АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Падарон, модарон, мураббияҳо ва омўзгорони арҷманд! Шумо акнун аз мутолиаи ҷилди чоруми «Тазкираи адабиёти бачагон», ки он ба эҷодиёти даҳонакии халқамон бахшида шудааст, метавонед лаззати бадеӣ ва зебоӣ бардоред. Дар китобчаи мазкур бо афсона, суруду тарона, бозиҳои тезгўяк ва чистонҳои дилошўб, ки халқи тоҷик дар тўли солҳои зиёде ҳамчун гавҳари ноёб офаридааст, баҳравар мегардед. Ва мутмаинем, ки кўдакони синни томактабӣ ва хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бо ин намунаи жанрҳои адабӣ - бадеӣ аз наздик шинос менамоед, то ки хурдсолон ҳам аз ин дурдонаҳои офаридаи халқи хеш бохабар ва баҳравар гарданд.
Валиев Султон · 31 октябри 2024 · 25 саҳифа
Вой дастам, вой дастам,
Зани амаки мастам,
Санг катӣ зад ба дастам,
Вой дастам, вой дастам!
Хулоса, шеър дар ҳаёти маънавии бачагон мавқеи муҳим дошт ва дорад. Мардум дараҷаи фаҳмиш ва имконияти дарккунии бачаро ба эътибор гирифта, сурудҳое эҷод кардаанд, ки бачагонро ба шавқ меоваранд, ба онҳо лаззати бадеӣ мебахшанд ва мароқи онҳоро ба нафосати сухан ва зебоии ҳаёт афзун мегардонанд.
2. СУРУДУ АФСОНАҲО
Суруд дар аксари афсонаҳои халқии бачагона нақши калон мебозад.
Бибигамбусак, ки ошнокобӣ меравад, дар роҳ қурбоққаро дучор мешавад. Қурбоққа ба гамбусак таклиф мекунад, ки дўсти ў шавад.
Гамбусак мегўяд, ки агар бо ягон сабабе аз ман қаҳрӣ шавӣ, чӣ кор мекунӣ?
- Қаҳрам биёд, - гуфтааст қурбоққа, - чашмонамро ало карда, аз поят кашида ба об мепартоям. Бибигамбусак дар ҷавоб шеър мегўяд:
Озорам ман, безорам,
Тоқати ин надорам.
Баъди ҷустуҷў Гамбусак бо муш ошно мешавад. Баъд мушак ҳар боре ки ба хонааш бармегардад, ба унвони дўсташ шеър мегўяд:
Мағзу мавиз овардам,
Ҳар чӣ, лазиз овардам.
Тезтар ин ҷо бароед,
Дарро ба ман кушоед!
Духтари мири мушон рашк карда, гамбусакро ба об мепартояд.
Гамбусак аз даруни об ба раҳгузарон бо шеър муроҷиат мекунад. Мушак ба сари ҷўй меояд ва гуфтугўи ў бо гамбусак бо шеър давом мекунад.
Суруд дар банду баст ва мундариҷаи дигар як афсонаи машҳури халқӣ низ аҳамияти дараҷаи аввал пайдо кардааст. Ба воситаи суруд бузу гўсфанду гўсола аз гургон халос мешаванд. Онҳо ҳамсафар шуда, дар як маҳал пўсти гургро, ки дар роҳ ёфта буданд, ба назди остона андохта, ба сифати меҳмони нохонда ба хонаи гургон даромада мемонанд.
Вазъият душвор - онҳо ба дасти гургон афтоданд.
Гургҳо шодӣ мекунанд ва бо навбат суруд мехонанд. Ҳар кадом дар суруди худ ба хўрдани кадом «меҳмон» майл доштанашонро баён мекунанд.
Баъд буз, гўсфанд ва гўсола ба сурудхонӣ навбат гирифта, бо тантана эълон мекунанд, ки онҳо кушандаи гургонанд. Гургҳо трсида гурехта мераванд.
Бисёр афсонаҳои бачагонаи дар бораи ҷонварон, ҳамин хел бо сурудҳо фаро гирифта шудаанд.
Дар байни афсонаҳои сеҳрангез низ афсонаҳои суруддор мушоҳида мешаванд. Яке аз ин қабил афсонаҳо, ки «Булбулаки саргашта» ном дорад, осори ақидахои давраҳои бисёр қадимаро дар хусуси гўё баъди марг ба ҷонваре табдил ёфйтани инсон дар бар кардааст. Духтарак устухонҳои додараки гургхўрдаашро ҷамъ карда, ба халтача андохта, ба шохи дарахт овехта мемонад. Устухон ба булбул табдил ёфта, ба аз кирдори падар ва модарандари сабабгори марги ў шудааш суруд мехонад:
Аз барои моиндар,
Моиндараки бадқаҳр,
Падарам маро ронда,
Гургаке маро хўрда.
Ҷон хоҳари дилсўхта,
Устухонамро чида,
Дар кадуча андохта,
Шохи чинор овехта.
Ман булбули саргашта,
Дар кўҳу даман гашта.
Дар яке аз машҳуртарин афсонаҳои бачагона «Бузаки ҷингилапо» гуфтугўи байни бузу саг, бузу шағол ва бузу гург фақат бо шеър давом мекунад.
20 фоизи бештар аз 200 хели афсонаҳои оид ба ҳайвонотро афсонаҳое ташкил медиҳанд, ки дар шеър бунёд ёфтаанд. Мардум ба воситаи ин қабил афсонаҳо ба сухани манзум , ба шеър шавқи бачагонро тарбия кардаанд, оҳанги гуворо ва муносибати нафиси суханро дар хотири онҳо нишондаанд.
Мақоми назм дар афсонаҳои бачагона аз ҳамин ҳам равшан ба назар мерасад, ки аксари афсонаҳо сарахбори манзум –сарафсона доранд. Сарафсонаҳо бо мақсади ба шунидани афсона омода кардани одамон гуфта мешаванд.
Бисёр сарафсонаҳо дар байни бачагон чун сурудҳои мустақил низ интишор ёфтаанд. Илова бар ин, бояд гуфт, ки байни бачагон баъзе афсонаҳо дар шакли назм паҳн шудаанд. Монанди «Чӣ газид?», «Мурғак», «Ўҳу, ўҳу».
Манзумаи «Чӣ газид?» байни бачагон дар шакли бозӣ ҳам машҳур шудааст. Як бачаро гўё «ору мегазад». Бача
«вой-вой» гўён садо мебарорад. Дигарон ўро миёнагир мекунанд ва савол медиҳанд: - Чӣ газид? Бачаи «ору газид» бо имову ишора ҷавоб мегардонад: - Э кошкӣ ғунда мегазид,
Болои кунда мегазид,
Э вой, мана дупар газид!
Барои бачаҳо гуфтан ва шунидани афсона, суруду тарона ва чистону тезгўяк мисли бозии пуршавқ аст. Онҳо одатан асарҳои манзуми халқиро месароянд ва бозикунон бо ҳаракатҳои гуногун иҷро менамоянд. Аз ин рў, ҳаёти бачагонро бидуни олами бозию бозичаҳо тасаввур кардан душвор аст.
Бозӣ дар ҳар навъу мазмун ва шаклу мундариҷа нишонаҳои аввалини фаъолияти бошуурона ва инчунин фаъолияти ҷамъиятии кўдак ба шумор меравад. Кор, хизмат ва фаъолият барои одами калонсол чӣ қадаре ки аҳамият дошта бошад, бозӣ дар ҳаёти бача ҳамон қадар аҳамият дорад.
Бача дар бозӣ чи хеле, ки бошад, ҳангоми калон шуданаш, дар кор низ бисёртар ҳамон хел мешавад.
Бинобар ин, тарбияи коркуни оянда пеш аз ҳама ҳангоми бозӣ ба амал меояд.
Ин гуфтаҳо тасдиқ мекунанд, ки бозӣ мисли дарсест, ки аз он бачагон дарсе меомўзанд, ба чизе омил ва омода мешаванд.
Дар давоми асрҳо бозиҳои зиёде эҷод шудаанд, ки ҳар кадоме қоида, тартиб ва мавриду низоми нонавишта доранд ва шавқманд ва шавқмандони бозӣ онҳоро бо тафсилоташон меомўхтанд ва аз худ мекарданд.
Бозиҳо ба синну соли онҳо мутобиқат мекунанд.
Бозиҳои бачагони якуним-дусола бо иштироки фаъолонаи калонсолон мегузаранд. Масалан, дар бозии машҳури
«Ҳавзак – ҳавзак» калонсоле дасти кўдакро гирифта, ба ангушти ишоратии дасти дигар аввал кафи кўдакро нишон медиҳад ва баъд ангуштҳои ўро як- як қат карда, суруд мегўяд ва ба ин восита бачаро ба завқ меоварад:
Ҳавзак, ҳавзак,
Гирдаш сабзак- Ору биёд, об хўрад,
Оҳу биёд, об хўрад.
Ин гов кушад,
Ин пўст канад,
Ин пазаду соз кунад,
Ин хўраду ноз кунад.
Ин майдаяк куҷо буд, ки шўрбо нарасид?!
Чулулу,
Барги каду!
Ин навъ бозиҳоро бачаҳо зуд ба хотир мегиранд ва мекўшанд, ки бе иштироки калонсолон мустақилона иҷро кунанд.
Бозиҳои бачагони панҷ – ҳафтсола нисбатан мураккабанд ва одатан сужетдоранд ва хусусияти дастаҷамъӣ ба худ мегиранд. Чунончи, ҳамаи иштирокчиёни «Духтурбозӣ» аввал нақшҳои худро аниқ мекунанд, яъне яке духтур, дигаре бемор, сеюмӣ ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ ва чаҳорум модари бемор мешавад.
Дар бозиҳои «Сўзани тилло», «Лелак лелаки боқӣ»,
«Тапар – тапар» ва монанди инҳо низ пеш аз шуруъшвии онҳо сармирҳо, яъне сардорони бозӣ, вазифаи ҳар як бозигарро муайян мекунанд.
Бачаҳои ин синну сол шарту қоидаи ин бозиро хуб меомўзанд. Агар ягон бача қоидаи бозиро вайрон кунад, ё надонад, ўро аз бозӣ меронанд.
Дар бозӣ нақши худро хуб иҷро кардан бачаро шодмон мекунад, ки аз иҷрои амале баромада метавонад ва аз ин қонеъ ва хушнуд мегардад.
Бача маҳз бо тавассути бозӣ бисёр ҷиҳатҳои зиндагиро дарк мекунад.
Бозӣ шуури ўро инкишоф медиҳад ва малакаи мустақилона фикр карданро ҳосил мекунонад. Бозии хуб ба инкишофи ҳисси рафоқат, дўстӣ, ҳушёрӣ, зиндадилии бача ёрӣ мерасонад. 3. БОЗИҲО БО ШЕЪРУ ШУМУРАК
Бисёр бозиҳо бо шумурак шуруъ мешаванд ва аз он ҳусн мегиранд. Ба воситаи шумурак бачаҳо сармир таъин мекунанд ва бозигари сари пилла (марраҷой) – ро муайян месозанд. Шумуракҳо ҳаҷман ва шаклан гуногунанд.
Аксар аз мисраҳои кўтоҳи қофиядор таркиб ёфтаанд ва дар онҳо суханбозӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Масалан:
Чору чанбар,
Беду анбар,
Ин духтарак аз куҷо?
Аз кўҳи ало – було!
Ту бишину ту баро!
Умуман, бозиҳои бачагона бо шеъру шумурак, муколамаи қофиядору суханони мавзуну образнок фаро гирифта мешаванд ва аз ин рў, мавқеи онҳо дар тарбияи эстетикии хурдтаракон хурд нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё