Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Мулки Офтобрўя намоён гардидааст ба назари дастаи дигари дарвешон.
Пешгарди дарвешон инро мушоҳида карда меистад.
Дарвешони дигар ҳам чунин кардаанд.
- О, ба ватани худ омадеду чаро намедароед а? - сухани роҳгузаре бошад, ки онҳоро дида, суст шуда, истода. - Акнун ки хон дар ин шаҳр нест, пас муддате ҳукмрони якка шуда битвонед худи шумоён.
- Хон не-ест? - ҳайрон шуданд дарвешон: - Пас тарафи
Истаравшан рафта бошад а? - ошуфта гардиданд онҳо боз.
- Ба наздиконаш гуфта, ки биравад шикор, яъне тарафи тамоман дигар рафта буда гўё…
- Боз чапғалат зада, тарафи Истаравшан нарафта бошад а? - ҳамоно хавотиранд дарвешон.
- Дар роҳ вохўрдед бо вай? Неъ? Дар самти Истаравшан рў ба рў омадедаш? Неъ?… Пас маълум, ки самти дигар рафта хони ин диёр. Яъне ин дафъа рафта ба шикори ҳайвон, на шикори одамон… Хони кишвари мо бе шикори ину он натвонад, ҳаргиз… Балки аз шикасти навбатиаш дар
Истаравшан чунон дилтангу шарманда шуда, ки дигар дар шаҳристони худ истода натвониста, шикор баромада, то ғубор ва ҳасрати дилашро бирезонад ва ё камтар бикунад.
Гўянда ханда мезанад аз дарёфти ин маънӣ.
Бо вуҷуди ин дарвешон муддатҳо монда буда ин ҷо.
Ҳайрон, ки ҷониби Истаравшан баргарданд ва ё роҳро идома
Бухоро
Хуқанд бидиҳанд ба ҷониби шаҳристони худашон, ки дарвозаҳои девори гирдаш намоён шуда пеши назарашон…
Чун дарвешони кишвари Офтобрўя ба шаҳрашон ворид гардида, ба гузари дарвешон расида, онҳо даст пеши бар дуруд мегўянд ба пешвои дарвешон, ки пиру босалобат метобад ва ба таёқи хосаи дарвешӣ такя дорад.
Ин пиру роҳнамо бо сарҷумбонӣ мепазирад дуруди дарвешони баргаштаро.
Ниҳоят дарвешон ҷониби кулбаҳои худ парешон мешаванд, ки дар Гузари Дарвешон мавзеъ дорад. Фақат пешгарди дастаи пархошгари дарвешон дар ҷойи собиқа монда, баъд қадам бармениҳад ҷониби пешвои рўи пўстак нишаста. Ниҳоят гўшаи пўстак менишинад худаш ҳам.
- Гўё ҳама корҳо хуб шуда дар Истаравшан, вале хафа баргаштӣ а? -авзои варо эҳсос намуда, суол медиҳад пиру роҳнамо.
- Изтиробам аз хони худамон... Мабодо нарафта бошад бо лашкараш ҷониби Истаравшан аз нав?...
Пешво муддате хомўш монда, пасон сар бардошта, лаб мекушояд.
- Ҳарчанд хони ин шаҳристон ҷияни ман аст… вале итминон надорам ба вай. Ҳарчанд самти дигар рафтанашро худам мушоҳида кардаам, на самти Истаравшан рафтанашро…
- ба андеша ғўта мезанад ва пасон сар бардошта, ба сарвари пархошкеши дарвешон рўй меоварад: -
Бо вуҷуде ки хаста баргаштед, омодагиро аз даст набояд додан… Албат аз пагоҳ ба машқу тайёрии дигар шурўъ кардан лозим.
- Ман низ дар ин андеша бошам,
- пешгарди дастаи пархошгари дарвешон даст пеши бар мегузорад.
\\\*
Ҷияни пиру роҳнамои дарвешон, яъне хони Офтобрўя, дар ҳақиқат, чапғалат дода, миёни пуштаву кўҳистони қариби
Истаравшан расидааст кайҳо ва ин ҷо омодагии ниҳони лашкарашро идома медиҳад. Ва ҳамроҳон ва хоса чингизбашараву соҳиби табарзин дар ин кор ба вай мададгорӣ мекунанд.
Ҳоло соҳиби табарзин бо табари алмос барин тезшуда ба сари арчаҳо мезанад.
- Сари истаравшаниҳоро низ бояд ҷудо кунем ин тур, балки бо чунин зарбаҳо!
Бо зарби табарзин сари арчаи ҷавон парида ҷудо мегардад.
Чингизбашара аз паси сангу арчаҳои дигар мепояд атрофу акнофро, то пайдо нашавад бегонае ва омодагии ниҳони унҳоро огаҳӣ наёбад; гўё вазоифи вай ҳамеша пойидану муайян кардан бошаду чунин монда.
\\\*
Дарвешони пойтахти хони Офтобрўя бо ишораи пешгард мебароянд аз хонаҳо, ба майдончаи хокрез мерасанд, бо асоҳои дарози қисмати сараш нисбати поёнаш ғафстар мепардозанд ба машқ.
Пиру роҳнамои унҳо ба ин ҳама андешаманд менигарад ва ба асояш такя дорад.
\\\*
Аз тарафи дигар Истаравшан, бехабари ҳодисоти пурпечи олам, ҳаёти ба ҷараёни муқаррар воридгаштаи худро идома мебахшад.
Дар Истаравшани пур аз боғ ҳанўз сурудаву тарона парвоз дорад.
Балки таронаи ошиқона. Ошиқоне, ки мева мечида:
Яке: Гар номи туро барам забонам сўзад,
Гар лаб ба лабат ниҳам, лабонам сўзад.
Дигар: Гар ҷон надиҳам бароят, эй ҷону ҷаҳон,
Ҷонам сўзад, тамоми ҷонам сўзад!...
\\\*
Хони мулки Офтобрўя миёни пуштаву кўҳистони қариби
Истаравшан омодагии ниҳони лашкарашро идома мебахшад ҳамоно.
\\\*
Дарвешони пойтахти хони Офтоббаро бо асоҳои дарози қисмати сараш нисбати поён ғафс машқро идома медиҳанд.
\\\*
Аз кадом кўчаҳои қадими Истаравшан бошад овози дафу сурнай пайдо шуда, қувват мегирад.
- Ин садои хабар кардан бошад ба тўй, - сухани мўйсафеди болои суфа шунида мешавад.
Мўйсафедон ва дарвешон ба асоҳои худ такя намуда, мехезанд, ҷониби кўчаи калон, ки одамони пурсуруру мамнун ҷамъ омадаанд, қадам бармениҳанд.
- Худо ин дамоя парешон накунад! - орзу мекунанд унҳо.
Ҳамсоябача, ки чанде муқаддам аз сари шоха меваи биҳӣ мечид, яъне Аржанг ва духтаре, ки чанде муқаддам мисраҳо эҷод мекард, яъне Шоира ҳамчунин омадаанд ҷониби девори тарафи кўча ва менигаранд ба тўякиҳои гузари поёндаст.
Аз тўйхона арўсу домодро мебароранд: яъне онҳое буда, ки зери асари сурудаву таронаи Аржангу Шоира, дар собиқ, каф болои каф монда буданд дар рўи меваҳои пухта. Акнун ҳамчу арўсу домод паҳлўи ҳамдигарро зеб медиҳанд ва атрофи гулхани оташ се тоб мехўранд, ки ишқашон амсоли алоб гармибахш бимонад.
Ба сари арўсу домод бо нияти нек чошалак мепошанд, ки тангаву чормағз ва бодом бошад, ки аз рўи гилеми зери пойи унҳо бо шавқу талош чида бармегиранд бачаҳо. Миёни унҳо бачае аз ҳама зиёд ба шавқ омадааст ва бо чошалакҳои зиёди чидааш масруру мамнун бармегардад ҷониби падару модараш.
Ин ҳамон бача бошад, ки пеш дида будемаш андаруни боғот.
Бачаву падару модараш тамошо доранд ҳамоно бо шавқу завқ арўсу домодро.
Нигоҳи Аржанг ва Шоира аз арўс ва домоди пурфараҳ лаҳзае канда шуда, ҷониби ҳамдигар меояд: шояд дар ин маросим тўи ояндаи худро тассавур мекунанд:
Домоду арўс шакару қанд шаванд,
Дар олами ошиқӣ баруманд шаванд.
Офат нарасад, Худо, ба ин боғи баланд,
Домоду арўс решапайванд шаванд.
Балки ин суханро намегўянд Аржангу Шоира, балки аз нигоҳи унҳо тавлид меёбад ин ҳама.
Садои «ёр-ёр, ёро-он-е!» ба ҳам печида, баланд гашта, тарабу шодӣ ва рақсу бозӣ ба авҷаш расида, корвони нишот ба ҳаракат омада, арўсу домод дар иҳотаи унҳо равона шуда.
Арўсе, ки ду миллаи дарози бофтааш, ба пушташ партофта шуда ва ўро ҳамчу Робияи чилгазамў ҷилвагар месозад, ки гўё аз фасонаҳои қадим ба олами имрўза омада бошад.
Дар ин ҳама гўё тўю тамошои ояндаи худро низ медида
Аржангу Шоира, барои ҳамин нигоҳашон меояд ҷониби якдигар ва барои якдигар табассуми шармгинона зоҳир месозанд.
Қомати мўйсафедони асобадаст ва ду дарвеш, ки ҳама тантана ва муҳаббату саодатро мушоҳида мекунанд аз суруру тараби фузуда гўё андак росту бовиқор гардида.
Арўсу домод паҳлўи ҳам мераванд дасти якдигарро дошта.
Дасти Аржанг ва Шоира, ки болои девор бошанд, ҳамчунин ба ҳамдигар мерасанд.
Тасаввуре пайдо мешавад, ки дар ин шаҳристони қадим ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидол набуда, гузарҳои ишқободи он ҳеҷ гоҳ маргу бадбахтиро аз сар нагзаронида то ба ин дам ва оянда низ аз сар нахоҳанд гузаронд.
Ҳамоҳанги ин бирўяд мисраҳои Шоира, ки онро Аржанг ба зеҳнаш гирифта, замзама дорад:
Домоду арўс хонаобод шаванд,
Аз дарду ғами замона озод шаванд.
Нўҳ чархи фалак гардаду пас аз нўҳ моҳ,
Аз гиряи тифли хештан шод шаванд!...
\\\*
Онҳо хабар надоранд, ки ин вақт думболи харсангҳои теппаи беруни Истаравшан ба назар мерасад чингизбашара.
Аз паси санг ба санге, аз паси бутта ба буттае гузашта, дар ниҳоят паси кундаи чормағзи сербор, ки дар беруни ҳота, бари кўҳдоман воқеъ буда, қарор мегирад, дуздона синча мекунад ҷониби Истаравшан.
Дар пушти теппа, ки чингизбашара сари он бошад, яъне дар пастхамии дарозрўя, ки ҳомуни паҳно аз он ҷо шурўъ мегардад, саворону нукарон\* ба чашм мерасанд, балки ин ҷо пиёдааскарон пинҳонӣ мунтазир истода. Саворон низ амсоли чингизбашара зиреҳпўш бошанд, яъне ҷанговар. Чашмони унҳо низ ба сари тепа дўхта шуда, ки он ҷо нафари пешрав намоён, яъне чингизбашара. Интизоранд ба ишораи вай, ки вазъи мувофиқро бифаҳмонад ва пасон инҳо бираванд ба ҳуҷум.
Оне, ки кулоҳи заррин ва ҷавшани зарҳалӣ дорад аз наём шамшер мекашад. Ҳамроҳонаш низ ханҷару шоф кашида, каҷкамон ба даст гирифта, барои ҳуҷум ба Истаравшан омода шуда. Силоҳи онҳо, ки тези алмосӣ бошанд, аз шунаҳи офтоб дурахш медиҳад.
Вале ишора лозим барои ҳуҷум аз ҷониби нафари пешрафта, яъне чингизбашара, ки паси харсанги сари теппаи
Истаравшан истода, боғоту ҳотаи ун ҷоро наззора дорад.
Баъд ун нафар ба боғоти канори шаҳристон наздик мешавад, ки соҳибаш, яъне зани орисимо бари буттагули ҳавлиаш рост истода, ба тантанаи тўй, ки дар гузари поён идома дорад, бо ҳавасу иштиёқ назар дорад. Бону мафтуни тамошо шуда ҳама чизи дигарро аз ёд бароварда, чунон ки тўякиҳои кўчабоғи поён маҳви шодӣ атрофро ва ташвишҳои атрофро фаромўш кардаанд.
Чингизбашара беовоз аз деворча шорида, ба ҳавлибоғ ворид мегардад, аз думболи бону ба бозувону соқҳои таранги вай бо иштиёқу тамаъ чашм медўзад, оби даҳонашро фурў мебарад. Балки аз миёни линги вай нигаристан мехоҳад ҷониби тантанаи поён; зеро бону дар сари санги бари гулбутта бошаду чингизбашара дар думбол ва поёнтар истода.
Тўй дар кўчабоғи Истаравшан идома дорад бо ҳама нишоту шукўҳаш.
Яъне мардум, ин маротиб, бехабари пайдо гаштани бегонагон монда.
Шоира ва ҳамсоябачаи паҳлўяш менигаранд ба тўякиҳо, ки домоду арўсро бо нақороти «ёр-ёр, ёрон-е!» мебаранд зери садои таблу сурнай ва бо рақсу шодӣ ва баъд худашон низ бо унҳо омехта мешаванд.
Имшаб шаби висол аст,
Арўси мо ғизол аст,
Ёр-ёр, ёроне!
Шодии пиру барно,
Аз ишқи безавол аст,
Ёр-ёр, ёроне!
Балки мисраҳоро гуфта Шоира ва мардум такрор намудаанд нақороти «ёр-ёр, ёрон!»-еро.
Аржанг низ ба нидои нақорот ҳамроҳ шуда:
Ёр-ёр, ёроне!
Каф мекўбад амсоли дигарон вай.
\\\*
Бегонаи дар канори шаҳр пайдошуда, яъне чингизбашара ба соқу серуни зани маҳлиқо нигариста, балки аз миёни онҳо ҳавлибоғу кўчабоғи поёнро назора мекунад, зеро бону дар сари сангесту вай дар қафотар, яъне дар поёнтар. Ба миёни лингҳои бону ҳатто сарашро фурўтар бурдан мехоҳад барои ҳама чизи поёнро созтар ба мушоҳида гирифтан. Ҳамин боис мешавад бону варо пай бурда тавонад баногаҳе. Ва фарёд баровардан мехоҳад бону аз ҳайрату шигифт.
Чингизбашара тезчанголӣ карда, ба пойҳои бону каф зада, якбора, мекашад ва мувозинати бону вайрон гашта мефитад. Чингизсимо худашро болои вай гирифта, даҳони вайро бо кафаш пахш мекунад.
Бехабари ин ҳама, тўй бо ҳама шукўҳу шаҳомат идома дорад дар кўчабоғи Истаравшан.
Вале миёни тантанаю шодиро баногаҳ чизе рахна мезанад: чирроси занак бошад, ки дасти муғулсиморо газида, имкони овоз баровардан пайдо намудааст.
Тўякиҳо ҳайрон ба якдигар ва атроф менигаранд ва қадаммонии худро суст мекунанд.
- Шояд гўшамон садо додаст-а? - изҳор медорад кадоме.
- Ҳаа, пештар, ки чунин чирросро зуд-зуд мешунидем, акнун гўшамон чунинашро такрор мекунад, - хулоса баровардааст дигар.
Шояд ҳамин тур буда, ки тўй аз сари нав тантанаву шукўҳ пайдо намуд.
Хуллас касе аниқ карда натавонист, ки чиррос ба зане дахл дорад. Зане, ки вайро паси буттагули ҳавлии худаш чингизбашара, зери тан пахш карда, даҳонашро бо кафи даст маҳкам баста, баробари ин аз ҷисми бонуи дилнишин лаззат бардоштан мехоҳад. Вале занак ба ин имкон додан намехоҳаду муқобилият мекунад ва кадом овоз бароварданӣ мешавад.
Чингизбашара, ҳарчанд, дудаста даҳони бонуро доштааст, лек аз байни ангуштони вай чиррос берун шудан мехоҳад.
Як қисми тўякиҳо аз гардиш истода, вале намедониста, овози канда-кандаи пурхавотир аз куҷо омада.
Чиррос задани занаки паси буттадевори ҳавлӣ марди чингизтаборро бесаришта карда. Ва барои паст нишондани фарёди занак пахш кардани кафашро нокифоя дониста, осемасар ханҷарашро аз наём кашида, ба лаби ў наздик меоварад. Аммо фарёди бону паст намешавад, балки аз зери панҷаҳои чингизбашара боло мехезад. Аз ин боис ханҷар ба даҳону забони бону фурў меравад яку якборае.
Балки фарёд бо ханҷари чокгар ва дарди ҷонкоҳ ва хуни лоласон дар гулўи бону печида, дигар берун омада наметавонад.
- Ту зеби оғўш кашидану макидан будӣ, на куштан! Айби худат, ки овоз баровардӣ!...
- пичиррос зада буд чингизбашара ба гўши занаки дамаш ба дарун фитода. - Яъне худат хостӣ, ин хел бишавад! - ханҷарашро ба ҳалқи бону тоб дода буд бо шасти дигар.
Бону боз такон бихўрд. Фарёди оҷизшудаи вай омехтаи дарди ҷонкоҳ дар гулўяш печид, сараш ларзида якёна бирафт, аз ҳаракат бимонд.
Тўякиҳои хавотиршуда ва ҳайратзада дида медўхта ҳанўз ба атроф. Яъне хурсандиву дафу сурнай мондаву вале баробари ин хавотирии фузуда мардумро мепечонида.
Ҳамин рўҳияи мардум чингизбашараи аз болои бону бархостаро безобита карда буд, ки тани худро қафо баркашад, то варо тўякиҳо набинанд; дилғеҷу думғеҷ мелағжид ҷонибе, ки дар дараи пас саворони мунтазир дида мешуд; вале кадом чизи муҳими дигар варо муддате боздошт, ин ҳалқаву гарданбанди заррини занаки ғарқоби хун буд. Чингизбашара чорғов худашро аз нав ин сў оварда, онҳоро аз гўш ва гардани турбат канда баргирифт, ба бағал андохт ва чорғов қафо рафан бихост ва суръаташ тез мешуд. Ниҳоят боз лашкари панаҳбудаи камари кўҳро дида, ҷониби унҳо даст гардонд!
Баробари дастгардонии вай ханҷари хунолуди дасташ тоб мехўрд, яъне ишора мекард: «Вақташ расидааст! Балки то ҳаде вақташ гузаштааст! Зудта-ар, ба ҳуҷум бояд омадан!!!»
Хони зарринҷавшан ва зарринкулоҳ бо шамшери тиллокории дасташ ба саворону нукарони атрофаш ишора кард, ки «ба пеш!»
Лашкариён маҳмез зада, аз панаҳҷо баромаданд, ҷониби
Истаравшан самандро маҳмез мезаданд, нукарон низ бо дави тез ба ҳуҷум равона шуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё