Зеҳн
ДУ РОҲКОРИ РУШДИ МИЛЛӢ (МАҶМУАИ МАҚОЛАҲО)

МЕҲР СОБИРИЁН Китоб фарогири бахше аз мақолаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои дохилӣ мунташир шудаанд, мебошад. Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ матраҳ гардидаанд. Маҷмуа аз ҷониби Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 40- солагии муаллиф ба чоп тавсия шудааст.

зеҳни сунъӣ · 26 октябри 2024 · 21 саҳифа

Иқтисодиёт

Мавқеъгирии миллӣ ва рисолати илмӣ (Ба ҷойи пешгуфтор)

Давлат ва ҷомеаҳои пешрафта ва ба истилоҳ, мудерн аз ду комёбии умда бархӯрдоранд: яке, миллият ва дигаре, илмоният ва муваффақияту комёбии башар ҳам ба ин ду асл бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки давлатҳои бузург ва дар айни замон миллиятҳои бакамолрасида маҳсули зеҳни бедор ва хиради зиндаи афроди саршиноси башаранд. Дар зимн, ақлбоварӣ ва хирадмеҳварӣ, ки аз зеҳну тафаккури донишмандону рӯшанфикрони ҷомеа берун таровидааст, тайи таърихи башарӣ сарнавишти миллияту халқиятҳоро рақам зада, роҳро барои таҳаҳаввулу тараққӣ ва саодату хушбахтӣ ҳамвор сохтааст. Афзун бар ин, маҳз қишри огоҳу рӯшангари ҷомеа, ки имрӯз дар қолибу титули зиёию фарҳангӣ инсиҷом меёбанд, худсозию худкифоиро ба унвони аслу меъёри зиндагӣ марҷаъ қарор дода, бо анҷом додани рисолати иҷтимоӣ, миллӣ, илмӣ, эҷодӣ ва инсонӣ сатҳи огоҳиҳои иҷтимоиро боло бурда, бад-ин минвол ҷомеаро ба дараҷаи баланди фикрӣ, ахлоқӣ, ҳувийятӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ва маданӣ мерасонанд. Ин аст, ки пажӯҳишгарони миллӣ дар садри интеллигенси ватанӣ қарор мегиранд ва дар масири бедории фикрӣ ва сифатан тағйир додани биниши миллӣ ҳаракат мекунанд.

Аз зумраи донишмандону пажӯҳишгарон ва иқтисодшиносони ҷавоне, ки солҳост дар шоҳроҳи бедории фикрӣ ва таҳкими раванди ҳувийяти миллӣ устуворона гом бардошта, аз тариқи ковишу ҷустуҷӯҳои мудавоми илмию ихтисосӣ саъю талош меварзад, ки барои ҷомеаи маданӣ хидмати боистаю шоиста анҷом бидиҳад, дӯсти мо Меҳр Собириён маҳсуб мешавад. Меҳр Собириён ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо такя ба донишҳои замонавию таҷрибаи зиндагӣ талош варзидааст, ки воқеиёти рӯзгор ва миллатро бо чашми ақл бубинад ва доир ба мушкилоту муаммоҳои мавҷуда бар мабнои ақлу мантиқ доварӣ намояд. Муҳимтар аз ин, Меҳр дар ростои донистани таърихи аҷдодӣ, ташхиси ҳаводиси таърихӣ, шинохти идеал-улгӯву арзишҳои миллӣ, муаррифии мероси бостонӣ, таблиғи ҷаҳонбинии фалсафӣ, тарғиби биниши илмӣ ва дар ҳар мавриду вазъият дар назар гирифтани манофеи миллӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст гирифта, ҳамвора дар ин масир ҳаракат мекунад. Аз сӯйи дигар, Меҳр солҳост, дар мабоҳиси рӯзмарраи фейсбукӣ фаъол буда, сари масоилу мушкилоти миллӣ ва буҳронҳои ҳувийятӣ изҳори назар карда, бо таҳлилу баррасиҳои ҷолиби ихтисосӣ ва мавқеъгириҳои миллӣ миёни доираҳои баҳсӣ соҳибэътибор гардидааст. Дар зимн, Меҳр Собириён минҳайси коршиносу муҳаққиқи миллӣ муҳтазиёту талаботи замонро хуб эҳсос намуда, пайи ташхису ислоҳи мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ, ҳувийятӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз тариқи пахшу нашри матолиби ҷолиби илмӣ-ихтисосӣ ва илмӣ-оммавӣ дар матбуоти даврии ватанӣ гомҳои устувор бармедорад ва аз ин тариқ вазифа ва рисолати иҷтимоӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва ҳувийятии хешро иҷро мекунад. Бавежа, Меҳр Собириён ба сифати муҳаққиқ ва коршиноси муваффақи масоили иқтисоди миллӣ дар барномаи илмӣ-ихтисосӣ ва эҷодиаш масъалаҳои мубрамеро аз қабили ҳадафҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, сатҳи бозиҳои геополитикӣ, раванди бархӯрдҳои тамаддунӣ, сиёсати фарҳангӣ, зербинои сохтори иҷтимоӣ, мушаххасоти истеҳсолоти ватанӣ, механизмҳои рушди низоми иқтисодӣ, худкифоию тавонмандиҳои фикрӣ дар сохтусози давлатдорӣ ва амсоли инҳоро ҷо дода, ҳар муаммову масъаларо аз рӯйи дараҷа ва сатҳи муҳимияту мубрамияти мавзӯӣ-мундариҷавӣ шарҳу тафсир медиҳад, Дар ин замина матолиби илмӣ ва илмӣ-оммавии Меҳр дар матбуоти даврӣ интишор ёфта, аз ҷониби ҷомеаи илмию маданӣ ҳамовозӣ пайдо намуданд. Ба ин манзур, доираи омӯзишу таҳқиқ, аз як сӯ ва дараҷаву сатҳи донишу биниши Меҳр Собириён, аз сӯйи дигар, фарох буда, пажӯҳишгар тамоми масоил ва мушкилотро бар мизони ақлу мантиқ андозагирӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки нуқтаназароти муҳаққиқ ҷолиб буда, дар зеҳни хонанда ангезаи ковишу ҷустуҷӯҳои минбаъдаро дар заминаи мавзӯоти мавриди назар меафзоянд.

Инак, Меҳр Собириён барои нахустин маротиба натиҷаву ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажӯҳишиашро дар қолиби маҷмуаи ҷудогона таҳти унвони “Ду роҳкори рушди миллӣ” мунсаҷим карда, ба дасти чоп супурдааст, ки аз лиҳози мундариҷавӣ, манобеи омӯзишӣ, ҷобаҷогузории мавзӯӣ, бархӯрди таҳлилӣ-интиқодӣ, сатҳи таҳқиқӣ ва бандубасти илмӣ хеле ҷолиб мебошад. Ба ин тартиб, нахустини маҷмуаи Меҳр Собириён “Ду роҳкори рушди миллӣ” фарогири 24 мақола буда, матолиб ба ду боб – “Фарҳанг ва худшиносии миллӣ” ва “Рушди иқтисоди миллӣ” тақсимбандӣ шудааст. Боби якум “Фарҳанг ва худшиносии миллӣ”, тавре ки дар боло тазаккур ёфт, аз 12 матлаби илмӣ ва илмӣ-оммавие таркиб ёфтааст, ки ба масъалаҳои ҳувийятӣ, ташаккули тафаккури миллӣ, буҳрони ҷаҳонбинӣ ва воқеияти фарҳангӣ иртибот мегиранд. Ҳамин тур, боби дувум “Рушди иқтисоди миллӣ” аз 12 матлаби ихтисосӣ, ки ба масоили авомили ақибмондагӣ, решашиносии мушкилоти иҷтимоӣ ва тарҳ-моделҳои рушди иқтисодӣ бахшида шудаанд, иборат мебошад. Ба ин маънӣ, муаллиф дар маҷмуа мақола ва матолиберо гирдоварӣ кардааст, ки масоил ва мушкилоти имрӯзи моро инъикос мекунанд ва ба истилоҳ, дарди ҷомеа мебошанд. Ин аст, ки Меҳр Собириён ба ҳайси як пажӯҳишгар, намояндаи интеллигенсияи миллӣ ва коршиноси масоили иқтисодӣ ба падидаву рӯйдодҳову равандҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва ҳувийятӣ бетараф набуда, атрофи зуҳуроту мушкилоти мавҷуда ба лиҳози ихтисосӣ изҳори назар ва муҳимтар аз ҳама, бархӯрди мунтақидона мекунад. Маҳорату малакаи наққодӣ ва интиқоди мунсифона, ки аз табиату сиришти зотию мантиқии Меҳр сарчашма мегирад, дар саросари матолиби маҷмуа эҳсос мешавад ва китобро хонданбоб месозад. Дигар ин ки маҷмуаи “Ду роҳкори рушди миллӣ” барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст ва масъулияти наққодию довариро дар робита бо маҷмуаи мазкур бар уҳдаи хонандагон вогузор намуда, мутмаинем, ки писанди хотиру зеҳну фаросати шумо қарор мегирад. Ба дӯсти гиромӣ ва донишманди миллӣ Меҳр Собириён дар ҷодаи мушкилписанди омӯзишу пажӯҳиш комёбиву муваффақият хоҳонем.

Бо эҳтиром, Нозим Нурзода 25 апрели соли 2022

БОБИ 1. ФАРҲАНГ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

1.1. Баҳси бархурди тамаддунҳо: вазъият ва дурнамо

Таърихи инсоният саршор аз бархурдҳост. Бархурд бо табиат, бо ҳайвонот, бо якдигар. Ин бархурдҳо миллиардҳо қурбонӣ дар пай доштаанд. Барои мутобиқ шудан ба шароити кураи Замин ва ҳифзи бақои худ инсоният миллиардҳо ҷонро аз даст додааст. Ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Набард бо вируси “COVID-19” дар ин шабу рӯз аз ҷумлаи ҳамин бархурдҳо ва мутобиқшавиҳост. Замоне инсонҳо обйекти шикори ҳайвоноти даранда буданд, вале саранҷом худ ба шикорчӣ табдил ёфтанд ва дар бархурд бо ҳайвонот баранда шуданд. Бархурди инсонҳо бо якдигар низ дар тули таърих ҷони миллиардҳо инсонро рабудааст, ки он сабабҳои гуногун дорад.

Аз рӯзе, ки инсон худ ва манофеи худро дар баробари дигар инсонҳо ва манофеи онҳо шинохт, бархурдҳо оғоз шуданд. Бархурдҳои барои ишқ, барои макони зист (авлодҳо), бархурдҳои номусӣ (қабилаҳо), бархурдҳо барои васеъсозии давлатҳо (шоҳигариҳо), бархурдҳо барои паҳнсозии динҳо (ниҳодҳои динӣ), бархурдҳои этникӣ (миллатҳо), бархурдҳои идеологӣ ва бархурдҳои тамаддунӣ. Дар ин навиштор ахирӣ, яъне бархурдҳои тамаддунӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ба мо лозим аст, ки пеш аз пардохтан ба баррасии бархурди тамаддунҳо, ба мафҳуми тамаддун каме равшанӣ андозем.

“Инсонҳо дар гурӯҳҳои созмонёфта зиндагӣ мекунанд, ки ҷомеа ном гирифтааст. Аъзои ҳар ҷомеае шеваи рафтори хосе пай мегиранд, ки ҷомеаи хоси онҳоро аз дигар ҷомеаҳо мутафовит месозад. Ин шеваи рафтори хос дар дар воқеъ фарҳанги ҳамон ҷомеа аст”. Дар адабиёти фарҳангшиносӣ мафҳуми тамаддун аз мафҳуми фарҳанг фарқ мекунад. Баъзе муаллифон фарҳангро ҷанбаи маънавӣ ва тамаддунро ҷанбаи модӣ бахшидаанд. Доктор Чингиз Паҳлавон дар китоби “Фарҳангшиносӣ”-и худ менависад “тамаддун дар зимн метавонад бистари фарҳангҳои гуногун бошад, чуноне ки тамаддуни аврупоӣ чунин хислатеро дорад”. Яъне як тамаддун метавонад якчанд фарҳангро дар бар гирад. Дуруст ба монанди тамаддуни ориёӣ, ки тибқи ин бардошт метавонад аз фарҳангҳои тоҷикӣ, курдӣ, лурӣ, порсӣ, балуҷӣ ва ғайра иборат бошад. Бо вуҷуди чунин фарқиятҳо, Доктор Чингиз Паҳлавон баъди баррасии дурударози мафҳумҳои фарҳанг ва тамаддун ба хулосае меояд, ки “дар вақеъ фарҳанг ва тамаддун аз ҳам ҷудо нест ва агар касе корбурди муайяне дар ҳавзаи хос барои онҳо қоил нашавад, гоҳ метавон ин ду мафҳумро ба ҷойи ҳам нишонд ва гоҳ ба вузуҳ ба як маъно ба кор бурд”. Ба қавли Доктор Паҳлавон: “Фарҳанг ё тамаддун, ба мафҳуми васеи калима дар қавмшиносӣ, маҷмуаи печидае аст, ки шинохт, боварҳо, ҳунарҳо, ахлоқ, ҳуқуқ, одобу русум ва дигар қобилиятҳо ё одотеро дар бар

мегирад, ки инсон ба унвони узви ҷомеа касб мекунад”. Самуел Ҳантингтон ба ин маҷмуа ниҳодҳои давлатиро низ дохил мекунад. Бо дарназардошти ин тафовутҳо дар бардошти донишмандон аз фарҳангу тамаддун дар доираи мавзуи баррасишаванда, беҳтар аст мо фарҳангро дар шакли маҳдудтар ва тамаддунро дар шакли васеъи дарбаргирандаи чанд фарҳанг баррасӣ намоем, то тавонем бархурдҳои дохилитамаддуниро низ бо моделҳои мавҷуда арзёбӣ карда бошем. Ба қавли донишманди эронӣ Доктор Масъуд Ҳоҷизода: “Тамаддун болотарин гурӯҳбандии фарҳангии мардум ва густардатарин сатҳи ҳувийяти фарҳангӣ аст, ки инсонҳо аз он бархурдоранд. Тамаддунҳо маҷудияти қобили дарк доранд, пӯё ҳастанд, зуҳур ва суқут мекунанд, тақсим мешаванд ва дар водии замон дафн мегарданд”. Донишманди тоҷик Комил Бекзода мегӯяд: “Ҳар сарзамине ба таносуби истеъдод ва завқи сокинон, ҳосилхезии хок, манбаъҳои табиӣ ва вазъи обу ҳавои худ офаранда ва тавлидкунандаи тамаддуне махсус аст, ки бо тамаддуни ноҳияҳои дигар мутафовит мебошад”.

Аҳамияти мавзӯъ. Дар раванди ҷаҳонишавӣ тамаддунҳо бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд, омезиш меёбанд ва бархурд мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҳолат масъалаи таъсири манфии ин раванд ба ҳувийяти миллӣ пайдо мешавад. Муайян кардани омилҳои таъсирасон ба ҳувийяти миллӣ ва мусаллаҳ шудан бо ин огоҳиҳо имкон медиҳад, ки ин таъсири манфӣ пешгирӣ ва ё ҳадди ақал кам карда шавад. Ин аст, ки мавзӯи баҳси бархурди тамаддунҳо, ки дар даврони пас аз ҷанги сард аз ҷониби олими саршиноси амрикоӣ Самуэл Ҳантингтон ҳамчун

назарияи рушди равандҳои сиёсӣ барои солҳои оянда матраҳ шуда буд, аҳамият пайдо мекунад. Чунки бо вуҷуди баҳсбарангез будани ин назария, дар се даҳаи охир, далелҳои зиёди тасдиқкунандаи он ба назар мерасанд ва дар баробари ин амалкарди кишварҳои абарқудратро дар аксар маврид аз рӯйи ҳамин назария метавон тавзеҳ дод. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳамчун узви тамаддунҳои муайян дар ин бархурд иштирок доранд ва дар раванди ҷаҳонишавӣ хатароти онро бештар эҳсос мекунанд. Бинобар ин, дар доираи омӯзиши таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ба ҳувийяти миллӣ дар Осиёи Марказӣ, баррасии масъалаи бархурди тамаддунҳо лозим ба назар мерасад.

Бархурди тамаддунҳо ҳамчун модели муносибатҳои байналмилалӣ

Баъди фурӯ рехтани девори Берлин дар соли 1989 Ҷанги сард ба охир расид ва донишмандону сиёсатшиносон дар ҷустуҷӯи модели нави рушди муносибатҳои байналмилалӣ афтоданд. Онҳо аз додаҳои таърихӣ истифода бурда, барои сохтани модели рушди муносибатҳои байналмилалӣ кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Замоне муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷангу ҳамгироиҳо дар доираи дин, бо ҷиҳоду ҷангҳои салибӣ ба вуҷуд меомаданд. Баъдтар дӯстиву эҳтиром ва ё кинаву адовати шоҳу шоҳзодаҳо муносибатҳои байналмилалиро муайян мекарданд. Пас аз пайдо шудани давлатҳои миллӣ дар қарни 19 рақобати миллатҳои гуногун, аксаран аврупоӣ, мавқеи намоён пайдо кард ва то поёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ идома ёфт. Пасон ҷанги сард дар рақобати ду идеология ва ду система давлатдорӣ, сотсиализм ва капитализм, ба миён омад, ки чуноне қайд карда шуд, бо бардоштани девори Берлин хотима ёфт. Акнун коршиносон дар андеша буданд, ки дар ояндаи наздик чӣ парадигма муносибатҳои байналмилалиро муайян мекунад ва дар ҷустуҷӯи модели наве буданд, ки тавонад бархурду ҳамгироӣ миёни миллатҳои гуногуни ҷаҳон ва ё рушди ояндаи муносибатҳои байналмилалиро дар худ ифода кунад. Якчанд назарияҳо пешкаш карда шуданд, ки онҳоро метавон ба хушбинона, воқеъбинона ва бадбинона тақсим намуд.

Дар ҳамин сол буд, ки Френсис Фукуяма назарияи худро дар шакли мақола пешниҳод кард, ки он баъдтар дар соли 1992 ба китоб табдил дода шуд. Номи мақола “Поёни таърих?” буд, ки дар маҷаллаи амрикоии “Манфиати миллӣ” соли 1989 мунташир шуд ва унвонии китоби вай “Поёни таърих ва охирин инсон” (1992) аст. Вай аз ғалабаи пурраи демократияи либералӣ бар сотсиализм илҳом гирифта, парадигмаи “Поёни таърих”- ро пешниҳод кард. Яъне ба хулосае омад, ки модоме низоми демократияи либералӣ дар ҳама паҳлуҳои зиндагии инсон бартарии назарраси худро исбот кард, дигар баъд аз ин қуввае пайдо нахоҳад шуд, дар баробари Ғарб ва системаи он истода, хатари бархурди бузургро ба вуҷуд оварад. Аз ин пас ин система ба тадриҷ дар тамоми ҷаҳон паҳн мегардад ва дунё ба як давраи нисбатан оромиву шукуфоӣ ворид мешавад, ки метавон гуфт то дараҷае дилгиркунанда аст. Ӯ мегӯяд “демократияи либералӣ “нуқтаи охири таҳаввули идеологии башар” ва “шакли ниҳоии давлат дар ҷомеаи башарӣ” бошад, ки

“поёни таърих” аст. Ин ба он маъност, ки шаклҳои қаблии давлатдорӣ камбудиҳои ислоҳнопазир ва ғайримантиқӣ доштанд, ки дар ниҳоят сабаби фурӯпошии онҳо мешуд, гуфта мешавад демократияи либералӣ аз чунин тазодҳои бунёдии дохилӣ орӣ аст”. Вай эътироф мекунад, ки “бархе аз кишварҳои муосир мумкин аст натавонанд ба демократияи либералии босубот даст ёбанд, дар ҳоле ки бархеи дигар мумкин аст ба шаклҳои дигари примитивии давлатдорӣ ба монанди теократия ва диктарураи ҳарбӣ баргарданд”. Ин назарияи Фукуяма ба гурӯҳи назарияҳои хушбинона дохил мешавад.

Баъдан Самуел Ҳантингтон дар соли 1993 бо нашри мақолаи илмии худ дар маҷаллаи “Foreign affairs”-и амрикоӣ зери унвони “Бархурди Тамаддунҳо?” назарияи худро пешниҳод мекунад, ки хеле баҳсбарангез мешавад. Дертар ин назарияи худро тақвият дода, дар соли 1996 онро дар шакли китоб мунташир мекунад, ки дар он аломати саволашро бардошта номи китобро “Бархурди тамаддунҳо ва азнавсозии низоми ҷаҳонӣ” мегузорад. Ӯ мегӯяд, ки не, дар давраи нав низ рақобату бархурдҳо боқӣ мемонанд, на ин ки мо вориди як давраи оромиву осудагӣ мешавему демоктарияи либералӣ дар тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Дар ин давра табиати бештари бархурдҳо фарҳангӣ-тамаддунӣ хоҳад буд. Ин назарияи Ҳантингтон назарияи воқеъбинона буд.

Дар ҳақиқат, пас аз поёни ҷанги сард мавҷи нави ҳувийятҷӯӣ дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон сар зад. Миллатҳое, ки зери таъсири қувваҳои идеологӣ буданд ва системаи мувофиқи идеологиву иқтисодиро ҷустуҷӯ мекарданд, ахиран ба корношоямии сотсиализм қоил шуда, демократия ва низоми сармоядориро ҳамчун беҳтарин низом шинохтанд. Ба ибораи дигар демократияи либералӣ тавонист, бартарияти худро дар баробари дигар низомҳо исбот кунад. Ин ба он маъно набуд, ки демократияи либералӣ аз камбудиҳо орист. Вале ин самараноктарин низом дар миёни дигар низомҳои ихтироъкардаи инсоният буд. Аммо ин зиддияту рақобатҳои ҷаҳониро хотима надод. Мавҷи ҳувийятҷӯӣ инсониятро дар баробари рақобатҳои фарҳангӣ- тамаддунӣ қарор дод.

Дар ҳамин вазъият баъди мушоҳидаву омӯзиши зиёд Самуел Ҳантингтон ба хулосае омад, ки “дар ҷаҳони пас аз Ҷанги сард парчамҳо аҳамият доранд, ҳамчунин, аз ҷумла салиб, ҳилол ва ҳатто пӯшишҳои сар аҳамият пайдо мекунанд, зеро фарҳанг аҳамият пайдо мекунад ва ҳувийяти фарҳангӣ чизест, ки барои аксари мардум аз ҳама бештар маънодор аст. Инсонҳо дар ҳоли кашф кардани ҳувийяти нав, аммо ағлаб қадимӣ ҳастанд ва зери парчамҳои нав, вале ағлаб қадимӣ роҳпаймоӣ мекунанд, ки мунҷар ба ҷангҳо бо душманони нав, вале ағлаб қадимӣ мешавад. Душманон барои афроде, ки ба дунболи ҳувийят ва шинохти тозаи қавмият ҳастанд, муҳим мебошанд ва эҳтимолан душманони хатарноктарин дар хатҳои миёни тамаддунҳои бузурги ҷаҳон пайдо мешаванд. Фарҳанг ва ҳувийятҳои фарҳангӣ, ки дар густардатарин сатҳ ҳувийятҳои тамаддунӣ ҳастанд, омилҳои ҳамбастагӣ, таҷзия ва даргирӣ дар ҷаҳони баъди Ҷанги сардро ба вуҷуд меоваранд. Назми ҷаҳонии мабнӣ бар тамаддун дар ҳоли зуҳур аст: ҷомеаҳое, ки пайвандҳои фарҳангӣ доранд бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд; талошҳои иваз кардани тамаддуни як ҷомеа ба дигар тамаддун бенатиҷа ҳастанд; ва гурӯҳи давлатҳо дар атрофи кишвари меҳварӣ ё аслии тамаддуни худ ҷамъ мешаванд”. Эътироф мекунад, ки “тамоили ҷаҳонгароёнаи Ғарб ба таври фазояндае онро дар таззод бо дигар тамаддунҳо қарор медиҳад, махсусан бо ислом ва Чин”. Вай ин хулосаи худро ба таври куллӣ чунин асоснок мекунад “дар дунёи пас аз Ҷанги сард тафовутҳои идеологӣ, сиёсӣ ё иқтисодӣ аз ҷумлаи муҳимтаринҳо нестанд. Тафовутҳои фарҳангӣ муҳимтарин ҳастанд. Мардум ва миллатҳо талош мекунанд ба одитарин саволе, ки инсонҳо рӯ ба рӯ мешаванд, посух гӯянд: Мо кӣ ҳастем? Ва онҳо барои ҷавоб ёфтан ба ин суол аз равиши суннатие кор мегиранд, ки инсонҳо то имрӯз истифода мекарданд, яъне бо таваҷҷуҳ ба чизҳое, ки барои онҳо бештарин арзишро дорад. Инсонҳо ҳувийяти худро дар пояи аҷдод, дин, забон, таърих, арзишҳо, одобу русум ва ниҳодҳо муайян мекунанд. Онҳо ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудо мешаванд: қабилаҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҷомеаҳои динӣ, миллатҳо ва дар васеътарин сатҳ тамаддунҳо. Мардум аз сиёсат танҳо барои расидан ба манофеашон истифода намекунанд, балки барои муайян кардани ҳувийяташон низ онро истифода мебаранд. Мо кӣ будани худро, танҳо ҳангоми донистани ин ки кӣ нестем ва ё дар бисёр ҳолат танҳо баъди донистани ин ки мо зидди кӣ ҳастем, медонем”.

Дар ҳамон солҳои дигаргуншавии бузург дар низоми ҷаҳонӣ Ҳантингтон мушоҳида мекунад, ки кишварҳое, ки дар якҷоягӣ аз сохти сотсиалистӣ даст кашиданд, дар амалӣ сохтани ислоҳоти демократӣ аз якдигар фарқ мекунанд ва ин фарқият ба фарҳангу тамаддуни онҳо вобастагӣ дорад. Яъне кишварҳое, ки мероси фарҳангии ғарбӣ доранд, дар роҳи рушди иқтисодиву демократӣ қадамҳои нисбатан устувор бардошта истодаанд. Ин дар ҳолест, ки ин равандҳо дар кишварҳои дорои фарҳанги Ортодоксӣ (православӣ) кунд буда, ояндаи норавшан доранд ва дар ҳамин ҳолат ояндаи кишварҳои дорои фарҳанги исломӣ нигаронкунанда аст. Дар воқеъ баъди қариб сӣ сол ҳанӯз мо ин фарқиятро мебинем, ки он боз ҳам равшантар шудааст.

Дар асоси ҳамин воқеиятҳо Самуел Ҳантингтон кӯшиш мекунад як парадигма, як харита ва ба истилоҳи дигар як модели рушди муносиботи байналмилалӣ барои давраи баъди Ҷанги сард коркард кунад. Ӯ мегӯяд “агар мо дар бораи ҷаҳон ҷиддӣ андеша намоем ва дар он амалҳои самаранок дошта бошем, ба як намуд харитаи соддакардашудаи воқеиятҳо, як назария, консепсия, модел, парадигма эҳтиёҷ дорем”[6]. Саранҷом ин харита ё моделро дар асоси тақсимоти тамаддунии ҷаҳон месозад ва пешкаши ҷаҳониён менамояд. Онро назарияи “Бархурди тамаддунҳо” меномад, ки ба хотири ғунҷонидани он дар қолаби як модели илмии рушди муносибатҳои байналмилалӣ ҷаҳонро ба 8 тамаддун тақсим мекунад. Яъне (1) тамаддуни ғарб, (2)тамаддуни ортодоксӣ (провославӣ), (3)тамаддуни конфутсионӣ, (4)тамаддуни ҷопонӣ, (5)тамаддуни ҳиндуӣ, (6)тамаддуни исломӣ, (7)тамаддуни амрикои ҷанубӣ ва шояд (8)тамаддуни африқоӣ. Албатта ин ба он маъно нест, ки дар ҷаҳон танҳо ҳамин 8 тамаддун вуҷуд дорад ё намояндагони ин тамаддунҳо аз як гиребон сар бароварда, бар зидди якдигар муборизаи дастаҷамъона мебаранд. Ин тақсимот тибқи қавонини илмии моделсозӣ сода карда шудааст. Худи муаллиф низ эътироф мекунад, ки “тасвири сиёсати пас аз Ҷанги сард тибқи факторҳои фарҳангӣ, ки бархурд ва ҳамгироии кишварҳо ва гурӯҳҳоро дар меҳвари тамаддунҳои гуногун дар бар мегирад, хеле содакардашуда аст. Он хеле чизҳоро ҳазф мекунад, таҳриф мекунад ва ё тира месозад”. Аммо “харитаҳо ё парадигмаҳои содакардашуда барои дарк ва амалкунии инсон ногузир ҳастанд. Мо метавонем ба таври саҳеҳ назарияҳо ё моделҳоро бисозем ва огоҳона онҳоро барои раҳнамоии рафтори худ истифода кунем”. Барои тақвияти ин гуфтаҳо метавон назари Роберт Солоро овард, ки барои модели рушди иқтисодии худ ва дигар корҳои илмӣ дар соҳаи Иқтисодиёти рушд, соли 1987 Ҷоизаи иқтисодии Нобелиро гирифта буд. Роберт Соло мегӯяд “моделҳои беҳтарин маъмулан бисёр оддӣ ҳастанд, аммо маълумоти зиёдеро дар бораи он ки ҷаҳон чӣ тавр кор мекунад ба мо медиҳанд. Ҳама назария ба фарзҳое такя мекунанд, ки дурустии сардарсадӣ надоранд. Ин вижагиест, ки онро назария месозад. Санъати назарияпардозии муваффақона ин аст, ки гумонҳои содашудаи ногузир тавре пешкаш карда мешаванд, ки натиҷаи охирини он ҳассосияти зиёд надорад”. Яъне метавон гуфт, ки модели Семуел Ҳантингтон низ дар пояи моделҳои илмӣ сохта шудааст ва қарор нест, ки ҳама падидаҳои ба вуҷудомада дар замони навро дар бар гирад. Аммо ба мо имконият медиҳад равандҳоро ба тартиб дароварда, дар кул тасаввур намоем, зарурро аз нозарур фарқ кунем, ояндаро пешгӯӣ намоем ва муҳимтар аз ҳама роҳҳои расидан ба аҳдофи худро интихоб намоем.

Самуел Ҳантинтон дар китоби худ моделҳои алтернативии сиёсати ҷаҳониро низ баррасӣ мекунад ва эътироф мекунад, ки як модел наметавонад ҷавобгӯи ҳама талаботҳо бошад. Яке аз ин моделҳои алтернативӣ “Як ҷаҳон: ейфория ва гармония” мебошад, ки намояндаи барҷастаи он ҳамон Френсис Фукуяма мебошад. Тибқи ин модел, ба истиснои чанд кишвари ҷаҳони сеюм пас аз Ҷанги сард бояд дар олам як раванди нисбатан оромиву осудагӣ ва ҳамгироии зичи миллатҳо ҷорӣ мешуд. Аммо солҳои баъдӣ дидем, ки чунин нашуд. Дигар модел ин “Ду ҷаҳон: мо ва онҳо” мебошад, ки тибқи он ҷаҳон метавонист боз ба ду қутб тақсим шавад. Фарзияҳо зиёд буданд. Шимоли сарватманд ва Ҷануби фақир, мутамаддинҳо ва варварҳо, Шарқ ва Ғарб, минтақаҳои ором ва минтақаҳои ноором ва дигар фарзияҳои рушди ҷаҳони дуқутбаро донишмандон ҳадс мезаданд. Сеюм, модели давлатҳо мебошад. Яъне маҳз давлатҳои соҳибистиқлол дар муносиботи байналмилалӣ дар бархурду ҳамгироиҳо нақши бештаринро доранд. Сиёсати онҳо аст, ки асоси бархурдҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ дар худ инъикос мекунад. Чорум, модели хаос ва анархия аст, ки бо дар назардошти давлатҳои заиф ва давлатҳои шикастхурдаи зиёд дар ҷаҳон сохта шудааст. Ин моделро донишманд Зигниев Брезински ва дигарон дар корҳои худ баррасӣ кардаанд ва ин намунаи назарияи бадбинона буд. Ҳамаи ин моделҳои алтернативиро Самуел Ҳантингтон баррасии кӯтоҳ мекунад ва эътироф мекунад, ки дар шароитҳои хос онҳо низ коршоям ҳастанд. Дар қисмати муқоисаи ин моделҳои гуногун вай эътироф мекунад, ки “парадигмаи тамаддунӣ як нақшаи нисбатан оддӣ, аммо на аз ҳад зиёд соддаи дарки равандҳои ҷаҳониро дар охири асри 20 пешниҳод менамояд. Ба ҳар ҳол ҳеҷ парадигмае барои ҳамеша хуб нест. Модели “Ҷанги сард” барои сиёсати ҷаҳонӣ барои 40 сол аҳамиятноку муфид буд, аммо дар охири солҳои ҳаштодум корношоям шуд ва дар як давраи дигар парадигмаи тамаддуниро низ ҳамин сарнавишт интизор аст. Бо вуҷуди ин, барои давраи муосир ин парадигма барои мо дастурамали муфиде мебошад, ки тавонем он чиро ки бештар муҳим аст аз он чӣ ки камтар муҳим аст, фарқ кунем”.

аз 21
навбатӣ