Қиссаҳои хосаи бадеӣ, ки дар асосашон синамо рўи навор меояд, филмнома бигўянд.

Дар ин китоб бошад ду қиссаи синамогари маъруфи кишвар Шераки Ориён ба ҳам омадаанд. Ин филмномаҳо яке доири ишқи ҷавонӣ ва фидо шудан дар роҳи муҳаббати ватан ва манфиатҳои меҳан бошад. Ва дигараш тарбияи фарзандонро фарогир шуда дар ду оилаи ҷавон, ки онҳо вобаста ба муҳити атроф ва дилбастагӣ ба аспи сафед сурат мегиранд. Итминон дорем қиссаҳо барои синамо, ки китоби дасти шумо онҳоро фарогир шудааст, дар замиратон тарабу маънии илова ва эҳсоси умеди зиёд бедор мекунанд…
зеҳни сунъӣ · 24 октябри 2024 · 34 саҳифа
Дар боғистони хон, ки анвои гулу буттаву ниҳол ба назар мерасанд ва миёни онҳо ҳар ҷо товусҳо ва дигар мурғони тасвирбол гардиш доранд, ба базми пирўзӣ омодагӣ мегиранд. Ғаниматҳо низ ба як гўшаи боғ дароварда шуда, ки шояд барои нишон додани шукўҳи нусратмандии хон ба тамошо монда бишаванд.
Аҷиб, ки қатори ғаниматҳо овардаанд ин ҷо Шоираро ҳамчунин: бо фармудаи хони мулк чунин карда.
- Бигзор Шоира ин ҷо бошаду шукўҳу тантанаро бубинад, доири беҳамто будани ин ва беҳамто будани ман барин нусратманд мадҳия ба миён биоварад. Ҳооъ!... - изҳор карда буд хон чунин.
\\\*
Дар як ҷойи ҳомуни нопайдоканор қадам мезанад аспи бемадор. Меоварад савори беҳолу заифро. Савор дар хонаи зин, ҳарчанд зўр зада, қоматашро рост гирифтан мехоҳад, вале таконаш кам нашуда.
Дашти беканор дигар ҷондор надорад. Ин ҷо сукунати мурда монда, балки ин ҷо ватани сукунат бошад.
Савор Аржанг аст.
\\\*
Дар боғистони хон, яъне дар саҳни кўшк дегҳои азим мешинонанд барои пухтани таомҳои гуногун.
Аз миёни ғаниматҳои аз Истаравшан оварда байталеро берун меоваранд барои кушта гўшташро андохтан ба дегҳое.
Тойчаи байтал аз думболи вай меояд. Гирди модараш шиҳакашон тоб мехўрад, гўё монеъ шудан мехоҳад барои пойҳои модарашро бастан ва афтонидан ва сари варо буридан.
Гўё сарҳисоби қассобҳоро то ҳаде гум кардааст ин тойча.
Саркашии тойчаву модараш соҳиби табарзинро, ки ин ҳамаро мушоҳида дорад, ба изтироб овардааст, аз рўи одат, ба корҳое, ки аз он бўи хун мехезад, бетараф истода наметавонад.
Тойча ҳамоно гирди байтал тоб мехўрад, гўё имкон додан намехоҳад модарашро афтонда, сар бизананд.
Соҳиби табарзин ба миён медарояду пешонаи тойчаро нишон мегирад ва бо табар мезанад ва даме ки тойча аз талвосаи ҷон афтухез дорад, ба гарданаш ҳам дами табар мефарорад. Тойчаи миранда ва хунаш парранда ҷонталвоса дасту по мезанад, модараш шиҳакашон сўяш меояд, ба соҳиби табарзин ҳуҷум оварданӣ мешавад.
Ин қаҳри соҳиби табарзинро бештар карда, ки сари роҳи байтал баромадааст, баъдан табарзини вай бо тамоми зарб ба пешонаву мағзи сари байтал мефарояд. Дами табар ба пешонаи байтал чуқур ғўтида, аммо вай ҳанўз ҷониби тойчаи ба хун ғарқа талош мекунад ва назди он ба зону меғалтад, сар ба гардани хунолуди тойча ниҳода, сусту бемадор гардида, забони аз кому даҳони кафкзадааш баромадаро бо дандонҳош мегазад, гўё тамоми дарди ҷонкоҳи ҳастиашро бо ин пахш кардан мехоҳад. Баъди талвосаи пурларза аз ҳаракат мемонад дар ҳолати забонаш миёни дандонаш будан.
Соҳиби табарзин табарашро аз пешонаи байтал ҷудо мекунад, зини аспро низ, ки мунаққашу зебост, аз тани вай ҷудо намуда мегирад.
- Аз ҳама одамони сарзадаат чизе рўёндиву аз ин аспи мурда ҳам рўёндӣ ъа? - чингизбашара масхара кардан мехоҳад ба зини дасти табарзан ишора карда.
- Гўё нафси худат аз ман кам бошад? - пеши бағали бардамидаи вайро ишора мекунад соҳиби табарзин. - Ту ҳам анча ғун кардаӣ ъа?
- Ба ҳар ҳол, нисбати аз каллабурида гирифтан, аз калладорҳо рўёндан душвортар,
- сухани чингизбашара бошад. - Бо вуҷуди ин ҷамъкардаи ман аз ту камтар набудагист!
- Эъ, аламамро наби-иёр да! Шумурда мебинему баъд маълум мешавад кӣ пешсаф! - ғазаби бархостаро дошта наметавонад соҳиби табарзин.
- Биё, гарав мебандем, ки…- суст омадан намехоҳад аз ин чингизбашара.
Ниҳоят барои шуморидан ва аниқ кардани дорамиҳои худ пардохта буда ду нафар: яъне ҳамёнҳои ғункардаи худро аз бағал бароварда.
Ин ҳангом пўст меканданд қассобон тойчаро ва байтали куштаро. Сипас гўшти тойчаву аспро пора карда, меандохтанд ба дегҳои азим.
Рўи дастурхони маърака аз анвои мева, ки тирамоҳи ҷануб бубахшад ва харбузаву анвои дигари хўрданӣ оро меёфт.
Дорбозон, машшоқон, овозхонон ҳам ба хизмат пардохта буданд.
Барои тантана ва шукўҳи ин базм масхарабозон бо хирсҳои ромкарда гуштӣ мегирифтанд.
Муқаррабони хон ва дарбориён, ки ҳамроҳи вай дар айвони мунаққаши хос нишаста, ин ҳамаро тамошо доранд.
Дар поёнтар аз ў соҳибмартабаҳои дараҷаи гуногун ҷой гирифтаанд.
Сафи нукарон дар тарафи дигар, яъне тарафе буда, ки ғаниматҳо бошанд ва яке аз асирон, яъне Шоира ин ҷо нишастааст. Яъне Шоира низ аз ғаниматҳои хоса шуморида мешуда. Назди вай чингизбашара истода. Боз ҳамоне, ки табарзини хунолуд дар бараш буда; табарзине, ки бо ин дасти
Аржанг ва сари мардуми Истаравшанро ҷудо карда буда ва ин ҷо бошад аспу тойчаро аз пой афтонда.
- Хуллас гарав бастем, ки маблағи овардаи ман аз ту камтар нест?
- Балки азони ман аз ту кам набошад.
- Гуфтам-ку, шуморида мебинем!
Соҳиби табарзин ва чингизбашара баҳсмабаҳс ба шумури ғаниматҳои худ машғул буданд…
\\\*
Дарвешхонаи шаҳристони хон, яъне гузари дарвешон.
Сокинони ин ҷо давра нишаста, сукут доранд.
- Яқин, дифои Истаравшан барои мо, акнун, дер шуда, - ниҳоят лаб ба сухан кушода буд пиру роҳнамои дарвешон. Ва афзуда: - Фақат масъала дар он, ки истаравшаниҳои асиргирифта ва ин ҷо овардаро халосӣ бахшида метавонем ва ё на?
- Дар сурате, ки хону лашкараш аз ғалаба худро тавоно эҳсос мекунанд, ин кор душвортар шуда, - сухани пешгарди дастаи пархошгари дарвешон бошад. - Яъне мо ҳоло танҳо мондаем…
- Яъне гар шикаст бихўрем, хон на танҳо аз сари мо - дарвешон, ки аз марг наҳаросем, балки аз сари онҳое, ки барои халосиашон ҷангидаем, калламанори дигар бино сохта тавонад. Албатта ин дафъа дар ин ҷо, дар мулки Офтобрўя.
- Пас дарвешони мулки Шимолро ҳам, ки аз Истаравшан пештар рафта буда, ба мадад даъват кардан лозим, барои дарвешони манотиқи дуру наздик ҳам кас фиристодан зарур, - таклиф ба миён гузошта пири роҳнамо, ки на танҳо ришу мўйлабу мўи сараш, балки ҳатто тораҳои мўйи абрўвонаш сап- сафед метобанд.
- Ин ҷо ҳам омодагии пинҳонро пеш бурдан зарур ва ҳар лаҳзаи қулайро ба манфиати нияти худамон истифода бурдан лозим, то бо инояти Худованд чигилу мушкилаҳо кушода бишавад ва чархи гардун ба муроди мо тоб бихўрад. Шояд, ки… Шояд…
- Ин таклифи барҷо, - изҳор дошта буда дарвешони дигар…
Пиру роҳнамо даст ба дуо бардошта:
- Худои пуриноят мададгорӣ бикунад барои кушодани мушкилаҳои мо!
\\\*
Дар ин шаҳристон, ки дарвешони пинҳонамал низ дорад, баракси кулбаҳои гилии онҳо боз бошад кўшки азим ва боғистони паҳнои хон, ки ҳолати тамоман дигарро соҳиб аст.
Ин ҷо хушҳолӣ бошаду тантана. Яке ба хўрдану ошомидан пардохта, дигар фароғату роҳат мебардорад.
Чингизбашараву соҳиби табарзин, ниҳоят, ҳисоби тангаву дорамиҳои пурқимати худро ба охир расондаанд.
- Дидӣ, ғаниматҳои ман зиёдтар дар нисбати туъ! - сухани соҳиби табарзин бошад. Ва дорамиҳои худро, яъне ҳамёнҳои пурро бо таманно ба бағал андохта, хеста, аз пайи маишату базм шудан бихоҳад.
Чингизбашара монда дилшикаста, хира. Зеро чунин тоифа аз чизи назарногир ҳам, баъзан, чунин ноумед бишаванд, ки...
- Ҳама базм мекунанду ман маҷбур пеши ту биншинам а,
- ғуррунгос мезанад чингизбашара барои Шоира, ки дар бараш будани варо боз эҳсос карда. Дар ҳамин рўзи базм қаравулии туро ба сари ман вогузоштани хонро бинанд-ъа.
Дар душвортарин корҳо ҳамеша маро мегузорад дар пеш!
Боз ба соҳиби табарзин менигарад, ки куҷое ба айшу нўш пардохта, варо фаромўш карда ва қаҳраш аз ин болотар мешавад.
- Ба фикрам, дар ҳисоб хато шуд, набошад азони ман зиёд метобад нисбати чизҳои бағали вай! - ҳамёнҳоро аз бағал бароварда, боз ба шумури тангаҳои тилло ва ҳалқаву овезаи заррин мепардозад чингизбашара.
Вале ба зудӣ ҳисобро гум карда буд, ҳол он ки дар бағал ҳамёнҳои боқимондааш вазн меоварданд.
Яъне шумурро аз нав шурўъ карданаш зарур мешавад.
\\\*
Дар чўлистони нопайдоканор қадам бармезанад саманде ва болои он савори як дасташ кўтоҳ ба назар мерасад беҳолу хастанамо. Тани пуртаконаш ҳар гоҳ бемадор ба сари қоши зин хам мехўрад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё