Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Сўҳробу мўйсафед танаи аспро бо обу ҷорўб тоза мекарданд.
Ва ҳар гоҳ саманд думашро мерасонид ба писарак.
- Ба фикрам раҳмат мегўяд ба ман, - ҳаяҷони дилашро пинҳон карда натавониста, нидо бароварда буд Сўҳроб.
- Ҷонвар ба қадри инсоне, ки раҳми варо мехўрад, мерасад, - мўйсафед ба реза кардани алаф пардохта буд бо василаи теғи хошокбурӣ, ки аз чӣ бошад «ҷоду» ном бубаранд…
Сўҳроб ба рўфтани даруни охур машғул бишуд.
Муддате гузашт, то дарвозаро бикўфтанд.
- Кушодагӣ, - овоз баровард мўйсафед.
Даричаи дарвоза во гардиду каллаи милиса намоён бишуд.
- Аҳмад-ака, мум-ки-ин аст?
- Чаро, ки неъ? Даро-о, Ҳикмат-полвон, - мўйсафед аз болои кундаю дости алафбурӣ, яъне ҷоду бархест.
Милиса қомати баландашро хам карда, аз дарича ворид гардид. Аз дунболи вай Нодир ҳам ба дарун пой барниҳода буд. Аммо бисёр пеш наомада, назди дарича биистод, ки агар лозим шавад, ба осонӣ гурехтан муяссараш бигардад.
Мўйсафеду милиса дасти ҳамдигарро фишурда буданд.
- Соқу саломат ҳастед, Аҳмад- ака? Аҳволи Бўр чӣ хе-ел?
- Шукри Худо-о! Як навъ зиндагӣ карда гаштаем!
Милиса яке аз гулҳои садбарги қаторро бў кашиду ба ҳавлии сердолу дарахт, сабзу хуррам, ки дар шаҳри бетону асфалтпўш мисли воҳаи миёни биёбон метофт, назар биандохт ва ногаҳ дар кунҷи ҳавлӣ, дар қафои асп Сўҳробро бидид.
- Чаро ин бача дар ҳавлии шумо-ъ? – пурсид вай. - Барои чӣ манъ кардедаш?
Лаҳзае сукунат буд.
- Маро ин ҷо касе манъ накардааст, - ҷавоб омад аз ҷониби худи Сўҳроб, дар ниҳоят.
- Ҳоло ҳамин тавр бигў? - ҳайрон бимонд милиса.
Нигоҳи нобовари милиса лағжид ҷониби Нодир, ки дами дарвоза меистод. Нодир нигоҳашро гурезонду акнун чи тур рафтор карданашро намедонист.
- Сўҳроб меҳмони ман, - иброз дошт мўйсафед ва рўи дастурхон лаълии қанду қандалот барниҳод. - Чой менўшӣ,
Ҳикмат-полвон?
Мўйсафед нон шикаста, ба пиёла чой рехт, онро ба милиса, ки дар гўшаи кўрпачаи рўи кати чўбин нишаста буд, дароз бикард.
Милисионер як ҳутл чой нўшида, бори дигар атрофро аз назар гузаронид.
- Шумо кай ба хонаи нав мекўчед а, Аҳмад-ака? - саволе ба миён бимонд баногаҳ.
- Намедонам…- ба андеша фурў рафт мўйсафед. - Барои ману Бўр ин ҷо ҳам бад не-ст.
- Албат бад не-ст… Лекин…- вай ба андеша рафт.
Ин лаҳза Сўҳроб ба Нодир наздик шуда буд.
- Пулҳо канӣ? - мехост аниқ бикунад вай.
Нодир гўё соз нашнида бошад, пурсид:
- Чӣ гуфтӣ?
- Пулҳо ку? Онҳоро худи ҳозир буте барои ун мўйсафед.
-…Пулоя мегўӣ?... - гўё навакак фаҳмида буд асли масъаларо Нодир. - Гум кардам. Бачаҳо шоҳид; вақти гурехтан афтодаму тангаҳо ҳар куҷо титу пит шуда рафтанд…
- Ту найрангбо-оз
- Дигар чизе гуфтанӣ нестӣ? - Нодир бо тамасхур зикр карда буд.
- Мегўям гапҳои дигарро ҳам!
Вале ин вақт даричаи дарвоза шараққос зада, кушода гардиду падид биомад модари Сўҳроб. Чеҳраи пуризтиробаш бо обу арақ моломол буд, канда-канда нафас мегирифт: маълум, ки бо дав омадааст. Вай ба мўйсафеду милиса нигаристу хавотириаш биафзуд. Шояд аз ин сабаб бошад, ки якбора аз гўши Сўҳроб чанг бизад:
- Мебахшетон, - ба мўйсафеду милиса рў оварда, узр бипурсид. - Барои номаъқулиаш худам ина ҷазо медиҳам.
Албат. Фақат ҳозир иҷоза бидиҳед барамаш…
- Худи шумо гўши вайро сар бидиҳед, хоҳар, - аз ҷо бархест мўйсафед.- Сўҳроб ягон кори бад накардааст. Фақат ба ман ёрдам бидо-од.
Қиёфа ва нигоҳи модарро нобоварӣ бармегирифт.
- Ро-ост? - гўши Сўҳробро сар надода, аз милисаи ин ҷо буда пурсид.
- Ман пештар аз шумо омадам, бону. Вале Аҳмад-ака гуфтанд, ки… Аз ин мебарояд дурўғ нест...
Бону гўши писарашро сар бидод ва барои ў хастаҳол ба забон биовард:
- Намедонам ба ту чӣ шудааст, бачаҷон? Ягон рўз бебало намешинӣ баъди ин ҷо кўчида омаданмон. О, дар маҳаллаи пешинаамон ин хел набудӣ ку-у?
- Ором шавед, хоҳарҷон, - ба вай пиёлаи чой дароз бикард мўйсафед. - Нўшед. Изтиробатон паст мешинад.
- Раҳмат, - модари Сўҳроб пиёла бигирифт, чояшро ҳулт кашид ва боз биафзуд: - Бача майда бошад, падару модарро хобидан намемондаву баъд калонтар, ки бишуд, худи падару модар хобида наметавонистаанд, яъне аз ташвишҳои вобастаи вай.
- Шинед, - ҷой нишон бидод мўйсафед.
- Не-е. Ба кор баргаштанам лозим а…- пиёларо баргардонд ба мўйсафед ва рў овард ба писараш: - Ту хона ра- ав, акнун. Таомата гарм карда би-хўр.
- Оча, - овози Сўҳроб таваллоомез садо дод, - мумкин аст биистам, андаки дигар, ин ҷо, назди асп…- нигоҳаш тарафи саманди барф барин сафед бирафт.
- Хавотир нашавед, ман худам шиками ўро сер мекунам,
- ваъда бидод мўйсафед барои модар.
Бону як андеша бикард, дар ниҳоят даст биафшонд.
- Майлатон…- ва боз изҳор бидошт: - Лек шумоя, агар, безор бисозад, аз ҳавлиатон сур бикунед…
Баъд милиса ҳам чойи пиёлаашро, то охир, ҳулт кашиду аз ҷой бархест.
- Рафтани ман ҳам лозим, - изҳор дошт. - Ташвиш бисёр…
Боз ба андеша рафта, сипас барафзуд:
- Аҳмад-ака, барои ба хонаи нав кўчидан тайёрӣ бинед чӣ шавад а? Охир дер ё зуд, хоҳед нахоҳед, ин ҳавлии куҳнасохти шуморо вайрон мекунанд. Ҷояш иморати баландқабата месозанд. Барои Бўр ҳам дар шаҳри дигаршуда, шояд, дигар ҷой намонад…
Ранги мўйсафед яке дигар шуду ба андеша ғўта бизад:
- Пештар, ин ҷо, ману Бўр вазнинӣ намекардем а…
- Пештар дигар буд… Акнун, дигар шудааст...
Мўйсафед ин дафъа ба ҷойи ҳарф гуфтан оҳе баркашид.
- Ба сокинони нави маҳалли нав ҳам асп маъқул нест, нороҳатанд аз будани ин ҷонвар дар пеши назарашон…
Мўйсафед лаб кушода наметавонист, акнун.
- Ба шумо чанд ҳафта муҳлат, Аҳмад-ака. Набошад… чора ҷустани мо лозим мешавад. Қоидаву қонуни шаҳрдорӣ ҳамин. Хайр, - ниҳоят ҷониби дарвоза қадам барзад.
Баъди рафтани милиса мўйсафед ноҷунбон меистод.
Ожанги пешонаи вай ҷуқуртар нишаста буд, дар қиёфааш ғусса хона монда.
Сўҳроб ба вай наздик бишуд, паҳлўяш биншаст. Сараш ҳамчунин хам буд, қиёфааш андешаманд. Онҳо ҳар ду дар алоҳидагӣ, вале яқинан дар бораи як чиз андеша доштанд: дар бораи саманд, ки акнун дар шаҳристон нодаркор гашта ё бештар нодаркор мешавад.
Нодир бошад ғайб зада буд ва дигар ба чашм намерасид, вагарна Сўҳроб ба вай мечапид, аламашро аз вай мегирифт, ки яқинан милисаро вай оварда ба сари мўйсафед ва саманд…
Сўҳроб паҳлўи мўйсафед нишаста буд ҳоло бо сари хам ва қиёфаи андешаманд.
Яқинан онҳо ҳар ду дар алоҳидагӣ дар бораи як чиз андеша доштанд: дар бораи саманди пир, ки акнун дар шаҳристон нодаркор гашта ё бештар нодаркор мешавад…
…Тақ-тақи дигари дарвоза онҳоро як қад паронд.
Мўйсафеду Сўҳроб ба ҳамдигар нигаристанд: яъне «боз кӣ бошад ва чӣ ташвиши дигар оварданӣ бошад ба ин ҷо?»
Мўйсафед, ниҳоят, хеста рафту дарвозаро баркушод.
Ба ҳавлӣ се кас ворид гардиданд.
Онҳо дар гўшаҳои кат амонат нишастанд.
Баъд яке изҳор бидошт:
- Муроди омади мо - аспи Шумост.
-…Боз асп? - қиёфаи мўйсафед тиратар гардид.
Ожангҳояш фурўтар нишаст.
- Шумо ҳам мехоҳед, ману аспа аз ин ҳавлӣ дур бикунед?…
Ҷавонон изтироби ўро нафаҳмида, ҳайрон бимонданд.
- Чиро дар назар доред, падар?
Мўйсафед боз дам ба дарун шуда буд.
- Мо, аслан, омадем, ки шумоя ба як маърака хабар, бикунем, - хомўшии ноҳинҷорро шикаста, муродашонро рўшантар кардан бихост яке.
- Дўсти бисёр наздики мо, ки сардори биргадаи бинокории мост, оиладор шуданӣ, - ташреҳ бидод дигаре.
Сеюмӣ амиқтар фаҳмонданӣ бишуд:
- Дўсти азизи мо мехоҳад, арўсро бо мошин нею бо аспу ароба бубарад то хонадонаш. Аз рўи расму русуми собиқаи ин шаҳр… Мо, бошем, суроғ карда дарёфтем, шумо пештар арўсу домод ҳам мекашондед бо аспу аробатон.
Хотираҳои гузашта қиёфаи мўйсафедро нимарўшан кардан мехоста.
- Ҳа, мекашон-дем. - баъдан афзуда буд: - Вале аз он вақти зиёд гузашта. Хело зиёд…
- Ҳоло ҳам аробаи шумо ҳаст ё не, яъне фойтунатон? - ба атроф нигариста, пурсид севвумӣ.
- Ҳаст, албат…
Ҳарчанд фойтун наметофт рўҳ гирифта буданд ҷавонон аз ин хабар.
- Мо шумоя розӣ мекунонем. Чанд пуле, ки хоҳед, медиҳем. Чанд пуле, ки хоҳед… Аз ин ҷиҳат дилпур бошед!
- Намешава-ад а! - мўйсафед якбора ба ду тараф калла ҷунбонид.
Ҷавонмардон, ки чунин ҷавобро интизор набуданд, ба ҳамдигар назар биоварданд.
- Намешавад! - таъкид бикард мўйсафед бо кадом норизоӣ.
Ҷавонон хестанд, яъне майли рафтан зоҳир намуданд.
Яъне дар ниҳоят чунин карда буданд.
- Истед а, - боздошт онҳоро овози мўйсафеди печидахайёл. - Шумо нафаҳмидед маро. Ман чизи дигарро дар назар доштам. Яъне ба ману Бўр пулу маблағе лозим нест. Мо камбудӣ надорем аз ин ҷиҳат. Вале… Барои шодӣ, барои хушбахтӣ ба хизмат тайёрем... Бе муздона ба хизмат тайёрем…
Ҷавонҳо нобовар ба ў менигаристанд.
- Тўй кай? – пурсид, дар ниҳоят, худи мўйсафед.
- Рўзи шанбе.
-…Суроға? – мўйсафед мунтазир буд.
- Ҳозир…- ҷавонон нишониро дар қоғазе навишта доданд барои вай.
Мўйсафед баъди гусели онҳо аз назди дарвозаи дутабақаи чўбинаш рўи ҳавлиаш баргашт. Ва муддате аз ҳаяҷону изтироб чӣ амал карданашро надонист, аз ин боис яксон алвонҷ мехўрд. Баъд ҷониби анборхонаи гўшаи ҳавлии куҳнасохт қадам барзад. Дари дутабақаи онро, ки яқин дер боз накшодагӣ буд, боз намуд: аз даруни анбор аробаи куҳнасохт ва зангзадаю рангпарида ба чашмаш бирасид, яъне фойтун.
Тортанакҳо дар чарх ва ҷо-ҷои тани фойтун тўр кашида буданд. Мўйсафед нигоҳи дуру дарозашро аз он канда, баъдан биовард ҷониби асп.
Нигоҳи ҷонвар ҳам ба фойтуни қадима дўхтагӣ буд.
- Чӣ кор мекунем а, Бу-ур? - изҳор бидошт мўйсафед гўё, ки ҷонвар мефаҳмида бошад гапи варо. - Ман ваъда додам.
Аммо магар зўрамон мерасад барои омода кардани фойтун ба тантанаи шодӣ? Ту солхўрда, ман ҳам пир, ин фойтун куҳна шудагӣ, рангаш чунон кандагӣ, ки мисли касалии солҳо бистарӣ барин…
Бўр калла ҷунбонд; шояд гуфтанӣ мешуд: худат беҳтар бидонӣ, мўйсафед ё шояд гуфтанӣ буд, илоҷ биёбем, бояд.
- Майлат, санҷида мебинем, - маънӣ гирифт мўйсафеди ришаш ғўл. - Охир ҳар чӣ набошад, ин тўю шодӣ… Ҳоо…
Асп калла ҷунбонд, гўё ҳама чиро дарк карда буд, балки шиҳа баркашид.
Мўйсафед гирди ароба-фойтун давр мезад, сипас онро баровардан мехост аз анборхона. Аммо фойтуни муддатҳои тўлонӣ як ҷо истодаро ҷунбонидан осон набуд.
- Ба шумо мадад бикунам а? - Сўҳроб, ки то ин вақт кунҷковона ба мўйсафед менигарист, пеш биомад, ҳамчунин зўр зада, тела додан мехост фойтунро.
Ниҳоят ба ҷумбиш биомад ароба, ғиҷирросзанон ҳаракат бикард яку якбора.
Онро рўи ҳавлӣ бароварда тавониста буданд билохира дукаса.
- Агар хонаатон дертар баргардӣ, ҷанг намекунанд а?
- Худи падару модарам дер меоянд аз кор… Дар ду смена заҳмат мекашанд унҳо…
Нигоҳи мўйсафед саволомез монда буд.
- Қарз карда мошин харида буд падарам, - шарҳ дод писарак. - Акнун пули қарзро баргардонданашон лозим, барои ҳамин корашон бисёр…
Мўйсафеду бача мешустанд, дар ниҳоят, аробаи чангзеркардаро.
Мўйсафед баъд зеркашу болокаш, кўчан ва дигар чизҳои ба аспу ароба лозимаро дарёфта меовард.
Аз анборхона ҳамчунин ду-се қуттӣ ранг бароварда буд ва барои Сўҳроб бошад бидод мўқалами қадимаро.
- Ранг карда метавонӣ?
- Месанҷам…- пичиррос зад Сўҳроб.
Бўр, ки ҳамоно ба онҳо менигарист, шиҳаи қаҳқаҳомез баркашид. Яқин аз шодии дилаш дарак ҳамедод, ки аз тамошои фойтун бархоста. Фойтуни қадима, ки якмаром ранги дигар мегирифт, яъне хушнамуд ва ҷаззоб мешуд.
- Ин барои нашкастани сухани ҷавонон, барои хушбахтии арўсу домод, - хулосаашро иброз дошт мўйсафед ва барафзуд: - Охир дар умри кутаҳи одамӣ шодиҳо каманду тезгузар. Болои мошини тезрав бошад боз ҳам тезтар гузарад шодии тўи оиладорӣ. Барои ҳамин аробаю аспи маро интихоб кардаанд ҷавонон, ки ҳамааш андаке дарозтар бишавад, тўлонитар бишавад...
Пирамарду Сўҳроб ба қанотҳои болои чарх ранги сиёҳ, ба худи чархҳо сабз, ба шота ранги гулобиву сафед мемолиданд ва мемолиданд.
Рангҳо ба сару рўи Сўҳроб ҳам чарахса мекарданд, вале инро эҳсос намесохт, бо иштиёқу дилбастагӣ ғайрату ҷаҳд дошт.
…Сипас ҳамроҳи мўйсафед дукаса аз қоғазҳои ранга, латтаҳои ҳархела гулҳо бурида, ҷо-ҷо часпонданд ба тани фойтун.
- Шалпар шудӣ а? - саволи мўйсафед буд.
- Не-е а! - аз ҳаяҷону хастагӣ канда-канда нафас кашида, ҷавоб гардонид Сўҳроб.
- Ба ҳар ҳол барои имрўз бас. Ба ту ташаккур!
- Мондагиашро кай мекуне-ем, бобо?
- Пагоҳ то нимаи рўз дар ихтиёри мо. Фақат аз каллаи саҳар ба кор шурўъ карданамон лозим, ки дер намонем…
- Ман дарвақт меоям, - ваъда дода буд бачаяк.
Мўйсафед табассум кард ва онҳо хайрухуш намуданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё