Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Уқёнусҳо чӣ тавр пайдо шудаанд?
Эҳтимол меравад, ки об дар Замин ҳамон вақт пайдо шудааст, ки сайёраи мо пас аз таркиши бузург сард шуда, ба ҷисми сахт табдил ёфтааст. Аммо оби дар қаъри Замин монда, баъдтар дар натиҷаи фаввораи вулқонҳо ва гейзерҳо миқдори бузурги буғи обиро ба атмосфера мепартоянд. Ин буғҳо ба ҳавои хунуки атмосфера расида, ба об табдил ёфтанд ва дар шакли борон ба Замин рехтанд. Боронҳои пайдарпай, ки асрҳои зиёд идома ёфтанд, чуқуриҳои Заминро пур карда, аввалин уқёнусҳоро ба вуҷуд оварданд. Соҳили уқёнусҳо камоб буда, онро тунукобаҳои қитъаҳо меноманд. Поёнтар аз тунукобаҳо нишебӣ меояд, ки он то ба қаъри уқёнус мерасад ва дар он ҷо рӯшноӣ ва ҳаёт вуҷуд надорад. Дар қаъри уқёнус танҳо қисми ками моҳӣ ва рустаниҳое дучор меоянд, ки ба чунин шароит мутобиқ гардидаанд. Ин минтақаҳоро минтақаҳои пуроб ё абиссалӣ меноманд.
Уқёнус чист?
Уқёнусҳо миқдор ва ҳаҷми бузурги обҳои шӯре мебошанд, ки аз чор се ҳиссаи сатҳи Заминро ишғол намудаанд. Онҳо қитъаҳои Заминро иҳота ва аз ҳамдигар ҷудо кардаанд. Уқёнусҳои рӯи Замин Атлантика, Ором, Ҳинд ва Яхбастаи Шимолӣ мебошанд. Уқёнуси калонтарин уқёнуси Ором аст, ки ҳам аз шимол то ҷануб ва ҳам аз шарқ ба ғарб масофаи 15 000 километрро дар бар мегирад. Баҳрҳо нисбат ба уқёнусҳо хурдтар буда, он қадар амиқ нестанд.
Оё заминҷунбиро пешгӯӣ кардан мумкин аст?
Пешгӯӣ кардани заминҷунбӣ хеле душвор аст. Олимон баъзе нишонаҳои он, аз қабили пайдо шудани чашмаҳо ва ё нест шудани чашмаҳои кӯҳнаро кашф намудаанд. Аммо дар айни ҳол ин аломатҳо ҳанӯз дақиқ нестанд. Ҳарчанд заминҷунбиро дақиқ пешгӯӣ кардан мумкин нест, ба он омода шудан имкон дорад. Барои ин хонаҳои ба заминҷунбӣ тобовар бино кардан лозим аст, яъне ба таҳкурсии бино маводдеро илова кардан зарур аст, ки ҳангоми заминҷунбӣ хароб нашаванд.
Дар кадом минтақаҳои Замин бештар заминҷунбӣ рух медиҳад?
Тақрибан 80 дарсади заминҷунбиҳо дар соҳилҳои уқёнуси Ором, 15 дарсади дигари заминҷунбиҳо дар қисми шарқии баҳри Миёназамин ва ҷануби Осиё, боқимонда дар минтақаҳои дигари сайёра ба вуҷуд меоянд. Аксари заминҷунбиҳо дар мавзеъҳои вулкандор рӯй медиҳанд ва худи ҳамин ҳодиса исботи он аст, ки яке аз сабабҳои хурӯҷи вулкан ва заминҷунбӣ, ғайр аз омилҳои дигар, ҳаракати гармидии дохили Замин мебошад.
Маркази заминчунбӣ дар куҷост?
Нуқта ва ё минтақаеро, ки ҷунбиши пуршиддат ба вуҷуд омадааст, маркази заминчунбӣ меноманд. Вай маъмулан дар сатҳи гипоцентр – нуқтаи зеризаминӣ, ки дар он ҷо таркиши ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал меояд, ҷойгир шудааст. Эпицентр (маркази заминчунбӣ) метавонад дар қабати сахти Замин ва ё дар қаъри баҳру уқёнусҳо ҷой дошта бошад. Дар ҳолати такроршавии ларзиши Замин мавҷҳои бузурги уқёнус боло хеста, заминчунбии зериобиро ба вуҷуд меоранд. Дастгоҳеро, ки заминчунбиро ба қайд мегирад, сейсмограф меноманд.
Заминчунбӣ (Заминларза) чист?
Заминчунбӣ ҳаракат ё ҷунбиши Замин аст. Вақте ки гармии зиёд аз таҳти Замин боло рафта, ба ҷисмҳои сарди кӯҳӣ бармехӯрад, бо фишори баланд таркишро ба вуҷуд меорад. Ин таркиш ба воситаи қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ба сатҳи Замин расида, ларзишро ба вуҷуд меорад. Ин ҳодиса ба назари мо чун ҳаракат ва ё ҷунбиши Замин менамояд. Ҳамин теладиҳӣ ва ё ҷунбиши сатҳи Замин заминларза аст. Заминчунбиро инчунин такони сейсмикӣ низ меноманд. Ҳаракатҳои сейсмикӣ ба Замин имкон медиҳанд, ки худро аз гармии дохилӣ озод намояд.
Гейзер чист?
Гейзерҳо фаввораҳои бузурги оби гарм мебошанд, ки аз қаъри Замин бо суръати баланд ба боло мебароянд. Мисли вулкан гейзерҳо ҳам бар асари фишори дохилии Замин ба вуҷуд меоянд, аммо ба ҷои гудозаҳо аз қаъри Замин буғи об ва оби гарм фаввора мезанад. Дар баъзе ҷойҳои сайёра, ки ҳарорат хеле паст мебошад, гейзерҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ба кӯҳҳои яхбастаи зинадор монанданд. Дар Тоҷикистон чашмаҳои шифобахши зиёде мавҷуданд (Хоҷа Оби Гарм, Оби Гарм, Гармчашма, Зайрон ва ғайра), ки аз қаъри Замин фаввора зада, хосияти табобатӣ доранд. Манфиати вулкан ва гейзерҳо Баъди фавворазании вулканҳо сангу гудозаи онро чун масолеҳи сохторӣ, хокистарашро баъди чанд муддат ҳамчун нурӣ барои серҳосил гардонидани замин истифода мебаранд. Баъзе филиззоти нафис ва сангҳои қиматӣ (сиркон ва ёқут) маъмулан дар наздикии вулкан дучор меоянд; ҳамчунин мис, нуқра, тило дар шахтаҳо аз таркиби ҷинсҳои кӯҳии вулканӣ хориҷ мегарданд. Дар баъзе ҷойҳо, масалан, дар Африқои Ҷанубӣ, миқдори зиёди алмосро аз дохили ҷинсҳои кӯҳии вулканӣ пайдо намудаанд. Гейзерҳоро дар Исландия ва Аврупои Шимолӣ барин мавзеъҳои сард барои гармидиҳӣ истифода мебаранд. Маъмулан, дар ҷойҳои сард оби гарми гейзерҳо ба воситаи лӯлаҳо барои шабакаҳои гармидиҳии шаҳрҳо истифода бурда мешавад.
Вулканҳо чӣ шакл доранд?
Агар аз канораҳо нигоҳ кунем, вулкан ба кӯҳ монанд аст. Ин кӯҳро махрути вулканӣ меноманд, ки аз ҷинсҳои сахтшудаи аз қаъри замин беруновардаи вулкан пайдо шудааст. Дар даруни махрут наҳри бароранда мавҷуд аст, ки танӯра номида шуда, аз он гудоза боло мебарояд. Дар ин наҳр шохаҳо ё чандин даҳанаи начандон калон вуҷуд доранд, ки аз онҳо газ фаввора зада мебарояд. Дар охири танӯра кратер (даҳана) ё сӯрохи вулкан ҷой гирифтааст, ки аз он ҳамаи чизҳои хориҷшаванда ба берун афканда мешаванд. Вақте ки вулкан хомӯш мегардад, даҳана (танӯра) низ то дубора хурӯҷ кардани он маҳкам мешавад. Баъзе махрутҳои вулканӣ дар давоми 10 ҳазор сол ба вуҷуд омада, баъзеи дигарашон бо як фавворазанӣ он қадар ҷинсу ашёро ба берун мепартоянд, ки аз онҳо махрути бузург пайдо мегардад. Оқибатҳои зараровари вулкан Фаввораи вулканҳо зарари зиёд меоварад. Гудозаҳои вулкан ҳама чизи сари роҳашро нобуд сохта, боиси сӯхтор ва паҳн шудани газҳои зарарнок мегардад. Шаҳрҳои Помпей ва Геркуланум дар Итолиё соли 79-и эраи мо дар натиҷаи вулкани Везувий пурра зери гудозаҳо монданд. Соли 1883 фаввораи вулкан дар ҷазираи Кракатауи Индонезия боиси марги 36000 одам гашт. Соли 1985 дар Невадо де Руиси Колумбия фаввораи вулкан дар чанд лаҳза барфи кӯҳро об кард ва сели дар натиҷаи он бавучудомада садҳо деҳу шаҳрак ва ҳаёти 25000 нафарро ба коми худ кашид.
Вулкан чист?
Вулкан зуҳуроти гармии дохили Замин аст. Дар зери ҳар вулкан таҳти фишори баланд магма (тафта) ном моддаи гудохташуда мавҷуд аст. Вақте ки фишор ниҳоят баланд мешавад, магма аз тарқишу сӯрохҳои қишри Замин роҳ ёфта, боло мебарояд. Ҳамин тавр аз таҳти Замин гудозаҳои дарёи ҷӯшон фаввора зада берун мебароянд. Ин бухоршавии гудозаҳо фаввораи вулкан ё оташфишонӣ ном дорад. Фаввораи вулкан ҳамроҳи худ миқдори зиёди газ, хокистар ва сангҳоеро мебарорад, ки ҳанӯз об нашудаанд. Тахмин меравад, ки дар сайёраи Замин зиёда аз ҳазор вулкани фаъол амал мекунад. Вулканҳои зиёде ҳанӯз ором хобидаанд, ки шояд ҳар лаҳза бедор шуда, ба оташфишонӣ шурӯъ кунанд.
Ҷинсҳои бегона кадомҳоянд?
Дар конҳо на танҳо минералҳои холис, инчунин маъданҳои омехта бо ашёи дигар, аз қабили хоку санг низ дучор мешаванд. Ин ашёро, ки бо минералҳо омехтаанд, ҷинсҳои бегона меноманд. Минералҳои аз ҷинсҳои бегона тоза кардашударо маъдан меноманд. Барои маъдани тоза ба даст овардан бозёфтро шуставу таҳшин кардан лозим меояд. Амундсен Руал Амундсен (1872–1928) таҳқиқотчии норвегӣ мебошад. Дар аввал ӯ ба омӯхтани илми тиб машғул шуда, баъд донишгоҳро тарк мекунад ва ҳаёти худро ба таҳқиқоти Арктика мебахшад. Соли 1903 ба Арктика саёҳати сесола анҷом дода, назарияи ҷойивазкунии қутбро исбот намуд. Соли 1911 аввалин шуда, пеш аз таҳқиқотчии англис Роберт Скотт, ба Қутби Ҷанубӣ қадам ниҳод. Соли 1923 тасмим гирифт, ки ба воситаи тайёра ва дирижабл Арктикаро таҳқиқ намояд. Сохтани дастпона Сангчаҳои майдаи аз дарё ё соҳили он ёфташударо ҷудо кун. Анбурро гирифта, барои ҳар як сангча ду пораи тунуки симро бибур. Симро дар гирди сангча тоб деҳ ва нӯги ҳардуро бо ҳам печон, то ки сангча хуб маҳкам шавад. Акнун ба ресмон сангчаҳоро шадда карда гузарон ва нӯгҳои онро гиреҳ карда бубанд. Дастпонаи одӣ омода хоҳад шуд.
Кон чист?
Минералҳои гуногунро дар шакли табиӣ ба миқдори зиёд дар ҷойҳои махсус, ки онро кон меноманд, пайдо мекунанд. Дар рӯи Замин конҳои гуногун вомехӯранд, вале онҳо, асосан, дар қаъри Замин воқеанд. Бинобар ин барои пайдо намудани онҳо корҳои ҷустуҷӯӣ гузаронидан лозим меояд. Маҷмӯи асбобу олоти конканӣ ва ҷои кофтани қаъри Заминро дар конҳо шахта мегӯянд. Дар шахтаҳо шароити кор ниҳоят вазнин аст.
Оё аз санг асарҳои санъат офаридан мумкин аст?
Қисми зиёди сангҳо диққати одамонро ба худ ҷалб мекунанд. Дар давоми асрҳои гузашта одамон сангҳоро барои офаридани асарҳои санъат истифода бурдаанд ва имрӯз ҳам истифода мекунанд. Масалан, аз санги хоро ва мармар ҳар гуна ҳайкал, деворнигораҳои наққошӣ, пойсутуну сутунҳо, мизу фарш ва амсоли инҳо сохтаанд. Аз силитсий ҳайкалчаҳои гуногун, гулдон, зарф ва ғайра месозанд. Ғайр аз ин, сангҳоро барои сохтмони хонаву қасрҳо низ истифода мебаранд. Барои сохтмони биноҳои зеботарин варақсангу мармар ва ресанг ҳам ниҳоят мувофиқанд.
Сангҳои қиматии кадомҳоянд?
Ғайр аз тило ва нуқра, боз сангҳои қиматии дигар ҳам ҳастанд, ки дар саноат барои истеҳсоли ҷавоҳирот ва ороишот истифода мешаванд. Инҳо алмос, ёқут, лаъл, зумуррад ва монанди инҳо мебошанд. Баъзе аз ин сангҳо бо тамоми рангҳои тирукамон ҷило медиҳанд ва бо ҳамин хусусияташон диққати касро ба худ ҷалб мекунанд. Азбаски онҳо дар табиат камёбанд, бад-ин сабаб қимати баланд доранд. Маҷро Обраҳа ё қитъаи замине, ки аз он оби дарё ё наҳр ҷорӣ мешавад. Дара Ҷарии танг (водии) байни нишебиҳои ростфуромада. Водӣ Ҳамвории байни кӯҳҳо, ҳамчунин пастхамӣ ва ҳамвории ду соҳили маҷрои дарё, ки фарох шуда, тӯл мекашад. Кон Маконе, ки дар он ҷо маъданҳо, сарватҳои зеризаминӣ ва сангҳо дар шакли табииашон ҷойгиранд. Ҳамчунин ҷое, ки дар он ҷо боқимондаҳо (ҳафриёти) бостоншиносӣ (археологӣ) мавҷуданд, маънои кофтани конро ифода мекунад.
Оё сангҳои шиновар ҳам мавҷуданд?
Аксари сангҳо аз об вазнинтаранд ва агар сангро ба об партоем, он зери об меравад. Лекин пемза ном санг низ ҳаст, ки аз гудозаи вулкан пайдо шуда, чандон вазнин нест. Зеро дар вақти гудохташавӣ бо таъсири ҳубобчаҳои ҳаво андаруни он бисёр ковокию ҷавфҳо пайдо шудаанд. Порчаҳои ин гуна сангҳо дар об шино мекунанд.
Маъданҳо аз ҳамдигар чӣ тавр фарқ мекунанд?
Маъданҳо хусусиятҳои алоҳидаи худро доранд. Ин имкон медиҳад, ки онҳоро аз рӯи шакл, ранг, ҷило, зичӣ ва устуворӣ фарқ намоем. Баъзе филиззот мисли тило, нуқра, платина (тилои сафед) ва ғайрифилиззот, чун графит ва алмос танҳо аз як унсур иборатанд. Қисми дигарашон аз чандин унсур, монанди намаки ошӣ аз хлор ва натрий таркиб ёфтаанд. Ҳамчунин маъданҳои ҷилодор, ба мисли кварс мавҷуданд. Инчунин маъданҳое вомехӯранд, ки чун хок тобиш надоранд. Боз маъданҳое ҳастанд, ки ниҳоят сахтанд, аз ҷумла алмос, баъзеашон (масалан, гаҷ), баръакс ба осонӣ шикаста мешаванд. Ҳангоми омӯхтани маъданҳо ҳамаи хусусиятҳои онҳо ба эътибор гирифта шаванд.
Сангҳо аз куҷо пайдо шудаанд?
Агар ба дастамон чанд навъи сангро гирем, фарқи онҳоро муайян карда метавонем. Баъзе аз ин фарқиятҳо ба манбаи пайдоиши сангҳо вобаста аст. Ҷинсҳои кӯҳие ҳастанд, ки дар натиҷаи хунук шудани унсурҳои моии қишри Замин ба вуҷуд омадаанд. Инҳо ҷинсҳои магмавӣ аз қабили санги хоро, рухом (базалт) мебошанд. Ҷинсҳои таҳшинӣ дар натиҷаи пораҳои ҷинсҳои дигарро овардани об аз ҷойҳои дигар ба вуҷуд омадаанд. Гаҷ ва намаксанг аз ҷумлаи ҷинсҳои таҳшинӣ мебошанд. Ҷинсҳои метаморфӣ (тағйирёфта) низ аз ҷинсҳои дигар пайдо шудаанд. Онҳо дар дохили Замин бар асари гармӣ ва фишори вазни унсурҳои қишри болоии Замин шаклашонро дигар кардаанд. Санги мармар ва варақсанг аз ҳамин қабил ҷинсҳои метаморфӣ мебошанд. Аргентит. Минерале, ки дар таркибаш нуқра дорад. Тило. Филиззи гаронбаҳоест, ки дар маснуоти заргарӣ ва сикқаҳои тилоӣ, инчунин қисмҳои асбобҳои электронӣ истифода мешавад. Куприт. Ба кристаллҳояш сангҳои гаронбаҳо часпидаанд. Нуқра. Филиззест, ки дар истеҳсоли маснуоти заргарӣ, сикқаҳои нуқрагӣ, асбобу анҷоми хӯрокхӯрӣ ва аксбардорӣ истифода мешавад.
Оё санг ва минералҳо як чизанд?
Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки санг ва минералҳо як чизанд. Аммо аслан ин тавр нест. Сангҳо ҷинсҳое мебошанд, ки асосан дар сатҳи болоии Замин ҷой доранд. Онҳо ҷинсҳои кӯҳии табиӣ буда, аз маъданҳои гуногун иборатанд. Унсурҳои асосии таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ ғайр аз оксиген, инчунин минералҳои силитсий, калсий, оҳан ва алюминий доранд. Масалан, санги мармар ҷинси кӯҳиест, ки аз оксиген ва ду минерал – шпати оҳаксанг ва доломит иборат аст. Минерал бошад, аз чизҳои якҷинса таркиб ёфта, ҳамеша хусусияти ягона дорад. Масалан, ёқут, нилум, зумуррад минерал мебошанд. Карбонат. Дар саноати ҷавби филизз (металлургия) ва маснуоти кулолӣ истифода мешавад. Сулфур. Барои истеҳсоли кибрит, маводҳои тарқанда ва нуриҳои маъданӣ истифода мешавад.
Кадом қаторкӯҳ дар ҷаҳон аз ҳама баландтар аст?
Қаторкӯҳи баландтарин Ҳимолой мебошад, ки дар байни Тибет ва Непал ҷойгир шудааст. Қуллаи баландтарини он Эверест ном дорад, ки баландиаш 8848 метр аст. Тақрибан 150 млн сол қабл қитъаи Ҳинд ба қитъаи Осиё бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин бархӯрд канораҳои ин ду қитъа боло бардошта шуда, тадриҷан ин қаторкӯҳро ба вуҷуд овардаанд. Дар ин қаторкӯҳ қуллаҳо то ҳанӯз боло мераванд. Кӯшиши ба қуллаҳои он баромадан кӯҳнавардони далерро водор кард, ки қуллаи баландтарини Ҳимолой, инчунин кӯҳҳои Алп, Анд ва ғайраро фатҳ намоянд. Кӯҳҳо дар кайҳон Дар дигар сайёраҳо низ кӯҳҳои баланд ва водиҳои фарох ҳастанд. Дар Миррих кӯҳи аз ҳама баланд – Олимп бо қуллаи 28000 м аз баландтарин кӯҳи Замин – Эверест беш аз се маротиба баландтар аст.
Қаторкӯҳҳо чӣ тавр ба вуҷуд омадаанд?
Қисми зиёди қаторкӯҳҳо дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани ду қисми бузурги Замин ба вуҷуд омадаанд. Энергия ҳангоми чунин бархӯрд чунон бузург аст, ки гӯшаҳои яке аз ин қитъаҳо ва ё ҳар ду дар натиҷаи зарбаи сахт қат ва ба боло бардошта мешаванд. Қаторкӯҳҳои Анд дар Амрикои Ҷанубӣ, Кордилера дар Амрикои Шимолӣ, Ҳимолой дар Осиё ва Алп дар Аврупо ҳамин тариқ ба вуҷуд омадаанд. Кӯҳҳои дигари рӯи Замин бошанд, дар натиҷаи ба болои ҳам зам шудани ҷинсҳои ба берун ҳавододаи вулканҳо пайдо шудаанд.
Арз ва тӯл чист?
Барои муайян кардани минтақаҳои рӯи Замин дар харита аз арз ва тӯл истифода мебаранд. Арз масофаи нуқтаи муайян то хатти истиво, тӯл бошад масофа то меридиани сифрӣ 0° аст. Ин масофаҳо бо дараҷаҳо (°), дақиқаҳо (') ва сонияҳо ('') ишора карда мешаванд. Мисол, шаҳри Ҳамбурги Олмон дар арзи шимолии 53°30' ва тӯли шарқии 10° ҷойгир шудааст. Шаҳри Порту-Алегрии Бразилия дар арзи ҷанубии 30° ва тӯли ғарбии 51° ҷой гирифтааст.




