Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷопон. Чуноне ки гуфтем, Ҷопон низ захираҳои табиии зиёд надорад. Аз минералҳо мис, оҳан ва сурбе, ки дошт, ба охир расиданд. Ин кишвар иқтидори бузурги гидроэлектрикӣ дорад, аммо саҳми он дар иқтисоди Ҷопон назаррас нест. Ҳарчанд иқлими мусоид барои зироаткорӣ дорад, вале қисмати зиёди он кӯҳистон мебошад. Аз 12 дарсад (8) то 20 дарсади (9) замини Ҷопон барои кишоварзӣ мувофиқ асту бас. Аммо аз ҳамин замини кам онҳо истифодаи самаранок мекунанд. Соҳаи кишоварзӣ дар ин кишвар аз ҷониби давлат дастгирии зиёд меёбад. Бо вуҷуди доштани камбудиҳои захираҳои табиӣ, Ҷопон пешрафтатарин кишвари минтақаи Осиёи Шарқӣ мебошад. Расидани ин кишвар аз як кишвари ақибмондаи кишоварзӣ ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон (баъдан сеюмин шуд) таҷрибаест, ки намунаи ибрати кишварҳои дигар гаштааст. Камбуди захираҳои табиӣ монеи пешравӣ ва муваффақияти мардуми Ҷопон нашудааст. Хулоса. Бо доштани захираҳои табиӣ, захираҳои зеҳнӣ ва технологияҳои пешрафта, Осиёи Шарқӣ яке аз минтақаҳои муҳими ҷаҳон ба шумор меравад. Аҳамияти ин минтақа барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, боз ҳам бештар аст. Чунки кишварҳои минтақаи мо ба уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст нестанд ва бевосита ҳаммарз будан бо Осиёи Шарқӣ шароити тиҷоратро барои мо осонтар мекунад. Маҳсулоти тайёри истеҳсоли Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар бозорҳои мо аз ҳама зиёд дида мешавад. Илова бар ин, нафту газ ва канданиҳои фоиданок аз минтақаи мо ба ин кишварҳо зиёд содирот мегардад.

Рушди нисбатан босуръати кишварҳои Осиёи Шарқӣ мавқеи бозори дохилии ин минтақаро ҳам дар иқтисоди ҷаҳон баланд бурда истодааст. Ҳатто Чин, ки то солҳои охир бештар як кишвари содироткунанда буд, солҳои охир сиёсати худро дигар карда истодааст. Ҳукумати ин кишвар ба истеъмолкунандагони дохилӣ такя карда, нақшаҳои рушди иқтисодии ояндаи худро сохта истодааст. Боло рафтани қобилияти харидории мардуми Чин бозори дохилии ин кишварро на танҳо барои ширкатҳои чинӣ, балки барои ширкатҳои байналмилалӣ низ ҷаззоб кардааст. Профессори Донишгоҳи Токио Шин Кашива дар як семинари илмӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 гуфта буд, ки “Чин барои ширкатҳои ҷопонӣ ҳам манбаи қувваи корӣ аст ва ҳам бозори бузург ва ривоҷёбандаи фурӯши маҳсулоти аълосифати ҷопонӣ”. Яъне боло рафтани қобилияти харидории мардуми ин минтақа на танҳо барои Чину Ҷопон, балки барои тамоми ширкатҳои байналмилалӣ манфиатовар аст.

Ҳамин тариқ, минтақаи Осиёи Шарқӣ бо доштани захираҳои табиии зиёд, зихираҳои зеҳнии зиёд ва бозори бузурги истеъмолӣ мавқеи намоёнро дар ҷаҳони имрӯз касб кардааст. Рушду пешрафти босуръати кишварҳои ин минтақа ва қавишавии бозори истеъмолии он, кишварҳои дигарро водор мекунад, ки ин минтақаро амиқтар омӯхта, аз имкониятҳои фаровони ҳамкорӣ бо кишварҳои он зиёдтар истифода кунанд. Ин мавзӯъ, махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтар аст. Чунки дар баробари додурифти зиёди тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, кишварҳои ин минтақа бо Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои зичи амниятӣ низ доранд. Махсусан, Чин амнияти минтақаи моро амнияти худ медонад ва дар ин ҷода бо кишварҳои мо ҳамкориҳои зиёд дорад. Илова бар ин, минтақаи Осиёи Шарқӣ яке аз роҳҳои алтернативии амн барои дастрасии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба уқёнуси ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин имконият то кадом дараҷа мо истифода мекунем, ин масъалаи дигар аст. Аммо ҳама дарк мекунад, ки доштани роҳҳои алтернативӣ дар ҳама давру замон хуб буд ва ҳоло ҳам барои мо аҳамияти бузург дорад. Бешубҳа, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои ду минтақа дар оянда боз ҳам зиёдтар хоҳанд шуд.

пешина
аз 21
навбатӣ