Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Аз дили чўлистони азим сар мекашид гирдаи дигар, ки хуршеди хунинранг буд.
Шунаҳи хунолуду сурхинаи вай мерехт рўи чўлистон дар ин пагоҳӣ.
Дар чўлистони нопайдоканор пешандоз карда мебурданд асирони хастаҳоларо аз нав.
\\\*
Мўйсафед аз Истаравшани валангор кадом чиро мекофт ҳолиё.
Ниҳоят баргашта буд ба боғгузари ошно.
- Ин мўмиё ва қиёми ҳафтмева. Ба бисёр дард даво, - шарҳ бидод вай.
- Барои ёфтанаш дар басо хонаву ҳавлӣ будам; ҳол он ки дар умри сарам хонаи худамро низ ин қадар накофта… Худо бахшояд маро-о,
- мўйсафед, ки аз овардаҳош марҳам омода мекард, чунин пичиррос мезад.
Баъд марҳамро мемолид ба ҷойи буридаи дасти Аржанг ва ба захми амиқи китфи бача.
Сипас рўи кафи Аржанг ва рўи кафи бача ба андозаи донаи нахўд ду резаи сиёҳчатоби кўчакро баргузошт.
- Ин мўмиё, ки хўрдани шумо зарур.
Аржанг онро ба даҳон монд, аз болояш пиёлаи обро ошомид, яъне бо ин васила фурў бурдаш.
Писарак низ чунин карда.
- Куртаатро бикаш, - барои бача, ки ҳамоно месулфид, изҳор намуд мўйсафед. - Равғани аспро шаппам ба танат.
Инашро аз тани аспи кушташуда канда овардам ъа. Ҳол он ки то ин айём ягон бор ба моли мурдаи касе (зиндааш ун тараф биистад) даст назада буда-ам. Акнун ки мўям сафед гашта, ин корро кардам ъа. Худо, биомурзад ъа!
Бо асари молиш зери дастони шахшўли мўйсафед пораи сафеди равған об гардида, ноайён ба пўсти бача мегузашт, ба ҳастиаш медавид...
\\\*
Аржанг, ки зўр зада, ба по хеста буд, менигарист ба аспе, ки пойи савори мурдаву афтодааш дар узангии зин дармонда.
Асп аз инсоне, ки бо узангӣ кашида меоварда, гўё то ҳадде ҳарос дошт, вале аз он халос хўрда наметавонист; болои ин сахт гурусна ҳам буд, ки ба буттаву алафҳои сари роҳ даҳан мезад ва кафша мекард.
\\\*
Дар Истаравшан сарҳои болои ҳам чидаи манори марг бо ҳашамати ваҳмхез меистод.
Дар появу атрофи он ҳанўз гўр мекарда баданҳои бесармондаро нафаре. Ва ин дарвеши зиндамонда буд.
Мўйсафеди истаравшанӣ ҳам пайдо шуда баъдан, ба дарвеши танҳо ҳамроҳ гардид, балки ба вай мадад расонидан мехост.
Ва ду солхўрда, ки ҳамааш шуда чанд рўз муқаддам аз зиндагӣ ва идомаи зиндагӣ умед мекашида ва бо чунин умед ҳарф мегуфта, аз куҷо медониста, ба зудиҳо ба гўр кардани шаҳидони хунинбадани диёр машғул мешаванд.
Баъди муддатҳои зиёд ҳар ду сар бардошта, ба он самте, ки асиронро бурда буданд, назар андохтанд, яъне ҷониби чўлистон.
- Фақат маълум нест, - ҷумбида буд лабони яке, - ҷисми асирони бурдаро, гар ҷон ба ҷаббор биспаранд, дар ун ғурбатҳо, кӣ ба хок мегузошта бошад а?…
\\\*
Рўи ҳомуни дур ҷисми бонуе буд, сараш ҷонибе парида ва дар нуқоти дигари чўл ҷисми марде ба назар мерасид, ки ба пояш шашпар зада шуда.
Дар хокхези чўл нақши пойи рафтагон, яъне нукарон ва асирон монда, ки шамоли даргузар унҳоро хира мекард.
Паррандагони лошахўри чўлистон пайдо шуда, ки болои ҷисми зан ва каллаи паридаи вай шинухез мекарда.
Ҳамчунин қариби марди ба пояш шашпар зада нишаста буда парандагони лошахўри чўлистон; яқин онҳо ҷон ба ҷаббор супоридани вайро мунтазирӣ мекашиданд, то баъдан минқор зада, гўшти баданашро канда фурў бубаранд…
\\\*
Аржанг, дар Истаравшан, менигарист ба гесувони аз девори калламанор берунмонда. Баробари ин гесувони Шоира пеши назараш меомад. Гусувоне, ки дами роҳ рафтани Шоира меламид дар шонаҳои беҳамтояш.
- Ман меравам, - ниҳоят ҷумбиданд лабони Аржанг.
- Куҷо? - саволи мўйсафед буд.
- Ҷонибе, ки асиронро бурдаанд...
Нигоҳи мўйсафед аз ҳайрат моломол шуда.
- Базўр ба по рост меистиву ниятҳое мекунӣ, ки… Вақте ки мо зиёд будему ту ҳам соҳиби ду даст, тўдаи хон чунон ғофилгирамон кард, чунон зарба зад, ки… Акнун мешавад магар коре кардан, ки ҷузъҳои зиндаи ин мулкро қариб пурра куштаанд ва ё бурда…
Баъди муддатҳои зиёд афзуда буд:
- Дигар ислоҳнопазир бошад мушкилоти вобастаи мулки мо ва бозгашти он ҷониби зиндагӣ… Асирони бурдаро низ ҳамин сарнавишт интизор… «Тақдир чунин буд, чӣ тадбир кунем?»…
Сукунати ба қабристон шабеҳ фитода дар миён.
- Вале он ҷо… Шоира…- хомўширо даршикаст Аржанг.
Мўйсафед нигоҳашро оварда буд боз ҷониби Аржанг.
- Як бор аз чанголи марг тасодуф халос шудӣ, дафъаи дуввум амон надиҳандат, балки ин дафъа ба гардану сарат кордор бишаванд…
- Шояд барои Шоира зинда монда бошам ъа? - қоғазпорае, ки шаббода оварда буду дар кафи дасти бутунмондааш меистод, назар барафканд.
Мо ҳарду мусофирони ин саҳроем,
Зеби даману кўҳу чаманпироем.
Ту додари борону ман аз миллати гул,
Бошад, ки канори ҳамдигар осоем!
«Ин шеърро барои ман иншо карда буд, ҳарчанд дар ин бора бо забони худаш нагуфта, - Аржанг таваққуф намуд: - Ҳа, маротибе рози дил нагуфта будем, ҳарчанд дар ҳамсоягӣ ба дунё омадем, дар як кўча бозӣ мекардем… баъдан дар ҳавлибоғи худаш вай ғазал менавишту ман унҳоро тараннум месохтам… Шояд вай ҳам мисли ман гумон мекард роз гуфтани мо, ошкор кардани гапҳои зиёди дили мо дар пеш истода…»
- Дар хотири ту вай ҳамчу рамзи ишқи нотакрор бимонад. Фақат ҳамин! Зеро намонам равӣ ун ҷониб, ки зиёд роҳ гаштанат мумкин нест. Ҳол он ки то маскани хон чандрўза роҳест… Он ҷо… ғайри марг чизе нест…
\\\*
Дар ҳомуни дури дур мебурданд ҳамоно асиронро.
Ва миёни асирон буд Шоира.
Шоирае, ки дар борааш андеша мекард Аржанг.
\\\*
Дар куҷои Истаравшан асп мекашид ҳамоно ҷисми мурдаро. Ва ҳар гоҳ истода, ба буттаву алаф даҳан мезад. Яъне талоши зиндагӣ ва намурдан идома дошт барои саманди дар узангиаш пойи фавтидае дармонда...
Аржанг чашм он сў дўхта буд, ба андеша рафта.
Мўйсафед дар айвон ба захми амиқу кабудшудаи тахтапушти бачаи дар бистар ёзида кадом марҳам мемолид ва хавотир буд аз аҳволи бадшудаи ҷароҳати ў.
Аржанг ҳанўз менигарист ҷониби аспи танҳо, ки дар он тарафи калламанор, балки аз он дур метофт. Аспе, ки бо узангии худ кашида мебурд мурдаи рўи заминро ва ҳар гоҳ ба буттаву алаф даҳан мезад.
\\\*
Асиронро мебаранд ҳамоно дар чўлистони азим.
Шоира аз канор мерафт.
Аммо ҳамеша варо тела дода, ба дарунтари сафи асирон медароварданд, хоса соҳиби табарзини якгўша ва чингизбашара ба ин вобаста шуда ё инро хон фармуда буд махсус барои унҳо.
Хуллас умеди гурехтану наҷот намонда буд дигар барои Шоира.
\\\*
Нигоҳи Аржанг сўи мўйсафед омад, ки банд буд гирди бача.
Аржанг аз дарвозаи ҳавлӣ берун бишуд. Зўр зад, қадаммонии бемадори худро андак суръат бахшояд.
Ҷониби аспе мерафт, ки мурдаи инсоне дар узангии зинаш дармонда. Саманд аз инсони навпайдо, ки сўяш меомада, ваҳмида дур шудан мехост.
Баъд дар куҷое кадом буттагиёҳ ва меваҳои фитодаро комак зада мехоид саманд.
Баногаҳ аз паси буттадарахте панҷае бо шаст баромад, лаҷоми вайро дошт. Балки дасти инсоне буд.
Асп тўрида, худашро яктарафа кашид, каси аз лаҷоми вай доштаро кашоламол мебурд рўи хок, балки як инсони мурдаву як зиндаро кашола мекард. Шояд зиндаро ҳам мурда бигардонад бо чунин кашоламол бурданаш ва баъд бо ду мурдаи ду узангиаш бимонад.
Лекин каси зинда, ки бо як дасташ лаҷоми варо сар додан намехост, як пояшро ба комаки узангии тарафи дигари зин халонда буд. Сипас гўшаи лаҷомро бо дандону даҳон дошта, бо дасти ягона ёли аспро мемолид, яқинан ором карданаш мехост. Баъд дасти ягонаашро ба сўи узангии тарафи дигари зин бурд, ки асп бештар рамида буд.
Вале одами зинда баъди талоши чандинкаратае пойи мурдаи бо хуну хок олударо ва ҳатто андак гандидаву бўй баровардаро, аз узангии тарафи дигари зин ҷудо бикард. Асп аз ин ҳам тўрида, якдастаро кашида бурд. Балки саманди сабукшуда гурехтан мехост ва инсони зиндаи якдаста бошад варо раҳо карданӣ набуд ва лаҷомро ба миёни дандонҳош гирифта сахт газида ва бо як дасташ ёли ҷонварро дошта буд.
Баъд дасти ягонааш лағжида-лағжида ба қоши зин ҳам бирасид ва андармонӣ ба ин ва такя ба пояи рўи узангӣ, қоматашро боло кашидан мехост, балки худро гирифта буд, дар нитҳоят, ба хонаи зин. Аспи бештар безобита суръаташро зиёд мекард. Ва каси дар хонаи зин ҷойгирифта лаҷоми варо бо дасти ягона кашида, майли рафти варо сўи дилхоҳ гардонидан мехост, балки ин ҷонвари тўрида ва даҳонаш кафкзадаро ба итоаташ оварданӣ буд.
Тақотуқи бо шасту ногаҳон пайдошудаи суми асп ба худ биовард мўйсафедро. Вай, ки назди бача буд, сар бардошту аспи дар як он гузаштаро бидид. Пасон ҳайратзада назди дарвоза биомад.
- Ой, куҷо? - фарёд бароварда буд мўйсафед ба ҷониби одами болои асп рафтае.
Савор ба ҷойи аспро суст кардан ба тани он лангак мезад, ки бештар суръат бигирад.
Саманд аз Истаравшан ҳам баромада буд. Ва мерафт ҷониби чўл. Чўле, ки онро гар убур бикунад мебурдаш ҷониби мулки Офтобрўя. Яъне сўе, ки асиронро бурда.
- О-о-й, ҷон надориву куҷо меравӣ ъа? - фарёд зад мўйсафед аз думбол. Мўйсафеде, ки амиқтар дарк карда: куҷо равон аст Аржанг ва барои чӣ меравад?
Аспи инсони якдастаро бурда намеистоду мўйсафед фарёд бармезад:
- Оо, мо ҳамагӣ муқобили унҳо истодагарӣ карда натвонистему як худат чӣ карда тавонӣ-ъ?!...
Хинги ваҳмзада одами болояшро мебурд ҳамоно.
- Ошиқонро маҷнун гуфтаанд, яъне девона, ки ро-ост! - хулосаи мўйсафед чунин буд.
Ва ноумеду беҳол бехи девор нишаста буд дар ниҳоят мўйсафед. Ба худ фурў рафта буд ошуфтаҳое.
- Маълум нест, ба ин шаҳристон дигар ягон сокинаш бармегардад ё на? - баъди хомўшии тўлонӣ зикр карда буд ва ба сукут рафта боз. Тахтапушташро ба девор сахттар такя карда, ки гўё дигар ҳаргиз намеҷумбид ё ҷумбида натвонад.
Сулфаи думболадор ва пурдарди бача шунида мешуд.
Балки такрор мегардид.
Мўйсафеди пакару шахшуда, дигар натвонисту дар ниҳоят, нигоҳашро бурд он сў.
Сулфа бачаякро сахт такон медод. Оби даҳанаш гўё хунолуд шуда.
Ин мўйсафедро водошт зўри бархестан бикунад аз ҷо.
Бача ҳамоно месулфид.
- Ман ҳам бояд биравам…- пичирроси мўйсафед буд. -
Барои ин бача шуда…- муддате хомўш монд. - Ҳаа, аз ин ҷо, муддате, дур бурдан лозим бачаро, ки фоҷиаҳои ин маконро то ҳаде фаромўш бикунад, каме таскин ёфта тавонад ва шояд бо мадади Худованд ба худ биёяд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё