Ҳамааш мегузарад...

Дар ин китоб воқеаҳои рухдодаю ҳолатҳои ногувору шавқоваре аз зиндагонии одамон қисса карда шудааст. Дар баъзе мавридҳо, ба хотири наранҷонидани касе, номҳои қаҳрамонони ҳикояҳо иваз карда шудаанд. Боқӣ ҳама ҳақиқат аст...
Ахбор · 8 октябри 2024 · 17 саҳифа
ТАШВИШУ САРГАРДОНӢ
Солҳои 90-уми асри гузашта аксари пиронсолони деҳаҳои пахтакори ноҳияи Фархор майли баргаштан ба зодгоҳҳояшон, яъне деҳаҳои кӯҳистон, ки чил – чилу панҷ сол пеш онҳоро аз он ҷойҳо ба ин водиҳо барои пахтапарварӣ муҳоҷир намуда буданд, доштанд.
Ин меҳри табиии онҳо ба зодгоҳашон буд ва ё қасосгирӣ аз он муҳоҷирати маҷбурӣ, ба мо маълум нест. Масъалаи баргаштану ободнамоии зодгоҳҳо он вақтҳо ҳамеша вирди забонҳо буд.
Пирони деҳа қишлоқҳои кӯҳистонро таърифу тавсифи зиёде менамуданд. Ҷавонон низ ба ин таърифҳо бовар мекарданду аллакай бисёриҳояшон мақсади ба он ҷойҳо кӯчиданро доштанд.
Оҳиста-оҳиста одамони кӯчанда аз гапи бисёр ба амал гузашта, ба идораҳои дахлдор муроҷиат намуда, иҷозат гирифта, ба мақсадашон расиданд.
Ҳамин тавр, қисме аз ҳамдеҳагонамон ба зодгоҳи падаронашону бобоҳояшон ба деҳаи ноободи Олучадараи ноҳияи Данғара кӯч бастанд. Онҳо ҳуҷҷатҳои расмии дахлдорро дастрас намуда, ба сохтмони манзили истиқоматию дигар иншоотҳои зарурӣ оғоз намуданд. Мушкилиҳоро паси сар намуда, кӯчҳояшонро ба ин деҳа бурданд. Мақсади асосии бисёрии онҳо ба чорводорӣ ва боғдорию ғаллапарварӣ машғул шуда, рӯзгори худро обод намуда, сарватманд шудан буд, ки албатта қобили қабул аст. Тавре мегӯянд: “Ҳар одам барои хушбахт шудан ҳуқуқ дорад”.
Лекин набудани роҳи сангфарш, қувваи барқ, об, мактаб, бунгоҳи тиббӣ ва дигар шароитҳо аллакай бисёриҳо, махсусан ҷавононро дилхунук менамуд.
Табиати ин ҷойҳо барои рушди чорводорӣ, боғпарварӣ ва зироаткорӣ воқеан мусоид буд.
Масалан, дар масъалаи чорводорӣ, алафҳои таллу теппаҳо ниҳоят зиёд буданду, чорворо ҳашт-нӯҳ моҳ метавон, бе душворӣ ба саҳро сар дода, танҳо ду-се моҳи зимистон дар оғил нигоҳдорӣ намуд. Аз ҳисоби фурӯши чорво ва дигар маҳсулоти он, аз қабили шир, равғани маска, қурут, пӯст ва пашми чорвои хурд маблағи муайянеро ба даст овардан мумкин буд.
Нафароне буданд, ки ба соҳаи паррандапарварӣ, аз ҷумла ҳиндукпарварӣ ва мурғпарварӣ тавваҷуҳ доштанду ҳатто пешакӣ ҷинси чӯҷаҳоро дар даруни тухм муайян карданӣ мешуданду фоидаи солонаро бармаҳал муайян менамуданд.
Дар бораи рушди соҳаи боғпарварӣ ва зироаткорӣ низ фикрҳои гуногун мавҷуд буданд.
Деҳаи Олучадара аз деҳаи наздиктарини ободи Иғрон ҳашт километр болотар воқеъ буд.
Аз деҳаи Иғрони ноҳияи Данғара, то шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб дар мавзеъи Себистон ҳамагӣ 4 километр роҳи мумфарш буду ин деҳа яке аз қишлоқҳои хеле рушдёфта ба ҳисоб мерафт.
Аз деҳаи Иғрон то деҳаи Олучадара бошад, он солҳо роҳи хокӣ буд, ки дар зимистон мошинҳо дар лой бозистода дигар ҳаракат намекарданду дар тобистон чархҳояшон пурра ба хок ғутта мезаду дигар пешу қафо рафта наметавонистанд.
Аз мардуми деҳаи мо бобои Тоҷиддин ном шахс дар деҳаи Иғрон зиндагонӣ менамуд. Ин кас низ дар қатори дигарон соли 1952 аз деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара ба деҳаи Кӯҳандиёри ноҳияи Фархор муҳоҷир шуда буд.
Лекин ӯ ба гармии Фархор ва меҳнати душвори пахтакорӣ тоқат накарда, ба деҳаи Иғрони ноҳияи Данғара ҳамон солҳо бармегардад.
Ӯ дар ин деҳа ба чорводории шахсӣ машғул буду ба гуфти одамон қариб сад сар гову боз дусад сар зиёдтар чорвои майда низ дошт. Бобои Тоҷиддин ва фарзандонаш асосан аз пайи нигоҳубини ин чорво буданд. Баъдтар, яъне солҳои 90-уми асри гузашта, ӯ дар мавзеъи байни деҳаҳои Иғрону Олучадара заминеро ба масоҳати панҷ гектар аз хоҷагии давлатӣ ба иҷора гирифт. Ҳамчунин, барои коркарди ин замин булдозеру трактор ва дигар олотҳои кишоварзиро низ харидорӣ намуд. Дар назди замини кишоварзиаш ӯ як вагони дуҳуҷрадори тахтагинро гузошта буд. Худи ӯ ва ё фарзандонаш дар мавридҳои зарурӣ омада, муддате дар ин вагон зиндагӣ мекарданд. Дар вагон тамоми шароити оддии зиндагонӣ, аз қабили гилему кӯрпачаҳою кӯрпаҳою болиштҳою печкаю дегу косаю чойнику пиёлаҳою қошуқҳо ва ғайра мавҷуд буд. Ягона камбудӣ ин набудани қувваи барқ буд.
Бобои Тоҷиддин чун аксари мардони кӯҳистон камон дошту аксар вақт онро дар зери ҷомааш овезон карда мегашт. Дар зери ҷома камон ноаён мегашт. Охир дар ин кӯҳҳо гургҳою хукҳо хеле зиёданду дар баъзе ҷойҳо хирсҳо низ ҳастанд. Камон – ин дӯсти асосии марди кӯҳистонист.
Бобои Тоҷиддин марди қоматбаланду каме фарбеҳ буд. Он вақтҳо синну солаш ҳафтоду панҷсола буд. Қошҳои сермӯяш руйи гирду чашмони бодомии калонашро зеб медоду риши дарози сиёҳу сафедаш ӯро каме бовиқортар нишон медод. Ӯ инсони боимону ботақво ва хеле меҳнаткаше буд. Мардумони деҳаҳои наздик ӯро мулло Тоҷиддин ном мебурданд. Дар бисёр масъалаҳо одамон аз ӯ маслиҳат мепурсиданд.
Ҳарчанд дар ягон донишгоҳе нахонда бошад ҳам, дар соҳаҳои чорвопарварию зироаткорӣ мутахассиси беҳамтое буд. Ҳамин буд, ки чун чорводор хеле муваффақ гардида буд. Ӯ эҳсосотӣ буду гоҳе-гоҳе аз иҷро нагардидани ягон коре ба ғазаб меомаду зану фарзандонашро дашном медод. Аксар вақт ҳангоми сӯҳбат ва ё асабонӣ шуданаш чашмонашро мепӯшид. Шунида будам, ки боре ӯ занашро ҳақорат карда, падару бобою бобокалонҳои гузаштаашро ном ба ном дашном додааст. Ҳангоми талаффузи номи кадом бобокалони гузашта, каме андеша кардаасту фаҳмидааст, ки ана ҳамин одам бобокалони пушти чоруми худаш низ будааст. Яъне, бобои Тоҷиддину завҷааш момаи Нусратой дар пушти чорум чабераҳои як одаманд. Бобои Тоҷиддин ором шуда, хандида гуфтааст, ки аз рӯи занам шуда бобои худамро нофаҳмида дашном додаам...
Мардуми ба деҳаи Олучадара мерафта, ҳатман дар хонаи бобои Тоҷиддин дар деҳаи Иғрон меҳмон шуда, хӯрок хӯрдаю дам гирифта баъд роҳи ҳашткилометраи пастию баландиҳодоштаи деҳаашонро пиёда пеш мегирифтанд. Омадани ин меҳмонони нохонда дар аввал ба бобои Тоҷиддин маъқул буду баъдтар шояд бо сабаби хеле зиёдшавии шумораашон дигар намефорид. Лекин, ба ҳар ҳол ба хотири хешутаборӣ маҷбуран худро хушҳол вонамуд мекард.
Боре, қарибиҳои бегоҳӣ се ҷавонмарди олучадарагӣ ба хонаи бобои Тоҷиддин медароянду бо соҳибхонаю завҷааш салому алейк намуда, дар ҳавлӣ рост истода каме сӯҳбат мекунанд. Момаи Нусратой зуд онҳоро ба хона даъват намуда, меҳмондорӣ карданӣ мешавад.
Ин кор ба бобои Тоҷиддин намефораду ӯ мегӯяд: -Ай куҷо вақти шиштан доранд? Бегаҳ шидай, раҳшон дурай...
Меҳмонони нохонда вазъиятро дарк намуда, зуд хайрухуш карда мераванд.
Ғайр аз хонааш бобои Тоҷиддин бисёриҳоро дар вагони саҳроияш низ меҳмондорӣ менамуд.
Аз ҷои вагонаш то деҳаи Олучадара тақрибан се километр роҳ мебошад. Аз ин рӯ, шахсони роҳрав аз назди вагони ӯ гузашта, ҳатман ба вагон каллаашонро мехалонданд. Ин кори онҳо вобаста ба вазъи равонии асабҳои бобои Тоҷиддин гоҳе ба ӯ мефориду, гоҳе не.
Бобои Тоҷиддин чун дигарон баъзе нафаронро ҳурмат менамуду баъзеҳоро чашми дидан надошт. Аз хешу таборон ҷавонмардеро бо номи Баҳриддин хеле эҳтиром менамуд.
Баҳриддин ҷавони сисола буд. Ӯ ҷавонмарди миёнақади на фарбеҳу на хароби сафедпӯсти каме сурхруй аст. Баҳриддин ҷавонмарди меҳнаткашу сӯҳбаторое мебошад. Аз дасти ӯ бисёр корҳо меояд. Тракторронию заминҷуфт- кунӣ, комбайнронию ғалладаравӣ, кафшергарию дуредгарӣ, дару тирезасозию хонасозию бомпӯшонию мусиқинавозию духтурию ва ғайраву ва ҳоказо. Панҷ панҷааш ҳунар асту ҳама корҳояш босифатанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё