Зеҳн
Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…

зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Офтоби хунолуд сар мезад аз дили чўлистон. Зери шунаҳи он як рўзи дигари ҳаёти пурташвиши одамӣ шурўъ мегардид.

Мўйсафеду дарвеш аз ду ҷониби асп қадам бармезада.

Аспе, ки Аржанг болояш нишаста.

\\\*

Дар боғистони кўшки азими хон ба дегҳои азим таомҳои нав меандохтанд.

Ва таомҳо ба ҷўшиш меомада.

Ҳама ба маишату ишрат ва сархушиву роҳати дигар омода мешуда.

\\\*

Дар Истаравшан фақат калламанор монда буд ва ҷонзоди дигар ин ҷову атрофи он ба назар намерасид.

Ду миллаи аз хиштсари девори манор бурунмондае меҷумбид аз дами шамолҳои даргузар.

\\\*

Мулки Офтобрўя.

Чанд зан якеро миёнагир намуда, ба ҳаммом дароварда, либосашро кашида буданд. Яъне бо роҳи иҷборӣ чунин мекарда.

Тани мармар барин рехтаю суфтаи вай намоён шуда.

- Хони мо бонушинос а? Чунин парипайкарро чаро бидиҳад ба марди дигар?

Занҳо аз сари завқ ханда мезада.

Аз тарафи дигар ҳиқ-ҳиқи гиря меомад, ки ба Шоира дахл дошт.

- Мо ҳам пеш аз шўй гирифтан ин хел ашк мерехтем а.

Вале баъд… Баъдан… донистем: ба оғўши шўйи сахтмиён даромадан чӣ шаҳди беҳамто дорад. Акнун шўямон як шаб ба оғуш накашад, чунон малул мешавем, ки… чунон дилтанг мегардем, ки… беихтиёр ашк рехтан мехоҳем ун соато! - вонамуд карданӣ мешаванд, ки гиря доранд ҳоло низ аз ин боис.

Баъд хандаи пурмавҷи унҳо акси садо гирифта буд аз сақфи ҳаммом.

Шустагарон ба тани дилнавози пурсеҳр об рехта, бо шавқ собун зада, гуфтаву хандида оббозӣ медоронданд.

Шоира ба андешаи пурпечи худ гирифтор монда. Балки сафедии собунро рах кашида мефаромад қатраҳои ашк дар бари рухсораш.

\\\*

Дар чўлистон се инсон қадам мезананд ҳамоно: як нафари дасташ кўтаҳ, ки дар хонаи зини асп нишаста, ду мўйсафеди дигар, ки аз ду бари саманд равона бошанд.

\\\*

Машшота мўи Шоираро шона зада, ба нўги миллаҳои бофтааш пилтаи сафед тофта, васл мекунад.

Баъд куртаҳои фохира оварда ба тани вай пўшонида, шаддаҳои марвориди сафедро ба баёзи гардани базеби вай меовезанд, ин ҳам, албатта, бо роҳи иҷборӣ.

Фақат қиёфаи тиратоби арўс ба ин мувофиқ намеомад ва бари рўяш ҳанўз донаҳои ашк меларзид…

\\\*

Рўи чўлистон се нафар қадам мезананд ҳамоно, як савор ва ду пиёда.

Даме ки миёни ғубор, аз дурӣ шаҳристони пурҳашами хон намоён мегардад, дарвеш ва мўйсафед ва ҳатто асп гашти худро суст карда, меистанд. Ба шаҳристони пурмуаммо, ки хонаш ва лашкараш ҷониби макони унҳо ба ҳуҷум рафта буда, аз сари зумрае аз сокинонаш калламанор сохта, зиндамондаҳоро ин самт оварда, менигаристанду намедонистанд, қадами дигар пеш гузоранд ё наъ? Умуман барои чӣ ба ин самт омада? Омада, ки ба оташи пуртўфони даҳшатнок худро барзананд ва асир бишаванд амсоли дигар аҳолии Истаравшан ва ё кушта бигарданд?

Ҳамоно се нафар менигаранд ба шаҳристони хон.

Назди дарвозаҳои шаҳристони хон нукарони найзадор истодаанд, ки каси шубҳанок, ҳаргиз, ба он ворид шуда натвонад. Нукарон аз ҳазорҳо сари аждаҳои азим чанде бошанд; аждаҳое, ки дар паси девораҳои ин шаҳристони хунхор макон дорад.

Мўйсафед ва дарвеши ба таёқ такякарда ва Аржанги болои асп, ҳарчанд ҷониби шаҳристони хон наздик омада, вале ҳайрону зор монда ва ҳанўз ноҷумбон истода.

Магар дигар илоҷ набошад барои онҳо?

Дарвеши солхўрдаи кашмирӣ, як вақт, аз ҳалқаш кадом овоз берун биовард, ки ба овози уқоб ё кадом паррандаи осмонӣ шабоҳат дошт.

Чаро чунин овоз бароварда буд вай?

Магар ҷавоби овозашро мунтазир аст?

Ҷавобе набуд аз ҷониби девораҳои пурмуаммои шаҳристони хон.

Вале дарвеши солхўрда овози печида бароварда буд боз.

Шояд нашнида овози дарвеши кўҳансоларо дарвешони паси девораҳои шаҳристон?

Пас чӣ бикунанд? Қафо баргарданд магар ин се нафар?

Баргарданд ба сўи Истаравшани кушташуда?

Баногаҳ аз як гўшаи сари девори шаҳристон дасте намоён шуд, биҷумбид. Дар паси кунгураи девори гирдогирди шаҳристон пинҳон буда яке, вале дасташ меҷумбид ҷониби дарвеши беруна ва дами ҳомун буда.

Дарвеши солхўрдаи кашмирӣ, ки дар канори чўлистон ва бари мўйсафеду аспу Аржанг истода, боз овоз берун мекунад аз ҳалқуми худаш. Овози хоса.

Ҷавоб омада буд шабеҳи овози уқоб ё кадом паррандаи азим.

Дарвеши дигар, ки дар даст расан дорад пайдо шудааст паси кунгураи сари девор. Расане, ки метавонад ба поён нишеб бикунадаш.

Фақат ба гардиши девори азими гирда рафтан лозим, ки аз чашми нукарони назди дарвоза намоён набошад…

\\\*

- Ҳанўз ашк мерезӣ ъа? - шўхӣ мекунанд занҳо барои арўси хон, яъне барои духтари Истаравшан. - Хайр, ҳеҷ қисса не, то шаб соати зиёд дар миён, то ун вақт ба худ меоӣ, ба висолу айш омода мешавӣ, дилат ҳам гум мезанад барои оғўши мард. Дили кадом бону, ки дар оғўши мард ҳанўз набудааст, гум назада аз чунин хаёли шири-ин?

Занҳо механданд, ки онҳо ба рўҳияи Шоира, умуман, аҳмият намедиҳанд.

\\\*

Хони мулки Офтобрўя дар ҳуҷраи худаш ба дастхати

Шоира нигариста, табассуми пурнишот зоҳир мекунад. Баъд дастнависро варақ зада, ба як навишта қарор мегирад:

Ҳастам ба хаёли худ гирифтор имшаб,

Бар нуқтаи вақт ҳамчу паргор имшаб.

Чун шишаи дил шикаст, созам айнак,

Онро биниҳам ба дидаи чор имшаб…

Хон ба андешаи амиқ рафта. Сипас қоғазе пеш мекашад, килке бо ранг тар намуда, ба сабт кардан оғоз месозад.

Вобаста ба мазмуни мисраҳо дар лабаш осори эҳсоси гуногун падид меояд.

Эй шўх, туӣ ба ман гирифтор имшаб,

Афтода маро ба рони ту кор имшаб,

Чун мўҳри бакорат аз миёнш бардорам,

Ин қаср шавад зи ман валангор имшаб!

Яъне вай назира бастааст ба шеъри Шоира.

Баъд қаламу коғазро монда, рўйи пешайвон баромадааст, ки дар назараш боғистони азим доман кушода, он ҷо одамон бастаи базму шаробхорагӣ мондаанд.

- Рез ъа, ки оби шайтон аст, на оби ангу-ур! - нидо мезанад яке.

- Не, оби ҷаннат ин. Зеро бигўянд, дар ҷўйҳои биҳишт ба ҷойи об ҷорӣ бошад ширу қаймоқ ва асалу шароб. Оҳ, дар ҷаннат ҳама маст будагистанд ъаа!

- Не, ун ҷо дидан будаву хўрдан набуда.

- Аммо дар мулки ман ҳам дидан бошаду ҳам хўрдан!

Хусусан дар ин чандин рўзи тўй ва тантанаҳои дигари пуштисаршуда чунин буд. - бетараф истода натавонистааст хон ва сари айвон ба завқ омада. Ва хушҳол поён ҳам шуда. -

Бирезед барои ман ҳам! Бирезед, ки то хуфтан вақти зиёдест!

Хуллас мебардоремаш ба шарафи навдомодии ма-ан!

Пиёлаи давр гардон бошад, балки пиёлаҳо ва ҷомҳо пур мешуда ва холӣ мегашта.

\\\*

Чанд дарвеш нишастаанд андаруни дарвешхона.

Магар Аржангу мўйсафеду дарвеши шинос набошанд?

Пас ба шаҳристони хон ворид шуда, ба гузари дарвешон расида тавонист ва ё онҳоро ба ин ҷо овардаанд худи дарвешони ин макон?

\\\*

Забонаи оташи кундаалоб пардаи сиёҳи шабро мелесад баъд.

Хон ҷомро, ки аз шохи оҳу бошад, тарафи нукаре мебарад, ки дар бағалаш кўзаи май бошад.

- Мерезӣ боз ъа?

- Аз ҳад зиёд нашуд магар? Охир чанд рўз боз…- изҳор карда яке бо пичиррос дар бехи гўши хон. Балки ҳамонест, ки бо дарёб ва ба хон расондани дастнависҳои Шоира варо аз куштан эмин дошта буд.

- Бирез ъе! - нидо мезанад хон ба нукари бодасор. -

Барқасди маслиҳат амал карданро хуш дорам а? Хоса ҳолиё!

Мерезӣ ё на?

- Охир шумо… акнун навдомод… Шаби аввал дар пеш…

Қуввате лозим, ки… Аммо май беҳол бикунад мардро…

- Ту гумон мекунӣ, ба ман душвор мешавад а? О, дар душвортарин набард ғалаба кардам-ъу… аз марди мардо дастболо шудам-ъу…- нафаси майзадаашро рост карда идома додааст: - Пас чӣ тур ба як хонуми шаҳри мағлубшуда нарасад зўрам? Лабрез бикун ҷоми шаробро!…

Қадаҳро мебардорад хон.

Баъд мефармояд:

- Аз он дуд ҳам биёред, ки як-ду қум бикаша-ам, - ишора кардааст ба онҳое, ки чакида дуд медиҳанд.

Муқаррабаш ба хон бо нигоҳи пурхавотир синча мекунад ҳамон.

- Гумон мекунӣ бо нўшиданҳо ва дуд додан ба ман душвор мешавад ъа? Боз мебинед, ки баръакс шуда, имшаб…

- аз лаълии заррин анор гирифта, миёни кафу ангуштонаш пахш карда, яъне барои нишон додани зўру мадораш, ки ҳанўз барҷо монда.

Анори байни кафи вай дарз оварда, оби он дар поёни кафида ҷамъ шуда, ба шакли қатраҳо мечаканд.

- Анори синаи наварўсро ана ҳамин тур мефишорам… ин тур чоку дарз меоварам миёни лингош… Пасон хуни гарми аз ин кафида рехтаро мелесам, - қатраҳои ҷамъшудаи дарзи оби анорро, ки хунсон бошад бо забони буруновардааш мелесад, аз ин лаззат мебардорад.

Пасон зўр зада, ба айвон боло шудааст, ки ҷониби хобгоҳи худ қадам барниҳад. Хуллас бо зинаҳо боло мераваду нигоҳи касони дар поён мондаро, эҳсос мекунад.

Ва якбора тарафи онҳо тоб мехўрад.

- Чӣ шумо хонаю дар надоред ъа, зану маъшуқа надоред ъа? Имшабро ҳам ин ҷо саҳар карданӣ шумо-ъ? Ё мисли ман ба зан муштоқ нашудаед-а?

- Охир мо…

- Даҳанмаза шуде-ед ъа?… Аз базму маъракаҳои чандрўзаи ман?!... Боз хоҳед чанд рўзи дигар идома биёбад ин?

Ишратпарасто-о! - шояд аз асари шаробу дуд бошад, ки якбора ғазабу изтиробаш боло мегирад, дасташ дар ҳаво алвонҷ мехўрад.

Муқаррабон маҷбур шуда каф сари дил таъзим мекунанд, яъне ба маъное, ки ишораи шуморо фаҳмидем.

- Фақат косаи охирро мебардорем барои кушоиши кори домодии шумо! - илова мекунанд айшпарастони дарбор.

- Ҳоое, ху-уб! - маъқул карда хони сари поғундаҳо.

Чун косаҳоро нўшида холӣ кардаанд, хон мефармояд:

- Акнун би-равед. Бифишоред синаи бонувонро! Миёни лингашона фаромўш макунед! - варо ханда гирифтааст: -

Имшаб шаби бону…го… Ҳамту не?

Завқу хандааш ғулғула зада дар атроф, балки мавҷ задааст, паҳн мешавад.

- Фаҳмидем! - даст пеши бар монда, тасдиқ кардаанд майхорагони дарбор.

Хон бо зинаҳо зўр задаву калавида боло меравад, айшпарастони дигар бошанд, бо дили нохоҳам калавида, қадам бармениҳанд ҷониби дарвозаи баромадгоҳи кўшк.

Шаҳристони хон истодааст ҳоло миёни торикии пурасрор. Гўё, акнун, билкул холӣ шуда аз одам.

Ҳо, ғайри чанд дарвеши шаҳристон, ки имшаб низ, аз чӣ бошад, дар кадом кўчаҳо дар ҳаракатанд, дигар ҷондор ба назар намерасад.

пешина
аз 34
навбатӣ