Зеҳн
АФСОНАИ КОРД

Мавзўи асосии “Корд” нав нест. Дар ин робита ҳикояву қиссаҳои зиёде нигошта шудааст. Аммо муаллиф бо тарзи ҷолиби нигориши ба ў хос мавзўъро тарзе ба хонанда пешниҳод мекунад, ки на танҳо такрор буданаш эҳсос намешавад, балки бо варақ задани саҳфаи баъдӣ, бача гардиши нав ва ғайриинтизорро мунтазир ва ҷўё мешавад. Аз ин рў, афсона хонданиву ҷолиб нигошта шудааст ва “Корд” ном гирифтани он ҳам тасодуфӣ нест.

Валиев Султон · 11 октябри 2024 · 1 саҳифа

Афсона

Буд-набуд, дар шаҳри Самарқанд як корд буд. Кордро аз пўлоди ҳақиқӣ сохта буданд. Дастааш мисли дастаи шамшер ғафсу калон буд.

Вақте ки кордро ба дукон бурданд, харидорон бисёр таъриф карданд. Корд “Ман зўр будаам!” – гуфта, масту мағрур шуд ва аз рафи дукон ҷаҳида ба саҳни он фаромаду аз миёни тамошобинон гузашта, ба кўча рафт.

Дар он тарафи кўча як дуредгар дукон дошт. Корд ба он дукон даромад ва гуфт:

– Эй дуредгар, як тараф ист, ки ман дару тиреза созам! Дуредгар розӣ нашуд.

– Дару тиреза сохтан кори арраву тешаву ранда аст. Ту ба ошхона рафта, сабзию пиёз реза карда, гўшту равғану биринҷ гирифта, палав пухта биё, – гуфт вай.

– Не! – ҷавоб дод корд. – Ошхона ҷойи занҳост. Ман корди зўрам, арраву тешаю ранда дар пеши ман бозичаанд!

Корд инро гуфта ба ҷастухез даромад. Дуредгар тарсида гурехт. Корд тамоми чўбу тахтаи дуконро буриду тарошиду дару тирезаҳои зебо сохт. Баъд ботантана аз дукон баромад ва дар кўча ба дукони сангиосиётарош даромаду гуфт:

– Эй сангиосиётарош, як тараф ист, ки ман санги осиё тарошам!

– Санги осиё тарошидан кори путку искана аст. Ту ба ошхона рафта, сабзию пиёз реза карда, гўшту равғану биринҷ гирифта, палав пухта биё, – гуфт вай.

– Не! – ҷавоб дод корд. – Ошхона ҷойи занҳост. Ман корди зўрам, путку исканаатон бозичаанд!

Корд инро гуфту ба ҷастухез даромад. Сангиосиётарош тарсида гурехт. Корд як сангро буриду тарошиду ботантана аз дукон баромад ва дар кўча рафтан гирифт. Вақте ки ба канори шаҳр расид, як гурўҳ одамонро дида пурсид: – Шумо чӣ кор мекунед?

– Мо чоҳ кофта об мебарорем, – ҷавоб доданд одамон.

– Як тараф истед, ман чоҳ кофта барои шумо об мебарорам, – хитоб кард корд.

Одамон ҳайрон шуданд.

– Чоҳ кофта об баровардан кори белу каланд аст, – гуфтанд онҳо.

– Ту ба ошхона рафта, сабзию пиёз реза карда, гўшту равғану биринҷ гирифта, палав пухта биё.

– Не! – розӣ нашуд корд. – Ошхона ҷойи бонувон аст. Ман корди зўрам, белу каландатон дар пеши ман бозичаанд.

– Корд инро гуфта, чоҳ кофту об баровард. Одамон хурсанд шуданд. Корд ҳам хурсанд шуда роҳашро давом дод.

Дар як ҷо деҳқонон алаф медаравиданд. Корд ба назди онҳо рафта гуфт:

– Як тараф истед, алафи майдонро ман медаравам!

– Эҳе, алафдаравӣ кори дос аст? – гуфтанд даравгарон. – Ту сабзию пиёз реза карда, гўшту равғану биринҷ гирифта, як палави олиҷаноб пухта биё!

– Не! – эътироз кард корд. – Ошхона ҷойи занон аст, аммо ман корди зўрам, доси шумо дар пеши ман бозича аст!

Корд инро гуфта, мағрурона худро ба алафзор зад.

Аммо дами корд як тора ҳам алаф набурид, зеро вай чўбу тахта тарошида, худро ба санг зада, чоҳ кофта об бароварда кунд шуда буд, тамоман занг зада буд. Корд шарманда шуда, ба замин афтод. Як деҳқон кордро аз замин бардошту гуфт:

– Агар зангашро тоза кунему чарх кашем, корди олиҷаноб мешавад...

Рўзи дигар деҳқон кордро аз чангу занг тоза намуда, ба чархчӣ бурда дамашро тез кард, баъд як ғилоф харида кордро бо он андохту ба миёнаш баст.

Аз ҳамон вақт инҷониб корд бе иҷозати одам аз ғилоф берун намебарояд.

аз 1