Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.

Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Шаб ба як шамшер сӣ сар шикаст.

*

Ба як мошон як коса ош,

Ба як мошон як коса мош.

*

Як кали таҳи пал, як кал миёни кал, як кал болои пал, кали таҳи пал ба кали миёнаи пал гуфт, ки эй кали миёнаи пал, марзи мани кали таҳи палро намедиҳӣ?

*

Мех чўб, пила чўб,

Пили пилон пила чўб.

Боло дарӣ, поён дарӣ,

Зоғу заған дағдаға чўб!

*

Усто секинак болои тут баромаду чўби тарматару аз нўги тут бориктара тарошиду харошиду фаромад.

*

Чалпак чалабу чалаб лабу лабчалпак, як чалпаку ду чалпаку се чалпаку чор чалпаку панҷ чалпаку шаш чалпаку ҳафт чалпаку ҳашт чалпаку нўҳ чалпаку даҳ чалпаку чалпак чалабу чалаб лабу лабчалпак, даҳ чалпаку нўҳ чалпаку ҳашт чалпаку ҳашт чалпаку ҳафт чалпаку шаш чалпаку панҷ чалпаку чор чалпаку се чалпаку ду чалпаку як чалпаку чалпак чалабу чалаб лабу лабчалпак.

ЧИСТОНҲО

Чистонҳо барои истифодабарии волидайн, мураббия, ва кўдакони муассиисаҳои синни хурди томактабӣ

Маънои чистон аслаш ба тариқи савол омада ба тарзи пўшида ба шунаванда гуфта мешавад. Яъне он чист ё чӣ аст? Шахси шунаванда бояд аввал фикр кунад ва аломатҳои асосии он чиз ё ашёро дар шуураш ҷой диҳад ва баъд ба гўяндаи чистон ҷавоб гардонад. Агар, мабодо, худаш ҷавоб нагардонад ҳам, ҳеҷ гап не, дигарон ҷавоби чистонро меёбанд. Он вақт шахси ҷавоби чистонро наёфта, онро дар ёд ё хотираи худ гирифта нигоҳ медорад ва минбаъд дар зарурат ҷавоб хоҳад дод.

ЧИСТОНҲО БАРОИ КЎДАКОНИ СИННИ ТОМАКТАБӢ

Гилеми калони ранга,

Дарунаш пури танга.

(Осмон ва ситораҳо)

Як чодари зангорӣ,

Шаб пур асту рўз холӣ

(Осмон ва ситораҳо)

Хаймаи кабуди калон,

Бе сутуну девор овезон.

(Осмон)

Яктаяк фатир,

Хама олам сер.

(Офтоб)

Чароғи рўйи равзан,

Гаҳ торику гаҳ равшан.

(Моҳ)

Шаб пур бошад, нур резад,

Рўз, ки шуд мегурезад.

(Ситора)

Уштури гардандароз,

Меравад дуру дароз.

(Абр)

Хари Ҳасан занг зад,

Замину замон ранг зад.

(Раъду барқ)

Дар тори бед,

Тухми сафед.

(Барф)

Аз ин ҷо то Ҳисор,

Меравад қатор-қатор.

(Мўрчаҳо)

Як хонаи танида,

Ўро ҳама харида.

(Пилла)

Паҳмаки бамазза,

Дар тирамоҳ мепаза.

(Дулона)

Лоларухак,

Ағбаҷаҳак.

(Кабк)

Хун дораду ҷон надорад.

(Шоҳтут)

Худаш як ваҷаб,

Ришаш даҳ ваҷаб.

(Ҷуворӣ)

Як тоқча пури мехча.

(Даҳон)

Лаблаби ҷар,

Химчаи тар.

(Мижа)

Ин сў арра,

Он сў арра,

Миёна гўшти барра.

(Даҳон, забон, дандон)

Як суфача панҷ бибича.

(Дасту панҷа)

Дар даруни дара,

Овозаки барра.

(Гандумбиён)

Тоқчаи рўфта,

Моҳаки хуфта.

Рўз пур, шаб холӣ.

(Ҷурғот)

(Пойафзол)

Аз одам баланд, аз мурғ паст.

(Тоқӣ)

Худаш якта,

Чашмаш садта.

(Ғалбер)

Шаб ходим,

Рўз оим.

(Кўрпа)

Дар як хонача,

Шаст ходача.

(Гўгирд)

Шуғ буд, луғ буд,

Нўгакаш тунук буд.

(Сўзан)

Ду оча,

Чил бача.

(Норбон)

Дум дораду гўш надорад,

Бок аз тару хушк надорад.

(Табар, теша)

ЛУҒАТ:

Шуғ- афсона

Бок – тарс, бим

пешина
аз 25
навбатӣ