Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муносибатҳои иқтисодии Ҷопон ва Чин22

Чин ва Ҷопон ҳамчун иқтисоди дуюм ва сеюми ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратии васеъ ва густардаро доранд. Бо вуҷуди он ки муносибатҳои сиёсии ду кишвар бар пояи воқеоти таърихӣ ва баҳсҳои ҳудудӣ гоҳ-гоҳе муташаниҷ мешаванд ва монеаҳое дар муносибатҳои тиҷоратӣ ба вуҷуд меоваранд, муносибатҳои дарозмуддати иқтисодии онҳо ба таври муътадил рушд карда истодаанд ва дар умум сиёсат ба муносибатҳои иқтисодӣ бетаъсир аст.

Ҷопон сармоягузории бузурге дар иқтисодӣ Чин кардааст. Дар бисёре аз шаҳрҳои бузурги Чин корхонаҳои истеҳсолии ширкарҳои ҷопонӣ ба роҳ монда шудаанд, ки аксаран маҳсулоти саноатӣ барои бозори Ҷопон тайёр мекунанд. Дар бозори истеъмолии Ҷопон маҳсулоти зиёди соҳаи саноати сабукро дидан мумкин аст, ки бештари онҳо аз ҷониби ширкатҳои ҷопонӣ дар Чин истеҳсол шудаанд.

Ҷопон яке аз нахустин кишварҳои сармоягузор дар Чин буд, ки пас аз кушода шудани Чин барои сармояи хориҷӣ дар авохири солҳои 1970-ум дар ин кишвар фаъолияти худро оғоз карда буданд. Тибқи маълумоти расмии Ҷопон то охири соли 2012 зиёда аз 23 ҳазор ширкатҳои Ҷопонӣ дар бозори Чин фаъолият мебурданд. Ҷопон аввалин кишваре буд, ҳаҷми сармоягузорияш дар Чин ҳади 100 миллиардро убур кард.

Солҳои охир сохтори иқтисоди Чин дорад тағйир меёбад. Сохтори қаблӣ, ки дар он қувваи кории арзони Чин барои истеҳсол ва содироти молу маҳсулот истифода мешуд, бештари маҳсулоти тавлидшуда ба хориҷ, аз ҷумла ба Ҷопон, содир мешуд. Ин раванд аз сабаби зиёд шудани музди меҳнат ва тавсеаи иқтидори харидории мардуми Чин тағйир ёфта истодааст. Акнун Чин ба як бозори истеъмолии бузург табдил ёфта истодааст ва ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот барои истеъмоли дохилӣ сол аз сол зиёд мешавад.

Тиҷорат миёни Ҷопон ва Чин

Ҳаҷми додугирифт миёни Ҷопон ва Чин дар соли 2016 ба 270 382 816 760$ (дусаду ҳафтод миллиарду сесаду ҳаштоду ду миллиону ҳаштсаду шонздаҳ ҳазору ҳафтсаду шаст доллари амрикоӣ) баробар аст. Содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои Ҷопон ба Чин дар соли 2016 113 830 233 712$ (яксаду сенздаҳ миллиарду ҳаштсаду сӣ миллиону дусаду сию се ҳазору ҳафтсаду дувоздаҳ доллари амрикоӣ)-ро ташкил мекунад, ки ин ба 17,6 дар сади содироти умумии Ҷопон баробар аст. Вале воридоти Ҷопон аз Чин аз ин зиёдтар буда, дар ҳамон сол ба 156 552 583 048$ (яксаду панҷоҳу шаш миллиарду панҷсаду панҷоҳу ду миллиону панҷсаду ҳаштоду се ҳазору чилу ҳашт доллари амрикоӣ) баробар буд ва ин ба 28,8 дар сади воридоти умумии Ҷопон баробар мебошад. Касри тиҷоратии Ҷопон дар тиҷорат бо Чин 42 223 349 336 доллари амикоиро ташкил мекард. Ҳамин тариқ Чин дар феҳристи бузургтарин кишварҳои содиротӣ барои Ҷопон ҷойи дуюмро ишғол карда, дар рӯйхати кишварҳои воридотӣ дар ҷойи аввал аст. Ҷопон ба Чин бештар маҳсулоти аълосифат ва аз ҷиҳати технологӣ пешқадамро содирот мекунад ва дар баробари ин аз Чин маҳсулоти саноати сабук ва маводҳои кандании нодирро ворид месозад. Маҳсулоти саноатии аз Чин воридшаванда аксаран маҳсулоте ҳастанд, ки худи ширкатҳои ҷопонӣ дар ҳудуди Чин барои бозори дохилии Ҷопон омода месозанд.

Сармоягузориҳои Ҷопон дар Чин

Моҳи апрели соли 2017, Федератсияи соҳибкории Ҷопон ва Анҷумани дӯстии Чину Ҷопон, “Кумитаи иҷроияи табодул”-ро бунёд гузоштанд, ки интизор меравад пайвандҳои иқтисодии ду кишварро тақвият дода, шароити фаъолияти ширкатҳои ҷопониеро, ки дар Чин фаъолият мекунанд беҳтар гардонад. Тибқи маълумотҳои соли 2016 дар ҳудуди Чин 32 313 корхонаи ҷопонӣ фаъолият мекард, ки тақрибан нисфи корхонаҳои дар хориҷ фаъолият кардаи Ҷопонро ташкил мекунанд. Шумораи умумии корхонаҳои ҷопонии дар хориҷ амалмекарда ба 71 820 баробар аст. Тақрибан 80 дар сади ширкатҳои ҷопонии дар Чин амалмекарда иқрор шудаанд, ки фаъолияташон дар ин кишвар манфиатовар аст ва 25,8 дар сади онҳо мегӯянд, ки дар Чин нисбат ба Ҷопон фоидаи бештар ба даст меоранд.

Тули ду даҳсолаи охир Ҷопон, бо ҳаҷми сармоягузории баробар 80 миллиард доллари амрикоӣ, ба панҷгонаи аввали сармоягузорони хориҷии Чин дохил мешуд. Фаъолияти корхонаҳои ҷопонӣ дар Чин дар ривоҷи ҳаҷми содироти ин кишвар саҳми арзанда доранд ва дар чанд соли охир аз ҳисоби болоравии қобилияти харидории аҳолии Чин дар бозори дохилии он ҳам саҳми маҳсулоти ин ширкатҳо зиёд мешавад. Сармояи ширкатҳои ҷопонӣ дар Чин бештар ба соҳаҳои автомобилбарорӣ, тавлиди таҷҳизотӣ электрикӣ, тиҷорат, молия ва суғурта равона карда шудаанд.

Бо вуҷуди он ки Ҷопон яке аз кишварҳоест, ки дар он зиччии аҳолӣ зиёд аст (ҳатто аз Чин ҳам зиёд аст) зиёдшавии аҳолӣ ба назар намерасад ва қобилияти харидории мардум муътадил боқӣ мемонад. Ин рушди бозори истеъмолии дохилиро ночиз мегардодад. Дар баробари ин зиёд шудани қишри миёна дар Чин, бо аҳолии тақрибан 1.3 миллирд, имконияти фаровонеро барои равнақ додани истеҳсолот ва хизматрасонӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ фароҳам месозад. Ин имкониятро онҳо доранд истифода мекунанд ва дар бозори Чин ҳиссаи худро зиёд карданӣ ҳастанд. Ҳамсоягии ин ду кишвар ҳам бартариятҳои иловагӣ дар равнақ додани ҳамкориҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Наздикии Чин ба дигар бозорҳои рӯ ба инкишофи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ имкониятҳои ширкатҳои ҷопониро зиёд карда, онҳоро бештар ҷалб месозад.

Хулоса

Дар яке аз суханрониҳои худ Президенти Чин Си Ҷин Пин озҳор дошт, ки ҳадафи аслии ин кишвар табдил ёфтан ба иқтисоди рақами яки ҷаҳон то соли 2050 мебошад. Тибқи ин нақша ҳиссаи назарраси рушди иқтисодиро истеъмоли дохилӣ бояд ташкил кунад. Ин раванд барои ширкатҳои ҷопонӣ ҳам манфиатовар буда, бозори дохилии Чинро ба яке аз харидорони аслии маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ мубаддал мегардонад. Чуноне ки профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива дар як семинари илмӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сиёсати хориҷии Чин ва муносибатҳои Чину Ҷопон” изҳор дошт, “муносибати мутақобилан судманди ду кишвар раҳбарияти Ҷопонро маҷбур мекунад, то нисбат ба фаъолияти тавсеаталабонаи Чин нармиро ихтиёр кунад”.

Ҷопон умед дорад, бо густариши бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин, суръати рушди иқтисодии худро зиёд карда, мушкилоти иҷтимоиву иҷтисодӣ ва демографии худро камтар кунад. Ин ҳам бо роҳи сармоягузорӣ ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳо дар дохили Чин ба роҳ монда мешавад ва ҳам бо содироти бештари маҳсулоти аълосифат ба бозори рӯ ба инкишофи истеъмолии ин кишвар. Чин ҳам дар навбати худ ба сармояву технология ва бозори истеъмолии Ҷопон ниёз дорад. Дар роҳи расидан ба ҳадафи худ муносибатҳо бо Ҷопонро наметавонад сарфи назар кунад. Чуноне ки дар боло дида шуд, касри тиҷорати ду кишвар ба манфиати Чин аст.

Тоҷикистон бо Чин фарқиятҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ ва ҷуғрофӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дарёфти паҳлуҳои махсуси муносибатҳои иқтисодии Чину Ҷопон, ки кишвари мо тавонад аз он истифода кунад мушкил аст. Аммо як чиз равшан аст, ки Ҷопон омодааст, таҳти шароити муайян технологияи худро ба кишвари дигар бурда, он ҷо ҳам барои бозори худ ва ҳам барои дигар кишварҳо маҳсулот истеҳсол кунад. Ин аст, ки бо доштани захираҳои муайяни табиӣ, Тоҷикистон метавонад сармоя ва технологияи Ҷопонро, ба монанди Чин, ҷалб кунад ва маҳсулотҳоеро, ки дар онҳо бартариҳо дорад истеҳсол карда, ҳам бозори дохилиро таъмин кунад ва ҳам ҷойгоҳи худро дар бозори истеъмолии Ҷопон пайдо кунад. 2.11. Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷопон ва Ҳиндустон

Дар ҷаҳони муосир кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки аз камбудии сармоя, технология ва захираҳои инсонӣ танқисӣ мекашанд, яке аз роҳҳои муассири ҳалли ин мушкилотро дар ҳамкории зич бо кишварҳои тараққикарда, ки сармояи иловагӣ ва камбудии қувваи корӣ доранд, мебинанд.

Ҷопон яке аз мамлакатҳои тараққиёфтае мебошад, ки технологияи пешрафта ва сармояи зиёд дорад ва айни замон аз норасоии қувваи корӣ танқисӣ мекашад. Мувофиқи маълумотҳои охир 23 фоизи аҳолии Ҷопон дар синни нафақа мебошанд, ки ин бори сангине барои қишри қобили меҳнати ин кишвар аст. Кишвари Ҷопон барои ҳалли ин мушкилии худ дар бозори кишварҳои рӯ ба инкишоф имкониятҳои навро ҷустуҷӯ карда, дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишварҳо сармояву технологияи худро ба ин кишварҳо мебарорад. Ин шароити мусоид барои ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманди кишвари Ҷопон бо кишварҳои осиёӣ боиси рушди муносибатҳои зичи ин кишварҳо гаштааст. Чин, Ҳиндустон ва чанд кишвари рӯ ба инкишофи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (Филипин, Ветнам, Малайзия, Индонезия, Сингапур, Тайланд) аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки беш аз ҳама аз ин имкониятҳои фароҳамомада истифода кардаанд. Додугирифти мутақобила миёни ин кишварҳо дар 20 соли охир ба таври назаррас зиёд шуда, ба миллиардҳо доллар расидааст.

Омӯхтани таҷрибаи муносибатҳои иқтисодии кишварҳои мазкур бо Ҷопон ва роҳу усулҳои ҷалби сармоя ва технологияи ҷопонӣ ба ин кишварҳо барои Тоҷикистон, ки ба кишварҳои рӯ ба инкишоф дохил мешавад, саривақтӣ ва зарур мебошад. Кадом кишвар дар ҷалби сармоя ва технологияи Ҷопон пешгомтар аст ва дар заминаи кадом қонуну қоидаҳо ва дар кадом муҳити сармоягузорӣ аз дигарон пеш гузаштааст, метавонад объекти омӯзиши мо бошад. Бо омӯхтан ва арзёбии дуруст кардани вазъият ва иштибоҳу дастовардҳои давлатҳои номбаршуда, кишвари мо метавонад аз такрори иштибоҳҳои дигарон эмин бошад ва ба бартариҳову муваффақиятҳои онҳо мутамарказ шуда, муҳити сармоягузории худро беҳбуд бахшад ва дар ҷалби сармояву технологияи кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷопон, муваффақтар бошад.

Ҷопон ва Ҳиндустон

Ҳиндустон пеш аз ҳама як бозори калон ва рушдёбанда барои иқтисоди мабнӣ бар содироти Ҷопон мебошад. Дар ин кишвар солҳои охир қишри миёнаи аҳолӣ, ки асоси иқтисоди ҳар кишвареро ташкил медиҳанд, бо суръати баланд зиёд мегардад. Дар баробари ин, аҳолии солманди Ҷопон (23 фоизи аҳолӣ аз 65 сола боло мебошанд) ва аҳолии нисбатан ҷавони Ҳиндустон (50 фоизии аҳолӣ аз 25 сола поён мебошанд), норасоии қувваи корӣ дар Ҷопон ва фаровонии захираҳои меҳнатӣ дар Ҳиндустон, бартариҳои Ҳиндустон дар барномасозӣ ва бартарии Ҷопон дар сохтани технологияҳои иттилоотӣ, захираҳои фаровони ашёи хом дар Ҳиндустон ва сармояву технологияи Ҷопон барои истеҳсоли маҳсулоти доништалаб ва наздикии ҷаҳонбинии мардуми ду кишвар аз ҷумлаи унсурҳое мебошанд, ки дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар таъсир мегузоранд. Вазъияти имрӯза ва дурнамои умедбахши иқтисодӣ Ҳиндустонро сармоягузорон ва соҳибкорони ҷопонӣ ба дурусти дарк мекунанд ва аз имкониятҳои фароҳамомада дар даҳ соли охир ба дурустӣ истифода кардаанд. Диққати соҳибкорон ва ширкатҳои ҷопониро бозори истеъмолии бузург ва рӯ ба инкишоф ва дороиҳову захираҳо, махсусан захираҳои меҳнатии Ҳиндустон аз ҳама бештар ҷалб кардааст. Ба ғайр аз ин, сохтори сиёсии ду кишвар (демократияи парлумонӣ) ва арзишҳои бо ҳам наздики онҳо (либерализми сиёсӣ ва иқтисоди бозаргонӣ), таҳия ва қабули қонуну созишномаҳои мусоидаткунандаи рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишварро осон мекунад.

Дар муборизаҳои геополитикӣ Ҳиндустон ва Ҷопон манфиатҳои муштараки зиёд доранд, ки аз ин фурсати муносиб ҳам истифода мекунанд. Дар баробари лоиҳаи “Ҷодаи абрешим”-и Чин, онҳо лоиҳаи “Ҷодаи рушди Осиё-Африко”-ро доранд, ки сохтмони инфрасохтори баҳрӣ ва роҳу комуникатсияи дохилӣ барои кашонидани молу колоҳо миёни Осиё ва Африкоро дар мадди назари худ қарор додаанд. Саҳми Ҷопон дар ин лоиҳа 30 миллиард доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳиндустон 10 миллиардро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти ахир ИМА ва Австралия низ майли пайвастан ба ин пружаро доранд. Онҳо мегӯянд, ки ин пружа бар зидди “Ҷодаи абрешим”-и Чин нест, балки як роҳи алтернативие аст, ки Чин ҳам метавонад аз он истифода кунад. Сохтани роҳҳои автомобилгар ва роҳҳои оҳан аз портҳои баҳрӣ ба дохили кишварҳои безурге чун Ҳиндустон, Австралия, ИМА ва қораи Африко ба фоидаи ҳамагон хоҳад буд.

Тиҷорат миёни Ҷопон ва Ҳиндустон

Ҳаҷми доругирифт миёни ду кишвар аз солҳои 2006 то 2013 тақтибан ду баробар зиёд шудааст. Баландтарин нишондиҳандаи додугирифт миёни Ҳиндустон ва Ҷопон дар соли молиявии 2012-2013 ба қайд гирифта шудааст, ки он баробар ба 18.5 миллиард доллари амрикоӣ мебошад. Соли молиявӣ дар ин кишвар аз 1 апрел оғоз мегардад. Ҳарчанд дар соли молиявии 2015-2016 ин нишондиҳанда то 14,51 миллиард доллар фаромадааст, имкониятҳои зиёди боло бурдани ин нишондиҳанда вуҷуд дорад. Дар соли молиявии 2016- 2017 ҳаҷми содироти Ҳиндустон ба Ҷопон 4,66 миллиард доллари амрикоиро ташкил мекард. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давра ҳаҷми воридот аз Ҷопон ба Ҳиндустон ба 9.85 миллиард доллари амрикоӣ баробар буд. Соли молиявии 2016-2017 ин нишондиҳандаҳо боз ҳам бадтар шуда, содироти Ҳиндустон ба Ҷопон 17,38% кам шуда ба 3,85 миллиард доллари амрикоӣ расид ва воридот бошад 2,2% кам шуда ба 9,63 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Ҳиссаи додугирифти дуҷонибаи Ҷопону Ҳиндустон дар панҷ соли охир тақрибан 1% додугирифтҳои хориҷии Ҷопонро ташкил мекард, ки дар ҳамин давра ин нишондиҳанда барои Ҳиндустон ба 2,05- 2,34% баробар буд. Маҳсулоти асосии ба Ҷопон содиркардаи Ҳиндустон аз маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, моҳӣ ва маҳсулоти нимтаёри баҳрӣ, маводи маъдании ғайрифилизӣ, санги маъдани фулузот, либос ва лавозимоти дигари шахсӣ, оҳан ва маҳсулоти фулодӣ, маҳсулоти насоҷӣ, дастгоҳҳо, хӯрокаи ҳайвонот ва ғайра иборат мебошанд. Маҳсулоти воридшаванда аз Ҷопон ба Ҳиндустон дастгоҳу мошинолотҳо, маҳсулоти оҳанӣ ва фулодӣ, дастгоҳҳои электрикӣ, таҷҳизоти ҳамлу нақл, маводи кимиёӣ, материалҳои плостикӣ, таҷҳизоти коркарди фулузот, дастгоҳҳои саҳеҳ, маҳсулоти резинӣ, ангиштсанг/сокс ва брикет ва ғайра мебошанд. Сармоягузориҳои Ҷопон дар Ҳиндустон

Мувофиқи назарсанҷӣ миёни ширкарҳои истеҳсолии Ҷопон, ки аз ҷониби Бонки ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон (Japan Bank for International Cooperation) ахиран гузаронида шудааст, Ҳиндустон аз ҳама бештар сармоягузорон ва соҳибкорони ҷопониро дар солҳои охир ба иқтисоди худ ҷалб кардааст. Дар миёни кишварҳои сармоягузор ба Ҳиндустон Ҷопон дар ҷойи сеюм меистад. Ҳаҷми сармоягузориҳо сол аз сол зиёд шуда истодаанд. Агар дар соли молиявии 2014-2015 ҳаҷми умумии сармоягузориҳои бевоситаи Ҷопон ба Ҳиндустон 2.08 миллиард бошад, дар соли молиявии 2015-2016 он ба 2.61 миллиард ва дар нуҳ моҳи соли молиявии 2016-2017 4.24 миллиард доллари амрикоиро ташкил кардааст. Маҷмуи сармоягузориҳои Ҷопон ба Ҳиндустон аз апрели соли 2000 то декарби соли 2016 25.215 миллиард доллари амрикоиро ташкил кардааст, ки ба 8% маҷмуи сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ ба ин кишвар дар давраи мазкур баробар аст. Ҷопон сармояи худро дар Ҳиндустон асосан ба соҳаҳои автомобилсозӣ, таҷҳизоти электронӣ, телекомуникатсияҳо ва соҳаи кимиё ва дорусозӣ равона кардааст. Шумораи ширкатҳои ҷопонии дар Ҳиндустон сабтшуда дар солҳои охир ба таври назаррас зиёд шудааст. Дар моҳи октябри соли 2016 дар ҳудуди Ҳиндустон 1305 ширкатҳои ҷопонӣ фаъолият мекарданд, ки нисбат ба соли 2015 76 адад (6%) зиёд мебошад. Ин ширкатҳо дар ҳудуди Ҳиндустон 4590 корхона доштанд, ки нисбат ба соли 2015 173 адад (3%) зиёд мебошад. Ширкатҳои Ҷопон бештари сармояи худро тариқи пайвастан ба корхонаҳои Ҳиндустон ва харидани онҳо ба иқтисоди ин кишвар ворид мекунанд.

Қарзҳои имтиёзнок

Ҷопон бузургтарин кишвари кумаккунанда барои Ҳиндустон мебошад. Тавассути Фонди расмии хайриявии худ, Ҷопон дастигии бевоситаи худро ба Ҳиндустон барои тавсеаи иқтисодӣ, махсусан барои соҳаҳои калидие ба монанди энергетика, ҳамлу нақл, лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва пружаҳои марбут ба ниёзҳои асосии инсон, мерасонад. Қарзҳои дарозмуддат бо фоизи солонаи хеле паст тавассути ин фонд ба Ҳиндустон дода мешавад. Масалан, қарзҳои дарозмуддат ба Ҳиндустон барои 30 сол бо 1.4% солона дода мешавад, ки даҳ соли аввал давраи имтиёзӣ ба шумор меравад. Барои пружаҳои ҳифзи муҳити зист қарзҳо барои 40 сол бо 0.3% солона дода мешавад, ки даҳ соли аввал имтиёзнок мебошад. Ҳамин тариқ, дастгирии молиявии Ҷопон ба Ҳиндустон тариқи қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат дар рушди иқтисоди ин кишвар нақши ҳалкунанда доранд ва ин ба муносибати ду кишвар таъсири мусбат мерасонад.

Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии васеъ

Яке аз лоиҳаҳое, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои Ҷопону Ҳиндустон суръат бахшидаст Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии васеъ (Comprehensive Economic Partnership Agreement) мебошад, ки моҳи феврали соли 2011 ба имзо расида, моҳи августи ҳамон сол мавриди амал қарор гирифта буд. Бо мақсади суръат бахшидан ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар доираи ин созишнома, маҳдудиятҳои тарифӣ кам карда шудаанд. Ҳамин тариқ то соли 2021 дар назар аст 90 дар сади тарифҳо барои маҳсулоти ҷопонии воридшаванда ба Ҳиндустон аз миён бардошта шаванд, ки асосан қисмҳои автомобилӣ ва таҷҳизоти электронӣ мебошанд. 97 дарсади тарифҳо барои маҳсулоти аз Ҳиндустон ба Ҷопон воридшаванда аз миён бардошта мешаванд, ки ба он асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва моҳидорӣ дохил мешавад.

Хулоса

Тибқи назари коршиносон дар асри 21-ум маркази молиявию иқтисодии ҷаҳон аз Аврупову Амрико ба Осиё мегузарад. Ҳамкориҳои густардаи иқтисодии кишварҳои аз ҷиҳати технологӣ пешрафтаи Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ аз як тараф ва Чин, Ҳиндустон, Ветнам, Малайзия ва ғайра, ки захираҳои кадрии зиёд ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ доранд, заминаи ин пешравиҳо хоҳад буд. Ҳамкориҳои иқтисодии Ҷопону Ҳиндустон намунаи ибрат метавонад бошад. Ин ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои иқтисодӣ тақвиятбахши якдигар буда, молу колоҳоеро ба бозори ҷаҳонӣ бароварда метавонанд, ки рақобатпазир ҳастанд. Бозорҳои дохилии ин ду кишвар аз серистеъмолтарин бозорҳои минтақа буда, имконияти фаровонеро барои рушди истеҳсолот фароҳам меоварад.

Бо назардошти ин ҳама имкониятҳо, ҳукуматҳои ин ду кишвар шароити ҳуқуқии мусоидеро барои осон кардани муносибатҳои иқтисодӣ фароҳам оварда, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то гардиши озоди молу сармоя таъмин карда шавад. Бастани Созишномаи ҳамкориҳои иқтисодии васеъ (Comprehensive Economic Partnership Agreement) дар соли 2011 аз ҷумлаи ин кӯшишҳои ҳукуматҳои Ҷопону Ҳиндустон барои ҳалли ин масъала мебошад. Таъсири мусбати ин ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷопону Ҳиндустон ба дигар кишварҳои минтақа ҳам хоҳад расид. Аз иҷрои лоиҳаҳои роҳу комуникатсионӣ дар доираи ҳамкориҳои ин ду кишвар, дигар кишварҳои минтақа ҳам истифода карда, иқтисоди худро вусъат медиҳанд. Арзишҳои демократия, сулҳҷӯӣ, таъмини ҳокимияти қонун, гуманизм ва эҳтироми якдигар, ки арзишҳои муштараки ин ду миллати бузурги минтақа ҳастанд, ба воситаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ба дигар кишварҳои минтақа паҳн шуда, заминасози рушду шукуфоии босуръати кишварҳои Осиё дар асри 21-ум мегардад.

Равшан аст, ки фарқиятҳои зиёди демографӣ, географӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва зеҳнӣ дар миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон вуҷуд доранд ва мо наметавонем аз таҷрибаи муносибатҳои иқтисодии Ҳиндустон бо Ҷопон ба куллӣ истифода кунем. Аммо монандиҳое ҳам ҳаст, ки метавон аз он истифода кард. Ба монанди Ҳиндустон дар кишвари мо ҳам захираҳои меҳнатии фаровон мавҷуд аст, зеро афзоиши аҳолӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна 2,2 фоизро ташкил медиҳад. Тоҷикистон метавонанд аз сармояву технологияи Ҷопон истифода карда, ҷойгоҳи худро дар иқтисоди минтақа пайдо кунанд. Барои амалӣ шудани ин тарҳ сатҳу сифати тайёр кардани мутахассион бояд боло бурда шавад ва ба талаботҳои ширкатҳои ҷопонӣ мувофиқ бошад. Дар кишвари мо захираҳои табиӣ зиёд ҳаст ва истеҳсолкунандаи ҷопонӣ метавонад дар заминаи онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон корхона бунёд кунад ва дар истихроҷ ва коркарди онҳо саҳим бошад. Барои расидан ба ин мақсад ҷойгоҳи кишвари мо дар индекси Ибтикори шаффофияти соҳаи истихроҷ бояд боло бурда шавад.

Баъзе коршиносон иддао мекунанд, ки Ҷопон ба пружаҳои истеҳсолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад ва танҳо дар доираи кумакҳои башардӯстона фаъолият мебарад. Бинобар ин, мегӯянд онҳо, мо вақти худро барои омӯхтани роҳу воситаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ҷопон набояд сарф кунем. Вале инро бояд дар назар дошт, ки соҳибкорони ҷопонӣ ҳам ба монанди дигар соҳибкорон мақсади васеъ кардани бизнеси худ ва ба даст овардани даромади бештарро доранд. Ин вазифаи мо аст, ки шароити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварем ва аз онҳо даъват ба амал оварем, ки сармоя ва технологияи худро ба Тоҷикистон ворид намоянд. Ин амал вақте осон мегардад, ки мо муносибатҳои иқтисодии Ҷопон бо дигар кишварҳои минтақаро, ки аз ҳама бештар сармоя ва технологияи ҷопониро ба даст овардаанд, омӯзем ва муҳити сармоягузории худро ба талаботҳои муосир мувофиқ намоем.

Муҳоҷират идорашаванда аст

Муҳоҷират падидаест, ки аз замони қадим дар ҳама гӯшаву канори дунё вуҷуд дошт. Инсонҳо барои дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар мерафтанд. Ё аз тарси таъқиб шудану кушта шудан аз дасти таҷовузгарони ватан маҳали сукунати худро тарк карда, ба дигар ҷой мекучиданд. Мисолҳои равшани ин воқеаҳо дар замони ҳуҷумҳои истилогаронаи юнониву арабҳо ва турку муғулҳо ба сарзамини мо дида мешавад. Саргузашти қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ ҳам яке аз далелҳоест, ки мардуми мо барои дарёфти кору зиндагии беҳтар аз куҳистон ба шаҳрҳо мерафтанд. Дар маводҳои яке аз шумораҳои маҷаллаи бритониёии “Headway”, ки соли 1987 нашр шудааст, раванди ба муҳоҷирати корӣ ба Шветсия рафтани шаҳрвандони Британияи Кабир инъикос гардидааст.

Муҳоҷират ба ду намуди асосӣ ҷудо мешавад: муҳоҷирати мавсимӣ ва муҳоҷиратӣ доимӣ. Дар асрҳои миёна ҳиссаи муҳоҷирати доимӣ бо сабабҳои маълум бештар буд. Дар ду садсолаи охир тағйироти ҷиддие, ки дар ин самт шудааст, ин аст, ки ҳиссаи муҳоҷирати мавсимӣ ба таври назаррас зиёд шудааст. Ин бештар ба рушди назарраси воситаҳои нақлиёт ва роҳу комуникатсия вобаста аст, ки аз як кишвар ба кишвари дигар рафтуомад кардани одамонро осонтар менамояд.

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ то ҳанӯз идома дошта, тадриҷан афзоиш меёбад. Солона миллионҳо одамон бо мақсади беҳтар сохтани сатҳи зиндагиашон, рӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Дар замони муосир асосан Россия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Қатар, АМА, Арабистони Саудӣ, Австралия ҳамчун кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ва Ҳиндустон, Чин, Филиппин, Бангладеш, Покистон, Афғонистон, Эрон ва бисёр кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои содиркунандаи қувваи корӣ шинохта мешаванд.

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир бештар ба Россия ва Қазоқистон мераванд. Аммо дар солҳои охир шумораи каме аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, АМА ва чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рафтанро оғоз кардаанд. Бо вуҷуди ин, имрӯз ҳам Россия кишвари асосии муҳоҷират барои мардуми Тоҷикистон боқӣ мондааст. Маҳз хамин омил боис шудааст, ки дар муносибатҳои дуҷониба ин кишвар барои ба даст овардани манфиатҳои худ гоҳо аз раванди муҳоҷират сӯистифода карда, болои Тоҷикистон фишор меорад. Мисоли боризтарини чунин фишор қазияи аз тарафи мақомоти Тоҷикистон боздошт гардидани як ҳавопаймои Россия бо ду сарнишинаш буд, ки ҷузъиёташ дар матбуот ба нашр расида буд.

Раванди муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон низ чун дигар падидаҳои иҷтимоӣ паҳлуҳои мусбӣ ва манфии худро дошта, аз камбудиҳо холӣ нест. Албатта наметавон гуфт, ки бе муҳоҷират ба дигар кишварҳо мардуми кишвари мо аз гуруснагӣ нобуд мешаванд ё кишвар ба домони ҷангу хунрезии дигар кашида мешавад. Инсон эҷодкор аст ва дар ҳама шароит роҳи зиндагии худро меёбад. Аммо муҳоҷират дар ин ду даҳсола бартариҳо ҳам дошта, ба шахсиятҳои алоҳида, оилаҳо, бозору ташкилотҳои тиҷоративу истеҳсоливу сохтмонӣ ва умуман ба буҷаи давлатӣ манфиатҳои назаррас овардааст. Мушкилоти манзил, таълими босифаттари ҷавонону наврасон, ҳамлу нақлу мусофирбарӣ, ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар аз масъалаҳое буданд, ки дар ин ду даҳсола аз ҳисоби муҳоҷирати мавсимии корӣ қисман ҳалли худро ёфтанд. Бо маблағе, ки муҳоҷирон аз хориҷи кишвар мефиристанд, иқтидори харидории мардум зиёд гашта, он боиси рушди назарраси соҳаҳои савдо, хизматрасонӣ ва сохтмон гардид. Ин дар навбати худ ба сохтмони бозорҳои нав, ширкатҳои хизматрасонӣ ва сохтмонӣ мусоидат карда, ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварда шуд ва буҷаи давлатиро ғанӣ гардонид. Маълум аст, ки ҳиссаи андозҳои бавосита ба монанди ААИ, Андоз аз фурӯши чакана, боҷҳои гумрукӣ ва Андоз аз фурӯши корхонаҳо, ки дар воқеъ истеъмолкунандагон онро бо харидани мол мепардозанд, хеле зиёд аст ва ин манбаи даромади буҷаи давлатӣ ба иқтидори харидории мардум вобастагии зиёд дорад. Инро нодида гирифта намешавад.

Имкониятҳои муҳоҷирати меҳнатӣ иборат аст аз: пайдо кардани кори муносиб бо ихтисос, ба даст овардани даромади бештар, пасандоз кардани маблағи муайян, расонидани кумак ба хешовандони муҳтоҷ, инкишофи ҷаҳонбинии шахс, аз ҷумла шиносоӣ бо фарҳанг ва мардуми дигар кишварҳо, омӯхтани забони хориҷӣ ва ғайра.

Дар баробари ин, камбудиҳои раванди муҳоҷират ҳам кам нестанд ва нақзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар кишварҳои қабулкунанда, бад шудани ҳолати саломатии ҷисмониву равонии онҳо, зиндаҷудоии аъзои оила ва зиндагию фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ дар шароити вазнину ғайрисанитарӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Хавфҳои фиреб хурда ба ғуломӣ афтодан, муносибати бераҳмонаи корфармоён, муносибати дағалонаи мақомоти полис ва хадамоти муҳоҷирати кишварҳои қабулкунанда, аз мушкилиҳои дигари муҳоҷирати корӣ мебошанд.

Вале ҷиҳати бадтарини раванди муҳоҷирати кории тоҷикистониён он аст, ки ҳангоми дар Россия қарор доштан баъзеашон зери таъсири доираву гурӯҳҳои мазҳабии ифротӣ мемонанд ва ба доми фиреби онҳо афтода ба сафи созмонҳои террористӣ мепайванданд. Тибқи маълумоти мақомоти марбута, ки дар матбуот интишор гардидааст, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд, қаблан муҳоҷири меҳнатӣ буданд ва маҳз тавассути Россия ба он кишварҳо сафар кардаанд.

Бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта, раванди муҳоҷиратро наметавон як раванди бад номид. Муҳоҷирати мавсимӣ дар аксари кишварҳое, ки зичии аҳолиашон зиёд аст, ё дараҷаи зиёдшавии аҳолӣ баланд аст, вуҷуд дорад ва давом хоҳад кард. Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи ҳамин кишварҳост ва то замоне ки зиёдшавии босуръати аҳолӣ ҳамчунин давом меёбад, шумораи муҳоҷирони ҳам мавсимӣ ва ҳам доимӣ зиёд мешавад. Омили дигаре, ки ба афзоиши муҳоҷирати корӣ мусоидат менамояд, дар ояндаи наздик набудани иқтидору имконият барои пурра бо кори доимӣ таъмин кардани аҳолии кишвар мебошад. Бинобар ин, дар баробари он ки сохторҳои масъули Тоҷикистон барои бо кори доимии шоиста таъмин сохтани аҳоли кишварамон бояд кӯшиши бештар дошта бошанд, андешидани чораҳои фаврӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои дар раванди муҳоҷират ҷойдошта заруранд.

Дар Федератсияи Россия, ки кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон аст, вазъияти ҳуҷҷатгузории (ба қайд мондан дар ҷойи зисти муввақатӣ, гирифтани иҷозати кор ва ғайра) шаҳрвандони мо мушкил ва дилгиркунанда мебошад. Ҷониби Россия дар баробари зиёд кардани муҳлати бақайдгирӣ ва кору фаъолияти шаҳрвандони Тоҷикистон, талаботҳои иловагӣ, аз ҷумла имтиҳону патентро ҷорӣ кардааст, ки барои дуруст кардани онҳо ҳар як муҳоҷир ҳам вақт ва ҳам пули зиёд харҷ мекунад. Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба нафақаву тандурустии муҳоҷирони корӣ, баррасӣ ва ҳалли саривақтии худро талаб мекунанд.

Хизматрасониҳои давлатӣ дар самти таъмини шаҳрвандон бо ҳуҷатҳои зарурӣ дар дохили кишвар ва дар сафорату консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳое, ки муҳоҷирони тоҷик ҳастанд, фавран бояд соддатару шаффоф карда шаванд. Дар ин ҷода фановариҳои иттилоотӣ имкониятҳои хуберо фароҳам овардаанд, ки имкон ҳаст кори муҳоҷирони корафтода бо сарфаи камтари вақт ва маблағ ҳалли худро ёбанд. Аммо бо сабабҳои номаълум аз ин имкониятҳои нави технологияи муосир истифодаи дуруст намешавад ва корафтодагон вақту маблағи зиёди худро дар ҳал кардани мушкилиҳои худ сарф мекунанд. Мутаасифона, чунин бархурди мақомоти давлатӣ боиси дилсардии муҳоҷирони аз низоми давлатдории миллӣ мегардад. Истифодаи дурусти фановариҳои иттилоотӣ дар ин муассисаҳо метавонад навбатҳои бешуморро аз миён бардошта, боварии мардумро ба низоми давлатдории миллии имрӯзаи мо зиёд кунад.

Талаботҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузории кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷиронро то ҳадди имкон бояд дар дохили Тоҷикистон иҷро кард, то дар баробари расидан ба кишварҳои дигар муҳоҷирон ба мушкилиҳо дучор нашаванд. Дастрасии муҳоҷирон ба иттилоот дар бораи муҳоҷирати корӣ ҳам бояд зиёд карда шавад ва аз ҳар тағйироту иловаҳо дар ин соҳа муҳоҷирони эҳтимолӣ огоҳ карда шаванд.

Солҳои охир баҳсу мунозираҳо дар матбуот сари мавзуи дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё зиёд шуда истодааст. Аз тарафи коршиносон гуфта мешавад, ки шомил шудани Тоҷикистон ба ин Иттиҳод пеш аз ҳама ба муҳоҷирони корӣ манфиатовар аст. Бо дохил шудан ба ин созмон ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик вобаста ба пайдо намудани кори мувофиқ ва фаъолият бо шаҳрвандони Россия ва Қазоқистон нисбатан баробар шуда, шароити кору зиндагии онҳо ба маротиб хубтар мегардад. Аммо бояд ба назар гирифт, ки дохил шудан ба ин иттиҳод мушкилоти дигари марбут ба даромади буҷаи давлатиро метавонад ба бор оварад. Бартариҳое, ки баъзе кишварҳои узви ин Иттиҳод дар соҳаҳои андозу андозбандӣ доранд, вазъияти иқтисодии кишвари моро то дараҷае вазнин хоҳад кард. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар шомил шудан ба ин иттиҳод шитоб намекунад. Бартариву камбудиҳои шомил шудан ба чунин як иттиҳод бояд амиқ омӯхта шаванд ва пеш аз дохил шудан ислоҳоти ҷиддӣ дар қонунгузорӣ ва тарзи иҷрои он гузаронида шавад. Албатта баъзе коршиносон нишондодҳои ду соли охири кишварҳои бо Тоҷикистон қиёсшаванда, Арманистону Қирғизистонро таҳлил карда, хулоса мекунанд, ки ин кишварҳо аз шомил шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё зарар дидаанд. Аммо онҳо буҳрони дар ин ду сол ба вуҷудомадаро нодида гирифта баҳогузорӣ мекунанд, ки дар натиҷа хулосаашон нодуруст мебарояд. Албатта дохил шудан ба Иттиҳоди АвруОсиё роҳи ягона ва беҳтарини ҳалли мушкилоти муҳоҷирон нест, аммо ин имконест, ки бояд пурра омӯхта шуда, истифода бурда шавад.

Хулоса, муҳоҷират як раванди табиии идорашаванда буда, идораи дурусти он метавонад дар маҷмуъ манфиатовар ва созанда бошад. Маълум аст, ки таъминкунандаи буҷаи оила ва буҷаи давлатӣ шаҳрвандони аз ҷиҳати молиявӣ устувор буда, онҳо дар рушди иқтисоди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Муҳоҷират дар навбати худ яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ буда, танзими он ва беҳтар гардонидани шароити ҳуҷҷатгузорӣ ва будубоши онҳо вазифаи мақомоти марбутаи ҳукумати кишвар аст. Ҷомеа ҳам бояд дар ин самт ба сохторҳои давлатӣ кумак расонанд. Мо бояд даст ба дасти ҳам ояндаи дурухшони худро созем.

пешина
аз 21