Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Барои ин пули бисёртар лози-им!…
Қисми дигари бачаҳо ҳамчунин медаванд ҷониби бинои баландошён, ки маълум аст барои овардани пул рафтаанд.
- Савор шудани ман мумкин? - мепурсад яке аз онҳое, ки гирди асп монда ва кисаашро мекобад. - Ҳамааш шуда бист тин дошта-ам…
- Чанд тине диҳӣ, ҳамон қадар мешинӣ, - худро гум накарда, посух оварда Нодир.
- Майлаш, - розӣ мешавад бача.
- Ту ба ростӣ савор карданӣ инҳоро? - бо хавотирӣ пичиррос мезанад Сўҳроб, ки нобовар менигарад ҳамоно ба амалҳои Нодир.
- Хайр чӣ? Пул ҷамъ карда, ба мўйсафед бидиҳем, раҳмат намегўяд магар? - гўё масъала басо одиву саҳл бошад, ки чунин ба забон овардааст вай.
- Ба ростӣ медиҳӣ ин пулҳоро ба мўйсафед?
Нодир бо аломати «набошад чӣ!» калла меҷунбонад, дар ниҳоят.
Баъд овоз баланд мекунад:
- Канӣ, аз ҷилави асп би-до-ор, Сўҳроб! Бачаҳоро савор мекунам ман! Вақт - ин пули нақд аст!
Сўҳроб ҳаросида ба ҷонвар наздик мешаваду аз ҷилаваш бозмедорад якбора. Асп ба ҷойи ҳаросидану худро якбара гирифтан лабони сиёҳчатоби мулоимашро ба дасти вай мерасонад ва оҳиста мелесад. Ин ба Сўҳроб оромӣ ва ҷасорат мебахшад ва ба итминоне, ки асп забони одамиро мефаҳмад, бехи гўши вай пичиррос мезанад: «Мо ба ту ягон бадӣ намекунем, албат!»
Нодир он бачаро, ки бист тин додааст, болои асп мешинонад.
То бист мешумораду кашида мефарорад.
- Тамом! - хулоса мекунад.
Ва баъд эълон медорад:
- Канӣ боз кӣ нота-ар-с а? Кӣ савор шудан мехоҳа-ад а?
- Агар асп лагад партояд чӣ? - хавф бурдааст бачае.
- Чӣ хел лагад мепартофтааст ъа? Ту аз қафо набиё да, аз паҳлў би-иё!
Бачаҳо ҳанўз ноҷунбон истодаанд.
- Эҳ, шумоён ваҳмак будаед ҳамагӣ! - таъна мезанад
Нодир. - О, тезтар биёед, касе, ки пул дора-ад!!!
Ҳамин дам қуттичаи кардонии ҷави мухашшар дар даст бо дав баргашта омадааст Нахўтак.
- Ана, овардам, - қуттичаро ба Нодир дароз мекунад вай, ки канда-канда нафас мекашад.
Нодир қуттичаро гирифта меҷунбонад.
- Ҳатто пур набуда-аст а? Нима ъа! Ярмаи шавлапазӣ меовардӣ ҳам мешу-уд ъа, яъне каша-а! - писханд мезанад.
Бачаҳо механданд ҳамагӣ.
Лабони Нахўтак, ки аз боиси ба дав омаданаш канда- канда нафас мегирад, бо як тарзи аҷоибе меларзад. Гумон меравад, ҳозир гиря мекунад барои он ки варо ба асп савор шудан намемонанд.
- Хайр шу-уд, - қарорашро дигар мекунад якбора Нодир.
- Ман ба ту ваъда карда будам. Ваъда баробари пул, -
Нахўтакро бардошта ба асп савор месозад.
Нахўтак қуттии ҷави мухашшар банди дил фишурда, хушвақт бошад дар болои асп, лабонаш мисли ғунчаи гул мешукуфад.
- Як, ду, се, чор…- мешуморад Нодир ва муттасил оҳанги гуфтораш дигар мешавад. -… Акнун, фа-ро-ъ! Тамо-ом!
- Чӣ хе-ел а?
- Ана ҳамин хе-ел! - Нодир чанг зада Нахўтакро фароварда, рўй меоварад ба бачаҳои дигар: - Ана дидед, ҳеҷ гап набудааст аспсавориш. Аллакай ду кас савор шуд, боқимондаҳо низ натарсе-ед, албат!
Бачаҳои шеракшуда, гирди Нодирро, печонда гирифтаанд ва тангаҳояшонро ба вай дароз мекунанд.
Нодир тангаи якеро мегираду барои савор шуданаш болои асп мадад мерасонад.
-Як, ду, се, чор…- мешуморад вай.
Баногаҳ асп меҷунбад, бачаяки болои он мувозинаташро гум карда, қариб афтодааст.
- Аз ёлаш бидо-ор ъа, - таъкид мекунад Нодир барои
Сўҳроб ва чун асп каме ором бишуд, боз шумурашро идома медиҳад: - Нўҳ, даҳ, ёздаҳ…
Аз машғулияи навёфтаи бачаҳо духтарчаҳо низ бетараф намондаанд ва дар нахуст, яккасӣ, сонӣ дукасӣ, пасон секасиву чоркасӣ меомада ҷониби саманд. Ва саҳни бинои навсохт холӣ мешуд аз ин боис.
Нодир, ҳоло, ба асп дукасӣ мешинонад ва ҳатто секасӣ.
- Ҳаждаҳ, нуздаҳ, бист…- шумурашро идома медиҳад вай. - Шуд, фароед! - таъкид мекунад.
Ҳоло яке фаромада, вале дигаре болои асп монда: фаромадан намехоҳад вай.
- Ту бисёр тез мешуморӣ ъа, - норизоӣ мекунад.
- Тез нашмурда-ам а! - Нодир ошуфта шудааст: - Фаро- ъе, ба-ас ъе!
Бача дили фаромадан надорад.
- Набошад боз пул доданат лозим,- таъкид мекунад
Нодир.
- Майлаш, ана, бист тини дигар…
Хуллас ба асп нишастан ва ба ивазаш ҷамъ кардани пул идома дорад.
…Нахўтак аз қуттичаи дасташ ба кафи Сўҳроб ҷави мухашшар мерезад. Сўҳроб онро ба лаби ҷонвар наздик меоварад.
Саманд аввал бўй кашида, сипас бо лабони сиёҳчатобаш гирифта, хоида фурў мебарад.
Лаҳзае баъд саманд бо иштиҳо ҷави мухашшар кафша мекунад.
Ин ба Сўҳробу Нахўтак хушҳолӣ ва фараҳ мебахшояд.
Ба асп шинондан ва ба ивазаш пул ҷамъ овардан идома дорад аз ҷониби Нодир.
Ин вақт мўйсафед, дар пушторааш алаф, бармегардад ба сўи маҳаллааш. Дар як паллаи хўрҷини китфаш дастаи дост метобад, ки яқинан барои алафдаравӣ истифода бурдааст.
Аз тарафи дигар дар майдон шумори ҳавохоҳони аспсаворӣ афзун гардидааст.
- Боз навбати кӣ? - мепурсид Нодир, ки аз тарзи истоди бачаҳо норизо мешавад. - Эҳ, ба ин аҳвол кор кардан душвор.
Ҳам вақти худатонро мегиреду ҳам вақти маро. Навбат биистед, намешава-ад а?!
Бачаҳо гўё фармудаи сарфармондеҳро шунида бошанд, дунболи ҳам навбат мегиранд.
Яке аз духтарон, ки Гавҳар ном дошт, мепурсад:
- Ба мо, духтарако ҳам, мумкин аст, савор шудан?
- Неъ! - ҷавоби Нодир басо қатъӣ бошад.
- Барои чӣ а?
Нодир ба Гавҳар назарногирона дида бурдааст.
- Ба духтарҳо мумкин нест, вассалом! Аспсаворӣ кори мардон.
- Хайр лозим набошад, лозим нест да! - аз дасти Гавҳар мекашад яке аз дугонаҳош. - Рафтем аз ин ҷо. Ҳавобаланду якраванд ин писарако-о!
Вале Гавҳар рафтан намехоҳад. Ва чунон малул ва маъюс табассум мекунад, ки дили Сўҳроб месўзад ба ҳолаш.
- Мон савор шавад, ҳамин Гавҳар, - ба ҳимояи вай изҳор медорад барои Нодир.
Нодир ба дили нохоҳам розӣ мешавад.
- Фақат ба ҳурмати ту, Сўҳроб, зеро аспа саришта карда доштаӣ. Боз ба шарте савор мекунам, ки аввал пулаша бидиҳад...
Гавҳар ба Нодир маблағе дароз месозад, яъне ҳуқуқ пайдо мекунад барои савор шудан.
- Эҳ, болои асп чӣ хел на-ғз бу-да-аст - болида нидо дармезанад духтарак дар ниҳоят.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё