Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт
Аз аввал хондан

Чунин мисолҳо зиёданд ва тоҷикон низ миёни онҳо ҳастанд. Метавон устоди Донишгоҳи Алма-ато Сафар Абдуллоро мисол овард, ки дар Қазоқистон фаъолият карда, арзишҳои миллии моро ташвиқ мекунад ва ахиран узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби порсии Эрон гардид. Ӯро «Сутуни забони порсӣ дар Қазоқистон» номиданд. Бинобар ин, дар асоси мафҳуми «Беватан нест ғарибе ки кунад ёди ватан...» метавон гуфт, ки дар хориҷа ҳам фаъолият кардани намояндагони фарҳанги тоҷик бе манфиат барои миллату ватан нест.

Фазои мусоидро барои рушди театр ва кино кӣ бояд дар шароити иқтисоди бозаргонӣ фароҳам биёрад? Фарҳанг ҳамчун соҳаи муҳим дар давлаторӣ дар ҳама низомҳо аз пуштибонӣ ва дастгирии давлат бархурдор аст. Дар иқтисоди бозаргонӣ низ он аз тарафи давлат таъминоти молӣ ба даст меорад. Дар фарқият аз китобхонаҳо ва боғҳои фароғатӣ, ки қариб пурра аз тарафи давлат маблағгузорӣ мешаванд, театр ва кино танҳо кисман бояд аз тарафи давлат маблағгузорӣ шаванд. Қисми дигараш аз фурӯши эҷодиёти онҳо дар бозор, яъне аз фурӯши чиптаҳои намоишномаҳои театрӣ ва намоишҳои филмҳои тозаэҷод дар кинотеатрҳо ва фурӯши дискҳо ба даст меояд. Ин ҷо театр ба дастгирии давлат бештар ниёз дорад, чунки дар он фурӯши сабтҳо нест ва ҳар як намоишро зинда ба роҳ мемонанд. Филмҳо бошанд имконияти бештари даромад карданро доранд ва ба дастгирии камтар ниёз доранд. Фақат бояд шароити табиии рушд дар асоси қонунҳои иқтисодӣ вуҷуд дошта бошанд. Яъне пеш аз ҳама дар ҷомеа талабот ба эҷодиёти фарҳангӣ вуҷуд дошта бошад. Талабот аст, ки дар иқтисоди бозаргонӣ таклифотро ба вуҷуд меоварад ва рушди театр ва кино ҳам дар ин шароит аз талабот ба маҳсули онҳо вобаста аст. Баъдан, ҳуқуқи муаллифон бояд пурра ҳифз карда шавад ва филмсозон бояд аз фурӯши ҳар як сабт даромади худро гиранд. Рушд накардани театр ва кино дар кишвари мо ҳам ба ҳамин сабаб аст, ки дар ду даҳсолаи охир бо сабабҳои маълум талаботи мардум ба театр кам шудааст ва филмҳоро ба осонӣ аз фурӯшгоҳҳо бо нархи арзон дастрас карда, ба кинотеатр ҳам хеле кам мераванд.

Рушди ояндаи театр ва кино вобаста ба бартараф кардани ин ду омил аст. Агар ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ба уҳдаи мақомоти давлатӣ бошад, ба вуҷуд овардани талабот ва таваҷҷуҳи мардум ба театр ба уҳдаи ҳар як равшанфикр, омӯзгор, рӯзноманигор ва дигар шахсоне аст, ки бетараф нестанд. Нодуруст аст, вақте як рӯзноманигор бо гурӯҳи худ солҳо тарғиботи мазҳабӣ мебарад ва дар мусоҳибаи худ мегӯяд, ки шароитро бояд барои рушди театр давлат ба вуҷуд биёрад ва Барзу Абдурраззоқро биёрад. Медониста бошанд, ки Барзу Абдурраззоқ дар ин бетаваҷҷуҳии мардум ба театр, толорҳои холӣ ва камбудии маблағ чи хел метавонад кор кунад. Имрӯз театрҳои Душанбе намоишномаҳои хуб тайёр мекунанд. Шароит аз тарафи давлат то дараҷае таъмин аст. Аммо тамошобин кам аст. Мардум таваҷҷуҳ ба санъати театр надоранд ва толорҳо дар бисёр маврид қариб холиянд. Ин намегузорад дар шароити бозор театр рушд кунад. Агар таваҷҷуҳ зиёд гардад ва толорҳо пур шаванд, аз як тараф маблағи зарурӣ барои сохтани намоишҳои нави босифат пайдо мешавад, аз тарафи дигар ҳунармандон ва коргардонҳоро таваҷҷуҳи мардум барои сохтани намоишномаҳои хуб водор мекунад. Рақобат ҳам дар ин замина нақши худро мебозад ва сифати намоишномаҳоро баланд мегардонад. Дар ин ҳолат манбаи иловагии даромади театрҳо метавонад дастгирии ширкатҳои истеҳсолӣ ба хотири рекламаи «бренд»-и худ шавад.

Таваҷҷуҳи мардум дар кишвари мо ба филмҳои нав кам нест ва талабот вуҷуд дорад. Мушкили асосӣ ин ҷо ба таври лозимӣ ҳимоя нашудани ҳуқуқи муаллифон аст. Шароит барои сохтани филмҳои хуб ҳам то дараҷае вуҷуд дорад. Мисоли охиринаш филми коргардон Носири Саид «Муаллим» аст, ки ҳам аз ҷониби тамошобин ва ҳам аз ҷониби коршиносон баҳои баданд гирифта, ҷоизаи «Беҳтарин бозигар»-ро дар ҷашнвораи байналмилалии «Фаҷр» дар Эрон ба даст оварда, дар кинофестивали байналмилаии Инсбруки Австрия «Беҳтарин филм» дониста шуд. Аммо ин ҷоизаҳо ва он мукофотпулиҳои чандҳазорае, ки мегиранд барои рушди филмсозӣ кам аст. Заминаи рушдро дар ин соҳа даромад аз фурӯши эҷодиёти онҳо дар бозор бояд ташкил мекард. Даромад аз чунин «Филми беҳтарин» ба миллион мерасид ва имкони сохтани филмҳои навро медод. Мисол бо ҳифзи пурраи муаллифӣ ва фурӯши дурусти филми «Титаник» муаллифони он 1.8 миллиард, ва муаллифони филми «Аватар» 2.8 миллиард доллари ИМА(манбаъ: ru. Wikipedia.org) даромад гирифтанд. Дар таҷрибаи «Тоҷикфилм» ҳам дида мешавад, ки аз филми «Рустам ва Суҳроб» 250 миллион рубли шуравӣ (манбаъ: «Миллат» No16 (503) 29. 04.2015) даромад гирифта буд.

Талаботи маънавии инсонҳо ҳам беҳудуд нест ва агар ҳуқуқи муаллифони филмҳои хориҷӣ дар қатори ватанӣ ҳифз нашавад ва таҷрибаи баргардон ва бо нархи ночиз фурӯхтани филмҳои хориҷӣ давом кунад, расидан ба мақсад дар ин ҷода номумкин мегардад. Маълум аст, ки сохтани як филм маблағи хеле зиёд сарф мешавад ва наметавон бо он нархҳои ночиз сабти онро фурӯхт. Аз ин рӯ, бояд шароити баробар дар фурӯши филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дошта бошад ва нархҳо низ тақрибан баробар бошанд.

Фарҳанг дар баробари маориф ба дастгирии молиявии давлат ниёз дорад. Театр ва кино метавонанд дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва меҳанпарастии аҳолӣ нақши муҳим бозанд. Ба хотири рушди ин соҳа ва таъмини амният ва манфиатҳои миллӣ кишварҳои хурду бузург ин соҳаро аз ҳисоби буҷа маблағгузорӣ карда, шароити муносибро барои рушди тиҷоратии онҳо низ, кушиш мекунанд, таъмин намоянд. Ин маблағгузории омехта ба талаботи бозор ҳам мухолифат надорад. Танҳо фарқият ин ҷост, ки то чӣ андоза агар шароити рушди табиии ин соҳа хуб бошад, ҳамон қадар давлат метавонад бо харҷи камтар ба мақсади гузоштаи худ бирасад. Ва баръакс, чи қадаре, ки шароит бад бошад, хароҷоти давлат зиёд мегардад. Дар мавриди театр, ки мушкили асосияш бетаваҷҷуҳии мардум аст, лозим аст ҷомеъашиносон, масъулони соҳаи идеологии кишвар, рӯзноманигорон, омӯзгорон ва дигар қишрҳои аҳолӣ, ки ё вазифадоранд ё бетараф буда наметавонанд, дар баробари таблиғгарони равияҳои бегонаи динӣ таблиғоти ҷиддии театрро бикунанд. Ин метавонад ҷавононро ба театр ҷалб кунад. Театр дар навбати худ ба васеъшавии ҷаҳонбинии мардум, тақвияти имкониятҳои ақлонии онҳо, таҳаммулпазирӣ ва меҳанпаратии онҳо мусоидат мекунад.

Ҳалли мушкили ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва шароити номусоиди фурӯши филмҳо дар бозор ба уҳдаи мақомоти дахлдори давлатӣ аст. Ҳар чи зудтар ин мушкил ҳал шавад ва филмсозӣ рушд кунад, ба манфиати миллат хоҳад буд. Филмсозӣ на танҳо манфиатҳои амниятӣ ва фарҳангии миллатро таъмин мекунад, балки дар ҳолати рушди баланди он манфиатҳои иқтисодии зиёд ба даст меояд. Даромадҳои ИМА аз «Ҳолливуд» ва Ҳиндустон аз «Болливуд» далели он буда метавонад.

пешина
аз 21
навбатӣ