шарҳ дод:
– Барқ ба инҳо зада, ба замини нам фурў рафтааст, агар шах ё санг зери пояшон мебуд, сўхта ангишт гаштанашон яқин буд.
Навбахт, ҷангалбони ин обрав, ки бо қофила рафта буд, назди мулло Бухоризода омад ва аз бағалаш шаш чўҷаи кабкро берун оварду ба мулло нишон дод. Мулло ҳайрон, мардуми гирду атроф ҳайронтар ўро менигаристанд, ки чӣ мегуфта бошад.
Навбахт ҳам чун кунҷковии мардум ва нигаронии муллоро дид, гуфт: – Инҳоро, ин шаш чўҷаро ман аз бағали Фармони Мурод ёфтам, хару савор ҳар дуро барқ зада кушта буд, лек ин шаш чўҷа байни куртаву таҳпўши ў зинда монда буданд, чун мо ба хару савор расидем, чув-чуве шунидем, гумон бурдем чўҷаҳои давру пешанд, лек баъд онҳоро аз бағали Фармони Мурод ёфтем.
Мардум хеле ҳайратзада шуданд ва байни худ ба миш-миш пардохтанд. Мулло ҳамоно ба чўҷаҳои рўи кафи Навбахт менигарист ва ба чӣ фикре банд буд, билохир сар бардошт ва Навбахтро гуфт: – Чаро онҳоро он ҷо раҳо накардӣ?
– Нобуд мешаванд аз чангу заҳри парандаву хазандаҳо.
Бухоризода боз ба фикр фурў рафт ва баногоҳ пай бурд, ки касе домани ҷелакашро мекашад, баргашту нигоҳ кард, духтари хурдии фурўшандаи мағоза Марворо дид.
– Бобоҷон, чўҷаҳоро ба ман диҳед, ман онҳоро парончак мекунам ва пасон бурда назди Чашмаи Нўшин озод!
Бухоризода лаҳзае чанд хомўш ўро нигаристанд ва баъд Навбахтро ишора карданд: «бидеҳ!»
Навбахт ба бари домани Марво чўҷаҳоро гузошт ва боз ба мулло нигарист, чӣ мефармояд. Мулло сари духтаракро сила карду ба ҷониби хонаи Фармон гом бардошт ва ҳама дунболашро гирифтанд. Танҳо Марво ва кампири Марям бозпас ҷониби хона шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё